Қосим писари Расули Худо

Аз wikishia
Қосим писари Расули Худо
Номи комилҚосим ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с)
НасабҚурайш
Санаи таваллудпеш аз беъсат
ЗодгоҳМакка
Маҳалли дафнҚабристони Маълот
Шинохташуда бароифарзанди Пайғамбар


Қосим писари Расули Худо аввалин писари Пайғамбар (с) ва Хадиҷа аст, ки пеш аз Беъсат дар Макка ба дунё омад ва дар кӯдакӣ аз дунё рафт.[1]

Дар бархе гузоришҳо, сини ӯ ҳангоми вафот, ду сол гуфта шудааст.[2] Кунияи Абулқосими Пайғамбар(с), баргирифта аз номи ӯст.[3]

Тибқи бархе нақлҳо, пас аз вафоти Қосим, Ос ибни Воил Пайғамбарро ”абтар” (касе ки наслаш бурида шудааст) номид, ки дар пайи он, сураи Кавсар нозил шуд.[4] Ин достон дар бораи фавти Абдуллоҳ - писари дигари Пайғамбар (с) низ ривоят шудааст.[5]

Қосим дар Макка ба хок супурда шуд.[6]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1410ҳ.қ.‏, саҳ.245; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.‏1, саҳ.190.
  2. Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, ҷ.1, саҳ.273.
  3. Ибни Ҳишом, Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.190.
  4. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, саҳ.245; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, ҷ‏.3, саҳ.104.
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138 - 139.
  6. Моликии Маккӣ, Таҳсил-ул-маром фи ахбор-ил-Байти-л-ҳаром, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.650.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Диёрбакрӣ‏, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис‏, Бейрут, Дорул-содир, бе то.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ (китоби ас-Сияр ва-л-мағозӣ), Қум, Дафтари мутолиъоти таърих ва маорифи исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя‏, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Моликии Маккӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳсил-ул-маром фи ахбор-ил-Байти-л-ҳаром ва-л-машоъир-ил-изом ва Макката ва-л-ҳарам ва вулотуҳо-л-фахом, таҳқиқи Абдулмалик ибни Даҳиш, Макка, мактабатул-Асадӣ, 1424ҳ.қ.