Jump to content

Ғазваи Ҳамро-ул-асад

Аз wikishia
Ғазваи Ҳамро-ул-асад
Ҷойгиршавии ду минтақаи Ҳамро-ул-асад ва Равҳо нисбат ба шаҳри Мадина
Ҷойгиршавии ду минтақаи Ҳамро-ул-асад ва Равҳо нисбат ба шаҳри Мадина
Замон8 шаввол 3ҳ.қ.қ.
МаконМинтақаи Ҳамро-ул-асад
ВижагиҳоТақрибан 20 км ҷануби Мадина
СабабМанъ кардани мушрикон аз ҳамлаи дубора ба Мадина ва нишон додани қудрати мусулмонон ба душман
НатиҷаБозгашти мусулмонон ба Мадина бе даргирӣ
Ҷанганда1Артиши мусулмонон
Ҷанганда2Артиши мушрикони Қурайш
Фармондеҳ1Ҳазрати Муҳаммад (с)
Фармондеҳ2Абусуфён
ЁддоштНузули оятҳои 172 то 175-и Сураи Оли Имрон дар бораи ғазваи Ҳамро-ул-асад


Ғазваи Ҳамро-ул-асад (форсӣ: غزوه حَمراءُالاَسَد) яке аз ғазваҳои Паёмбари Акрам (с) аст, ки дар сол сеюми ҳиҷрӣ ва як рӯз пас аз ҷанги Уҳуд рух додааст. Гуфта шудааст, вақте Пайғамбар (с) огоҳ шуд, ки мушрикони Макка мехоҳанд пас аз ҷанги Уҳуд дубора ба Мадина ҳамла кунанд, ба таъқиби душманон фармон дод. Дар ин ҷанг, мусулмонон ба фармони Пайғамбар (с) шабҳо ҳар кадом як оташ меафрӯхтанд, то шумори зиёд будани сипоҳи Исломро нишон диҳанд ва дар қалби душманон тарс ҷой кунанд. Ин амал боис шуд, ки сипоҳи Макка фирор кард ва Пайғамбар (с) пас аз се рӯз ба Мадина бозгашт.

Муфассирон нузули оятҳои 140, 172 то 174 сураи Оли Имрон ва инчунин ояти 104 Сураи Нисоро ба ин ғазва нисбат медиҳанд.

Далели рӯй додани ҷанг

Бар асоси гузориши сарчашмаҳои таърихӣ, замони ғазваи Ҳамро-ул-асад дар соли сеюми ҳиҷрӣ [1] ва як рӯз пас аз ҷанги Уҳуд будааст. [2] Сабаби номгузории ин ғазва ба Ҳамро-ул-асад ба далели рух додани он дар минтақае бо ҳамин ном будааст, ки дар фосилаи ҳашт милӣ (бист километр) аз Мадина воқеъ аст. [3] Дар манбаҳои таърихӣ омадааст, ки як рӯз пас аз шикасти мусалмонон дар ҷанги Уҳуд, ба Пайғамбар (с) хабар расид, ки мушрикони Макка нияти ҳамлаи дубора ба Мадинаро доранд. [4] Тибқи гуфтаҳои Тафсири Қумӣ, Ҷабраил Паёмбарро аз нияти ҳамлаи дубораи Қурайш огоҳ кардааст. [5] Оид ба он ки кадом афрод дар ин ғазва иштирок доштанд, ду назар вуҷуд дорад: Дар Тафсири Қумӣ омадааст, ки Ҷабраил ба Пайғамбар (с) хабар дод, ки танҳо онҳое ҳаққи иштирок дар ин ҷангро доранд, ки дар ҷанги Уҳуд захм бардошта бошанд. [6] Дар китоби Аъён-уш-шиа омадааст, ки Билол ба фармони Пайғамбар (с) баъд аз намози субҳ эълон кард, ки касоне, ки дар ҷанги Уҳуд иштирок карда буданд, барои ширкат дар ин ҷанг ва таъқиби душман ҳаракат кунанд. [7] Тибқи нақли манбаҳои таърихӣ, ҳаракати Пайғамбар (с) ба сӯи мушрикони Макка бо ҳадафи эҷоди тарс дар миёни душман ва нишон додани он буд, ки мусалмонон ҳамчунон дорои қудрат ҳастанд. [8]

Рӯйдодҳои ҷанг

Тибқи гузориши Воқидӣ дар китоби «ал-Мағозӣ», бо эълони фармони Пайғамбар (с) барои ҳаракат ба самти минтақаи Ҳамро-ул-асад, ҳатто захмиён, ки дар ҳоли муолиҷа буданд, омодаи ҳаракат шуданд. [9] Гуфта шудааст, ки аз қабилаи Банӣ Салама чиҳил нафар захмӣ дар ин ҷанг ширкат карданд [10] ва ба ҳамин сабаб Пайғамбар (с) дуои нек ба ҳаққи онҳо кард. [11]

Ба нақли китобҳои таърихӣ, Пайғамбар (с) Ибни Умми Мактумро дар Мадина ба ҷойи худ таъин кард [12] ва бо вуҷуди захмҳои зиёд, ки аз ҷанги Уҳуд бар ҷисмаш буданд, ҳамроҳи мусалмонон барои ширкат дар ҷанг ҳаракат кард. [13] Дар китоби «Қисас-ул-анбиё»-и Қутбуддини Ровандӣ омадааст, ки Пайғамбар (с) парчами муҳоҷиронро ба Имом Алӣ (а) супорид ва ӯро пешопеши сипоҳ ба сӯи Ҳамро-ул-асад равон кард. [14]

Ба гуфтаи Воқидӣ, Пайғамбар (с) дар ин ғазва ваъдаи пирӯзии ҳамаи ҷангҳоро ба Талҳа дод ва гуфт, ки Худо Маккаро низ барои мо хоҳад кушод. [15] Нақл шудааст, ки Саъд ибни Убода сӣ шутури боркаш аз хурмо ва чандин шутури дигар овард, ки рӯзона ду то се шутурро қурбонӣ мекарданд. [16]

Тибқи гузориши баъзе манбаҳои таърихӣ, Пайғамбар (с) барои гирифтани иттилоъ аз ҷабҳаи душман се нафарро фиристод, аммо ду нафари онҳо аз ҷониби қурайшиён дастгир ва шаҳид шуданд, [17] ва мусалмонон ҳар дуи онҳоро дар як қабр дафн карданд. [18]

Эҷоди тарс дар урдугоҳи мушрикон

Ба гуфтаи бисёре аз таърихнигорон, вақте ки сипоҳи Ислом ба минтақаи Ҳамро-ул-асад расид, Пайғамбар (с) фармон дод, ки мусалмонон ҳезум ҷамъ кунанд ва шабонгоҳ ҳар кас ҳезуми худро оташ занад. Фурӯзон шудани 500 алангаи оташ дар шабҳо ва овозаи қудрати баланди мусалмонон сабабгори тарс дар урдугоҳи мушрикон гашта буд. [19] Ҳангоме ки мушрикони Макка ба минтақаи Равҳо расиданд ва дар фикри ҳамлаи дубора буданд, бо шахсе ба номи Маъбад рӯ ба рӯ шуданд. [20] Онҳо аз Маъбад дар бораи ахбори сипоҳи мусалмонон пурсиданд ва ӯ аз паймон бастани мусалмонон барои гирифтани интиқом сухан гуфт ва бо байтҳое, ки нишондиҳандаи бузургии сипоҳи Ислом буданд, тарсро бар дили Абусуфён андохт ва онҳоро аз ҳамлаи дубора ба Мадина манъ кард. [21] Ба гуфтаи Равандӣ, вақте Маъбад дар минтақаи Равҳо бо Абусуфён мулоқот кард, бо ишора ба сипаҳсолори будани Имоми Алӣ (а) гуфт: «Эй Абусуфён, ин Алӣ аст, ки пешопеши сипоҳ омадааст» ва ҳамин тавсиф сабаб шуд, ки Абусуфён аз нияти ҳамла даст кашад. [22]

Дар баъзе манбаҳо омадааст, ки пас аз даст кашидани мушрикони Макка аз ҷанг бо мусалмонон, Маъбад марде аз қабилаи Хузоъаро назди Пайғамбар (с) фиристод ва паём дод, ки Абусуфён ва ёронаш ба сӯи Макка гурехтанд. [23] Тибқи Тафсири Қумӣ, пас аз фирори мушрикон, Ҷабраил бар Пайғамбар (с) нозил шуда, фармони бозгашт ба Мадинаро дод ва гуфт: Худо тарсро дар дили Қурайш андохтааст ва онҳо рафтанд. [24]

Дар Таърихи Табарӣ омадааст, ки Абусуфён пас аз даст кашидан аз ҷанг, тавассути гурӯҳе, ки роҳии Мадина буданд, паёме ба Пайғамбар (с) равон кард ва гуфт: «Мо тасмим гирифтаем, ки ҳар ҷо бошед, ба сӯи шумо баргардем.» Сипас ба сӯи Макка ҳаракат кард. Вақте Пайғамбар (с) ва мусалмонон паёми Абусуфёнро шуниданд, гуфтанд: «Ҳасбуно Аллоҳу ва ниъмал вакил» [25] Ба гуфтаи Табарӣ, ин ҷанг се рӯз идома кард. [26]

Нузули оятҳо дар бораи ғазваи Ҳамро-ул-асад

Дар бархе аз манбаҳои тафсирӣ ва таърихӣ омадааст, ки оятҳои 172 то 174 сураи Оли Имрон дар бораи ғазваи Ҳамро-ул-асад нозил шудаанд. [27] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ояти 140 сураи Оли Имрон ва ояти 104 сураи Нисо низ ба ҳамин ғазва марбутанд. [28]

Эзоҳ

  1. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334.
  2. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.223; Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178.
  3. Диёр ал-Бакрӣ, Таърих-ул-хамис, Бейрут, ҷ.1, саҳ.447.
  4. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.4, саҳ.48; Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178; Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом (с), саҳ.345.
  5. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  6. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  7. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  8. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.223; Машот, Инорат-уд-дуҷо, 1426ҳ.қ., саҳ.318.
  9. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.335.
  10. Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178.
  11. Машот, Инорат-уд-дуҷо, 1426ҳ.қ., саҳ.320.
  12. Ибни Шаҳошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.4, саҳ.49.
  13. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38.
  14. Қутбуддин Равандӣ, Қисас-ул-анбиё (а), 1409ҳ.қ., саҳ.343.
  15. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337.
  16. Солеҳӣ, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.310; Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  17. Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337.
  18. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38.
  19. Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338; Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259.
  20. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338.
  21. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.223; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.535.
  22. Қутбуддин Равандӣ, Қисас-ул-анбиё (а), 1409ҳ.қ., саҳ.343.
  23. Маҷризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.181.
  24. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  25. Сураи Оли Имрон, ояти 173.
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.536.
  27. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.357; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.317.
  28. Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.51.

Сарчашма

  • Оятӣ, Муҳаммад Иброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом (с), Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, нашри шашум, 1378ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, Олима, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Ҳофиз Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе таърих.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таъороф, 1403ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1405ҳ.қ.
  • Диёр ал-Бакрӣ, Ҳусайн, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис, Бейрут, Дор-ус-содир, бе таърих.
  • Заҳабӣ, Шамсуддин, Таърих-ул-Ислом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, нашри дувум, 1409ҳ.қ.
  • Солеҳии Димашқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, 1426ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарирӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, нашри дувум, 1387ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
  • Қутбуддин Равандӣ, Саид ибни Ҳиббатуллоҳ, Қисас-ул-анбиё (а), Машҳад, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, нашри аввал, 1409ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, тасҳеҳ: Тайиб Мӯсоӣ Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, нашри сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Машот, Ҳасан ибни Муҳаммад, Инорат-уд-дуҷо фи мағози хайр-ил-варо, Ҷидда, Дор-ул-минҳоҷ, нашри дувум, 1426ҳ.қ.
  • Маҷризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1420ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, Аъломӣ, нашри сеюм, 1409ҳ.қ.