Мадина

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ясриб)
Масҷидуннабӣ дар Мадина

Мадина ё Мадинатуннабӣ, ба маънои шаҳри Пайғамбар, дуввумин шаҳри муҳимми мазҳабии мусулмонон буда ва дар кишвари Арабистон қарор дорад. Ҳиҷрати Пайғамбари Акрам (с) ба ин шаҳр оғози солшумории мусулмонон гашт.

Масҷид ва марқади Пайғамбари акрам (с), қабристони Бақиъ, мадфани чаҳор имоми шиа ва бисёре аз бузургони Ислом ва низ маконҳои муқаддаси дигаре дар он ҷой гирифтааст. Бо ҳиҷрати Пайғамбари Ислом (с) ба ин шаҳр, номи он аз Ясриб ба Мадинатуннабӣ тағйир кард ва то соли 36ҳ.қ. пойтахти нахустин ҳукумати Исломӣ буд.

Ҷангҳои мусулмонон бо мушрикон, набарди Пайғамбар бо яҳудёни Мадина, шуриш алайҳи халифаи сеюми мусулмонон ва кушта шудани ӯ, воқеаи Ҳарра, қиёми Нафси Закия ва қиёми шаҳиди Фах аз ҳаводис бисёр муҳим дар таърихи ин шаҳр ба шумор мераванд. Аксари имомони шиа дар Мадина сокин будаанд.

Сафар ба Мадина ва зиёрати маконҳои муқаддаси он ва намоз хондан дар Масҷидуннабӣ суннати роиҷе байни мусулмононе аст, ки озими ҳаҷ ё умра ҳастанд.

Ҷуғрофиёи Мадина

Арабистон

Мадина (номи пеш аз ҳиҷрат: Ясриб) аз шаҳрҳои аслии кишвари Арабистон аст ва дар 450-километрии шимоли шарқии Макка дар ноҳияи Ҳиҷоз қарор дорад.[1]

Ин шаҳр дар шимоли ғарбии нимҷазираи Арабистон дар дашти ҳамвор воқеъ аст. Тӯли ҷуғрофиёии он, 39 дараҷаву 59 дақиқаи шарқӣ ва арзи ҷуғрофиёиаш, 24 дараҷаву 57 дақиқаи шимолӣ аст.[2] Ин шаҳр аз сатҳи дарё 597 то 639 метр иртифоъ дорад.[3][4]

Шаҳри Мадина дар миёни ду қатор теппаҳои Ҳарра (сангҳои сиёҳе, ки ба ҳолати дурушт сатҳи заминро пушонда ва пастию баландии теппаӣ доранд, вале ба сурати куҳ нестанд) қарор гирифта, ки яке дар шарқ бо номи «Ҳаррату воқим» ва дигаре дар ғарб бо номи «Ҳаррату вабара» аст.[5] Ошкортарин кӯҳ дар Мадинаи Мунаввара, кӯҳи Уҳуд аст.

Обу ҳаво

Намое аз шаҳри Мадина
Намое аз шаҳри Мадина

Ҳавои Мадина гарму биёбонӣ аст, вале нисбат ба шаҳри Макка муътадил ва дамои он поинтар аст. Тобистонҳо дамои ин шаҳр то беш аз 45 дараҷаи сонтиград боло меравад. Оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ дар ин шаҳр ғолибан аз боришҳои осмонӣ ва чоҳ таъмин мешавад.

Дар гузашта, обҳои зеризаминии Мадина дар сатҳи каме аз замин қарор дошта ва бо кандани чоҳ ба осонӣ ба даст меомада ва аз чоҳ барои истеъмоли кишоварзӣ ва ошомиданӣ истифода мекардаанд.[6]

Вазъияти ҷамъиятӣ

Дар солҳои ахир, ҷамъияти Мадина ба беш аз як миллиону сесад ҳазор нафар расидааст.[7] Сокинони шаҳр ҳамагӣ мусулмонанд, вале дар беруни шаҳри коргарони муҳоҷири ғайримусулмон низ зиндагӣ мекунанд.

Пеш аз Ислом, ду гурӯҳи араб ва яҳуд дар Ясриб зиндагӣ мекарданд. Қабоили яҳудӣ иборат буданд аз: Банӣ Қайнуқоъ, Банӣ Назир ва Банӣ Қурайза, ки умдатан дар ҷануб ва ҷануби шарқӣ, сокин буданд.[8] Гурӯҳи араб иборат буданд аз ду тоифаи Авс ва Хазраҷ. Ҷамъияти хазраҷиён се баробари Авс буд ва дар навоҳии марказии Мадина мезистанд. Ҷамъияти араби Ясриб, бисёр беш аз яҳудиён будааст. Байни Авс ва Хазраҷ, низоъҳои зиёде ҷараён дошт ва ин низоъҳо ба миёни қабоили яҳуд низ сироят карда буд.

Дар миёнаҳои қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ба тадриҷ хонадоне аз насли Имом Ҳусайн (а) дар Мадина ба қудрат расиданд ва ба унвони «Ашроф» қарнҳо дар ин ноҳия ҳукумат карданд, ки дар бархе давраҳо имомимазҳаб ё зайдимазҳаб буданд. Дар қарни панҷуму шашум низ шаҳри Мадина зери нуфузи ташайюъ қарор дошт, ки аз як сӯй ношӣ аз сайтараи давлати Фотимиён ва аз сӯи дигар мадюни фаъолияти олимони шиаи ироқӣ дар Ҳиҷоз буд. Содоти Ҳусайнии Мадина (эшонҳое ки аз насли Имом Ҳусайнанд) то авохири қарни ёздаҳум мустақил буданд, аммо аз соли 1099 ҳиҷрӣ ба дастури давлати Усмонӣ, Мадина зери назари Макка даромад. Бо ин ҳол бархе аз онҳо аз ҷумла тоифаҳои «Ҳавошим» (яъне ҳошимиҳо) ҳамчунон бар ташайюъи имомӣ устувор буданд.[9] Имрӯза, Нуховила бузургтарин гурӯҳи имомӣ дар Мадина ҳастанд.

Ҳамакнун сокинони Мадина, мусулмон ва ғолибан бар мазҳаби аҳли суннатанд.

Иқтисоди Мадина

Дар замони давраи зуҳури Ислом, Мадина аз назари иқтисодӣ бо Макка тафовут дошт. Иқтисоди Макка бар пояи бозаргонӣ буд, вале иқтисоди Мадина ғолибан бар ҳавли меҳвар кишоварзӣ мечархид. Кишту заръ дар мазраъаҳову нахлистонҳои навоҳии мухталифи минтақа аз ҷумла Қубо ва наздики куҳи Уҳуд[10] равнақ дошт.

Хурмо ва ангур муҳимтарин маҳсулоти Мадина буданд, аммо нахл маншаи аслии ҳаёти иқтисодӣ дар ин шаҳр ба шумор мерафт, ки аз меваи он ба унвони ғизо ва аз чӯби он дар сохтмонҳо истифода мешуд.[11] Бо ин ҳол ғолиби мардум аз вазъияти молии муносибе бархӯрдор набуданд.[12]

Номҳои Мадина дар Қуръон

Номи қадим ва номи ҳозираи он дар Қуръон ба кор рафтааст:

"Мадина"
Худо дар Қуръон фармуда:

یقُولُونَ لَئِن رَّ‌جَعْنَا إِلَی الْمَدِینَةِ لَیخْرِ‌جَنَّ الْأَعَزُّ مِنْهَا الْأَذَلَّ

тарҷума:
“Мегӯянд: агар ба Мадина баргардем, қатъан касеки иззатмандтар аст он забунтарро аз онҷо берун хоҳад кард” (сураи Мунофиқун, ояти 8)

Ҳамҷунин Худо дар Қуръон фармуда:

وَ مِمَّنْ حَوْلَکمْ مِنَ الْأَعْرابِ مُنافِقُونَ وَ مِنْ أَهْلِ الْمَدِینَةِ

тарҷума:
«...Баъзе аз аҳли Мадина мунофиқанд...» (сураи Тавба, ояти 101)

"Ясриб"
Ясриб ном қадим ва пеш аз ҳиҷрати Пайғамӣар (с) ба ин шаҳр аст. Дар Қуръон омада:

وَ إِذْ قالَتْ طائِفَةٌ مِنْهُمْ یا أَهْلَ یثْرِبَ...

тарҷума:
“Ва тоифае аз онҳо гуфт, ки эй аҳли Ясриб...” (сураи Аҳзоб, ояти 13)

Зуҷоҷӣ гуфта ки: Ясриб номи бонии он аст ва ӯ Ясриб ибни Қония ибни Маҳлоил ибни Ирам ибни Абил ибни Авс ибни Ирам ибни Сом ибни Нуҳ аст. Чун яке аз наводагони ҳазрати Нӯҳ алайҳиссалом ба номи «Ясриб» бо хонадони худ дар ин сарзамин сокин шуд, аз он пас ин сарзамин «Ясриб» ном гирифт.

Ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина

Навиштори аслӣ: Ҳиҷрат ба Мадина

Расули Худо (с) 13 сол пас аз беъсат, дар оғози рабиулаввал роҳии Ясриб шуд. Ин ҳиҷрат пас аз бастани ду паймони Ақаба (ақабаи аввал ва дувум) бо мардуми Ясриб анҷом шуд. Ҳазрат пас аз иқомати чандрӯза дар Қубо, роҳии он ҷо шуд. Иллати аслии муҳоҷирати мусулмонон ба Ясриб, фишор ва озорҳои мушрикони Макка ва байъати ясрибиён бо Пайғамбар (с) барои дифоъ аз мусулмонон буд.

10 соли поёнии умри Пайғамбар умдатан дар Мадина сипарӣ шуд ва ин шаҳр пойгоҳи густариши Ислом буд.[13]

Иқдомоти Расули Худо дар Мадина

  • Сохти масҷид

Аввалин иқдоми Расули Худо (с) дар Мадина сохтани масҷид буд; ҷойгоҳе, ки илова бар марказияти ибодӣ, марказияти фарҳангӣ, сиёсӣ ва идорӣ низ дошт; марказе, ки яке аз такягоҳҳои аслии Ислом дар миёни мусулмонон будааст.[14]

  • Эҷоди паймоннома

Иқдоми дувуми Расули Худо (с), эҷоди як паймони умумӣ миёни мусулмонон Мадина буд. Дар ин муоҳида, ки ҳамаи мусулмонон барои иҷрои он тааҳҳуд ва байъат карданд, ҳокимият барои Худо ва Расул шинохта шуда ва бахше аз қавонини ҳуқуқӣ ва ҷазоии Ислом ба унвони қонун пазируфта шуда буд.[15] Бархе аз меҳварҳои паймонномаи Паёмбар (с) дар Мадина иборат аст аз:

  • Ҳамдилии мусулмонон дар пардохтани хунбаҳо;
  • Мамнуияти ҳампаймон шудани муъминони бар зидди ҳамдигар;
  • Зулмситезӣ ва золимситезӣ;
  • Парҳез аз ёрӣ кардани кофарон алайҳи муъминон;
  • Имкони паноҳ додан ба кофарон аз сӯй ҳар мусулмоне;
  • Ҳамроҳӣ ва ҳамёрии муъминон бо якдигар дар ҷангу ҷиҳод.[16]
  • Иҷрои ақди ухувват

Сеюмин иқдоми Расули Худо (с) эҷоди ақди бародарӣ байни мусулмонон буд. Он ҳазрат мусулмононро бо якдигар бародар кард, то нисбат ба ҳам иртибот ва пайванди наздиктаре дошта бошанд.[17]

Мадина, маркази ҳукумати исломӣ

«Мадина ки то ин замон (ҷанги Ҷамал) маркази хилофати исломӣ буд аз он пас дигар аз аҳамияти идорӣ ва сиёсӣ афтод ва танҳо узлатгоҳи саҳобаву тобеин ва маркази таълими Қуръон ва суннат шуд ва ҳамчунин маҳалли тафарруҷу истироҳати уммоли маъзул.»

Мадина дар давраҳои мухталифе пойтахти ҳукумати исломӣ буд. Ин марказият аз замони ҳукумати ҳазрати Расул (с) оғоз шуд ва то поёни ҳукумати Имом Ҳасан (ба ҷуз 3 сол аз ҳукумати Имом Алӣ) яъне соли 41 ҳиҷрии қамарӣ идома дошт.

Муддате низ дар давраи ҳокимияти Нафси Закия (соли 145 ҳиҷрии қамарӣ) маркази давлати исломӣ буд.(ниёзманди манбаъ)

Мадина, маҳалли таваллуд ва дафни маъсумин

Ин шаҳр маҳали таваллуди теъдоде аз имомони шиа аст. Имом Ҳасан (а),[19] Имом Ҳусайн (а),[20] Имом Саҷҷод (а)[21] Имом Боқир (а)[22] Имом Содиқ (а), Имом Козим (а),[23] Имом Ризо (а),[24] Имом Ҷавод (а),[25] Имом Ҳодӣ (а)[26] ва Имом Аскарӣ (а)[27] дар Мадина ба дунё омаданд.

Имоми Алӣ (а) дар Макка ва Имоми Замон (а) дар Сомирро ба дунё омадаанд.(ниёзманди манбаъ)

Ҳамин тавр марқади чаҳор тан аз имомони шиа, яъне Имом Ҳасан (а),[28] Имом Саҷҷод (а),[29] Имом Боқир (а)[30] ва Имом Содиқ (а)[31] дар ин шаҳр қарор дорад.

Масоҷиди Мадина

  • Масҷидуннабӣ
Навиштори аслӣ: Масҷидуннабӣ
Қабристони Бақиъ ва Масҷидун-Набӣ

Шарифтарин масҷид пас аз Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ дар шаҳри Мадина аст. Расули Худо (с) дар бораи намоз хондан дар ин масҷид фармуд:

صَلَاةٌ فِی مَسْجِدِی هَذَا تَعْدِلُ عِنْدَاللهِ عَشَرَةَ آلافِ صَلَاةٍ فِی غَیرِهِ مِنَ الْمَسَاجِدِ إِلَّا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ فَإِنَّ الصَّلَاةَ فِیهِ تَعْدِلُ مِائَةَ أَلْفِ صَلَاةٍ


тарҷума:
Намоз хондан дар масҷиди ман назди Худованд, баробар бо даҳ ҳазор намоз дар масоҷиди дигар аст, ҷуз Масҷидулҳаром, ки намоз дар он баробар бо сад ҳазор намоз аст.[32]

  • Масҷиди Қубо
Навиштори аслӣ: Масҷиди Қубо
Намое аз Масҷиди Қубо

Минтақаи Қубо дар фосилаи шашкилометрии ҷануби Масҷидуннабӣ қарор дорад ва аз нуқоти хуш обу ҳавои атрофи Мадина ба шумор меравад. Бино ба нақли ривоёти бисёр, Масҷиди Қубо мисдоқи ояти «لمسجد أسس علی التقوی من أول یوم أحق أن تقوم فیه»» мебошад. Масҷиди Қубо нахустин масҷиде аст, ки Расули Худо (с) онро бино кардааст.[33]

Дар ҳадис аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

مَنْ تَطَهَّر فی بَیتِهِ ثُمَّ أَتی مَسْجِدَ قُبا فَصَلی فیه رَکْعتْین کانَ له کَأَجْرِ عُمْرَة

тарҷума:
Касе ки дар хонааш, худро покизаву тоҳир кунад ва сипас ба Масҷиди Қубо биёяд ва дар он намоз бихонад, подоши як умра хоҳад дошт.[34]

  • Масҷиди Шаҷара
Навиштори аслӣ: Масҷиди Шаҷара
Масҷиди Шаҷара дар шаҳри Мадина

Ин масҷид, ки имрӯза ба номҳои «Шаҷара», «Зулҳулайфа» ва «абёри Алӣ» машҳур аст, яке аз масоҷиди бисёр муҳимми хориҷ аз Мадина буда ва ба унвони яке аз миқотҳо ва масоҷиди эҳром аҳамияти зиёде дорад.

  • Масҷиди ҷумъа

Пайғамбар (с) дар идомаи масир аз Қубо ба Ясриб, дар миёни қабилаи Банӣ Солим барои нахустин бор намози ҷумъаро иқома кард ва ҳамин масъала сабаб шуд, то маҳалли намоз хондани Расули Худо (с) ба унвони Масҷидулҷумъа шинохта шавад.

  • Масҷидулъумра

Масҷиде бо номи масҷидулъарафот ё масҷидулъумра дар тарафи қиблаи масҷиди Қубо будааст. Гуфта шуда ин номгузорӣ ба ин ҷиҳат буда, ки замоне дар рӯзи арафа Расули Худо (с) дар ин ҷо истода буд, замини он чунон соф шуд, ки ҳазрат аз он ҷо мардумонеро, ки дар Арафот истода будандро мушоҳида кард.[35]

Масҷиди Утбон ибни Молик Масҷиди Утбон ибни Молик низ яке аз масоҷиди минтақаи Қубо будааст. Ибни Утбон ки аз нуқабои ансор буд, аз Расули Худо (с) хост то ба хонааш бияёд то ӯ барои ҳазрати маҳалле барои намоз дуруст кунад. Иллати ин дархост ин буд, ки гоҳе авқот, сел байни ӯ ва масҷиди маҳал фосила меандохт. Расули Худо (с) ба хонаи ӯ рафта, ва дар қисмате аз хонааш намоз хонд ва ҳамон макон ба унвони масҷид шинохта шуд.[36]

  • Масҷиди Алӣ (а)

Ин масҷид дар ҷануби масҷиди фатҳ буда ва бар водии Батҳон ишроф дорад. Гуфта шуда дар муддати муҳосираи шаҳри Мадина дар ҷанги Аҳзоб, Амуралмуъминин Алӣ (а) дар он ба ибодат мепардохт.[37]

  • Масҷиди Фазих

Дар ҷараёни ғазваи Банӣ Назир, Расули Худо (с) дар ин маҳал хаймае дошта ва ба муносибати баракати ҳузури Пайғамбар (с) дар он макон масҷиде сохта шуд. Дар бораи номгузории ин масҷид гуфта шудааст, ки дар ин макон дарахти фазих қарор доштааст ки номи дарахти нахл будааст (фазих ба навъе шароб, ки аз дарахти нахл гирифта мешуд низ итлоқ шудааст).

Ин макон ба масҷиди раддушшамс низ шинохта мешавад ва дар чанд ривоят аз аимма (а) аз он ба унвони масҷиде ёд шуда, ки бояд онро зиёрат кард.[38]

Ҳамчунин бибинед: Масҷиди раддушшамс
  • Масҷиди зуқиблатайн
Навиштори аслӣ: Масҷиди зуқиблатайн

Масҷиде аст, ки дастури тағйири қибла аз Масҷидулақсо ба Каъба дар он бар Пайғамбари Ислом нозил шуд.[39] Ин масҷид дар шимоли ғарбии Мадина, ҳудуди 3-километрии масҷидуннабӣ қарор дорад.[40] Ин масҷид, ки дар соли дувуми ҳиҷрӣ сохта шуда буд, дар тӯли қарнҳо ба дафаот мавриди бозсозӣ қарор гирифтааст.[41]

Масоҷиди сабъа (ҳафтгона)

Дар шимоли ғарбии Мадина ва дар доманаи кӯҳи Салъ ҳафт масҷид, ки дар наздики ҳам қарор дорандро масоҷиди сабъа гӯянд, ки иборатанд аз: масҷиди Алӣ, масҷиди Салмон, масҷиди Фотима, масҷиди Абӯзар, масҷиди Зуқиблатайн, масҷиди Абубакр ва масҷиди Умар.[42]

Акс:مسجد غمامه.JPG
Намое аз масҷиди ғамома

Дар Мадина масоҷиди дигаре вуҷуд дорад, ки номҳои бархе аз онҳо иборат аст аз:

Маконҳои таърихӣ

  • Қабристони Бақиъ
Навиштори аслӣ: Бақиъ
Намое аз қабристони Бақиъ

Бақиъ қабристони маъруф ва қадимтарину шинохтатарин қабристон дар Ислом аст. Ин қабристон дар қисмати шарқии Мадина қарор дорад.

Мазори чаҳор тан аз пешвоёни маъсум, ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо, Имом Алӣ ибни Ҳусайн, Имом Боқир ва Имом Содиқ (а) ва низ Фотима бинти Асад ва ба қавле марқади ҳазрати Заҳро (с) дар ин қабристон аст. Ҳамчунин қабри Аббос амуи Пайғамбар, Уммулбанин, Иброҳим, Руқия ва Уммукулсум аз фарзандони Пайғамбар, Сафия аз ҳамсарони Пайғамбар ва бисёре аз бузургони саҳоба, тобеин, солеҳон, ахёр ва шуҳадои Ислом дар ин қабристон қарор дорад.

Пайғамбар (с) барои орамидагон дар ин қабристон эҳтироми хос қоил буд. Пайғамбар фармуд: ман фармон ёфтаам, то барои дафншудагони Бақиъ талаби мағфират кунам.

Пайғамбар (с) ҳаргоҳ аз канори қабристони Бақиъ мегузашт, мефармуд:

السَّلامُ عَلَیکمْ مِنْ دِیارِ قَوْمٍ مُؤْمِنِینَ وَ إِنَّا إِنْ شَاءَ الله بِکمْ لاحِقُونَ[44]

  • Кӯҳи Уҳуд
Навиштори аслӣ: Кӯҳи Уҳуд
Намое аз кӯҳи Уҳуд

Аз кӯҳҳои машҳур ва муҳимми Мадина, кӯҳи Уҳуд аст, ки дар шимоли шарқии шаҳр ва панҷкилометрии Масҷидуннабӣ (с) қарор дорад.[45] Чун ин кӯҳ аз байни кӯҳҳои перомуни Мадина, танҳо кӯҳи ҷудо ва мустақил аст, онро «Уҳуд» номидаанд.[46] Ин кӯҳ бо ҳафт километр тӯл (аз шарқ ба ғарб) тӯлонитарин кӯҳ дар нимҷазира аст, ки қуллаҳои бузурге дошта ва паҳнои он низ байни 1 то 3 километр аст..[47]

Ғазваи Уҳуд дар рӯзи шанбе, ҳафтуми моҳи шавволи соли сеюми ҳиҷрии қамарӣ дар канори кӯҳи Уҳуд рӯй дод. Дар канори ин кӯҳ қабристони хӯрде воқеъ аст, ки шуҳадои ҷанги Уҳуд дар он дафн шудаанд[48] ва марқади Ҳамза амаки Пайғамбар (с) дар ин қабристон воқеъ аст.

  • Хонаи ҳазрати Фотима (с)

Хонаи ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с) дар канори Масҷидуннабӣ қарор дошт. Ин хона ду дар дошт, ки яке ба масҷид боз мешуд ва ҳазрат ҳангоми намоз аз он вориди масҷид мешуданд ва дари дигаре ҳам ба беруни масҷид боз мешуд, ки рафту омади ҳаррӯза аз он сурат мегирифт. Дар моҷарои саддулабвоб ба ин хона ишора шудааст.

Аз ин хона дар аксари ривоёти шиа ва суннӣ бо унвони «Байти Фотима» ё «Ҳуҷраи Фотима» ёд шудааст.[49] Дар давраҳои баъдӣ ва дар тавсеаи Масҷидуннабӣ ин хона хароб шудааст ва имрӯза дар маҳдудаи зариҳи Пайғамбар (с) қарор дорад.

  • Хонаи Кулсум ибни Ҳадм ва Саъд ибни Хайсама

Дар минтақаи Қубо маконҳои мухталифе вуҷуд дошта, ки акнун аз байн рафтааст, аз ҷумла, хонаи Кулсум ибни Ҳадм ва Саъд ибни Хайсама, ки ин ду хона маҳалли сукунати Расули Худо (с) пас аз ҳиҷрат ва маҳалли зиндагии шуморе аз муҳоҷирони нахуст ба Мадина будааст.[50]

  • Чоҳи ирис

«Ирис» дар луғати аҳли Шом ба маънои «кишоварз» аст. Чоҳи мазбурро ба номҳои «биъри Ирис», «биъри хотам» ва «биъруннабӣ» ҳам мехонанд. Аз ин чоҳ даҳҳо бор дар масодири таърихӣ ва ҳадисӣ ёд шудааст. Умдатарини онҳо ишора ба ҷараёни афтодани ангуштари Расули Худо (с) дар замони Усмон ва тавассути ӯ дар он чоҳ аст.[51]

  • Қабри Муҳаммад Соҳиби Нафси Закия

Қабри Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Ҳасан (а) дар минтақае байни мағриб ва шимоли шаҳр дар наздикии кӯҳи Салъ аст.[52]

Воқеаҳои таърихӣ

  • Ҷанг бо Банӣ Қайнуқоъ
Навиштори аслӣ: Ғазваи Банӣ Қайнуқоъ

Ин гурӯҳ аз яҳудиён пас аз ҷанги Бадр, паймони Пайғамбарро шикастанд. Пайғамбар онҳоро насиҳат фармуд ва аз онҳо хост, ки аз сарнавишти Қурайш ибрат бигиранд, вале онҳо даст барнадоштанд. Рӯзе дар бозор яке аз яҳудиён ба як зани мусулмон беҳурматӣ кард, ки як марди мусулмон ба хашм омада, ӯро кушт, яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ ҳам ӯро куштанд ва эълони ҷанг карданд ва ба даруни ҳисори худ рафтанд ва ҳолати ҷангӣ гирифтанд. Пайғамбар низ онҳоро муҳосира намуд, ва баъд аз муддате бо иҷозати ин ки ҳарчи метавонанд бар шутурҳояшон бор кунанду бираванд, ихроҷ шуданд.[53]

  • Ҷанг бо яҳудиёни Банӣ Назир
Навиштори аслӣ: Ғазваи Банӣ Назир

Рӯзе Пайғамбар ба қалъаи Банӣ Назир рафт, ва яҳудиён, тасмим ба қатли Пайғамбар гирифтанд. Аз ин рӯ, ба пушти бом рафтанд ва хостанд аз рӯи он сангеро бар сари Пайғамбар биандозанд, вале Пайғамбар ба кумаки ваҳйи Илоҳӣ огоҳ шуд ва фавран аз қалъа хориҷ шуд, ва ба Банӣ Назир дастур дод, ки ҳоло ки паймонро шикастед, аз Мадина хориҷ шавед.[54]

  • Ҷанг бо яҳудиёни Банӣ Қурайза
Навиштори аслӣ: Ғазваи Банӣ Қурайза

Яҳудиёни Банӣ Қурайза пас аз ихроҷи Банӣ Назир паймони худро нақз карданд ва ҳамроҳи Қурайш ва куффори дигар ҷанги Аҳзобро ба роҳ андохтанд, ва як бор ҳам шабона ҳамла карданд,[55] вале дар ниҳоят бо ҳамкории як тозамусулмон, тавофуқи онҳо бо куффор ба ҳам хӯрд, ва дар натиҷа аз ҳамкорӣ бо аҳзоби араб ист карданд.[56] Пас аз итмоми ҷанги Аҳзоб, Пайғамбар ба суроғи яҳудиёни Банӣ Қурайза рафтанд ва онҳоро муҳосира намуданд. Пас аз ҳудуди як моҳ, Банӣ Қурайза таслим шуд[57] ва ҳукм ба эъдоми мардон ва асорати занону кӯдакони эшон содир шуд.

  • Воқеаи Ҳарра
Навиштори аслӣ: Воқеаи Ҳарра

Воқеаи Ҳарра аз ҷиноёти бузурги умавиён пас аз ба шаҳодат расондани Имом Ҳусайн (а) аст. Ин воқеа марбут ба қиёми мардуми Мадина алайҳи ҳукумати Язид ибни Муовия ба раҳбарии Абдуллоҳ ибни Ҳанзала ибни Абиомир дар соли 63 қамарӣ аст.

Язид сипоҳи 5 ҳазор нафариро ба фармондеҳии Муслим ибни Уқба, ба Мадина фиристод. Ин сипоҳ қиёми мардумро бо хушунати бисёр саркӯб кард. Дар ин воқеа бисёре аз мардуми Мадина, аз ҷумла 80 тан аз саҳобаи Пайғамбар (с) ва 700 тан аз ҳофизони Қуръон кушта шуданд ва ғорати амволу навомиси мардум ба муддати се рӯз барои сипоҳёни Шом муҷоз шуморида шуд ва онҳо аз ҳеҷ ҷинояте фурӯгузор накарданд.[58]

  • Қиёми Нафси Закия

Муҳаммади Нафси Закия дар замони хилофати Мансури Аббосӣ дар соли 145 қамарӣ ва дар Мадина қиём кард. Мардуми Мадина, ба хусус муҳаддисини Мадина аз ҷумла, Молик ибни Анас, ба тарафдорӣ аз Нафси Закия бархоста, байъати Мансурро ба хотири кароҳату иҷбор, ғайри муътабар донистанд. Дар даргирии ду лашкар дар Мадина, сипоҳи Нафси Закия шикаст хӯрд ва ӯ кушта шуд ва баданашро дар Бақиъ дафн карданд.[59]

Манобеи мадинашиносӣ

Назар ба аҳамияте, ки шаҳри Мадина барои мусулмонон дорад, аз садаҳои нахустини пас аз ҳиҷрат, китобҳое бо мавзӯи муаррифии ин шаҳр ва нишон додани фазилатҳои он таълиф гаштааст, ки бархе аз онҳо аз байн рафта ва бархе ҳам акнун дар дастрасанд. Дар давраи муосир низ осоре ба забонҳои мухталиф дар ин бора нигошта шудааст.

  • Манобеи куҳан
  • Аз нахустин осори мадинашиносӣ, ки имрӯза дар дастрас нест, Ахбор-ул-Мадина, навиштаи Ибни Забола (ваф. ҳудуди 200ҳ.қ.)[60] ва дигар, китоби Ахбор-ул-Мадина, мансуб ба Зубайр ибни Бакор (172 – 256ҳ.қ.)[61] аст. Ҳарчанд ин ду китоб мафқуд шудаанд, вале манобеи баъдӣ аз онҳо нақли қавл карда ва бисёре аз матолиби онҳоро ҳифз намудаанд.
  • Аз муҳимтарин ва ҷомеътарин осори куҳан дар бораи Мадина, китоби Вафо-ул-вафо биахбори дор-ил-мустафо, аз Нуриддин Алӣ ибни Аҳмади Самҳудӣ (вафот 911ҳ.қ.) дар чаҳор ҷилд аст. Ин асар ки ба сабки доират-ул-маъориф нигошта шудааст, аз нақлҳои куҳан ва таҳқиқоти тоза дар бораи таърихи ин шаҳри муқаддас ва дар навъи худ асаре камназир аст. Самҳудӣ дар ин асари худ аз китобҳои бисёре истифода карда, ки имрӯза дар дастраси мо қарор надорад. Илова бар ин, худи ӯ қадам ба қадам шаҳрро зери по гузошта ва осори таърихиро шиносоӣ кардааст. Хулосае аз матни арабии ин китоб, таҳти унвони «Ахбори Мадина» беш аз сесад сол пеш ба форсӣ даромада, ки ба соли 1376 ҳиҷрии шамсӣ тавассути нашри Машъар чоп шудааст.[62]
  • Манобеи муосир

Дар даврони муосир низ китобҳои шоёни тавваҷуҳ дар муаррифии Мадина ба забонҳои мухталиф нигошта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Фусулун мин таърих-ил-Мадинат-ил-мунаввара аз Алӣ Ҳофиз ба забони арабӣ: муаллиф, яке аз пажӯҳишгарони барҷастаи чанд даҳаи ахир дар таърихи Мадина ва осори динӣ-таърихии он шаҳр аст, ки ҳосили таҳқиқоти худро дар ин китоб фароҳам овардааст.[63]
  • Мадинашиносӣ ба форсӣ: ин китоб аз Муҳаммадбоқири Наҷафӣ, пажӯҳишгари эронӣ ва яке аз муфассалтарин осори пажӯҳишӣ ва таҳқиқие аст, ки ба забони форсӣ дар бораи Мадина интишор ёфтааст. Ҷилди нахусти он дар бораи масоҷид ва бархе аз осори таърихии Мадина ва ҷилди дуввум дар бораи ҷуғрофиёи ҷангҳои замони Расули Худост. Ин китоб дар Олмон ба чоп расида ва ҳовии тасвирҳо ва нақшаҳои фаровоне аст.[64]
  • Маъолим-ул-Мадинат-ил-мунавварати байн-ал-иморати ва-т-таърих, ба забони арабӣ: ин китоб асари Абдулъазиз Каъкӣ аст ва онро ҷомеътарин асаре донистаанд, ки дар солҳои ахир дар бораи таърихи Мадина навишта шудааст.[65]

Афзун бар ин осор, китобҳои дигаре, монанди китоби ал-Масоҷид-ул-асарияти фи-л-Мадинат-ил-мунавара (асари Муҳаммад Илёс Абдулғанӣ) дар бораи мавзӯоти марбут ба Мадина нигошта шудаанд, ки форсизабонон бархе аз онҳоро ба форсӣ низ тарҷума кардаанд.[66]

Эзоҳ

  1. Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, ҷилди дувум, муқаддима, саҳ.1064.
  2. Қарачонлу, Ҳарамайни шарифайн, саҳ.116.
  3. Омилӣ, Маъолиму Маккати ва-л-Мадинати байн-ал-мозӣ ва-л-ҳозир, саҳ.261.
  4. Мадина дар асри ҷоҳилӣ ва беъст/ сомонаи Пажӯҳа
  5. Осор-ул-билод ва ахбор-ул-ибод, саҳ.157.
  6. Ансоб-ул-ашроф, пешин, ҷ.5, саҳ.487; Муъҷам-ул-булдон, пешин, ҷ.3, саҳ.104.
  7. Шабакаи хабарии Алҷазира.
  8. Алансорӣ, Осор-ул- Мадинат-ул-мунаввара, саҳ.210.
  9. Атласи шиа, саҳ.415 - 418.
  10. Ал-Муфассалу фи-т-таърих..., пешин, саҳ.132...
  11. Аннадавӣ, Сайидалии Ҳасанӣ, ас-Сират-ун-набавия, Дамишқ, дори Ибни Касир, чопи дувоздаҳум, 1425ҳ.қ., саҳ.266
  12. Аҳсан-ут-тақoсим, пешин, саҳ.34
  13. Курдӣ, Убайдуллоҳ Муҳаммадамин, Макка ва Мадина, саҳ.212
  14. Курдӣ, Убайдуллоҳ Муҳаммадамин, Макка ва Мадина, саҳ.212
  15. Курдӣ, Убайдуллоҳ Муҳаммадамин, Макка ва Мадина, саҳ.212.
  16. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, ҷ.2, саҳ.106
  17. Курдӣ, Убайдуллоҳ Муҳаммадамин, Макка ва Мадина, саҳ.212.
  18. Зарринкӯб, Бомдоди Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.107
  19. Муфид, ал-Иршод, саҳ.309
  20. Муфид, ал-Иршод, саҳ.331
  21. Муфид, ал-Иршод, саҳ.345
  22. Муфид, ал-Иршод, саҳ.452
  23. Муфид, ал-Иршод, саҳ.497
  24. Муфид, ал-Иршод, саҳ.525
  25. Муфид, ал-Иршод.
  26. Муфид, ал-Иршод, саҳ.569
  27. Муфид, ал-Иршод, саҳ.585
  28. Муфид, ал-Иршод, саҳ.322
  29. Муфид, ал-Иршод, саҳ.435
  30. Муфид, ал-Иршод, саҳ.452
  31. Муфид, ал-Иршод, саҳ.467
  32. Маркази таҳқиқоти ҳаҷ, Масҷидуннабӣ, саҳ.3.
  33. Абулфатҳи Розӣ, Рӯҳ-ул-ҷинон, ҷ.6, саҳ.111; Таботабоӣ, ал-Мизон, саҳ.618; Сайиди Қутб, ҳамон, саҳ.305
  34. Ибни Касир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, ҷ.3, саҳ.210; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, ҷ.1, саҳ.189
  35. Таърих-ул-маъолимил Мадинат-ил-мунаввара, саҳ.125 - 126.
  36. Таърих-ул-маъолимил Мадинат-ил-мунаввара, саҳ.155.
  37. Хулосат-ул-вафо биахбори дор-ил-Мустафо, ад-Дур-ус-самин, саҳ.233/ ал-Масоҷид вал-амокинул асария, саҳ.24.
  38. Биҳор-ул-анвор, ҷ.63, саҳ.487, ҷ.81, саҳ.82; ҷ.96, саҳ.335; ҷ.97, саҳ.213, 214, 216, 224
  39. Билозрӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 қ, ҷ.1, саҳ.246.
  40. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1391ҳ.ш., саҳ.334
  41. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1391ҳ.ш., саҳ.332-334
  42. Хулосат-ул-вафо биахбори дор-ил-Мустафо, ад-Дур-ус-самин, саҳ.233; ал-Масоҷид ва-л-амокин-ул-асария, саҳ.24.
  43. Маркази таҳқиқоти ҳаҷ, Макка ва Мадина, саҳ.28
  44. Маркази таҳқиқоти ҳаҷ, Бақиъ, саҳ.3.
  45. Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.354.
  46. Фатҳ-ул-борӣ, ҷ.7, саҳ.289 – 290; Вафо-ул-вафо, ҷ.3, саҳ.108.
  47. Таърих ва осори исломии Макка, саҳ.307
  48. Воқидӣ, Мағозӣ, саҳ.145; ал-Масоҷиду ва-л-амокин-ул-асария, саҳ.31; Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, ҷ.1, саҳ.130.
  49. Хонаи Ҳазрати Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)/ сомонаи Пажӯҳа
  50. ат-Туҳфат-ул-латифа, саҳ.70
  51. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, Машъар, саҳ.253; Асғари Қоидон, Таърих ва осори исломии Маккаи мукаррама ва Мадинаи Мунаввара, саҳ.385
  52. Ҳуҷҷат-ут-тафосир ва балоғ-ул-иксир, ҷ.2, муқаддама, саҳ.1071
  53. Мағозии Воқидӣ, саҳ.128 – 127; ва бо тавзеҳоти камтар ва гоҳ каме мутафовит дар "Сираи Ибни Ҳишом", саҳ.315 – 314; Табарӣ, ҷ.3, саҳ.997; ал-Комили Ибни Асир, ҷ.3, саҳ.970 - 971
  54. Алмағозӣ, саҳ.270 – 269; Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.56 – 55; Сираи Ибни Ҳишом, саҳ.355 – 354; Комили Ибни Асир, ҷ.3, саҳ.1011 – 1010; Табарӣ, ҷ.3, саҳ.1056 - 1054.
  55. Воқидӣ, Мағозӣ, саҳ.345 - 346.
  56. Сираи Ибни Ҳишом, саҳ.374 – 371; Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.67; Мағозӣ, саҳ.363 – 361; Табарӣ, ҷ.3, 1079 – 1078; Комили Ибни Асир, ҷ.3, саҳ.1022.
  57. Табарӣ, ҷ.3, саҳ.1084; Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.411.
  58. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.73-75.
  59. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.298-299
  60. Барои тафсил дар бораи ин китоб ниг.: Пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат.
  61. Барои тафсил дар бораи ин китоб ниг.: Пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат.
  62. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.23.
  63. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.23
  64. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.25
  65. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.25.
  66. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, саҳ.26.

Сарчашма

  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, машъар, Теҳрон, 1386 ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Муҳаммадбоқири Мусавии Ҳамадонӣ, Бунёди илмӣ ва фикри Аллома Таботабоӣ, 1363 ш.
  • Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Доруэҳёиттуросил арабӣ, аттабъат алхомиса, 1384ҳ.қ.
  • Розӣ, Абулфатҳ, Рӯҳ-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷинон, Теҳрон, китобФурушии исломия, бе то.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара, машъар, дувум, 1374 ш.
  • Ал-масоҷид ва ал-амокин ал-асария.
  • Шайхи Муфид, ал-Иршод, Тарҷумаи Ҳасани Мусавӣ Муҷоб, Қум, интишороти сарвар, 1388 ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, тарҷумаи Абулқосими Поянда, Теҳрон, интишороти илмӣ фарҳангӣ, 1387 ш.
  • Воқидӣ, уҳаммад ибни Умар, Мағозӣ, тарҷумаи Маҳмуд Маҳдавии Домғонӣ, Теҳрон, маркази нашри донишгоҳӣ, дувум, 1388 ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва ан-ниҳояту, Бейрут, дорулфикр, 1407ҳ.қ.