Jump to content

Таҳаннус

Аз wikishia
Ғори Ҳиро - маҳалли таҳаннуси Пайғамбар (с)

Таҳаннус (арабӣ: التَّحَنُّث) суннате ибодӣ дар миёни яктопарастони Қурайш пеш аз зуҳури Ислом буд.[1] Дар ин суннат қурайшиҳо дар моҳи рамазон аз зиндагии иҷтимоӣ фосила гирифта ва дар ғори Ҳиро ба ибодат мепардохтанд ва пас аз як моҳ ибодат бо тавофи Каъба бозмегаштанд.[2]

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Абдулмутталиб бунёнгузори ин суннат буд[3] ва пас аз вай шахсоне монанди Варақа ибни Навфал ва Абуумайя ибни Муғайра низ ба он амал мекарданд.[4] Пайғамбари Ислом (с) низ пеш аз мабъус шудан ба пайғамбарӣ, махсусан дар моҳи рамазон, дар ғори Ҳиро ба таҳаннус мепардохт.[5] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, Қурайш низ ба поси эҳтироми Абдулмутталиб, ҳаққи авлавияти истифода аз ғорро барои наберааш Муҳаммад (с) нигаҳ медоштанд.[6]

Баъзе нависандагон аз ҳамроҳии Имом Алӣ, алайҳиссалом, ва ҳазрати Хадиҷа, саломуллоҳи алайҳо, бо Пайғамбар дар ин давра сухан гуфтаанд.[7] Аммо ба гуфтаи Маҳмуди Ромёр, қуръонпажӯҳ, ин ҳамроҳӣ танҳо дар расондани обу нон буда ва Пайғамбар худ танҳо ба ибодат дар ғор мепардохтааст.[8] Расули Ҷаъфариён, таърихпажӯҳи шиа, низ бар асоси китоби ал-Ҷавомеъ-ус-сират-ун-набавия - навиштаи Ибни Ҳазм,[9] бар ин бовар аст, ки Пайғамбар ба танҳоӣ барои ибодат ба ғор мерафт ва пеш аз ӯ суннати ҷиддие дар ин замина набудааст, ки нишондиҳандаи пайравӣ аз шахси дигаре бошад.[10]

Ин давраи гӯшанишинӣ заминасози беъсати Пайғамбар ба шумор меравад.[11] Пас аз беъсат эътикоф дар масҷид ба ҷои таҳаннус матраҳ шуд.[12]

Эзоҳ

  1. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105
  3. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338
  4. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105
  6. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.226
  7. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.301; Хӯӣ, Минҳоҷ-ул-бароа, 1400ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.39
  8. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1384ҳ.ш., саҳ.36
  9. Ибни Ҳазм, ал-Ҷавомеъ-ус-сират-ун-набавия, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.36
  10. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.227
  11. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.227
  12. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1384ҳ.ш., саҳ.36 ва 37

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дор-ул-фикр, Чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Ҷавомеъ-ус-сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бетаърих
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, Чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Муассисаи интишороти Амири Кабир, Чопи шашум, 1384ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, 1400ҳ.қ.,
  • Ҳалабӣ, Абулфараҷ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1427ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сираи Расули Худо (с), Қум, Далели мо, Чопи севум, 1383ҳ.ш.