Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Пайғамбари Ислом)
Муҳаммад ибни Абдуллоҳ
Масҷидуннабӣ (Мадина)
Масҷидуннабӣ (Мадина)
НақшПайғамбар
КунияАбулқосим
Зодрӯз17-уми рабиулаввал (Омулфил)/ 570 мелодӣ
ЗодгоҳМакка
Даргузашт28-уми сафари соли 11-уми ҳиҷрӣ/ 632 мелодӣ
МадфанМадина
Маҳалли зиндагӣ
Лақабҳо
хешу табор
ПадарАбдуллоҳ
МодарОмина
Ҳамсарон
Фарзандон
Тули умр63 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)


Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим (ба арабӣ: مُحَمَّد بن عَبدُاللّه بن عَبدُالمُطّلِب بن هاشم -омулфил, 11 ҳ.қ.) Пайғамбари Ислом, аз пайғамбарони улулъазм ва охирин пайғамбари Илоҳӣ. Муъҷизаи аслии ӯ Қуръон аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷомеъаи мушрики Ҷазиратулъараб ба дунё омад, аммо аз бутпарастӣ парҳез мекард. Дар чиҳилсолагӣ ба пайғамбарӣ расид ва муҳимтарин паёмаш даъват ба тавҳид буд. Ҳадаф аз беъсаташро такмили фазоили ахлоқӣ муаррифӣ кард. Мушрикони Макка солҳо ӯ ва пайравонашро озурданд, вале онон аз Ислом даст барнадоштанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) 13 сол дар Макка, мардумро ба Ислом даъват мекард сипас ба Мадина ҳиҷрат кард ва ин ҳиҷрат, мабдаи таърихи исломӣ шуд.

Бо кӯшиши Пайғамбар (с) тақрибан тамоми шибҳи ҷазира(нимҷазира)-и Арабистон дар замони ҳаёти ӯ ба Ислом гаравид. Дар давраҳои баъд, густариши Ислом идома ёфт ва ба тадриҷ Ислом, як дини ҷаҳонӣ шуд.

Бар асоси ҳадиси Сақалайн, Пайғамбар (с) ба мусулмонон супориш кард, ки пас аз ӯ ба Қуръон ва итрати ӯ паноҳ бибаранд ва аз он ду ҷудо нашаванд ва дар муносибатҳои гуногун, аз ҷумла дар воқеаи Ғадир, Имом Алӣ (а)-ро ҷонишини хеш муаррифӣ кард.

Пайғамбар дар 25-солагӣ бо Хадиҷа издивоҷ кард ва ҳудуди 25 сол бо ӯ зиндагӣ кард. Пас аз вафоти Хадиҷа, Пайғамбар бо ҳамсарони дигаре издивоҷ кард. Фарзандони Пайғамбар (с) аз Хадиҷа ва Мория буданд ва ҳамаи онҳо ҷуз Фотима (с) дар замони ҳаёти ӯ аз дунё рафтанд.

Насаб, куняҳо ва лақабҳо

Ҳазрати Муҳаммад (с) фарзанди Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб буд.[1] Модараш, Омина бинти Ваҳб аст. Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, имомия бар имон ва Исломи падар, модар ва аҷдоди Расули Худо то Одам (а) иҷмоъ доранд.[2]

Куния ва алқоб

Навиштори аслӣ: Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с)

Кунияи ҳазрати Муҳаммад (с), Абулқосим ва Абуиброҳим аст. [3] Бархе аз алқоби ӯ иборатанд аз: Мустафо, Ҳабибуллоҳ, Сафиюллоҳ, Неъматуллоҳ, хиярату халқиллоҳ, Сайидул мурсалин, Хотамун набийин, Раҳматан лилъоламин, набийи уммӣ.[4]

Вилодат

Нигораи таваллуди Пайғамбар (с) дар китоби Маҷмаъ-ут-таворих, ки дар қарни 15 тавассути Ҳофиз Абрӯ дар Ҳирот таҳия шудааст.

Бино бар назари маъруфи уламои шиа, Пайғамбар (с) дар 17 рабиъул аввал ва бино бар назари машҳури аҳли суннат дар 12 рабиъул аввал ба дунё омадааст.[5] Фосилаи ин ду таърих ба ҳафтаи ваҳдат байни шиа ва суннӣ номгузорӣ шудааст.[6]

Аллома Маҷлисӣ мелоди Пайғамбар (с) дар 17 рабиъул аввалро назари бештари уламои шиа донистааст. [7] Бо ин ҳол Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ,[8] ва Шайх Садуқ дар китоби Камол-уд-дин, вилодати Пайғамбарро дар 12 рабиъул аввал зикр кардаанд.[9] Ба гуфта Аллома Маҷлисӣ, назари Кулайнӣ мабнӣ бар таваллуди Пайғамбар дар 12 рабиъу лаввал, бештар ба далели тақия будааст.[10] Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки дар ал-Кофӣ дар иборати «لإثنتی عشر لیلة بقیت من شهر ربیع الاول» калимаи мазат/ба арабӣ: مَضَت (ба маъно сипарӣ шуда), ба иштибоҳ ба ҷои калимаи бақият/ ба арабӣ: بَقیَت (ба маъно монда аз) гузориш шуда бошад[11] чунонкӣ дар гузориши Хатиби Қасталонӣ калимаи «бақият/ بَقیَت» сабт шудааст.[12]

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, олимони шиа пас аз Шайхи Муфид, 17 рабиъул аввалро рӯзи мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) медонанд.[13]

Олимони аҳли суннат назароти мухталифе дар бораи ҷузъиёти таваллуди Пайғамбар (с) доранд; бархе таваллуди ӯро дар оммулфил[14] ва бархеи дигар, даҳ сол пас аз оммулфил[15] донистаанд. Аз онҷо ки таърихнависон, даргузашти Пайғамбар (с)-ро дар 63 солагӣ ва дар соли 632 м., навиштаанд, таваллуди Пайғамбар (с) ва оммулфилро байни 569 то 570 м., ҳадс задаанд.[16]

Дар бораи рӯзи таваллуди Пайғамбар низ байни аҳли суннат ихтилофоте вуҷуд дорад; дувоздаҳуми рабиъул аввал,[17] дувуми рабиъул аввал,[18] ҳаштуми рабиъул аввал,[19] даҳуми рабиъул аввал[20] ва моҳи Рамазон[21] аз ҷумлаи ин назарот аст.

Макони вилодат

Пайғамбари Ислом (с) дар Шиъби Абитолиб[22] ва дар хонае, ки баъдҳо ба Ақил ибни Абитолиб тааллуқ ёфт, ба дунё омад. Фарзандони Ақил, ин хонаро ба Муҳаммад ибни Юсуф, бародари Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, фурухтанд,[23] ӯ онҷоро ба қасре табдил кард. Дар ҳукумати Банӣ Аббос, Хайзарон, модари Ҳорунар-Рашид, халифаи аббосӣ, ин хонаро харид ва онро ба масҷид табдил кард.[24] Аллома Маҷлисӣ, муҳаддиси қарни ёздаҳум, нақл мекунад дар замони ӯ маконе ба ин ном дар Макка вуҷуд дошта ва мардум онро зиёрат мекарданд.[25] Ин бино то замони ҳукумати Оли Сауд бар Ҳиҷоз, боқӣ буд. Онҳо ба хотири эътиқодоти мазҳаби ваҳобият ва мамнуъияти табаррук ба осори пайғамбарон, онҷоро тахриб карданд.[26]

Вақоеъи шаби мелод

Манобеи торихӣ, рухдодҳоеро дар шаби мелоди Пайғамбари Ислом (с) нақл кардаанд, ки ба ирҳосот машҳур шудааст.[27] Бархе аз ин рухдодҳо иборатанд аз: ларзидани тоқи касро ва суқути 14 конгресси он, хомуш шудани оташ дар оташкадаи Форс пас аз ҳазор сол, хушкидани дарёчаи Сова ва ҳамчунин хоби аҷиби мубадон ва подшоҳи сосонӣ.[28]

Пеш аз беъсат

Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб, падари ҳазрати Муҳаммад (с), чанд моҳ пас аз издивоҷ бо Омина духтари Ваҳб, ба сафари тиҷорие ба Шом рафт ва ҳангоми бозгашт, дар Ясриб даргузашт. Бархе сиранависон, даргузашти ӯро чанд моҳ пас аз вилодати Муҳаммад (с) навиштаанд.

Муҳаммад (с), даврони ширхорагӣ ва бахше аз кӯдакиро назди Ҳалима, зане аз қабилаи Банӣ Саъд гузаронд. Вақте шаш солу се моҳ (ва ба қавле чаҳор сол) дошт, модараш ӯро барои дидор бо ақвом (аз тарафи модар Абдулмуталлиб аз тоифаи Банӣ Адӣ ибни Наҷҷор), ба Ясриб бурд. Дар бозгашт ба Макка, Омина дар Абвоъ даргузашт ва ҳамонҷо дафн шуд. Пас аз вафоти Омина, Абдулмуталлиб, падарбузурги падарии ҳазрати Муҳаммад (с), сарпарасти ӯ шуд.

Ҳазрати Муҳаммад ҳаштсола буд, ки ҷаноби Абдулмуталлиб даргузашт ва амуяш Абутолиб, сарпарастии ӯро ӯҳдадор шуд.[29] Дар бораи зиндагонии ҳазрати Муҳаммад (с), гузоришҳои фаровоне дар мутуни торихӣ омада ва ҳаводис ва рӯйдодҳои зиндагии ӯ, дар муқоиса бо дигар пайғамбарон, комилтар сабт шудааст. Бо ин ҳол, ҳамчунон бархе аз ҷузъиёти зиндагии ӯ равшан нест.

Сафари аввал ба Шом ва пешгӯии роҳиби насронӣ

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар кӯдакӣ, дар яке аз сафарҳои амӯяш ба Шом, ҳамроҳи ӯ буд, дар ин сафар Бaҳиро, роҳиби масеҳӣ, нишонаҳои пайғамбариро дар ӯ дид ва ба Абутолиб тавсия кард, ки ӯро аз осеби яҳудиён, ки душмани ӯ ҳастанд, муҳофизат кунад.[30]

Сафари дувум ба Шом

Вақте ки ҳазрати Муҳаммад (с) 25 сола буд Абутолиб ба ӯ пешниҳод дод, то бо сармояи Хадиҷа тиҷорат кунад, Пайғамбар (с) ин пешниҳодро пазируфт. Ба гузориши Ибни Исҳоқ, Хадиҷа, амонатдории ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шинохта буд, аз ин рӯ ба ӯ паём фиристод, ки агар бо моли ӯ тиҷорат кунад, саҳмашро беш аз дигарон мепардозад.[31] Ҳазрати Муҳаммад (с) пас аз сафари тиҷоратӣ ба Шом бо Хадиҷа издивоҷ кард.

Ҳамсарони Пайғамбар (с)

Уммаҳотул муъминин. png

Ҳилфул фузул

Навиштори аслӣ: Ҳилф-ул-фузул

Пайғамбар (с) пеш аз издивоҷ дар паймони ҳилфул фузул ширкат кард. Дар ҳилфул фузул ҷамъе аз аҳолии Макка ҳампаймон шуданд, то аз ҳар мазлуме ҳимоят кунанд ва ҳаққи ӯро биситонанд.[32]

Издивоҷ

Навиштори аслӣ: Ҳамсарони Пайғамбар (с)

Пайғамбари акрам (с) дар 25 солагӣ бо Хадиҷа издивоҷ кард.[33] Хадиҷа, аввалин ҳамсари Пайғамбар (с) буд[34] ва ҳудуди 25 сол бо Пайғамбар зиндагӣ кард ва дар соли 10 беъсат даргузашт. Пас аз даргузашти Хадиҷа, Пайғамбар бо Суда, духтари Замъат ибни Қайс издивоҷ кард. Ҳамсарони баъдии Пайғамбар (с) иборатанд аз Оиша, Ҳафса, Зайнаб, духтари Хузаймат ибни Ҳорис, Уммуҳабиба, духтари Абусуфён, Уммусалама, Зайнаб, духтари Ҷаҳш, Ҷувайрия, духтари Ҳорис, Сафия, духтари Ҳуяй ибни Ахтаб, Маймуна, духтари Ҳорис ибни Ҳузн ва Мория, духтари Шамъун.[35]

Фарзандон

Навиштори аслӣ: Фарзандони Пайғамбари Ислом

Модари фарзандони Пайғамбар ба ҷуз Иброҳим, Хадиҷа буд. Модари Иброҳим, Морияи Қибтия буд. Фарзандони Расули Худо (с), ба ҷуз ҳазрати Фотима (с), ҳамагӣ дар замони ҳаёти Пайғамбар даргузаштанд ва насли Пайғамбар (с) танҳо аз тариқи Фотима (с) идома ёфт. Муҳаммад (с) се писар ва чаҳор духтар дошт:

  1. Қосим, нахустин писар, ки дар кӯдакӣ дар Макка даргузашт.
  2. Зайнаб, дар 8 қ., дар Мадина даргузашт.
  3. Руқия, дар 2 қ. дар Мадина даргузашт.
  4. Уммукулсум, дар 9 қ. дар Мадина даргузашт.
  5. Ҳазрати Фотима (с) дар соли 11 ҳиҷрӣ, дар Мадина шаҳид шуд ва насли Расули Худо (с) танҳо аз ӯ боқӣ монд.
  6. Абдуллоҳ, пас аз беъсат дар Макка зода шуд ва ҳамонҷо даргузашт.
  7. Иброҳим, дар соли 10 ҳиҷрӣ дар Мадина даргузашт.[36]

Абулқосими Куфӣ, олими шиаи қарни чаҳорум ва Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, аз муҳаққиқони шиаи қарни понздаҳуми қамарӣ, бар ин боваранд, ки Зайнаб, Руқия ва Уммукулсум фарзандони Расули Худо (с) ва Хадиҷа набудаанд, балки духтархондаҳои он ду будаанд.[37]

Моҷарои насби Ҳаҷаруласвад

Дар давраи ҷоҳилият сел ба даруни Каъба роҳ ёфт ва деворҳои онро шикаст. Қурайш деворҳоро боло бардоштанд, аммо вақте мехостанд Ҳаҷарул-асвадро насб кунанд, байни сарони қабилаҳо ихтилоф шуд. Раиси ҳар қабила мехост ин ифтихорро насиби худ кунад.

Бузургони қабила ташт (тағора)-е пур аз хун овараданд ва дасти худро дар он фуру бурданд ва ин кор монанди савганде буд, ки ба мӯҷиби он бояд биҷанганд, то пирӯз шаванд. Онҳо пазируфтанд, нахустин касеро, ки аз дари Банӣ Шайба дохили масҷид шавад, ба доварӣ бипазиранд ва ҳарчи ӯ гуфт анҷом диҳанд.

Нахустин касе ки дохил шуд Муҳаммад (с) буд. Онон, доварии Пайғамбарро пазируфтанд ва ба дастури Пайғамбар (с) Ҳаҷарул-асвадро байни матоъе гузоштанд ва раиси ҳар қабила як гӯша аз матоъро бардошт, чун матоъро боло бурданд, Пайғамбар, ҳаҷарул асвадро бардошт ва бар ҷои он ниҳод.[38]

Беъсат

Навиштори аслӣ: Беъсат

Машҳури имомия, беъсати Пайғамбар (с)-ро 27 раҷаб донистаанд.[39] Ӯ дар Ҳиро ба пайғамбарӣ мабъус шуд. Муҳаммад (с) дар солҳои наздик ба беъсат ҳар сол як моҳ аз мардум канора мегирифт ва дар кӯҳи Ҳиро ба ибодати Худо машғул мешуд.[40] Ӯ дар ин бора гуфтааст: Ҷабраил назди ман омаду гуфт: бихон! Гуфтам: хондан намедонам. Дубора гуфт: бихон. Гуфтам: чӣ бихонам? гуфт: «اقْرَ‌أْ بِاسْمِ رَ‌بِّک الَّذِی خَلَقَ؛ , бихон ба номи Парвардигорат ки офарид!».[41] Чунонки машҳур аст, ӯ дар чиҳилсолагӣ ба пайғамбарӣ расид. Пайғамбар (с) даъват ба тавҳидро аввал аз хонаводаи худ оғоз кард ва аввалин касе ки аз занон ба ӯ имон оварад, Хадиҷа ва аз мардон, Алӣ ибни Абитолиб (а) буд.[42] Дар бархе манобеъ, аз бархе дигар ҳамчун Абубакр ибни Абиқуҳофа ва Зайд ибни Ҳориса ба унвони аввалин гаравандгон ба Ислом ном барда шудааст.[43]

Ҳарчанд даъвати оғозини Пайғамбар (с) маҳдуд буд, вале шумори мусулмонони рӯ ба фузунӣ гузошт ва пас аз чанде, Исломоварандагон ба атрофи Макка мерафтанд ва бо Пайғамбар (с) намоз мехонданд.[44]

Даъвати аланӣ

Пас аз онки Пайғамбар (с) ба пайғамбарӣ расид, се сол пинҳонӣ ба даъвати мардум пардохт. Пайғамбар (с) дар оғоз, мардумро ба тарки парастиши бутҳо ва парастидани Худо даъват мекард. Мусулмонон ҳангоми намоз ва парастиши Худо, аз мардум пинҳон мешуданд ва дар ҷоҳои дур аз рафтуомад намоз мегузорданад.[45]

Чунонкӣ машҳур аст, вақте се сол аз беъсати Пайғамбар (с) гузашт, ӯ маъмур шуд даъвати худро аланӣ кунад. Ибни Исҳоқ навиштааст, ки чун ояти Инзор («وَأَنذِرْ‌ عَشِیرَ‌تَک الْأَقْرَ‌بِینَ .... ; ва хешовандони наздикатро ҳушдор деҳ!»)[46]) нозил шуд, Пайғамбар, меҳмоние баргузор кард ва дар он ҳудуди чиҳил тан аз фарзандони Абдулмуталлиб ҳозир шуданд, ҳамин, ки Расули Худо хост суханони худро оғоз кунад, Абулаҳаб Пайғамбарро соҳир хонд ва маҷлисро барҳам зад. Пайғамбар (с) рӯзи дигаре ононро хонд ва даъваташро ба онон расонд.[47]

Ба гузориши Табарӣ, чун Расули Худо даъвати худро ба хешовандон расонд, гуфт: кадом як аз шумо маро дар ин кор ёрӣ мекунад, то бародар, васӣ ва халифаи ман дар миёни шумо бошад? Ҳама сокит шуданд ва Алӣ (а) гуфт: эй Расули Худо! Ман ҳастам. Пайғамбар фармуд: ин васӣ ва халифаи ман дар миёни шумост, сухани ӯро шунавед ва аз ӯ фармон баред.[48]

Душмании Қурайш ва паёмадҳои он

Қурайшиён ба хотири паймонҳои қабилаӣ, наметавонистанд ба Пайғамбар (с) осеби ҷонӣ бирасонанд; зеро дар ин сурат бо Банӣ Ҳошим даргир мешуданд ва мумкин буд тираҳои дигар ҳам вориди корзор шаванд. Ба ҳамин далел, мухолифати онон бо Пайғамбар (с), аз ҳадди бадгӯӣ ва осеб расонданҳои ҷузъӣ бештар набуд, аммо ба навмусулмонони бепаноҳ, то онҷо ки метавонистанд, осеб мерасонданд.[49]

Гоҳшумори зиндагии Паёмбар (с) дар Макка
Пеш аз Ислом
569-570 Таваллуд; Марги Абдуллоҳ (падар)
576 Марги Омина (модар)
578 Марги Абдулмутталиб (бобо ва сарпараст)
583 Сафари тиҷории ба Шом
595 Издивоҷ бо Хадиҷа
605 Таваллуди Фотимаи Заҳро (с) (тибқи бархе гуфтаҳо)
Ислом
610 Беъсат ва шуруъи нубувват
613 Даъвати қабила ва оғози даъвати аланӣ ва умумӣ
614 Оғози озори мусулмонон тавассути мардуми Макка
615 Таваллуди Фотимаи Заҳро (с) (тибқи бархе ақвол)
615 Ҳиҷрати гуруҳе аз мусулмонон ба Ҳабаша
616 Оғози муҳосираи Банӣ Ҳошим дар Шиъби Абитолиб
619 Поёни муҳосираи Банӣ Ҳошим дар Шиъби Абитолиб
619 Соли андӯҳ: вафоти Абӯтолиб ва Хадиҷа
620 Меъроҷ
621 Паймони аввали ақаба (байъатуннисо)
622 Паймони дувуми ақаба (байъатулҳарб)
622 Муҳоҷирати мусулмонон ба Ясриб


Вақте бузургони Қурайш аз афзоиши адади мусулмонон нигарон шуданд, назди Абӯтолиб, амми Пайғамбар (с), рафтанд ва аз ӯ хостанд бародарзодаашро аз даъвате, ки оғоз карда, боздорад. Рӯзе аз ӯ хостанд Муҳаммад (с)-ро ба онон бисупорад, то ӯро бикушанд ва дар иваз Аммора ибни Валидро, ки ҷавони зебо ва ба эътиқоди онон хирадманд буд, бигирад. Абӯтолиб напазируфт.[50]

Ҳамчунин нақл шудааст, Қурайшиён аз Абӯтолиб хостанд, то бародарзодаи худро аз роҳе, ки дар пеш гирифта, боздорад. Абӯтолиб суханони ононро бо Пайғамбар (с) дар миён ниҳод ва Пайғамбар (с) дар посух фармуд: «Ба Худо савганд, агар хуршедро дар дасти рост ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд, аз даъвати худ даст барнамедорам, то инки Худованд маро дар ин амр пирӯз гардонад ё ҷонамро дар ин роҳ аз даст бидиҳам!».[51]

Ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша

Навиштори аслӣ: Ҳиҷрат ба Ҳабаша

Бо шиддат гирифтани душмании Қурайш бо Пайғамбар (с) ва сахтгирӣ ва озори пайравони ӯ, Пайғамбар (с) ночор ба навмусулмонон дастур дод ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд. Вақте Қурайш аз ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша огоҳ шуданд, Амри ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Абирабиаро назди Наҷошӣ подшоҳи Ҳабаша фиристоданд, то ононро бозгардонанд, аммо Наҷошӣ аз супурдани онон ба намояндагони Қурайш имтиноъ кард. [52]

Муҳосираи Банӣ Ҳошим

Навиштори аслӣ: Шеъби Абитолиб

Пас аз пешрафти Ислом дар Макка ва мухолифати Наҷошӣ бо бозгардондани навмусулмонон, Қурайшиён, Муҳаммад (с) ва Банӣ Ҳошимро дар фишор ва таҳрими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доданд. Онҳо аҳдномае навиштанд ва мутааҳҳид шуданд, ки ба фарзандони Ҳошим ва Абдулмуталлиб, зан надиҳанд ё аз онон зане нахоҳанд, чизе ба онони нафурушанд ва чизе аз онон нахаранд. Онон аҳдномаро дар хонаи Каъба овехтанд. Пас аз он, Банӣ Ҳошим дар шеъби (дарра) Абуюсуф, ки баъдҳо Шеъби Абитолиб хонда шуд, сокин шуданд.[53]

Инзивои Банӣ Ҳошим ду ё се сол тул кашид. Дар ин муддат, ки онон дар сахтӣ ба сар мебурданд, чанд тан аз хешовандон, шабона барои онҳо гандум мебурданд. Шабе Абуҷаҳл, ки бо Банӣ Ҳошим душманӣ мекард, аз ин моҷаро огоҳ шуд ва монеъ шуд, ки Ҳаким бен Ҳазом барои Хадиҷа бори гандум бибрад. Ҳамин сабаб шуд гуруҳе пушаймон шуда ва ба ҳимоят аз Банӣ Ҳошим бархостанд. Онҳо мегуфтанд чаро Банӣ Махзум дар неъмат ба сар бибаранд ва писарони Ҳошиму Абдулмуталлиб дар сахтӣ бимонанд. Саранҷом гуфтанд ин аҳднома бояд ботил шавад. Ҷамъе аз ширкаткунандагони паймон, тасмим гирифтанд онро пора кунанд. Ба ривояти Ибни Исҳоқ (80 – 151 қ), нахустин сиранавис дар бораи Пайғамбари Ислом (с), вақте суроғи паймоннома рафтанд, диданди муриёна онро хурда ва танҳо ҷумлаи «Бисмик Аллоҳумма / باسمک اللهم» аз он боқӣ мондааст.[54]

Ба гузориши Ибни Ҳишом (даргузашт 213 ё 218 қ), муҳаддис ва муаррихи қарни дувуми қамарӣ, Абутолиб ба анҷумани Қурайш рафту гуфт: бародарзодаам мегӯяд, муриёна паймонномаеро, ки навиштаед хӯрда ва танҳо номи Худоро боқӣ гузоштааст. Бибинед агар сухани ӯ рост аст муҳосираи моро шиканед ва агар дуруғ мегӯяд ӯро ба шумо хоҳам супурд. Чун ба суроғи нома рафтанд, диданд мӯриёна ҳамаи онро ҷуз номи Худо хӯрдааст. Бад-ин тартиб паймони муҳосираи Банӣ Ҳошим шикаста шуд». [ 53 ]

Сафар ба Тоиф

Пайғамбар (с) андаке баъд аз хуруҷ аз Шиъби Абитолиб, бо даргузашти ду ҳомии худ, Хадиҷа ва Абӯтолиб рӯбарӯ шуд. Ӯ барои ҷалби ҳимояти мардуми Тоиф ба онҷо сафар кард, аммо мардуми онҷо бо ӯ бадрафторӣ карда ва Пайғамбар ба Макка бозгашт.[55]

Ҳиҷрат ба Мадина

Муқаддамоти ҳиҷрат

Паймони ақабаи аввал

Навиштори аслӣ: Паймони ақабаи аввал

Дар соли ёздаҳуми Беъсат, дар маросими ҳаҷ шаш тан аз қабилаи Хазраҷ бо Пайғамбар дидор карданд ва Пайғамбар дини худро бар онҳо арза кард. Онҳо бо Пайғамбар аҳди бастанд, ки паёми дини Муҳаммад (с)-ро ба мардуми худ иблоғ кунанд. Соли баъд, дар вақти ҳаҷ, дувоздаҳ тан аз мардуми Мадина дар ақаба бо Муҳаммад (с) байъат карданд. Байъати онон ин буд ки ба Худо, ширк наварзанд, дуздӣ накунанд, зино накунанд, фарзандони худро накушанд, тӯҳмат назананд, ва дар корҳои хайр, ки Муҳаммад (с) дастур медиҳад, аз ӯ итоат кунанд. Пайғамбар (с) Мусъаб ибни Умайрро ҳамроҳи онон ба Ясриб фиристод, то Қуръонро ба мардум таълим диҳад ва ононро ба Ислом даъват кунад ва ӯро аз вазъияти шаҳр ва истиқболи мардум аз Ислом мутталиъ кунад.[56]

Паймони ақабаи дуввум

Навиштори аслӣ: Паймони ақабаи дуввум

Соли 13 беъсат, дар мавсими ҳаҷ, 73 марду зан аз қабилаи Хазраҷ, пас аз фароғат аз маросими ҳаҷ дар ақаба гирд омаданд. Пайғамбари Акрам (с) бо амми худ Аббос ибни Абдулмуталлиб назди онон рафт. Навиштаанд нахустин сухангӯ Аббос буд, ки гуфт: «эй мардуми Хазраҷ! Муҳаммад аз мост ва то онҷо ки дар тавони мо буд ӯро аз газанди мардум боздоштем. Акнун ӯ мехоҳад назди шумо биёяд. Агар дар тавони худ мебинед, ки ӯро ҳимоят кунед ва шарри мухолифонро аз ӯ боздоред, чи беҳтар, вагарна аз ҳамин ҳоло ӯро раҳо кунед!». Онон дар посухи Аббос гуфтанд: «сухани туро шунидем, акнун эй Расули Худо! Ончӣ назди ту ва Худои ту писандида аст бигӯ!». Ҳазрати Пайғамбар (с) оёте аз Қуръон хонд ва сипас фармуд: «бо шумо байъат мекунам, ки аз ман ҳамчун касони худ ҳимоят кунед!». Намояндагони мардуми Мадина бо ӯ байъат карданд, ки бо душмани ӯ душман ва бо дӯсти ӯ дӯст бошанд ва бо ҳаркасе ки бо ӯ ба ҷанг бархост, ҷанг кунанд. Ба ин сон ин байъатро байъатул-ҳарб номиданд. Пас аз ин байъат, Пайғамбари Акрам (с) ба мусулмонон иҷоза дод ба Ясриб бираванд.[57]

Тавтеъаи Доруннудва

Вақте Қурайш аз паймони Пайғамбар бо мардуми Ясриб ва пуштибонии онон аз Муҳаммад (с) бохабар шуданд, паймонҳои қабилаиро нодида гирифтанд ва барои куштани Пайғамбар (с) тавтеъа карданд. Қурайшиён барои ёфтани роҳи муносиб, нишасте дар Доруннудва тартиб доданд ва саранҷом ба ин натиҷа расиданд, ки аз ҳар қабилае, ҷавоне омода шавад, то дастаҷамъӣ бар сари Муҳаммад (с) бирезанд ва ҳама бо ҳам ӯро бикушанд. Дар ин сурат, кушандаи ӯ як тан нахоҳад буд ва Банӣ Ҳошим наметавонанд ба хунхоҳии ӯ бархезанд; зеро ҷанг бо ҳамаи қабилаҳо барои онон мақдур нест ва ночор ба гирифтани хунбаҳо розӣ хоҳанд шуд. Дар шаби иҷрои тавтеъаи Қурайш, Пайғамбари Акрам (с) ба фармони Худо аз Макка хориҷ шуд ва Алӣ (а) дар бистари ӯ хобид (лайлатул-мабит). Пайғамбар бо Абубакр ибни Абиқуҳофа озими Ясриб шуд ва се рӯз дар ғори Савр таваққуф кард, то касоне ки он дуро таъқиб мекарданд, ноумед шуданд. Пайғамбари Ислом сипас аз бероҳа ба Ясриб рафт.[58]

Оғози ҳиҷрат

Истиқбол аз Пайғамбар (с) дар ҷараёни ҳиҷрат ба Мадина дар китоби Сират-ун-набӣ, ки дар қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ ба дастури Султонмуроди сеюм ҳокими усмонӣ ва тавассути Сайидсулаймон Касимпошо таҳия шудааст.
Навиштори аслӣ: Ҳиҷрат

Дар бораи рӯзи хуруҷи Пайғамбар (с) аз Макка ва расидани ӯ ба Мадина, байни сиранависон ихтилоф аст. Ибни Ҳишом, ки хати сайри ӯро забт карда, менависад нимрӯзи душанбе, 12 рабиъул аввал ба Қубо расид. Ибни Калбӣ, хориҷ шудани Пайғамбарро душанбеи аввали рабиъул аввал ва расидани ӯ ба Қуборо ҷумъаи дувоздаҳи рабиъул аввал навиштааст. Баъзе дигар навиштаанд рӯзи 8 рабиъул аввал ба онҷо расид. Муаррихони мутааххири исломӣ ва аврупоӣ навиштаанд, ки Пайғамбар 9 рӯз дар сафар буд ва рӯзи 12 рабиъул аввали соли 14 беъсат, баробар бо 24 сентябри 622 м., ба Қубо дар наздикии Мадина расид. Ҳиҷрати Пайғамбар аз Макка ба Мадина, мабдаи таърихи мусулмонон қарор гирифт. Расули Худо (с) ҳангоми таваққуф дар Қубо масҷиде бино кард, ки масҷиди Қубо ном гирифт.[59]

Имом Алӣ (а) се рӯз пас аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) дар Макка монд, амонатҳои мардум, ки назди Расули Худо будро ба соҳибони онҳо баргардонд, сипас бо заноне аз Банӣ Ҳошим, ки Фотима (с) ҷузви онон буд, ба Мадина рафт ва дар Қубо дар хонаи Кулсум ибни Ҳадм ба Пайғамбар мулҳақ шуд.[60]

Пайғамбар (с), ҷумъа, дувоздаҳи рабиъул аввал, бо гуруҳе аз Банӣ Наҷор равонаи Мадина шуд. Нахустин намози ҷумъаро дар қабилаи Банӣ Солим ибни Авф хонд. Ҳангоми вуруд ба шаҳр, бузурги ҳар қабила ё раиси ҳар хонавода мехост Пайғамбарро ба хонаи худ бибарад, то ифтихоре беш аз дигарон биёбад, Муҳаммад (с) гуфт ҳар ҷо шутурам бар замин бихобад, манзил хоҳам кард. Муҳаммад (с) дар посухи даъваткунандагон гуфт шутури ман маъмур аст ва медонад ба куҷо равад. Шутур дар миёни хонаҳои Банӣ Молик ибни Наҷҷор, дар замине, ки ду ятим соҳиби он буданд, бар замин нишаст. Пайғамбар заминро аз Маъоз ибни Афроъ, сарпарасти он ду харид ва дар он масҷиде сохт, ки асоси Масҷидун набӣ аст. Абуаюби Ансорӣ бор ва асбоби сафари Пайғамбарро ба хона бурд ва Муҳаммад (с) то рӯзе, ки ҳуҷрае барои ӯ тартиб доданд, назди Абуаюб ба сар бурд. Муҳаммад (с) дар сохтани масҷид бо мусулмонон ҳамкорӣ кард.[61]

Мусулмононе ки ба Мадина омаданд, муҳоҷирон ном гирифтанд ва ансор (сокинони пешини Ясриб) ононро дар манзили хеш ҷой медоданд. Пайғамбар (с) байни ансор ва муҳоҷирон, паймони бародарӣ барқарор кард ва худ, Алӣ ибни Абитолиб (а)-ро ба бародарӣ гирифт.[62] Муддате пас аз вуруд ба Мадина, Пайғамбар (с) бо аҳолии шаҳр, аз ҷумла яҳудиён, паймоне баст, то ҳуқуқи иҷтимоии якдигарро риоят кунанд.[63]

Коршиканиҳои мунофиқон ва яҳудиёни Мадина

Бо он ки бештари мардуми Ясриб, мусулмон ва ё мувофиқи Пайғамбар (с) буданд, аммо афроде ҳамчун Абдуллоҳи ибни Убай бо он ки ба зоҳир худро мусулмон мехонданд, дар ниҳон алайҳи Муҳаммад (с) ва мусулмонон тавтеъа мекарданд.[64] Ин гуруҳ, ки мунофиқон хонда мешуданд, чораи ин даста мушкилтар аз мушрикон ва яҳудиён буд; зеро инон назди мусулмонон худро мусулмон мехонданд ва Пайғамбар (с) ба ҳукми зоҳири Ислом наметавонист бо онон биҷангад.[65]

Коршикании Абдуллоҳи ибни Убай дар роҳи Ислом то марги ӯ (9 қ) идома дошт. Яҳудиён бо он ки дар паймонномаи Мадина дорои ҳуқуқе шуда буданд, то онҷо ки аз ғанимати ҷангӣ ҳам насиб мебурданд, ва бо онки аввал рӯи мувофиқ ба мусулмонон нишон доданд ва чанд тан аз онон ба дини Ислом даромаданд, саранҷом нохушнудӣ намуданд. Иллати ин нохушнудӣ он буд, ки онон гузашта аз тасаллут бар иқтисоди Ясриб, бо арабҳои биёбонӣ ва низ бо мушрикони Макка додуситад доштанд ва интизор мебурданд, ки бо раёсати Абдуллоҳи ибни Убай бар Мадина нуфузи иқтисодии онон тавсеа ёбад, аммо расидани Муҳаммад (с) ба ин шаҳр ва шуюъи Ислом монеъи ин нуфуз шуд. Гузашта аз ин, яҳудиён намепазируфтанд, ки касеро ки аз насли яҳуд нест ба пайғамбарӣ бишносанд.

Ин буд ки онҳо ҳам пас аз чанде мухолифати худро бо Муҳаммад (с) ошкор карданд. Зоҳиран Абдуллоҳи ибни Убай низ дар таҳрики онон беасар набуд. Яҳудиён гуфтанд он пайғамбар, ки мо интизори ӯро доштем Муҳаммад нест ва дар муқобил оёти Қуръон, Таврот ва Инҷилро ба рухи мусулмонон мекашиданду мегуфтанд, ончӣ Қуръон мегӯяд бо ончӣ дар китобҳои мост, як нест. Оёти мутааддиде аз Қуръон дар ин бора нозил шуд, ки ба мӯҷиби он оёт, Таврот ва Инҷил дар тӯли замон дастхуши таҳриф шудааст ва донишмандони яҳуд барои он ки мақоми худро ҳифз кунанд, он оётро дигаргун кардаанд. Саранҷом Қуръон ба якбора робитаи Исломро бо яҳуд ва насоро бурид ва барои он ки ба араб бифаҳмонад онон дар муқобили яҳуд, уммате ҷудогона ҳастанд гуфт: араб бар миллати Иброҳим ва Иброҳим ҷадди аълои Исроил аст:

يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لِمَ تُحَآجُّونَ فِي إِبْرَاهِيمَ وَمَا أُنزِلَتِ التَّورَاةُ وَالإنجِيلُ إِلاَّ مِن بَعْدِهِ أَفَلاَ تَعْقِلُونَ﴿۶۵﴾ هَاأَنتُمْ هَؤُلاء حَاجَجْتُمْ فِيمَا لَكُم بِهِ عِلمٌ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيْسَ لَكُم بِهِ عِلْمٌ وَاللّهُ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لاَ تَعْلَمُونَ﴿۶۶﴾مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلاَ نَصْرَانِيًّا وَلَكِن كَانَ حَنِيفًا مُّسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ؛

Эй аҳли китоб чаро дар Иброҳим хусумат мекунед? Магар на ин аст, ки Таврот ва Инҷил пас аз Иброҳим фиристода шудааст? Шумо дар ончӣ медонед хусумат кардед. Чаро дар чизе ки намедонед хусумат мекунед? Дар ҳоле ки Худо медонад ва шумо намедонед. Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насоро ва на мушрик, балки як мусулмони покэътиқод буд».[66]

Тағйири қибла

Навиштори аслӣ: Тағйири қибла

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, бар асоси бештари манобеъ, тағйири қибла дар моҳи раҷаби соли дувуми ҳиҷрӣ (17 моҳ пас аз вуруди Пайғамбар ба Мадина) рух додааст.[67] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), мусулмонон то пеш аз он, ҳангоми намоз рӯ ба Масҷидул-ақсо намоз мехонданд. Яҳудён, Пайғамбар (с)-ро сарзаниш мекарданд ва мегуфтанд: ту тобеъи моӣ ва ба тарафи қиблаи мо намоз мехонӣ. Расули Худо (с) аз ин сарзаниш озурдахотир буд то инки рӯзе дар Масҷиди Банӣ Салама, намози зуҳр (пешин) мехонд, ки Ҷабраил нозил шуд ва дар байни намоз, ӯро ба тарафи Каъба баргардонд ва ояти қибла (ояи 144 сураи Бақара) нозил шуд. Бинобарин, Пайғамбар (с) ду ракъат аз намозашро ба тарафи Байтул-муқаддас ва ду ракъати дигарро ба тарафи Каъба иқома кард, ки эътироз ва сарусадои яҳудиёнро дар пай дошт:[68]

سَيَقُولُ السُّفَهَاء مِنَ النَّاسِ مَا وَلاَّهُمْ عَن قِبْلَتِهِمُ الَّتِي كَانُواْ عَلَيْهَا قُل لِّلّهِ الْمَشْرِقُ وَالْمَغْرِبُ يَهْدِي مَن يَشَاء إِلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ؛

“Ба зудӣ бехирадон мегӯянд чӣ эшонро аз қиблае, ки бар он буданд баргардонд?! Бигӯ: машриқу мағриб аз они Худост; Ӯ ҳар касеро ки хоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.[69]

Ҷангҳо ва даргириҳо дар Мадина

Пайғамбар (с) дар Мадина ҷангҳо ва даргириҳои мутааддиде бо мушрикон ва яҳудиён дошт.

Ҷанги Бадр

Навиштори аслӣ: Ғазваи Бадр

Аз ҳангоме, ки Пайғамбар (с) паймони дувуми ақабаро бо мардуми Мадина баст, пешбинӣ мешуд, ки бо Қурайш даргирӣ рух диҳад.[70] Аввалин ғазва дар моҳи сафари соли дувуми ҳиҷрат буд, ки онро ғазваи Абвоъ ва ё Ваддон номидаанд.[71] Дар ин лашкаркашӣ задухурд пеш наомад. Пас аз он, ғазваи Бувот дар рабиъул аввал буд, ки дар он ҳам задухурд рух надод. Дар ҷумодил аввал хабар расид, ки корвони Қурайш ба саркардагии Абусуфён аз Макка озими Шом аст. Пайғамбар дар асраъи вақт то Зотулъашира рафт, вале корвон аз пеш гузашта буд. Ин ғазваҳо аз он рӯ бенатиҷа мемонад, ки ҷосусоне дар дохили Мадина аз тасмими Пайғамбар огоҳ мешуданд ва пеш аз ҳаракати лашкар, худро ба корвон мерасонданд ва ононро аз хатаре, ки дар пеш доштанд, огоҳ мекарданд.[72]

Дар соли дувуми ҳиҷрӣ, муҳимтарин бархурди низомии мусулмонону мушрикон, ки ба ғазваи Бадр машҳур шуд, рух дод. Бо онки адади мусулмонон камтар аз макиҳо буд, тавонистанд, пирӯзиро аз они худ кунанд ва аз мушрикон, бисёре кушта ва асир шуданд.[73] Дар ин ҷанг, Абуҷаҳл ва иддае дигар аз Қурайш кушта шуд ва ҳамин андоза ба асирӣ даромаданд. Аз мусулмонон 14 тан шаҳид шуданд. Дар ин ҷанг чанд тан аз диловарони Макка, ки ба шуҷоат маъруф буданд, ба дасти Имом Алӣ (а) кушта шуданд.[74]

Задухурд бо яҳуд

Нахустин даргирӣ ва задухурд бо яҳудиён, чанд ҳафта пас аз ҷанги Бадр рух дод. Яҳудёни Банӣ Қайнуқоъ беруни шаҳри Мадина дар қалъае манзил доштанд ва ба кори заргарӣ ва оҳангарӣ мепардохтанд.

Навиштаанд рӯзе, зане аз араб ба бозор рафт ва колои худро дар бозори Банӣ Қайнуқоъ фурухт ва бар дар дукони заргарӣ нишаст. Яке аз яҳудиён ҷомаи ӯро бар пушти ӯ гиреҳ зад, чун зан аз ҷо бархост ҷомааш ба як сӯ рафт ва яҳудиён ба ӯ хандиданд. Зани мусулмононро ба ёрӣ хонд. Мусулмоне ба ёрии он зан, марди яҳудиро кушт. Яҳудиён барошуфтанд ва он мусулмонро куштанд. Пас аз ин ҳодиса, Пайғамбар (с) ба яҳудиён гуфт агар бихоҳанд инҷо бимонанд, бояд таслим шаванд. Банӣ Қайнуқоъ гуфтанд шикасти мардуми Макка туро фирефта нагарадонад, онон марди ҷанг набуданд. Агар мо бо ту ҷанг кунем ба ту нишон хоҳем дод чикораем. Пайғамбар (с) ононро муҳосира кард ва муҳосираи онон 15 шабонарӯз тӯл кашид ва чун таслим шуданд, Абдуллоҳ ибни Убай исрор варзид ва Пайғамбар аз куштани онон даргузашт ва ононро ба Шом табъид кард. Муҳосираи ин даста аз яҳудиён дар моҳи шаволи соли дувуми ҳиҷрат буд.[75]

Ҷанги Уҳуд

Навиштори аслӣ: Ғазваи Уҳуд

Дар соли сеюми ҳиҷрӣ, Қурайшиён аз қабоили муттаҳиди худ бар зиди мусулмонон ёрӣ хостанд ва бо лашкари муҷаҳҳазе ба фармондеҳии Абусуфён, ба тарафи Мадина ба роҳ афтоданд. Пайғамбар (с) аввал қасд дошт дар Мадина бимонад, вале саранҷом бар он шуд, то барои муқобила бо лашкари мушрикони Макка аз шаҳр берун равад. Дар ҷое наздики куҳи Уҳуд, ду лашкар бо якдигар рӯбарӯ шуданд ва бо инки аввал пирӯзӣ бо мусулмонон буд, вале бо тарфанде, ки Холид ибни Валид ба кор бурд ва бо истифода аз ғафлати гуруҳе аз мусулмонон, мушрикон аз пушт ҳуҷум бурданд ва ба куштори мусулмонон пардохтанд. Дар ин ҷанг, Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, амми Пайғамбар (с), ба шаҳодат расид. Пайғамбар (с) низ захм бардошт ва овозаи кушта шудани ӯ сабаби тазъифи рӯҳияи мусулмонон шуд.[76] Ба ривояти Ибни Ҳишом аз Ибни Исҳоқ, ғазваи Уҳуд рӯзи шанбеи 15 шавол рух дод.[77]

Ҷангҳои Банӣ Назир, Думат-ул-ҷандал

Навишторҳои аслӣ: Ғазваи Банӣ Назир, ва Думат-ул-ҷандал

Дар соли 4 ҳиҷрии қамарӣ, чанд даргирии парокандае бо қабоили атрофи Мадина пеш омад, ки дини Исломро ба сӯди худ намедиданд ва мумкин буд бо якдигар муттаҳид шуда, ба Мадина ҳуҷум оваранд. Ду ҳодисаи Раҷиъ ва Биъру маъуна, ки тайи он мубаллиғони мусулмон тавассути ҷангҷуёни қабоили муттаҳид кушта шуданд, нишон аз ҳамин иттиҳод ва низ талоши Пайғамбар (с) барои густариши Ислом дар Мадина дорад.[78] Дар ин сол Пайғамбар (с) бо Банӣ Назир (гуруҳе аз яҳудиёни Мадина) музокира кард ва яҳудиён қасди ҷони ӯро карданд, аммо саранҷом ночор шуданд аз минтақа кӯч кунанд.[79]

Дар соли панҷуми ҳиҷрӣ, Пайғамбар (с) ва мусулмонон ба сарҳадҳои Шом дар ҷое ба номи Думат-ул-ҷандал рафтанд. Вақте сипоҳи Ислом ба онҷо расид, душман гурехта буд ва Пайғамбар (с) ва мусулмонон ба Мадина бозгаштанд.[80]

Ҷангҳои Аҳзоб, Банӣ Қурайза, Банӣ Мусталақ

Навишторҳои аслӣ: Ғазваи Хандақ, ғазваи Банӣ Қурайза ва ғазваи Банӣ Мусталақ

Дар соли панҷуми ҳиҷрӣ, Абусуфён сипоҳе байни ҳафт то даҳ ҳазор тан фароҳам овард, ки шашсад тан аз онон савора буданд. Чун сипоҳ аз қабилаҳои мухталифи араб ташкил шуда буд, ин ҷангро ҷанги Аҳзоб номидаанд. Афзун бар он, дар ин ҷанг гуруҳе аз яҳудиёни Банӣ Назир, ки дар Хайбар ба сар мебурданд бо Қурайш ва қабилаи Ғатфон алайҳи Пайғамбар муттаҳид шуданд. Яҳудиёни Банӣ Қурайза низ, ки дар атрофи Мадина сукунат доштанд ва мутааҳҳид шуда буданд, ки Қурайшро ёрӣ накунанд, паймоншиканӣ карданд ва бо мардуми Макка ҳамдаст шуданд. Дар муқобили Пайғамбар фақат се ҳазор сипоҳӣ дошт, ки ба ҷуз чанд тан, бақия пиёда буданд.

Мардуми Мадина дар ин ҷанг бар хилофи ҷанги Уҳуд, дар шаҳри монданд ва ҳолати дифоӣ ба худ гирифтанд. Ба пешниҳоди Салмони Форсӣ, барои ҳифозати шаҳр, хандақе канданд. Мадина аз се сӯ бо нахлистон ва сохтмон маҳфуз буд; бо кандани хандақе дар шимол, он самт низ аз ҳуҷуми саворони душман маҳфуз мемонад. Пеш аз расидани сипоҳи Макка ба Мадина, кори кандан хандақ поён ёфт. Чун душман ба онҷо расид, дар шигифт монд, зеро то он рӯз чунон монеъе барои пешравии ҷанге надида буд. Саворон наметавонистанд аз хандақ убур кунанд ва чун пеш меомаданд, тирандозон ба онҳо маҷол намедоданд. Амри ибни Абдувад, ки шуҷоъе номдор буд, пас аз рад шудан аз хандақ, ба дасти ҳазрати Алӣ (а) кушта шуд.

Чанд тан аз мусулмонон, бо Банӣ Қурайза ва Ғатфон иртибот барқарор карданд ва он дуро нисбат ба ҳам бадбин карданд. Боду сармо ҳам даргирифт ва кор бар сипоҳиёни Макка душвор шуд. Аз ин рӯ, Абусуфён дастури бозгашт дод ва Мадина пас аз понздаҳ рӯз муҳосира аз хатар ҷаст ва ҷанг ба поён расид. Пас аз ин ҷанг, ҷараёни кор ба нафъи мусулмонон тағйир кард. Баъзе арабҳои бадавӣ нисбат ба Ислом мутамойил шуданд ва мавқеияти Абусуфён ва Қурайш мутазалзил шуд.[81]

Пас аз поёни ҷанги Аҳзоб, Пайғамбар (с) суроғи яҳудиёни Банӣ Қурайза рафт. Онҳо ба мӯҷиби паймони Мадина, модом ки алайҳи мусулмонон қиём намекарданд, дар амон буданд, аммо онон дар ҷанги Аҳзоб бо душманони Ислом муттаҳид шуданд. Пайғамбар ононро муҳосира кард ва онҳо пас аз 25 шаб, таслим шуданд. ҚабилаиАвс, ки бо Банӣ Қурайза паймон доштанд, ба Пайғамбар (с) гуфтанд: Банӣ Қурайза ҳампаймонҳои мо ҳастанд ва аз кори худ пушаймон шудаанд; бо онҳо монанди ҳампаймонони Хазраҷ (Банӣ Қайнуқоъ) рафтор кун. Пайғамбар доварии асирони Банӣ Қурайзаро ба Саъд ибни Маоз, раиси қабилаи Авс, вогузор кард. Банӣ Қурайза низ ризоят доданд. Саъд гуфт: раъйи ман ин аст, ки мардони онҳо кушта ва занону фарзандони онон асир гарданд. Тибқи доварии Саъд, хандақҳо канданд ва мардони Банӣ Қурайзаро канори он хандақ гардан заданд.[82] Бархе аз муаррихон дар ин достон ихтилоф доранд.[83]

Дар соли 6-уми ҳ.қ., мусулмонони Банӣ Мусталақро, ки бар зидди Пайғамбар (с) дар садади таҷаммуъ буданд, шикаст доданд.[84]

Ҷанги Хайбар

Навиштори аслӣ: Ҷанги Хайбар

Дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, Пайғамбар (с) бар яҳудиёни Хайбар пирӯз шуд, ки пеш аз он чандин бор бо душманон бар зидди ӯ ҳампаймон шуда буданд. Қалъаи Хайбар, ки дар наздикии Мадина воқеъ шуда буд, ба тасарруфи мусулмонон даромад ва Пайғамбар (с) пазируфт, ки яҳудиён ба кори зироати хеш дар он минтақа идома диҳанд ва ҳар сол аз маҳсули худ бахше ба мусулмонон бипардозанд.[85]

Дар ҷанги Хайбар, кори фатҳи яке аз қалъаҳо душвор шуд ва Расули Худо (с) ба тартиб, Абубакри ибни Абиқаҳофа ва Умар ибни Хатобро барои фатҳи он фиристод, аммо оҷиз монданд, сипас парчамро ба Алӣ дод ва ӯ онро фатҳ кард.[86]

Сулҳи Ҳудайбия

Навишторҳои аслӣ: Сулҳи Ҳудайбия ва байъати Ризвон

Ҷанги Аҳзоб, таслими яҳудиёни Банӣ Қурайза ва ду се ҷанг, ки дар соли шашуми ҳиҷрӣ рух дод ва ба сӯди мусулмонон поён ёфт ва ғаниматҳои ҷангие, ки насиби онон шуд, қудрати Исломро дар дидаи сокинони шибҳи ҷазира боло бурд, чунонки бисёре аз қабилаҳои мусулмон ва ё ҳампаймон бо мусулмонон ҳамроҳ шуданд.

Дар зилқъдаи соли шашуми ҳиҷрӣ, Пайғамбари Акрам (с) бо ҳазору панҷсад тан аз мардуми Мадина барои адои умра равонаи Макка шуд. Қурайш вақте аз қасди Пайғамбар (с) огоҳ шуданд, барои мамониати ӯ омода гардиданд. Нахуст Холиди ибни Валид ва Акрама ибни Абиҷаҳлро равона карданд, то ӯро аз расидан ба Макка боздоранд. Пайғамбар (с) дар ҷое, ки Ҳудайбия ном дорад ва оғози сарзаминҳои ҳарам аст, фуруд омад ва ба мардуми Макка пайғом дод, мо барои зиёрат омадаем, на барои ҷанг. Қурайш напазируфтанд. Саранҷом сулҳномае байн ӯ ва намояндаи мардуми Макка имзо шуд, ки ба мӯҷиби он барои даҳ сол ҷанге байни ду тараф нахоҳад буд. Дар ин сол мусулмонон набояд ба Макка дохил шаванд, аммо дар соли оянда ҳамин мавқеъ мардуми шаҳри се рӯз аз Макка берун мераванд ва шаҳрро барои мусулмонон хоҳанд гузошт, то зиёрат кунанд. Яке дигар аз маводи ин паймоннома ин буд, ки ҳар кас аз мардуми Макка назди Муҳаммад (с) ояд ба Макка баргардонда шавад, аммо агар касе аз Мадина ба Макка рафт, Қурайш илзоме надорад, ӯро бозгардонад. Дигар модаи паймоннома ин буд, ки ҳар қабила озод аст, ки дар паймони Қурайш бошад, ё дар паймони Муҳаммад (с).[87] Баъдан Қурайш бо риоят накардани ҳамин шарт, асбоби фатҳи Маккаро падид оварданд.[88]

Зиёрати хонаи Худо

Дар зилқъдаи соли ҳафтуми ҳиҷрӣ дар пайи Сулҳи Ҳудайбия, Пайғамбар равонаи Макка шуд. Вуруди Пайғамбар ва мусулмонон ба Масҷидулҳаром ва анҷоми аъмоли умра, шуҳуҳи маросим ва ҳурмате, ки мусулмонон ба Пайғамбари хеш мениҳоданд, дар дидаи Қурайш бузург ҷилва кард ва тақрибан бар онон мусаллам шуд, ки дигар тавони муқобила бо Муҳаммад (с)-ро надоранд. Ба ин хотир, ду тан аз бузургони он тира, Холид ибни Валид ва Амр ибни Ос, худро ба Мадина расонданд ва мусулмон шуданд.[89]

Даъвати сарони мамолики дигар ба Ислом

Навиштори аслӣ: Даъвати ҷаҳони Ислом

Пас аз Сулҳи Ҳудайбия, Пайғамбар (с), ки то ҳадде аз таҷовузот ва таъаррузҳои Қурайш осудахотир шуда буд, дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, тасмим ба даъвати фармонравоён ва подшоҳони мамолики атроф гирифт. Сипас номаҳое ба императори Руми шарқӣ, Эрон, Наҷошӣ ва низ амир Ғасонёни Шом ва амири Ямома фиристод.[90]

Фатҳи Макка

Навиштори аслӣ: Фатҳи Макка

Ба мӯҷиби паймони Ҳудайбия муқаррар шуда буд, ки ҳар қабилае метавонад бо ҳар як аз ду гуруҳи Қурайш ё мусулмонон паймон бибандад. Хузоа ба паймони ҳазрати Муҳаммад (с) ва Банубакр ба паймони Қурайш даромаданд. Дар соли ҳаштум, задухурде байни Бакру Хузоа ба вуҷуд омад ва Қурайш Банубакрро алайҳи Хузоа ёрӣ карданд. Ба ин тартиб, паймони Ҳудайбия барҳам хӯрд, зеро Қурайш алайҳи ҳампаймонони Пайғамбар вориди ҷанг шуданд. Абусуфён, ки мутаваҷҷеҳ шуда буд, ин густохӣ беҷазо нахоҳад монд, худро ба Мадина расонд, шояд паймонро таҷдид кунад, вале натиҷае нагирифт.

Пайғамбар (с) дар моҳи Рамазони соли 8 ҳиҷрат бо 10, 000 нафар равонаи Макка шуд. Ва тартиби ҳаракатро тавре дода буд, ки ҳеҷкас аз сафари ӯ хабардор нашавад. Чун лашкар ба Маруззаҳрон расид, Аббос, амми Пайғамбар, шабҳангом аз хайма берун шуд ва хост касе аз мардуми Маккаро бибинад ва аз тариқи ӯ пайғом диҳад, ки Қурайш пеш аз онки ҳалок шаванд, худро ба Пайғамбар (с) бирасонанд. Дар он шаб ба Абусуфён бархӯрд ва ӯро паноҳ дод ва назди Пайғамбар овард. Абусуфён мусулмон шуд. Рӯзи дигар Пайғамбар дастур дод Аббос ӯро дар ҷои муносибе нигоҳ дорад, то лашкариён аз пеши рӯи ӯ бигузаранд. Абусуфён чун азамати мусулмононро дид, ба Аббос гуфт: подшоҳии писари бародарат бузург шудааст. Аббос гуфт: вой бар ту, ин пайғамбарӣ аст, на подшоҳӣ. Гуфт: бале чунин аст! Аббос ба Пайғамбар гуфт: Абусуфён марде аст, ки мехоҳад имтиёзе дошта бошад. Пайғамбар гуфт: ҳар кас ба хона равад ва дарро ба рӯи худ бибандад, дар амон аст. Ҳаркас ба хонаи Абусуфён паноҳанда шавад дар амон аст. Ҳаркас ба Масҷидулҳаром биравад дар амон аст. Лашкари анбуҳ бо оромӣ вориди Макка шуд. Ибни Ҳишом аз Ибни Исҳоқ ривоят мекунад, ки Саъд ибни Ибода, раиси қабилаи Хазраҷ, чун ба Макка даромад гуфт: имрӯз, рӯзи куштор аст! имрӯз рӯзи дарҳам шикаста шудани ҳурмат аст. Саъд ба гумони худ мехост аз Қурайш ё аз тираи Аднонӣ интиқом бигирад, ва доди Ясриб ва мардуми онро аз Қурайш ва Макка биситонад. Барои инки ин таваҳҳум дар зеҳни мусулмонон ҷой нагирад ва фатҳи исломиро ба ҳисоби кинатузии қабила нагузоранд, Пайғамбар (с), Алӣ (а)-ро фиристод ва ба ӯ гуфт: парчамро аз Саъд бигир, ки имрӯз, рӯзи раҳмат аст. Байни мусулмонон ва мардуми Макка ҷуз чанд задухурди мухтасаре рух надод. Пайғамбар (с) ба масҷид даромад ва ҳамчинонки савор буд 7 бор, Каъбаро тавоф кард ва бар дари Каъба истоду гуфт:

لا اله الا الله وحده لا شریک له صدق وعده و نصر عبده و هزم الاحزاب وحده

Мардум ҳар иддаоеро ҷуз хидмати Каъба ва об додани ҳоҷиён зери по гузоштанд. Пайғамбар (с) ду ҳафта дар Макка монд ва корҳои шаҳрро сару сурат дод. Аз ҷумла он ки касонеро ба атрофи Макка фиристод, то бутхонаҳоро вайрон кунанд ва бутҳоеро ҳам, ки дар хонаи Каъба ниҳода буданд, дарҳам шикаст. Рафторе, ки Пайғамбар (с) бо мардуми Макка кард, бузургии Ислом ва бузургвории ин динро Пайғамбар (с) дар дидаи мухолифон ошкор сохт. Қурайш, ки муддати 20 сол аз ҳеҷ озоре нисбат ба Муҳаммад (с) ва пайравони ӯ дареғ накарда буданд, аз сазои амали худ метарсиданд ва чун аз ӯ шуниданд, ки дар посухи онҳо гуфт: ҳамаи шуморо озод кардам; аз ҳамон рӯз ба ҷои он ки бо Ислом биҷанганд, мусаммам шуданд, ба номи Ислом бо номуслмонон ҷанг кунанд.[91]

Ҳаводиси пас аз фатҳи Макка

Ғазваи Ҳунайн

Навиштори аслӣ: Ғазваи Ҳунайн

Ҳануз 15 рӯз аз иқомати Пайғамбар (с) дар Макка нагузашта буд, ки бархе аз тавоифи пуршумор ва мусулмонношудаи Ҷазиратулъараб бар зидди он ҳазрат муттаҳид шуданд. Пайғамбар (с) бо лашкаре анбӯҳ аз мусулмонон аз Макка берун омад ва чун ба ҷое ба номи Ҳунайн расид, душманон, ки дар дарраҳои атроф камин карда буданд, ба тирандозӣ пардохтанд. Шиддати тирборон чунон буд, ки иддае аз сипоҳи Ислом гурехтанд, гуруҳе андак бар ҷой монданд, вале саранҷом гурехтагон низ бозгаштанд ва бар сипоҳи душман ҳуҷум бурданд ва эшонро шикаст доданд.[92]


Ғазваи Табук

Навиштори аслӣ: Ғазваи Табук

Дар соли нуҳуми ҳиҷрат ба Пайғамбар хабар расид, ки румиён, сипоҳи анбуҳе дар Балқоъ фароҳам овардаанд ва мехоҳанд ба мусулмонон ҳамла баранд. Тобистоне сахти гарм ва ҳангоми расидани меваҳо буд ва мардум мехостанд дар хонаҳо ба осоиш ба сар баранд. Дар байтулмол низ моле чандон дида намешуд. Одати Пайғамбар чунон буд, ки дар лашкаркашӣ ҳадафро муайян намекард, аммо дар ҷанги Табук ба сабаби душвориҳое, ки дар пеш буд, эълом дошт, ки ба ҷанг бо румиён хоҳем рафт. Гуруҳе мегуфтанд: Фасли гармост, дар ин фасл наравед! Ин даста бо ин оят сарзаниш шудаанд:

وَقَالُوا لَا تَنفِرُ‌وا فِی الْحَرِّ‌ ۗ قُلْ نَارُ‌ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّ‌ا ۚ لَّوْ کانُوا یفْقَهُونَ

“Ва гуфтанд дар гармо ҳаракат макунед. Бигӯ гармии оташи дузах сахттараст агар медонистанд”.

Шумори сипоҳиёни Исломро дар ин ғазваи сӣ ҳазор тан навиштаанд.[93] Ва ин болотарин рақами лашкар дар ғазваҳои исломӣ ва балки болотарин рақами гирдоварии сипоҳ дар Арабистон то он рӯз аст. Дар ин лашкаркашӣ, Пайғамбар (с), Алӣ ибни Абитолиб (а)-ро дар Мадина ниҳод, то ба кори хонаи ӯ расидагӣ кунад. Мунофиқон гуфтанд ӯ дӯст надошт, ки дар ин сафар Алӣ (а) ҳамроҳи ӯ бошад ва чун Алӣ (а) дар ин бора ба Пайғамбар (с) шикоят кард, фармуд ман туро халифаи худ кардам, ки ту барои ман монанди Ҳорун барои Мусо ҳастӣ ҷуз, он ки пас аз ман пайғамбаре нест. Лашкар аз ташнагӣ ба заҳмат афтод ва чун ба Табук расиданд, маълум шуд хабари омодагии румиён дуруст набудааст. Ҷанги Табук охирин даргирии мусулмонон бо номусулмонон дар зинда будани Пайғамбар (с) буд. Аз ин пас саросари Арабистон таслим шуд. Пас аз ин ҷанг буд, ки аз ҳар қабила намояндагоне барои изҳори итоати қабилаҳои худ ва пазируфтани Ислом назди Пайғамбар (с) омаданд ва тақрибан метавон гуфт умуми қабилаҳо мусулмон шуданд. Ин солро ба ин иллат санат-ул-вуфуд номидаанд. (Вуфуд ҷамъи вафд ба маънои дастаи намояндагон ё меҳмонон аст ).[94]

Санатулвуфуд

Навиштори аслӣ: Санат-ул-вуфуд

Баъд аз фатҳи Макка, ҳайъатҳои бисёре ба намояндагӣ аз қабилаҳои мухталиф ба Мадина назди Пайғамбар (с) омаданд ва изҳори Ислом ва табаият карданд ва Пайғамбар низ бо лутфу муҳаббату тавваҷуҳ, ононро пазируфт. Аз ин рӯй, ин сол ба санат-ул-вуфуд (соли ҳайъатҳо) машҳур шуд.[95]

Моҷарои Мубоҳала

Навиштори аслӣ: Мубоҳала

Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ Пайғамбари Ислом (с) ҳамзамон бо мукотиба бо сарони ҳукуматҳои ҷаҳон, номае ба усқуфи Наҷрон навишт ва аз сокинони Наҷрон хост, ки Исломро қабул кунанд. Масеҳиён тасмим гирифтанд гуруҳеро ба Мадина бифиристанд то бо Пайғамбар сухан бигӯянд ва суханони ӯро баррасӣ кунанд.

Ҳайъати намояндагон дар масҷиди Мадина бо Пайғамбари Ислом гуфтугӯ карданд. Пас аз исрори ду тараф бар ҳаққонияти ақоиди худ, тасмим гирифта шуд, ки масъала аз роҳи мубоҳала хотима ёбад. Аз ин рӯ, қарор шуд, ки фардои он рӯз, ҳамагӣ хориҷ аз шаҳри Мадина, дар доманаи саҳро барои мубоҳала омода шаванд.

Бомдоди рӯзи мубоҳала, Пайғамбар (с) ба хонаи Амиралмуъминин Алӣ (а) омад. Дасти Имом Ҳасан (а)-ро гирифта ва Имом Ҳусайн (а)-ро дар оғӯш гирифт, ва ба ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) барои мубоҳала, аз Мадина берун омад. Чун насоро ононро диданд, аз мубоҳала сар боз заданд ва тақозои мусолиҳа карданд.[96]

Охирин ҳаҷҷи Пайғамбар (с)

Навиштори аслӣ: Ҳаҷҷат-ул-видоъ

Пайғамбар дар зилқаъдаи соли даҳуми ҳиҷрӣ озими охирин ҳаҷҷи худ шуд. Дар ин сафар буд, ки аҳкоми ҳаҷҷро ба мардум таълим дод. Қурайш, пеш аз Ислом барои худ имтиёзоте дуруст карда буд. Гузашта аз калиддорӣ ва пардадории хона ва меҳмонӣ кардану об додани ҳоҷиён, дар одоби зиёрат низ худро ҷудо аз дигар қабилаҳо медонист. Дар ин сафар Пайғамбар (с) ончиро Қурайш дар зиёрати хонаи Худо барои худ имтиёзе мешуморид ва дигаронро аз он маҳрум месохт аз байн бурд. Аз ҷумлаи ин имтиёзот, яке ин буд, ки дар давраи ҷоҳилият мардум мепиндоштанд, тавофи хона бояд дар ҷомаи пок бошад ва ҷома ҳангоме пок аст, ки аз Қурайш гирифта шавад. Агар Қурайш ҷомаи тавофро ба касе намедод ӯ бояд бараҳна тавоф кунад. Дигар, инки Қурайш монанди ҳоҷиён аз Арафот бор намебастанд, балки аз Муздалифа кӯч мекарданд ва ин имтиёзро барои худ фахр мешумориданд. Қуръон ин имтиёзро бо ин оят аз байн бурд:

ثُمَّ أَفِیضُوا مِنْ حَیثُ أَفَاضَ النَّاسُ

“Аз ҷое куч кунед, ки мардум кӯч мекунанд”. 2–199 ]

Ва мардум диданд Муҳаммад (с) ки худ аз Қурайш аст бо дигар мардумон аз Арафот кӯч мекунад. Ҳам дар ин сафар буд, ки гуфт: Мардум! Намедонам соли дигарро хоҳам дид ё на. Мардум ҳар хуне ки дар ҷоҳилият рехта шуда зери по мегузорам. Хун ва моли шумо бар якдигар ҳаром аст, то он гоҳ ки Худоро мулоқот кунед.

Моҷарои Ғадири Хум

Навиштори аслӣ: Воқеаи Ғадир

Дар бозгашт ба Мадина дар манзили Ҷуҳфа он ҷо ки роҳи мардуми Миср, Ҳиҷоз ва Ироқ аз якдигар ҷудо мешавад дар мавзеъе, ки ба номи «Ғадири Хум» маъруф шудааст, амри Худо ба ӯ расид, ки бояд Алӣ (а)-ро ба ҷонишинии худ насб кунӣ ва ба таъбири равшантар бояд сарнавишти ҳукумати исломӣ маълум гардад. Расули Худо (с) дар ҷамъи мусулмонон, ки шумори ононро байни навад ё яксад ҳазор тан навиштаанд эълом фармуд:

من کنت مولاه فعلیّ مولاه. اللّهم وال من والاه و عاد من عاداه و أحب من أحبه و أبغض من أبغضه و انصر من نصره و اخذل من حذله و أدر الحق معه حیث دار Ман бар ҳар кас вилоят дорам, Алӣ мавлои ӯст. Худоё, бипайванд бо касе ки бо ӯ бипайвандад ва душман бидор касеро ки ӯро душман дорад! Ва дӯст бидор касеро ки ӯро дӯст бидорад. Ва душман бош бо касе ки бо ӯ душман аст ва хор кун касеро ки ӯро хор кунад ва ҳаққро бо ӯ бигардон ҳарҷо ки бигардад. Он кас ки ҳозир аст ин суханонро ба он кас ки ғоиб аст бирасонад!

Навиштори аслӣ: Сипоҳи Усома

Пас аз бозгашт аз сафари ҳаҷ дар ҳоле ки қудрат ва шавкати Ислом рӯзафзун шуда буд, тандурустии Пайғамбар (с) ба хатар афтод, аммо бо вуҷуди беморӣ, сипоҳе ба талофии шикасти Мута ба фармондеҳии Усома ибни Зайд, омода кард. Вале пеш аз ин ки ин сипоҳ ба маъмурият биравад, Пайғамбар (с) ба дидори Парвардигори худ рафт. Ва вақте он ҳазрат озими дидори Худо шуд, ки ваҳдати исломиро дар саросари шибҳи ҷазираи Арабистон барқарор сохт ва Исломро дар баробари ду императории бузурги Эрону Рум дароварад.

Реҳлат

Ҳазрати Фотима (с) ва Ҷабраил дар канори бистари Пайғамбар (с) дар китоби Сират-ун-набӣ, ки дар қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ ба дастури Султонмуроди сеюм ҳокими усмонӣ ва тавассути Сайидсулаймон Касимпошо таҳия шудааст.

Дар авоили соли 11 қамарӣ, Пайғамбар (с) бемор шуд. Чун бемории ҳазараташ сахт шуд, ба минбар рафт ва мусулмононро ба меҳрубонӣ бо якдигар супориш намуду фармуд: агар касеро ҳаққе бар гардани ман аст, бигирад, ё ҳалол кунад ва агар касеро озурдаам инак барои талофӣ омодаам.[97]

Навиштори аслӣ: Ҳадиси давот

Мутобиқи нақли Саҳеҳ Бухорӣ, муҳимтарин китобҳои аҳли суннат, дар охирин рӯзҳои ҳаёти Расули Худо, дар ҳоле ки ҷамъе аз саҳоба ба аёдати эшон рафта буданд, фармуд: қалам ва коғазе биоваред, то чизе барои шумо бинависам, ки ба баракати он, ҳаргиз гумроҳ нашавед! Яке аз ҳозирон гуфт: беморӣ бар Пайғамбар (с) ғалаба карда (ва ҳазён мегуяд) ва мо Қуръонро дорем ва он барои мо кофӣ аст. Дар миёни ҳозирон ғавғо ва ихтилоф афтод; баъзе мегуфтанд: биоваред, то ҳазрат бинависад ва баъзе ғайр аз онро мегуфтанд, Расули Худо (с) фармуд: бархезед ва аз назди ман биравед.[98] Дар Саҳеҳ Муслим, ки он низ аз муҳимтарин китобҳои аҳли суннат аст, фарде, ки бо сухани Пайғамбар (с) мухолифат кард, Умар ибни Хатоб муаррифӣ шудааст. Дар ҳамон китоб ва ҳамчунин Саҳиҳ Бухорӣ омадааст, ки Ибни Аббос пайваста бар ин моҷаро афсус мехӯрд ва онро мусибате бузург мешумурд.[99]

Вафоти Пайғамбар (с) дар 28-уми сафари соли 11 қамарӣ,[100] ё ба ривояте [ ниёзманди манба ] дар 12 рабиъул аввали ҳамон сол дар 63- солагӣ рӯй дод. Чунонки дар Наҳҷ-ул-балоға омадааст, ҳангоми ҷон додан, сари Пайғамбар (с) байни сина ва гардани Имом Алӣ (а) будааст.[101]

Дар он вақт аз фарзандони ӯ ҷуз, ҳазрати Фотима (с) касе зинда набуд. Дигар фарзандонаш аз ҷумла Иброҳим, ки як ду сол пеш аз вафоти Пайғамбар (с) ба дунё омад, ҳамагӣ даргузашта буданд. Пайкари мутаҳҳари Пайғамбар (с)-ро ҳазрати Алӣ (а) бо ёрии чанд тани дигар аз хонадони ӯ ғусл дода ва кафан кард ва дар хонааш, ки инак дохили Масҷидуннабӣ аст, ба хок супурданд.

Бино ба гузориши манобеи торихӣ, ба ҳангоми ихтилофи назари муҳоҷирону ансор дар бораи чигунагии дафни Пайғамбар, ба дунболи ду кас фиристоданд, ки яке ба шеваи маккиён заминро мешикофт ва дигаре ба равиши маданиюн лаҳад месохт; онон « اللهم‌ خِرْ لِرَسولِک»-ро бар забон овараданд ва амрро бар он ниҳоданд, ки ҳар як зудтар расад, равиши ӯро ба кор банданд, Абуталҳаи Ансорӣ зудтар омад ва ба равиши маданиҳо лаҳадро омода карданд.[102]

Ҷонишинии Пайғамбар (с)

Навишторҳои аслӣ: Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида ва воқеаи Ғадир

Дар ҳолеки Алӣ ибни Абитолиб (а) ва Банӣ Ҳошим саргарми маросими ғусли Пайғамбар буданд, баъзе аз бузургони мардуми Мадина (ансор) ва се нафар аз муҳоҷирин бетавваҷуҳ ба он ки ду моҳ пеш, Пайғамбар дар воқеаи Ғадир чӣ гуфтааст, дар ҷое ба номи Сақифаи Банӣ Соида гирд омаданд ва бар сари таъйини халифа ҷадал карданд ва саранҷом ба хилофати Абубакр ризоят доданд. Пас аз он, ин афрод, ба гирифтани байъати иҷборӣ аз мусулмонони ҳозир дар шаҳри Мадина шуруъ карданд.[103]

Сираи набавӣ ва шахсияти Пайғамбар (с)

Навиштори аслӣ: Сираи набавӣ

Дар мавриди равиш ва навъи рафтори Пайғамбар (с) ки дар истилоҳ аз он ба сираи набавӣ ёд мешавад дар тӯли таърихи Ислом, китобҳо ва пажӯҳишҳои бисёр мутанаввеъе ба нигориш даромада аст. Бо тавваҷуҳ ба ин ки Худованд дар мавриди расули худ фармуда: لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ (тарҷума: қатъан барои шумо дар [иқтидо ба] Расули Худо сармашқи некӯ аст) [Аҳзоб–21]. Мусулмонон шинохти рафтори Пайғамбар (с) дар ҷанбаҳои мухталифи зиндагиро мавриди тавваҷуҳ қарор додаанд.[104] Ба унвони намунаҳое аз ҷанбаҳои мухталиф, шахсияти Пайғамбар (с)-ро метавон аз ин маворид ёд кард:

Хушномӣ

Пайғамбар (с) қабл аз беъсат, 40 сол байни мардум зиндагӣ карда буд. Зиндагии ӯ холӣ аз дурӯӣ ва сифоти зишт ва ҳолоти нописанд буд. Ӯ назди дигарон фарде содиқу эмин ба ҳисоб меомад. Пайғамбар баъдҳо вақте рисолати худро иблоғ мекард, мушрикон шахси ӯро такзиб намекарданд, балки оётро мункир мешуданд. Ин матлаб дар Қуръон ҳам омадааст: «Онон туро ба дуруғгӯӣ муттаҳам намекунанд, балки [ин] ситамгарон оёти илоҳиро инкор мекунанд».[105] Аз Абуҷаҳл низ нақл шудааст, ки мегуфт: мо туро такзиб намекунем, балки ин оётро қабул надорем.[106] Пайғамбар (с) дар оғози эъломи рисолати худ ба Қурайш, ба онҳо гуфт: «Оё агар ба шумо хабар диҳам, ки дар варои ин куҳ, сипоҳе гирд омадааст, сухани маро мепазиред?» ҳама гуфтанд: оре, мо ҳаргиз аз ту дуруғе нашунидаем. Он гоҳ Пайғамбар гуфт, ки аз тарафи Худо барои анзори мардум мабъус шудааст.[107]

Илова бар гузаштаи нек, аҳамияти қабила ва хонадони ӯ ва ҳамчунин худӣ будани Пайғамбар (с) барои аъроб низ дар ҷойгоҳ ва муваффақияти Пайғамбар нақш дошт. Қабилаи «Қурайш» аз солҳо пештар дар мобайни араб қабилае шинохташуда ва муҳим буд. Ин аҳамият мӯҷиби он буд, ки бисёре аз қабоил бартарии ононро бар худ бипазиранд ва то ҳадде дар бархе умур аз эшон табаият кунанд. Аз сӯи дигар, аҷдоди Пайғамбар (Қусай ибни Килоб, Ҳошим ва Абдулмуталлиб) касоне буданд, ки назди араб ба шарофату бузургӣ шинохта шуда буданд.

Ҷомеаи араби шибҳи ҷазира дар он замон, ҷомеъае баста буд ва иртиботи фарҳангии хоссе бо манотиқи дигар надошт. Ин вазъият, навъе рӯҳияи «арабигарӣ»-ро ба сурате нерӯманд дар онон ба вуҷуд оварда буд ва боис мешуд, матолиби дигаронро ба хотири он ки «дигарон» ҳастанд напазируфта ва танҳо он чи аз «худ» аст бипазиранд. Эҳтимолан ояти «агар он [Қуръон]-ро бар афроде ғайриараб нозил карда будем ва бар эшон [аъроб] мехонданд ба он имон намеовараданд»[108] ба ҳамин рӯҳия ишора дорад. Аз он ҷо ки мухотаби аввалияи Ислом аъроб буданд, худӣ будани Пайғамбар (с) заминаи пазириши паёми ӯро боло мебарад. Қуръон низ ба ин матлаб ишора кардааст.[109]

Ахлоқ

Олитарин ва боризтарин хусусияти Пайғамбар (с) буъди ахлоқии эшон будааст. Қуръон дар ин бора мегӯяд, ки «Ту бар ахлоқе бузург ва гиронмоя такя дорӣ!».[110]

Дар васфи рафтор васифоти Пайғамбар (с) гуфтаанд, ки ағлаб хомӯш буд ва ҷуз дар ҳадди ниёз сухан намегуфт. Ҳаргиз тамоми даҳонро намекушод, бештар табассум дошт ва ҳеҷ гоҳ бо овози баланд намехандид, чун ба касе мехост рӯй кунад, бо тамоми тани хеш бармегашт. Ба покизагӣ ва хушбӯӣ бисёр алоқаманд буд, чандон ки чун аз ҷое гузар мекард, раҳгузарон пас аз ӯ, аз асари буи хуш, ҳузурашро дармеёфтанд.

Дар камоли содагӣ мезист, бар замин менишаст ва бар замин хӯрок мехӯрд ва ҳаргиз такаббур надошт. Ҳеҷ гоҳ то ҳадди серӣ ғизо намехӯрд ва дар бисёре маворид, ба вижа он гоҳ ки нав ба Мадина даромада буд, гуруснагиро пазиро буд. Бо ин ҳама, монанди роҳибон намезист ва худ мефармуд, ки аз неъматҳои дунё ба ҳад, баҳра гирифта, ҳам рӯза дошта ва ҳам ибодат кардааст. Рафтори ӯ бо мусулмонон ва ҳатто бо мутадайинони дигар адён, равише мубтанӣ бар шафқату бузургворӣ ва гузашту меҳрубонӣ буд. Сират ва зиндагии ӯ чунон баро дили мусулмонон форам буд, ки то ҷузъитарин гӯшаҳои онро сина ба сина нақл мекарданд ва онро имрӯз ҳам сармашқи зиндагӣ ва дини худ қарор медиҳанд.[111]

Тавозуъаш чунон буд, ки монанди бандагон ғизо мехӯрд ва бар замин менишаст ва ба таъбири Имом Содиқ (а) аз замоне, ки мабъус шуда ҳеч гоҳ дар ҳолате, ки такя дода буд ғизо нахурд.[112] Амири муъминон Алӣ (а) дар тавсифи симои Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар кас бидуни ошноии қаблӣ ӯро медид ҳайбаташ ӯро фаро мегирифт. Ҳар кас бо ӯ муошират мекард ва бо ӯ ошно мешуд дӯстдори ӯ мегардид!».[113] «Пайғамбар нигоҳашро байни ёронаш тақсим мекард ва ба ҳар кас ба андозаи баробар назар меафканд»[114] «ҳаргиз Расули Худо бо касе даст надод, ки дасташро аз дасти ӯ бардорад, ҷуз он ки он тараф ибтидо дасташро бикашад»[115]

Пайғамбар (с) бо ҳар касе ба андозаи зарфият ва ақлаш гуфтугӯ мекард.[116] Афв ва бахшиши ӯ ба ҳар кас ки зулме нисбат ба ӯ муртакиб шуда буд, назди ҳама шуҳрат дошт,[117] ба тавре, ки ҳатто ваҳшӣ (қотили амми худ Ҳамзаро ) ва Абусуфён, душмани деринаи Исломро низ бахшид. Пайғамбар (с) пас аз Ислом овардани ваҳшӣ ва гузориши ӯ дар бораи чигунагии куштани Ҳамза ӯро бахшид ва ба ӯ фармуд: «غيّبْ وجهك عني» худатро аз назарам дур бидор (пеши чашмонам зоҳир машав)[118]

Зуҳд

Пайғамбар (с) зоҳидона мезист. Утоқҳои ҳақири гилие, ки дар ҷавори масҷид, хосси ҳамсаронаш буд, тоқҳое аз чуби нахл дошт ва ба ҷои дар, пардае аз пашми буз ё пашми шутур бар он овехта буд. Болиште зери сар мегузошт, ки онро аз барги хурмо пур карда буданд. Рахте аз чарм, пур аз барги хурмо дошт, ки ҳамаи умр бар рӯи он мехуфт. Зерпӯши ӯ аз порчае хашин буд, ки танро мехӯрд ва ридое аз пашми шутур дошт. Ин дар ҳоле буд, ки пас аз ҷанги Ҳунайн, чаҳор ҳазор шутур, беш аз чиҳил ҳазор гусфанд ва миқдори фаровоне тилло ва нуқраро ба ину он бахшид.

Хӯрокии ӯ аз манзилу асосу либос низ зоҳидона буд. Эй басо моҳҳо мегузашт, ки дар хонаи ӯ барои пухтупаз, оташ намеафрӯхтанд, ғизояш ҳама хурмо ва нони ҷав буд. Ҳеҷ вақт ду рӯзи паёпай ғизои сер нахӯрд. Ӯ як рӯз ду бор бо шиками сер аз суфра барнахост. Мукаррар мешуд, ки ӯ ва касонаш шабҳои паёпай гурусна мехуфтанд. Рӯзе Фотима (с) нони ҷавин барои ӯ оварду гуфт: ноне пухтам ва дилам ризо надод барои шумо наёварам. Онро хӯрду гуфт: «ин танҳо ғизое аст, ки падарат аз се рӯз пеш мехӯрад». Рӯзе, ки дар нахлистони яке аз ансор хурмо мехӯрд, фармуд: «рӯзи чаҳорум аст, ки чизе нахӯрдаам!». Гоҳе аз шиддати гуруснагӣ ба шикам санг мебаст (то гуруснагӣ таскин ёбад). Ҳангоми марг зиреҳи ӯ дар қиболи сӣ паймона ҷав, пеши як яҳудӣ ба гарав буд.[119]

Назм ва оростагӣ

Пайғамбар (с) дар зиндагӣ бисёр муназзам буд. Эшон пас аз сохтани масҷид, барои ҳар сутун номе гузошт, ки мушаххас шавад, дар канори сутунҳо чи корҳое сурат мегирад; сутуни вуфуд (ҷойгоҳи ҳайъатҳо), сутуни таҳаҷҷуд (ҷойгоҳи шабзиндадорӣ) ва....[120] сафҳои намозро чунон мураттабу муназзам мекард, ки гӯ чӯбҳои тирро ҷуфтуҷур мекунад ва мефармуд: «Бандагони Худо, суфуфи худро муназзам кунед вагарна байни дилҳоятон ихтилоф хоҳад афтод».[121] Дар умури зиндагии худ низ муназзам буд. Авқоти хешро се қисмат мекард; бахшеро барои ибодати Худо, бахше барои хонаводаи худ ва бахшеро ба худ ихтисос медод ва сипас бахши марбут ба худро байни худ ва мардум тақсим мекард.[122]

Пайғамбар (с) дар оина менагирист, мӯйи сарро соф мекарду шона мезад ва на танҳо барои хонаводаи худ, балки барои ёронаш низ худро меорост.[123] Эшон дар мусофират ҳам ба назми зоҳирии худ тавваҷуҳ доштанд ва пайваста панҷ чизро бо худ ҳамроҳ дошт; оина, сурмадон, шона, мисвок ва қайчӣ.[124]

Шуҷоат ва қуввати рӯҳӣ

Амиралмуъминин (а) дар бораи шуҷоати Пайғамбари Худо (с) гуфтааст. Ҳар гоҳ оташи ҷанг сахт шуълавар мешуд, мо ба Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, паноҳ мебурадем. Ва дар он соат ҳеҷ як аз мо ба душман аз ӯ наздиктар набуд. Сайиди Разӣ дар тафсири ин сухан гуфта аст: ҷумлаи "اذَا احْمَرَّ الْبَأسُ" киноя аз шиддати корзор аст ва манзур ин аст, ки вақте тарс аз душман бузург менамуд ва ҷанг ба гунае мешуд, ки гуё ҷангҷуёнро мехоҳад дар коми худ фуру барад, мусулмонон ба Паёмбар паноҳанда мешуданд, то Расули Худо шахсан ба набард пардозад ва Худованд ба василаи ӯ нусрат ва пирӯзиро бар онон нозил фармояд ва дар сояи он ҳазрат эман гарданд .[125]

Уммӣ будан

Навиштори аслӣ: Пайғамбари уммӣ

Пайғамбари уммӣ тавсифе қуръонӣ барои Пайғамбар ва ба маънои пайғамбаре, ки дарснахонда ва ноошно ба навиштан будааст.[126] Қуръон уммӣ буданро аз сифоте медонад, ки Пайғамбари Ислом дар Тавроту Инҷил ба онҳо муаррифӣ шудааст.[127] Уммӣ буданро фазилате, барои Пайғамбари Ислом донистаанд; зеро Пайғамбар бо ин ки саводе барои хондан ва навиштан надошт, то илм биомӯзад, аммо дорои илми осмонӣ буд ва авомили ҳидояту растгориро барои инсонҳо фароҳам кард.[128] Муҳаққиқон муътақиданд, овардани Қуръоне, ки муштамил бар улум ва ҳикматҳои мухталиф аст, тавассути фарде, ки навиштану хонданро ёд нагирифтааст, аз мӯъҷизоти Илоҳӣ ба ҳисоб меояд.[129]

Гузидаи суханон

  • Муъмин набояд бе ҳамсояи худ сер шавад.[130]
  • Муъмин нохост хуни ҳеҷ касро намерезад (террор намекунад).[131]
  • Имони беамал ва амали беимон пазируфта нест.[132]
  • Се чиз аст, ки дар ҳар касе набошад, кораш саранҷом нагирад: 1-тақвое, ки ӯро аз гуноҳ боз дорад; 2- ахлоқе, ки бо мардум мудоро кунад; 3-ҳилме, ки бо он сабукии сабуксарон дафъ кунад.[133]
  • Бо мардум саҳлингорӣ кун, то бо ту саҳлингорӣ кунанд.[134]
  • Подоши некӯкорӣ ва силаи раҳм бо хешовандон аз некиҳои дигар зудтар мерасад ва кайфари ситамкорӣ ва қатъи раҳм аз хешовандон аз бадҳои дигар сареътар мерасад.[135] ]
  • Офати дин се чизаст: 1- донои бадкор; 2- пешвои ситамкор; 3- талошгари нодон.[136]
  • Манфуртарин чизҳои ҳалол дар пеши Худо талоқ аст.[137]
  • Бо фақирону камбизоатон дӯстӣ кунед; зеро дар рӯзи растохез, давлати бузурге доранд.[138]
  • Беҳтарини бандагон дар пеши Худо касе аст, ки хулқаш (ахлоқ) нектар бошад.[139]
  • Маҳбубтарин бандагони Худо назди Худо касе аст, ки барои бандагони Худо судмандтар аст.[140]
  • Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки барои занони худ беҳтар бошанд.[141]
  • Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар онҳо дуруст шаванд, умматам дуруст шавад ва агар онҳо фосид гарданд, умматам фосид гардад. Арз шуд: эй Расули Худо! Он ду гурӯҳ кадоманд? Фармуд: фақеҳон ва зимомдорон.[142]

Ҷойгоҳи Пайғамбар дар ақоиди шиа

Тибқи ақоиди шиа ҳазрати Муҳаммад (с) набӣ ва расул аст ва чун хотамуланбиё буда, ҳеҷ пайғамбаре баъд аз он ҳазрат нахоҳад омад. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷузви анбиёи улулъазм аст ва шариате навин аз ҷониби Худованд барои башар овардааст. Пайғамбар (с) аввалин нафар аз чаҳордаҳ маъсум аст. Эшон на фақат дар дарёфт ва иблоғи ваҳй, балки дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ, исмат доштааст. Ҳамчунин аз Пайғамбар (с) мӯъҷизоте нақл шудааст, ки муҳимтарини онҳо Қуръон аст. (Ниг.: Мӯъҷизоти Пайғамбар (с))

Манобеи ривоӣ аз Пайғамбар (с)

Дар байни манобеи шиа, китобҳое вуҷуд дорад, ки маҷмуъаи аҳодиси Пайғамбарро ҷамъоварӣ карда ё боби ҷудогонаеро ба аҳодиси набавӣ ихтисос додаанд. Аз ҷумлаи ин манобеъ метавон ба ин маворид ишора кард:

Туҳаф-ул-уқул ан Оли ар-Расул (с) навиштаи Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ аз уламо ва фуқаҳои бузурги шиа дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ. Ин китоб маҷмуъае арзишманд аз суханон ва насоеҳи ҳазрати Расули Худо (с) ва Аҳли Байт (а) аст, ки боби ҷудогонае барои суханони Пайғамбар (с) ихтисос додааст.

Ал-Маҷозот-ун-набавийя навиштаи Сайиди Разӣ. Ин асари ҳадисӣ ба ҷанбаи адабӣ, баёни ишорот, танбеҳот, киноёт ва ташбиҳоти суханони Пайғамбари Акрам (с) пардохтааст.

Макотиб-ур-расул, асари Алӣ Аҳмадӣ Миёнаҷӣ аст. Ин китоб, ҳовии номаҳои Пайғамбар (с) хитоб ба подшоҳон, масъулон, коргузорон ва навишторҳое дар иртибот бо аҳдномаҳо, қарордодҳо ва бархе мавзӯоти мутафарриқаи дигар аст.

Сунан-ун-набӣ навиштаи Аллома Таботабоӣ. Ин китоб ба манзури ошноӣ бо куллиёти ахлоқ ва тарзи сайру сулук ва рафтор ва ончӣ ки маҷмуан «суннати Пайғамбар» номида мешавад, таълиф шудааст.

Наҳҷ-ул-фасоҳа, гирдоварии Абулқосими Поянда. Ин китоб, ки дар ду қисмати аҳодис ва хутбаҳо, танзим шуда, муштамил бар ривоёт ва калимоти ҳазрати Пайғамбари Акрам (с) аст.

Мутолиаи бештар

Такнигорӣ

  • Фуруғи абадият, таҷзия ва таҳлили комиле аз зиндагии Пайғамбари Акрам (с), Ҷаъфари Субҳонӣ, дафтари таблиғоти исломӣ, бустони китоби Қум, чопи 26, 1022 саҳифа.
  • Ҳамноми гулҳои баҳорӣ: нигоҳе нав ба зиндагӣ ва шахсияти Пайғамбари гиромӣ (с), Ҳусайн Сайидӣ Соравӣ, дафтари нашри маориф, 1397 ҳ.ш., 296 саҳифа.
  • Зистан бо Пайғамбар, Меҳварёбии суханони ҳазрати Расул (с), Маҳдии Ризоӣ, маркази пажӯҳишҳои исломии садо ва всимо, чопи аввал 1383 ҳ.ш., 208 саҳифа.

Эзоҳ

  1. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378 ҳ.ш., саҳ.42.
  2. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.117.
  3. Табарсӣ, Аълом-ул-варо, 1417 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43.
  4. Муқаддасӣ, бозпжуҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон, 1391 ҳ.ш., саҳ.91.
  5. Субҳонӣ, Фуруғи абадият, 1380 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
  6. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, ҷ.15, саҳ.440 ва 455.
  7. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.170.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.439.
  9. Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.1, саҳ.196.
  10. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.170.
  11. http : //thaqalain. ir/ % D8 % AA % D8 % A7 % D8 % B1 % DB % 8C % D8 % AE - % D9 % 88 % D9 % 84 % D8 % A7 % D8 % AF % D8 % AA - % D9 % BE % DB % 8C % D8 % A7 % D9 % 85 % D8 % A8 % D8 % B1 - % D8 % A7 % D8 % B3 % D9 % 84 % D8 % A7 % D9 % 85/
  12. Ал-Мавоҳиб-уд-диния, ҷ.1, саҳ.25.
  13. Ҷаъфариён, «Дидгоҳи Кулайнӣ, Муфид ва... », саҳ.75.
  14. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75.
  15. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79.
  16. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ҳ.ш., саҳ.37.
  17. Ас-Сират-ун-набавия, ҷ.1, саҳ.158/ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405 ҳ.қа, ҷ.1, саҳ.74.
  18. Ибни Ҳабиб, ал-Маҳбар, Бейрут, саҳ.8 - 9.
  19. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва ат-торих, Бурсаид, ҷ.4, саҳ.132.
  20. Ибни Алвердӣ, ТаърихИбни Алвердӣ, 1996 м., ҷ.1, саҳ.93.
  21. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420 ҳ.қа, ҷ.1, саҳ.6.
  22. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420 қ, ҷ.1, саҳ.6/ Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406 қ, ҷ.3, саҳ.722.
  23. Сабкӣ, ад-Дин-ул-холис ав иршод-ул-халқ, 1977 м, ҷ.5, саҳ.64.
  24. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набӣ, 1385 ш, ҷ.2, саҳ.146 - 147.
  25. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404 қ, ҷ.5, саҳ.174.
  26. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набӣ, 1385 ш, ҷ.2, саҳ.146 - 147.
  27. Расулии Маҳаллотӣ, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, 1371 ш, ҷ.1, саҳ.145 ва 146.
  28. Абунаъими Исфаҳонӣ, Далоил-ун-нубувват, 1412 қ, ҷ.1, саҳ.139, ҳ.82/ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405 қ, ҷ.1, саҳ.126 ва 127.
  29. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.37 - 38.
  30. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.38.
  31. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398 қ, саҳ.81.
  32. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.141 - 142.
  33. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.39 - 40.
  34. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398 қ, саҳ.245.
  35. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378 ш, саҳ.56 - 60.
  36. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398 қ, саҳ.245/ Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378 ш, саҳ.60 - 61.
  37. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набийил-аъзам, 1385 ш, ҷ.2, саҳ.218/ Омилӣ, Банот-ун-набӣ ам рабоибуҳ?, 1413 қ, саҳ.77 – 79/ Кӯфӣ, ал-Истиғоса, ҷ.1, саҳ.68.
  38. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.40.
  39. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378 ш, саҳ.67.
  40. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.41.
  41. Сураи Алақ, ояти 1.
  42. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398 қ, саҳ.132, 138 в139/ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.262.
  43. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.264 ва 266.
  44. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.281 ва 282.
  45. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.44 - 41.
  46. Сураи Шуаро, ояти 214 - 216.
  47. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398 қ, саҳ.145 ва 146.
  48. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, ҷ.3, саҳ.1172.
  49. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.49.
  50. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398қ, саҳ.152/ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.285.
  51. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.1, саҳ.284 ва 285.
  52. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.51 - 52.
  53. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.53.
  54. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1398қ, саҳ.166 ва 167/ Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.53.
  55. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.2, саҳ.60 – 63/ Табарӣ, Таърих-ут-табарӣ, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.2, саҳ.344 - 346.
  56. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.56.
  57. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.56 - 59.
  58. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.59.
  59. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.59 - 60.
  60. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.60.
  61. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.63 - 60.
  62. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.150 - 153.
  63. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.147 ба баъд.
  64. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.68 - 67.
  65. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.68.
  66. Сураи Оли Имрон, ояти 65 - 67. Низ нигоҳ кунед ба : сураи Ҳаҷ, ояти 78/ Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.69 - 68.
  67. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390 қ, ҷ.1, саҳ.331.
  68. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390 қ, ҷ.1, саҳ.331.
  69. Сураи Бақара, ояти 142.
  70. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.72.
  71. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.2, саҳ.241.
  72. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.73.
  73. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1405 қ, ҷ.1, саҳ.19 ба баъд.
  74. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.75.
  75. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ш, саҳ.79 - 80.
  76. Нигоҳ кунед ба: Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1380 ш, саҳ.504 - 523.
  77. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.3, саҳ.106.
  78. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, доруттурос, ҷ.2, саҳ.538 - 555.
  79. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1405қ, ҷ.1, саҳ.363 ба баъд.
  80. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1405қ, ҷ.1, саҳ.402 – 404/ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, дору эҳёит туросил арабӣ, ҷ.3, саҳ.224.
  81. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ҳ.ш., саҳ.86 - 87.
  82. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ҳ.ш., саҳ.88 - 87.
  83. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390 ҳ.ш., саҳ.90.
  84. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.302.
  85. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1405қ, ҷ.2, саҳ.633 ба баъд/ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, доруттурос, ҷ.3, саҳ.9 - 16.
  86. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378 ш, саҳ.410 - 411.
  87. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.90 - 91.
  88. Руҷуъ кунед ба Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.91.
  89. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.92.
  90. Табарӣ, ҷ.2, саҳ.644 ба баъд.
  91. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.94 - 95.
  92. Воқидӣ, ҷ.2, саҳ.885 ба баъд.
  93. Мағозӣ, Воқидӣ, ҷ.2, саҳ.996, ба нақли Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.97.
  94. Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.97 - 98.
  95. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом (с), саҳ.537.
  96. Шайхи Муфид, ал-Иршод, саҳ.166 - 168
  97. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.2, саҳ.255.
  98. Бухорӣ, Саҳиҳ Бухорӣ, ҷ.6, боби мараз-ун-набӣ (с) ва вафотуҳ, саҳ.12, чопи доролҷили Бейрут.
  99. Саҳиҳ Муслим, ҷ.3, Китоб-ул-васийят, боби 5, саҳ.1259, чопи Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
  100. Шайхи Муфид, Мусор-уш-шиъа фи мухтасари таворих-иш-шариъат, 1413қ, ҷ.1, саҳ.46.
  101. Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Сайидҷаъфар Шаҳидӣ, хутбаи 202, саҳ.237.
  102. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
  103. Руҷуъ кунед ба Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, саҳ.106 - 107.
  104. Ҳасан, «Таърихи тадвини сираи набавӣ (с) », саҳ.49.
  105. Сураи Анъом, ояти 33.
  106. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.294.
  107. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ. ...
  108. Сураи Шуаро, оятҳои 198-199/ ҳамчунин нигоҳ кунед ба: сураи Фуссилат, ояти 44.
  109. Сураи Тавба, ояти 128/ Сураи Оли Имрон, ояти 164.
  110. Сураи Қалам, ояти 4.
  111. Мақолаи «Ислом» дар "Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ".
  112. Таботабоӣ, Сунан-ун-набӣ, ҷ.1, саҳ.214.
  113. Аш-Шифо битаърифи ҳуқуқил Мустафо, ҷ.1, саҳ.150/ ал-Маърифату ва ат-торих, ҷ.3, саҳ.283/ ал-Мусаннаф либни Абишайба, ҷ.11, саҳ.512.
  114. Биҳор-ул-анвор, ҷ.16, саҳ.260/ ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.6, саҳ.332
  115. Биҳор-ул-анвор, ҷ.16, саҳ.237/ ал-Бидояту ва ан-ниҳоя, ҷ.6, саҳ.39
  116. Биҳор-ул-анвор, ҷ.16, саҳ.287
  117. Ҳаёт-ус-саҳоба, ҷ.2, саҳ.526.
  118. Ибни Асир, ал-Комилу фи ат-торих, ҷ.2, саҳ.251.
  119. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.35 – 36.
  120. Дилшоди Теҳронӣ, Сираи набавӣ «мантиқи амалӣ», ҷ.3, саҳ.352.
  121. Аннисобурӣ, Саҳиҳ Муслим, ҷ.2, саҳ.31/ Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.2, саҳ.21.
  122. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.1, саҳ.423/ Ассаъолибӣ, Ҷавоҳир-ул-эҳсон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.4, саҳ.306.
  123. Табарсӣ, Макорими ахлоқ, Қум: Шарифи Разӣ, чопи шашум, 1392, сс.35 – 34.
  124. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут: Дор-ул-маърифат, 1400, ҷ.3, саҳ.352.
  125. Макорими Шерозӣ, Носир, Тарҷумаи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.1, саҳ.801
  126. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1371 ш, ҷ.1, саҳ.119.
  127. Қаршӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, 1377ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.17.
  128. Муғния, Тафсири ал-кошиф, 1424 қ, ҷ.3, саҳ.404.
  129. Рабиъиниё, «Уммӣ», саҳ.400.
  130. “لایشبع المؤمن دون جاره”. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.683, шумораи 2545.
  131. “لایفتک مؤمن”. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.683, шумораи 2550.
  132. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.684, шумораи 2553.
  133. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.424, шумораи 1288.
  134. “اسمح یسمح لک”. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.211, шумораи 293.
  135. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.211, шумораи 291.
  136. “آفة الدین ثلاثة: فقیه فاجر و امام جائر و مجتهد جاهل”. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.156, шумораи 4.
  137. «ابغض الحلال الی الله الطلاق ». Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.157, шумораи 16.
  138. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.160, шумораи 29.
  139. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.169, шумораи 84.
  140. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.163, шумораи 86.
  141. «خیارکم خیارکم لنسائهم ». Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, саҳ.465, шумораи 1477.
  142. Шайхи Садуқ, Хисол, 1362 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37.

Сарчашма

Бахши зиндагӣ, аз мақолаи «Ислом» дар "Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ" ва низ китоби Таърихи таҳлилии Ислом, навиштаи Саидҷаъфари Шаҳидӣ, иқтибос шудааст.

  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом, бо таҷдиди назар ва изофати Абулқосими Гурҷӣ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1378 ш.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи ибни Исҳоқ (китоби ас-Сайру ва ал-мағозӣ), таҳқиқи Суҳайл Заккор, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1398 қ.
  • Ибни Ҳабиб, ал-Маҳбар, таҳқиқи Илза Лихтейн Шатитр, Бейрут, Дорулофоқил ҷадида, бе то.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, Аллома, 1379 қ‏.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, таҳқиқи Иброҳим Абёрӣ, Мустафо Саққо ва Абдулҳафиз Шалабӣ, Бейрут, Дору эҳёит туросил арабӣ, бе то.
  • Абунаим Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Далоил-ун-набувват, таҳқиқи Муҳаммад Раввос Қалъаҷӣ ва Абдулбирр Аббос, Бейрут, Доруннафоис, 1412 қ/ 1991 м.
  • Ибни Алвердӣ, Таърихи ибни Алвердӣ, Бейрут, Дорулкутубил илмия, 1996 м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубил илмия, 1410қ/ 1990 м.
  • Ассаъолибӣ, Ҷавоҳир-ул-эҳсон фи тафсирил-Қуръон, таҳқиқи Абдулфатоҳ Абусана ва Алӣ Муҳаммад Муавваз ва Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, ҷ.4, Бейрут, Дору эҳёит туросил аралӣ, 1418 қ.
  • Аннисобурӣ, Муслим, Саҳиҳ Муслим, ҷ.2, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Алвоқидӣ, Муҳаммад ибни УмАр, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морседан Ҷунс, бе ҷо, нашри дониши исломӣ, 1405 қ.
  • Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имоми Хумайнӣ, 1378 ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, ҷ.2, Бейрут, муассисатул аъламӣ лилмтбуъот, 1394 қ/ 1974 м.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.2, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳибиш-шариат, таҳқиқ ва таълиқаи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дорулкутубил илмия, 1405қ/ 1985 м.
  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа: маҷмуъаи калимоти қисори ҳазрати Расули Акрам (с) бо тарҷумаи форсӣ, бе ҷо, дунёи дониш, 1380 ш.
  • Паёми Паёмбар: маҷмуъае аз номаҳо, хутбаҳо, васоё, дуоҳо, тамсилҳо ва суханони ҷомеъ ва фарогири ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), тадвин ва тарҷума бо таҷдиди назар ва ислоҳот: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ ва Масъуди Ансорӣ, Теҳрон, ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387 ш.
  • Ҷаъфариён, «Дидгоҳи Кулайнӣ, Муфид ва... дар бораи рӯзи мелоди Паёмбари Акрам: дувоздаҳум ё ҳабдаҳуми рабиъулаввал», дар маҷаллаи улуми ҳадис, шумораи 52, тобистони 1388 ш.
  • Ҳасан, Муҳаммад Абдулғанӣ, «Таърихи тадвини сираи набавӣ (с)», тарҷумаи Амира Замирӣ, дар маҷаллаи фарҳанги Кавсар, шумораи 500, 1381 ш.
  • Дилшод Теҳронӣ, Мустафо, Сираи набавӣ: мантиқи амалӣ, ҷ.3, Теҳрон, дарё, 1385 ш.
  • Рабиъниё, Абӯтолиб, «Уммӣ», доиратул маъорифи Қуръони Карим, ҷ.14. Қум, Бустони китоб, 1382 ш.
  • Расулии Маҳаллотӣ, Сайидҳошим, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, ҷ.1, Қум, посдори Ислом, 1371 ш.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, маркази нашри донишгоҳӣ, 1390 ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, таҳқиқи муассисаи Олул Байт (алайҳим салом) лиэҳёит турос, Қум, алмуътамарул оламӣ лиалфияти ашшайхил Муфид, 1413 қ.
  • Шайхи Садуқ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, нашри ҷомеъаи мударрисин, чопи аввал, 1362 ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Сунан-ун-набӣ, тарҷума ва таҳқиқи Муҳаммадҳодии Фиқҳӣ, Теҳрон, исломия, 1354 ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсирил Қуръон, Бейрут, муассисаи алаъламӣ, чопи дувум, 1390 қ.
  • Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаъломил ҳудо, ҷ.1, Қум, муассисаи Олул Байт лиэҳёит турос, 1417 қ.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорулкутубил исломия, чопи шашум, 1371 ш.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, бунёди беъсат, чопи сеюм, 1377 ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, дорулкутубил исломия, чопи чаҳорум, 1407 қ.
  • Кулайнӣ‏, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ‏, Теҳрон, исломия, 1362 ш‏.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёит туросил арабӣ, чопи сеюм, 1403 қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсири ал-Кошиф, Теҳрон, дорулкутубил исломия, чопи аввал, 1424 ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва ат-ториху, Бур Саид, мактабатус сақофатуд диния, бе то.
  • Муқаддасӣ, Ядуллоҳ, бозпажуҳии таърихи вилодат ва шаҳодати маъсумон, Қум, пажуҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1391 ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорулкутубил исломия, 1374 ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ (Таърих-ул-умами ва алмулку), таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, доруттурос, бе то.
  • «Ҳафтаи ваҳдат ва иллати номгузории он», хабаргузории мизон, таърихи дарҷи матлаб: 4 дейи 1394 ш, таърихи боздид: 5 обони 1399 ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, тарҷумаи Муҳаммадиброҳими Оятӣ, Теҳрон, ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1378 ш.