Jump to content

Убури Банӣ Исроил аз дарё

Аз wikishia

Убури Банӣ Исроил аз дарё (форсӣ: عبور بنی‌اسرائیل از دریا) мӯъҷизае барои наҷоти Банӣ Исроил буд, ки бо гушуда шудани дарё ва убури онҳо аз миёни об ва ғарқ шудани Фиръавн ва сипоҳиёни ӯ рӯй дод. Мусо (а), ба дастури Худованд, шабҳангом Банӣ Исроилро аз Миср берун кард. Фиръавн низ бо ҳамроҳи нерӯҳояш ба таъқиби онҳо пардохт то онҳоро баргардонад. Вақте сипоҳиёни Фиръавн ба Банӣ Исроил расиданд, Банӣ Исроил худро дар муҳосираи миёни дарё ва сипоҳи Фиръавн дида, ба Мусо (а) эътироз карданд.

Худованд ба Мусо ваҳй кард то асоии худро ба дарё бизанад. Мусо (а) асоро ба об зад ва бахшҳое аз дарё аз ҳам ҷудо шуданд. Мусо бо Банӣ Исроил ба дарё вуруд карданд, дар ҳоле ки замин хушкид ва об аз ду тараф онҳоро ҳимоя мекард. Ниҳоят, Мусо ва ҳама одамоне, ки бо ӯ буданд, аз об гузаштанд. Фиръавн ва сипоҳиёнаш низ, ки барои таъқиби Банӣ Исроил ба дарё ворид шуда буданд, ҳама ғарқ шуданд ва ҷасадҳои онҳо рӯи об қарор гирифтанд.

Бисёри муфассирон бар ин ақидаанд, ки мақсуд аз дарёе, ки фиръавниён дар он ғарқ шуданд, дарёе буд, ки имруз ба номи дарёи Сурх шинохта мешавад. Баъзе муфассирон, монанди Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён мақсуд аз онро рӯди Нил донистаанд.

Гурехтани Банӣ Исроил аз Миср ва расидан ба дарё

Бар асоси манбаъҳои тафсири Қуръон, Худованд барои наҷоти Банӣ Исроил аз ситами Фиръавн ба Мӯсо (а) фармуд, ки шабҳангом ҳамроҳи Банӣ Исроил аз Миср берун шаванд.[1] Фиръавн пас аз огоҳӣ аз хоруҷи Банӣ Исроил, афродеро барои ҷамъоварии нерӯҳо ба шаҳрҳо фиристод.[2]

Вай барои эҷоди заминаи равонӣ дар ҳамоҳангии умумӣ,[3] лашкариёнашро гурӯҳе омода тавсиф кард ва Банӣ Исроилро гурӯҳе камшуморе муаррифӣ намуд, ки мавриди хашм қарор гирифтанд.[4]

Дар ниҳоят, Фиръавн ҳамроҳи нерӯҳояш ба ҷустуҷӯи Банӣ Исроил рафт.[5] Онҳо дар вақти тулуи офтоб ба Банӣ Исроил расиданд. Банӣ Исроил худро дар муҳосира диданд: аз як тараф дарё ва аз тарафи дигар лашкари Фиръавн қарор доштанд. Ба ҳамин далел тарсиданд ва худро гирифтор хонданд.[6]

Мувофиқи Қуръон, Мӯсо (а) гуфт: «Чунин нест; зеро Парвардигорам бо ман аст ва ба зудӣ маро роҳнамоӣ хоҳад кард».[7] Мақсади ин ибораро чунин гуфтаанд, ки Худо ба Мӯсо ваъдаи пирӯзӣ ва саломатӣ дода буд.[8]

Сухани Банӣ Исроил пас аз муҳосираи миёни дарё ва лашкари Фиръавн

Қуръон: «Ҳангоме ки ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: ҳатман мо гирифтор шудем.» (Сураи Шуаро, ояти 61)

Таврот: «Ба Мӯсо гуфтанд: Оё дар Миср қабре нест, ки моро овардӣ то дар ин биёбон бимирем? Ин чӣ коре аст, ки бо мо кардӣ? Оё ин ҳамон сухан нест, ки дар Миср бо ту гуфтем? Даст аз мо бикаш то мисриёнро бандагӣ кунем; зеро бандагии мисриён аз мурдан дар биёбон барои мо беҳтар аст.» (Таврот, Хуруҷ, 14:11-12)



Муъҷизаи кушода шудани дарё

Ҳодисаи наҷоти Банӣ Исроил ва ғарқ шудани фиръавниён дар дарё дар сураҳои гуногуни Қуръон, аз ҷумла Аъроф ояти 136, Анфол ояти 54, Исро ояти 103, Шуаро оятҳои 63-66 ва Зухруф ояти 55 зикр шудааст.[9]

Бар асоси ояи 63 сураи Шуаро, Худо ба Мӯсо ваҳй кард, ки аcояшро ба дарё бизанад[10], то роҳе хушк дар миёни дарё кушода шавад ва аз он бидуни тарс аз ғарқ шудан ва таъқиби лашкари Фиръавн гузаштан мумкин бошад.[11]

Пас аз он ки Мӯсо (а) аcояшро ба об зад, баxше аз дарё аз ҳам ҷудо шуданд.[12] Ҳар қитъаи ҷудошуда аз ин дарё монанди як порчаи бузурги кӯҳ буд.[13] Мӯсо ҳамроҳи Банӣ Исроил ба дарё дохил шуданд,[14] дар ҳоле ки замин xушк буд ва об аз ду ҷониб онҳоро иҳота карда буд.[15] Дар ниҳоят, Мӯсо ва ҳамаи афроде, ки ҳамроҳи ӯ буданд, аз об гузаштанд;[16] аммо Фиръавн ва лашкариёнаш, ки барои таъқиби Банӣ Исроил ба дарё дохил шуда буданд, ҳама[17] ғарқ шуданд.[18]

Баъзе аз муфассирон аз ҷумла Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, муфассири шиа дар қарни шашум навиштаанд, ки пас задани аcо ба дарё, дувоздаҳ роҳ миёни обҳо кушода шуд ва барои ҳар яке аз қабилаҳои дувоздаҳгонаи Банӣ Исроил як роҳ намоён гардид.[19]

Баъзе уламо эҳтимолҳои табииро барои кушода шудани оби дарё зикр кардаанд: Макорими Шерозӣ муфассири шиа эътиқод дорад, ки бо қабули мавзуи муъҷиза, ҳеҷ зарурате барои ин навъ тавзеҳоти табиӣ вуҷуд надорад. Вай эътиқод дорад, ки монеъе вуҷуд надорад, ки ба фармони Худо, обҳо бо сабаби ҷозибаи маxсус мутароким шаванд ва пас аз муддате, ин ҷозиба xунсо шавад.[20]

Фарше, ки тасвири гузаштани Ҳазрати Мӯсо(а) ва қавмаш аз дарёро нишон медиҳад

Ғарқ шудани Фиръавн ва лашкариёнаш

Пас аз шикофта шудани дарё ва гузаштани Банӣ Исроил аз он, Фиръавн ва лашкариёнаш низ барои таъқиби онҳо ба дарё дохил шуданд; аммо дарё ба ҳолати табиӣ баргашт ва Фиръавну ҳамроҳонаш ғарқ шуданд.[21] Ҷасадҳои лашкариёни Фиръавн рӯи об қарор гирифтанд ва Банӣ Исроил онҳоро диданд.[22]

Қуръон дар Сураи Бақара ин воқеаро чунин баён кардааст: «Ва ҳангоме ки дарёро барои шумо шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро дар ҳоле ки шумо нигоҳ мекардед, ғарқ кардем.»[23]

Дар ояи 92 сураи Юнус, ибораи «Нунаҷҷиика бибаданика; баданатро наҷот медиҳем» барои Фиръавн истифода шудааст.[24] Машҳури муфассирон мақсади ин ибораро ҷисми беҷони Фиръавн донистаанд.[25]

Ба фармони Худо, ҷасади Фиръавн аз об берун омад[26], то дигарон бадани ӯро бинанд.[27] Баъзе мақсади «бадан»-ро зиреҳ донистаанд, ки Худо Фиръавнро бо зиреҳи махсусаш аз об берун овард, то шинохта шавад.[28]

Қуръон наҷоти ҷисми беҷони Фиръавнро нишона ва ибрате барои дигарон донистааст. Баъзе муфассирон ин ибратро барои Банӣ Исроил донистаанд, ки хабар аз кушта шудани Фиръавнро қабул намекарданд.[29]

Дарёи Нил ё дарёи Сурх?

Қуръон аз обе, ки барои Банӣ Исроил кушода шуд, бо ду ибораи «ям»[30] ба маънои дарё[31] ва «баҳр»[32] ба маънои дарё ва оби васеъ[33] ёд кардааст.

Муҳаммадҷавод Муғния, муфассири шиа, эътиқоди бисёре аз муфассиронро бар ин медонад, ки дарёе, ки барои Банӣ Исроил кушода шуд ва фиръавниён дар он ғарқ шуданд, ҳамон дарёе будааст, ки имрӯз бо номи дарёи Сурх шинохта мешавад.[34]

Баъзе муфассирон монанди Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён мақсад аз инро дарёи Нил донистаанд.[35]

Дар Қуръон калимаи «ям» барои обе, ки Мӯсо (а) дар даврони кӯдакӣ дар он қарор дода шуд, низ истифода шудааст, ки онро дарёи Нил донистаанд.[36]

Эзоҳ

  1. Муғния, Тафсир ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.498.
  2. Муғния, Тафсир ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.498.
  3. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.237.
  4. Сураи Шуаро, оятҳои 54-56.
  5. Муғния, Тафсир ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.498.
  6. Тобатобоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.277.
  7. Сураи Шуаро, ояти 62.
  8. Тобатобоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.277.
  9. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.250.
  10. Сураи Шуаро, ояти 63.
  11. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.257.
  12. Тобатобоӣ, Ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.277-278.
  13. Фазлуллоҳ, Тафсири мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.119.
  14. Тобатобоӣ, Ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.278.
  15. Фазлуллоҳ, Тафсири мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.119.
  16. Тафсир ас-Софӣ, ҷ.4, саҳ.37.
  17. Сураи Исро, ояти 103.
  18. Ҳусайни Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.293.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.229.
  20. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.250.
  21. Ҳусайни Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.293.
  22. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.252.
  23. Сураи Бақара, ояти 50.
  24. Сураи Юнус, ояти 92.
  25. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.377.
  26. Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.231.
  27. Файзи Кошонӣ, Тафсир ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.417.
  28. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.377.
  29. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316.
  30. Сураи Аъроф, ояти 136.
  31. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.647; Файюмӣ, Ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Қум, ҷ.2, саҳ.681.
  32. Сураи Аъроф, ояти 138; Сураи Шуаро, ояти 63.
  33. Қарашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.162.
  34. Муғния, Тафсир ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  35. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.726.
  36. Шайх Тусӣ, Ат-Тибён, Байрут, ҷ.8, саҳ.131.

Сарчашма

  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Байрут: Дор Содор, чапи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон: Дор-ул-кутуби исломия, чапи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир ал-Кошиф, Теҳрон: Дор-ул-кутуби исломия, чапи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Баллоғӣ, Теҳрон: Носири Хусрав, чапи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Тобатобоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум: Дафтари интишороти исломӣ, чапи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири мин ваҳй-ил-Қуръон, Байрут: Дор-ул-Малик лит-тибоа ва-н-нашр, чапи дуюм, 1419ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муллоҳасан, Тафсир ас-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон: Садр, чапи дуюм, 1415ҳ.қ.
  • Файюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Қум: Маншуроти Дор-ур-Ризо, чапи аввал, бе-то.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайх Оқобозурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қасир Омӣ, Байрут: Дор эҳё-ут-турос-ил-арабӣ, бе-то.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Сайид Таййиб Мӯсавӣ Ҷазоирӣ, Қум: Дор-ул-китоб, чапи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон: Дор-ул-кутуби исломия, чапи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Байрут: Дор-ул-улум, чапи дуюм, 1423ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон: Китобфурӯшии Лутфӣ, чапи аввал, 1404ҳ.қ.