Беъсат
Беъсат (арабӣ: اَلبِعثَة) баргузида шудани ҳазрати Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ ва оғози рисолати ӯст, ки бино бар машҳур, дар 27-уми Раҷаби соли чиҳилуми омулфил рӯй додааст. Аз ин рӯ, дар фарҳанги шиъӣ, 27-уми Раҷаб ба унвони «Иди Мабъас» гиромӣ дошта мешавад.
Беъсати Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) сароғози дини Ислом ва муқаддимаи барчида шудани бутпарастӣ аз Ҳиҷоз буд.
Вожашиносӣ
Беъсат ба маънои баргузидани фарде ба пайғамбарӣ аз сӯи Худо ва оғози давраи набувваташ аст. Ҳарчанд беъсат дар бораи баргузидани ҳамаи пайғамбарон ба набувват корбурд дорад, аммо аз он, баргузида шудани ҳазрати Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ ба зеҳн мутабодир мешавад.[1] Аз ин рӯ, дар фарҳанги исломӣ, рӯзи Мабъас ба рӯзе гуфта мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ба рисолат мабъус шудааст.[2] Беъсат дар луғат ба маънои барангехтан аст,[3] ҳамчунин ба маънои ирсол[4] ва равона кардан низ омадааст.[5]
Беъсат дар Қуръони Карим, ба маънои барангехтан ва фиристодани пайғамбарон барои ҳидояти мардум,[6] ва низ ҳашри мурдагон ба кор рафтааст.[7]
Дар Қуръони Карим аз беъсати Пайғамбар (с) таъбир ба миннат шудааст. Миннат аз решаи «манна» (منن), ба маънои санге аст, ки барои вазн кардани ҷисмҳо ба кор меравад ва бахшидани ҳар неъмати сангину гаронбаҳоеро миннат гӯянд. Ва беъсати ҳазрати Муҳаммад (с) ба хотири осор ва баракоти фаровоне, ки дорад низ миннат; яъне неъмате бисёр бузург муаррифӣ шудааст.[8]
Замон ва макони беъсати Пайғамбар (с)
Беъсати Пайғамбари акрам (с) бино бар машҳур дар 40-солагӣ ва бино ба қавле дар 43- солагии ҳазрати Муҳаммад (с) рух додааст.[9]
Тибқи гуфтаи муваррихон, беъсат дар соли чиҳилуми оммулфил, бистумин соли ҳукумати Хусрав Парвиз бар Эрон рӯй додааст. Бархе аз манобеъ 17 ё 18-уми Рамазон, ё яке аз рӯзҳои рабиъулаввалро рӯзи беъсат донистаанд,[10] ва қавли машҳур байни шиаён 27-уми Раҷаб аст.[11] Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммад (с) дар Ғори Ҳиро ба набувват расид.
Моҷарои оғози рисолати Пайғамбар (с)
Ҳазрати Муҳаммад (с) вақте, ки дар Ғори Ҳиро ба тафаккур ва ибодат машғул буд, бо нузули нахустин оёти сураи Алақ, беъсаташ оғоз шуд ва бо нахустин оёти сураи Муддассир идома ёфт.[12] Пайғамбар (с) ибтидо ҳамсараш Хадиҷа (а) ва писарамӯяш Алӣ (а)-ро дар ҷараёни набуввати хеш қарор дод.
Се сол баъд бо нузули ояти: وَأَنذِرْ عَشِیرَتَک الْأَقْرَبِینَ (тарҷума: “Ва хешовандони наздикатро ҳушдор деҳ!” (сураи Шуаро, ояти 214)) ошноёнашро аз набуввати худ огоҳ кард ва дар ҳамон сол бо нузули ояти: “فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ الْمُشْرِکینَ”, “Пас, чизеро ки бар он маъмурӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯй баргардон!” (сураи Ҳиҷр, ояти 94), набувваташро аланӣ кард.
Пайғамбар (с) нахустин бор дар бозори Уккоз - ҷое ки мардум барои тиҷорат дар он ҷамъ буданд ва иддае низ дар баландиҳои он ба баёни ашъори тоза ва достонҳои гуногун машғул буданд, даъвати хешро ошкор кард.
Абӯлаҳаб ва иддае ба пайравӣ аз ӯ Пайғамбар (с)-ро озор расонданд, аммо Абӯтолиб дар ҳимоят аз Пайғамбар (с) ононро танбеҳ кард.[13]
Вокуниши Пайғамбар (с) ба нузули фариштаи ваҳй
Аввалин ваҳй, ҳамроҳ бо ҳайбат ва эҳсоси сангинии бори азими рисолат тавассути Ҷабраил бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд.
Пайғамбар (с) дар кӯдакӣ бо покии даруние, ки дошт ва низ безорӣ аз муҳити фосиди он вақти Макка, майл ба танҳоиву гӯшагирӣ аз шаҳру диёри худро дошт. Ба ҳамин хотир, узлатҳои якмоҳа дар кӯҳҳои атрофи Макка ва баъд бозгашт ба шаҳр, хобҳое, ки ҳолу ҳавои ҷаҳони ғайб дошт, шунидани садои фариштаи ваҳй пеш аз беъсат ва иртиботи сесолаи Исрофил ва бистсолаи Ҷабраил бо эшон,[14] омодагиҳое буда, ки эшонро барои иблоғи пайғамбарӣ муҳайё месохтааст.
Албата ривоёти дигаре вуҷуд дорад, ки Пайғамбар (с)-ро ба фазои ваҳй ва иртибот бо фариштагон ноошно муаррифӣ мекунад: нигоҳи нобоваронаи Пайғамбар (с) ба ҳодисаи ваҳй ва тарс аз парешонхотирӣ ё ҷинзадагӣ, машварат бо Хадиҷа ва таъйид гирифтан аз Варақа ибни Навфал ба унвони шоҳиди пайғамбарии ӯ ва ором шудани ҳазрат бо дилдории вай, мазмуни ин даста аз ривоёт аст.[15] Ин даста аз ривоёт бо сайри рушд ва фазои тарбиятии ҳоким бар Пайғамбар (с) ва басирату биниши ӯ нисбат ба вазифаи сангини рисолат, носозгор дониста шудааст.[16]
Ҷойгоҳи беъсат дар фарҳанги шиъӣ
Дар фарҳанги шиъӣ 27-уми Раҷаб ба унвони иди Мабъас шинохта мешавад ва ҷашнҳое ба ҳамин муносибат баргузор мегардад. Ин рӯз дар Эрон ва бархе аз манотиқи Ироқ[17] таътили расмӣ аст.
Аъмоли рӯзи мабъас
Дар ривоёт барои шаб ва рӯзи мабъас аъмоле зикр шудааст, ки анҷоми он мустаҳаб аст.
Шаби бисту ҳафтум |
"Ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, алҳамду лиллаҳи ва субҳаналлоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийил-азим". لا اله الا الله والله اکبر الحمدلله وسبحان الله ولا حول ولا قوه الا بالله العلی العظیم Аз ин шаб бо номи «лайлат-ул-маҳё» ба маънои шаби эҳё ва шабзиндадорӣ низ ном бурда шудааст.[18] |
Рӯзи бисту ҳафтум |
لا اله الا الله والله اکبر الحمدلله وسبحان الله ولا حول ولا قوه الا بالله العلی العظیم "Ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар, алҳамду лиллаҳи ва субҳаналлоҳи ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил алийил-азим" ва баъд чаҳор бор бигӯяд: "Аллоҳу раббӣ, ло ушрику биҳи шайъан" " الله ربی لا اشرک به شیئا" |
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Мутиъ, «Беъсат», саҳ.79 - 280.
- ↑ Ҳумоӣ, «Мабъаси беъсати Расули Акрам (с)», саҳ.44.
- ↑ Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.296.
- ↑ Фароҳидӣ, Китоб-ул-айн, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.112.
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муъҷами муфрадоти алфоз-ил-Қуръон, 1412 қ, с.132 - 133.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 213/ сураи Наҳл, ояти 36/ сураи Исро, ояти 17.
- ↑ Сураи Ёсин, ояти 52/ сураи Бақара, ояти 56/ сураи Ҳаҷ, ояти 7.
- ↑ Алмустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, ҷ.11, саҳ.182, ношир: Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, Теҳрон 1368ҳ.ш.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.22/ Ибни Асир, ал-Комлилу фи ат-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, [1383 қ], ҷ.1, саҳ.385/ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.15/ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, ҷ.2, саҳ.293.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.190/ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, ҷ.1, саҳ.236 – 237/ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.16/ Табарӣ, Таърих, ҷ.2, саҳ.298
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.17 - 18.
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.16/ низ Ибни Асир, ал-Комил, ҷ.2, саҳ.46 - 50.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.1, саҳ.238/ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.17/ Табарӣ, Таърих, ҷ.2, саҳ.299.
- ↑ Муртазо Омилӣ, ас-Саҳиҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298 – 302/ Субҳонӣ, Фуруғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.223 - 225.
- ↑ النجف تعطّل الدوام الیوم بمناسبة المبعث النبوی сайти Муассисаи шуҳадо.
- ↑ Доират-ул-маъорифи ташайюъ, ҷ.8, саҳ.176.
Сарчашма
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дору содир, 1385 ҳ.қ./ 1965 м.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, ба кӯшиши Мустафо Саққо ва дигарон, Қоҳира, бе но, 355 ҳ.қ./ 936 м.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муъҷаму муфрадот алфоз-ил-Қуръон, Димишқ - Бейрут, Дор-ул-илм, ад-Дор-уш-шомийя, 1412 ҳ.қ.
- Зарринкуб, Абдулҳусайн, Бомдоди Ислом, Теҳрон, Амири Кабир, 1369 ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадят, таҷзия ва таҳлили комиле аз зиндагии Паёмбари акрам (с), Қум, Бустони китоб, чопи бисту якум, 1385 ҳ.ш.
- Омилӣ, Сайидҷаъфари Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426 ҳ.қ.
- Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-ъайн, таҳқиқи Маҳдии Махзумӣ ва Иброҳими Сомироӣ, гирдоварӣ Муҳсини Олиъусфур, Қум, муассисаи Дор-ул-ҳиҷрат, 1409 ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, Исломийя, дувум, 1363 ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368 ҳ.ш.
- Мутиъ, Маҳдӣ, «Беъсат», дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, ҷ.12, Теҳрон, маркази Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, 1383 ҳ.ш.
- Ҳумоӣ, Ҷалолиддин, «Мабҳаси беъсати Расули акрам (с)», дар беъсатнома: мақолоте дар бораи беъсати Паёмбари акрам (с), гирдоваранда: Муҳаммади Расофӣ, Теҳрон, Субҳи содиқ, 1383 ҳ.ш.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир.