Қибла
Мақолаи қибла бо мақолоти: Истиқболи қибла, Тағйири қибла, Қиблаи мусулмонон ва Такфири аҳли қибла иртибот дорад.
Қибла (форсӣ: قِبله) ҷиҳате аст ки бархе аъмоли ибодӣ ва ғириибодӣ рӯ ба он анҷом мешавад. Аз қибла ва аҳкоми он дар бобҳои мухталифи фиқҳ монанди намоз, забҳ, дафни майит ва ҳаҷ сухан ба миён меояд.
Ҳар як аз пайравони адёни Илоҳӣ қиблае доранд; қиблаи мусулмонон Каъба, қиблаи яҳудиёни сахраи Байтулмуқаддас ва қиблаи масеҳиён самти машриқ аст. Дар фиқҳи шиа анҷоми бархе аз аъмол рӯ ба қибла воҷиб, ҳаром, мустаҳаб ва макруҳ аст; монанди ин ки хондани намоз рӯ ба қибла воҷиб ва тахаллии рӯ ба қибла ҳаром аст. Фалсафаи қибла ваҳдату инсиҷоми мусалмонон муаррифӣ шудааст. Барои ташхиси қибла роҳҳое зикр шудааст.
Таъриф ва аҳамияти қибла
Қибла ба маънои самт ва ҷиҳат аст.[2] Мусулмонон, ба Каъба ё ҷиҳате ки Каъба дар он қарор дорад, қибла мегӯянд.[3] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ (ваф.: 1360ҳ.ш.) дар тафсири ал-Мизон, пайравони ҳар як аз адён барои худ қиблае доранд.[4] Қиблаи мусулмонон, Каъба аст. Қиблаи яҳудиёни сахраи Байтулмуқаддас[5] ва қиблаи масеҳиён, ҳар ҷо ки бошанд, ба самти машриқ аст.[6] Албата бархе қиблаи масеҳиёнро Байтуллаҳм (зодгоҳи Исо) гуфтаанд.[7]
Қиблаи мусулмонон
- Мақолаи аслӣ: Каъба
Қиблаи мусулмонон, дар солҳои нахусти беъсати Пайғамбар (с), Масҷидулақсо буд. Аммо пас аз нузули ояти Қибла, қиблаи мусулмонон аз Масҷидулақсо ба Каъба тағйир кард.[8] Аз назари фақиҳони мусулмон, такфири аҳли қибла (кофир хондани касоне ки ба самти қибла намоз мехонанд) ҷоиз нест.[9]
Истиқболи қибла, шарти қабулии бархе аз аъмоли мусулмонон
- Мақолаи аслӣ: Истиқболи қибла
Аз назари фақиҳони шиа, бархе аъмоли динӣ нисбат ба қибла, зайли аҳкоми чоргонаи воҷиб, ҳаром, макруҳ ва мустаҳаб қарор мегирад;[10] Бар ин асос, рӯ ба қибла будан гоҳе шарти саҳеҳ будани амали ибодӣ монанди намоз аст ва риоят накардани он боиси бутлони он амал мешавад.[11] Ҳамчунин рӯ ба қибла будани ҳайвон ҳангоми забҳ воҷиб аст ва агар ҳайвоне қасдан рӯ ба қибла забҳ нашавад, хӯрдани гӯшти он ҳаром аст.[12] Дар мавориде низ монанди тахаллӣ рӯ ба қибла будан ҳаром аст.[13] Дар бархе аз масҷидҳо, маконҳои мазҳабӣ ва умумии мусулмонон ҷиҳати қибла бо аломате намоиш дода шудааст.[14]
Фалсафаи таъини қибла
Дар Тафсири намуна, фалсафаи қибла, эҷоди ваҳдат ва ҳамоҳангӣ дар суфуфи мусулмонон ва ҷилавгирӣ аз бурузи ҳарҷу марҷу парокандагӣ унвон шудааст. Ҳамчунин тавваҷуҳ ба Каъба ба унвони қиблаи мусулмонон бедоркунандаи хотироти тавҳидӣ аст чароки Каъба аз қадимитарин пойгоҳҳои тавҳид аст.[15]
Роҳҳои шаръии исботи қибла
Ба назари фақиҳони шиа ташхиси қибла аз рӯи илм, гумон ва итминон аст. Бархе аз роҳҳои ташхиси қиблаи иборатанд аз:
- Худи шахс ба ҷиҳати қибла илм пайдо кунад аз роҳҳои мухталиф монанди истифода аз абзори илмӣ ҳамчун қибланамо ва қутбнамо;[16]
- Гуфтаи ду шоҳиди одил, ки худашон ҷиҳати қибларо аз рӯи нишонаҳои ҳиссӣ ёфта бошанд;[17]
- Гуфтаи касе ки аз рӯи қоидаҳои илмӣ қибларо ташхис медиҳад ва гуфтаи ӯ итминоновар аст;[18]
- Истифода аз гумони итминоновар монанди қабрҳои мусулмонон, меҳроби масҷидҳо ва вазъияти офтоб, моҳ ва ситорагон дар сурате, ки илм ба қибла мумкин набошад.[19]
Агар ин роҳҳо имкон надошт бояд ба чор тараф намоз хонда шавад ва агар ба андозаи чор намоз вақт надорад, ба андозае ки вақт дорад ба се тараф ё камтар намоз бихонад.[20]
Равишҳои илмии қиблаёбӣ
- Истифода аз қибланамо: қибланамо абзори илмӣ барои ташхиси қибла аст. Ба фатвои мароҷеъи тақлиди шиа аз он итминон ба қибла ҳосил мешавад ва амал бар тибқи он ҷоиз аст.[21] Бархе аз мароҷеъ бо вуҷуди қибланамои мутмаин, эътимод ба меҳроби масҷид ва қабрҳои мусулмонон дар таъйини қибларо мушкил медонанд.[22]
- Истифода аз сояи шохис: истифода аз сояи шохис (чӯб ё абзори дигаре ки ба ҳолати амудӣ бар замин қарор дорад) ба ҳангоми азони пешин ба вақти Макка дар рӯзи 27-уми май ва дар рӯзи 15-уми июл яке аз шеваҳои ҷиҳатёбии қибла аст. Дар ин ду рӯз офтоб соф бар рӯи Каъба метобад ва Каъба дар ин соат сояе надорад ва шахс дар ҳар маконе ки қарор дошта бошад, хилофи сояи ӯ (рӯ ба офтоб) самти қибларо нишон медиҳад.[23]
- Истифода аз ситораи қутбӣ: ситораи қутбӣ дар нимкураи шимолӣ, дар ҷиҳати шимол қарор дорад ва агар рӯ ба он биистем рӯ ба шимол ҳастем, аз ин барои ёфтани қибла, рӯ ба ҷануб истода ва бо лиҳози миқдори инҳирофи қибла аз ҷиҳати ҷануб, ҷиҳати қибла мушаххас мешавад.[24]
- Истифода аз соати ақрабаӣ: дар рӯз, соатро ба таври уфуқӣ гирифта ва ақрабаи соатшумори он ба тарафи хуршед қарор мегирад. Нимсози зовияи байни ақрабаи соъатшумор ва аломати соати дувоздаҳ, самти ҷанубро нишон медиҳад ва бо лиҳози зовияи қибла аз ҷануб, ҷиҳати қибла мушаххас мешавад.[25]
Эзоҳ
- ↑ «نصب قبله نما در پارک های منطقه دو», Пойгоҳи иттилоърасонии шаҳрдории Аҳвоз
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.537 - 545
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти алфози Қуръон, 1404ҳ.қ., саҳ.392; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.320
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.327
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.326
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.326
- ↑ Ҳусайнии Даштӣ, Маореф ва маориф, 1376ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.229
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1361ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.385
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.175; Ҷузайрӣ, Китоб-ул-фиқҳи ало мазоҳиб-ил-арбаа, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.194 - 195
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310 - 313; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.414
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.194
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.110 - 111
- ↑ Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9 ва 10; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.16
- ↑ «نصب قبله نما در پارک های منطقه دو», Пойгоҳи иттилоърасонии шаҳрдории Аҳвоз
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1373 - 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.433, масаълаи 782
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.433, масаълаи 782; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148
- ↑ Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.433, масаълаи 782
- ↑ Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.296 ва 298; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.433, масаълаи 782
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.7, саҳ.409; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.434, масаълаи 783
- ↑ Хуӣ, Сирот-ун-наҷоти фи аҷвибат-ил-истифтоот, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.88; Ҳаким, Муршид-ул-муғтариб, 1431ҳ.қ., саҳ.190
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.441; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112; Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1425ҳ.қ., саҳ.70
- ↑ «آشنایی با قبلهنماهای طبیعی», сайти Хабаргузории садову симо
- ↑ «روشهای جهتیابی», сайти нуҷуми Эрон
- ↑ «روشهای جهتیابی», сайти нуҷуми Эрон
Сарчашма
- «آشنایی با قبلهنماهای طبیعی», сайти Хабаргузории садову симо, санаи дарҷи матлаб: 27 обони 1399ҳ.ш., санаи боздид, 8 исфанди 1402ҳ.ш.
- «نصب قبله نما در پارک های منطقه دو», пойгоҳи итилоърасонии шаҳрдории Аҳвоз, санаи дарҷи матлаб: 26 исфанди 1395ҳ.ш., санаи боздид: 8 исфанди 1402ҳ.ш.
- «روشهای جهتیابی», сайти нуҷуми Эрон, санаи боздид: 8 исфанди 1402ҳ.ш.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳкоми фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатвоҳои шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1376ҳ.ш.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Қум, Адаб-ул-ҳавза, 1405ҳ.қ.
- Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, 1425ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374–1373ҳ.ш.
- Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, ба кӯшиши Қучонӣ ва дигарон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, нашри ал-Китоб, 1404ҳ.қ.
- Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1406ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозм, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи нашри ал-исломӣ, 1420ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии Тафсир-ул-Қуръон, Қум, Исмоилён, 1393ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, ба кӯшиши Беҳбудӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя, ба кӯшиши Оқобзрги Теҳронӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Кувайт, Дор-ун-набаъ, 1419ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1434ҳ.қ.
- Хуӣ, Абулқосим, Сирот-ун-наҷоти фи аҷвибат-ил-истифтоот, таълиқаи Мирзоҷаводи Табрезӣ, Қум, Баргузида, 1374ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, маорифи исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, ба кӯшиши калонтар, Қум, мактабаи алдоўрӣ, 1410ҳ.қ.
- Ҳаким, Муҳаммадсаид, Муршид-ул-муғтариб, Қум, Дор-ул-ҳилол, 1431ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-ъурват-ул-вусқо, Қум, Мактабат-ун-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бӯстони китоб, 1361ҳ.ш.
- Ҳусайнии Даштӣ, Сайид Мустафо, Маореф ва маориф, Қум, Интишороти исломӣ, 1376ҳ.ш.
- Ҷузайрӣ, Абдурраҳмон, Китоб-ул-фиқҳи ало мазоҳиб-ил-арбаа, Бейрут, Дор-ус-сақалайн, 1419ҳ.қ.