Jump to content

Ҳайтони сабъа

Аз wikishia

Мақолаи Ҳайтони сабъа бо мақолаҳои Фадак, Моҷарои Фадак ва Хутбаи фадакия иртибот дорад.

Ҳайтони сабъа (арабӣ: الحيطان السبعة) ё садақоти Расули акрам (с), ҳафт боғе буданд, ки Мухайриқ ё афроди дигаре аз яҳудиёни Мадина ба Паёмбари Ислом (с) ҳадя карданд ва он ҳазрат онҳоро вақф намуд. Бар асоси ривояте, Паёмбар (с) ин боғҳоро барои Ҳазрати Фотима (с) вақф кард. Пас аз вафоти Паёмбар (с), ҳазрати Фотима (с) аз Абубакр хост, ки идораи ин боғҳо, заминҳои Хайбар ва Фадакро ба ӯ бисупорад, аммо бо мухолифати Абубакр рӯбарӯ шуд.

Бар асоси бархе гузоришҳо, Имом Алӣ (а) дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб аз ӯ хост, ки Ҳайтони сабъа, Фадак ва Хайбарро ба ӯ бисупорад, аммо Умар танҳо бо баргардонидани Ҳайтони сабъа розӣ шуд. Ҳазрати Фотима (с) дар васияти худ идораи ин боғҳоро ба Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) ва баъд аз онҳо ба бузургтарин фарзанди насли худ дар ҳар давра вогузор намуд.

Ин боғҳо то замони Аббосиён, дар ихтиёри фарзандони ҳазрати Фотима (с) буданд. Баъзе нависандагони асри сеюми ҳиҷрӣ ин боғҳоро тавсиф кардаанд. Бо гузашти замон номҳо ва макони бархе аз ин боғҳо ба сурат номаълум ва норавшан даромадааст.

Муаррифӣ

Ҳайтони сабъа ҳафт боғе буданд, ки ба Паёмбар (с) ҳадя гардиданд.[1] Номҳои ин боғҳо чунин зикр шудаанд: Аъвоф, Бурқа, Ҳусно ё Ҳасно, Далол, София, Машрабату Уммииброҳим ва Мейсаб.[2] Дар баъзе манбаъҳо, номҳои дигаре низ барои ин боғҳо зикр шудааст.[3] Ин боғҳо бо номи "Ҳавоити Расулуллоҳ (с)" низ маъруф буданд[4] ва беҳтарин дарахтони хурмои Мадинаро доштанд.[5] Аксари ин боғҳо дар ҷануби Мадина қарор доштанд. Машрабату Уммииброҳим дар ҷануби шарқии Мадина воқеъ буд.[6] София, Бурқа, Далол ва Мейсаб дар як минтақае бо номи Аволӣ[7] ё Олия[8] ва пушти қасри Марвон ибни Ҳакам ҷойгир буданд.[9] Дар мавриди макони боғҳои дигар ихтилофоте вуҷуд дорад.[10] Ба ҷуз аз Машрабату Уммииброҳим, боғҳо аз оби борон обёрӣ мешуданд,[11] ки тавассути водии Маҳзур мегузашт.[12]

То замони хилофати Умар ибни Абдулазиз (99-101ҳ.қ.) ин боғҳо ҳосилдеҳ буданд ва худи ӯ ва ёронаш аз меваи он истеъмол мекарданд.[13] Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (фақеҳи маъруфи аҳли суннат, ваф.204ҳ.қ.) таъкид кардааст, ки боғҳо то замони ӯ ҳамчунон пойбарҷо буданд.[14] Умар ибни Шабба (ваф.263ҳ.қ.), ки аз нахустин ҷуғрофидонҳои Мадина буд, ҷузъиёти ин боғҳо ва макони онҳоро шарҳ додааст.[15] Гуфта шуда бо гузашти замон номҳо ва макони аслии ин боғҳо номаълум ва номушаххас шудааст.[16] Баъзе муаллифони қарни 8 ва 9ҳ.қ. макони Мейсаб ва Ҳусноро ношинохта донистаанд.[17] Бархе муҳаққиқон кӯшиш кардаанд, ки ин боғҳоро бо боғҳои маъруфи замони худ муқоиса кунанд[18] ё назари муҳаққиқони қаблиро нақд кунанд.[19] Аюб Сабрӣ Пошшо, муҳаққиқи қарнҳои 13 ва 14ҳ.қ., бар ин назар аст, ки боғҳои ҳафтгона то замони ӯ ҳамчунон вуҷуд доштаанд, аммо номҳои баъзеи онҳо тағйир ёфтааст.[20]

Машрабату Уммииброҳим

Мақолаи аслӣ: Машрабату Уммииброҳим

Машрабату Уммииброҳим яке аз ҳафт боғ буд, ки ба Паёмбар (с) ҳадя шуд.[21] Ин боғ пас аз иқомат кардани Морияи Қибтия (яке аз ҳамсарони Паёмбар) дар он ҷо ва таваллуди Иброҳим, бо номи Машрабату Уммииброҳим маъруф гардид.[22] Паёмбар (с) дар ин боғ намоз гузоштааст.[23] Баъдҳо дар он масҷиде сохта шуд, ки бо ҳамин ном шинохта мешавад.[24] Дар ривоятҳо ба намозгузорӣ дар ин макон тавсия шудааст.[25] Имрӯз макони ин боғ ба шакли қабристон боқӣ мондааст.[26] Гуфта мешавад, ки қабри Ҳумайдаи Барбария (модари Имом Козим (а)) ва Наҷма (модари Имом Ризо (а)) дар ҳамин макон воқеъ аст.[27]

Моликияти қаблии Ҳайтони сабъа

Бархе аз муҳаққиқон, соҳиби аслии боғҳои ҳафтгонаро Мухайриқи яҳудӣ медонанд.[28] Умар ибни Абдулазиз (халифаи умавӣ) иддао мекард, ки ин иттилоъро аз бузургони муҳоҷирин ва ансор дар Мадина шунидааст.[29] Баъзеҳо гуфтаанд, ки ин масъала дар миёни таърихнигорон машҳур аст.[30] Мухайриқ аз уламои яҳудӣ[31] ва аз қабилаи Банӣ Назир[32] ё Банӣ Қайнуқоъ[33] буд. Ӯ дар ҷанги Уҳуд ба назди Паёмбар (с) омад ва Исломро пазируфт,[34] сипас дар он ҷанг шаҳид гардид.[35] Пеш аз шаҳодаташ[36] ё дар вақти маргаш,[37] ӯ амволи худро барои Паёмбар васият кард.[38] Ва бархе гуфтаанд, ки ӯ пеш аз шаҳодат амволашро ба Паёмбар ҳадя намуд.[39]

Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ (муаррихи асри 2 ва 3ҳ.қ.) ин боғҳоро ҷузъе аз амволи Банӣ Назир медонист, ки баъд аз ғазваи Банӣ Назир ба дасти Паёмбар (с) афтод. Ӯ гуфтааст, ки Паёмбар (с) пас аз ҷанги Уҳуд амволи Мухайриқро миёни мусалмонон тақсим кард.[40] Баъзеҳо дар муқобил гуфтаанд, ки Паёмбар (с) амволи Банӣ Назирро миёни муҳоҷирин ва ду тан аз фақирони Ансор тақсим кард.[41] Гурӯҳе низ бар ин назаранд, ки дар моликияти Ҳайтони сабъа ихтилоф вуҷуд дорад ва мумкин аст, ки ин амвол ба Банӣ Назир ё Банӣ Қурайза тааллуқ дошта бошад.[42]

Бархе таърихнигорон моликони қаблии ҳар яке аз ин боғҳоро шахс ё қабилаи муайяне донистаанд.[43] Масалан Аъвоф ба шахси яҳудие аз Банӣ Қурайза бо номи Хунофа мансуб шудааст.[44] Бурқа ва Мейсаб гуфта мешавад, ки ба Зубайр ибни Бато аз Банӣ Қурайза тааллуқ доштанд[45] ва бархе гуфтаанд, ки Бурқа аз амволи Банӣ Назир буд.[46] Далол ва Ҳусно ба қабилаи Банӣ Саълаба нисбат дода шудаанд.[47] Баъзе ривоятҳо мегӯянд, ки Далол барои зани яҳудие аз Банӣ Назир буд, ки Салмони Форсиро ҳамчун ғулом дошт. Салмон бо ӯ шарт баста буд, ки агар ин боғро обод кунад, озод шавад. Паёмбар (с) ба Салмон кӯмак кард, то ин боғро обод кунад ва аз ғуломӣ озод гардад.[48] Бархе гуфтаанд, ки он боғ "Мейсаб" буд[49] ва бархе дигарон муътақиданд, ки Бурқа ва Мейсаб бо кӯшиши Салмон Форсӣ обод гардиданд.[50]

Вақфи Ҳайтони сабъа тавассути Паёмбар (с)

Бинобар гузориши таърихнигорон, Паёмбар (с) боғҳои ҳафтгонаи Ҳайтони сабъаро вақф намуд.[51] Аз ин боғҳо ҳамчун "садақоти Расули акрам (с)" низ ёд мешавад.[52] Бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки бештари садоқоти Паёмбар (с)[53] ва ҳатто тамоми онҳо, ҳамин ҳафт боғи Мухайриқ будаанд.[54] Вақфи ин амволро баъзеҳо 22 моҳ пас аз ҳиҷрат[55] ва баъзе дигарон дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ медонанд.[56]

Дар китоби Қурб-ул-аснод ва Кофӣ, ривояте омадааст, ки: Имом Ризо (а) дар ҷавоб ба суоли Аҳмад ибни Абӯнасри Базантӣ, Ҳайтони сабъаро аз вақфҳои Паёмбар (с) барои ҳазрати Фотима (с) донистааст. Паёмбар (с) қисми даромади ин боғҳоро барои пазироӣ аз меҳмононаш ва ҳолатҳои изтирорӣ ихтисос дода буд.[57] Дар ривояти дигар аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки садоқоти Паёмбар (с) махсуси Банӣ Ҳошим ва Банӣ Муталлиб буд.[58]

Бар асоси бархе манобеъ: Паёмбар (с) заминҳои Фадак ва Аволиро ба Ҳазрати Фотима (с) бахшид.[59] Аволиро минтақаи васеъе шомили Ҳайтони сабъа донистаанд.[60]

Сарнавишти Ҳайтони сабъа пас аз Паёмбар (с)

Пас аз вафоти Паёмбар (с), ҳазрати Фотима (с) аз Абубакр талаб кард, ки Фадак ва боғҳои ҳафтгонаро ба ӯ вогузор кунад, аммо Абубакр рад кард.[61] Ин масъала сабаби ранҷиши ҳазрати Фотима (с) гардид.[62] Бино ба ривояти Абӯбасир аз Имом Боқир (а), ҳазрати Фотима (с) идоракунии Ҳайтони сабъаро ба Имом Алӣ (а) вогузор карда, ва васият кард, ки пас аз ӯ, Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва сипас бузургтарин фарзанди насли ӯ дар ҳар замон соҳиби он бошанд. Ин васият дар ривояти дигар аз Имом Содиқ (а) низ таъйид шудааст.[63]

Дар даврони хилофати Умар, Имом Алӣ (а) ва Аббос ибни Абдулмутталиб (амаки Паёмбар) ҳуқуқи худро бар Фадак, Хайбар ва Ҳайтони сабъа талаб карданд. Умар танҳо бо вогузории Ҳайтони сабъа розӣ шуд, аммо Фадак ва Хайбарро барнагардонд.[64] Баъдтар ин боғҳо ба фарзандони ҳазрати Фотима (с) расиданд.[65] Дар ривояте дигар омадааст, ки Имом Алӣ (а) аз Умар хост, то идоракунии Ҳайтони сабъаро ба ӯ вогузор кунад. Аббос низ даъвои ҳақ доштани худ бар ин боғҳо ва Фадакро матраҳ кард. Ҳангоме ки ихтилоф зиёд шуд, Имом Алӣ (а) аз халифа хост, ки боғҳоро ҳифз кунад, то мухолифатҳо зиёд нашавад.[66] Бино ба ривояти Имом Ризо (а), Аббос пас аз он ки Имом Алӣ (а) шаҳодат дод, ки ин боғҳо вақфи ҳазрати Фотима (с) ҳастанд, аз даъвояш даст кашид[67]

Гуфта шуда пас аз Имом Алӣ (а), идоракунии Ҳайтони сабъа ба Имом Ҳасан (а) ва сипас ба Имом Ҳусайн (а) гузашт. Баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), Имом Садҷод (а) ва пас аз ӯ Ҳасан ибни Ҳасан (а) масъулияти он боғҳоро ба ӯҳда доштанд. Дар аҳди Аббосиён, ин боғҳо аз дасти фарзандони ҳазрати Фотима (с) хориҷ шуданд ва халифаҳои Аббосӣ худ идораи онҳоро ба даст гирифтанд.[68]

Эзоҳ

  1. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806
  2. Кофӣ, Кулайнӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.51; Ибни Ҳаҷар, Ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46; Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.241, 290-291
  3. Ниг.: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.518; Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1993м., ҷ.1, саҳ.240; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.152
  4. Солеҳӣ Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.8, саҳ.407; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389
  5. Курдалӣ, Хитат-уш-Шом, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.90
  6. Каъкӣ, Маолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-меъморати ва-т-таърих, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.120
  7. Каъкӣ, Маолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-меъморати ва-т-таърих, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.121
  8. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806
  9. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.150
  10. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.150-151; Шурроб, ал-Маолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.31, 100
  11. Каъкӣ, Маолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-меъморати ва-т-таърих, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.120; Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806
  12. Шурроб, ал-Маолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.283
  13. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.229
  14. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.157
  15. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173-174
  16. Марағӣ Шофеъӣ, Таҳқиқ-ун-нусрати биталхиси маолими дор-ил-ҳиҷра, 1430ҳ.қ., саҳ.593
  17. Марағӣ Шофеъӣ, Таҳқиқ-ун-нусрати биталхиси маолими дор-ил-ҳиҷра, 1430ҳ.қ., саҳ.592
  18. Марағӣ Шофеъӣ, Таҳқиқ-ун-нусрати биталхиси маолими дор-ил-ҳиҷра, 1430ҳ.қ., саҳ.592; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.153-154
  19. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.154
  20. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.806-807
  21. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174-175; Варсилонӣ, ар-Реҳлат-ул-варсилония, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
  22. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; Варсилонӣ, ар-Реҳлат-ул-варсилония, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.545
  23. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.3, саҳ.35
  24. Шурроб, ал-Маолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.253
  25. Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.560
  26. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.263
  27. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.263
  28. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; Шурроб, ал-Маолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, 1411ҳ.қ., саҳ.156
  29. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.229
  30. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.807
  31. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, бе таърих, ҷ.1, саҳ.518; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м, ҷ.1, саҳ.325 ва 518
  32. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285, 325, 518; Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1993м., ҷ.1, саҳ.240; Солеҳӣ Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1993м., ҷ.4, саҳ.212
  33. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.285, 325, 518; Ибни Ҳажар, Ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.46, 47
  34. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, бе то, ҷ.1, саҳ.514; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.1, саҳ.266, 285, 518; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1999м., ҷ.1, саҳ.65-66, ҷ.14, саҳ.369
  35. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, бе то, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.88; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.389; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м., ҷ.2, саҳ.531
  36. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, бе таърих, ҷ.1, саҳ.518, ҷ.2, саҳ.89; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м, ҷ.1, саҳ.325; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967м, ҷ.2, саҳ.531
  37. Ибни Ҳаҷар, Ал-Исоба, 1415қ, ҷ.6, саҳ.47; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  38. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м, ҷ.1, саҳ.388-389
  39. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.805
  40. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.175
  41. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м, саҳ.27-28
  42. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.174; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  43. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.152
  44. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.175; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  45. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.174; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  46. Ҳозимӣ, Ал-Амакин, бе таърих, саҳ.31; Искандарӣ, Ал-Амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва-л-осор, 1425қ, ҷ.1, саҳ.162; Ҳусайнӣ Ҳанбалӣ, Қалоид-ул-аҷёд, 1430қ, саҳ.67
  47. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.174
  48. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.174; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  49. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.152
  50. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.174; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  51. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415қ, ҷ.10, саҳ.229; Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.806; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.151
  52. Мароғӣ Шофеӣ, Таҳқиқ-ун-нусрати биталхиси маолими дор-ил-ҳиҷра, 1430қ, саҳ.593
  53. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.175; Каъкӣ, Маолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-меъморати ва-т-таърих, 1419қ, ҷ.3, саҳ.120
  54. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.805
  55. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.4, саҳ.42
  56. Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410қ, ҷ.1, саҳ.175
  57. Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413қ, саҳ.363-364; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407қ, ҷ.7, саҳ.47-48
  58. Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407қ, ҷ.7, саҳ.48
  59. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб (а), 1379қ, ҷ.1, саҳ.169; Сайид ибни Товус, Кашф-ул-муҳаҷҷа, 1375ш, саҳ.182; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411қ, ҷ.1, саҳ.441
  60. Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Фадак ва-л-аволӣ ави-л-ҳавоит ас-сабъа фи-л-китоб ва-с-сунна ва-т-таърих ва-л-адаб, 1426қ, саҳ.64
  61. Хатиб Умарӣ, ар-Равзат-ул-файҳо фи таворих-ин-нисо, 1420қ, саҳ.230-231; Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.807-808; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.155
  62. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.155; Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.808
  63. Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407қ, ҷ.7, саҳ.49
  64. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.3, саҳ.155
  65. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.807
  66. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.4, саҳ.809
  67. Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413қ, саҳ.363-364; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407қ, ҷ.7, саҳ.47-48
  68. Сабрӣ Пошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 1424қ, ҷ.4, саҳ.808

Сарчашма

  • Аскандарӣ, Наср ибни Абдураҳмон, Ал-Амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва-л-осор, Риёз, Маркази Малик Файсал барои таҳқиқот ва омӯзиши исломӣ, 1425қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зарқалӣ, Бейрут, 1996м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дор ва Мактабаи Ҳилол, 1988м.
  • Варсилонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Ар-Риҳла ал-Варсилония, Қоҳира, Мактабаи Сақофа ад-Диния, 1429қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1415қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор Содир, нашри сеюм, 1414қ.
  • Ибни Сайидуннос, Абулфатҳ Муҳаммад, Уюн-ул-Аср фӣ Фунун ал-Мағозӣ ва-ш-Шамоил ва-с-Сийар, таълиқи Иброҳим Муҳаммад Рамазон, Бейрут, Дорулқалам, 1993м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Маниъ, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1990м.
  • Ибни Шабба, Умар ибни Шабба Намирӣ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, таҳқиқи Фаҳим Муҳаммад Шалтут, Қум, Дорулфикр, 1410қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб (а), Қум, Алома, 1379қ.
  • Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, Ал-Исоба фӣ тамиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмаҷид ва Алӣ Муҳаммад Муаввиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415қ, ҷ.6, саҳ.46.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом Ҳимярӣ, Ас-Сийрат-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо ас-Сақо ва дигарон, Бейрут, Дорулмаърифа, бе сана.
  • Каъкӣ, Абдулазиз, Маолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-меъморати ва-т-таърих, Бейрут, Дор ва Мактабаи Ҳилол, 1419қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри чорум, 1407қ.
  • Курдалӣ, Муҳаммад, Хитат-уш-Шом, Бейрут, Мактабаи Нурӣ, нашри сеюм, 1403қ.
  • Мароғӣ Шофеӣ, Абубакр ибни Ҳусайн, Таҳқиқ-ун-нусрати биталхиси маолими дор-ил-ҳиҷра, таҳқиқи Абӯяъқуб Нашот Камол, Фаюм, Дор-ул-фалоҳ барои таҳқиқоти илмӣ ва таҳқиқи мерос, 1430қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имитоъ-ул-асмоъ бима ли-н-Набий мина-л-аҳвол ва-л-амвол ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулаҳмид Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1999м.
  • Сабрӣ Пошо, Айюб, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, Қоҳира, 1424қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Кашф-ул-муҳаҷҷа ли самарат-ил-муҳҷа, таҳқиқи Муҳаммад Ҳасун, Қум, Бӯстон китоб, нашри дувум, 1375ш.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо биахбор дор-ил-Мустафо, таҳқиқи Холид Абдулғанӣ Маҳфуз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 2006м.
  • Солиҳӣ Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмаҷид ва Алӣ Муҳаммад Муаввиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1993м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, нашри ҳаштум, 1967м.
  • Хатиб Умарӣ, Ёсин, ар-Равзат-ул-файҳо фи таворих-ин-нисо, таҳқиқи Ҳусом Риёз Абдулаким, Бейрут, Муассисаи Кутуби Фарҳангӣ, 1420қ.
  • Шарроб, Муҳаммад Муҳаммадҳасан, ал-Маолим-ул-асира фи-с-суннати ва-с-сира, Бейрут-Димишқ, Дорулқалам-Дорушшомия, 1411қ.
  • Яқут Ҳамавӣ, Яқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам ал-Булдон, Бейрут, Дор Содир, нашри дувум, 1995м.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Маҷмаи Эҳёи фарҳанги исломӣ, 1411қ.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, таҳқиқи Муассисаи Оли Байти (а), Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1413қ.
  • Ҳозимӣ, Муҳаммад ибни Мӯсо, Ал-Амакин ав ма-т-тафақа лафзуҳу ва-фтарақ мусаммоҳу мин-ал-амкина, бе ношир, бе сана.
  • Ҳусайнӣ Ҳанбалӣ, Абдурраҳмон ибни Иброҳим, Қалоид-ул-аҷёд, таҳқиқи Валид Абдуллоҳ Мунайс, Кувайт, Маркази Таҳқиқоти Кувайтӣ, 1430қ.
  • Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Муҳаммадбоқир, Фадак ва-л-аволӣ ави-л-ҳавоит ас-сабъа фи-л-китоб ва-с-сунна ва-т-таърих ва-л-адаб, Машҳад, Дабирхонаи Конфронси Мероси илмӣ ва маънавии ҳазрати Фотима (с), 1426қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Нашри Машъар, нашри ҳаштум, 1386ш.