Суҳуф

Аз wikishia

Суҳуф (форсӣ: صُحُف) ба ҳар чизе гуфта мешавад, ки дар он таълимот, аҳком ва оёти Илоҳӣ навишта шуда бошад.

Дар Қуръон ва ривоёт, суҳуф ба таври умум ба китобҳои пайғамбарон ва баъзе китобҳои хоссе ҳамчун Қуръон ва китоби ҳазрати Иброҳим итлоқ шудааст. Суҳуф ба маънои номаи аъмол низ ба кор рафтааст.

Маъно

Ҳасан Мустафавӣ, муфассир ва луғатдон (1334 - 1426ҳ.қ.) дар китоби ал-Таҳқиқ навиштааст «суҳуф» дар истилоҳ, ба маънои чизе аст, ки маорифи Илоҳӣ, аҳком ва оёте, ки бар пайғамбарон нозил шудааст, дар он нигошта шудааст. Ҷинси ин суҳуф бо тавваҷуҳ ба замонҳои мухталиф, мутафовит будааст: гоҳ аз ҷинси чуб, гоҳе пӯсти даббоғишуда, гоҳе коғаз ва ғ. будааст.[1]

Суҳуф ҷамъи калимаи «саҳифа» аст[2] ва дар луғат ба маънои ҳар чизи густарда[3] ё чизе аст, ки бар рӯи он менависанд.[4]

Китобҳои осмонӣ

Дар ояти 133 сураи Тоҳо, Худованд аз китобҳое, ки бар пайғамбарон нозил шудааст, бо таъбири «суҳуф» ёд кардааст.[5]

Ҳамчунин дар ояти 52 сураи Муддассир омадааст: «ҳар кадом аз онҳо интизор дорад, суҳуфи саркушода ва ҷудогонае (аз тарафи Худо) барои ӯ фиристода шавад!» муфассирон мақсуд аз «суҳуф» дар ин оятро китоби осмонӣ донистаанд.[6]

Дар Қуръон аз китоби ҳазрати Иброҳим (а) ва ҳазрати Мусо (а) бо таъбири «суҳуф» ёд шудааст: «суҳуфи Иброҳима ва Мусо/صُحُفِ إِبْراهیمَ وَ مُوسى»[7] ки муфассирон мақсуд аз «суҳуфи Мусо»-ро ҳамон Таврот медонанд ва ҳамчунин муътақиданд «суҳуфи Иброҳим» ишора мекунад ба китоби осмоние ки бар ҳазрати Иброҳим нозил шудааст.[8] Дар ривоёт, аз китобҳои ҳазрати Одам[9], Шис[10] ва Идрис[11] ба суҳуф таъбир шудааст.

Муфассирон муътақиданд, дар ояти 13 сураи Абас ва ояти 2 сураи Баййина, мақсуд аз калимаи «суҳуф» Қуръон аст.[12]

Номаи аъмол

Ба гуфтаи муфассирон, дар ояти «وَ إِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ; ва дар он ҳангом, ки номаҳои аъмол кушода шавад!»[13] аз номаи аъмоли инсон бо таъбири суҳуф ёд шудааст.[14] Имом Ризо (а) низ дар ривояте, аз номаи аъмол бо таъбири «суҳуф» ёд кардааст.[15]

Эзоҳ

  1. Мустафавӣ, ал-Таҳқиқ, 1360ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.198.
  2. Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.110.
  3. Қурашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.111.
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.186.
  5. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.328.
  6. Фазлуллоҳ, Тафсири мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.228.
  7. Сураи Аъло, ояти 19.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.555; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.45.
  9. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.249.
  10. Суютӣ, ал-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.341.
  11. Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Баён-ул-маъонӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.167.
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.665; Муғния, Тафсири ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.594.
  13. Сураи Таквир, ояти 10.
  14. Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, Дору эҳёил-турос, ҷ.10, саҳ.283.
  15. Қумӣ, тафсири ал-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.26.

Сарчашма

  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, тафсири ал-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Таййиб Мусавии Ҷазоӣрӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Муллоҳувайш Оли Ғозӣ, Абдуқодир, Баён-ул-маъонӣ, Димишқ, матбаъатул-Туруқӣ, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ал-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Саидабдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Дорул-милок лилтабоъати валнашр, Бейрут, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, интишороти ал-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайхи Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Қусайр Омилӣ, Аҳмад, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.