Ҳафтаи ваҳдат
Ҳафтаи ваҳдат фосилаи байни 12-уми рабиъулаввал, солрӯзи мавлуди Паёмбари Ислом (с) бино бар ривоёти аҳли суннат, то 17-уми рабиъулаввал, санаи таваллуди ҳазрати Муҳаммад (с) бино бар ривоёти шиа аст.
Ҳафтаи ваҳдат дар соли 1981, ба пешниҳоди Оятуллоҳ Мунтазирӣ ва бо таъйиди имом Хумайнӣ ба ин ном шинохта шуд.
Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ ҳамасола тавассути Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ дар Эрон ва дар ҳафтаи Ваҳдат баргузор мешавад.
Таърихчаи тақриб ва ваҳдати мазоҳиби исломӣ
Ҳамчунин бубинед: Тақриби мазоҳиби исломӣ
Мурод аз тақриби мазоҳиби исломӣ, «наздик шудани пайравони мазоҳиби исломӣ бо ҳадафи шинохти якдигар... бар асоси усули мусаллам ва муштаракоти исломӣ» баён шудааст.[1] Ин андеша аз солиёни дур, мавриди таваҷҷуҳи олимони мусулмони шиаю суннӣ будааст, аммо аз авоили қарни бистуми мелодӣ, олимоне чун Сайид Ҷамолиддини Асадободӣ, Муҳаммад Абдуҳ, Муҳаммадҳусайн Кошифулғито, Абдулмаҷид Салим, Маҳмуд Шалтут, Муҳаммадтақии Қумӣ ва Оятуллоҳ Буруҷердӣ ба он суръати бештаре доданд.[2]
Бо вуқуъи Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1978 ва ташкили Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба иҳтимоми раҳбари он - имом Хумайнӣ, андешаи тақриб беш аз пеш густариш ёфт.[3]
Таъйини ҳафтаи ваҳдат
Пас аз Инқилоби Исломии Эрон, дар соли 1981, Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар номае ба вазири вақти иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод дод ба манзури ҳамоҳангӣ ва иттиҳод бо дигар мусулмонон, фосилаи байни 12-уми рабиъулаввал (солгарди вилодати Паёмбари Ислом (с) бинобар ривоёти аҳли суннат) то 17-уми рабиъулаввал (таърихи вилодати ҳазрати Муҳаммад (с) бинобар ривоёти шиа), ҳафтаи Ваҳдат номгузорӣ шавад.[4] Пас аз ин, имом Хумайнӣ дар суханроние дар рӯзи 29-уми декабари 1981, бо ишора ба пешниҳоди вай,[5] ин истилоҳро ба кор бурд.[6] Ӯ дар бахше аз суханрониаш гуфт: «мо фарёд мезанем, ки бояд ҳама бо ҳам бошем, ҳафтаи ваҳдат дошта бошем. Дини мо як аст, Қуръони мо як аст, Пайғамбари мо як аст!».[7]
Тибқи гузорише, пешниҳоде монанди ин, пеш аз ин ҳам собиқа доштааст. Барои мисол, дар соли 1977, Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳангоме, ки дар вилояти Систону Балучистон табъид буд, ба уламои аҳли суннати он минтақа пешниҳод дод, ки дар фосилаи байни 12-уми рабиъулаввал ва 17-уми рабиъулаввал маҷлисҳои ҷашн баргузор шавад.[8]
Ҳодисаҳои марбут
Ҳар сол, дар ҳафтаи Ваҳдат, ба манзури ҳамбастагии мусулмонон ва ҳамфикрӣ байни олимонашон,[9] конфронси байналмилалии Ваҳдати сломӣ, дар Эрон баргузор мешавад.[10]
Дар соли 1990, пас аз чаҳорумин соли баргузории он, ба дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Эрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ташкил шуд. Аз аҳдофи ин маҷмаъ, «иртиқои сатҳи ошноӣ ва огоҳӣ ва таъмиқи тафоҳуми байни пайравони мазоҳиби исломӣ... ва таҳкими риштаҳои ухуввати исломӣ дар байни мусулмонон» баён шудааст.[11]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
- ↑ “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
- ↑ “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
- ↑ “Аз пешниҳоди Оятуллоҳ Мунтазирӣ то ҳаром будани сабби саҳоба”, сайти Элно.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.455.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.455, 456.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.456.
- ↑ “Ривояти таърихӣ: ҳафтаи ваҳдат чигуна номгузорӣ шуд?”, пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ “Сию чаҳорумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
- ↑ “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
- ↑ “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ.
Сарчашма
- “Аз пешниҳоди Оятуллоҳ Мунтазирӣ то ҳаром будани сабби саҳоба”, вебгоҳи Элно.
- “Дар бораи Маҷмаъ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ, таърихи боздид: 21 обони 1399ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
- “Сию чаҳорумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ”, вебгоҳи Маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ, таърихи боздид: 21 обони 1399ҳ.ш.