Мақоми Маҳмуд
Мақоми Маҳмуд ба маънои ҷойгоҳи олӣ ва сутуда, аз лақабҳои Расулуллоҳ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ки Худо онро ба Пайғамбари Ислом (с) ба хотири таҳаҷҷуд ва шабзиндадорӣ ато кард. Муффасирон, зайли ояти 79 сураи Исро, ин ҷойгоҳро ба мақоми шафоати Пайғамбар (с) тафсир кардаанд.
Бархе аз муффасирон, мақоми Маҳмудро ба маънои ишрофи Пайғамбар (с) бар ҳамаи махлуқот ва ниҳояти наздикии ӯ ба Худо донистаанд, ки албатта ин ду маъно низ шомили мақоми шафоат мешавад. Тибқи фарозе аз зиёрати Ошӯро, Имом Ҳусайн (а) низ дорои мақоми Маҳмуд аст.
Ояти 79 сураи Исро
وَ مِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَّكَ عَسىَ أَن يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَّحمُوداً
Ва қисмате аз шабро зинда бидор, то барои ту [ба манзалаи] нофилае бошад, умед ки Парвардигорат туро ба мақоме Маҳмуду сутуда бирасонад.
Мақоме Маҳмуд (сутуда) барои Пайғамбар (с)
Олимон ва муффасирони мусулмон мақоми Маҳмудро як ҷойгоҳи олӣ ва сутуда донистаанд, ки Худо ба хотири таҳаҷҷуд (шабхезӣ ва хондани намози шаб[1] ба Пайғамбар (с) ато карда аст.[2]
Дар бораи маънои мақоми Маҳмуд, ақволе байни олимон вуҷуд дорад, ки мақоми шафоат дар ҳамаи онҳо муштарак аст:
* Мақоми шафоат: бисёре аз муффасирони шиа[3] ва суннӣ,[4] бо истифода аз ривоёт, мақоми Маҳмудро ҳамон мақоми шафоат медонанд. Аз ҷумла тибқи ривояте, Пайғамбар (с) манзур аз мақоми Маҳмуд дар ояти 79 сураи Исроро ҳамон мақоме дониста, ки дар он барои умматаш шафоат мекунад.[5] Ё дар ривояте, ки аз Имом Боқир (а) ё Имом Содиқ (а) дар тафсири ояти мазкур нақл шуда аст, мақоми Маҳмуд ба шафоат тафсир шуда аст.[6] Гуруҳе аз муффасирон, аз ин мақом, ба шафоати кубро ёд кардаанд.[7] Ба гуфтаи Сайидмуҳаммадҳусайни Теҳронӣ (1345 - 1416ҳ.қ.), мақоми шафоате, [ ёддошти 1 ] ки Худо ба Пайғамбар (с) дода, аз мақоми Маҳмуд аст.[8] Аз назари ӯ, дар мақоми Маҳмуд тамоми ҷамолу камол вуҷуд дорад ва ин мақом ба таври мутлақ ва беқайду шарте ба Пайғамбар (с) дода шуда аст ба ин маъно, ки ҳар ҳамде, ки аз ҳар ҳомиде ба ҳар маҳмуде тааллуқ гирад, марбут ба ӯст.[9]
* Ишроф бар махлуқот: гуруҳе аз муффасирон, мақоми Маҳмудро мақоме медонанд, ки Пайғамбар (с) дар он мақом, бар ҳамаи махлуқот ишроф дорад ва ҳарчӣ - аз ҷумлаи шафоат - бихоҳад, Худо ба ӯ медиҳад.[10]
* Ниҳояти наздикӣ ба Худо: дар тафсири Намуна, ин эҳтимол низ матраҳ шуда аст, ки мақоми Маҳмуд, ҳамон ниҳояти қурб ба Парвардигор бошад, ки яке аз осораш шафоати кубро аст.[11]
Мақоми Маҳмуд барои Имомон (а)
Дар бархе зиёратномаҳо, Имом Алӣ (а),[12] Имом Ҳусайн (а)[13] ва Имом Ризо (а)[14] низ дорои мақоми Маҳмуд муаррифӣ шудаанд. Дар фарозе аз зиёрати Ошӯро омада аст: «Дархост мекунам аз Худо … ки маро дар дунёву охират бо шумо қарор диҳад … ва аз Ӯ мехоҳам, ки маро ба мақоми Маҳмуду сутудае, ки барои шумо назди Худо аст, бирасонад».[15]
Ба гуфтаи Носири Макорими Шерозӣ, муффасири шиа, агарчӣ ояти 79 сураи Исро нозир ба Пайғамбар (с) аст, вале баид нест ҳукми он шомили дигарон низ бишавад; ба ин баён, ки муъмини аҳли намози шаб низ мутаносиб бо миқдори тақаррубе, ки ба Худо ёфта, ба бахше аз мақоми шафоат даст ёбад ва шафеъи дигарон шавад.[16]
Ҷусторҳои вобаста
Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с)
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.670/ Табарсӣ, Тафсири ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Теҳрон, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.341.
- ↑ Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.510–511/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.671/ Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.210/ Буҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.569/ Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.314/ Таботабоӣ, тафсири ал-Мизон, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1370ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.232/ Ҷаводии Омулӣ, тафсири Тасним, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.285/ Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1412ҳ.қ., саҳ.286/ Фахри Розӣ, Мафотеҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.386–387/ Қуртубӣ, Явм-ул-фазаъ-ил-акбар, Мактабат-ул-Қуръон, саҳ.155.
- ↑ Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.512/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.671/ Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.211–212/ Буҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.570–574/ Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.314/ Таботабоӣ, тафсири ал-Мизон, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1370ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.232/ Ҷаводии Омулӣ, тафсири Тасним, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.285/ Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1412ҳ.қ., саҳ.286.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотеҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.387/ Қуртубӣ, Явм-ул-фазаъ-ил-акбар, Мактабат-ул-Қуръон, саҳ.155.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснад, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.441.
- ↑ Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.314.
- ↑ Таботабоӣ, тафсири ал-Мизон, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1370ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.232/ Ҷаводии Омулӣ, тафсири Тасним, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.285.
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.9, саҳ.164.
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.9, саҳ.162.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.671/ Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, Муассисату Ол-ил-Байт лиэҳё-ит-турос, ҷ.4, саҳ.57/ Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-Сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1370ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.231–232.
- ↑ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.30.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.292.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.605/ Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.88.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.292.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1370ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.231–232.
Сарчашма
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, Бейрут, Дорусодир, [ бе то ].
- Ибни Арабӣ, Муҳиддин, Футуҳот-ул-маккийя, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт (а) лиэҳё-ит-турос, [ бе то ].
- Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди Беъсат, 1416ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, тафсири Тасним, Қум, маркази нашри Исро, 1378ҳ.ш.
- Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-балоғат ли-т-табоати ва-н-нашр, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, тафсири ал-Мизон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1377ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон ва мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1377ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёни фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, [бе то].
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Арусии Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-Сақалайн, Қум, интишороти Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Китоб-ут-тафсир, Теҳрон, чопхонаи илмия, 1380ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотеҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсири ас-Софӣ, Теҳрон, интишороти ас-Садр, 1415ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Ансорӣ, Явм-ул-фазаъ-ил-акбар, муҳаққиқ: Муҳаммад Иброҳим Салим, Миср, ат-Табъу ва-н-нашру мактабат-ул-Қуръон, [бе то].
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, ва дигарон, Тафсири Намуна, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1370ҳ.ш.