Ҳорун (пайғамбар)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳорун (а))
Ҳорун
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
Мақбараи Ҳорун
НақшПайғамбар
МадфанКӯҳи Ҳур дар ғарби Урдун
хешу табор
ПадарИмрон
МодарЮкобид
ФарзандонАлиозар
Тули умр123 сол
Пайғамбарон
‌‌Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с)



Ҳорун ибни Имрон (форсӣ: هارون بن عمران) аз пайғамбарони Илоҳӣ, бародар, ҷонишин ва ҳамроҳи ҳазрати Мусо (а) буд, ки дар Қуръон аз қавли Мусо ба фасоҳаташ дар сухан гуфтан ишора шудааст. Дар ҳадисе аз Пайғамбари Акрам, ҷойгоҳи Имом Алӣ (а) нисбат ба Пайғамбари Акрам ба ҷойгоҳи Ҳорун нисбат ба Мусо монанд шудааст. Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шуда ва ба ҳадиси Манзалат маъруф аст.

Ҳангоме, ки Мусо барои гирифтани Алвоҳ ба Тӯри Сино рафт, Ҳорунро ҷонишини худ қарор дод. Дар ин муддат, фарде ба номи Сомирӣ гӯсолае сохт ва Банӣ Исроилро ба парастиши он даъват кард ва Ҳорун натавонист монеъи онҳо шавад; албатта Таврот, сохти гӯсоларо ба Ҳорун нисбат додааст.

Ҳорун дар 123-солагӣ дар Тӯри Сино аз дунё рафт, дар кӯҳи Ҳӯри Урдун, ки ба Ҷабали Ҳорун шуҳрат дорад, мақбарае ба ӯ мансуб аст.

Хонадон

Ҳорун, бародари ҳазрати Мусо буд, падараш Имрон ва модараш Юкобад ном дошт.[1] Насаби Сафия духтари Ҳуяй ибни Ахтаб аз ҳамсарони ҳазрати Муҳаммад (с) ки аз яҳудиёни Банӣ Назир буд, ба ӯ мерасад.[2]

Пайғамбарӣ

Яҳудиён, масеҳиён[3] ва мусулмонон[4] мӯътақид ба пайғамбарии Ҳорун ҳастанд. Бар пояи ривояте аз Пайғамбари Акрам, набувват аз тариқи насли Ҳорун идома ёфтааст[5] ва пайғамбароне аз ҷумла Илёс аз наводагони ӯ ба шумор меоянд.[6]

Бинобар оёти Қуръон, ҳазрати Мусо ҳангоми мабъус шудан ба пайғамбарӣ, аз Худо хост, ки Ҳорунро вазир ва ҳамроҳи ӯ қарор диҳад, чароки ӯ беҳтар аз Мусо сухан мегӯяд.[7] Ҳамчунин дар оёти Қуръон аз ҳамроҳии Ҳорун бо Мусо дар даъвати Фиръавн ба яктопарастӣ сухан ба миён омадааст.[8] Аз Имом Алӣ (а) дар васфи ҳолоти Мусо ва Ҳорун нақл шудааст, ки ҳазрати Мусо ба ҳамроҳи Ҳорун, дар ҳоле назди Фиръавн рафтанд, ки либоси пашмин бар тан ва асои чубин дар даст доштанд.[9] Дар ашъори форсӣ низ аз вай дар канори Мусо ёд шудааст:

Гилеми Мусою Ҳорун беҳ аз молу зари Қорун,
Чаро шояд, ки бифурӯшӣ ту дидоре ба динорӣ[10]

Дар Қуръон ба пайғамбарии Ҳорун ишора шудааст.[11] Дар сураи Соффот, Мусо ва Ҳорун дар баҳрамандӣ аз китоби Илоҳӣ, ҳидоят ба сироти мустақим ва некӯкор будан, шарик муаррифӣ шудаанд.[12]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) ба нақл аз ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки дар ҷараёни Меъроҷ, вақте Пайғамбар ба осмони панҷум суъуд кард, он ҷо марде тануманд бо чашмоне дуруштро мушоҳида кард, ки перомуни ӯ гурӯҳе аз умматаш буданд. Пайғамбар аз зиёдии онҳо мутааҷҷиб шуда, аз Ҷабраил пурсид, ин мард кист? Ҷабраил ӯро Ҳорун писари Имрон муаррифӣ кард. Сипас Пайғамбар бар ӯ салом доду барояш истиғфор кард ва ӯ низ ба Пайғамбар салом доду барояш истиғфор намуд.[13]

Ҷонишинии Мусо ва моҷарои гӯсолаи Сомирӣ

Мақолаи аслӣ: Гӯсолаи Сомирӣ

Ҳангоме, ки Мусо барои гирифтани Алвоҳ ба Тӯри Сино рафт, Ҳорунро байни Банӣ Исроил ҷонишини худ қарор дод.[14] Дар ин муддат Сомирӣ бо тиллоҳое, ки қавми Мусо аз фиръавниён бо худ ба ҳамроҳ оварда буданд, гӯсолае сохт[15] ва қавми Мусоро ба парастиши он даъват намуд.[16] Талоши Ҳорун барои ҷилавгирӣ аз парастиши гӯсола фоидае надошт.[17] Мусо баъд аз бозгашт, ба сахтӣ бо Ҳорун сухан гуфт, ки чаро монеъи онҳо нашудааст. Ҳорун гуфт, ки қавм наздик буд ӯро ба қатл бирасонанд, ва аз Мусо дархост кард, ки ӯро душманшод накунад ва бо золимон яксон напиндорад.[18] Аз ин рӯ, Мусо барои худ ва бародараш аз Худованд талаби бахшиш кард.[19]

Бинобар оёти Қуръон, гӯсолапарастии Банӣ Исроил, кори Сомирӣ буд[20] ва Ҳорун бо он мубориза кард,[21] аммо Таврот, Китоби Муқаддаси яҳудиён, гӯсоласозӣ ва даъват ба бутпарастиро ба Ҳорун нисбат додааст.[22] Ҳарчанд бархе аз муфассирони яҳуд дар садади тавҷеҳ ва таъвили сухани Таврот дар ин замина баромадаанд.[23]

Монанд кардани ҷойгоҳи Имом Алӣ (а) ба Ҳорун

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Манзалат

Дар ҳадисе аз Пайғамбари Акрам (с), ҷойгоҳи Имом Алӣ (а) нисбат ба Пайғамбар (с) ҳамонанди ҷойгоҳи Ҳорун нисбат ба Мусо муаррифӣ шудааст.[24] Ин ҳадис дар манобеи шиа[25] ва суннӣ[26] нақл шуда ва ба ҳадиси Манзалат шинохта мешавад. Бар асоси ин ҳадис Пайғамбари Акрам (с) хитоб ба Алӣ (а) фармуд: «أنتَ مِنّی بِمَنزلةِ هارونَ مِنْ مُوسی; Ту нисбат ба ман ба манзалаи Ҳорун ҳастӣ нисбат ба Мусо бо ин фарқ, ки баъд аз ман пайғамбаре нест!»[27]

Даргузашт ва оромгоҳ

Қабри мансуб ба ҳазрати Ҳорун дар рустои Катрини Урдун

Ба гуфтаи Яъқубӣ,[28] Ҳорун дар 123-солагӣ ва дар замони ҳаёти ҳазрати Мусо (а), ба нақли Масъудӣ[29] дар сини 126-солагӣ ва бинобар нақли Муқаддасӣ дар китоби “ал-Бадъу ва-т-таърих”,[30] вай дар сини 128-солагӣ ва се сол қабл аз Мусо (а) аз дунё рафтааст. Бар асоси ривояте аз Пайғамбар (с) синии Ҳорун ба ҳангоми марг 133 сол буд.[31]

Бар пояи ривояте, Мусо Ҳорунро ба кӯҳи Тӯри Сино бурд ва дар он ҷо малакулмавт ҷони ӯро гирифт.[32] Мутобиқи ҳадиси мазкур, Мусо ба ҳамроҳи Ҳорун ба Тӯри Сино рафтанд ва дар он ҷо утоқеро диданд, ки бар дар он дарахте буд ва бар он дарахт ду либос овезон буд, Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ҷомаатро берун ор ва ин ду ҷомаро бипӯшу ба даруни утоқ даро ва бар тахте, ки дар он қарор дорад, бихоб!» Чун Ҳорун бар тахт хобид, маргаш фаро расид. Мусо ба назди Банӣ Исроил бозгашт ва хабари марги Ҳорунро ба онҳо дод. Банӣ Исроил Мусоро такзиб карда, гуфтанд: ту ӯро куштаӣ! Худо ба фариштагон дастур дод ҷанозаи Ҳорунро бар тахте дар ҳаво ҳозир карданд ва Банӣ Исроил ӯро диданд ва донистанд, ки Ҳорун аз дунё рафтааст.[33] Бино ба гузориши Яъқубӣ, Алиозар фарзанди Ҳорун низ дар ҷараёни марги падараш ба ҳамроҳи Мусо будааст.[34]

Дар ғарби Урдун бар қуллаи кӯҳи Ҳӯр мақбарае мансуб ба Ҳорун аст.[35] Ин кӯҳ ба номи «Петро» ва «Ҷабали Ҳорун» низ шуҳрат дорад.[36] Бинои ин мақбара ба қарни ҳаштуми қамарӣ бармегардад.[37] Ҳамчунин мақбараи дигаре дар рӯстои «Катринус-саёҳия» дар Урдун - дар ҳошияи соҳилии халиҷи Ақаба - бар болои теппаи хӯрде ба Ҳорун мансуб аст.[38]

Эзоҳ

  1. Китоби Муқаддас, китоби хуруҷ, боби 6, ояти 20.
  2. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1871.
  3. Китоби Муқаддас, китоби хуруҷ, боби 32, ояти 2 - 6.
  4. Сураи Марям, ояти 53.
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.70.
  6. Ибни Манзур, Мухтасару таърихи Димишқ, 1402ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.23.
  7. Сураи Фурқон, ояти 35; сураи Қасас, ояти 34.
  8. Сураи Тоҳо, ояти 42 - 48.
  9. Файзулислом, Наҳҷулбалоға, хутбаи Қосиъа, ҷ.4, саҳ.790.
  10. Мавлавӣ, Девони Шамс, ғазали шумораи 2534.
  11. Сураи Марям, ояти 53.
  12. Сураи Соффот, ояти 114 - 122.
  13. Машоих, Қасаси анбиё, 1381ҳ.ш., саҳ.330.
  14. Сураи Аъроф, ояти 142.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.192.
  16. Сураи Тоҳо, ояти 87.
  17. Сураи Тоҳо, ояти 90 - 91.
  18. Сураи Аъроф, ояти 150.
  19. Сураи Аъроф, ояти 151.
  20. Сураи Тоҳо, ояти 85.
  21. Сураи Тоҳо, ояти 90.
  22. Китоби Муқаддас, китоби хуруҷ, боби 32, оёти 1 - 6.
  23. Анҷумани калимиёни Теҳрон, “Тарҷумаи Китоби Муқаддас”, понависи дувум.
  24. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208.
  25. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.14.
  26. Барои намуна нигоҳ кунед ба Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дорулҷил/Дорул-офоқилҷадида, ҷ.7, боби мин фазоили Алӣ ибни Абитолиб, саҳ.120.
  27. Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дорулҷил/Дорул-офоқилҷадида, ҷ.7, боби мин фазоили Алӣ ибни Абитолиб, саҳ.120; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.14.
  28. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.41.
  29. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, нашри Ансориён, саҳ.64.
  30. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатуссақофатиддиния, ҷ.3, саҳ.92.
  31. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.524.
  32. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.368.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.368.
  34. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.41.
  35. Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1377ҳ.ш., саҳ.114.
  36. “Мақом-ун-набӣ Ҳорун алайҳиссалом”, ирсул-Урдун.
  37. “Мақом-ун-набӣ Ҳорун алайҳиссалом”, ирсул-Урдун.
  38. Ромининажод, “Мазори ҳазрати Ҳорун (алайҳиссалом)”, Росихун.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Али Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Мухтасару таърихи Димишқ, таҳқиқ: Рӯҳия ан-Нуҳос ва Риёз Абдулҳамид Мурод ва Муҳаммад Мутиъ, Димишқ, Дорулфикр, 1402ҳ.қ./1984м.
  • Китоби Муқаддас.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), нашри Ансориён, чопи сеюм, 1384 / 1426ҳ.қ.
  • Машоих, Фотима, Қасаси анбиё, Теҳрон, интишороти Фараҳон, 1381ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муслим, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дорулҷил/Дорул-офоқилҷадида, бе то.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабатуссақофатиддиния, бе то.
  • Ромининажод, Ромин, «مزار حضرت هارون (علیه‌السلام)», Росихун, санаи боздид 28 фарвардини 1398ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхӣ, Ҳамидризо, Пайғамбар аз нигоҳи Қуръон ва Аҳли Байт, Қум, Дорулҳадис, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ҳокс, Ҷеймс, Қомуси Китоби Муқаддас, Теҳрон, интишороти асотир, 1377ҳ.ш.
  • « مقام النبی هارون علیه‌السلام»، ارث الاردن., ирсул-Урдун, санаи боздид 28 фарвардини 1398ҳ.ш.