Ғазваи Банӣ Мусталақ
![]() Макони қабилаи Банӣ Мусталақ | |
Замон | моҳи шаъбони соли 5 ё 6ҳ.қ. |
---|---|
Макон | канори чашмаи Мурайсиъ |
Сабаб | Оғози таҳдид ва омодагии қабилаи Банӣ Мусталақ барои ҷанг бо мусалмонон |
Натиҷа | Пирӯзии мусалмонон |
Ҷанганда1 | Мусалмонон |
Ҷанганда2 | Қабилаи Банӣ Мусталақ |
Фармондеҳ1 | Муҳаммад (с) |
Фармондеҳ2 | Ҳорис ибни Абизарор |
Хасорат2 | Фирори гурӯҳе аз Банӣ Мусталақ, кушта шудани бархе, асир шудани занон ва кӯдакон |
Ғазваи Банӣ Мусталақ (форсӣ: غزوه بنیمُصطَلِق) ё ғазваи Мурайсиъ (форсӣ: غزوه مُرَیسیع) яке аз ғазваҳои Паёмбар (с) буд, ки бо мақсади муқобила бо қабилаи Банӣ Мусталақ дар соли панҷум ё шашуми ҳиҷрии қамарӣ рух додааст. Дар ин ҷанг, Абӯзари Ғифорӣ ҳамчун намоянда ва ҷонишини Паёмбар (с) дар Мадина таъйин гардид ва гурӯҳе аз мунофиқон низ бо нияти ба даст овардани ғаниматҳои ҷангӣ ба сипоҳи Ислом ҳамроҳ шуданд.
Паёмбари Ислом (с) ибтидо қабилаи Банӣ Мусталақро ба Ислом даъват кард. Аммо пас аз сарпечӣ кардани онҳо аз қабули Ислом ва ҳамлаи мусаллаҳонаашон ба сӯи сипоҳи мусалмонон, Паёмбар (с) дастури ҳамла ба он қабиларо содир намуд.
Тибқи манобеи таърихӣ, пас аз шикасти душман, мусалмонон 200 нафар асир, 2000 шутур ва 5000 гӯсфанд ба ғанимат гирифтанд. Асирон ва ғаниматҳо миёни мусалмонон тақсим гардиданд ва шарти озодии асирон пардохти фидя буд, ки Паёмбар (с) муайян менамуд.
Ҷувайрия духтари Ҳорис, ки духтари сардори қабилаи Банӣ Мусталақ буд, низ дар ин ҷанг асир шуд. Паёмбар (с) бо пардохти фидя ӯро озод кард. Ҷувайрия пас аз озодӣ ба Ислом гаравид ва бо Паёмбар (с) издивоҷ намуд.
Бархе аз тафсирҳо зикр кардаанд, ки ояти аввал то ҳаштум аз Сураи Мунофиқун дар мавриди рафтори мунофиқон, ба хусус Абдуллоҳ ибни Убай, дар ҷараёни ҳамин ҷанг нозил шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳодисаи Ифк низ пас аз бозгашт аз ин ғазва рӯй додааст.
Иллати вуқӯи ҷанг
Ғазваи Банӣ Мусталақ[1] ё ғазваи Мурайсиъ[2] яке аз ғазваҳои Паёмбари Ислом (с) аст, ки тибқи манобеи таърихӣ дар соли панҷуми ҳиҷрии қамарӣ / 627 мелодӣ[3] ё соли шашуми ҳиҷрии қамарӣ / 628 мелодӣ[4] рух додааст. Бино ба бархе гузоришҳои таърихӣ, ба Паёмбари Ислом (с) хабар расид, ки Ҳорис ибни Абизарор, сардори қабилаи Банӣ Мусталақ, ки аз тоифаҳои нисбатдошта ба қабилаи Хузоъа буд, ҳамроҳ бо қавмаш ва гурӯҳе аз тоифаҳои араб барои ҷанг бо мусалмонон омодагӣ мегиранд.[5] Қабилаи Банӣ Мусталақ робитаи наздик бо қабилаи Қурайш дошт ва ба хотири нигоҳ доштани манофеи тиҷоратиаш, аз қабул кардани Ислом худдорӣ карда буд. Паёмбар (с) низ то муддате бо онҳо мудоро менамуд.[6]
Барои итминон аз лашкаркашии Банӣ Мусталақ алайҳи мусалмонон, Паёмбар (с) Бурайда ибни Ҳусайбро ба сӯйи урдугоҳи душман фиристод ва пас аз мутмаин шудан аз дурустии маълумот, амри ирсоли сипоҳ ба сӯи Банӣ Мусталақро содир кард.[7] Воқидӣ менависад, ки дар вақти ҳаракати сипоҳ, гурӯҳе аз мунофиқон[8] — ба сабаби наздик будани макони ҷанг ва ба даст овардани ғаниматҳои ҷангӣ — бо сипоҳи Паёмбар (с) ҳамроҳ шуданд.[9] Ба гуфтаи Андалусӣ, Паёмбар (с) ҳангоми ҳаракат Абӯзари Ғифориро ҷонишини худ дар Мадина таъйин кард;[10] аммо бархе дигар аз муаррихон Нумайла ибни Абдуллоҳи Лайсӣ[11] ва Зайд ибни Ҳорисаро ба унвони ҷонишини Паёмбар дар Мадина зикр кардаанд.[12]

Сарнавишти ҷанг
Ба гуфтаи Солеҳии Димишқӣ — аз муаррихони қарни 10 ҳиҷрии қамарӣ — ҳангоми ҳаракати Паёмбар (с) ба сӯи қабилаи Банӣ Мусталақ, яке аз ҷосусони Ҳорис аз ҷониби мусалмонон дастгир шуд; аммо ӯ аз ироаи иттилоъ худдорӣ кард. Паёмбар (с) ӯро ба Ислом даъват намуд, вале ӯ низ аз қабул кардани Ислом сарпечӣ кард. Ба ҳамин сабаб, бо фармони Паёмбар (с), ба қатл расонида шуд.[13] Қатли ҷосус боиси тарсу воҳима дар миёни Ҳорис ва ёрони ӯ гардида, қабилаҳои дигар, ки ҳамроҳи ӯ буданд, пароканда шуданд. Дар натиҷа, дар майдони ҷанг ҷуз Ҳорис ва пайравонаш каси дигаре боқӣ намонд.[14] Бино ба манобеъ, ҳангоми расидани Паёмбар (с) ба минтақаи Мурайсиъ, ӯ саҳобагони худро ба саф орост. Парчами муҳоҷирон ба Аммор ибни Ёсир супурда шуд (ба ривояте ба Абӯбакр ибни Абуқуҳафа) ва парчами Ансор ба Саъд ибни Убода дода шуд[15] ва сипоҳ барои ҷанг омода гардид.
Паёмбар (с) аввал онҳоро ба Ислом даъват намуд. Аммо чун онҳо ин даъватро рад карда, ба сӯи сипоҳи Ислом тир андохтанд, Паёмбар (с) амри ҳамла дод.[16] Мусалмонон бо шиори «Ё Мансур, амит!» (Эй пирӯз, нобуд кун!) ба душман ҳамла карданд.[17]
Дар ин ҷанг, даҳ тан аз ёрони Ҳорис кушта ва боқимонда асир гардиданд,[18] ва гурӯҳе низ фирор карданд.[19] Ғанимати фаровоне насиби сипоҳи Ислом гардид.[20] Табарии муаррих менависад, ки Ҳошим ибни Забоба ҳангоми бозгашт аз таъқиби душман ба иштибоҳ аз тарафи як мусалмон кушта шуд,[21] ки Паёмбар (с) амр дод, то хунбаҳои ӯ пардохт гардад.[22]
Тақсими ғанимат
Ба навиштаи Воқидӣ дар китобаш ал-Мағозӣ, пас аз анҷоми ҷанг, Паёмбар (с) Бурайда ибни Ҳусайбро масъули нигоҳдории асирон таъйин кард ва амр дод, ки бо асирон бо нармӣ ва мулоимат рафтор шавад.[23] Ҳамчунин, тамоми ғаниматҳо, аз ҷумла амвол, силоҳҳо ва чорпоён, якҷо ҷамъоварӣ шуданд ва бо амри Паёмбар (с), хизматгораш Шақрон ба нигоҳдории онҳо масъул гардид.[24] Барои муайян кардани хумс ва ҳиссаи мусалмонон, Маҳмия ибни Ҷузъ таъйин шуд.[25]
Тибқи манобеи таърихӣ, дар ин ғазва 200 нафар асир, 2000 шутур, ва 5000 гӯсфанд ба ғанимат гирифта шуданд.[26] Дар бархе манобеъ омадааст, ки Паёмбар (с) аввал хумсро ҷудо кард ва сипас амволу чорпоёнро миёни мусалмонон тақсим намуд.[27]
Ҳангоми тақсими ғанимат, як шутур баробари даҳ гӯсфанд ҳисоб карда мешуд. Барои ҳар асп ду саҳм, барои соҳиби асп як саҳм ва барои пиёданизомон низ як саҳм таъйин мешуд.[28] Бар асоси сарчашмаҳои гуногун, Паёмбар (с) асиронро барои нигоҳдорӣ миёни мусалмонон тақсим намуд ва барои озодии онҳо фидя муайян кард. Гуфта шудааст, ки фидяи ҳар зан ва кӯдак пардохти шаш шутур буд. Аъзои қабилаи Банӣ Мусталақ ба Мадина омада, бо пардохти фидя асирони худро озод мекарданд. Баъзе ҳам бе пардохти фидя раҳо гардиданд.[29]
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Ҷувайрия
Ҳангоми тақсими асирон, нигоҳдории Ҷувайрия, духтари Ҳорис ибни Абизарор (раиси қабилаи Хузоъа) ба Собит ибни Қайс вогузор карда шуд.[30] Ба навиштаи Табарӣ, Собит ибни Қайс бо Ҷувайрия чунин шарт гузошт, ки агар ӯ маблағи муайяне — масалан тиллое — бидиҳад, озод хоҳад шуд.[31] Ҷувайрия барои раҳоии худ назди Паёмбар (с) рафт ва пас аз эътирофи тавҳид (яъне ягонагии Худои Мутаол), аз ӯ дархост кард, ки маблағи фидяашро пардозад. Паёмбар (с) маблағи озодии ӯро пардохт ва сипас бо Ҷувайрия издивоҷ намуд.[32] Паҳн шудани ин хабар миёни мардум сабаб шуд, ки мусалмонон ҳамаи занони асири қабилаи Банӣ Мусталақро — ба хотири хешутабории онҳо бо Паёмбар (с) — озод намоянд.[33] Бар асоси баъзе ривоятҳо, шарти издивоҷ бо Ҷувайрия озод кардани ҳамаи асирон, ё сад нафар, ё чил нафар аз асирони қабилаи ӯ буд.[34]
Нузули оятҳои аввали сураи Мунофиқун
Алии ибни Иброҳими Қумӣ дар тафсираш овардааст, ки дар ҷараёни ин ҷанг, миёни ду нафар аз саҳоба дар мавриди кашидани об аз чоҳ баҳсе рух дод, ки боиси осеб дидани яке аз ансор гардид. Абдуллоҳ ибни Убай, пас аз шунидани ин хабар сахт ба ғазаб омад ва таҳдид кард, ки ҳангоми бозгашт ба Мадина, «шахсони паст»‑ро аз шаҳр берун хоҳад кард.[35] Зайд ибни Арқам, ки шоҳиди воқеа буд, суханони Абдуллоҳро ба Паёмбар (с) расонд. Аммо Абдуллоҳ назди Паёмбар (с) омад ва бо эъломи тавҳид ва рисолат — ба ягонагии Худо ва Паёмбарии Муҳаммад (с) — шаҳодат дод ва гуфтаҳои Зайдро рад кард. Чанд лаҳза баъд, оятҳои аввал то ҳаштум аз Сураи Мунофиқун нозил шуданд.[36] Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон менависад, ки манзури Абдуллоҳ ибни Убай аз "шахсони паст" худи Паёмбар (с) буд ва бо ин сухан Паёмбарро таҳдид кард.[37]
Тибқи бархе гузоришҳо, ҳодисаи Ифк низ дар бозгашт аз ҳамин сафари ҷангӣ рӯй додааст.[38]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48
- ↑ Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.2, саҳ.286
- ↑ Калоъӣ, ал-Иктифо, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.454; Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404
- ↑ Қарибӣ, Марвиёту ғазвати Бани-л-Мусталақ, Маркази пажӯҳишҳои илмии Донишгоҳи Исломӣ, саҳ.63
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203
- ↑ Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, ҷ.1, саҳ.470
- ↑ Воқидӣ, Китоб-ул-мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.405; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203
- ↑ Андалусӣ, ад-Дурар-ул-мухтасар фи-л-мағозӣ ва-с-сияр, 1415ҳ.қ., саҳ.200
- ↑ Ибни Касир, Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.4, саҳ.156
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.258
- ↑ Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.378
- ↑ Солеҳии Димишқӣ, Суб-ул-ул-ҳудо ва-р-рашод, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.344; Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.406
- ↑ Ибни Касир, Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.4, саҳ.156; Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407
- ↑ Ибни Касир, Ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.4, саҳ.156; Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407
- ↑ Омирӣ, Баҳҷат-ул-маҳофил, ҷ.1, саҳ.241
- ↑ Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379
- ↑ Мағозӣ, ҷ.1, саҳ.407
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.48
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.604
- ↑ Асқалонӣ, ал-Исобату фи тамйиз-ис-саҳоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410
- ↑ Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.261; Солеҳии Димишқӣ, Суб-ул-ул-ҳудо ва-р-рашод, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.346; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379
- ↑ Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.410
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳу мин сират-ин-Набий-ил-аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.289; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412
- ↑ Омирӣ, Баҳҷат-ул-маҳофил, ҷ.2, саҳ.143
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.609; Омилӣ, ас-Саҳеҳу мин сират-ин-Набий-ил-аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.289
- ↑ Асқалонӣ, ал-Исобату фи тамйиз-ис-саҳоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.73; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.206
- ↑ Муҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.296; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.92; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.609
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.442
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.368
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, ҷ.2, саҳ.369–370; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.2, саҳ.292
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.282
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.2, саҳ.297; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.220
Сарчашма
- Амин, Муҳаммад Ҳасан. Аъён-уш-шиа. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, 1403ҳ.қ.
- Андалусӣ, Ибни Абдулбарр. ад-Дурар-ул-мухтасар фи-л-мағозӣ ва-с-сияр. Қоҳира: Вазорати авқофи Миср, ҷ.1, 1415ҳ.қ.
- Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар. ал-Исобату фи тамйиз-ис-саҳоба. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1415ҳ.қ.
- Байҳақӣ. Далоил-ун-нубувва. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1405ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё. Ансоб-ул-ашроф. Бейрут: Дорулфикр, ҷ.1, 1417ҳ.қ.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар. Мағозӣ. Бейрут: Аъламӣ, ҷ.3, 1409ҳ.қ.
- Диёрбакрӣ, Ҳусайн. Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис. Бейрут: Дорус-содир, б.ч.
- Заҳабӣ, Шамсуддин. Таърихи Ислом. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.2, 1409ҳ.қ.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ (ас-Сияр ва-л-мағозӣ), таҳқиқ: Суҳайл Закор. Қум: афс, 1368ҳ.ш.
- Ибни Саййиди Нос, Муҳаммад ибни Муҳаммад Яъмарӣ. Уюн-ул-асар. Бейрут: Дорулқалам, ҷ.1, 1414ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад. ат-Табақот-ул-кубро. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.2, 1418ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалики Ҳимярӣ, ас-Сират-ун-набавия. Бейрут: Дорулмаърифа, б.ч.
- Ибни Ҷавзӣ, Абӯлфараҷ. ал-Мунтазам фи Таърих-ул-умами ва-л-мулук. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1412ҳ.қ.
- Ёқути Ҳамавӣ. Муъҷам-ул-булдон. Бейрут: б.н., 1979 м.
- Калоӣ, Абурабиъ Ҳимярӣ. Ал-Иктифо би-мо тазаммана мин мағозӣ Расулуллоҳ (с) ва-с-салосат-ил-хулафо. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1420ҳ.қ.
- Мақризӣ, Тақиюддин Аҳмад ибни Алӣ. Имтоъ-ул-асмоъ. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1420ҳ.қ.
- Муҷлисӣ, Муҳаммад Боқир. Биҳор-ул-анвор. Теҳрон: Исломия, ҷ.2, 1363ҳ.ш.
- Омилӣ, Ҷаъфари Муртазо. ас-Саҳеҳу мин сират-ин-Набий-ил-аъзам (с). Қум: Дорулҳадис, ҷ.1, 1426ҳ.қ.
- Омирӣ, Имодуддин Яҳё ибни Абӯбакр. Баҳҷат-ул-маҳофил ва буғят-ил-амосил. Бейрут: Дорус-содир, б.ч.
- Солеҳии Димишқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф. Суб-ул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайрил-ибод. Бейрут: Дор-ул-китоб-ил-илмия, ҷ.1, 1414ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан. Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо. Қум: Оли Байти (а), ҷ.1, 1417ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук. Бейрут: Дор-ут-турос, ҷ.2, 1387ҳ.қ.
- Табатабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон. Бейрут: Муассисаи Аълами, 1390ҳ.қ.
- Қарибӣ, Иброҳим. Марвиёту ғазвати Бани-л-Мусталақ ва Мурайсиъ. Мадина: Донишгоҳи Исломии Арабистон Саудӣ, б.ч.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим. Тафсири Қумӣ. Таҳқиқ: Сайид Тойиб Мӯсоӣ Ҷазоирӣ. Қум: Дорулкитоб, 1367ҳ.ш.