Мусалмон
Мусалмон (форсӣ: مسلمان) ё муслим (арабӣ: المُسلِمُ) ба касе гуфта мешавад, ки ба таълимоти дини Ислом муътақид буда ва бар асоси он амал мекунад. Аз назари фуқаҳои шиа, мусулмонӣ ба сирфи гуфтани шаҳодатайн собит мешавад ва бар он аҳкоме чун: таҳорати бадан, муҳтарам будани ҷон, мол, обрӯ, дурустии ибодот ва ғ. ҷорӣ мешавад. Ба гуфтаи муваррихон, ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Хадиҷа (а) аввалин мусулмонон будаанд.
Вожаи муслим бо муштаққоти он беш аз 40 бор дар Қуръон истеъмол шуда ва дар ду маънои ому хос ба кор рафтааст. Мусулмон дар маънои ом ба фарде гуфта мешавад, ки таслими фармони Худованд аст ва дар маънои хос бар пайравон ва муътақидон ба дини ҳазрати Муҳаммад (c) итлоқ мешавад. Тавҳид, набувват ва маод аз эътиқодоти муштарак байни ҳамаи мусулмонон ва намоз, рӯза ва ҳаҷ бархе аз аъмоли ибодии муштараки мусулмонон аст.
Бино ба гузориши маркази таҳқиқотии ПЕВ (PEW), ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон то соли 2015 мелодӣ ҳудуди як миллиарду 752 миллиону 620 ҳазор нафар буда ва дини Ислом ба унвони дуввумин дини пурҷамъияти ҷаҳон баъд аз масеҳият шинохта шудааст. Тибқи таҳлили ин маркази таҳқиқотӣ, наздик ба ду сеюми (62 дарсад) мусулмонони ҷаҳон дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия зиндагӣ мекунанд.
Ҷойгоҳ ва таърихча
Дини Ислом дар соли 610 мелодӣ дар шаҳри Макка воқеъ дар нимҷазираи Арабистон бо мабъус шудани Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ба пайғамбарӣ, зуҳур ёфт ва пайравони он, мусулмон хонда шуданд.[1] Гуфта мешавад ҳазрати Алӣ (а), нахустин имоми шиаён ва ҳазрати Хадиҷа (а) (ҳамсари Пайғамбар) аввалин касоне будаанд, ки ба дини Ислом гиравиданад.[2] Ба гуфтаи Ибни Ҳишом дар китоби «ас-Сират-ун-набавия», пас аз Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Хадиҷа (а), афроде чун Зайд ибни Ҳориса, Абубакр ибни Абиқуҳофа, Усмон ибни Аффон, Саъд ибни Абиваққос, Зубайр ибни Авом, Абдураҳмон ибни Авф ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ нахустин афроди мусулмон буданд.[3]
Аз унвони мусулмон ё Ислом дар бархе ривоёти фиқҳӣ[4] ва дар бештари бобҳои фиқҳие монанди таҳорат, намоз, закот, савм, ҳаҷ, ҷиҳод, тиҷорат, ваколат, васият, никоҳ, сайд, забоҳа, эҳёи мавот, ҳудуд ва қисос сухан рафтааст.[5]
Вожашиносӣ
«Бодиянишинон гуфтанд имон оварадем. Бигӯ: имон наёвардаед, балки бигӯед: Ислом оварадем; зеро ҳануз имон дар дилҳоятон ворид нашудааст!»
Мусулмон ё муслим ба фард ё афроде гуфта мешавад, ки ба таълимоти дини Ислом муътақид буда ва бар асоси он амал мекунанд.[7] Бархе низ мусулмониро фақат ворид шудан дар дини Ислом ва таслим шудан дар баробари Пайғамбари Ислом (с) донистаанд.[8]
Вожаи "мусулмон" бо ҳамхонаводаҳояш беш аз 40 бор дар Қуръон омада ва дорои ду маънои омм ва хосс аст.[9] Маънои мусулмон дар бештари оёт дар маънои омм ва васеъи калима ба кор рафта ва ба касе гуфта мешавад, ки дар баробари фармони Худованд таслим буда ва дорои тавҳиди комилу холӣ аз ҳар гуна ширку бутпарастӣ аст.[10] Ва дар маънои хос ба фарде гуфта мешавад, ки аз пайравон ва муътақидон ба дини ҳазрати Муҳаммад (с) аст.[11]
Фарқи муъмин ва мусулмон
Фуқаҳо бо тавваҷуҳ ба бархе оёт[12] ва ривоёт[13] байни «мусулмон» ва «муъмин» фарқ қоил шудаанд; ба ин баён, ки муъмин дар маънои омм ба касе гуфта мешавад, ки тамоми он чиро аз ҷониби Пайғамбар (с) омадааст, дар дарунаш тасдиқ карда ва бо забонаш онро иқрор мекунад,[14] дар ҳоле ки мусулмон будан сирфан бо иқрори забонӣ ба шаҳодатайн собит мешавад.[15] Муъмин дар маънои хос аз назари фуқаҳои шиа ба касе гуфта мешавад, ки ба имомат ва вилояти имомони шиа (а) эътиқод дорад.[16]
Вижагиҳои мусулмон дар ривоёт
Дар бархе аз ривоёте, ки рӯйкарди ахлоқӣ доранд, вижагиҳое барои мусулмони ҳақиқӣ зикр шудааст.[17] Ба унвони намуна, дар ривояте ба нақл аз Пайғамбар (с) мусулмони воқеӣ касе аст, ки мардум аз шарри забон ва дасти ӯ дар амон бошанд.[18] Имом Алӣ (а) дар ривояте, хирадварзӣ, обрӯдорӣ ва ростгӯӣ, хондани бо тавваҷуҳи Қуръон, дӯстӣ ва душманӣ кардан дар роҳи Худо, шинохтани вилояти Аҳли Байт (а), риояти ҳуқуқи дигарон ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо мардумро аз вижагиҳои мусулмони ҳақиқӣ донистааст.[19]
Усули эътиқодӣ
- Навиштори аслӣ: Усули дин
Бархе аз усули эътиқодии муштараки байни ҳамаи мусулмонон инҳост:
- Тавҳид: аслитарин омӯзаи эътиқодии мусулмонон тавҳид аст.[20] Ба эътиқоди ҳамаи мусулмонон, Худованд ягонаи холиқи ҷаҳон аст ва шарик надорад.[21]
- Маъод: эътиқод ба бозгашти рӯҳ ба ҷисм дар қиёмат ва зинда шудани дубораи ӯст то ба аъмолаш расидагӣ шавад; некӯкорон ба биҳишт ва неъматҳои ҷовидонӣ, бадкорон ба кайфар ва азоби худ бирасанд.[22]
- Набувват: эътиқоди мусулмонон ба набувват иборат аст аз ин ки, аввалан: ҳазрати Муҳаммад (с) аз тарафи Худованд ба пайғамбарӣ баргузида шуд.[23] Сониян: китоби Қуръон аз тарафи Худо ба ӯ ваҳй шуд[24] ва солисан: охирин пайғамбаре аст, ки баъд аз ӯ дигар пайғамбаре нахоҳад омад.[25]
Аъмоли ибодӣ
- Навиштори аслӣ: Фуруи дин
Аз муҳимтарин аъмоли ибодии муштараки байни ҳамаи мусулмонон метавон ба умури зер ишора кард:
- Намоз: бар ҳар мусулмоне фарз аст, ки ҳар рӯз 17 ракъат намоз бихонад.[26] Ин 17 ракъат, ба намозҳои явмия (рӯзона) маъруф аст[27] ва иборатанд аз: ду ракъат намози субҳ, чаҳор ракъат намози зуҳр (пешин), чаҳор ракъат намози аср, се ракъат намози мағриб (шом) ва чаҳор ракъат намози ишоъ (хуфтан).[28]
- Рӯза: бар ҳар мусулмоне фарз аст, ки дар моҳи Рамазон ба муддати як моҳ, аз азони субҳ то азони мағриб аз шиканандаҳои рӯза худдорӣ кунад.[29]
- Ҳаҷ: бар ҳар мусулмоне фарз аст, ки дар тӯли умраш як бор (бо фароҳам шудани шароит) ба ҳаҷ равад.[30] Оини ибодии ҳаҷ ҳар сол як бор дар моҳи зилҳаҷҷа ва дар шаҳри Макка барпо мешавад ва шумори зиёде аз мусулмонон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон таҷаммуъ карда, ба иҷрои маносики ҳаҷ мепардозанд.[31]
Аҳкоми фиқҳӣ
Аз назари фуқаҳои шиа, мусулмон будан ба сирфи гуфтани шаҳодатайн ё тарҷумаи он таҳаққуқ меёбад.[32] Дар шариати Ислом барои мусулмон осоре бор шуда, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:
الْإِسْلَامُ يُحْقَنُ بِهِ الدَّمُ وَ تُؤَدَّى بِهِ الْأَمَانَةُ وَ تُسْتَحَلُّ بِهِ الْفُرُوجُ وَ الثَّوَابُ عَلَى الْإِيمَانِ
Бо Ислом ҷон маҳфуз аст, адои амонат мешавад ва фарҷҳо ҳалол мегардад, вале савоби охират бар асоси имон аст!
- Бадан ва арақи бадани мусулмон пок аст.[34]
- Ҷон, мол ва обрӯи мусулмон ҳурмат дорад.[35]
- Мусулмон будан дар дурустии ибодот ва аъмоле, ки дурустии онҳо вобаста ба қасди қурбат буда, шарт аст.[37]
- Издивоҷи мусулмон бо кофири ғайрикитобӣ дуруст нест.[38] Издивоҷи зани мусулмон, ҳатто бо кофири китобӣ низ дуруст нест.[39]
- Кофир бар мусулмон вилоят ва тасаллут надорад; яъне бо тавваҷуҳ ба қоидаи нафйи сабил, Худованд ҳеҷ ҳукмеро, ки ба сабаби он роҳи тасаллут ва вилояте аз кофир бар мусулмон бошад, ҷаъл накардааст.[40]
- Бино ба назари фуқаҳои шиа касе, ки мусулмон буда ва ошкоро дини Исломро канор бигузораду бигӯяд ман аз ин ба баъд мусулмон нестам, ё яке аз заруриёти дини Исломро инкор кунад ва ё яке аз мавориди мавриди иҷмоъи байни мусулмонон ё шиаёнро инкор кунад, муртад аст ва аҳкоми иртидод бар он ҷорӣ мешавад.[41]
Маконҳои муқаддаси мусулмонон
Бархе аз маконҳое, ки назди мусулмонони ҷаҳон муқаддас ба шумор мераванд, ба ин шарҳ аст:
- Масҷидулҳаром, муқаддастарин макони мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом, воқеъ дар шаҳри Макка ва қиблагоҳи мусулмонони ҷаҳон аст. Ин масҷид дар гирдогирди каъба воқеъ шудааст.
- Масҷидуннабӣ, аз дигар амокини муқаддас ва мазҳабии мусулмонон аст, ки дар шаҳри Мадина воқеъ шудааст.[42] Гуфта мешавад ин масҷид ба дасти Пайғамбари Ислом (с) дар ҳамон оғози вуруд ба шаҳри Мадина сохта шуд.[43]
- Масҷидулақсо, аввалин қиблагоҳи мусулмонон, аз дигар амокини мазҳабӣ ва муқаддаси мусулмонон ба шумор меравад.[44] Ин масҷид дар ҷануби шарқии шаҳри Байтулмуқаддас қарор дорад.[45]
- Ғори Ҳиро, аввалин макони нузули ваҳй бар Пайғамбари Ислом (с) низ аз амокини муқаддаси мусулмонон ба шумор меравад.
Ҷамъият
Бино ба гузориши маркази таҳқиқотии ПЕВ (pew) ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, то соли 2015 мелодӣ ҳудуди як миллиарду 752 миллиону 620 ҳазор нафар буда[46] ва дини Ислом ба унвони дуввумин дини пурҷамъияти ҷаҳон, баъд аз масеҳият шинохта шудааст.[47] Тибқи таҳлили ин маркази таҳқиқотӣ наздик ба ду сеюми (62 дарсад) мусулмонони ҷаҳон дар минтақаи Осия ва Уқёнусия зиндагӣ мекунанд.[48] Бар асоси гузориши маркази таҳқиқотии ПЕВ, тибқи оморе, ки дар соли 2015 мелодӣ таҳия шудааст, 10 кишваре, ки бештарин ҷамъияти мусулмонро ба худ ихтисос додаанд, ба тартиб дар ҷадвали зер нишон дода шудааст:[49]
№ | кишвар | ҷамъият | дарсади кулли ҷамъияти кишвар |
---|---|---|---|
1 | Индонезия | 219,960,000 нафар | 87/1 % |
2 | Ҳиндустон | 194,810,000 нафар | 14/9 % |
3 | Покистон | 184,000,000 нафар | 96/4 % |
4 | Бангладеш | 144,020,000 нафар | 90/6 % |
5 | Нигерия | 90,020,000 нафар | 50 % |
6 | Миср | 83,870,000 нафар | 95/1 % |
7 | Эрон | 77,650,000 нафар | 99/5 % |
8 | Туркия | 75,460,000 нафар | 98 % |
9 | Алҷазоир | 37,210,000 нафар | 97/9 |
10 | Ироқ | 36,200,000 нафар | 99 |
Ҳамчунин бино ба гузориши ин маркази таҳқиқотӣ, дар соли 2017 мелодӣ ҷамъияти мусулмонони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳудуди се миллиону 450 ҳазор нафар ва ҳудуди 1/1 % кулли ҷамъияти ин кишвар будааст[50] ва дар қорраи Аврупо, шумори мусулмонон аз соли 2010 мелодӣ то 2016 мелодӣ аз 19 миллиону 500 ҳазор нафар ба 25 миллиону 800 ҳазор нафар (аз 3/8 % то 9/4 %) афзоиш ёфтааст.[51]
Фирқаҳо
Фирқаҳои шиа ва суннӣ аз пурҷамъияттарин фирқаҳои мусулмон ба шумор мераванд. Мутобиқи гузориши «Анҷумани дин ва зиндагии умумии ПЕВ», аз кулли ҷамъияти мусулмони ҷаҳони 10 то 13 дарсади он шиа ва 87 то 90 дарсади он суннианд.[52] Бино ба гузоришии дигар, ҷамъияти шиаён (шомили имомия, исмоилия ва зайдия) имрӯз беш аз 300 миллион нафаранд, ки 19/1 дарсад ё як панҷум аз кулли ҷамъияти мусулмонони ҷаҳонро ташкил дода ва ҳудуди 4/1 дарсад ё як бисту панҷум аз кулли ҷамъияти ҷаҳонро ташкил додаанд.[53]
Нигорхона
-
Масҷидуннабӣ, Мадина, Арабистон
-
Мусулмонон дар ҳоли намози ҷамоат
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз нависандагон, Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ,1381ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.300.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.23.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.262 - 273.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.68 - 76.
- ↑ Муассисаи доират-ул-маъориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.511.
- ↑ Сураи Ҳуҷурот, ояти 14
- ↑ Викс, Донишномаи ақвоми мусулмон, 1383ҳ.ш., муқаддима, саҳ.2.
- ↑ Сайидшарафиддин, Оини ҳамзистии мусулмонон, 1393ҳ.ш., саҳ.34.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.328 - 329.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.703/ Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.294 - 295.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.328 - 329.
- ↑ Сураи Ҳуҷурот, ояти 14.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.68 - 76.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1423ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.337.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.65, саҳ.315.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1423ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.338.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.158 – 159/ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.196 - 197.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11/ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.592.
- ↑ Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.196 - 197.
- ↑ Яҳё, “Сайри масъалаи тавҳид дар олами Ислом то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ», саҳ.196/ Софӣ, Таҷаллии тавҳид дар низоми имомат, 1392ҳ.ш., саҳ.21.
- ↑ Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи оёту ривоёт, 1379ҳ.ш., саҳ.19 - 20.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Ҳаққ-ул-яқин, интишороти исломийя, ҷ.2, саҳ.369.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.480 – 485/ Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.243 - 244.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1388ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.127.
- ↑ Аскуӣ, Набувват, 1390ҳ.ш., саҳ.202 - 203.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.12.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163/ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-ҳаҷ, нашри Турос-уш-шайх-ил-аъзам Ансорӣ, саҳ.6.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.65, саҳ.315/ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.630.
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.69
- ↑ Доират-ул-маъориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.513.
- ↑ Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, 1406қ, ҷ.1, саҳ.213 - 214.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.263.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.161.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димшқийя, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.412.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.92.
- ↑ Ҳусайнӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.350.
- ↑ Ҳошимӣ, Дар боби такфиру иртидод, 1400ҳ.ш., саҳ.85.
- ↑ Муассисаи фарҳангии ҳунарии машъар, Масҷид-ун-Набӣ (с), нашри Машъар, саҳ.3.
- ↑ Муассисаи фарҳангии ҳунарии машъар, Масҷид-ун-Набӣ (с), нашри машъар, саҳ.3.
- ↑ Мусо Ғуша, Таърихи маҷмуаи Масҷидулақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.183.
- ↑ Diamant, «The countries with the 10 largest Christian populations and the 10 largest Muslim populations»، Pew Research Center
- ↑ Desilver, «World’s Muslim population more widespread than you might think»، Pew Research Center
- ↑ Desilver, «World’s Muslim population more widespread than you might think»، Pew Research Center
- ↑ Desilver, «World’s Muslim population more widespread than you might think»، Pew Research Center
- ↑ Mohamed, New estimates show U.S. Muslim population continues to grow، Pew Research Center
- ↑ Hachett, «5facts about the Muslim population in Europe»، Pew Research Center
- ↑ Анҷумани дин ва зиндагии умумии пив, нақшаи ҷамъияти ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.11.
- ↑ Анҷумани дин ва зиндагии умумии пив, нақшаи ҷамъияти ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.11.
Сарчашма
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳаққ-ул-яқин, Қум, интишороти Исломийя, бе то.
- Алломаи Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1430ҳ.қ.
- Анҷумани дин ва зиндагии умумии пив, нақшаи ҷамъияти ҷаҳон, тарҷумаи Маҳмуд Тақизода Доварӣ, Қум, Шиашиносӣ, 1393ҳ.ш.
- Биёбонӣ Аскуӣ, Муҳаммад, Набувват, Теҳрон, интишороти Набаъ, 1390ҳ.ш.
- Викс, Ричард, Донишномаи ақвоми мусулмон, тарҷумаи Маъсума Иброҳимӣ ва Паймони Матин, Теҳрон, муассисаи интишороти Амири Кабир, 1383ҳ.ш.
- Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Абумуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Иҷӣ, Аздуддин, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
- Каримӣ, Ҷаъфар, Тавҳид аз дидгоҳи оёту ривоёт (2), Теҳрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 1379ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маъориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доират-ул-маъориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Қум, интишороти Садро, 1388ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Домод, Сайидмустафо, Қавоиди фиқҳ, Маркази нашри улуми исломӣ, чопи дувоздаҳум, 1406ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни ал-Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Теҳрон, интишороти Истиқлол, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёи турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Сайидшарафиддин, Абдулҳусайн, Оини ҳамзистии мусулмонон, Қум, нашри Ҳабиб, 1393ҳ.ш.
- Софӣ, Лутфуллоҳ, Таҷаллии тавҳид дар низоми имомат, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1392ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи сеюм, 1393ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-ҳаҷ, Қум, Турос-уш-шайх-ил-аъзам Ансорӣ, бе то.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи ал-Маъориф-ул-исломийя, 1423ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димшқийя, Қум, Дор-ут-тафсир, чопи ҳафтум, 1427ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, чопи аввал, бе то.
- Яҳё, Усмон ибни Исмоил, “Сайри масъалаи тавҳид дар олами Ислом то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ», тарҷумаи Алиризо Заковатии Қарогизлув, дар маҷаллаи Маориф, шумораи 16 ва 17, фарвардину обони 1368ҳ.ш.
- Ҳошимӣ, Сайид Садро, Дар боби такфиру иртидод, Теҳрон, нашри Нигоҳи муосир, чопи аввал, 1400ҳ.ш.
- Ҳусайнӣ, Сайид Мир Абдулфатоҳ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
- Ҷамъе аз нависандагон, Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, 1381ҳ.ш.
- Diamant, Jeff, « The countries with the 10 largest Christian populations and the 10 largest Muslim populations », Pew Research center : April 2019, seen at : February 2022.
- Desilver, Drew and Daivid Masci, « World’sи Muslim population more widespread than you might think », Pew Research Center, 31 January 2017, seen at : 2 February 2022.
- Mohamed, Besheer, « New estimates show U. S. Muslim population continues to grow », Pew Research
- Center : 3 January 2018, seen at : 5 February 2022.
- Hackett, Conrad, « 5facts about the Muslim population in Europe », Pew Research Center : 29 November 2017, seen at : 7 Februar 2022.