Ҳадиси Ҷобир

Аз wikishia

Бо ҳадиси лавҳ иштибоҳ нашавад.

Ҳадиси Ҷобир
МавзуъИмомат
Содиршуда азПайғамбари Ислом (с)
Ровии аслӣҶобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ
Сарчашмаи шиаКифоят-ул-асарКамол-уд-динБиҳор-ул-анвор
Сарчашмаи суннӣЯнобиъ-ул-мавадда
Таъйиди қуръонӣОяти Улуламр


Ҳадиси Ҷобир (форсӣ: حدیث جابر), ҳадисе аз Пайғамбар (с) ки дар он ба ном ва имомати имомони дувоздаҳгона тасреҳ шудааст. Пайғамбар ин ҳадисро дар посухи суоли Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз мисдоқи улуламр дар ояти Улуламр эрод кард. Дар ин ҳадис ҳамчунин ба Боқир, лақаби Имоми панҷуми шиаён низ ишора шудааст. Шиаён барои исботи имомат ва таъйини имомони худ аз сӯи Пайғамбари Ислом (с) ба ин ҳадис истинод мекунанд.

Ҳадиси Ҷобир дар бархе манобеи шиъӣ монанди Кифоят-ул-асар, Камол-уд-дин ва Биҳор-ул-анвор ва низ дар баъзе аз манобеи аҳли суннат монанди Янобиъ-ул-маваддат омадааст. Ҳамчунин дар бархе тафсирҳои шиъӣ дар тафсири ояти Улуламр онро овардаанд.

Матни ҳадис

Пас аз нузули ояти Итоат[Ёддошт 1], Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Пайғамбар (с) пурсид: ё Расулллоҳ, мо Худо ва Расули Ӯро шинохтем, улуламр кистанд, ки Худои Таоло итоати ононро дӯшодӯши итоати Худ ва Шумо қарор додааст? Пайғамбар дар посухи ӯ фармуд: «Онон ҷонишинони ман ва имомони мусулмонон баъд аз ман ҳастанд, ки аввалинашон Алӣ ибни Абутолиб аст ва баъд аз ӯ ба тартиб Ҳасан, Ҳусайн, Алӣ ибни Ҳусайн ва Муҳаммад ибни Алӣ, ки дар Таврот ба Боқир маъруф аст ва ту дар ҳангоми пирӣ ӯро хоҳӣ дид ва ҳар вақт ӯро дидӣ, саломи маро ба ӯ бирасон! Пас аз Муҳаммад ибни Алӣ низ ба тартиб, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мӯсо ибни Ҷаъфар, Алӣ ибни Мӯсо, Муҳаммад ибни Алӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ҳасан ибни Алӣ ва пас аз эшон фарзандаш ҳамном ва ҳамкуняи ман аст. Ӯст ки аз назари мардум пинҳон мешавад ва ғайбаташ тӯлонӣ мегардад, то он ҷо ки фақат афроде, ки имони росих доранд, бар ақида ба ӯ боқӣ мемонанд.»[1]

Ровӣ ва муҳтаво

Ин ҳадисро Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз Расули Худо нақл кардааст. Аз ин рӯ, ба ҳадиси Ҷобир шинохта мешавад. Дар ҳадиси Ҷобир ба имомати имомони дувоздаҳгонаи шиаён бо зикри номи ҳар як тасреҳ шудааст. Пайғамбар (с) ҳангоми ном бурдан аз Имоми панҷуми шиа, ба лақаби ӯ (Боқир) ишора карда ва аз Ҷобир хостааст, ҳангоме, ки Имом Боқир (а)-ро мулоқот кард, саломи вайро ба ӯ бирасонад.[2] Дар ин ҳадис ҳамчунин ба ғайбати Имоми дувоздаҳуми шиаён ва тӯлонӣ будани он ишора шуда ва имоми ғоиб ба хуршеди пушти абр ташбеҳ шудааст.[3]

Манобеи ҳадис

Ин ҳадис дар бархе аз манобеи шиъӣ монанди Кифоят-ул-асар,[4] Камол-уд-дин[5] ва Биҳор-ул-анвор[6] ва низ дар бархе аз манобеи аҳли суннат монанди Янобиъ-ул-маваддат[7] омада ва баъзе аз муфассирони шиа дар зайли баҳс аз ояти Улуламр ё ояти Итоат онро овардаанд.[8]

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.182; Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.398 - 399.
  2. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181 - 182.
  3. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181 - 182.
  4. Хазози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.54 - 55.
  5. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254 - 253.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.251.
  7. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.398 - 399.
  8. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.103 - 104; Файзи Кошонӣ, ал-Осифӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.217; Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.116; Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.496; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.438; Арусии Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.499.

Ёддошт

  1. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلاً Эй касоне ки имон овардаед, Худоро итоат кунед ва Пайғамбар ва улуламри худро [низ] итоат кунед; пас ҳар гоҳ дар амре [динӣ] ихтилофи назар ёфтед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред, онро ба [китоби] Худо ва [суннати] Пайғамбари [ӯ] арза бидоред, ин беҳтару хубтартар аст.

Сарчашма

  • Арусии Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, таҳқиқ: Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, интишороти Исмоилиён, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: қисм-уд-диросот-ил-исломия Муассисат-ул-беъсат, Бунёди Беъсат, Теҳрон, 1416ҳ.қ.
  • Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, таҳқиқ: Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли завӣ-л-қурбо, Қум, Усва, 1422ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Ол-ул-байт, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, ал-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадҳусайни Дироятӣ ва Муҳаммадризо Неъматӣ, Қум, маркази интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Хазози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, тасҳеҳ: Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шарифи Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, таҳқиқ: Муҳаддис Урмавӣ, Теҳрон, дафтари нашри дод, 1373ҳ.ш.