Ояти Хотамият
Ояти Хотамийят, ояти 40-уми сураи Аҳзоб буда, ягона оятест, ки ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ошкоро охирин пайғамбар муаррифӣ мекунад.
Ба поён расидани набувват бо пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) аз заруриёти дини Ислом ва мавриди иттифоқи мусулмонон аст.
Дар ибтидои оят, вуҷуди фарзанди насабии писар барои ҳазрати Муҳаммад (с) инкор шуда ва дар идома ба хотамияти ӯ ишора мешавад.
Бархе аз муфассирон дар бораи иртиботи оғоз ва поёни оят муътақиданд, ки Худованд баъд аз қатъи робитаи хешовандии Пайғамбар (с) бо дигарон, ба иртиботи маънавии ӯ бо ҳамаи муъминон дар қолаби рисолату хотамият ишора мекунад ва аз мухотабон мехоҳад, то Пайғамбарро ба хотири ҷойгоҳи рисолат ва раҳбарии ӯ итоат кунанд.
Баъзеҳо бо такя бар фарқи маънои набӣ ва расул гуфтаанд, дар ин оят фақат ба хатми набувват ишора шудаааст, на хатми рисолат. Бинобар ин, имкон дорад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад (с) як расули дигаре биёяд.
Муфассирон дар ҷавоб ба ин норавшанӣ гуфтаанд, мафҳуми набӣ расулро ҳам дарбар мегирад; яъне ҳар расуле набӣ ҳам ҳаст. Бинобарин, бо хатми набувват, рисолат низ хатм мешавад.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Ояти чиҳилуми сураи Аҳзоб, ояти хотамияти набувват ё ояти хотам номида шудааст.[2] Ин оят, равшантарин далел бар хотамияти Пайғамбари Ислом (с) дониста шуда[3] ва ба яке аз фазоили ихтисосии ҳазрати Муҳаммад (с) ки ҳамон хатми набуввату рисолат ба василаи эшон аст, ишора дорад.[4]
Хотамияти набуввати Пайғамбари Ислом, мавриди иттифоқи мусулмонон буда[5] ва онро аз заруриёти дини Ислом медонанд.[6] Ин оят танҳо ояте дониста шудааст, ки ҳам ном (Муҳаммад) ва ҳам лақаби Пайғамбар (хотамун-наабиин)-ро дар худ ҷой додааст.[7]
Матн ва тарҷума
مَا کَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِنْ رِجَالِکُمْ وَلَٰکِنْ رَسُولَ الله وَخَاتَمَ النَّبِیینَ ۗ وَکَانَ الله بِکُلِّ شَیءٍ عَلِیمًا
Муҳаммад (с) падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале расули Худо ва хатмкунанда ва охирин пайғамбарон аст, ва Худованд ба ҳамаи чиз огоҳ аст.
Шаъни нузул
Дар боби шаъни нузули ин оят чунин гуфтаанд, ки баъд аз издивоҷи Пайғамбари Ислом (с) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш – зани талоқшудаи Зайд ибни Ҳориса (писархондаи Пайғамбар), бархе, аз ҷумла мунофиқон[8] талош карданд, то ин иқдоми Пайғамбар (с)-ро хато нишон диҳанд;[9] зеро бар асоси суннатҳои ҷоҳилӣ, писархонда фарқе бо писар надошт.[10] Худованд бо нузули ин оят бар зидди ин суннат ҷоҳилӣ ба мубориза пардохт[11] ва нишон дод, ки писархондагии Зайд сирфан бар асоси боло бурдани ҷойгоҳи эшон буда[12] ва ҳаргиз писархонда наметавонад ба ҷои писар бошад; чунонки падархонда низ дар ҷойгоҳи падар қарор намегирад.[13] Худованд дар идомаи оят ба навъи дигаре аз иртиботи Пайғамбар (с) бо мардум ишора мекунад.[14]
Пайванди аввалу охири оят
Дар ибтидои оят робитаи падарии Пайғамбари Акрам (с) бо ҳамаи мардон мавриди инкор қарор гирифта ва дар идома ба рисолати эшон аз ҷониби Худо ва хатми набувват тавассути ҳазрати Муҳаммад (с) ишора шудааст.[15] Бархеҳо барои иртибот додани байни ин мазмунҳо гуфтаанд, ки Худованд ҳарчанд робитаи насабии Расули Худо (с) бо дигаронро қатъ мекунад, аммо иртиботи маънавии Пайғамбар (с) бо уммати худро дар қолаби рисолату хотамият исбот мекунад.[16] Дар таъбири мушобеҳе, ҳазрати Муҳаммад (с) падари тамоми муъминон бо ҳар дине дониста шудааст; чароки ӯ хотам ва вориси ҷамиъи анбиё хоҳад буд.[17] Дар ҳамин росто муҳаббати Расули Худо (с) нисбат ба мардумони худ бо тавваҷуҳ ба онки дигар паёмбаре нахоҳад буд,[18] ҳамчун падаре аст, ки фарзанди ӯ ғайр аз ҳамин падар, ҳеҷ каси дигареро надорад.[19]
Бархе бар ин эътиқоданд, ки зикри рисолати Пайғамбар (с) ва хотамияти ӯ баъд аз нафйи фарзанд барои эшон ба он ҷиҳат аст, ки мухотабонро ба ин маъно бирасонад, ки итоат аз Расули Худо (с) ба хотири робитаи падарӣ набудааст, балки ба хотири ҷойгоҳи рисолат ва раҳбарии эшон аст.[20]
Маъношиносии хотам
Бархе аз қуррои сабъа «хотам»-ро бо касри то; яъне хотим[21] ва бархе чун Осим[22] ва қуррои дигар[23] низ бо фатҳи то; яъне хотам хондаанд. Хотам бо фатҳа ба ин маъност ки Пайғамбари Ислом (с) охирин паёмбар аст[24] ва хотам бо касра ба маънои ин аст, ки эшон хатмкунандаи силсилаи набувват аст.[25] Бархе муътақиданд, ки фатҳа ва касра чандон фарқе накарда ва як маъно аз он бардошт мешавад.[26]
Бархе муфассирон бар ин эътиқоданд, ки хотам ба маънои чизе аст, ки ба василаи он поён дода мешавад ва баробар бо муҳр кардан аст, ки бо он хона, зарф ва ё нома, аз ҳаргуна тағйири баъдӣ ҳифз мегашт.[27] Аз тарафе чун яке аз абзорҳои муҳр кардан ангуштарҳое будааст, ки муҳри ҳар кас бар рӯи он канда мешуд, барои ҳамин хотам ба маънои ангуштар ҳам омадааст[28] ва ба ангуштарҳои зинатии бидуни нақши муҳр ҳам хотам гуфта шудааст.[29] Бар ҳамин асос, бархе пиндоштаанд, ки манзур аз тавсифи Пайғамбари Ислом (с) ба хотами паёмбарон, хатми набувват нест ва ҳадафи оят баёни ҷойгоҳи эшон ба унвони зинати анбиё бошад. Ин тафсир бо тавваҷуҳ ба асли иртиботи вожаи хотаму ангуштарӣ, аз тарафи бархе муфассирон мардуд ингошта шудааст.[30]
Хатми набувват ва рисолат
Мақолаи аслӣ: Хотамият
Дар баъзе мавридҳо дар бораи мазмуни ин оят[31] ва ҳатто асли хотамият[32] шакку шубҳа пайдо шудааст.
Баъзеҳо бо ин норавшанӣ рӯбарӯ шудаанд, ки Худованд танҳо ба хотамияти набувват тавассути паёмбари худ ишора карда ва мумкин аст Пайғамбари Ислом (с) охирин расул набошад.[33]
Муфассирон дар ҷавоб ба ин норавшанӣ, набиро омтар аз расул дониста ва хотами набувватро ба тариқи авло шомили хатми рисолат медонанд.[34] Чунонки рисолат ҳам ҷузъе аз маворид ва ахбори ғайбие аст, ки тавассути бархе аз анбиё; яъне касоне ки аз ғайб (дин ва ҳақоиқи динӣ) хабар медиҳанд, ба мардум ироа мешавад. Дар натиҷа Пайғамбар ҳам «хотамун-набиин» аст ва ҳам «хотамур-русул» ва иртиботаш бо мардум ҳам аз боби ин аст, ки расул ва фиристодаи Худост ва ҳам, аз ин боб аст, ки набӣ аст ва ахбори ғайбиро аз сӯи Худованд ба мардум мерасонад ва тамоми корҳояш ба фармони Худованд аст.[35]
Албатта маъноҳои дигаре аз расулу набӣ низ ироа шудааст.[36]
Таъорузи оят бо фарзандони Пайғамбар ва ҷойгоҳи Ҳасанайн (а)
Бо онки ояти хотамият, сароҳатан Пайғамбари Худо (с)-ро падари ҳеҷкадом аз мардони мухотаби худ надонистааст, вуҷуди фарзандони Расули Худо (с) ҳамчун Қосим, Абдуллоҳ ва Иброҳим ва ҳамчунин Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) аст, ки онҳоро фарзандони Пайғамбар (с) медонистанд, яке аз чолишҳои ин оят ба шумор меравад.[37] Бархе, дар ҷавоб гуфтаанд, ки дар оят аз калимаи «риҷол» яъне мардон истифода шуда ва шомили фарзандоне, ки дар кӯдакӣ аз дунё рафтаанд, намешавад.[38] Ҳасанайн (а) низ дар замони нузули ин оят ба ҳадди булуғ нарасида ва кӯдак будаанд.[39] Ба таъбири дигар, Худованд дар оят мегӯяд, ки паёмбараш падари ҳеҷ кадом аз мардони мавҷуд ва феълии шумо нест.[40]
Дар мавриди Ҳасанайн (а) ин ҷавоб низ гуфта шудааст, ки ин ду фарзандон бо восита ҳастанд ва оят фарзандони бевоситаро нафй кардааст.[41] Касоне низ гуфтаанд, бар асоси оят, Расули Худо (с) падари ҳеҷ кадом аз мардони шумо нест, дар ҳоле ки метавонад падари мардоне аз худ бошад.[42] Ин таъбир, аз ояти Мубоҳала истифода шудааст, ки аз Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) бо таъбири «абноано»- писарони мо ёд кардааст.[43]
Тибқи иддаои бархе муфассирони аҳли суннат, агар Пайғамбар (с) дорои фарзанди рашид, болиғ ва лоиқе мебуд, бешак баъд аз эшон ба мақоми набувват мерасид, аз ин рӯ, Худованд бо нафйи ҳаргуна фарзанде барои эшон, Пайғамбари (с) худро расули хеш ва охирин паёмбар муаррифӣ кардааст.[44]
Эзоҳ
- ↑ «Лаваҳотул-хаттотил-Покситонӣ Ҳофиз Наҷм Маҳмуд, Мунтадаёт вурд лил-Фунун.
- ↑ Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.1, саҳ.89.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.375.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.567; Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.226.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.225.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Воҷиб-ул-эътиқод, 1374ҳ.ш., саҳ.52; Субҳонӣ, “Хотамият ва марҷаъияти илмии имомони маъсум”, саҳ.59; Мисбоҳ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.177; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.341.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.375.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.431.
- ↑ Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.346; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.12–13.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.336; Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.127.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.336; Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.127.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.376.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.337.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.344-345.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.337; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
- ↑ Хатиб, ат-Тафсир-ул-қуръонӣ ли-л-Қурон, Бейрут, ҷ.11, саҳ.726.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.337.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.171.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.567.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.13; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.509.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.196; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.398; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.432.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.13; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.51; Омилӣ, Тафсири Омилӣ, 1360ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.183.
- ↑ Шуббар, ал-Ҷавҳар-ус-самин, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.150; Омилӣ, Тафсири Омилӣ, 1360ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.183.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.13; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.51; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.196.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.432; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.196; Мутаҳҳарӣ, Хотамият, 1380ҳ.ш., саҳ.14.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338-339.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.339.
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.163; Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, Бейрут, ҷ.16, саҳ.190.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.340-341.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338, 340-341.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.196-197.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.325.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.376.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.337.
- ↑ Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.8, саҳ.346; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.325; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.336.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.325; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.337.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.325.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
- ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.431–432.
- ↑ Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.233; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.398; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.51; Шуббар, ал-Ҷавҳар-ус-самин, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.150; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.544.
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Азҳарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Воҷиб-ул-эътиқод ала ҷамиъ-ил-ибод, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1374ҳ.ш.
- Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ул-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
- Зубайдӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1419ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри вал-тавзиъ, 1414ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
- Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
- "Лавҳотул-хаттотил-бокистонӣ Ҳофиз Наҷм Маҳмуд", Мунтадаёту вирд лил-фунун, таърихи дарҷи матлаб: 23 августи 2010; таърихи боздид: 8 урдибиҳишти 1401ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Мисбоҳ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ (бахши 4 ва 5 маорифи Қуръон), Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, Қум, 1376ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Хотамият, Теҳрон, Садро, 1380ҳ.ш.
- Омилӣ, Иброҳим, Тафсири Омилӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Садуқ, 1360ҳ.ш.
- Сабзавории Наҷафӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-азҳон ило тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1419ҳ.қ.
- Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ал-маъруф Тафсир-ус-Саълабӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
- Соҳиб ибни Ибод, Исмоил, ал-Муҳит фи-л-луғат, таҳқиқи Муҳаммадҳасан Оли Ёсин, Бейрут, Оламул-кутуб, бе то.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Хотамият ва марҷаъияти илмии имомони маъсум алайҳимус-салом», Каломи исломӣ, № 55, поизи 1384ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, Теҳрон, Мактабатул-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, чопи дувум, бе то.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Хатиб, Абдукарим, ат-Тафсир-ул-қуръонӣ ли-л-Қурон, Бейрут, Дорул-фикрил-арабӣ, бе то.
- Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, нашри Дустон, 1377ҳ.ш.
- Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммад, Анвори дурахшон, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, китобфурушии Лутфӣ, 1404ҳ.қ.
- Шуббар, Абдуллоҳ, ал-Ҷавҳар-ус-самин фи тафсир-ил-китоб-ил-мубин, Кувайт, Ширкату мактабатил-алфайн, 1407ҳ.қ.