Хайбар

Аз wikishia
Хайбар
қалъаҳои Хайбар

Хайбар минтақае дар Арабистон аст, ки ҷанги Хайбар дар он рӯй дод.

Хайбар дар фосилаи 165-километрии Мадина воқеъ буда, маркази он, шаҳри "ал-Шурайф" аст.

Сокинони Хайбар дар садри Ислом яҳудӣ буданд. Тибқи навиштаи таъриънигорони мусалмон, ба сабаби инки онҳо сарони Маккаро барои ҳамла ба мусалмонон ташвиқу таҳрик мекарданд, Паёмбар(с) бо онҳо ҷангид.

Минтақаи Хайбар аз чанд қалъа иборат буда, баъзеҳо мегӯянд, ки ба ҳамин далел онро хайбар (қалъа) номидаанд. Дар ғазваи Хайбар, ки дар соли ҳафтуми қамарӣ рух дод, мусулмонон бо фатҳи қалъаҳои Хайбар пирӯз шуданд. Бархе аз қалъаҳоро Имом Алӣ (а) фатҳ кард. Пас аз ҷанг? яҳудиёнро аз ин минтақа берун накарданд, аммо қарор бар ин шуд, ки нисфи маҳсулоти кишоварзии худро ба мусулмонон пардохт кунанд.

Тибқи иттилои манобеъи таърихӣ, яҳудиён то замони Умар ибни Хаттоб - халифаи дуввум, ҳам дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд то инки ӯ онҳоро ба тарки ин минтақа маҷбур кард.

Сабаби номгузорӣ

Дар бораи иллати номгузории ин минтақа ба хайбар ривоятҳои мухталифе ҳаст.[1] Ба гуфтаи Ёқут Ҳамавӣ - ҷуғрофидон, хайбар калимаи ибрӣ ба маънои қалъа аст ва аз он рӯ, ки дар ин минтақа чанд қалъа вуҷуд доштааст, ба номи «хаёбир» шинохта шудааст.[2] Бархе ҳам гуфтаанд, иллат он будааст, ки аввалин касе ки дар инҷо сокин шуд, Хайбар ном дошт.[3]

Ёқут Ҳамавӣ аз ҳафт қалъа дар ин ноҳия ном бурдааст,[4] Яъқубӣ ададашонро шаш қалъа дониста[5] ва дар китоби Таърихи Паёмбари Ислом, дар ғазваи Хайбар аз фатҳи даҳ қалъа ба дасти мусулмонон хабар омадааст.[6] Бар асоси гузориши Сайидҷаъфар Муртазо дар ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набӣ, яҳудиён дар Хайбар дорои ҳашт ҳисн (диж ё қалъа) буданд, ки иборатанд буд аз: Натот, Ватиҳ, Салолим, Катиба, Шиқ, Саъб, Ноъим ва Қамус.[7]

Вазъияти ҷуғрофӣ ва иқлимӣ

Намое аз минтақаи Хайбар

Минтақаи Хайбар дар Арабистон ва шимоли Мадина воқеъ аст ва ҳудуди 165 километр бо Мадина фосила дорад. Маркази он, шаҳри ал-Шурайф аст.[8] Ба гуфтаи Ёқут Ҳамавӣ, Хайбар дар гузашта ҳашт манзил[9] ё панҷ рӯз[10] бо Мадина фосила доштааст. Хайбар ҳамчун ноҳияи ҳосилхез маъруф буда, чашмаҳои бисёр дошта, мазраъаҳо ва дарахтони хурмои фаровон доштааст.[11]

Таърихча

Ҳангоми ҷанги мусулмонон бо аҳолии Хайбар; яъне дар ғазваи Хайбар, сокинони ин минтақа яҳудӣ буданд. Таъйини замони вуруди яҳудиён ба ин минтақаро душвор донистаанд. Бархе гузоришот аз ҳамзамонии ҳамлаи румиҳо ба Фаластин ва вуруди яҳудиён ба минтақаи Хайбар хабар додаанд. Гуруҳе ҳам мегӯянд, яҳудиён пештар аз ин дар замони ҳукумати бобулиҳо бар Байтулмуқаддас ба ин минтақа муҳоҷират кардаанд.[12]

Пас аз пирӯзии мусулмонон дар ҷанги Хайбар, амлоки ин минтақа ба унвони ғанимат ба мусулмонон расид, аммо бо дархости яҳудиёни сокини Хайбар, Паёмбар ба онҳо иҷоза дод дар Хайбар бимонанд, ба шарти онки ниме аз маҳсулоти кишоварзии худро ба мусулмонон пардохт кунанд.[13]

Ба гуфтаи муаррихон, яҳудиён то давраи халифаи дувум - Умар ибни Хаттоб, ҳам дар Хайбар сукунат доштанд, то инки ӯ бо истинод ба ривояте мансуб ба Паёмбар (с) мабнӣ бар инки дар Ҷазиратулъараб ду дин намегунҷад, ононро маҷбур ба муҳоҷират кард.[14]

Ғазваи Хайбар

Фотеҳи Хайбар, (акси кандани дарвозаи қалъаи Хайбар ба дасти Имом Алӣ (а)) ранги равған рӯи бум, асари Ҳасан Рӯҳуламин, 1397ҳ.ш., 180 * 280 сантиметр

Мақолаи аслӣ: Ғазваи Хайбар

Дар соли ҳафтуми қамарӣ, Паёмбари Ислом (с) ҳамроҳи сипоҳе ба Хайбар ҳамла кард.[15] Дар ин ҷанг, мусулмонон қалъаҳои Хайбарро фатҳ карданду пирӯз шуданд.[16] Ин ҷангро Ғазваи Хайбар номиданд.[17] Муаррихон иллати вуқуъи ин ҷангро он донистаанд, ки яҳудиёни Банӣ Назир, ки пас аз тавтеъаи қатли Паёмбар аз Мадина ихроҷ шуда, ба Хайбар рафта буданд, сарони Маккаро барзидди мусулмонон ба ҷанг таҳрик мекарданд.[18]

Ба гузориши Ибни Ҳишом дар Сираи Ибни Ҳишом, Паёмбар (с) дар фатҳи яке аз қалъаҳои Хайбар, парчами фармондеҳии сипоҳро ба дасти Абубакр ва сипас Умар ибни Хаттоб дод, аммо ҳар ду бидуни пирӯзӣ баргаштанд. Пас аз ин, парчамро ба Имом Алӣ (а) супорид ва ваъда дод, ки қалъа ба дасти ӯ фатҳ мешавад ва ӯ қалъаро фатҳ кард.[19]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.526 - 527.
  2. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.409.
  3. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.526.
  4. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.409.
  5. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.56.
  6. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.409 - 410.
  7. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-наби-ил-аъзам, алношир: муассисаи илмӣ- фарҳангии Дорул-ҳадис, созмони чоп ва нашр, ҷ.17, саҳ.70.
  8. Ноҷӣ, “Хайбар, ғазва”, саҳ.584.
  9. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.2, саҳ.409.
  10. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.3, саҳ.29.
  11. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.525.
  12. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, Бейрут, ҷ.6, саҳ.527.
  13. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.337.
  14. Наҳравонӣ, Таърих-ул-Мадина, Бур Саъид, Миср, саҳ.87.
  15. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.56.
  16. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.409 - 410.
  17. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.407.
  18. Воқидӣ, китоби ал-Мағозӣ, 1966м., ҷ.2, саҳ.441 - 442.
  19. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.334 - 335.

Сарчашма

  • Алӣ, Ҷавод, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, Бейрут, 1976 - 1978м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Лондон, 1966м.
  • Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва Иброҳим ал-Обёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Наҳравонӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Мадина, таҳқиқи Муҳаммад Зайнуҳум, Муҳаммад Азб, Бурсаъид (Миср), Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Ноҷӣ, Муҳаммадризо, “Хайбар, ғазва”, Донишномаи ҷаҳони Ислом, зери назари Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, ҷ.16, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом, таҳқиқи Абулқосими Гурҷӣ, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, чопи шашум, 1378ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир.