Наҳҷулбалоға

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Наҳҷ-ул-балоға)
Наҳҷулбалоға
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
Санаи таълиф400ҳ.қ. (санаи гирдоварӣ тавассути Сайид Разӣ)
МавзуъБаргузидае аз гуфторҳои Имом Алӣ алайҳиссалом
СабкҲадисӣ
ЗабонАрабӣ
Ба тасҳеҳиШахсиятҳои гуногуне онро тасҳеҳ кардаанд.
Ба кӯшишиСайид Разӣ
Теъдоди ҷилд1
Тарҷума ба забонҳои дигарфорсӣ • англисӣ • фаронсавӣ • ҳиндӣ • италиянӣ • туркии истанбулӣ • урду • тоҷикӣ


Наҳҷулбалоға (арабӣ: نهج البلاغة) китобе аст, ки дар он теъдоде аз хутбаҳо, номаҳо ва ҷумалоти кӯтоҳи Имом Алӣ (а), ба кӯшиши Сайид Разӣ гирдоварӣ шудааст. Наҳҷулбалоғаро доиратулмаорифе аз фарҳанги исломӣ ва аз муҳимтарин манобеъ барои шинохти Ислом ва арзишҳои динӣ медонанд. Наҳҷулбалоға фасоҳату балоғати болое дорад ва ҳамин амрро иллати ҷозиба ва мондагории ин китоб медонанд.

Ҷомеъияту гуногунии муҳтавои Наҳҷулбалоға аз имтиёзоти он аст. Муҳтавои Наҳҷулбалоға ба тартиб дар се бахши хутбаҳо, номаҳо ва калимоти қисор танзим шудааст. Дар хутбаҳо ва калимоти қисор, мавзуоти мухталифе чун худошиносӣ, мабоҳиси ахлоқӣ, шинохти ҷаҳон, пайдоиши олам, табиати инсон, умматҳо ва ҳукуматҳои некӯкору ситамкор баён шуда ва дар номаҳо бештар ба масоили ҳукуматдорӣ ва чигунагии таомули масъулон бо мардум пардохта шудааст.

Наҳҷулбалоға ба забонҳои мухталиф аз ҷумлаи форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, италиянӣ, туркии истанбулӣ, урду ва тоҷикӣ тарҷума шудааст. Бар Наҳҷулбалоға шарҳҳои фаровоне навишта шуда, ки Шарҳи Наҳҷулбалоға таълифи Ибни Абилҳадид ва Шарҳи Наҳҷулбалоға, асари Ибни Майсами Баҳронӣ аз муҳимтарин шарҳҳои арабӣ ва Паёми Имом Амиралмуъминин (а), таълифи Носир Макорими Шерозӣ аз шарҳҳои форсӣ бар он аст. Ҳамчунин бархе муҳаққиқон талош кардаанд, то суханони дигари Имом Алӣ (а)-ро аз китобҳои дигар, ки дар Наҳҷулбалоға наёмада, ҷамъоварӣ ва бо унвони мустадрак мунташир кунанд; аз ҷумлаи ин талошҳо метавон ба Наҳҷ-ус-саодати фи мустадраки Наҳҷулбалоға таълифи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ишора кард.

Наҳҷулбалоға аз ҷумла китобҳоест, ки то қабл аз санъати чоп, садҳо нусха аз он дастнавис шуд. Қадимитарини онҳо нусхаи хаттии мутаъаллиқ ба сол 469ҳ.қ. аст, ки дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад. Баъд аз санъати чоп низ Наҳҷулбалоға дар кишварҳои Эрон, Миср, Лубнон, Сурия ва Қатар, ҳамроҳ бо шарҳҳову тарҷумаҳои мухталиф, садҳо бор чоп шуд.

Бо ташкили низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, бо кумаки расона ва фарҳанг Наҳҷулбалоға дар фарҳанги умумӣ ҳузур пайдо кард. Донишкада ва муассисаҳое бо меҳварияти Наҳҷулбалоға шакл гирифт ва Бунёди Наҳҷулбалоға бо ҳадафи тарвиҷу пажӯҳиши тахассусии Наҳҷулбалоға таъсис гардид. Ҳамчунин нармафзорҳои тахассусии Наҳҷулбалоға бо унвони донишномаи алавӣ ва донишномаи ҷомеъи Наҳҷулбалоға таҳия шуд.

Манобеи Сайид Разӣ дар тадвини Наҳҷулбалоға, китобҳои мухталифе аз аҳли тасаннун, монанди китоби ал-Баёну ва-т-табйин навиштаи Ҷоҳиз, ал-Мағозӣ асари Саид ибни Яҳёи Умавӣ, ал-Ҷамал навиштаи Воқидӣ ва Таърихи Табарӣ, будааст. Ба бовари бархе муҳаққиқон, басанда кардани Сайид Разӣ ба манобеи аҳли тасаннун ва зикр накардани санади суханони Имом Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға, ин китобро бо эродҳое мувоҷеҳ кардааст. Ба ҳамин далел, пажӯҳишгарони зиёде барои исботи дурустии Наҳҷулбалоға, санади ривоёти ин китобро аз манобеи куҳан дар қолаби асноду мадорики Наҳҷулбалоға ҷамъоварӣ кардаанд.

Бархе суннимазҳабон дар бораи гирдоварандаи ин асар ва низ дар сиҳҳати интисоби ривоёти он ба Имом Алӣ (а) тардид кардаанд. Ба гуфта бархе муҳаққиқон, тардид дар ҷамъоварандаи ин асар, аз муроҷиа накардан ба асли китоб ҳикоят дорад, чароки дар матни китоб борҳо ба номи гирдоварандаи он яъне Сайид Разӣ ишора шудааст. Чунон ки Ибни Абилҳадид, аз олимони аҳли суннат, тардид дар интисоби муҳтавои Наҳҷулбалоға ба Имом Алӣ (а)-ро ҳавопарастонаву таассуби кӯркӯрона хондааст.

Аҳамияти Наҳҷулбалоға

Имом Алӣ (а)
بئس الزاد إلی المعاد العدوان علی العباد

(Бадтарин тӯша барои он ҷаҳон, ситам кардан бар бандагон аст.)

Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., ҳикмати 221, саҳ.507

Наҳҷулбалоға китобест, ки теъдоде аз хутбаҳо, номаҳо ва ҷумалоти кӯтоҳи Имом Алӣ (а) дар даврони хилофаташро дар бар дорад.[1] Онро доиратулмаорифе аз фарҳанги исломӣ, пас аз Қуръон ва аҳодиси набавӣ, муҳимтарин манбаъ барои шинохти Ислом ва арзишҳои динӣ медонанд.[2] Ҳамчунин баъд аз Қуръон, Наҳҷулбалоғаро яке аз китобҳои мавриди тавваҷуҳи шиаён барои азёд кардан муаррифӣ кардаанд.[3] Ризо Устодӣ дар китобномаи Наҳҷулбалоға номи 370 унвон китоб перомуни Наҳҷулбалоғаро овардааст, ки то соли 1359ҳ.ш. навишта шудаанд.[4]

Сайид Муҳсин Амин дар китоби Аъён-уш-шиа, Наҳҷулбалоғаро яке аз бузургтарин ифтихороти араб ва Ислом муаррифӣ кардааст.[5] Бар асоси гузоришҳо, баъд аз Қуръон, Наҳҷулбалоға бештарин нусхаҳои хаттӣ ва шарҳу тафсир дар фарҳанги исломӣ дорад ва бисёре аз мутуни адабии форсӣ ва арабӣ, баъд аз Қуръон, аз Наҳҷулбалоға таъсир пазируфтаанд.[6] Ҳамчунин ба гуфта Муҳаддиси Нурӣ дар китоби Мустадрак-ул-васоил бисёре аз уламои пешин, ки мехостанд ба шогирдонашон иҷозаномаеро барои нақли Наҳҷулбалоға бидиҳанд, Наҳҷулбалоғаро бо унвон «Аху-л-Қуръон» (бародари Қуръон) муаррифӣ кардаанд.[7]

Гирдоваранда

Мақолаи аслӣ: Сайид Разӣ

Сайид Разӣ (359 - 406ҳ.қ.), Наҳҷулбалоғаро дар соли 400ҳ.қ. ҷамъоварӣ кардааст.[8] Сайид Разӣ аз Оли Абитолиб[9] ва аз фақиҳон, мутакаллимон, муфассирон ва адибон шиа аст.[10]

Номгузорӣ

Сайид Разӣ муҳимтарин ангезаи худ аз гирдоварии Наҳҷулбалоғаро, посух ба дархости дӯстонаш барои ҷамъоварии суханони фасеҳу балиғи Имом Алӣ (а), донистааст.[11] Ӯ дар Наҳҷулбалоға, танҳо бахше аз суханону номаҳои Имом Алӣ (а)-ро ҷамъ кардааст, ки дараҷаи болое аз фасоҳату балоғатро доранд.[12] Ба ҳамин далел, вай ин асарро Наҳҷулбалоға (ба маънои «роҳу тариқи ошкори балоғат») номида[13] ки ба гуфтаи Муҳаммад Абдуҳ, аз уламои аҳли тасаннун, беҳтарин тавсиф барои ин китоб аст.[14]

Арзиши адабӣ

Эзоҳ

  1. Мустафавӣ, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», саҳ.23
  2. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.11
  3. Мустафавӣ, Робитаи Наҳҷулбалоға ва Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.32
  4. Устодӣ, Китобномаи Наҳҷулбалоға, 1359ҳ.ш., кули китоб
  5. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218
  6. Рафиъӣ, «Асолати алавии Наҳҷулбалоға», саҳ.131
  7. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил (хотимаи Мустадрак-ул-васоил), 1408ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.204
  8. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.559
  9. Ҷаъфарӣ, Сайид Разӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.22
  10. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218
  11. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.34
  12. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.35
  13. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.36
  14. Абдуҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Матбаат-ул-истиқома, саҳ.10