Ислом
Ислом (ар. اسلام), аз динҳои тавҳидӣ ва иброҳимӣ аст. Паёмовари ин дин ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки аз тариқи ваҳй аз ҷониби Худо Қуръонро барои башарият овардааст. Шурӯи даъват ба Ислом дар соли 610 мелодӣ дар Макка, воқеъ дар нимҷазираи Арабистон буд. Тавсеаи рӯзафзуни Ислом пас аз ҳиҷрати Пайғамбари Ислом ба шаҳри Мадина оғоз шуд. Аз назари мусулмонон, ҳазрати Муҳаммад (с) охирин пайғамбари Илоҳӣ ва Ислом охирин дин аст.
Қуръон ва суннати Пайғамбари Ислом (с) ва аимма, аслитарин манбаъ барои шинохти боварҳо ва аъмоли динии Ислом ҳастанд. Ба эътиқоди мусулмонон дар Қуръон ҳеҷ гуна ботил ва иштибоҳе роҳ надорад ва аз замони нузул то кунун бетаҳриф боқӣ мондааст. Суннат низ шомили гуфтор ва рафтори Пайғамбар ва аимма аст, ки ба сурати мактуб насл ба насл мунтақил шудааст.
Муҳимтарин аркони эътиқодии Ислом тавҳид, набуввати Пайғамбари Ислом (с) ва маъод ҳастанд. Дастуроти амалии Ислом ба се дастаи ибодот, ахлоқ ва аҳкоми маданӣ ва иҷтимоӣ тақсим мешаванд. Муҳимтарин аъмоли ибодӣ дар Ислом намоз, рӯза, хумс, закот, ҳаҷ ва ҷиҳод ҳастанд. Бахши зиёде аз манобеи исломӣ ба муаррифии ахлоқи писандида ва нописанд ва роҳҳои амалии расидан ба камолоти ахлоқӣ мепардозад. Тавсия ба риояти ҳуқуқи дигарон ва дастуроте барои танзими равобити иҷтимоӣ ва хонаводагӣ аз ҷумлаи таълимоти ахлоқии Ислом аст. Ислом барои бисёре аз умури зиндагии рӯзмарра низ дастуроте дорад, умуре мисли издивоҷ, талоқ, хариду фурӯш, иҷора ва қазоват, ки аҳкомашон дар кутуби фиқҳӣ таҳти унвони муомилот мавриди баҳс қарор мегирад.
Дар дини Ислом ду мазҳаби умда ва аслии шиа ва аҳли суннат вуҷуд дорад, ки ҳар як ба фирқаҳои гуногун тақсим шудаанд. Муҳимтарин ихтилоф байни ин ду мазҳаб масъалаи имомат ё ҷонишинии Пайғамбари Ислом аст. Аммо илова бар он дар баъзе масоили эътиқодӣ ва аҳком низ бо якдигар тафовут доранд.
Имрӯза дар бештари кишварҳои ҷаҳон, мусулмонон ҳузур доранд. Ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон ҳудуди якуним миллиард аст. Аксари мусулмонон дар қорраи Осиё ва ба вижаи Ховари миёна зиндагӣ мекунанд.
Вожашиносӣ
Калимаи Ислом аз решаи «с - л – м /ба арабӣ س- ل- م» ба маънои сиҳҳату офият ва дурӣ аз ҳаргуна айбу нақсу фасод[1] аст ва ба маъонии инқиёд[2], итоати куллӣ ва беқайду шарт ва таслими маҳз будан[3], изъон ба ҳукми Илоҳӣ ва ихлос дар ибодат[4] ба кор рафтааст.
Истилоҳи Ислом байни арабҳои сокини Арабистон ва қабл аз даврони Ислом ба таври куллӣ ба маънои тарк кардан ва даст кашидан будааст ва арабҳо ҳангоме феъли «аслама/ба арабӣ اَسْلَمَ»-ро ба кор мебурданд, ки шахс аз чизе, ки барои ӯ бисёр азизу гаронбаҳо буд даст мекашид ва онро ба дигар кас, ки хостори он буд вомегузошт ва дар сурате, ки он чиз худи шахси вай бошад, ки гаронбаҳотарин мавҷуд инсон аст, дар ин ҳолат ислом ба маънои итоати куллӣ ва беқайду шарт ва таслими маҳз будан аст.[5]
Ба гуфта Аллома Таботабоӣ таслими иродаи Худо будани банда дар ин дин иллати номгузории он ба Ислом аст.[6] Ба гуфта Сайидҳусайни Наср мусулмон касе аст, ки бо интихоби худ пазируфтааст, ки иродаашро мутеъи иродаи Илоҳӣ созад.[7]
Калимаи Ислом дар Қуръон ба кор рафта аст ва бино бар бархе оёти Қуръон ҳар дине ба ҷуз Ислом ғайримақбул аст[8] ва баъд аз омадани Ислом, танҳо дини муътабар назди Худованд Ислом аст.[9] Суханони бисёре низ аз Пайғамбари Ислом нақл шуда, ки аз дини худ ба номи Ислом ва аз пайравони худ бо унвони мусулмон (муслим) ёд кардааст.[10] Дар тақсимбандии адён, Ислом, яке аз адёни илоҳӣ, тавҳидӣ ва Иброҳимӣ аст. Мусулмонон муътақид ба Худои ягона ҳастанд. Пайғамбари дини Ислом, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) аст, ки аз сӯи Худованд маъмур ба иблоғи паёми илоҳӣ ё ваҳй ба мардум шудааст. Китоби Қуръон, ҳовии ваҳйи илоҳӣ ба ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
Нуқтаи оғози Ислом аз шаҳри Макка дар нимҷазираи Арабистон аст. Намоз, муҳимтарин амали ибодии мусулмонон аст. Хонаи Каъба дар шаҳри Макка, қиблаи мусулмонон аст ва мусулмонон ба тарафи он намоз мегузоранд.
Фарқи ислом ва имон
- Ҳамчунин бубинед: Имон
Ҳар фард бо гуфтани ду ҷумлаи «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ» ва «ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ» вориди дини Ислом мешавад. Зикри ин ҷумалот дар воқеъ шаҳодат додан ба ягонагии Худованд ва рисолати Пайғамбари Ислом (с) аст. Бидуни ин кор, фард аз доираи Ислом хориҷ аст ва кофир маҳсуб мешавад.[11]
Ин таъриф аз мусулмон, баёни нахустин мартаба аз пазириши Ислом аст. Дар ин марҳала ҳатто мумкин аст байни имони қалбии шахс бо он чи дар забон мегӯяд фарқ дошта бошад. Ба ин маъно, ки Ислом овардан марҳалаи ибтидоӣ ва зоҳирӣ дар пазириши шариати хотам бо изҳори шаҳодатайн аст, аммо барои имон овардан илова бар ин, эътиқоди қалбӣ ва ботинӣ зарурист.[12] Ислом овардан, пазириш ва итоати забонӣ ва ҷавориҳӣ аст, хоҳ ҳамроҳ бо эътиқоди қалбӣ бошад, хоҳ на, аммо имон, хузуъ ва итоати ҳамроҳ бо эътиқоди қалбӣ аст.[13]
Дар Қуръон низ ба тафовути ду мафҳуми Ислом ва имон ишора шудааст. Боқилонӣ (мутакаллими ашъарӣ, вафот 403ҳ.қ.) аз ояти 14 сураи Ҳуҷурот чунин натиҷа мегирад, ки Ислом нисбат ба имон омтар аст ва ҷойгоҳи имон қалб аст, чунонки ҷойгоҳи Ислом ҷавориҳ аст.[14] Ба баёни дигар, Ислом амре аст, зоҳирӣ, вале имон амрест, қалбӣ ва ботинӣ. Аллома Таботабоӣ афзун бар ояти 14 сураи Ҳуҷурот, ояти 35 Аҳзобро, ки васфи «муъминин ва муъминот»-ро аз унвони «муслимин ва муслимот» тафкик карда, далели муҳкаме бар фарқи ин ду васф қаламдод мекунад.[15] Албатта, хавориҷ ва баъдҳо муътазила чунин бовар доштанд, ки Ислом ва имон ваҳдати мафҳумӣ доранд.[16] Дар бархе оёти Қуръон, Ислом ва имон ба гунае омада, ки баёнгари навъе ягонагии байни онҳост, аммо чунонки бархе мутакаллимони ашъарӣ гуфтаанд, мазмуни ин оёт метавонад танҳо нозир ба ваҳдати мисдоқии Ислому имон бошад ва ҳатман баробарии мафҳумиро намерасонад.[17]
Пайғамбар
- Навиштори аслӣ: Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам
Бунёнгузори дини Ислом, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб аст. Бар асоси мутуни исломӣ, ӯ охирин фиристодаи Худованд ба сӯи инсонҳост. Мусулмонон ӯро бартарин инсон ва беҳтарин улгӯ барои зиндагӣ медонанд. Ба эътиқоди мусулмонон ҳазрати Муҳаммад (с) дорои мақоми исмат ва илми ғайб будааст.
Ӯ ки аз нажоди араб ва аз қабилаи Қурайши сокини Макка дар нимҷазираи Арабистон буд, дар соли 570 м, дар Макка ба дунё омад. Дар овони кӯдакӣ падар ва модари худро аз даст дод ва таҳти сарпарастии падарбузургаш Абдулмуталлиб ва пас аз чанде амӯяш Абутолиб қарор гирифт.
Дар тӯли зиндагии худ ҳеҷгоҳ пайрави оини бутпарастии роиҷ дар Макка набуд. Мардуми Макка ӯро ба амонатдорӣ мешинохтанд. Худованд дар чиҳилсолагӣ ӯро ба пайғамбарӣ мабъус кард. Аввалин пайғоми Худованд тавассути Ҷабраил дар ғори Ҳиро дар Макка вақте ки ӯ чиҳилсола буд бар вай нозил гашт.
Китоби осмонӣ
- Навиштори аслӣ: Қуръон
Китоби муқаддас ва осмонии мусулмонон Қуръон аст ва манбаи аслии боварҳо ва аъмоли динии эшон ба шумор меравад. Бар асоси боварҳои исломӣ, матни Қуръон ваҳйи Илоҳӣ аст ва аз сӯи Худованд тавассути фариштаи ваҳй (Ҷабраил) бар Пайғамбар нозил шудааст. Ба эътиқоди мусулмонон, дар Қуръон ҳеҷ гуна ботил ва хато роҳ надорад ва аз замони нузул то кунун бидуни таҳриф боқӣ мондааст. (ниг.: адами таҳрифи Қуръон)
Қуръон китобе аст, ки дар 114 сура дастабандӣ шудааст. Ҳар сура шомили теъдоде оят аст.
Манобеи шинохт
Қуръони Карим, суннати Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа ва низ гуфтор ва рафтори асҳоби Пайғамбар ҷузви манобеъе аст, ки мусулмонон барои шинохти боварҳо, вазоифи амалӣ, таърихи Ислом ва ошноӣ бо саргузашти бузургони дин ба он муроҷиа мекунанд. Ин суннат дар қолаби китобҳои ҳадис ва сира аз наслҳои гузашта ба оянда расидааст.
Аз назари шиаён фақат суннати Пайғамбар ва имомони шиа, меъёри шинохт ва амал аст. Такя бар сираи саҳоба низ хоси аҳли суннат аст. Шиаён рафтори саҳобаро қобили нақд медонанд.
Муҳимтарин китобҳои ҳадисӣ барои шиаён чаҳор китоб аст: 1- ал-Кофӣ навиштаи Кулайнӣ, 2- Ман ло яҳзаруҳу алфақиҳ, навиштаи Шайхи Садуқ, 3- Таҳзиб-ул-аҳком ва 4- ал-Истибсор, навиштаи Шайхи Тусӣ.
Муҳимтарин китобҳои ҳадисӣ барои аҳли суннат, ки ба сиҳоҳи ситта (китобҳои саҳеҳи шашгона) маъруф ҳастанд, иборатанд аз: 1- Саҳеҳ Бухорӣ, 2- Саҳиҳи Муслим, 3- Сунани Насоӣ, 4- Сунани Ибни Моҷа, 5- Сунани Абидовуд 6- Саҳиҳ Тирмизӣ.
Усули эътиқодӣ
- Навиштори аслӣ: Усули дин
Эътиқодот ба маҷмуъаи боварҳое гуфта мешавад, ки шомили нигоҳи Ислом ба ҷаҳон, инсон, табиат ва робитаи онҳо бо Худованд аст. Маҷмуъаи эътиқодоти исломӣ дар се асли куллии тавҳид, набувват ва маъод дастабандӣ мешаванд, ки ба онҳо усули ақоид гуфта мешавад. Яъне чизҳое, ки ҳар мусулмон бояд ба онҳо муътақид бошад. Дигар боварҳои исломӣ реша дар ин се эътиқоди аслӣ доранд. Ҳар як аз ин эътиқодот мусулмонро аз пайравони дигар адён ҷудо мекунад. Дар мазҳаби шиа, имомат низ ҷузви усули эътиқодӣ маҳсуб мешавад. Боварҳои исломӣ дар воқеъ муаррифии ҷаҳонбинӣ Ислом аст.
Тавҳид
- Навиштори аслӣ: Тавҳид
Дар ҷаҳонбинии исломӣ, муҳимтарин эътиқод, тавҳид, яъне бовар ба Худои воҳид ва мушаххас аст. Дар эътиқодоти исломӣ, Худо холиқи ҳамаи ҳастӣ ва Парвардигори он аст. Бовар ба ягонагии Худо дар се шохаи тавҳиди зотӣ, тавҳиди сифотӣ ва тавҳиди афъолӣ қобили тақсимбандӣ аст. Ин се қисм дар воқеъ тавҳиди назарианд ва фақат дар арсаи бовар ва эътиқоди ҳар фарди мусулмон ҳузур доранд. Тавҳиди амалӣ, натиҷаи тавҳиди назарӣ аст ва дар шохаҳое мисли тавҳид дар ибодат, тавҳид дар итоат, тавҳид дар ташреъ (қонунгузорӣ) ва тавҳид дар ҳокимият зуҳуру буруз мекунад.[18]
Набувват
- Навиштори аслӣ: Набувват
Мусулмонон муътақиданд Худо барои ҳидояти навъи башар, афродеро баргузида ва ба унвони пайғамбар ба сӯи инсонҳо фиристодааст. Ин афрод дар адабиёти исломӣ, набӣ ва расул номида мешаванд. Теъдоди пайғамбарони Илоҳӣ саду бисту чаҳор ҳазор нафар аст, ки панҷ нафар аз онон улулъазм буда вазифаҳои хоссе ба ӯҳда доштаанд. Ин пайғамбарон, оинҳо ва китобҳоеро овардаанд. Дар Қуръон, ки охирин китоби осмонӣ аст, ба номи бисту шаш нафар аз ин пайғамбарон ва китобҳои бархе аз онон ишора шудааст.
Охирин пайғамбари Илоҳӣ ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки дини Исломро оварда ва баъд аз ӯ пайғамбаре нахоҳад омад.[19]
Имомат
- Навиштори аслӣ: Имомат
Имомат ба маънои раёсат ва сарпарастии умури динӣ ва дунявии мардум ба ҷонишинӣ аз Пайғамбари Ислом (с) аст. Дар ин бора ду нигоҳи аслӣ байни мусулмонон вуҷуд дорад:
1. Шиа муътақид аст Пайғамбари Ислом (с) ба дастури Худованд ҷонишини худро мушаххас карда ва мардум бояд аз ӯ итоат кунанд. Ин ҷонишин, Имом Алӣ (а) аст ва баъд аз ӯ низ Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) ӯҳдадори мансаби имомат будаанд. Шиаёни исноашарӣ муътақиданд, ки баъд аз Имом Ҳусайн (а) нуҳ тан аз насли ӯ аз ҷониби Худованд ба мақоми имомат расидаанд. Имоми дувоздаҳум Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, ки аз назарҳо ғоиб аст ва барои барпоии адл дар ҷаҳон зуҳур хоҳад кард. Бархе аз фирқаҳои дигари шиа монанди зайдия ва исмоилия ва чанд фирқаи дигар, дар бораи имомони баъд аз Имом Ҳусайн (а), назари дигаре доранд;
2. Аҳли суннат муътақиданд, Пайғамбари Ислом (с) барои баъд аз худ ҷонишине мушаххас накардааст ва мардум пас аз реҳлати эшон, Абубакр фарзанди Абиқуҳофаро интихоб ва бо ӯ байъат карданд ва пас аз ӯ низ Умар ибни Хатоб ва Усмон ибни Афонро халифаи дуюм ва сеюм, ва Алӣ ибни Абитолиб (а)-ро чаҳорумин халифа медонанд.
Маод
- Навишторҳои аслӣ: Маод
Эътиқод ба зинда шудани мурдагон ва зиндагии пас аз марг, ҷузви усули боварҳои адён ва ба вижа Ислом аст. Бовар ба маод, шомили бовар ба вуқуъи ҳаводисе дар ҳангоми марг ва баъд аз он дар даврони барзах ва низ ҳаводис ва мавқеъиятҳои баъд аз зинда шудани мурдагон дар рӯзи қиёмат аст. Мафоҳиме мисли ҳашр, мизон, татоири кутуб, сирот аз умуре ҳастанд, ки мавриди эътиқоди мусулмонон ҳастанд.
Дигар боварҳо
Эътиқод ба вуҷуди фариштагон, қазо вa қадар, олами барзах, олами зар, хилқати ҳазрати Одам аз хок ва идомаи насли инсон аз ҳазрати Одаму Ҳавво, низ ҷузви эътиқодоти ҳама ё аксари мусулмонон ба шумор меравад.
Вазоифи амалӣ
- Навиштори аслӣ: Фуруъи дин
Бахши муҳимме аз таъолими дини Ислом, нозир ба аъмоли ҳар фарди мусулмон аст. Ин вазоиф, ки аҳкоми амалӣ низ номида мешаванд, дар донише ба номи фиқҳ тадвин шудаанд. Манбаи аслии шинохти ин вазоиф Қуръон ва суннат (гуфтор ва рафтори маъсумон) аст.
Ба таври куллӣ метавон вазоифи амалии ҳар фарди мусулмонро дар се ҳавзаи ибодот, ахлоқ ва аҳкоми маданӣ ва иҷтимоӣ (муомилот) дастабандӣ кард.
Ибодот
- Навиштори аслӣ: Ибодат
Ибодат амале аст, ки фақат бояд ба ангезаи итоат аз дастури Худованд анҷом шавад. Аъмоли ибодӣ ё воҷибанд ё мустаҳаб. Муҳимтарин амали ибодии воҷиб дар Ислом намозҳои рӯзона аст. Бархе аз муҳимтарин ибодатҳои воҷиб иборатанд аз: рӯза дар моҳи Рамазон, закот, хумс, зиёрати хонаи Каъба (ҳаҷ), ҷиҳод.
Ахлоқ
- Навиштори аслӣ: Ахлоқ
Дар мутуни аслии Ислом (Қуръон ва суннати маъсумон) омӯзаҳои фаровоне барои рафторҳои ахлоқӣ вуҷуд дорад. Муаррифии ахлоқи писандида ва нописанд ва роҳҳои амалии расидан ба камолоти ахлоқӣ, тавсия ба риояти ҳуқуқи дигарон ва дастуроте барои танзими равобити иҷтимоӣ ва хонаводагӣ ҷузви таъолими ахлоқии Ислом аст.
Вазоифи маданӣ ва иҷтимоӣ
Дар Ислом барои бисёре аз умури зиндагии рӯзмарра дастуроти шаръӣ вуҷуд дорад. Умуре мисли издивоҷ, талоқ, хариду фурӯш, иҷора, раҳн, хӯрданиҳову ошомиданиҳо, шикор, умури ҷиноӣ ва қазоват, ҳар як аҳкоме доранд. Ин аҳком дар илми фиқҳ бо унвони аҳкоми муомилот, мавриди баҳс қарор мегиранд.
Шохаҳо
Имрӯза мусулмонон дар қолаби ду мазҳаби бузурги шиа ва аҳли суннат дастабандӣ мешаванд. Ҳар як аз ин ду мазҳаб низ дорои фирқаҳои мутаъаддиде ҳастанд. Муҳимтарин ихтилофи байни шиа ва аҳли суннат, масъалаи имомат ё ҷонишинии Пайғамбар аст. Ин ихтилоф аз рӯзҳои нахустини баъд аз реҳлати Пайғамбари Ислом (с) дар байни бархе аз асҳоб намоён шуд.
Фарқи ин ду мазҳаб дар имомат хулоса намешавад ва ин ду мазҳаб аз назари эътиқодӣ ва аҳкоми амалӣ низ бо ҳам тафовутҳое доранд. Тафовути нигоҳ дар бораи адолати асҳоби Пайғамбар, исмати анбиё, ҷабру ихтиёр, бархе аз аҳкоми вузу, намоз ва ҳаҷ, тафовути ақида дар бораи издивоҷи муваққат низ аз мавориди ихтилофии байни ин ду мазҳаб аст.
Шиа
- Навиштори аслӣ: Шиа
Шиа ба унвони яке аз ду мазҳаби аслии Ислом, худ ба шохаҳои гуногуне тақсим шудааст. Ваҷҳи муштараки ҳамаи ин фирқаҳо эътиқод ба имомат ва хилофати Имом Алӣ (а) ва ду фарзандаш Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) баъд аз Пайғамбар аст.
Шиаён дар аксари кишварҳои исломӣ ҳузур доранд, вале бештарин ҷамъияти шиа дар кишварҳои Эрон, Ироқ, Озарбойҷон, Покистон ва Лубнон сокин ҳастанд.
Аҳли суннат
- Навиштори аслӣ: Аҳли суннат ва ҷамоат
Аҳли суннат аз назари ҷамъият аз шиаён бештаранд. Пайравони ин мазҳаб низ ба шохаҳои гуногун тақсим шудаанд. Ин шохаҳо ду меҳвари эътиқодӣ ва фиқҳӣ дорад. Тафовути нигариш дар эътиқодот, боиси эҷоди се гароиши муътазила, ашъарӣ ва мотуридӣ шудааст. Тафовут дар фаҳми аҳкоми фиқҳӣ ва фуруъи дин низ сабаби эҷоди чаҳор мазҳаби фиқҳии ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ шудааст.
Хавориҷ
- Навиштори аслӣ: Хавориҷ
Нахустин гурӯҳ дар байни мусулмонон, ки ба шаклгирии як фирқа анҷомид, шохаи хавориҷ дар ҷанги Сиффин аз сипоҳёни Имом Алӣ (а) аст. Хавориҷ дар бораи ҳукумат ва низ касоне ки муртакиби гуноҳи кабира шудаанд, боварҳои хоссе доштанд. Хавориҷ баъдҳо ба гурӯҳҳои мутааддиде тақсим шуданд ва имрӯза дар кишварҳое мисли Уммон сокин ҳастанд.
Таърих
Даврони Макка
Нуқтаи оғози Ислом дар шаҳри Макка воқеъ дар нимҷазираи Арабистон дар соли 610 мелодӣ мутобиқ бо чиҳилумин соли оммулфил ва нахустин соли беъсати ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) аст.
Нахустин давраи Ислом давраи сездаҳсолаи сукунат ва таблиғи Пайғамбари Ислом дар Макка аст. Дар ин давра Пайғамбар се сол ба сурати махфӣ ба даъват машғул буд. Баъд аз се сол Худованд ӯро маъмур кард бастагони наздикашро ба Ислом даъват кунад.[20] Дар ин давра теъдоди маҳдуде аз афрод мусулмон шуданд. Дар солҳои дувоздаҳ ва сездаҳи беъсат, Пайғамбар дар тайи ду паймон ба номи Байъати Ақаба, заминаи муҳоҷират ба Ясрибро омода кард.
Даврони Мадина
Дар рабиъулаввали соли сездаҳуми беъсат, Пайғамбар ба Мадина ҳиҷрат кард ва бо ҳамроҳии сокинони Мадина, нахустин ҳукумати исломиро бунён ниҳод. Асҳоби Пайғамбар дар Мадина ду гурӯҳи бузург буданд, ки бо номи муҳоҷирон ва ансор шинохта мешуданд. Аксари ҷамъияти ансор аз ду қабилаи бузурги Авс ва Хазраҷ буданд.
Дар ин давра, Пайғамбар, гирифтори ҷангҳои мутааддиде шуданд, ки бо унвони ғазавот ва сароё дар таърих сабт шудаанд. Муҳимтарин ғазваҳои Пайғамбар, ҷанги Бадр, Уҳуд, Хандақ ва фатҳи Макка ҳастанд. Баъд аз фатҳи Макка тақрибан ҳамаи нимҷазираи Арабистон мусулмон шуданд.
Дар ин давра ҳамчунин Пайғамбар ба сарони кишварҳои мухталиф нома навиштанд ва онҳоро ба Ислом даъват карданд. Ин давра даҳ сол тӯл кашид ва бо даргузашт Расули Худо Ислом вориди даврони ҷадиде шуд.
Даврони хулафои сегона
Пас аз даргузашти Пайғамбари Ислом дар соли 11ҳ.қ., дар Мадина, бо вуҷуди васияти ӯ мабнӣ бар ҷонишинии Алӣ ибни Абитолиб, бархе аз асҳоб Абубакр ибни Абиқаҳофаро ба хилофат интихоб карданд. Пас аз Абубакр, Умар ибни Хаттоб ва баъд аз ӯ Усмон ибни Аффон ба хилофат расиданд.
Дар давраи халифаи аввал чанд даргирӣ бо муртаддон ва чанд ҷанг бо пайғамбарони дуруғин гузориш шудааст. Дар даврони халифаи дуввум, ки ҳудуди даҳ сол тӯл кашид, футуҳоти исломӣ густариш ёфт ва мусулмонон Эрон, Шом, Миср ва манотиқи дигарро фатҳ карданд. Дар даврони халифаи сеюм низ густариши қаламрави Ислом идома дошт. Муҳимтарин иттифоқи ин даврон, шӯришҳои дохилӣ буд, ки мунҷар ба қатли халифаи сеюм ва интихоби Алӣ ибни Абитолиб (а) ба унвони халифаи чаҳорум шуд. Аҳли суннат ба ҳокимони пас аз Расули Худо (с) хулафои рошидин мегӯянд, ки ба тартиб иборатанд аз: Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ.
Даврони Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳасан (а)
Даврони хилофати Имом Алӣ (а) (37 - 40 ҳ.қ.) камтар аз панҷ сол тӯл кашид. Се ҷанги дохилии Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон аз иттифоқоти муҳими ин давра аст. Имом Алӣ (а) дар масҷиди Кӯфа тавассути яке аз хавориҷ, террор шуд ва мардум бо Имом Ҳасани Муҷтабо (а) фарзанди аршади эшон байъат карданд.
Даврони хилофати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) камтар аз шаш моҳ ба тӯл анҷомид, ки бештари он низ ба ҷанги дохилии сипоҳи Имом бо сипоҳи Шом ба фармондеҳии Муовия писари Абусуфён гузашт. Ҷанг бо имзои сулҳнома ва интиқоли хилофат ба Муовия ба поён расид.
Даврони Банӣ Умайя
- Навиштори аслӣ: Банӣ Умайя
Хилофати силсилаи Банӣ Умайя бо оғози хилофати Муовия дар соли 41ҳ.қ., оғоз шуд ва дар соли 132ҳ.қ., бо шикасти Марвон ибни Муҳаммад ба поён расид. Дар ин солҳо 14 подшоҳ бар мамолики исломӣ ҳукм ронданд. Пас аз Муовия ибни Язид, хилофати умавиён ба шохаи Марвонӣ интиқол ёфт. Умавиён бо набард дар марзҳои шарқӣ ва марзҳои Рум, густараи ҳукумати исломиро ҳар рӯз васеътар мекарданд. Саркӯбии хавориҷ ва шиаён аз сиёсатҳои пайвастаи умавиён буд. Банӣ Умайя борҳо ҳурмати муқаддасоти исломиро шикастанд.
Даврон Банӣ Аббос
- Навиштори аслӣ: Банӣ Аббос
Ҳукумати аббосиён пас аз байъат бо Абулаббоси Сафоҳ дар соли 134ҳ.қ., оғоз шуд ва дар соли 656ҳ.қ., дар давраи ҳукумати Алмустаъсим Биллоҳ ба поён расид. Дар ин солҳо 37 подшоҳи аббосӣ бар сарзаминҳои исломӣ ҳукумат ронданд.
Даврони Фотимиён
- Навиштори аслӣ: Фотимиён
Фотимиён аз шиаёни исмоилӣ, хонадоне, ки дар солҳои 297 то 567 қамарӣ бар манотиқи васеъе аз сарзаминҳои ғарби ҷаҳони Ислом фармон меронданд ва бо унвони Убайдиён низ шинохта мешуданд. Фотимиён дар рақобат бо хулафои аббосӣ, худро хулафои барҳақ медонистанд. Ҳукумати фотимиён ибтидо дар Марокиши кунунӣ таъсис шуд ва пас аз муддате бар саросари шимоли Африқо, Миср, Шом ва Яман ғалаба ёфта ва нуфузи худро то Ҳиҷоз низ густаронданд ва бар бахшҳое аз дарёи Медитарона ҳоким шуда ва Сисилро тасарруф карданд.
Даврони усмонӣ
- Навиштори аслӣ: Усмонӣ
Бар асоси яке аз нақлҳо, усмониҳо мунтасаб ба яке аз қабилаҳои турк ба номи қопӣ ҳастанд. Ин қабила аз Осиёи Миёна бо раҳбарии Артуғул, ба самти ғарб ҳаракат кард ва баъдҳо ба сипоҳи Алоуддини Салҷуқӣ - аз подшоҳони салҷуқӣ, пайвастанд. Алоуддини Салҷуқӣ бо ҳимояти ин гурӯҳ, дар соли 1233м, дар ҷанге ба пирӯзӣ расид ва Алоуддин ба унвони подош, ин қабиларо дар яке аз манотиқи таҳти худ дар шимолу ғарбии Осиёи Хурд ва дар марзҳои давлати салҷуқӣ, искон дод.[21]
Артуғул ба ҳофизат аз марзҳо басанда накард ва ба сарзаминҳои Бизонс ҳамла бурд ва манотиқеро тасарруф кард. Пас аз марги Артуғул, дар соли 1288м, фарзандаш Усмон - касе ки баъдҳо давлати усмонӣ ба номи ӯ номида шуд - ба ҷои падар нишаст. Ин амирнишин ба суръат тараққӣ кард ва ба мурур ба императории бузурге табдил шуд. Ин давлат нақши қобили таваҷҷуҳе дар нашри Ислом дар Аврупо ва дифоъ аз мусулмонон дар муқобили ҳамалоти салибиҳо бар ӯҳда дошт.[22]
Давлати усмонӣ манотиқи мухталифе монанди Балкан дар Аврупо ва Анатолия,[23] Миср, Шом, Ҳиҷоз[24] дар Осиёро ба тасарруфи худ даровард. Аз ҷумлаи иқдомоти давлати усмонӣ, метавон ба мавориди зер ишора кард:
- Ҳимоят аз ҳарамайни шарифайн дар баробари ҳамалоти салибиҳо;
- Манъи сукунати яҳудиён дар Сино;
- Манъи муҳоҷирати яҳудиён ба Фаластин;
- Густариши Ислом дар Аврупо.[25]
Ислом ва дигар адён
Бар асоси оёти Қуръон ва суннати исломӣ, мусулмонон ҳузури бархе аз дигар адёнро дар ҳукумати исломӣ ба расмият мешиносанд ҳарчанд боварҳои ононро нодуруст мешумуранд.
Оинҳои собеӣ, яҳудӣ, масеҳӣ ва зартуштӣ дар Қуръон зикр шудаанд.[26] Аз он ҷо ки ба бовари мусулмонон ин адён мубтанӣ бар китоби осмонӣ ҳастанд, ба онҳо аҳли китоб гуфта мешавад. Бар асоси аҳкоми исломӣ, ин ақаллиятҳои динӣ агар дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ кунанд, бояд молиёте ба номи ҷизя бидиҳанд. Дар мутуни динӣ аз ин ақаллиятҳо бо номи куффори зиммӣ ё аҳли зимма низ ёд шудааст.
Ҷуғрофиё ва ҷамъияти мусулмонон
- Навиштори аслӣ: Ҷаҳони Ислом
Мусулмонон имрӯза дар бештари кишварҳои ҷаҳон ҳузур доранд. Ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон ҳудуди якуним миллиард нафар аст. Аксари мусулмонон дар қорраи Осиё ва ба вижаи Ховари Миёна зиндагӣ мекунанд.
Пурҷамъияттарин кишвари мусулмон Индонезия аст. Арабистон ба иллати вуҷуди ду шаҳри Макка ва Мадина ва баргузории маросими солиёнаи ҳаҷ дар он, аз кишварҳои муҳимми мусулмон маҳсуб мешавад. Ироқ низ аз кишварҳои муҳимми исломӣ аст, ки мақбараи шаш имоми шиа дар он аст ва муддатҳо пойтахти хилофати исломӣ будааст. Ҳамчунин яке аз бузургтарин ва бособиқатарин ҳавзаҳои илмияи шиа дар шаҳри Наҷафи Ироқ қарор дорад. Эрон низ ба воситаи низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва вуҷуди марокизи мазҳабии маъруф, монанди шаҳри Машҳад ва Ҳарами Имом Ризо (а) ва ҳавзаҳои илмияи куҳан ва дастёбӣ ба пешрафтҳои илмӣ ва фанноварӣ, дорои ҷойгоҳи вижае дар ҷаҳони Ислом аст.
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зери калимаи «салама/арабӣ: سلم»; Ибни Форис, Муъҷаму мақоис фӣ ал-лулғат, зайли калима «салама/арабӣ: سلم»; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.715; Мустафавӣ, ат-Таҳқиқу фӣ калимоти Қуръон-ил-карим, ҷ.5, саҳ.191 - 192
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зери калимаи «салама/арабӣ: سلم»; Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн «салама/арабӣ: سلم»; Ибни Форис, Муъҷаму мақоис ал-лулғат, зери калимаи «салама/арабӣ: سلم”
- ↑ Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, саҳ.256
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн «салама/арабӣ: سلم»
- ↑ Изутсу, Худо ва инсон дар Қуръон, саҳ.256
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.193
- ↑ Наср, Ормонҳо ва воқеиятҳои Ислом, саҳ.31
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 85
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 19
- ↑ Руҷуъ кунед ба: Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, 1389ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.359 - 378
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.301 - 303
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.207; Арусӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.102 – 103; Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.328
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.328
- ↑ Боқлонӣ, ал-Инсофу фимо яҷибу эътиқодуҳ ло яҷузу алҷаҳлу биҳ, 1407ҳ.қ., саҳ.89 – 90
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.313 – 314
- ↑ Аззуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-муниру фӣ ал-ақидати ва аш-шариъати ва ал-манҳаҷ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318; ал-Қуртубӣ, ал-Асно фӣ шарҳи асмоъ-ул-ҳусно, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134
- ↑ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.207
- ↑ Ниг.: Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, ҷ.2
- ↑ Ниг.: хотамият
- ↑ Ниг.: Явмуддор
- ↑ Аҳмадёқӣ, Давлати усмонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.16 - 17
- ↑ Аҳмадёқӣ, Давлати усмонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.16 - 17
- ↑ Аҳмадёқӣ, Давлати усмонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.23
- ↑ Аҳмадёқӣ, Давлати усмонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.29
- ↑ Аҳмадёқӣ, Давлати усмонӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.195 - 205
- ↑ Сураи Ҳаҷ, ояти 18
Сарчашма
- Аззуҳайлӣ, Ваҳбат ибни Мустафо, ат-Тафсир-ул-мунири фи ал-ақидати ва аш-шариати ва ал-манҳаҷ, Бейрут, Дорулфикрил муосир, 1411ҳ.қ.
- Алқуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Асно фи шарҳи асмоул-ҳусно, бе ҷо, Доруссаҳабати литтурос, 1416ҳ.қ.
- Арусӣ Ҳувайзӣ, Ибни Ҷумъа, Тафсири нур-ус-сақалайн, ба кӯшиши Расулии Маҳаллотӣ, Исмоилиён, 1373ҳ.ш.
- Аҳмдёқӣ, Исмоил, Давлати усмонӣ аз иқтидор то инҳилол, Қум, пажуҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, чопи шашум, 1389ҳ.ш.
- Боқлонӣ, Абубакр, ал-Инсофу фимо яҷиби эътиқодуҳ ва ло яҷузу алҷаҳлу биҳ, ба кӯшиши Аҳмади Ҳайдар, Бейрут, Оламулкутуб, 1407ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукрам, Лисон-ул-араб, Қум, адабулҳавза, 1405ҳ.қ.
- Ибни Форс, Аҳмад, Муъҷам-ул-мақоис фи ал-луғат, таҳқиқи Шаҳобиддин Абуамр, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
- Ижутсу, Тушиҳику, Худо ва инсон дар Қуръон, тарҷумаи Аҳмади Ором, Теҳрон, нашри фарҳанги исломӣ, 1374ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқу фи калимоти Қуръонил карим, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1374ҳ.ш.
- Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Мизон-ул-ҳикмат, Қум, Дорулҳадис, 1389ҳ.ш.
- Наср, Сайидҳусайн, Ормонҳо ва воқеиятҳои Ислом, тарҷумаи Иншоаллоҳ Раҳматӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, 1382ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмаърифат ва эфест, Теҳрон, Носири Хусрав, 1406ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмия, 1417ҳ.қ.
- Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, ба кӯшиши Абдурраҳмон Умайра, Қум, Шариф Разӣ, 1409ҳ.қ.
- Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.
- Фазлуллоҳ, Сайидмуҳаммадҳусайн, тафсири Мин ваҳйил-Қуръон, Бейрут, Дорулмулук, 1419ҳ.қ.