Ақил ибни Абитолиб
| Номи комил | Ақил ибни Абитолиб ибни Абдулмутталиб |
|---|---|
| Куния | Абуязид |
| Маҳалли зиндагӣ | Макка, Мадина |
| Насаб | Қурайш |
| Санаи таваллуд | Даҳ сол пас аз Омулфил |
| Зодгоҳ | Макка |
| Санаи вафот | Даврони ҳукумати Муовия |
| Шаҳри вафот | Мадина |
| Маҳалли дафн | Бақиъ |
| Хешовандон | Абутолиб (падар), Имом Алӣ (а) (бародар), Муслим (фарзанд) |
| Дигар | Муҳоҷир |
| Сиёсӣ | Ҳузур дар ҷанги Мӯта |
| Шинохташуда барои | Насабшинос |
Ақил ибни Абитолиб (арабӣ: عقيل بن أبي طالب) аз саҳобаи Пайғамбар (с) ва бародари Имом Алӣ (а) буд. Ӯ дар воқеаҳои муҳимме чун дафни Пайғамбар (с) ва ташйиъи ҳазрати Фотима (с) дар канори Имом Алӣ (а) ҳузур дошт.
Ақил дар даврони ҳукумати Имом Алӣ (а) аз ӯ хост, ки қарзи ӯро аз байтулмол пардохт кунад, аммо бо мухолифати Имом рӯ ба рӯ шуд. Ин воқеа ба ал-Ҳадидат-ул-муҳмот машҳур шудааст.
Ақил дар ҷанги Бадр дар сипоҳи мушрикон буд ва ба асорати мусалмонон даромад. Бархе бар ин боваранд, ки ӯ қаблан мусалмон шуда буд ва ба иҷбор дар ҷанги Бадр ширкат кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҷанги Мӯта ширкат кард, аммо ба далели беморӣ дар дигар ғазваҳои Пайғамбар ҳузур надошт.
Ақил дар давраи зимомдории Умар ибни Хаттоб дар тақсими байтулмол ширкат дошт. Ӯ бо Муовия низ дидоре дошт, аммо ҳамеша вафодории худро ба Имом Алӣ (а) ҳифз намуд. Бархе аз фарзандони Ақил, аз ҷумла Муслим, ки фиристодаи Имом Ҳусайн (а) ба Кӯфа буд, дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расиданд. Ӯ хонае дар Бақиъ дошт, ки чор тан аз имомони шиа дар он дафн шудаанд. Ин хона дар ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба Бақиъ вайрон шуд.
Зиндагинома
Ақил фарзанди Абутолиб ва Фотима бинти Асад аст.[1] Бар асоси бархе гузоришҳо, ӯ аз бародараш Ҳазрати Алӣ (а) бист сол бузургтар будааст[2], аз ин рӯ даҳ сол пас аз Омулфил таваллуд шудааст.[3]
Ақил аз қабилаи Қурайш буда, насабшинос ва огоҳ ба таърихи араб будааст.[4] Ҳамчунин ӯ шахсе ҳозирҷавоб муаррифӣ шудааст.[5] Дар сарчашмаҳои саҳобанигорӣ вафоти Ақил дар давраи Муовия ибни Абусуфён[6] ё аввали хилофати Язид (қабл аз вақеаи Ҳарра)[7] зикр шудааст. Ӯ дар хонаи худ дар қабристони Бақеъ дафн шудааст.[8]
Ислом овардан ва ширкат дар ғазваҳо
Ақил пас аз ҷанги Бадр ислом овард. Ба гузориши Ибни Саъд дар китоби ат-Тақобот-ул-кубро, Ақил ба иҷбор дар сипоҳи мушрикон дар ҷанги Бадр ҳузур дошт ва дар ин ҷанг аз ҷониби мусалмонон асир шуд. Чун пул надошт, амакаш Аббос фидяашро пардохт ва ӯро озод кард. Ба гуфтаи Ибни Қутайба, Ақил фавран пас аз озодӣ аз асорат мусалмон шуд.[9] Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ, таърихшиноси шиа, эҳтимол додааст, ки Ақил пештар дар Макка ислом оварда буд, аммо имонашро пинҳон медошт ва пас аз ҷанги Бадр онро ошкор кард.[10] Пайғамбар (с) низ пеш аз оғози ҷанги Бадр аз мусалмонон хоста буд, ки агар Аббос, Ақил, Навфал ибни Ҳорис ё Бахтариро бинанд, онҳоро накушанд, зеро онҳо ба иҷбор дар ҷанг ҳузур доштанд.[11]
Бархе аз саҳобанависон гуфтаанд, ки Ақил пас аз сулҳи Ҳудайбия (соли шашуми ҳиҷрӣ) мусалмон шудааст.[12] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, саҳобанавис аз аҳли суннат низ бар ин бовар аст, ки Ақил дар фатҳи Макка (соли ҳаштум) мусалмон шуд ва сипас ба Мадина ҳиҷрат кард.[13] Дар Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб низ ишора шудааст, ки Ақил дар валимаи издивоҷи Имом Алӣ (а), ки чанд моҳ пас аз ҷанги Бадр дар Мадина баргузор шуд, ҳузур доштааст.[14]
Ман туро ду гуна дӯст медорам: дӯст доштан ба хотири хешовандӣ ва дӯст доштан ба хотири муҳаббате, ки амакам Абутолиб ба ту дошт.[15]
Ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ақил дар ҷанги Мӯта ширкат кард, аммо гузорише аз ҳузури ӯ дар фатҳи Макка, ғазваи Тоиф, ҷанги Хайбар ва ҷанги Ҳунайн вуҷуд надорад ва эҳтимолан ба сабаби беморӣ дар ин ҷангҳо ғоиб будааст.[16] Бо ин ҳол, тибқи ривояте, ки Зубайр ибни Баккор нақл кардааст, ӯ дар ҷанги Ҳунайн аз касоне буд, ки ҳангоми фирори бархе аз лашкар, собитқадам монд.[17] Пайғамбар (с) барои Ақил саҳме аз маҳсулоти Хайбар ихтисос дод. Гуфта мешавад, ки чун ӯ ба сабаби узри ҷисмонӣ натавонист дар ҷангҳо ширкат кунад, ин саҳм барои таъмини хароҷоти зиндагии ӯ дар назар гирифта шуд.[18]
Ҳадисҳои гуногун ба воситаи ӯ аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст.[19] Ақил дар замони Умар ибни Хаттоб барои ҳамкорӣ дар тақсими байт-ул-мол фаро хонда шудааст.[20]
Ҳамроҳии Ақил бо Имом Алӣ (а)
Ақил дар замони ғусли Пайғамбар (с) ва дафни он ҳазрат аз ҷониби Имом Алӣ (а) ҳузур дошт.[21] Ӯ ҳамчунин дар ташйиъ ва дафни ҳазрати Фотима (с) ширкат кард.[22] Замоне ки Усмон Абузарро ба Рабаза табъид кард ва мардумро аз ҳамроҳӣ бо ӯ манъ намуд, Ақил ҳамроҳи Имом Алӣ (а), Ҳасан (а), Ҳусайн (а) ва Аммор Абузарро гусел карданд.[23]
Афсӯс бар зиндагӣ дар замоне ки Заҳҳок бар ту ҳамла овард ва ин Заҳҳок пасти бадбахтест. Ва чун аз ин умур [ҳамлаи Заҳҳок ва бевафоии кӯфиён] огоҳ шудам, гумон кардам шиаён ва ёронат туро тарк кардаанд. Эй писари модарам! Назаратро барои ман бинавис, [ки] агар маргро мехоҳӣ, бародарзодаҳо ва фарзандони падаратро ба сӯят меорам, зеро ки бо ту зиндагӣ мекунем то ту зиндагӣ кунӣ, ва бо ту мемирем чун ту бимирӣ. Ба Худо савганд, ки намехоҳам пас аз ту лаҳзае дар дунё бимонам; ва ба Худои азза ва ҷалл савганд, ки зиндагии мо пас аз ту ногувор ва нохушоянд ва номатлуб аст, ва бар ту бод дуруду раҳмати Худо ва баракоти Ӯ.
Наҳҷ-ус-саода, Маҳмудӣ, ҷ.5, саҳ.209–300
Ақил пас аз интиқоли пойтахти исломӣ ба Кӯфа, дар Мадина монд ва дар ҳеҷ яке аз ҷангҳои Имом Алӣ (а) ширкат накард.[24] Ба гуфтаи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ, сабаби ҳузур наёфтани Ақил дар ҷангҳо, нобиноӣ буд, ки пас аз ҷанги Мӯта бар ӯ ориз шуда буд.[25]
Пас аз моҷарои ҳакамият, Муовия лашкаре ба фармондеҳии Заҳҳок ибни Қайс ба Ироқ фиристод.[26] Ҳазрати Алӣ (а) сипоҳеро ба фармондеҳии Ҳуҷр ибни Адӣ муҷаҳҳаз кард ва лашкари Заҳҳокро шикаст дод.[27] Ин хабарҳо ба Ақил расид ва ӯ номае ба Имом навишт, то аз ӯ маслиҳат бигирад.[28] Имом дар посух ба Ақил хабар дод, ки фитнаи Заҳҳок дафъ шудааст ва ӯро аз нигаронӣ раҳо кард.[29]
Ақил дар номае, ки дар охири хилофати Имом Алӣ (а) навишт, иродати худро ба он ҳазрат изҳор кард ва пайвастани Абдуллоҳ ибни Абӯсарҳ ба Муовияро душманӣ бо Худо ва Пайғамбар ва ҳамчунин талош барои хомӯш кардани нури Илоҳӣ донист. Имом Алӣ (а) дар посух ба Ақил бар идомаи ҷиҳод алайҳи Муовия ва душманони дин таъкид кард ва ҳамзамон ӯ ва фарзандонашро аз ҳузур дар ҷабҳаҳои набард муоф намуд.[30]
Дархости пардохти қарз аз Байт-ул-мол
Ҳангоме ки Алӣ (а) зимоми умури хилофатро дар Кӯфа ба даст дошт, Ақил аз ӯ хост, ки қарзи ӯро аз байт-ул-мол пардозад.[31] Имом Алӣ (а) оҳани гудохташударо ба дасти Ақил наздик кард ва вақте Ақил ба иштибоҳ онро гирифт, аз гармии он шикоят кард. Имом Алӣ (а) ба ӯ гуфт: агар наметавонӣ ин оташро таҳаммул кунӣ, пас чӣ гуна бояд ҳуқуқи мардумро нодида бигирӣ.[32] Ин воқеа ба «ал-Ҳадидат-ул-муҳмот» машҳур шудааст.[33]
Дидори Ақил бо Муовия
«Бо он ки Муовия дар ҳаққи ӯ (Ақил) бахшиш ва эҳсон бисёр кард, Ақил ҳаргиз на назди ӯ аз Алӣ шикоят кард ва на бо ӯ дар мухолифат бо Алӣ ҳамдастон шуд.»[34]
Бар асоси гузоришҳо, Ақил бо Муовия дидоре доштааст.[35] Бархе манбаъҳои аҳли суннат ин дидорро ба дархости Ақил барои пардохти қарз[36] ё ба сабаби муносибати хешовандӣ миёни он ду[37] нисбат додаанд. Дар ин дидор, Муовия гуфтааст: агар Ақил намедонист, ки ман барои ӯ аз бародараш беҳтарам, назди мо намеомад ва ӯро тарк намекард. Ақил дар посух гуфтааст, ки бародараш барои ӯ дар дин беҳтар аст ва Муовия дар дунё. Ҳамчунин, Ақил дар посух ба саволи Муовия дар бораи Имом Алӣ (а), Муовияро ба Абусуфён ташбеҳ кардааст.
Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид, ҳамаи ровиёни сиқа бар ин боваранд, ки Ақил пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а) ба Шомот рафтааст.[38] Ҳамчунин, Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ бо ишора ба саволҳои Муовия аз Ақил дар бораи шахсиятҳое чун Имом Ҳасан (а), Ибни Зубайр ва Марвон, бар ин бовар аст, ки ин мулоқот пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а) будааст.[39] Наҷмӣ ҳадафи Ақил аз мулоқот бо Муовияро на хешовандӣ ё пардохти қарз, балки вафодорӣ ба Имом Алӣ (а) донистааст.[40]
«Гӯё Пайғамбар буд ва саҳобаҳояш, магар ин ки Пайғамбар дар миёни онҳо набуд, ва ту монанди Абусуфён ҳастӣ ва ёронаш, магар ин ки Абусуфён дар ҷамъи шумо нест.»[41]
Фарзандони Ақил
Ибни Саъд, таърихнигори қарни сеюм, аз Муслим, Язид, Саид, Ҷаъфари Акбар, Абӯсаиди Аҳвал, Абдуллоҳ, Абдурраҳмон, Абдуллоҳи Асғар, Алӣ, Ҷаъфари Асғар, Ҳамза, Усмон, Уммиқосим, Зайнаб ва Умминуъмон ҳамчун фарзандони ӯ ном бурдааст.[42] Дар манбаъҳои дигар аз Убайдуллоҳ, Уммиабдуллоҳ, Муҳаммад, Фотима, Уммиҳонӣ, Асмо, Рамла ва Зайнаб низ ҳамчун фарзандони ӯ ёд шудааст.[43]
Шаҳодати чанд тан аз фарзандон дар воқеаи Карбало
Аз миёни фарзандони ӯ Ҷаъфар, Муслим, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон дар вақеаи Карбало ба шаҳодат расиданд. Албатта, бархе гуфтаанд, ки шаш тан аз фарзандони ӯ дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расидаанд.[44] Шайхи Муфид аз духтаре ба номи Уммилуқмон низ ном бурдааст, ки ҳамроҳи дигар хоҳаронаш ҳангоми шунидани хабари шаҳодати Имом Ҳусайн (а), гиря ва нолиш мекард.[45]

Дафни бузургони Банӣ Ҳошим дар хонаи Ақил
Ақил хонаи васеъе дар Бақиъ доштааст[46]. Дар гузари замон, ин хона макони дафни афроде аз Банӣ Ҳошим шудааст[47] ва баъдан ба қабристони Бақеъ мулҳақ гаштааст. Имомони Бақиъ, Фотима бинти Асад, модари Ақил ва Аббос ибни Абдулмутталиб[48] аз афродеанд, ки дар ин хона дафн шудаанд. Бар қабрҳои онҳо бақъае сохта шуда буд; ин бақъа дар ҳамлаи ваҳҳобиён ба Бақеъ тахриб шудааст.[49]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.31
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1078
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.31
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1078
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.33; Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1078
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.439
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.82
- ↑ Ибни Қутайба, ал-Маориф, 1960м., саҳ.156
- ↑ Наҷмӣ, Ақил ибни Абутолиб дар мизони таърихи саҳеҳ, 1375ҳ.ш., саҳ.49
- ↑ Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.128
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.438
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.438
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб (а), 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.354
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1078
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.438
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.438
- ↑ Наҷмӣ, «Ангезаи сафари Ақил ба Шом ва пазируфтани ҳадя аз Муовия», саҳ.76
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.7, саҳ.2542
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.40
- ↑ Ҳилолӣ, Китоби Сулайм, 1405ҳ.қ., саҳ.665
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.183
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.20
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.250
- ↑ Наҷмӣ, «Ангезаи сафари Ақил ба Шом ва пазируфтани ҳадя аз Муовия», саҳ.76
- ↑ Макорими Шерозӣ, Пайёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.55–56
- ↑ Макорими Шерозӣ, Пайёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.56
- ↑ Макорими Шерозӣ, Пайёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.56
- ↑ Макорими Шерозӣ, Пайёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.56
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.250; Маданӣ Шерозӣ, ад-Дараҷот-ур-рафиа, 1397ҳ.қ., саҳ.155
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.245; Дайламӣ, ал-Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.216
- ↑ Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, ҷ.2, саҳ.125
- ↑ Зарринкӯб, Бомдоди Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.135
- ↑ Ниг.: Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1078
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.439
- ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.560–561
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.250
- ↑ Наҷмӣ, Ақил ибни Абутолиб дар мизони таърихи саҳеҳ, 1375ҳ.ш., саҳ.51
- ↑ Наҷмӣ, «Ангезаи сафари Ақил ба Шом ва пазируфтани ҳадя аз Муовия», саҳ.71–72
- ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.560–562
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.31–32
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.ш., саҳ.69–70
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.69–70
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.124
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.33
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, ҷ.3, саҳ.195
- ↑ Ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, Маншуроти Дор-ул-фикр, ҷ.1, саҳ.127
- ↑ Наҷмӣ, «Таърихи ҳарами имомони Бақиъ», саҳ.175
Манобеъ
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъломӣ ли-л-матбуот, 1394ҳ.қ./1974м.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, ал-Иршод-ул-қулуб ило-с-савоб, Қум, Шарифи Ризӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Зарринкӯб, Абдулҳусайн, Бомдоди Ислом, Теҳрон, Амиркабир, 1369ҳ.ш.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Истиоб фи маорифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Биҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ./1992м.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳиббатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, Усуд-ул-ғоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Шабба Нумайрӣ, Умар ибни Шабба, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара (Ахбор-ул-Мадинат-ин-набавия), таҳқиқ: Муҳаммад Шалтут, Маншуроти Дор-ул-фикр, б.т.
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, Қум, Нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Кулайнӣ, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1365ҳ.ш.
- Маданӣ Шерозӣ, Сайид Алӣхон, ад-Дараҷот-ур-рафиа фи тақобот-иш-шиа, таҳқиқи Сайид Муҳаммадсодиқи Баҳрулулум, Қум, Маншуроти Китобхонаи Басирӣ, 1397ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Пайёми Имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
- Маҳмудӣ, Муҳаммадбоқир, Наҳҷ-ус-саода фӣ Мустадраки Наҳҷ-ул-балоға, Бейрут, Муассисаи-т-тазомун-ил-фикрӣ, 1387ҳ.қ./1968м.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1404ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, таҳқиқи Муассисаи Оли Байт (а) лиэҳё-ит-турос, Қум, Конфронси ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, «تاریخ حرم ائمه بقیع», Маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №4, тобистони 1372ҳ.ш.
- Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, «عقیل بن ابیطالب در میزان تاریخ صحیح», маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №15, баҳори 1375ҳ.ш.
- Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, «انگیزه سفر عقیل به شام و پذیرفتن هدیه از معاویه», Маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №16, тобистони 1375ҳ.ш.
- Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, тарҷумаи Муҳаммад Иброҳими Оятӣ, Теҳрон, Илмӣ ва фарҳангӣ, 1378ҳ.ш.