Jump to content

Бозгашти ҳазрати Исо

Аз wikishia

Бозгашти ҳазрати Исо (форсӣ: بازگشت حضرت عیسی) аз воқеаҳои қатъии даврони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, ки мусулмонҳо ва масеҳиён ба бозгашти ҳазрати Исо дар охируззамон боварӣ доранд. Ин мавзуъ дар ҷойҳои гуногуни Инҷил омадааст ва ба қавли баъзе аз муфассирони Қуръон, оёте аз Қуръон низ ба бозгашти ҳазрати Исо (а) дар охируззамон ишора доранд.

Дар ривоятҳои шиа ҳадафи бозгашти ҳазрати Исо (а), ёрӣ расондан ба Имом Маҳдӣ (аҷ) дониста шудааст; чунонки мувофиқи ривоятҳои аҳли тасаннун ҳазрати Исо (а) пас аз бозгашт, худро вазири Имом Маҳдӣ (аҷ) муаррифӣ мекунад. Дар сарчашмаҳои шиа ва суннӣ, ҷойҳои гуногун ҳамчун маҳалли бозгашти ҳазрати Исо (а) зикр шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба Макка, Димишқ ва Байтулмуқаддас ишора кард.

Бар асоси ҳадисҳои мустафиз аз шиа ва суннӣ, Исо (а) пас аз бозгашт, дар намоз ба Имоми дувоздаҳуми шиаҳо иқтидо мекунад. Дар баъзе аз ривоятҳои дигар кушта шудани Даҷҷол ва қатли Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ба Исо (а) нисбат дода шудааст; аммо Наҷмуддин Табасӣ, аз муҳаққиқони ҳавзаи илмия, эътиқод дорад, ки Банӣ Умайя ба хотири буғзе, ки аз Аҳли Байт (а) доштанд, кӯшиш карданд, бо нисбат додани ин умур ба ҳазрати Исо (а), ӯро Маҳдии мавъуд нишон диҳанд.

Дар бораи бозгашти Исо (а) китобҳо ва мақолаҳо навишта шудаанд; аз ҷумла китоби «Нузули Масеҳ ва зуҳури мавъуд» ба қалами Миртақӣ Ҳусайнии Гургонӣ ва китоби «Нақши ҳазрати Масеҳ (а) дар давлати маҳдавӣ» навиштаи Маҷид Яъқубзода.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Бозгашти Исо (а) аз воқеаҳои қатъии даврони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ба шумор меравад.[1] Ҳарчанд донишмандони мусулмон дар зинда будан ё вафоти ҳазрати Исо иттифоқи назар надоранд, вале бештари онҳо ба зинда будани ӯ боварӣ доранд.[2]

Ба қавли Алӣ Кӯронӣ дар китоби Асри зуҳур, бозгашти ҳазрати Исо (а) дар замони зуҳури Имоми Замон (аҷ) дар байни мусулмонҳо мавзуъи иттифоқӣ аст.[3] Баъзе аз муҳаққиқон эътиқод доранд, ки ғайр аз мусулмонҳо, дар байни масеҳиён низ ин мавзуъ иттифоқӣ аст;[4] аммо дар масеҳият, бар хилофи Ислом, Исо (а)-ро мунҷии мавъуд муаррифӣ кардаанд.[5]

Дар манобеъи ривоятии аҳли тасаннун 28 ривоят[6] ва дар манобеъи ривоятии шиа 30 ривоят дар бораи нузули ҳазрати Исо (а) дар давраи зуҳур ворид шудааст,[7] ки Сайид Муҳаммадҳусайн Тобатобоӣ нависандаи Ал-Мизон, онҳоро мустафиз мешуморад.[8]

Ишора ба бозгашти ҳазрати Исо дар китобҳои осмонӣ

Шуморе аз муфассирон оёти 46 сураи Оли Имрон ва 159 сураи Нисо-ро ба бозгашти ҳазрати Исо (а) дар замони зуҳур татбиқ додаанд. Ин мавзуъ дар бахшҳои гуногуни Инҷил низ ба таври сареҳ зикр шудааст:

Ояти 46 сураи Оли Имрон

Ба қавли Носир Макорими Шерозӣ нависандаи Тафсири намуна, Ояти "Ва юкаллиму-н-нас фи-л-маҳди ва каҳлан ва мин ас-солиҳин" метавонад ба бозгашти ҳазрати Исо (а) ишора дошта бошад.[9] Зеро калимаи "кахл" ба марди миёнасол далолат мекунад,[10] ва аз тарафи дигар гуфта шудааст, ҳазрати Исо (а) дар синни 32[11] ё 33-солагӣ ба осмон уруҷ кардааст.[12] Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) меъроҷи ӯ дар 33-солагӣ дониста шудааст.[13] Аз ин рӯ, Исо (а) то пеш аз меъроҷ ба осмон ба миёнасолӣ нарасида буд; ба ҳамин далел миёнасолии ӯ дар оянда ва мувофиқи ривоятҳо, дар замони зуҳури Имоми Аср (а) таҳаккуқ хоҳад ёфт.[14] Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон сухани ҳазрати Исо (а) дар ду ҳангом хеле аҳаммият дорад:

  1. Ҳангоми дифоъ аз модараш Марям
  2. Дар замони зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ва даъвати аҳли китоб.[15]

Ояти 159 сураи Нисо

Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ ва Муҳаммадсодиқи Теҳронӣ, аз муфассирони шиа, эътиқод доранд, ки ояти "Ва инна мин аҳли-л-китоби илла лаюъминанна биҳӣ қабла мавтиҳ, ва явма-л-қиёмати якуну алайҳим шаҳидо; Ва ҳеҷ яке аз аҳли китоб нест, магар он ки пеш аз маргаш ба ӯ имон меоварад; ва Исо (а) дар рӯзи қиёмат бар имонашон гувоҳ хоҳад буд."[16] чунун истифода мешавад, ки пеш аз марги ҳазрати Исо ҳамаи аҳли китоб ба ӯ имон меоранд, яҳудиён набуввати ӯро мепазиранд ва масеҳиён аз эътиқод ба улуҳияти ӯ даст мекашанд; зеро Масеҳ (а) ҳангоми зуҳури Имоми Маҳдӣ (аҷ) аз осмон фуруд меояд ва дар намоз ба ӯ иқтидо мекунад ва ҳамин амр боис ба ҳидояти аҳли китоб мегардад.[17] Дар ҳадисе аз Имоми Боқир (а) низ ин оят ба нузули ҳазрати Исо (а) дар давраи зуҳур таъбир шудааст.[18]

Дар Инҷил

Бозгашти ҳазрати Исо дар байни масеҳиён бо унвони «second coming» (ба маънои омадан/зуҳури дуюм) машҳур аст[19] ва дар мавозиъе аз Инҷил ба бозгашти ӯ ишора шудааст.[20] Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, мавзуи бозгашти ҳазрати Исо дар Инҷил беш аз сесад бор ва дар чанд боби комил (монанди Инҷили Матто бобҳои 24 ва 25 ва Инҷили Марқус боби 13) баён шудааст.[21] Бар асоси баррасиҳои анҷомёфта аз Инҷил, масеҳиён бар ин боваранд, ки Масеҳ дар охируззамон бозгашт карда, барномаи наҷотро такмил мекунад ва дар он вақт сулҳи комил дар ҷаҳон барқарор шуда, ҳеҷ ҷанг ва қатле сурат намегирад.[22] Фарогирии зулм дар дунё, пайдоиши қаҳтӣ ва заминларза дар нуқоти гуногун, тираву тор шудани офтобу моҳ ва хоруҷи Даҷҷол аз нишонаҳои бозгашти Исо (а) дар Инҷил, муаррифӣ шудааст.[23]

Макону замони бозгашт

Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) Димишқ ҳамчун маҳалли нузули Исо (а) муайян шудааст.[24] Аммо Муҳаммадтақӣ Маҷлисӣ дар китоби Лавомеъи соҳибқаронӣ маҳали нузули ӯро Макка муаррифӣ кардааст.[25] Дар ривоятҳои аҳли суннат низ маҳалҳои гуногун ҳамчун маҳали нузул зикр шудаанд, ки аз онҳо метавон ба Байтулмуқаддас[26] ва пули сафед дар дарвозаи шарқии Димишқ ишора кард.[27]

Замони дақиқи нузули ҳазрати Исо (а) дар ҳадисҳо зикр нашудa, вале баъзе аз муҳаққиқон эҳтимол додаанд, ки ин амал дар ибтидои зуҳури Имоми Замон рух хоҳад дод.[28] Абулфутуҳи Розӣ ва Табарсӣ аз муфассирони қарни шашум ҳиҷрӣ, ояти 61 сураи Зухруфро[Ёддошт 1] бар ҳазрати Исо (а) татбиқ дода, бар ин боваранд, ки нузули Масеҳ (а) аз шароиту аломатҳои барпо шудани рӯзи қиёмат аст; аз ин рӯ нузули ҳазрати Исо (а) пеш аз барпо шудани қиёмат таҳаккуқ меёбад.[29]

Ин тафсир, ки дар баъзе аз ривоятҳои аҳли тасаннун низ дида мешавад,[30] бар бозгашти Исо (а) дар даврони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) татбиқ дода шудааст;[31] зеро зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) низ дар охируззамон рух медиҳад.[32]

Иқдомоти ҳазрати Исо пас аз бозгашт

Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), ҳадафи нузули ҳазрати Исо (а) ёрӣ расондан ба Имом Маҳдӣ (а) мебошад.[33] Дар баъзе аз ривоятҳо Исо (а) хазинадори ҳазрати Маҳдӣ муаррифӣ шудааст.[34] Дар ривоятҳое аз аҳли суннат ҳазрати Масеҳ худро вазири Имом Маҳдӣ (а) муаррифӣ мекунад[35], ки мансаби қазоватро бар ӯҳда хоҳад гирифт.[36] Мувофиқи ривояте дар Саҳеҳи Бухорӣ, Исо (а) пас аз нозил шудан, салиби масеҳиёнро мешиканад, хукро мекушад (кинoя аз ҳаром кардани хӯрдани гӯшти хук[37]) ва бар масеҳиён ҷизя муайян мекунад ва бо омадани ӯ мардум ончунон бениёз мешаванд, ки ҳеҷ кас молеро қабул намекунад.[38]. Бар асоси ривоятҳои шиа ва суннӣ, Ҳазрати Исо (а) иқдомоти зеринро дар даврони зуҳур анҷом хоҳад дод:

Иқтидо кардан дар намоз ба Имом Маҳдӣ (аҷ)

Бар асоси ривоятҳои зиёде аз шиа ва суннӣ, Исо (а) дар хондани намоз ба Имом Маҳдӣ (аҷ) иқтидо хоҳад кард.[39] Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, дар манбаъҳои ривоятии шиа иқтидо кардани ҳазрати Масеҳ ба Имом Маҳдӣ (а) дар чордаҳ ривоят баён шудааст.[40]Гарчанде ки дар ин ривоятҳо нақши маърифатӣ ба таври сареҳ зикр нашудааст;[41] аммо пажӯҳишгарон бо истифода аз мазмуни ривоятҳо нуктаҳоеро дар ин бора зикр кардаанд:

  • Таъкиди марҷияти сиёсӣ ва динии Имом Маҳдӣ (аҷ)[42]
  • Ислом овардани масеҳиён ва таслим шудани онҳо ба Имом Маҳдӣ (аҷ)[43]
  • Ба қавли Алӣ Кӯронӣ иқтидои Масеҳ ба Имом Маҳдӣ (аҷ) дар вақте рух медиҳад, ки румиён паймони худ бо Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро нақз мекунанд.[44]

Қатли Даҷҷол

Мақолаи аслӣ: Даҷҷол

Мутобиқи ҳадисе аз Имоми Содиқ (а), Даҷҷол ба дасти ҳазрати Исо (а) кушта хоҳад шуд.[45] Бар асоси ривояте, ки дар китоби «Илзом-ун-носиб» нақл шудааст, Имоми Маҳдӣ (аҷ) фармондеҳии лашкарашро ба Масеҳ (а) месупорад ва ӯ Даҷҷолро дар сарзамини Ҳиҷоз ба қатл хоҳад расонд.[46] Кушта шудани Даҷҷол ба дасти Масеҳ (а) дар манобеи ривоии Аҳли суннат низ зикр шудааст.[47] Ҳамчунин, дар бархе аз манобеи ривоии шиа низ кушта шудани Даҷҷол ба Имоми Маҳдӣ нисбат дода шудааст.[48] Пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки кушта шудани Даҷҷол ба дасти Масеҳ (а) бо нисбат додани он ба Имоми Маҳдӣ (аҷ) тазоде надорад; зеро Исо (а) Даҷҷолро бо амри Маҳдӣ (аҷ) ба қатл мерасонад. Аз ин рӯ, мумкин аст қатли ӯ ба ҳар ду нисбат дода шавад.[49] Бар асоси ривояте аз аҳли суннат, Исо (а) дар Фаластин Имоми Маҳдӣ (аҷ)-ро дар қатли Даҷҷол ёрӣ хоҳад дод.[50]

Кушта шудани Яъҷуҷ ва Маҷуҷ

Мақолаи аслӣ: Яъҷуҷ ва Маҷуҷ

Ба гуфтаи Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ ва Табарсӣ, аз муфассирони шиа, Худо дар ояти 96 сураи Анбиё аз хуруҷи Яъҷуҷ ва Маҷуҷ ва туғёни онҳо ҳамчун яке аз воқеаҳои охируззамон хабар додааст.[51] Дар Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид низ ба хуруҷи онҳо дар охируззамон ишора шудааст.[52] Дар ривоятҳое аз аҳли суннат чунин омадааст, ки Яъҷуҷ ва Маҷуҷ ба дасти ҳазрати Исо (а) кушта хоҳанд шуд.[53]

Муаррифии Исо ҳамчун Маҳдӣ аз ҷониби умавиён

Нуҷмуддини Табасӣ, аз муҳаққиқони ҳавзаи илмия, бар он аст, ки гарчанде бозгашти ҳазрати Исо (а) дар даврони зуҳур як масъалаи қатъӣ мебошад, аммо умавиён ба сабаби душманиашон бо Аҳли байт (а) тавассути ҷаъли ҳадис — ба монанди ҳадисҳое чун: «لا مهدی الّا عیسی بن مریم؛ Маҳдӣ ҷуз Исои ибни Марям нест»[54] ва монанди он[55] — кӯшиданд нисбат додани Маҳдии мавъуд ба Аҳли Байт (а)-ро инкор кунанд ва Исо (а)-ро ҳамчун Маҳдӣ муаррифӣ намоянд.[56]

Китоби «Нузули Масеҳ ва зуҳури мавъуд»

Ба гуфтаи Табасӣ, умавиён талош доштанд нақши меҳвариро аз Имоми Маҳдӣ (аҷ) гирифта, Исо (а)-ро меҳвари аслии воқеаҳои зуҳур муаррифӣ намоянд. Аз ҳамин рӯ, кушта шудани Даҷҷол ва Яъҷуҷ ва Маҷуҷ ба ҷои нисбат додан ба Имоми Маҳдӣ (аҷ), ба Исо (а) нисбат додаанд, ҳамон гуна ки ба ҷои Макка, Байтулмуқаддасро макони нузули ӯ муаррифӣ мекунанд.[57]

Такнигорӣ

Китобҳои гуногун дар бораи бозгашти ҳазрати Исо (а) таълиф ёфтаанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба мавридҳои зерин ишора кард:

  • «Нузули Масеҳ ва зуҳури мавъуд» — Ин китоб ба қалами Миртақӣ Ҳусайнии Гургонӣ навишта шуда, нашриёти Бӯстони китоб (Қум) онро дар соли 1390ҳ.ш. ба табъ расонидааст.[58]
  • «Нақши ҳазрати Масеҳ (а) дар давлати Маҳдавӣ» — Муҷид Яъқубзода ин асарро дар чаҳор фасл таълиф кардааст ва нашриёти «Мавъуди Аср» онро дар соли 1398ҳ.ш. чоп намудааст.[59]
  • «Нузули Исо ибни Марями охируззамон» — Муаллифи ин китоб Ҷалолуддини Суютӣ, аз уламо ва муҳаддисони суннимазҳаби қарни даҳуми ҳиҷрӣ мебошад. Китобро нашриёти Дорулкутуби илмия (Бейрут) дар соли 1405 ҳиҷрии қамарӣ мунташир кардааст.[60]

Эзоҳ

  1. Қазвинӣ, Имом Маҳдӣ (аҷ) аз вилодат то зуҳур, 1387ҳ.ш., саҳ.678.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.568.
  3. Кӯронӣ, Асри зуҳур, 1430ҳ.қ., саҳ.245.
  4. Насирӣ; Мансурӣ, «کیفیت سنجی و تحلیل کارآمدی بازگشت عیسی(ع) از منظر عهدین و منابع اسلامی», саҳ.252.
  5. Уқлидинажод, «آخرین نبرد در آخرالزمان», саҳ.74.
  6. Кӯронӣ ва дигарон, Муъҷам ал-аҳодис ал-Имом Маҳдӣ (аҷ), 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.399-493.
  7. Бахшӣ, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)», саҳ.116.
  8. Тобатобоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.144.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.550.
  10. Фароҳидӣ, Ал-Айн, 1410ҳ.қ., зайли вожаи каҳл; Ибни Манзур, Лисон ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи каҳл.
  11. Табарӣ, «Таърих-ут-Табарӣ», 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.585.
  12. Ибни Касир, «Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя», 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95.
  13. Қумӣ, «Тафсири Қумӣ», 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.270.
  14. Табарсӣ, «Маҷмаъ-ул-баён», 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.749; Макорими Шерозӣ, «Тафсири намуна», 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.550.
  15. بخشی، «بررسی و تبیین نقش عیسی‌(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان‌ع»، ص۱۰۳.
  16. Сураи Нисо, Ояти 159
  17. Таботабоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.134–135; Содиқии Теҳронӣ, Ал-Фурқон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1365ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.439.
  18. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.158.
  19. «بازگشت عیسی‌(ع) در آخرالزمان باور مشترک مسلمانان و مسیحیان»، خبرگزاری تسنیم.
  20. Китоби Муқаддас, Китоби Луқо, боб 13, оя 35; Китоби Ҳуқо, боб 14, оя 3; Аъмоли расулон, боб 1, оя 11, боб 2, оя 31; Нома ба иброниён, боб 9, оя 28.
  21. Асғарӣ, «Охируззамон», саҳ.29.
  22. Асғарӣ, «Охируззамон», саҳ.29.
  23. Асғарӣ, «Охируззамон», саҳ.29.
  24. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.270 ва 271.
  25. Маҷлиси Аввал, Лавомеъи соҳибқаронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.285.
  26. Ибни Ҳамод, Ал-Футан, 1423ҳ.қ., саҳ.381.
  27. Ибни Ҳамод, Ал-Футан, 1423ҳ.қ., саҳ.386; Ал-Кӯронӣ, Асри зуҳур, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  28. Бахшӣ, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)», саҳ.118.
  29. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.82; Абулфутуҳи Розӣ, Рӯз ул-ҷанону руҳ ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.181.
  30. Бухорӣ, Саҳеҳ ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.136; Нишопурӣ, Саҳеҳ ул-Муслим, Дор иҳё ут-туроси ул-арабӣ, ҷ.4, саҳ.2221.
  31. Олусӣ, Рӯҳ ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.95.
  32. Бахшӣ, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(عج)», саҳ.114-115.
  33. Садӯқ, Ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.218.
  34. Баҳроонӣ, Ҳилят-ул-абор, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429.
  35. Ибни Ҳамод, Ал-Футан, 1423ҳ.қ., саҳ.387.
  36. Саҳеҳи Муслим, Дор иҳё-ут-туроси-л-арабӣ, ҷ.1, саҳ.135.
  37. Аскалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.414.
  38. Бухорӣ, «Саҳиҳ ал-Бухорӣ», 1422 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.136.
  39. Муҳаммадӣ Рейшаҳрӣ ва дигарон, Донишномаи Имом Маҳдӣ бар пОяти Қуръон, ҳадис ва таърих, 1393ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.13-26.
  40. Бахшӣ, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)», саҳ.117.
  41. بخشی، «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)»، саҳ.۱۱۴–۱۱۶.
  42. Ҷавоҳирӣ, «بررسی پیش‌بینی‌های قرآن و حدیث درباره مهدی‌(عج) و مسیح‌(ع)، توافق یا تقابل», саҳ.283.
  43. Коргар, Маҳдавият (даврони зуҳур), 1388ҳ.ш., саҳ.70 ва 71.
  44. Кӯронӣ, Асри зуҳур, 1430ҳ.қ., саҳ.247.
  45. Қуммӣ, «Тафсири Қуммӣ», 1363ш, ҷ.2, саҳ.271.
  46. Ҳоирии Яздӣ, «الزام الناصب» (Илзомун носиб), 1403қ, ҷ.2, саҳ.171–172.
  47. Муслим, «Саҳиҳи Муслим», Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, ҷ.4, саҳ.2258.
  48. Шайх Садуқ, «Камолуддин», 1395қ, ҷ.2, саҳ.336.
  49. Коргар, «Маҳдавият (Даврони зуҳур)», 1388ш, саҳ.30.
  50. Суютӣ, «الحاوي للفتاوى» (Ал-Ҳовӣ ли-л-фатово — Маҷмуъаи фатвоҳо), 1424қ, ҷ.2, саҳ.103.
  51. Қуммӣ, «Тафсири Қуммӣ», 1363ш, ҷ.2, саҳ.76; Табарсӣ, «Маҷмаъул-Байон» (Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсири Қуръон — Ҷамъоварии тафсирҳо), 1372ш, ҷ.7, саҳ.101.
  52. Аҳди Қадим, китоби Ҳизқиёл Набӣ, боби 38, фақараи 2 ва 3; Аҳди Ҷадид, «Ваҳйи Юҳанно», боби 20, фақараҳои 7–9.
  53. Ибни Асокир, «Таърихи Димишқ», 1415қ, ҷ.1, саҳ.228; Ибни Ҳаҷар, «Ал-Қавлил-Мухтасар» (Гуфтори мухтасар), 1428қ, саҳ.94.
  54. Ибни Моҷа, «Сунани Ибни Моҷа», 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.639.
  55. Ибни Ҳаммод, «Ал-Фитан», 1423ҳ.қ., саҳ.265.
  56. Табассӣ، «درس مهدویت».
  57. Табассӣ، «درس مهدویت».
  58. Ҳусайнии Горгонӣ, «Фуруди Масеҳ ва зуҳури мавъуд», 1390ш.
  59. Яъқубзода, «Нақши ҳазрати Масеҳ (а) дар давлати Маҳдавӣ», 1398ш.
  60. Суютӣ, «Фуруди Исои ибни Марям дар охирзамон», Дор Ибни Халдун.

Ёддошт

  1. «وَإِنَّهُ لَعِلْمٌ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمْتَرُ‌نَّ بِهَا وَاتَّبِعُونِ ۚ هَـٰذَا صِرَ‌اطٌ مُّسْتَقِيمٌ; Ва ҳақиқатан он нишонаест барои [фаҳмидани] қиёмат, пас ҳаргиз дар он шак накунед ва аз ман пайравӣ кунед; ин роҳи рост аст!»

Сарчашма

  • «بازگشت عیسی‌(ع) در آخرالزمان باور مشترک مسلمانان و مسیحیان», сомонаи хабаргузории Тасним, 4 дайи 1397ш, боздид: 20 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равзул-ҷинон ва Руҳул-ҷинон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остани Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Аскалонӣ, Ибни Ҳажар, Фатҳул-борӣ, Бейрут, Дорулмаърифа, 1379ҳ.қ.
  • Асғарӣ, Муҳаммадҷавод, «Охируззамон», дар Донишномаи каломи исломӣ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ (а), 1387ҳ.ш.
  • Бахшӣ, Саид, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)», маҷаллаи Машриқи Мавъуд, №53, баҳори 1399ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, Ҳилят-ул-аброр фӣ аҳволи Муҳаммад ва олиҳи атҳор, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳиҳи Бухорӣ, Бейрут, Дор Тавқу-н-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, беҷо, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Ал-Бидояиу ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Доруссодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Моҷаҳ, Муҳаммад ибни Язид, Сунани Ибни Моҷаҳ, Бейрут, Дорулмаърифа, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаммод, Наъим, Ал-Фитан, Бейрут, Дорулкутуби илмия, 1423ҳ.қ.
  • Китоби муқаддас, тарҷумаи Булус Басим, Бейрут, Дорулмашриқ, 1988м.
  • Коргар, Раҳим, Маҳдавият (Даврони зуҳур), Қум, Дафтари нашри маориф, 1388ҳ.ш.
  • Кӯронӣ Омилӣ, Алӣ, Асри зуҳур, 1408қ, беҷо, беношир.
  • Кӯронӣ, Алӣ ва дигарон, Муъҷами аҳодиси Имоми Маҳдӣ (а), Қум, Нашриёти Масҷиди муқаддаси Ҷамкоран, 1428ҳ.қ.
  • Мақорам Ширазӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дорулкутуби исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисии аввал, Муҳаммадтақӣ, Лавоими Соҳибқиронӣ, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Ришаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Донишномаи Имоми Маҳдӣ бар асоси Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.
  • Насирӣ, Мубашшара; Мансурӣ, Муҳаммадҳодӣ, «کیفیت سنجی و تحلیل کارآمدی بازگشت عیسی‌(ع) از منظر عهدین و منابع اسلامی», маҷаллаи Машриқи Мавъуд, №42, тобистони 1396ҳ.ш.
  • Нишопурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳиҳи Муслим, Бейрут, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, бе таърих.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Руҳул-маонӣ фӣ тафсирил-Қуръонил-азим, Бейрут, Дорулкутуби илмия, 1415ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Ал-Фурқон фӣ тафсирил-Қуръон, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абӣ Бакр, Ал-Ҳовӣ ли-л-фатово, Бейрут, Дорулфикр, 1424ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абӣ Бакр, Фуруди Исои ибни Марям дар охируззамон, Бейрут, Дорулкутуби илмия, 1405ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъул-баён фӣ тафсирил-Қуръон, Теҳрон, Нашриёти Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, Бейрут, Дору-т-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табассӣ, Нуҷмуддин, «درس مهدویت», сомонаи мадрасаи фақоҳат, 19 фарвардини 1391ш, боздид: 20 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фӣ тафсирил-Қуръон, Қум, Дастгоҳи нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Уқлидинажод, Алӣ, «آخرین نبرد در آخرالزمان», маҷаллаи Маърифат, №59, обони 1381ҳ.ш.
  • Фараҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Ал-Ъайн, Қум, Дорулҳиҷра, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камолуддин ва тамомун-ниъма, Теҳрон, Исламия, 1395ҳ.қ.
  • Яъқубзода, Муҷид, Нақши ҳазрати Масеҳ (а) дар давлати Маҳдавӣ, Теҳрон, Нашриёти Мавъуди Аср, 1398ҳ.ш.
  • Қазвини, Муҳаммадказим, Имоми Маҳдӣ (а) аз вилодат то зуҳур, Қум, Нашриёти Ал-Ҳодӣ, 1387ҳ.ш.
  • Қуммӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қуммӣ, Қум, Дорулкутуб, 1363ҳ.ш.
  • Ҳоирии Яздӣ, Алӣ, Илзомун носиб фӣ исботил-Ҳуҷҷатил-Ғоиб, Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, 1403ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Горгонӣ, Миртақӣ, Фуруди Масеҳ ва зуҳури мавъуд, Қум, Бӯстони китоб, 1390ҳ.ш.
  • Ҷавоҳирӣ, Муҳаммадризо, «بررسی پیش‌بینی‌های قرآن و حدیث درباره مهدی‌(عج) و مسیح‌(ع)، توافق یا تقابل», маҷаллаи Машриқи Мавъуд, №41, баҳори 1396ҳ.ш.