Jump to content

Қавми Сабаъ

Аз wikishia

Қавми Сабаъ (форсӣ: قوم سَبَأْ) аз қавмҳои араби сокини Яман буданд, ки ба гуфтаи муфассирон, ба сабаби куфрони неъмат ва инкори пайғамбарон, ба азоби Илоҳӣ гирифтор шуданд. Ин қавм аз неъматҳое чун кишоварзии пурравнақ, боғҳои пурмева, роҳҳои амн ва набудани ҳашароти озоррасон бархурдор буданд; аммо ба сабаби носипосӣ, бо фурӯ рехтани садди Маъриб, заминҳои ҳосилхез ва боғҳои сабзашон нобуд шуданд ва мардуми он дар минтақаҳои гуногуни Ҷазиратулараб пароканда шуданд.

Қуръон дар сураи Сабаъ ба саргузашти қавми Сабаъ пардохтааст. Манбаъҳои тафсирӣ ва таърихӣ, қавми Сабаъро бо хусусиятҳое чун қуввати низомӣ, алоқаманди ободонӣ ва ибодати бутҳо ва офтоб тавсиф кардаанд. Ин қавм, бо маҳорат дар ҳандаса ва нуҷум, сохтаҳои шигифтангезе чун маъбадҳои Сирвоҳ, Маъриб ва садди Маърибро эҷод карда буданд.

Қиссаи қавми Сабаъ ва маликаи Сабаъ дар оятҳои 15-19 сураи Сабаъ ва 22-44 сураи Намл омадааст.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Қавми Сабаъ аз қавмҳои бостонии араб ва аз насли Сабаъ ибни Яшҷуб ё Ясҷуб буданд, ки пеш аз мелод, дар Яман зиндагӣ мекарданд.[1] Ба гуфтаи муҳаққиқон, онҳо, аввал, дар шимоли Ҷазиратулараб зиндагӣ мекарданд. Сипас ба ҷануби Ҷазиратулараб муҳоҷират карданд ва дар минтақаҳое чун Маъриб сокин шуданд, ки баъдҳо ба замини Сабаъ машҳур шуд.[2]

Дар Қуръон, сурае бо номи Сабаъ мавҷуд аст, ки ба саргузашти қавми Сабаъ мепардозад. Дар оятҳои 15 то 19 ин сура, баҳрамандии ин қавм аз неъматҳои Илоҳӣ дар замини онҳо ва боғҳои сабзашон гузориш шудааст, ки пас аз куфрони неъматҳо бо сели азими Арим ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар оятҳои 22 то 44 сураи Намл низ ба хабари ҳудҳуд дар бораи қавми Сабаъ ва ҳукумати қудратманди маликаи Сабаъ (Билқис) ва ҳамчунин дидори ӯ бо ҳазрати Сулаймон (а) ва имон овардани ӯ ишора шудааст.

Баъзе муфассирон ношинохта будани тамаддуни бузурги қавми Сабаъ дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ ва кашфи он дар қарни нуздаҳуми мелодиро аз ахбори ғайбии Қуръон ва ҳамчун эъҷози илмии Қуръон зикр кардаанд.[3] Ба гуфтаи баъзе муҳаққиқон, гузоришҳои Қуръон дар бораи қавми Сабаъ дар ду сураи Намл ва Сабаъ, дар бораи ду давраи таърихии ҳаёти қавми Сабаъ аст.[4] Бинобар ин инқирози қавми Сабаъ пас аз сели Арим, қарнҳо пас аз давраи ҳазрати Сулаймон (а) рух дода ва қавми маликаи Сабаъ дар замони ҳазрати Сулаймон (а)-ро дарбар намегирад.[5]

Ба гузориши баъзе пажуҳишгарон номи "Сабаъ" дар Таврот низ борҳо ҳамчун як қавми таърихӣ зикр шудааст.[6]

Хусусиятҳои қавми Сабаъ

Дар манобеи таърихӣ ва тафсирӣ, хусусиятҳои қавми Сабаъ, аз ҷумла тавоноии низомӣ, пешрафти шаҳрсозӣ ва бутпарастии онҳо зикр шудааст.

Ҷомеае иборат аз яктопарастон ва ғайрияктопарастон

Қуръон ба гурӯҳе аз қавми Сабаъ ишора мекунад, ки ба рӯзи қиёмат ва зиндагии пас аз марг имон[7] ва ба рубубияти Худо эътиқод доштанд.[8] Бар асоси манобеи таърихӣ ва тафсирӣ, гурӯҳҳои дигаре аз қавми Сабаъ ё ба Худо имон надоштанд ё бо сохтани маъбадҳои бузург ба парастиши офтоб, моҳ, ситорагон ва ҳайвоноте чун гӯсола ва гавазн рӯ оварда буданд.[9] Онҳо инчунин бутеро бо номи Яғус мепарастиданд.[10]

Ба гуфтаи Беозори Шерозӣ, аз пажӯҳишгарони исломӣ, мардумони Сабаъ бар ин бовар буданд, ки ду шохи гов, ки ба шакли ҳилол медаромад, рамзи илоҳаи ситораи Зуҳра мебошад.[11] Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар бархе давраҳо дини яҳудият низ дар миёни қавми Сабаъ роиҷ буд.[12]

Бартарии низомӣ

Манобеи таърихӣ гузориш додаанд, ки салтанати Сабаъ яке аз бузургтарин ва пурқудраттарин ҳукуматҳои Яман миёни арабҳо ва маъруф миёни румиён ва юнониён буд. Аз назари низомӣ ва дифоӣ, онҳо артиши бузург ва комилан фармонбардор доштанд.[13]

Таваҷҷуҳ ба ободӣ ва илм

Қавми Сабаъ таваҷҷуҳи зиёде ба пешрафти шаҳрсозӣ ва ободии сарзамини худ доштанд.[14] Ин мавзуъ дар навиштаҳои боқимонда аз ҳукумати Сабаъ бо истилоҳоте чун бозсозӣ, сохтмон ва ислоҳ, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи онҳо ба тараққиёт ва рушди ҷомеа буд.[15]

Баъзе муҳаққиқон аз осори тамаддуни қавми Сабаъ маъбади маъруфи шаҳри Сирвоҳ, маъбади маъруфи Маъриб (рамзи бутпарастӣ) ва сохтани садди Маърибро зикр кардаанд, ки аз маҳорат ва дониши онҳо дар риштаҳои ҳандаса, илмҳои нуҷум ва муҳандисӣ шаҳодат медиҳад.[16]

Куфрони неъмат ва нузули азоб

Мақолаи аслӣ: Куфрони неъмат

Сарзамини Сабаъ пур аз неъматҳои моддӣ ва маънавӣ буд.[17] Бо сохтани сад, онҳо кишоварзии шукуфон ва боғҳои пурбори зиёде доштанд.[18] Дар тавсифи ин сарзамин навиштаанд, ки мардумон ду боғи бузург ва пайваста ба ҳам доштанд, ки масофаи онҳо ба андозаи даҳрӯза роҳ буд.[19]

Гуфта шудааст, ки ҳавои ин сарзамин дар тобистон ва зимистон озордиҳанда набуд,[20] мардум ҳангоми сафар аз дуздон ва ҳайвонҳои ваҳшӣ дар амну амон буданд[21] ва ба сабаби фаровонии неъматҳо ниёзе ба тӯшаи роҳ надоштанд.[22]

Ба гуфтаи муфассирон, қавми Сабаъ дар муқобили ҳамаи ин неъматҳо носипосӣ карда, Худоро фаромӯш намуданд.[23] Онҳо паёмбарони Илоҳиро такзиб карданд ва шукри неъматҳои Худоро ба ҷо наоварданд.[24] Фахрфурӯшӣ мекарданд ва ба тафриқаҳои иҷтимоӣ ва табақотӣ доман мезаданд.[25]

Ин носипосиҳо сабаби нузули азоби Илоҳӣ шуд ва бо сели Арим, қавми Сабаъ нобуд гардид.[26]

Нобудии қавм бо сели Арим

Ба гуфтаи муфассирон, ҳангоми фарорасии азоби Илоҳӣ, мӯшҳои саҳроӣ бо суст кардани сохтори дохилии садди Маъриб, сабаби шикастани он шуданд. Ин ҳодиса сели бузургеро ба вуҷуд овард, ки чорпоёнро нобуд кард ва боғҳои сабзу хуррамро ба дарахтони бо меваҳои талх ва ғайри қобили истеъмол табдил дод.[27] Пас аз ин ҳодиса, мардуми Сабаъ аз сарзамини худ пароканда шуданд ва ба минтақаҳои гуногуни Ҷазиратулараб муҳоҷират карданд.[28] Қабилаи Ғассон ба Шом, қабилаи Қузоъа ба Макка, қабилаи Асад ба Баҳрайн, қабилаи Анмор ба Ясриб, қабилаи Хузоъа (Ҷузом) ба Тиҳома дар Макка, қабилаи Азд ба Уммон кӯч карданд.[29]

Ин парокандагӣ ба ҳадде буд, ки миёни мардуми араб зарбулмасале машҳур шуд: «Тафаррақу айодӣ Сабаъ» – яъне «Дастаҳои Сабаъ пароканда шуданд».[30]

Эзоҳ

  1. Юсуфӣ, Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ, Нашри Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, ҷ.1, саҳ.99; Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.89 ва 84; Удӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.684
  2. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.89; Удӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.684
  3. Ризоӣ, Тафсири Қуръони Маҳр, 1387ҳ.ш, ҷ.17, саҳ.46; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш, ҷ.18, саҳ.69
  4. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.88
  5. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.87
  6. Каримиён ва Ҳушангӣ, «Билқис», саҳ.73 ва 74
  7. Сураи Сабаъ, ояти 21
  8. Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1383ҳ.ш, ҷ.15, саҳ.521
  9. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.90; Балоғӣ, Қисаси Қуръон, 1381ҳ.ш, саҳ.379; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш, ҷ.13, саҳ.184
  10. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ, ҷ.29, саҳ.62
  11. Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш, саҳ.325; Балоғӣ, Қисаси Қуръон, 1381ҳ.ш, саҳ.379
  12. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.90
  13. Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1383ҳ.ш, ҷ.15, саҳ.513; Дастурӣ, Ақвоми ҳалокшуда, 1381ҳ.ш, саҳ.137; Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.85, 86 ва 88; Балоғӣ, Қисаси Қуръон, 1381ҳ.ш, саҳ.377; Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қиссаҳои Қуръон, 1382ҳ.ш, саҳ.316
  14. Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.85
  15. Дастурӣ, Ақвоми ҳалокшуда, 1381ҳ.ш, саҳ.137; Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.85
  16. Удӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.686; Балоғӣ, Қисаси Қуръон, 1381ҳ.ш, саҳ.379
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш, ҷ.18, саҳ.58
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1431ҳ.қ, ҷ.8, саҳ.604; Ризоӣ, Тафсири Қуръони Маҳр, 1387ҳ.ш, ҷ.17, саҳ.41; Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1386ҳ.ш, саҳ.507
  19. Табарсӣ, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ, ҷ.3, саҳ.346; Шоҳабдулъазимӣ, Тафсири Исноашарӣ, 1363ҳ.ш, ҷ.10, саҳ.522
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1431ҳ.қ, ҷ.8, саҳ.605
  21. Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1386ҳ.ш, саҳ.509
  22. Табарсӣ, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ, ҷ.3, саҳ.348; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1431ҳ.қ, ҷ.8, саҳ.605
  23. Манҳаҷ-ус-содиқин фӣ илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, ҷ.7, саҳ.361; Қиссаҳои Қуръон, 1386ҳ.ш, саҳ.509
  24. Манҳаҷ-ус-содиқин фӣ илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, ҷ.7, саҳ.361
  25. Дастурӣ, Ақвоми ҳалокшуда, 1381ҳ.ш, саҳ.141; Хусравонӣ, Тафсири Хусравӣ, 1390ҳ.қ, ҷ.7, саҳ.80; Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1386ҳ.ш, саҳ.509
  26. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш, ҷ.18, саҳ.59; Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.91; ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, ҷ.16, саҳ.364
  27. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, ҷ.8, саҳ.605; Шоҳабдулъазимӣ, Тафсири Исноашарӣ, 1363ҳ.ш, ҷ.10, саҳ.523; Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1383ҳ.ш, ҷ.15, саҳ.511 ва 512; Қонеӣ ва Асадӣ, «Қавми Сабаъ», саҳ.91; Макорими Шерозӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1386ҳ.ш, саҳ.508
  28. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.181
  29. Тӯсӣ, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.8, саҳ.389; Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фӣ илзом-ил-мухолифин, ҷ.7, саҳ.364
  30. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.181; Кошонӣ, Тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фӣ илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, ҷ.7, саҳ.364

Сарчашма

  • Балоғӣ, Садруддин, Қисаси Қуръон, Теҳрон, Амиркабир, 1381ҳ.ш.
  • Беозори Шерозӣ, Абдулкарим, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии қиссаҳои Қуръон, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Дастурӣ, Мужгон, Тарҷумаи Ақвоми Ҳалокшуда, Теҳрон, Интишороти Кайҳон, 1381ҳ.ш.
  • Каримиён, Муҳаммадбоқир ва Лайло Ҳушангӣ, «Билқис» дар Донишномаи Ҷаҳони Ислом, ҷ.4, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ, Манҳаҷ-ус-содиқин фӣ илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, Китобфурӯшии Исломия, чопи аввал, бе то
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Қиссаҳои Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Маҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, таҳрир: Фазлуллоҳ Яздӣ Таботабоӣ, Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, таҳрир: Абулқосим Гурҷӣ, Қум, Маркази мудирияти Ҳавзаи Илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-Маърифа, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисаи Аъломӣ лил-Матбуот, чопи дуввум, 1390ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, таҳрир: Аҳмад Ҳабиб Омулӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бе то
  • Удӣ, Саттор, «Қавми Сабаъ» дар Донишномаи Ҷаҳони Ислом, ҷ.22, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Хусравонӣ, Ализода, Тафсири Хусравӣ, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Исломия, чопи аввал, 1390ҳ.қ.
  • Шоҳабдулъазимӣ, Ҳусайн, Тафсири Исноашарӣ, Теҳрон, Нашри Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
  • Юсуфӣ, Муҳаммадҳодӣ, Мавсуат-ут-таърих-ил-исломӣ, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, бе то
  • Қонеӣ, Алӣ ва Алӣ Асадӣ, «Қавми Сабаъ» дар Донишномаи Доиратулмаорифи Қуръони карим, ҷ.15, Қум, Муассисаи Бӯстони Китоб, 1382ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Ал-Ҷомеъ ли Аҳкомил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
  • Ҳамавӣ, Яқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дор Иҳёи Туросил-Арабӣ, б.т.
  • Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Муҳаммад, Анвори Дурахшон дар тафсири Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Лутфӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Қавми Сабаъ, Сади Мариб ва Сайли Арим» дар маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, №695, фарвардин 1398ҳ.ш.