Аҳли Байт (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Итрат)
Асомии Аҳли Байт алайҳимуссалом
Ин мақола дар бораи Аҳли Байт (а)аст. Барои ошноӣ бо имомони дувоздаҳгона ва чаҳордаҳ маъсум (а) имомони шиа ва чаҳордаҳ маъсумро бубинед.

Аҳли Байт (арабӣ: أهلُ الْبَیت) хонадони Пайғамбари Ислом (с), ки мурод аз онҳо дар адабиёт ва китобҳои шиъӣ чаҳордаҳ маъсум аст. Касони дигаре ҳам мисоли Аҳли Байт баён шудаанд, ҳамчун асҳоби касо ва ҳамсарони Пайғамбар (с).

Дар манобеи шиа, фазоил, вижагиҳо ва ҳуқуқе барои Аҳли Байт (а) нақл шудааст. Бинобар эътиқоди шиа, Аҳли Байт дорои мақоми исмат ҳастанд ва аз ҳамаи асҳоби Паёмбар (с) ва балки ҳамаи махлуқоти Худо бартаранд, вилоят ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ бар уҳдаи онҳост ва мусулмонон бояд дар ҳамаи омӯзаҳои динӣ Аҳли Байтро марҷаъи худ бидонанд ва аз онҳо пайравӣ кунанд.

Ҳамчунин бар асоси манобеи шиъӣ, маваддати Аҳли Байт (а) бар мусулмонон воҷиб аст ва дар ривоёт асосу пояи Ислом муаррифӣ шудааст. Ояи татҳир ва ояи Маваддат ва аҳодиси Сақалайн, Сафина ва Амон аз ҷумлаи оёт ва аҳодиси машҳур дар боби фазоили Аҳли Байт ба шумор мераванд.

Аҳли суннат, гарчи дар масодиқи Аҳли Байт бо шиаи ихтилофи назар доранд, бештарашон асҳоби касоро ҷузви Аҳли Байт шумурда ва фазоиле барои онон нақл кардаанд; аз ҷумла вуҷуби муҳаббат ва дурӣ ҷустан аз буғзу душманӣ ба онон, фазилату бартарии асҳоби касо, марҷаияти илмӣ ва исмати онон.

Мусулмонон китобҳои бисёре дар бораи Аҳли Байт, ба забонҳои мухталиф, ҳамчун форсӣ, арабӣ ва урду нигоштаанд. Аз он ҷумла аст Мавсуату сирати аҳл-ил-байти алайҳимуссалом асари Боқир Шарифи Қарашӣ дар чиҳил ҷилд, Мавсуату аҳл-ил-байти алайҳимуссалом таълифи Сайид Алии Ошур дар бист ҷилд ва Аҳл-ил-байти алайҳимуссалом симотуҳум ва ҳуқуқуҳум фи-л-Қуръон-ил-карим навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ. Ҳамчунин ашъор ва осори ҳунарии мутааддиде дар бораи Аҳли Байт халқ карда ва марокизи илмӣ ва фарҳангии зиёде ба номи онон номгузорӣ шудаанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Гуфта шуда ҳамаи мусулмонон аз садри Ислом то ба имрӯз ба ҷуз иддаи андаки носибиҳо, ба Аҳли Байти Паёмбар иродат ва алоқа доштаанд ва ҷойгоҳи волои онҳо дар илму амалро қабул доранд; аммо дар миёни фирқаҳои исломӣ, шиаён ба пайравони Аҳли Байт шинохта ва машҳур шудаанд.[1] Мактаби шиа ба ҷиҳати эътиқод ба Аҳли Байт ва пайравӣ аз онон, мактаби Аҳли Байт (а) номида мешавад.[2] Ҳамчунин аз мактаби фиқҳии шиъӣ, бо унвони мактаби фиқҳии Аҳли Байт ёд мешавад.[3]

Ҳуҷҷият ва эътибори суннати Паёмбар (феъл, гуфтор ва тақрир) мавриди иттифоқи шиа ва аҳли суннат аст. Онон суннати набавиро яке аз сарчашмаҳои ба даст овардани аҳкоми шаръӣ мешуморанд; аммо шиаён бар хилофи аҳли суннат ва бар асоси оёту аҳодиси набавӣ, суннати Аҳли Байт(имомон ва ҳазрати Заҳро)-ро низ ҳуҷҷат ва яке аз манбаъҳо ва далоили аҳкоми шаръӣ шумурдаанд.[4]

Шиаён муътақиданд исломе ки дар мактаби Аҳли Байт муаррифӣ мешавад, исломи ҳақиқӣ, комил ва ҷомеъ аст.[5]

Дар сарчашмаҳои шиа ва аҳли суннат, ривоёти фаровоне дар боби фазилатҳо, вижагиҳо ва ҳуқуқи Аҳли Байт (а) нақл шудааст.[6] Пёмбари Ислом (с) борҳо ба Аҳли Байт ва посдошту эҳтиром ба онҳо суфориш кардааст.[7]

Китобҳо ва мақолоти фаровоне аз сӯи мусулмонон, чи шиа ва чи суннӣ, ба забонҳои мухталиф, ҳамчун форсӣ, арабӣ ва урдӯ дар бораи Аҳли Байт (а) нигошта шудааст.[8] Мусулмонон ба вижа шиаён ҳамвора иродат ва алоқаи худ ба Аҳли Байтро аз роҳҳои гуногун ҳамчун сӯгворӣ дар айёми сӯгвории онҳо[9] ва шодиву сурур дар айёми шодии онон[10] нишон додаанд. Ашъор[11] ва осори ҳунарии фаровоне, ҳамчун хушнивисӣ[12] низ дар бораи Аҳли Байт халқ шудааст.

Аз ашъори машҳур дар бораи Аҳли Байт, шеъри Фирдавсӣ (Манам бандаи Аҳли Байти набӣ, Ситояндаи хоки пои васӣ)[13] ва Саъдӣ (Саъдӣ агар ошиқӣ кунию ҷавонӣ, Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад)[14] ва шеъри Идриси Шофеӣ, аз фақиҳони чоргонаи аҳли суннат аст: «یا أهلَ بیتِ رسولِ الله حُبُّکُم فَرضٌ مِنَ اللّه ِ فِی القُرآنِ أنزَلَهُ; Эй хонадони Расули Худо, муҳаббати шумо амре воҷиб аз тарафи Худованд аст, ки дар Қуръон нозил кардааст.»[15]

Мусулмонон ва ба хусус шиаён, ба номгузории фарзандон худ ба номи Аҳли Байт эҳтимоми хосе доштаанд.[16] Афзун бар ин, мусулмонон ба номи якояки Аҳли Байт марокизи фаровоне номгузорӣ кардаанд; донишгоҳҳо, монанди Донишгоҳи Аҳли Байти Теҳрон[17] ё Донишгоҳи Олулбайт дар кишвари Урдун,[18] муассисоте ҳамчун Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а),[19] масоҷиди фаровон[20] низ ба номи Аҳли Байт номгузорӣ шудааст. Дар парчамҳо ва катибаҳои мазҳабӣ низ аз унвони Аҳли Байт истифода шудааст.[21]

Мафҳумшиносӣ

Ба гуфта Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, мурод аз Аҳли Байт дар манобеи шиъӣ, дар сурате ки бидуни қарина ба кор бурда шавад, гурӯҳе аз хешовандони Паёмбар (с) аст, ки аз мақому манзалати вижае бархӯрдоранд ва гуфтору рафтори онон меъёри ҳаққ ва роҳнамои ҳақиқат аст.[22]

Роғиби Исфаҳонӣ гуфтааст Аҳли Байт ба сурати мутлақ (бидуни қайд) ба хонадони Пайғамбар (с) итлоқ мешавад ва онҳо ба ин истилоҳ шинохта мешаванд.[23] Аз назари Ҳасани Мустафавӣ, муфассир ва муҳаққиқи улуми қуръонӣ, ва Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ, ҳадиспажӯҳ, маънои ҳақиқӣ ва ҷомеъи "аҳл", наздикӣ ва пайвандии афрод ё ашё бо касе аст ки аҳли ӯ хонда мешаванд ва аз ҳайси шиддату заъф маротибе дорад. Ҳамсару фарзандону набераҳову домод ҳамагӣ аҳл шумурда мешаванд.[24] Ҳамчунин уммати ҳар Паёмбаре аҳли ӯ ва сокинони хона ё шаҳр низ аҳли хона ё шаҳр маҳсуб мешаванд.[25]

Аҳли Байт дар луғат ба маънои сокинони хона омадааст;[26] албата Ҳасани Мустафавӣ, мурод аз калимаи "байт"-ро хонавода донистааст, на хона.[27]

Аҳли Байт киёнанд?

Дар бораи ин ки Аҳли Байт чи касоне ҳастанд, олимони шиа ва суннӣ, намунаҳои гуногуне зикр кардаанд:

Асҳоби касо

Ба нақли Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, мусулмонон иҷмоъ доранд, ки мурод аз Аҳли Байт дар ояти татҳир, Аҳли Байти Расули Худо (с) ҳастанд ва тибқи ривоёти фариқайн[lower-alpha 1] ва назари шиа оят хосси Пайғамбар, Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасан ва Ҳусайн (а) аст.[28] Аллома Таботабоӣ зайли ояти татҳир гуфтааст калимаи Аҳли Байт дар урфи Қуръон, исми хос аст ва фақат бар панҷ тан итлоқ мешавад; гарчи дар урфи ом, дар бораи ҳамаи хешовандон низ ба кор меравад.[29]

Аз назари Ҳасани Мустафавӣ, Аҳли Байт дар ояти татҳир шомили худи Пайғамбар (с) низ мешавад; зеро бар хилофи назари баъзе аз муфассирон, вожаи Аҳли Байт ба калима «расулуллоҳ» изофа нашудааст.[30]

Чордаҳ маъсум

Аз назари Раббонии Гулпойгонӣ, дар китобҳои шиа ҳаргоҳ Аҳли Байт бидуни қарина ба кор равад дастаи хоссе аз хешовандони Паёмбар (с) мурод аст, ки аз вижагии исмат бархӯрдоранд ва мисдоқи онон бар асоси оёт ва аҳодис, чордаҳ маъсум ҳастанд.[31] Дар бархе ривоёт низ ҳамаи имомони шиа мисдоқи Аҳли Байти муаррифӣ шудаанд.[32] аз ҷумла дар ривояте, аз Паёмбар (с) савол шуд: «Аҳли Байти шумо киёнанд?» Паёмбар посух дод: «Алӣ, ду фарзандам Ҳасану Ҳусайн ва нуҳ имоми дигар аз насли Ҳусайн (а)».[33]

Гуфта шуда ба эътиқоди шиаёни имомия ва бисёре аз олимони аҳли суннат, ҳамаи имомони шиа ҷузви Аҳли Байти Паёмбар ба шумор мераванд.[34] Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ муътақид аст ки бо тавваҷуҳ ба сиёқ ва мазмуни ояти татҳир ва иқдомоти Паёмбар (с) дар муаррифии Аҳли Байти худ ва ҳамчунин қароини дигар, тардиде нест, ки мурод аз Аҳли Байт дар ин оят, гурӯҳи хоссе аз хонадони Паёмбар (с) аст, ки пас аз Паёмбар ҳидоят ва раҳбарии уммат ба онҳо супурда шудааст.[35]

Ҳамсарони Пайғамбар (с)

Бархе аз муфассирони аҳли суннат, мисдоқи Аҳли Байт дар ояти татҳирро фақат ҳамсарони Паёмбар (с) донистаанд.[36] Бархе аз олимони аҳли суннат, панҷ тан ва ҳамсарони Паёмбар (с)-ро мисдоқи Аҳли Байт дар ояти татҳир донистаанд.[37] Аз Зайд ибни Алӣ нақл шудааст агар мурод аз Аҳли Байт дар ояти татҳир ҳамсарони Паёмбар (с) буд, ба ҷои замирҳои музаккар дар оят, бояд замирҳои муаннас ба кор мерафт.[38] Ҳамчунин гуфтаанд ба далоили дайгаре ҳамчун ривоёти бисёр ва тафовути таъбири оёти марбут ба занони Паёмбар бо таъбиру баёни ояи татҳир, ин оят шомили занони Паёмбар (с) намешавад.[39]

Ояти татҳир, ҳакшуда бар дари ҳарами Имом Алӣ (а)

Хешовандони нисбӣ ки садақа бар онҳо ҳаром аст

Бар асоси бархе ривоёти аҳли суннат, ҳамаи хешовандони нисбии Паёмбар (с) ки садақа бар онон ҳаром аст монанди хонадони Алӣ, хонадони Ақил, хонадони Аббос ва хонадони Ҷаъфар мисдоқи Аҳли Байт шумурда шудаанд.[40]

Муъминони ростин

Тибқи бархе ривоёт, Аҳли Байт шомили мусулмононе мешавад, ки фориғ аз ин ки нисбати хешовандӣ бо Паёмбар (с) дошта бошанд ё на, дар пайравӣ аз Паёмбар (с) содиқу собитқадам буданд;[41] чунонки бар асоси бархе ривоёт, Паёмбар афроде ҳамчун Салмони Форсӣ[42] ва Абӯзари Ғифориро,[43] аз Аҳли Байташ шумурдааст. Аз Имоми Содиқ (а) низ нақл шудааст ҳар касе парҳезкор ва солеҳ бошад, аз мо Аҳли Байт аст.[44]

Фазоили Аҳли Байт

Дар оёту аҳодиси бисёре, фазойили гуногуне барои Аҳли Байт баён шудааст.[45] Аз дидгоҳи Муҳаммадии Райшаҳрӣ, дар зиёрати ҷомеъаи кабира дар боби фазилат ва вижагиҳои Аҳли Байт, ҷомеътарин суханону иборот зикр шудааст.[46] Бархе аз фазоили Аҳли Байт иборатанд аз:

Аҳли Байт дар баёни Имом Алӣ (а)

Онон мояи ҳаёти илм ва нобудӣ ҷаҳланд. Бурдборишон шуморо аз дониши онон хабар диҳад ва зоҳирашон аз сафои ботину сукуташон аз ҳикматҳои гуфторашон хабар медиҳад. Ҳаргиз бо Ҳақ ситез накарда ва дар он ихтилоф накунанд. Онон сутунҳои дин ва паноҳгоҳи мардуманд. Ҳақ ба василаи онон ба ҷои худ бозгардид ва ботил рондаву нобуд шуд. Аҳли Байт, динро чунонки сазовор буд, донистанд ва омӯхтанд ва ба он амал карданд.

Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Даштӣ, хутбаи 239, саҳ.475

Исмат

Мақолаҳои аслӣ: Исмати имомон ва Исмати ҳазрати Заҳро (с)

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ,[47] уламои шиа[48] ба ояти 33 сураи Аҳзоб маъруф ба ояти татҳир бар таҳорату исмати Аҳли Байт истидлол кардаанд. Барасоси ин оят, Худованд ирода кардааст Аҳли Байтро аз ҳар навъ гуноҳ ва амали қабеҳе пок гирданд. Из ин рӯ оят бар исмати Аҳли Байт ва хосси онҳо будан далолат дорад.[49]

Ҳадиси сиқлайн[50] низ ки аз аҳодиси мутавотир шумурда шуда,[51] аз далелҳои исботи исмати Аҳли Байти Паёмбар шумурда шудааст; зеро дар ин ҳадис ба ҷудо набудани Қуръон ва Аҳли Байти Паёмбар (с) тасреҳ шудааст. Из ин рӯ, ҳар гуна гуноҳ ё хато муҷиби ҷудоии онҳо аз Қуръон хоҳад шуд.[52] Ҳамчунин гуфта шуда дар ин ҳадис, Расули Худо (с) тасреҳ кардааст, ки ҳар кас ба Қуръон ва Аҳли Байт чанг занад, гумроҳ нахоҳад шуд. Пас агар Аҳли Байт маъсум набошанд, чанг задан ва пайравии беқайду шарт аз онҳо худ муҷиби гумроҳӣ хоҳад буд.[53] Ҳадиси сафина аз дигар аҳодисест, ки дар исботи исмати Аҳли Байт (а) бар он истидлол шудааст.[54]

Бартарӣ бар дигарон

Мақолаи аслӣ: Бартарии Аҳли Байт (а)

Шайхи Садуқ гуфта эътиқоди шиаён ин аст, ки Паёмбар (с) ва Аҳли Байташ, бартарин, маҳбубтарин ва гиромитарин махлуқи Худованд ҳастанд ва Худованд, замину осмон, биҳишту ҷаҳаннам ва дигар махлуқоташро ба хотири онҳо офаридааст.[55] Аз назари Аллома Маҷлисӣ, касе ки дар ривоёт ҷустуҷӯ ва таҳқиқ кунад, аниқ ба афзал будани Паёмбар (с) ва имомон (а) эътироф мекунад ва танҳо ҷоҳил ба ахбору ривоёт, афзалияти ононро инкор мекунад.[56]

Ояти мубоҳаларо аз дигари далелҳои бартарии асҳоби касо бар дигар саҳоба ва хонадони Паёмбар (с) донистаанд.[57] Ба гуфтаи олимоне ҳамчун Алломаи Ҳиллӣ ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, муфассирон иҷмоъ доранд ки ин оят дар хусуси асҳоби касо нозил шудааст.[58] Аз Паёмбар (с) нақл шуда агар дар рӯи замин афроде гиромитар аз Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн (а) вуҷуд дошт, Худованд дастур медод, ки ба воситаи онон мубоҳала кунам; вале Худованд дастур дод ба кумаки онон мубоҳала кунам ва онон бартарин афроданд.[59]

Аз назари Муҳаммадҳусайни Музаффар, ояти маваддат низ бар баландмартаба будани Аҳли Байт (асҳоби касо) далолат дорад ва ин ки онон баргузидагони Худованд ҳастанд; зеро дар ғайри ин сурат зарурате надошт маваддат махсуси онҳо бошаду аҷри рисолати Паёмбар маваддати онон бошад.[60]

Ривоёти бисёре низ ба бартарии Аҳли Байт (а) далолат доранд; аз ҷумла ҳадиси сақалайн, ки тибқи он, Паёмбар (с) Аҳли Байтро дар канори Қуръон қарор дод ва Қуръонро сиқли акбар ва Аҳли Байтро сиқли асғар номид. Ҳамон гуна ки Қуръони Карим бар мусулмонон бартарӣ дорад, Аҳли Байт низ, аз дигарон бартаранд.[61] Ҳадиси амонро низ аз далоили бартарии Аҳли Байт (а) шумурдаанд; зеро амони аҳли замин будани касе, далолат бар бартарии ӯ бар соири мардум дорад.[62]

Марҷаъияти илмии Аҳли Байт

Ҳадиси сақалайнро баёнгари марҷаияти илмии Аҳли Байт донистаанд; зеро даъвати Паёмбар (с) ба чанг задан ба китоб ва Аҳли Байт, тасреҳ дорад ки марҷаъияти илмӣ фақат Аҳли Байт (а)аст ва мусулмонон бояд дар ҳаводис ва пешомадҳои динӣ ба онон муроҷиа кунанд.[63] Гуфта шуда пас аз Паёмбар (с), маориф ва ҳақоиқи Қуръону суннати Паёмбар (с)-ро касе ҷуз Аҳли Байт ба таври комил ва амиқ намедонад. Из ин рӯ, онон, пас аз Паёмбар (с) марҷаъи илмии мусулмонон дар шинохти маориф ва аҳкоми дин ҳастанд ва барои дарки он маориф бояд ба онон руҷуъ кард.[64]

Паёмбари Ислом (с):
إِنَّمَا مَثَلُ أَهْلِ بَیتِی فِیکُمْ کَمَثَلِ سَفِینَةِ نُوحٍ، مَنْ دَخَلَهَا نَجَی، وَ مَنْ تَخَلَّفَ عَنْهَا غَرِقَ
Ҳамоно масали Аҳли Байти ман дар миёни шумо масали киштии Нӯҳ аст. Ҳар кас ба ин киштӣ дохил шуд, наҷот ёфт ва ҳар кас ҷо монд, ғарқ шуд
Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.349, 482 ва 733; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27


Вилоят ва раҳбарӣ

Вилоят ва раҳбарии сиёсии Аҳли Байт (а) аз дигар фазоили онон ба шумор меравад. Даъвати Паёмбар (с) ба тамассук ба китоб ва Аҳли Байт дар ҳадиси сақалайнро тасреҳ дар инҳисори раҳбарии сиёсӣ дар Аҳли Байт донистаанд.[65] Дар бархе аз нақлҳои ҳадиси сақалайн, ба ҷои сақалайн, аз Қуръон ва Аҳли Байт бо унвони «халифатайн» таъбир шудааст.[66] Мутобиқи ин ҳадис, Аҳли Байт халифа ва ҷонишинони Паёмбаранд ва ҷонишинии онон ҳамаҷониба асту шомили умури сиёсӣ ва раҳбарӣ низ мешавад.[67] Аз назари Ҷаъфари Субҳонӣ, Паёмбар (с) дар воқеаи Ғадир, Алӣ (а) ва Аҳли Байташро барои раҳбарӣ ва ҳукумат таъйин кард.[68] Бархе бо тавваҷуҳ ба вижагии исмат имомат ва раҳбарии сиёсии пас аз Паёмбар (с)-ро махсуси Аҳли Байт (а) шумурдаанд.[69] Ҳамчунин беқайду шарт будани вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байтро аз далоили раҳбарии сиёсии онон донистаанд; зеро вуҷуби пайравӣ, ҳамаи боядҳо ва набоядҳои марбут ба зиндагии мусулмонон новобаста аз масоили ибодӣ, иқтисодӣ ва сиёсю фарҳангиро шомил мешавад. Из ин рӯ, дар масоили сиёсӣ ва марбут ба ҷомеа ва ҳукумат низ пайравӣ аз онон воҷиб аст.[70]

Вилояти таквинӣ

Мақолаи аслӣ: Вилояти таквинӣ

Ба гуфта Муҳаммад Ҷамил Ҳамуд, аз нависандагон ва олимони шиъии Лубнон, ба ҷуз афроде нодир, уламои имомия иттифоқи назар доранд, ки имомон (а) дорои вилоят таквинӣ ҳастанд.[71] Мурод аз вилояти таквинӣ он аст, ки шахсе битавонад ба изни Худо, дар ҷаҳони офариниш тасарруф кунад; масалан бемори ноилоҷро ба изни Худо шифо диҳад ё мурдаеро зинда кунад.[72] Ривоёт дар боби вилояти таквинии имомонро мутавотир шумурда[73] ва бисёре аз онҳоро ба лиҳози санадӣ саҳеҳ ва муътабар донистаанд.[74]

Вилояти ташриъӣ

Мақолаи аслӣ: Вилояти ташриъӣ

Вилояти ташриъӣ ба ду маъно ба кор рафтааст:

  • Ба маънои вилоят (авлавият дар тасарруф) бар амволу нуфуси мардум:[75] гуфта шуда дар вилояти ташриъии Паёмбар (с) ва имомон (а) ба ин маъно ихтилофе вуҷуд надорад.[76] Оятуллоҳ Софӣ ин навъ вилояти ташриъии ононро аз заруриёти дин шумурдааст.[77]
  • Ба маънои вилоят бар аҳкому ҳақи ташриъ:[78]

Иддае аз олимони шиа вилояти Паёмбар (с) бар ташриъ дар баъзе аз аҳкомро мусаллам донистаанд;[79] аммо дар исботи вилояти имомон (а) бар ташриъ, миёни олимони шиа ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе, имомон (а)-ро бар асоси ривоёти мутаъаддид ки мустафиз ё мутавотир шумурда шудаанд,[80] дорои вилоят ва ҳаққи ташриъ донистаанд.[81] Дар муқобил, гурӯҳе ҳаққи ташриъ ва қонунгузориро махсуси Худо дониста ва мункири вилоят бар ташриъи Паёмбар ва имомон шудаанд.[82] Сайид Алии Мелонӣ субути вилоят бар ташриъ имомон (а)-ро ба ҷиҳати далелҳои фаровон қатъӣ донистааст.[83]

хушнависии ҳадиси сақалайн аз Паёмбари Ислом (с) ба хатти настаълиқ
Хушнависии ҳадиси сақалайн бо хатти настаълиқ

Ҳуқуқи Аҳли Байт

Бар асоси оёту ривоёт, Аҳли Байт нисбат ба мусулмонон ҳуқуқе доранд ва мусулмонон бар асоси ин ҳуқуқ, дар баробари онон вазифаҳое доранд, ки бояд ба онҳо амал кунанд. Бархе аз ин ҳуқуқ иборатанд аз:

Вуҷуби пайравӣ аз Аҳли Байт

Мақолаи аслӣ: Муфтараз-ут-тоъат

Бар асоси ояти ул-ул-амр (ки мефармояд: аз Худову Паёмбар ва соҳибони амри худ итоат кунед), дар канори итоат аз Худо ва Расулаш, итоат аз ул-ул-амр бе қайду шарт воҷиб дониста шудааст.[84] Ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, аз назари уламои имомия, мурод аз ул-ул-амр, имомон (а) ҳастанд.[85]

Ба ҳадиси сақалайн низ барои исботи зарурати пайравӣ аз Аҳли Байт истинод шудааст; зеро дар ин ҳадис, Аҳли Байт дар канори Қуръон қарор дода шудаанд: ҳамон гуна ки пайравӣ аз Қуръон бар мусулмонон воҷиб аст, пайравӣ ва итоат аз Аҳли Байт (а) низ воҷиб аст.[86] Ба гуфта Абуссалоҳи Ҳалабӣ, фақиҳ ва мутакаллими имомӣ дар қарни чорум ва панҷуми қамарӣ, ба ҷиҳати мутлақ будани каломи Паёмбар (с) дар ҳадиси сақалайн, вуҷуби итоат аз Аҳли Байт низ мутлақ ва бидуни қайду шарт аст. Бинобар ин, мусулмонон дар тамоми рафторҳо ва гуфторҳои Аҳли Байт бояд аз онҳо пайравӣ кунанд.[87]

Ҳадиси сафина низ бар вуҷуби пайравӣ ва итоат аз Аҳли Байт (а) далолат мекунад; зеро тибқи ин ҳадис, наҷот дар пайравӣ аз онон ва ҳалокату гумроҳӣ дар сарпечӣ аз онҳост.[88] Дар ин ҳадис, Паёмбар (с) Аҳли Байти худро ба киштии Нӯҳ ташбиҳ кардааст. Дар бораи ин ваҷҳи ташбиҳ гуфтаанд ҳар кас дар дин ба Аҳли Байт руҷуъ кунад, ҳидоят ва растгор мешавад ва касе ки аз онон пайравӣ накунад, гумроҳ хоҳад шуд.[89] Ба гуфтаи Мир Ҳомид Ҳусайн, бар асоси ин ҳадис, зарурати итоат аз Аҳли Байт (а) мутлақ ва бидуни қайду шарт аст.[90]

Маваддат ва муҳаббати Аҳли Байт

Мақолаи аслӣ: Маваддати Аҳли Байт (а)

Ба бовари шиъёни имомӣ, бар асоси ояти маваддат муҳаббат ва маваддати Аҳли Байт (а) бар ҳар мусулмоне воҷиб аст.[91] Вуҷуби муҳаббати Аҳли Байтро мавриди иттифоқи мусулмонон (ба ҷузи носибиҳо) ва аз заруриёти дини Ислом шумурдаанд.[92]

Ояти маваддат ки мегӯяд: «ба изои он [рисолат], подоше аз шумо хостор нестам, магар дӯстӣ дар бораи хешовандон»,[93] аз далелҳои зарурати муҳаббати Аҳли Байт шумурда шудааст.[94] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, аз муфассирон ва мароҷеъи тақлиди шиа, тамоми муфассирони шиа оятро ба Аҳли Байт тафсир карда ва муҳаббати ононро василае барои пазириши имомат ва раҳбарии имомон (а) донистаанд.[95]

Ба гуфтаи уламое чун Муҳаммадризо Музаффар, аз тариқи аҳодиси мутавотир аз Паёмбар (с) нақл шуда ки муҳаббати Аҳли Байт нишонаи имон ва буғзи онҳо аломати нифоқ ва дӯстдори онҳо дӯстдори Худову Паёмбар (с) ва душмани онҳо душмани Худо ва Расулаш аст.[96] бар пояи бархе ривоёт, муҳаббати Аҳли Байт асосу пояи дини Ислом аст.[97]

Аз назари Муҳаммадризо Музаффар, бетардид вуҷуби муҳаббат ва маваддати Аҳли Байт (а) ба ҷиҳати қурби онҳо ба Худованд ва ҷойгоҳу манзалати эшон назди Худованд аст ва ба хотири ин ки эшон аз ширку маъсият ва аз ҳар он чи муҷиби дурӣ аз Худованд шавад, пок ва муназзаҳ ҳастанд.[98]

Муҳамад Муҳаммадии Райшаҳрӣ, азодорӣ барои Аҳли Байтро аз роҳҳои изҳори муҳаббат ба онон ва аз муҳимтарин мисдоқҳои таъзими шаъоир донистааст.[99] Ҳамчунин зиёрати мазори имомон (а),[100] шодӣ дар маросими сурури онҳо,[101] зикри фазоили Аҳли Байт[102] ва номгузории фарзандон ба номи Аҳли Байт аз роҳҳои изҳори муҳаббат ба онони дониста шудааст.[103]

Гиромидошти Аҳли Байт ва салавот бар онҳо, зикри фазоил ва масоибашон, хумс ва сила доданро аз дигар ҳуқуқи Аҳли Байт шумурдаанд.[104]

Аҳли Байт дар нигоҳи аҳли суннат

Аҳли суннат дар ин ки асҳоби касо ҷузви Аҳли Байт ҳастанд, бо шиа иттифоқи назар доранд. Аҳодиси фаровоне дар манобеи мутаъаддиди аҳли суннат нақл шуда, ки Паёмбар (с) борҳо Алию Фотима ва ҳасанайн (а)-ро Аҳли Байти худ муаррифӣ кардааст.[105]

Ҳамчунин дар манобеи аҳли суннат омадааст, ки Расули худо (с) дар бораи Алию Фотима ва ҳасанайн (а) чунин гуфт: «Ҳар кас инҳоро дӯст бидорад, маро дӯст дошта ва ҳар кас бо онҳо душманӣ кунад, бо ман душманӣ кардааст.»[106] Дар ривояти дайгаре аз Паёмбар (с) нақл шуда ки дӯстдори Аҳли Байт, рӯзи қиёмат ҳамроҳи ман ва дар дараҷаи ман хоҳад буд.[107] Фахри Розӣ, аз муфассирони аҳли суннат, бо ин истидлол ки Паёмбар (с), Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн (а)-ро дӯст медошт ва пайравӣ кардан аз Паёмбар бар ҳамаи уммати исломӣ воҷиб аст, муҳаббати Аҳли Байтро воҷиб донистааст.[108] Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, аз олимони шофеимазҳаби қарни даҳуми қамарӣ, низ гуфтааст аз аҳодис вуҷуби муҳаббати Аҳли Байт ва ҳурмати шадиди буғз нисбат ба онон дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, олимоне чун Байҳақӣ ва Бағавӣ муҳаббати Аҳли Байтро аз фаризаҳои дин шумурдаанд.[109] Шофеӣ, аз фуқаҳои чоргонаи аҳли суннат, низ дар абёте бар вуҷуби муҳаббати Аҳли Байт тасреҳ кардааст:[110]

«یا أهلَ بیتِ رسولِ الله حُبُّکُم ..... فَرضٌ مِنَ الله فِی القرآنِ أنزَلَهُ»

Тарҷума: Эй хонадони Расули Худо, муҳаббати шумо, амре воҷиб аз тарафи Худованд аст, ки дар Қуръон нозил кардааст.

Вай дар байт дигаре гуфтааст:[111]

«إنْ كانَ رَفْضاً حُبُّ آلِ مُحَمَّد ..... فَلْيَشْهَد الثََقلان أنّى رافِضی»

Тарҷума: Агар муҳаббати Оли Муҳаммад, рафз аст, пас ҷинну инс шаҳодат диҳанд, ки ман ҳам рофизӣ ҳастам.

Замахшарӣ, аз муфассирони аҳли суннат ва соҳиби ал-Кашшоф, ояти мубоҳаларо қавитарин далел бар фазилату бартарии асҳоби касо донистааст.[112] Аз назари Ҷаъфари Субҳонӣ, бисёре аз олимони аҳли суннат ба бартарии илмӣ ва диншиностар будани Аҳли Байт эътироф кардаанд.[113] Барои намуна аз Абӯҳанифа, поягузори мазҳаби ҳанафӣ ва аз фақиҳони чоргонаи аҳли суннат, нақл шудааст ки ҳеч кас фақиҳтар аз Ҷаъфар ибни Муҳамад (а) надидам.[114] Ин ҷумла аз Муҳамад ибни Муслим ибни Шаҳоби Зуҳрӣ аз тобеъин ва фақиҳу муҳаддиси аҳли суннати қарни аввалу дувуми қамарӣ, дар бораи Имом Саҷҷод (а) низ нақл шудааст.[115] Шофеӣ, поягузори мазҳаби Шофеӣ, низ Имоми Саҷҷодро фақиҳтарин мардуми Мадина донистааст.[116]

Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ гуфтааст: Паёмбар (с) ба он ҷиҳат Қуръон ва Аҳли Байташро сиқл номидааст ки сиқл ба чизе ки гаронбаҳо ва дорои аҳамият аст гуфта мешавад ва Қуръону итрат низ ингунаанд, зеро ҳарду маъдани улуми динӣ ва асрору ҳикматҳои олӣ ва аҳкоми шаръиянд; бад-ин ҷиҳат бар тамассук ба он ду ва фарогирии маърифат аз он ду ташвиқ кардааст.[117] Ба эътиқоди Ибни Ҳаҷар, аҳодисе, ки бар пайравӣ аз Аҳли Байт далолат доранд, бар пайравӣ аз онон то рӯзи қиёмат таъкид доранд; чунонки тамассук ба Қуръон низ чунин аст.[118]

Аз дидгоҳи Алии Раббонии Гулпойгонӣ, ба эътиқоди бархе аз олимони аҳли суннат, тардиде дар исмати ахлоқӣ ва амалии Аҳли Байт нест; он чи мавриди ихтилоф аст, исмати илмӣ онон аст.[119]

Китобшиносӣ

Навиштори аслӣ: Феҳристи китобҳо дар бораи Аҳли Байт (а)

Китобҳои мутаъаддиде дар бораи Аҳли Байт ё бо унвони Аҳли Байт мунташир шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

"Мавсуату сирати Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом"
  • Мавсуату Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, Сайид Алии Ошур, Бейрут, 1427ҳ.қ., (20 ҷилд дар бораи зиндагонии чордаҳ маъсум);
  • Аҳл-ул-Байти алайҳимуссалом симотуҳум ва ҳуқуқуҳум фи-ил-Қуръон-ил-карим, Ҷаъфари Субҳонӣ, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1420ҳ.қ.;
  • Аҳл-ул-Байти фи-л-китоби ва-с-сунна, таълифи Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ ва Сайид Расули Мӯсавӣ. Ин китоб ба забони арабӣ нигориш ёфта ва бо унвони «Аҳли Байт дар Қуръон ва ҳадис» ба форсӣ тарҷума шудааст. Асли китоб ва тарҷумаи онро аз сӯии муассисаи Дор-ул-ҳадис нашр шудааст;
  • Ҳуқуқи Аҳли Байт дар Қуръон ва ривоёт, Иброҳим Шафиъии Сарвистонӣ, Мавъуди аср, чопи аввал, 1400ҳ.ш. Дар ин китоб бист ҳақ аз ҳуқуқи Аҳли Байт баррасӣ шудааст;
  • Ҳуқуқи Аҳли Байт (а) дар тафосири аҳли суннат, Муҳаммадяъқуби Башавӣ, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо (с), чопи аввал, 1390ҳ.ш.;
  • Аҳли Байт алайҳимуссалом дар тафосири аҳли суннат, Аҳмади Обидӣ ва Ҳусайни Хокпур, Қум, нашри зоир, 1392ҳ.ш.

Ҳақиқати нурии Аҳли Байт алайҳимуссалом асари Асғари Тоҳирзода, Фазоил ва маноқиби Аҳли Байт алайҳимуссалом навиштаи Абдуллатиф ибни Алии Бирҷандии Воъиз, Фазоили Аҳли Байт алайҳимуссалом дар сиҳоҳи ситта аз Алии Зуҳроб, Фазоили Аҳли Байт алайҳимуссалом аз манобеи аҳли суннат асари Муҳаммадризои Аминзода, Аҳли Байт калиди мушкилҳо навиштаи Сайид Муҳаммади Тиҷонӣ ва Аҳли Байт дар Қуръону ҳадис асари Муҳаммадҷаводи Саъдӣ аз дигари китобҳо дар бораи Аҳли Байтанд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «Баёнот дар дидори меҳмонони ширкаткунанда дар чаҳорумин Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ; «Баёнот дар дидори ширкаткунандагон дар иҷлоси «Муҳиббони Аҳли Байт (а) ва масъалаи такфириҳо», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  2. Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.8, 9 ва 263; Ҳошимии Шоҳрудӣ, «Мактаби фиқҳии Аҳли Байт (а)», пурутоли ҷомеъи улуми инсонӣ
  3. Ниг.: Ҳошимии Шоҳрудӣ, «Мактаби фиқҳии Аҳли Байт (а)», пуртоли ҷомеъи улуми инсонӣ
  4. Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.398 - 400
  5. Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.8; «Баёнот дар дидори меҳмонони ширкаткунанда дар чаҳорумин Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.181 - 1020
  7. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.761 - 765
  8. Ниг.: : «Китобшиносии Аҳли Байт (а)», пойгоҳи иттилоърасонии ҳадиси шиа
  9. Мазоҳирӣ, «Азодорӣ», саҳ.345
  10. Барои намуна ниг.: «Кишварҳои арабӣ мелоди Паёмбар(с)-ро чӣ гуна ҷашн мегиранд?», хабаргузории Икно; «Баргузарии ҷашни мелоди Имом Ризо (а) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон», хабаргузории Меҳр; «Ҷашни мелоди ҳазрати Валиаср (а) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор шуд», хабаргузории Тақриб
  11. Барои намуна ниг.: «Дар расои Аҳли Байт алайҳимуссалом», вебгоҳи Имоми ҳаштум
  12. Барои намуна ниг.: «Ассалому алайкум ё Аҳли Байт-ин-нубувват», вебгоҳи Муалла
  13. Фирдавсӣ, Шоҳнома, 2007, ҷ.1, саҳ.32
  14. «Қасидаи шумораи 16, Дар ситоиши ҳазрати Расул (с)», вебгоҳи Ганҷур
  15. Шофеӣ, Девону ал-Имом аш-Шофеъӣ, Қоҳира, саҳ.121
  16. «Исмҳое ки мардуми Эрон аз сад соли пеш то ба ҳол дӯст доранд», хабари Онлайн
  17. «Донишгоҳи байналмилалии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Донишгоҳи байналмилалии Аҳли Байт
  18. «Ошноӣ бо марокизи илмии Урдун: Донишгоҳи Олулбайт», хабаргузории Тақриб
  19. Ниг.: «Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт; «Ошноӣ бо марокизи исломии Урдун; Муассисаи андешаи исломии Олулбайти Урдун», хабаргузории Тақриб; «Нигоҳе ба фаъолиятҳои ҷаҳонии Муассисаи фарҳангии Олулбайт», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  20. Ниг.: «Моҷарои сохти масҷиди Аҳли Байт дар вурудии шаҳри Қум», хабаргузории Расо; «Муноҷоти шаъбония дар масҷиди Аҳли Байт (а) Симнон танинандоз мешавад», хабаргузории Шабистон
  21. Барои намуна ниг.: «Парчами махмали Ассалому алайкум ё Аҳла Байт-ин-нубувват», вебгоҳи интишороти Машҳур
  22. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.555
  23. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.96
  24. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.169 ва 170; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.11
  25. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.553
  26. Ниг.: Фароҳидӣ, Китоб-ул-ъайн, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.89; Ибни Форис, Муъҷам-ул-мақоис-ил-луға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.28
  27. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.170
  28. Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.293; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.559 ва 560
  29. Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.312
  30. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.169 ва 170
  31. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.555
  32. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.423; Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.156 ва 171; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), ҷ.1, саҳ.229
  33. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.171
  34. Зайналӣ, Мафҳумшиносӣ ва мисдоқёбии Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., саҳ.24
  35. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.13
  36. Барои намуна ниг.: Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008, ҷ.5, саҳ.193; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.35 ва 36
  37. Ниг.: Башавӣ, Ҳуқуқи Аҳли Байт дар тафосири аҳли суннат, 1390ҳ.ш., саҳ.35
  38. Қумӣ, Тафсир-ил-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.193
  39. Ниг.: Башавӣ, Ҳуқуқи Аҳли Байт дар тафосири аҳли суннат, 1390ҳ.ш., саҳ.35 ва 36
  40. Нишобурӣ, Саҳиҳи Муслим, ҷ.4, саҳ.1873-1874
  41. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.554
  42. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.17 ва 25; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.64
  43. Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.525; Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1392ҳ.қ., саҳ.459
  44. Абуҳанифаи Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, дор-ул-маориф, ҷ.1, саҳ.62
  45. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.246-521
  46. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.405
  47. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.357
  48. Барои намуна ниг.: Сайид Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.134; Табарсӣ, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.293 - 294; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.646; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125
  49. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.312 - 313; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125 - 129; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.357 - 364
  50. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.412-414; Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229 ва ҷ.2, саҳ.30-31, 61
  51. ниг.: Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.670; Субҳонӣ, Магшури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.407
  52. Шайхи Муфид, ал-Масоил-ул-ҷорудия, 1413ҳ.қ., саҳ.42; Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.671
  53. Ниг.: Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.671; Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.94 - 95
  54. Мир Ҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.975 - 978, 981
  55. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.93
  56. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.297 ва 298
  57. Барои намуна Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.763 ва 764; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403 ва 404
  58. Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, 1982, саҳ.177; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.763; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46
  59. Қундузӣ, Янобиъ-ул-мавадда, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.266; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.208, ҷ.14, саҳ.145, ҷ.34, саҳ.310
  60. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.389 - 390
  61. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.556
  62. Ниг.: Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.819; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.259
  63. Субҳонӣ, Симои ақоиди шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.231 ва 232
  64. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.558
  65. Субҳонӣ, Симои ақоиди шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.231 ва 232
  66. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240; Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 1416ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.456 ва 512; Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, ҷ.9, саҳ.163; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.375у ҷ.18, саҳ.279 - 281
  67. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.562
  68. Субҳонӣ, Симои ақоиди шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.231
  69. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.561
  70. Раббонии Гулпойгонӣ, "Аҳли байт", саҳ.561
  71. Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.117
  72. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.154; Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.118; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.166
  73. Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.168
  74. Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.233
  75. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат (ал-Макосиб), 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.38; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриъӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.133; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.111; Ҳамуд, ал-Фуод-ул-баҳия, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.112
  76. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат (ал-Макосиб), 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.38; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.133, 135, 141
  77. Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.141
  78. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.180; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.267 ва 268; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва ташриъӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.126; Ҷаводии Омулӣ, Шамими вилоят, 1383ҳ.ш., саҳ.92
  79. Барои намуна ниг.: Муъмин, «Вилояту валий-ил-маъсум (а)», саҳ.115; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.272 ва 273
  80. Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, 1438ҳ.қ., саҳ.343; Омилӣ, ал-Вилоят-ит-таквинияти ва-т-ташриъият, саҳ.60, 61, 63
  81. Муъмин, «Вилояту валий-ил-маъсум (а)», саҳ.100, 118; Ҳусайни Мелонӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-омма, саҳ.356; Омилӣ, ал-Вилоят-ит-таквинияти ва-т-ташриъият, саҳ.60
  82. Ниг.: Муғния, ал-Ҷавомеъу ва-л-фавориқ, 1414ҳ.қ., саҳ.127, 128; Софии Гулпойгонӣ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташриъӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.130 - 132; Фаҳрӣ, «ал-Вилоят-ит-ташриъияти ва-т-таквиният», саҳ.384 - 388
  83. Ҳусайни Мелонӣ, Бо пешвоёни ҳидоятгар, 1388ҳ.ш., саҳ.383
  84. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.391
  85. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100
  86. Ниг.: Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97
  87. Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.97
  88. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.262 ва 263
  89. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, ‏1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108
  90. Мир Ҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.975
  91. Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1387ҳ.ш., саҳ.72; Мӯсавии Занҷонӣ, Ақоид-ул-имомият-ил-исно ашария, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181
  92. Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1387ҳ.ш., саҳ.72; Мӯсавии Занҷонӣ, Ақоид-ул-имомият-ил-исно ашария, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181
  93. Сураи Шӯро, ояти 23
  94. Барои намуна ниг.: Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.400; Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1387ҳ.ш., саҳ.72; Мӯсавии Занҷонӣ, Ақоид-ул-имомият-ил-исно ашария, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.595
  95. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1372ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.407
  96. Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1387ҳ.ш., саҳ.72; Мӯсавии Занҷонӣ, Ақоид-ул-имомият-ил-исно ашария, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.181
  97. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46; Шайхи Садуқ, Ман лояҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.364
  98. Музаффар, Ақоид-ул-имомия, 1387ҳ.ш., саҳ.73
  99. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Фарҳангномаи марсиясароӣ ва азодории Сайидушшуҳадо, 1387ҳ.ш., саҳ.11 - 12
  100. Акбариён, «Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон», саҳ.42
  101. Акбариён, «Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон», саҳ.44
  102. Ходимӣ, «Муҳаббат ба Паёмбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт», саҳ.25
  103. Ходимӣ, «Муҳаббат ба Паёмбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт», саҳ.26
  104. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., саҳ.811 - 833
  105. Барои намуна ниг.: Нишобурӣ, Саҳеҳи Муслим, ҷ.4, саҳ.1871; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1998, ҷ.5, саҳ.75, 204, ҷ.6, саҳ.83, 132, 182; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.138, 140, 148, ҷ.41, саҳ.25, ҷ.42, саҳ.112, ҷ.67, саҳ.25; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003, ҷ.2, саҳ.627
  106. Барои намуна ниг.: Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.154; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003, ҷ.2, саҳ.627
  107. Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1998, ҷ.6, саҳ.90; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 2003, ҷ.2, саҳ.627
  108. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.595
  109. Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.506
  110. Шофеӣ, Девону ал-Имом аш-Шофеӣ, Қоҳира, саҳ.121
  111. Шофеӣ, Девону ал-Имом аш-Шофеӣ, Қоҳира, саҳ.89
  112. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370
  113. Субҳонӣ, Симои ақоиди шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.234
  114. Заҳабӣ, Cияру аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.257
  115. Абузаръаи Димишқӣ, Таърихи Абизаръаи Димишқӣ, саҳ.536
  116. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.274
  117. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442
  118. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.442
  119. Раббонии Гулпойгонӣ, «Аҳли Байт», саҳ.556
  120. «Мавсуату сирати Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом», шабакаи ҷомеъи китоби Гесум

Ёддошт

  1. Сайид Ҳошими Баҳронӣ дар китоби Ғоят-ул-маром 34 ривоят аз манобеи шиа ва 41 ривоят аз аҳли суннат (Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.173 - 211) ва Ҳокими Ҳасконӣ дар Шавоҳид-ут-танзил беш аз 130 ҳадис аз аҳли суннат нақл карда, ки мурод аз Аҳли Байт дар ояти татҳир асҳоби касо ҳастанд (Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.18 - 139)

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • «Баргузории ҷашни мелоди Имом Ризо (а) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон», хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 14 мурдоди 1396ҳ.ш., санаи боздид: 30 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Ҷашни мелоди ҳазрат Валийи аср (аҷ) дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор шуд», хабаргузории Тақриб, санаи нашр: 27 исфанди 1400ҳ.ш., санаи боздид: 30 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Китобшиносии Аҳли Байт (а)», пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа, санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Парчами махмали ассалому алайкум ё аҳла байт-ин-нубувва», вебгоҳи интишороти Машҳур, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Донишгоҳи байналмилалии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Донишгоҳи байналмилалии Аҳли Байт, санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Баёнот дар дидори меҳмонони ширкаткунанда дар чорумин Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 28 мурдоди 1386ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • ««Баёнот дар дидори ширкаткунандагон дар иҷлоси «Муҳиббони Аҳли Байт (а) ва масъалаи такфириҳо», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 2 даии 1396ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Нигоҳе ба фаъолиятҳои ҷаҳонии Муассисаи фарҳангии Ол-ул-Байт», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Кишварҳои арабӣ мелоди Паёмбар (с)-ро чӣ гуна ҷашн мегиранд?», хабаргузории ИҚНА, санаи нашр: 5 даии 1394ҳ.ш., санаи боздид: 30 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Хушнивисии ассалому алайкум ё аҳла байт-ин-нубувва», вебгоҳи муъалло, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Моҷарои сохти масҷиди Аҳли Байт дар вурудии шаҳри Қум», хабаргузории Расо, санаи дарҷи матлаб: 15 даии 1392ҳ.ш., санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Мавсуату сирати Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом», шабакаи ҷомеъи китоби Гесум, санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Исмҳое ки мардуми Эрон аз сад соли пеш то ба ҳол дӯст доранд», хабаонлайн, санаи дарҷи матлаб: 3 хурдоди 1391ҳ.ш., санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Муноҷоти шаъбония дар масҷиди Аҳли Байт (а)-и Симнон танинандоз мешавад», хабаргузории Шабистон, санаи дарҷи матлаб: 22 урдибиҳишти 1395ҳ.ш., санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Ошноӣ бо марокизи илмии Урдун: Донишгоҳи Ол-ул-Байт», хабаргузории Тақриб, санаи дарҷи матлаб: 11 озари 1388ҳ.ш., санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Ошноӣ бо марокизи исломии Урдун; Муассисаи андешаи исломии Ол-ул-Байти Урдун», хабаргузории Тақриб, санаи дарҷи матлаб: 19 баҳмани 1389ҳ.ш., санаи боздид: 21 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Абузаръаи Димишқӣ, Абдурраҳмон ибни Амр, Таъриху Абизаръаи Димишқӣ, Димишқ, бе то
  • Абӯҳанифаи Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-Ислом, Қоҳира, дор-ул-маориф, бе то
  • Акбариён, Сайид Муҳаммад, «Муҳаббати Аҳли Байт (а) дар Қуръон», дар маҷаллаи Раҳтӯша, №115, баҳору тобистони 1398ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, Ғоят-ул-мароми ва ҳуҷҷат-ул-хисоми фи таъйини ал-имоми мин тариқ-ил-хосси ва-л-ъом‏, таҳқиқи Сайид Алии Ошур, Бейрут, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Башавӣ, Муҳаммадяъқуб, Ҳуқуқи Аҳли Байт (а) дар тафосири аҳли суннат, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо (с), 1390ҳ.ш.
  • Зайналӣ, Ғуломҳусайн, Мафҳумшиносӣ ва мисдоқёбии Аҳли Байт (а), Теҳрон, нашри Машъар, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, тасҳеҳи Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Муассисат-ур-рисола, чопи сеюм, 1405ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Исломи ва вафаёт-ил-машоҳири ва-л-аълом, Бейрут, 2003
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Абулқосим Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи Димишқ, Бейрут, 1415ҳ.қ./1995
  • Ибни Атия, Мақотил, Абҳа-л-мидоди фи шарҳи муътамари уламои Бағдод, шарҳ ва таҳқиқи Муҳаммад Ҷамил Ҳамуд, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, Тафсири Ибни Касир, Бейрут, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, дори содир, 2000
  • Ибни Форис, Аҳмад, Муъҷами мақоис-ул-луға, Бейрут, дор-ул-фикр, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснаду ал-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаут ва Одил Муршид ва дигарон, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтмӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқати ало аҳл-ир-рафазати ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1417ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-КоФӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қундӯзии Ҳанафӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддати лизави-л-қурбо, Қум, 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
  • Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомиъати лидурар-ил-ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мир Ҳомид Ҳусайн, Сайид Маҳдӣ, Абақот-ул-анвори фи имомати аиммат-ил-атҳор, Исфаҳон, Китобхонаи Амиралмуъминин, чопи дувум, 1366ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммад Ҷавод, ал-Ҷавомеъу ва-л-фавориқи байн-ас-суннати ва-ш-шиа, Бейрут, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Ақоид-ул-имомия, таҳқиқи Ҳомиди Ҳанафӣ, Қум, интишороти Ансорён, чопи дувоздаҳум, 1387ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқи линаҳҷ-ил-ҳақ, Қум, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Мӯсавии Занҷонӣ, Сайид Иброҳим, Ақоид-ул-имомия, ал-Исно ашария, Бейрут, чопи сеюм, 1413ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Аҳли Байт алайҳимуссалом дар Қуръону ҳадис, бо ҳамкории Сайид Расули Мӯсавӣ, тарҷумаи Ҳамидризо Шайхӣ ва Ҳамидризо Ожир, Қум, дор-ул-ҳадис, чопи ҳафтум, 1391ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Фарҳангномаи марсиясароӣ ва азодории Сайидошуҳадо, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, Қум, Машҳур, 1379ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳиҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, бе то.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, «Аҳли Байт», Дар донишномаи каломи исломӣ, таҳти ишрофи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут - Димишқ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳсини Кӯчабоғӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён (Тафсир-ус-Саълабӣ), Бейрут, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Вилояти таквинӣ ва вилояти ташреъӣ, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ало ҳудо-ал-китоб ва ас-суннати ва ал-ақл, Қум, марказулъоламӣ лиддиросотил исломия, чопи сеюм, 1412ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Симои ақоиди шиа: тарҷумаи китоби "Далел-ул-муршидина ила-л-ҳаққ-ил-яқин, тарҷумаи Ҷаводи Муҳаддисӣ, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Урдун, чопи аввал, 2008
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, Ол-ул-Байт, ҷопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибн Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Бейрут, муассисаи алоълмӣ, 1392ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1390ҳ.қ.
  • тирмизӣ, Муҳаммад ибни исо, синни алтрмзӣ, таҳқиқи Башшори ъўоди маърӯф, Бейрут, дори алғрби алисломӣ, 1998
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, алтФсири алкбир ( мафотеҳи алғиб ), Бейрут, дороҳёи алтроси алъарабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фаҳрӣ, Сайид Аҳмад, «ал-Вилоят-ит-ташриъияти ва-т-таквиният», дар Маҷмуат-ул-осор-ил-Муътамар-ил-олами ас-сонӣ ли-л-Имоми ар-Ризо (а), Машҳад, ал-Муътамар-ул-олами ли-л-Имоми ар-Ризо (а), 1409ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавоимъ-ул-илоҳияти фи-л-мабоҳис-ил-каломия, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Ходимӣ, Айнуллоҳ, «Муҳаббат ба Паёмбар ва Аҳли Байт аз дидгоҳи Қуръон ва ривоёт», дар маҷаллаи Рушди омӯзиши Қуръон, №5, 1383ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мисбоҳ-ул-фақоҳа (ал-Макосиб), тақрири Муҳаммадалии Тавҳидӣ, Қум, Ансорён, 1417ҳ.қ.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бе то
  • Ҳалабӣ, Абуссалоҳ, ал-КоФӣ фи-л-фиқҳ, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Исфаҳон, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ҳамуд, Муҳаммад Ҷамил, ал-Фавоид-ул-баҳия фи шарҳи ақоидил имомия, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ, чопи дувум, 1421ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳаққи ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, чопи аввал, 1982
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмӯдӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Сайид Маҳмуд, «Мактаби фиқҳии Аҳли Байт (а)», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт, №32, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Мелонӣ, Сайид Алӣ, Бо пешвоёни ҳидоятгар (нигарише нав ба шарҳи зиёрати Ҷомеъаи кабира), Қум, Маркази ҳақоиқи исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Мелонӣ, Сайид Алӣ, Исбот-ул-вилоят-ил-оммати ли-н-Набйи ва-лаима (а), Қум, нашри ал-Ҳақоиқ, чопи аввал, 1438ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Шамими вилоят, танзим ва тадвини Сайид Маҳмуди Содиқӣ, Қум, Исро, чопи дувум, 1383ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси шайхи муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман лояҳзаруҳ-ул-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқу тасҳеҳи Маҳдии Лоҷувардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, Девони ал-Имом аш-Шофеӣ, Қоҳира, мактабату Ибни Сино бе то
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳаққи ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.