Jump to content

Уруҷи ҳазрати Исо

Аз wikishia

Уруҷи ҳазрати Исо (а) (форсӣ: عروج حضرت عیسی(ع)) ба маънои рафтани ҳазрати Исо ба осмон аст ва дар Қуръон ба он ишора шудааст. Назари машҳур миёни мусулмонон он аст, ки Исо (а) на кушта шуд ва на ба салиб кашида шуд, балки ба осмон уруҷ кард, агарчи бархе муътақиданд, ки метавонад баъди наҷот аз салиб марги табиӣ дошта бошад. Бино бар омӯзаҳои масеҳӣ, Исо ба салиб кашида шуд ва пас аз зинда шудан ба осмон рафт.

Дар бораи навъи уруҷ, бархе онро рӯҳонӣ ва бархе ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ медонанд. Бархе ривоёт аз ҷумла ривоёти марбут ба бозгашти ӯ дар даврони зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а) ва мушоҳидаи ӯ тавассути Пайғамбар (с) дар меъроҷ, аз далелҳои ҷисмонӣ будани уруҷ матраҳ шудаанд. Бозгашти ҳазрати Исо (а) дар даврони зуҳур аз воқеаҳои қатъӣ дониста шуда ва дар сарчашмаҳои шиа ва суннӣ ривоётҳои гуногуне дар бораи он нақл шудааст.

Фарқи дидгоҳҳои исломӣ ва масеҳӣ

Уруҷи Исо ба маънои рафтани ӯ ба осмон ва зинда буданаш аст.[1] Дар Қуръон, оёти 158 сураи Нисо ва 55 сураи Оли Имрон ба ин воқеа ишора доранд.[2] Бар асоси бархе сарчашмаҳо, ин иттифоқ дар соли 585 пеш аз ҳиҷрат[3] ва дар шаби 21 рамазон[4] дар 32[5] ё 33-солагии Исо (а)[6] рух додааст. Дар ривояте аз Имом Боқир (а) нақл шуда, ки шаби шаҳодати Имом Алӣ (а) ҳамзамон бо шаби уруҷи Исо (а) будааст.[7]

Бино бар омӯзаҳои масеҳӣ, Исо (а) пас аз он ки ба салиб кашида шуд,[8] ҷон дод[9] ва дафн шуд.[10] Дар рӯзи севум, шогирдони ӯ мушоҳида карданд, ки ҷасадаш нест.[11] Исо (а) пас аз зинда шудан, шогирдони худро мулоқот кард[12] ва сипас ба осмон рафт.[13] Ин воқеа дар Инҷилҳои чаҳоргона ба тафсил ривоят шудааст.[14] Дар муқобил Қуръон тасреҳ дорад[15] ки Исо (а) кушта нашуда ва ба салиб кашида нашудааст;[16] балки бар асоси ривоёт,[17] шахси дигаре иштибоҳан ба ҷои ӯ кушта шуд ва мардум гумон карданд, ки Исо (а) ба шаҳодат расидааст.[18]

Вазъияти ҳаёти Исо (а) ҳангоми уруҷ

Олимони мусулмон дар бораи ин ки Исо пеш аз уруҷ ба марги табиӣ фавтида ё бидуни фавт ба осмон рафтааст, ихтилофи назар доранд.[19] Бар асоси Қуръон ва назари машҳур миёни мусулмонон[20] Исо (а) на кушта шуд ва на ба салиб кашида шуд,[21] балки ба осмон уруҷ кард[22] ва пеш аз қиёмат боз мегардад.[23] Бархе дигар муътақиданд, ки метавонад Исо пас наҷот аз салиб, марги табиӣ дошта ва сипас ба осмон рафта бошад.[24]

Бардоштҳо аз вожаи мутаваффика

Дар ояти 55 сураи Оли Имрон вожаи «Мутаваффика» (مُتَوَفِّیکَ) ба кор рафта, ки бардоштҳои гуногуне аз он шудааст:

  • Марги табиӣ: Ба маънои фавти Исо (а) пеш аз уруҷ аст ва бар асоси ин бардошт, уруҷ пас аз марг рух додааст.[25]
  • Дарёфт ё қабзи рӯҳ: Ин таъбир заруратан ба марги комил ишора надорад ва онро нишондиҳандаи интиқоли Исо (а) аз замин ба осмон медонанд.[26]
  • Ташбеҳи уруҷ ба осмон: Вожа ба сурати ташбеҳӣ барои баёни уруҷи ӯ ба осмон ба кор рафта ва нишон медиҳад, ки ӯ дигар дар замин ҳузур надорад.[27]

Ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ будани уруҷ

Муфассирон дар бораи навъи уруҷи Исо (а) ихтилофи назар доранд;[28] бархе онро бар асоси зоҳири ояти 158 сураи Нисо, рӯҳонӣ медонанд[29] дар муқобил бархе дигар ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ҷисмонӣ донистаанд.[30] Бархе муҳаққиқон муътақиданд уруҷи Исо (а) ба унвони мадҳи вай матраҳ шуда ва мадҳ ҳатман ба маънии рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ будан аст; зеро уруҷи рӯҳонӣ ба танҳоӣ махсуси Исо нест.[31] Ҳамчунин, бархе ривоёти марбут ба бозгашти Исо дар замони зуҳури Имом Маҳдӣ (а)[32] ва низ мушоҳидаи ӯ тавассути Пайғамбар (с) дар меъроҷ, ба унвони далел бар ҷисмонӣ будани уруҷ оварда шудаанд.[33] Тибқи бархе ривоёт, уруҷи Исо ба таври ҳамзамон бо рӯҳ ва ҷисм будааст.[34] Аз Имом Ризо (а) нақл кардаанд, ки Исо пас аз уруҷ, дар миёни осмон ва замин қабзи рӯҳ шуд ва сипас ба осмонҳо бурда шуд ва дар он ҷо рӯҳ ба баданаш бозгашт.[35]

Бозгашти Исо (а) дар даврони зуҳур аз воқеаҳои қатъӣ дониста шуда[36] ки миёни мусулмонон мавриди иттифоқ аст.[37] Бархе муфассирон, оёти 46 сураи Оли Имрон[38] ва 159 сураи Нисоро[39] ба ин мавзуъ марбут медонанд. Дар сарчашмаҳои аҳли тасаннун 28 ривоят[40] ва шиа 30 ривояти мустафиз[41] дар бораи бозгашти Исо (а) нақл шудааст.

Эзоҳ

  1. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.262; Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.207
  2. Ризоӣ, «Баррасии татбиқии меъроҷи Пайғамбар (с) ва уруҷи Исо (а)», саҳ.157
  3. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.585
  4. Қумӣ, Вақоеъ-ул-айём, Ношири Нур Митоф, саҳ.79
  5. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.585
  6. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.457
  8. Инҷили Луқо, боби 23, ояти 32 - 34
  9. Инҷили Матто, боби 27: ояти 50
  10. Инҷили Луқо, боби 23, ояти 50 - 54
  11. Инҷили Луқо, боби 24, оёти 1-3
  12. Инҷили Матто, боби 28: оёти 16 -20
  13. Инҷили Марқус, боби 16: ояти 19
  14. Бегдилӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати ҳазрати Исо (а) дар ислом ва масеҳият», саҳ.34
  15. Маърифат, Шубаҳот ва рудуд ҳавла-л-Қуръон-ил-карим, 1423ҳ.қ., саҳ.102
  16. Сураи Нисо, ояти 157
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.132
  18. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.759
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.569
  21. Маърифат, Шубаҳот ва рудуд ҳавла-л-Қуръон-ил-карим, 1423ҳ.қ., саҳ.106
  22. Бегдилӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати ҳазрати Исо (а) дар ислом ва масеҳият», саҳ.37
  23. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.759
  24. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72
  25. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.1, саҳ.366
  26. Бегдилӣ, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати ҳазрати Исо (а) дар ислом ва масеҳият», саҳ.37
  27. Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71
  28. Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.802
  29. Мароғӣ, Тафсир-ул-Мароғӣ, Бейрут, ҷ.6, саҳ.15
  30. Маърифат, Шубаҳот ва рудуд ҳавла-л-Қуръон-ил-карим, 1423ҳ.қ., саҳ.106; Мароғӣ, Тафсир-ул-Мароғӣ, Бейрут, ҷ.6, саҳ.15
  31. Саъдӣ, Шарҳ-ун-Насафия, 1380ҳ.ш., саҳ.322
  32. Саъдӣ, Шарҳ-ун-Насафия, 1380ҳ.ш., саҳ.322
  33. Мароғӣ, Тафсир-ул-Мароғӣ, Бейрут, ҷ.6, саҳ.15
  34. Ризоӣ, «Баррасии татбиқии меъроҷи Пайғамбар (с) ва уруҷи Исо (а)», саҳ.159
  35. Шайхи Садуқ, Уюни ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.215
  36. Қазвинӣ, Имом Маҳдӣ (аҷ) аз вилодат то зуҳур, 1387ҳ.ш., саҳ.678
  37. Кӯронӣ, Аср-уз-зуҳур, 1430ҳ.қ., саҳ.245
  38. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.550
  39. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.134-135; Содиқи Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1365ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.439
  40. Кӯронӣ ва дигарон, Муъҷам-ул-аҳодис-ил-имом Маҳдӣ (аҷ), 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.399-493
  41. Бахшӣ, «Баррасӣ ва табйини нақши ҳазрати Исо (а) дар даврони пас аз зуҳури Имом Замон (а)», саҳ.116

Сарчашма

  • Бахшӣ, Саид, «بررسی و تبیین نقش حضرت عیسی(ع) در دوران پس از ظهور امام زمان(ع)» («Баррасӣ ва табйини нақши ҳазрати Исо (а) дар даврони пас аз зуҳури Имом Замон (а)»), маҷаллаи Машриқи мавъуд, соли чордаҳум, №53, баҳори 1399ҳ.ш.
  • Бегдилӣ, Ҳасан, «Муқоисаи дидгоҳи уруҷ ва раҷъати ҳазрати Исо (а) дар ислом ва масеҳият», маҷаллаи Маорифи Қуръон ва итрат, соли дуввум, №5, тирамоҳи 1395ҳ.ш.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Кӯронӣ Омилӣ, Алӣ, Аср-уз-зуҳур, бемакон, беном, 1408ҳ.қ.
  • Кӯронӣ, Алӣ ва дигарон, Муъҷам-ул-аҳодис-ил-имом Маҳдӣ (а), Қум, Интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1428ҳ.қ.
  • Қазвинӣ, Муҳаммадкозим, Имом Маҳдӣ (а) аз вилодат то зуҳур, Қум, Нашри ал-Ҳодӣ, 1387ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Вақоеъ-ул-айём, Ношири Нури матоф, Қум, бетаърих.
  • Мароғӣ, Аҳмад ибни Мустафо, Тафсир-ул-Мароғӣ, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, Бейрут, бетаърих.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Шубаҳот ва рудуд ҳавла-л-Қуръон-ил-карим, Қум, Муассисаи фарҳангӣ интишоротии ат-Тамҳид, 1423ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор Муҳибб-ил-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ризоӣ, Омина, «Баррасии татбиқии меъроҷи Пайғамбар (с) ва уруҷи Исо (а)», маҷаллаи Ҳадис ва андеша, №13, баҳор ва тобистони 1391ҳ.ш.
  • Сайид Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Қоҳира, Дор-уш-шуруқ, чопи ҳафдаҳум, 1412ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Абдулмалик Абдурраҳмон, Шарҳ-ун-насафия фи-л-ақидат-ил-исломия, Санандаҷ, 1380ҳ.ш.
  • Содиқи Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон, Қум, Интишороти фарҳанги исломӣ, чопи дуввум, 1365ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ (Таърих-ул-умам ва-л-мулук), таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуввум, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Уюни ахбор-ир-Ризо (а), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Маҳдӣ Лоҷавардӣ, Теҳрон, Нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.