Ояти Исро

Аз wikishia
Ояти Исро
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Исро
Воқеъ дар сураиИсро
Шумораи оят1
Ҷузъ15
Шаъни нузулМеъроҷ
Макони нузулМакка
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиМеъроҷи Пайғамбар (с)
Оёти муртабитОятҳо 8-18 Наҷм


Ояти Исро (арабӣ: آية الإسراء) нахустин оят аз сураи Исро ки дар бораи меъроҷи Пайғамбар нозил шудааст. Тибқи ин оят, Пайғамбар (с), шабона аз Масҷидулҳаром то Масҷидулақсо бурда шуд ва ҳадаф аз меъроҷ, нишон додани азимати нишонаҳои Худо ба Пайғамбар будааст. Аз ин оят, ҷисмонӣ будани меъроҷи Пайғамбар ва муъҷиза будан он бардошт шудааст.

Муаррифӣ

Ба ояти нахусти сураи Исро ки дар он ба воқеаи сайри Пайғамбар (с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо ишора шуда, ояти Исро гуфта мешавад.[1]

Шаъни нузул

Мақолаи аслӣ: Меъроҷ

Ин оят дар бораи сайри Пайғамбар (с), аз Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас нозил шудааст.[2] Ба гуфтаи Шайх Табарсӣ аз муфассирони қарни шашуми қамарӣ, пас аз он ки Пайғамбар намози шом ва хуфтанро дар Масҷидулҳаром хонд, меъроҷаш оғоз шуд ва ҳамон шаб баргашт ва намози бомдодро низ дар Масҷидулҳаром хонд. Ин мавзуъ мавриди иттифоқи ҳама мусулмонон буда ва бархе аз саҳоба, ҳамчун Ибни Аббос, Ибни Масъуд, Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Ҳузайфа онро нақл кардаанд.[3]

Муфассирон дар зайли ин оят ба ҷузъиёти сафари меъроҷи Пайғамбар ҳамчун замон, макон ва чигунагии он пардохтаанд.[4]

Далолати оят бар муъҷиза будани меъроҷ

Бархе муфассирон, аз ояти Исро ба унвони яке аз мӯъҷизоти Пайғамбар (с) ёд кардаанд.[5] Ҷаъфари Субҳонӣ дар тафсири Маншури ҷовид, овардааст ки сайри шабонаи Пайғамбар аз Масҷидулҳаром то Масҷидулақсо яке аз мӯъҷизоти Пайғамбар (с) аст ки бидуни васоили имрӯзӣ, эъҷоз ва хориҷ аз тавоноӣ башар будааст.[6] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ (ваф.1358ҳ.ш.) андешманди шиъӣ, дар ин оят ба таври сариҳ як сафари ғайриодии ҷисмонӣ барои Пайғамбари нақл шудааст; чироки чунин сафаре дар як шаб дар даврае ки маркаби сафар шутур буда, ғайр аз муъҷиза наметавонад бошад.[7] Албата Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ муътақид аст, ин оят ба танҳои сароҳат дар эъҷоз надорад, балки ба замимаи ривоёт ва шаъни нузуле ки дар тафсири он баён шудааст ҷузви мӯъҷизоти Пайғамбар (с) қарор мегирад.[8]

Далолати оят бар ҷисмонӣ будани меъроҷ

Муфассирон дар зайли ин оят аз ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ будани меъроҷ сухан гуфтаанд. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ (ваф.1360ҳ.ш.) бештари онон бар ин боваранд ки меъроҷ ҷисмонӣ будааст;[9] Албата Аллома худ бар ин бовар аст, ки аз ин оят ва оёти сураи Наҷм ба даст меояд ки сафари Пайғамбар аз Масҷидулҳаром то Масҷидулақсо ҷисмонӣ, аммо урӯҷаш аз Масҷидулақсо ба осмонҳо рӯҳонӣ будааст.[10] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз вожаи «биабдиҳи» ба даст меояд ки меъроҷи Пайғамбар ҷисмонӣ будааст чироки ин вожа нишон медиҳад ки ҷисми Пайғамбар дар ин сафар ҳамроҳи ӯ будааст.[11] Ҳамчунин Ҷаъфар Субҳонӣ гуфтааст агар ин сафар, рӯҳонӣ буд мебоист ба ҷои вожаи «биабдиҳи» аз таъбири бирӯҳиҳи истифода шавад.[12]

Баёни ҳадафи меъроҷи Пайғамбар

Ба гуфтаи муфассирон иборати «линурияҳу мин оётино» ба ҳадафи меъроҷ ишора дорад.[13] Ҳадафи меъроҷ, нишон додани азимати нишонаҳои Худо ба Пайғамбар (с) будааст то рӯҳи он ҳазрат азамат ёфта ва барои ҳидояти инсонҳо омодагии бештаре пайдо кунад.[14] Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён сайри шабонаи Пайғамбар аз Макка ба Байтулмуқаддас, урӯҷ ба осмонҳо ва дидани пайғамбаронро аз ҷумла ин нишонаҳо медонад.[15] Ҳамчунин аз калимаи мин дар оят бардошт кардаанд, ки Пайғамбар дар ин сафар гӯшае аз нишонаҳои азимати Илоҳиро мушоҳида кардааст на ҳамаи онҳоро.[16]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.179
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.215
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.215
  4. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён, ҷ.13, саҳ.7 - 35
  5. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.216 - 217
  6. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.216
  7. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осори устоди шаҳиди Мутаҳҳарӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.200
  8. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.343 - 344
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён. ҷ.13, саҳ.32
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён. ҷ.13, саҳ.32
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.9
  12. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.370
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён. ҷ.13, саҳ.7
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.9 - 11
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.218
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, Исмоилиён, ҷ.13, саҳ.7; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.9 - 11

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тарҷумаи Қуръони Карим, Қум, интишороти Дор-ул-Қуръон-ил-карим, чопи дувум, 1373ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Теҳрон, чоп: сию дувум, 1374ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осори устоди шаҳид Мутаҳҳарӣ, Теҳрони интишороти Садро, чопи ҳафтум, 1384ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, Бӯстони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Табарсӣ, фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи алълмӣ, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Исмоилиён, бе то.