Сели Арим
Сели Арим (форсӣ:سیل عَرِم), сели бузурге буд, ки ҳамчун азоб ва ҷазои Илоҳӣ бар қавми Сабаи Яман фуруд омад.
Ояти 16-и сураи Сабаъ, ба ин қисса ишора мекунад, ки бар асоси он, баъд аз он ки Худованд паёмбароне фиристод, то мардумро дар Маъриб - Санъои ҳозира, ҳидоят кунад ва мардум паёмбаронро инкор карданд, сарбанди Арим вайрон шуд ва шаҳр ғарқ шуд.
Сел сабаб шуд, ки ду боғи обод дар шарқ ва ғарби шаҳр ба шурзамин табдил шавад.
Тибқи таҳқиқоти шарқшиносон ва бостоншиносон, сели Арим дар шимоли шарқии Санъои кунунии Яман рух додааст. Замони рӯйдоди зикршуда соли 532-и мелодӣ будааст.
Достони сели Арим
Сели Арим, сели бузурге, ки дар шаҳри Маъраби Яман, бар асари вайрон шудани сарбанд иттифоқ афтод ва сабаби вайрон шудани шаҳр, боғҳо ва киштзорҳо шуд.[1] Ибни Қутайбаи Динаварӣ ва Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ - муаррихони қарни сеюми ҳиҷрӣ, муътақиданд, қавми Сабаъ дар ин шаҳр зиндагӣ мекардаанд.[2] Ба бовари Масъудӣ, сарзамини Сабаъ боғҳои зебо ва ободиҳо ва неъматҳои фаровоне доштааст ва ин неъматҳо ба баракати истифода аз оби сарбанд будааст.[3]
Бар асоси бархе пажуҳишҳо ва гузоришҳои таърихӣ, сели Арим дар соли 447 то 450 мелодӣ, ё 400 сол пеш аз зуҳури Ислом, ё дар қарни шашуми мелодӣ рух додааст.[4] Ҳамчунин бархе манобеи таърихӣ, тасреҳ кардаанд, ки мардуми шаҳр, пеш аз сел пароканда шуданд ва ба Ироқ, Шом ва Ясриб муҳоҷират карданд.[5]
Чунонки Масъудӣ дар Муруҷ-уз-заҳаб тасреҳ кардааст, садди Арим масоҳате дар ҳудуди 22 километри мураббаъ доштааст.[6] Сарбанди мазкур, машҳур ба «Садди Маъраб» ё Арим будааст.[7] Масъудӣ, сохти ин садро ба Луқмон ибни Од ибни Од нисбат додааст[8], вале бар асоси гузорише, ки Абулфутуҳи Розӣ нақл кардааст, онро маликаи Сабаъ сохтааст.[9]
Эътимолоти мухталифе дар бораи маънои калимаи Арим баён шудааст; аз ҷумла инки Арим ном селе будааст, ки сабаби харобии шаҳр шуда,[10] ё борони азиме, ки мунҷар ба сел шуда,[11] ё номи сарбанде ки қавми Сабаъ сохта будаанд.[12] Ҳамчунин Арим номи муше дониста шудааст, ки сабаби вайронии садди Маъраб шуд.[13] Дар як эҳтимоли дигар, Арим, номи оби сурхранге дониста шудааст, ки ба унвони азоби Илоҳӣ бар қавми Сабаъ нозил шуд.[14]
Ишораи Қуръон
Ишораи Қуръон Ояти 16-и сураи Сабаъ дар Қуръони Карим, ба моҷарои сели Арим ишора дорад. Матни оя чунин аст:
لَقَدْ كَانَ لِسَبَإٍ فِي مَسْكَنِهِمْ آيَةٌ ۖ جَنَّتَانِ عَن يَمِينٍ وَشِمَالٍ ۖ كُلُوا مِن رِّزْقِ رَبِّكُمْ وَاشْكُرُوا لَهُ ۚ بَلْدَةٌ طَيِّبَةٌ وَرَبٌّ غَفُورٌ ﴿۱۵﴾ فَأَعْرَضُوا فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ سَيْلَ الْعَرِمِ وَبَدَّلْنَاهُم بِجَنَّتَيْهِمْ جَنَّتَيْنِ ذَوَاتَيْ أُكُلٍ خَمْطٍ وَأَثْلٍ وَشَيْءٍ مِّن سِدْرٍ قَلِيلٍ ﴿۱۶﴾
Барои қавми Сабаъ дар маҳали сукунаташон нишонае [аз қудрат ва раҳмати Илоҳӣ] буд: ду боғ аз росту чап. [ба онон гуфтем:] «аз ризқи Парвардигоратон бихӯред ва барои Ӯ шукргузор бошед. Шаҳре пок ва Парвардигоре бахшанда!». Пас [аз Худованд] рӯй гардонданд. Ва мо бар онон сели [вайронгари] Аримро фиристодем ва ду боғистони ононро ба ду боғе, ки меваҳои талх ва [дарахтони] шӯраи газ ва андаке аз дарахти сидр дошт, табдил кардем.
Муфассирони мусулмон дар тафсири ояти 16-и сураи Сабаъ, моҷарои сели Аримро баён ва тафсир кардаанд.[15] Бино бар тафсири Абулфутуҳи Розӣ - муфассири шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, Худованд 13 паёмбар барои ҳидояти қавми Сабаъ фиристод ва мардум, паёмбарии ононро рад карда, Худовандро инкор мекарда, ободӣ ва неъматҳои шаҳрро ношӣ аз бартарии худ медонистаанд.[16] Бо тавваҷуҳ ба маънои оят, муфассирон иллати сели Аримро куфрони неъмат ва носипосии мардум баён кардаанд.[17] Абулфутуҳи Розӣ ва Макорими Шерозӣ, як мушро маъмури Худованд барои хароб кардани садди Арим донистаанд.[18] Бар ин асос, вуқуъи сел боис шуд ду боғи ободе, ки то пеш аз он дар ду тарафи шаҳр қарор гирифта буданд, табдил ба ду боғи вайрон ва намакзори шӯр шаванд.[19] Дар китобҳои ривоӣ, аз ҷумла Кофӣ ва Миръот-ул-уқул, моҷарои сели Арим ва иллати азоби Илоҳӣ ва чигунагии он баён шудааст.[20]
Таҳқиқоти бостоншиносон
Бино бар таҳқиқи бархе аз шарқшиносон ва бостоншиносон дар қарни 19 мелодӣ, вуқуи сели Арим дар шимоли шарқии шаҳри Санъои кунунӣ, ки ҳамон Маъраб будааст, рух додааст.[21] Ба гуфти муҳаққиқони номбурда, сарбанди Арим дар баландии 1160 метр аз баҳр ва бар пояи пешрафтатарин техникаи муҳандисии замони худ сохта шуда, аз соли 447 то 450-и мелодӣ зери обхезӣ қарор гирифта, мардум барои барқарор кардани он талош карда мараммат мекардаанд, вале нихоят дар соли 532-и мелодӣ нобуд шуд.[22] Дар наздикии ҷои сарбанд роҷеъ ба таърихи мардуми Сабаъ ва сели Арим катибаҳо, нақшҳо ва хатҳои зиёде кашф шудааст.[23] Сайид Садриддини Балоғӣ, дар китоби худ, Қасаси Қуръон, шарҳе аз ҳузури ховаршиносону бостоншиносон дар маҳали вуқуи сели Арим, ироа кардааст.[24]
Эзоҳ
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.17; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.17; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
- ↑ Ҷаъфариён, “Нуфузи Ислом дар Ясриб”, саҳ.95; Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии Қасаси Қуръон, 1380ҳ.ш., 333.
- ↑ Минҳоҷи Сироҷ, Табақоти носирӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.606.
- ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.61.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.60.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60.
- ↑ Балоғӣ, Ҳуҷҷат-ут-тафосир, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.146.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.53 - 59; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.331 - 333; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.362 - 368.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.362 - 368; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.60; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.68.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.68.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.274; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.422 - 424.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.69; Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии Қасаси Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.331 - 333; Балоғӣ, Қасаси Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.379.
- ↑ Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии Қасаси Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.331 - 333.
- ↑ Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии Қасаси Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.331 - 333; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.69.
- ↑ Балоғӣ, Қасаси Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.379.
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
- Балоғӣ, Абдулҳуҷҷат, Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, Қум, Ҳикмат, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
- Балоғӣ, Садриддин, Қасаси Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, 1381ҳ.ш.
- Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қасаси Қуръон, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи сеюм, 1380ҳ.ш.
- Динаварӣ, Абуҳанифа, ал-Ахбор-ут-тивол, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1368ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Қум, Дорул-ҳиҷрат, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1404ҳ.қ.
- Минҳоҷи Сироҷ, Абуумар, Табақоти носирӣ, таҳқиқи Абдулҳай Ҳабибӣ, Теҳрон, Дунёи китоб, 1363ҳ.ш.
- Суютӣ, Абдурраҳмон, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-фикр, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ ва таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ ва Сайидфазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, 1406ҳ.қ./1986м.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Ҷаъфариён, Расул, “Нуфузи Ислом дар Ясриб”, маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрот, зимистони 1372ҳ.ш.