Аҳли китоб
Аҳли китоб (форсӣ: اهل کتاب) ба ғайримусалмононе гуфта мешавад, ки дорои китоби осмонӣ ҳастанд. Уламои исломӣ яҳудиён, масеҳиён ва зардуштиёнро аз ҷумлаи аҳли китоб мешуморанд. Дар таҳқиқоти таърихӣ аз муомила ва гуфтугӯҳои Паёмбари Ислом (с) бо аҳли китоб ёд шудааст — гуфта шудааст, ки ӯ ба саволҳои онҳо посух медод ва гоҳе бо уламою рӯҳониёни онон баҳсу мунозира мекард. Ҳамчунин, барои зиндагии осоишта дар канори мусалмонон, бо онҳо паймонҳое мебаст.
Дар фиқҳи исломӣ, аҳкоми гуногунеро роҷеъ ба аҳли китоб зикр кардаанд, аз ҷумла: дар сарзамини исломӣ бояд ё мусулмон шаванд, ё ҷизя пардохт кунанд, дар ғайри сурат, ҷиҳод бо онҳо воҷиб шуморида мешавад; издивоҷи доимӣ ва муваққати занони мусалмон бо онҳо ҷоиз нест, ҳамчунин издивоҷи доимии марди мусалмон бо онҳо; бар асоси фатвои аксари фақеҳон, аҳли китоб нопок (наҷис) мебошанд; забеҳаи онҳо ҳалол нест.
Аҳли китоб чӣ касоне ҳастанд?
«Аҳли китоб» як истилоҳи шаръӣ ва фиқҳӣ ба кофироне ишора мекунад, ки дорои китоби осмонӣ ҳастанд.[1] Фақеҳони шиа яҳудиён, насрониён ва зардуштиёнро намунаи ин истилоҳ донистаанд.[2] Ба гуфтаи Шайх Тӯсӣ, аҳкоми марбут ба кофирони аҳли китоб бинобар иттифоқ бар Собеиён татбиқ намешавад ва шомил кардани онҳо ба аҳли китоб ниёз ба далел дорад.[3] Аммо шахсоне мисли Сайид Абулқосим Хӯйӣ[4] ва Сайид Алӣ Хоманаӣ[5] онҳоро аҳли китоб мешуморанд.
Ин истилоҳро дар муқобили мафҳуми «Аҳли қибла» ба кор бурдаанд, ки ба пайравони Паёмбари Ислом ва Қуръон ишора мекунад.[6] Ба гуфтаи Аҳмад Покатчӣ, муҳаққиқи шиа, бо таваҷҷуҳ ба истеъмолоти гуногуни он дар Қуръон, ақаллияти аҳли китоб дар замони зуҳури Ислом дар муқобили аксарияти уммийюн қарор доштанд. Уммийюн умдатан бутпарастони нимҷазираи Араб буданд, ки хондану навиштан намедонистанд ва китоби осмонӣ надоштанд.[7]
Тавсифи Қуръон дар бораи аҳли китоб
Баъзе аз ифодаҳои умумие, ки Қуръон дар бораи аҳли китоб ба кор бурдааст, иборатанд аз: «аҳл ал-китоб»-«اهل الکتاب», «аллазина кафару»-«الذین کفروا», «аллазина отайнаҳум ал-китоб»-«الذین آتیناهم الکتاب» ва «аллазина уту ал-китоб»-«الذین أوتوا الکتاب».[8] Гуфта шудааст, ки Қуръон дар бисёре аз оятҳо ба мавзуи аҳли китоб пардохтааст: гурӯҳеро аз онон барои сифатҳое мисли имон, амонатдорӣ ва ростқавлӣ ситоиш кардааст ва гурӯҳи дигарро сарзаниш намуда, аз кина ва душмании гумроҳшудагонашон нисбат ба мусалмонон гуфтааст.[9] Ҳамчунин, омилҳои инҳирофи онон чун тафсири нодуруст аз дин, таҳриф кардани китоб, ҳасад ва паймоншиканиро баршумурдааст.[10]
Муомилаи Паёмбар (с) бо аҳли китоб
Гуруҳе аз муфассирони шиа гуфтаанд, ки Паёмбари Ислом (с) то вақте ки дар Макка буд, муколамаи мазҳабӣ ва бархӯрди низомӣ бо аҳли китоб надошт, зеро онҳо дар Макка ҳузур надоштанд.[11] Пажӯҳишгароне равиши марҳилавии муомилаи Паёмбар (с) бо аҳли китобро ба таври тадриҷӣ ва бо ҳадафи аслии даъват ба Ислом шарҳ додаанд.[12] Дар ин даъват, Паёмбар ибтидо аз усулҳои фарҳангӣ, ташвиқӣ ва ҳамчунин мунозира истифода мекард.[13] Ӯ ба пурсишҳои уламои онон посух медод, эътиқодҳои нодурусти аҳли китобро ба чолиш мекашид, рисолати ҳақиқии пайғамбарони ононро таъйид менамуд ва даъвати худро бар меҳвари эътиқодоти муштарак бо онҳо бунёд мегузошт.[14]
Ҳамчунин Паёмбар паймонҳои сулҳ бо аҳли китоб мебаст, то ҳамзистии осоишта дар канори мусалмонон[15] ва боздорандагӣ дар баробари душманон[16] таъмин шавад. Ба гуфтаи Сайид Абулқосим Хӯйӣ, ҷанг бо аҳли китоб танҳо дар се ҳолат сурат мегирифт: оғоз кардани ҷанг аз тарафи онҳо; фитнаангезӣ ва иғво; сарпечӣ аз пардохти ҷизя.[17] Бар асоси ривоятҳо, Паёмбар ба фармондеҳони низомӣ супориш мекард, ки қабл аз оғози ҷанг, аҳли китобро ба Ислом даъват намоянд, ва агар напазируфтанд, онҳоро ба пардохти ҷизя ва пазируфтани шартҳояш хонанд.[18] Таҳлилгарони таърих сабаби ҷангҳои Хандақ ва Хайбарро дар хиёнат ва кӯмакҳои молии яҳудиён ба душманони Ислом медонанд.[19]
Аҳкоми фиқҳии марбут ба аҳли китоб
Фақеҳони шиа дар бахшҳои гуногуни фиқҳӣ аҳкоми марбут ба аҳли китобро баррасӣ кардаанд, ки баъзе аз он аҳком ин гуна аст:
- Дар Дор-ул-Ислом, ҳокими исломӣ аҳли китобро миёни пазируфтани Ислом ё қабули шартҳои зиммӣ ва пардохти ҷизя озод мегузорад. Агар ҳар ду рад шаванд ва шароит муҳайё бошад, ҷиҳод бо онҳо воҷиб мешавад.[20]
- Ба гуфтаи Сайид Абулқосим Хуӣ, назари маъруф дар миёни фақеҳони шиа ин аст, ки аҳли китоб нопок (наҷис) ҳастанд; аммо баъзе аз фақеҳони қадим ва бархе муҳаққиқони муъосир, аҳли китобро пок донистаанд.[21]
- Бар асоси фатвоҳои уламои шиа ва суннӣ, бар давлатҳои исломӣ воҷиб аст, ки аз аҳли китоб ба ивази зиндагонии онҳо дар сарзамини исломӣ ва барои таъмини амнияти онҳо, ҷизя ситонанд.[22] Ин аҳдофи молӣ онҳоро расман тобеи ҳукумати исломӣ мегардонад ва давлат вазифадор мешавад, ки онҳоро ҳимоят ва амнияташонро таъмин кунад.[23]
- Фақеҳони шиа миёни никоҳи муваққат ва доимии марди мусалмон бо зани аҳли китоб тафовут мегузоранд: никоҳи муваққат ҷоиз, вале никоҳи доимӣ ҳаром дониста мешавад.[24] Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Файзи Кошонӣ ин ҳукмро назари маъруфи мазҳаби имомия донистаанд.[25] Аммо бар асоси гузоришҳо, назари машҳур миёни уламои қадим он буд, ки тамомии намудҳои никоҳ бо аҳли китоб мамнуъ мебошад.[26] Ҳамчунин, дар фиқҳи шиа ва суннӣ иттифоқ назар вуҷуд дорад, ки никоҳи зани мусалмон бо марди ғайримусалмон — ҳатто агар аҳли китоб бошад — ҷоиз нест.[27]
- Ба нақли Шайх Баҳоӣ, аксар фақеҳони шиа — монанди Шайх Тӯсӣ, Шайх Муфид, Сайид Муртазо ва Шаҳиди Аввал — хӯрдани гӯшти ҳайвоне, ки аз ҷониби аҳли китоб забҳ шавад, ҳаром медонанд, ҳатто агар номи Худо гуфта шавад.[28] Имом Хумайнӣ низ ҳамин ақидаро доштааст.[29] Бар пояи гуфтори Шайх Баҳоӣ, фақеҳони андаке забҳро ҷоиз донистаанд.[30]
- Ба гуфтаи уламоии монанди Аллома Ҳиллӣ ва Соҳиби Риёз, ворид шудани аҳли китоб ба масҷид ҷоиз нест, ва ба гуфтаи Аллома, ҳеҷ мусалмоне ҳақ надорад ба онҳо иҷозаи вуруд диҳад.[31]
- Дафни кофири аҳли китоб ва ғайри он дар оромгоҳи мусалмонон манъ шудааст.[32]
Такнагорӣ
Китоби «Аҳкому аҳл-ил-китоби фи-л-Ислом», навиштаи Алии Саидии Шаҳрудӣ, соли 1384ҳ.ш. аз сӯи Маҷмаи захоири исломӣ мунташир шуд. Ин асар дар се фасл, ба тавзеҳи мафҳуми аҳли китоб ва аҳкоми марбут ба онон мепардозад. Ҳамчунин Мансур Қосимӣ дар мақолаи «Робита бо аҳли китоб ва шеваи бархӯрди Ислом бо онон аз дидгоҳи Қуръон ва ҳадис» чорчӯби муомила бо аҳли китоб ва бархе аз аҳкоми шаръии онро бар пояи оятҳо ва ривоятҳо баррасӣ кардааст.[33]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Доирату-л-маориф ал-фиқҳ ал-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.106
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.228; Амиди Занҷонӣ, Бунёдҳои миллият, 1361ҳ.ш., саҳ.108; Мишкини Ардабилӣ, Мусталоҳоти фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.470
- ↑ Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.318–319
- ↑ Хӯӣ, Минҳоҷ ас-Солиҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.391
- ↑ کاوشی در حکم فقهی صابیان.
- ↑ Кампонии Зореъ, «Аҳли китоб», саҳ.680
- ↑ Покатчӣ, «Аҳли китоб», саҳ.475
- ↑ Сафоӣ, «Аҳли китоб дар Қуръон», саҳ.139
- ↑ Салимӣ, «Тасвири аҳли китоб дар Қуръон», саҳ.74–77
- ↑ Салимӣ, Тасвири аҳли китоб дар Қуръон, саҳ.78, 87 ва 90–91
- ↑ Аҳмаднизод ва Калбосии Иштирӣ, «Нақди дидгоҳи муфассирони муосир дар бораи муомилаи Паёмбар бо аҳли китоб дар Макка», саҳ.178–179
- ↑ Ирфонӣ ва Мустарҳамӣ, Шеваҳои дипломатии Паёмбар дар муомила бо аҳли китоб, саҳ.84 ва 86
- ↑ Ирфонӣ ва Мустарҳамӣ, Шеваҳои дипломатии Паёмбар дар муомила бо аҳли китоб, саҳ.88–89 ва 93
- ↑ Аббосии Муқаддам, «Равишшиносии бархӯрд бо мушрикон ва аҳли китоб», саҳ.179–181
- ↑ Ирфонӣ ва Мустарҳамӣ, Шеваҳои дипломатии Паёмбар дар муомила бо аҳли китоб, саҳ.98–99
- ↑ Аббосии Муқаддам, «Равишшиносии бархӯрд бо мушрикон ва аҳли китоб», саҳ.179–181
- ↑ Хӯӣ, Баён дар улум ва масоили куллии Қуръон, 1382ҳ.ш., саҳ.360–361
- ↑ Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1412ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.53
- ↑ Субҳонӣ Табрезӣ, Фурӯғи абадият, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.122 ва 240
- ↑ Шаҳиди Аввал, Лумъат-уд-димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.81; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1435ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.65
- ↑ Хӯӣ, Мавсуату ал-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.40
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.227–228
- ↑ Амиди Занҷонӣ, Бунёдҳои миллият, саҳ.109
- ↑ Ниг.: Ҳалабӣ, Ал-Кофӣ фи-л-Фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.299; Шаҳиди Аввал, Лумъат-уд-димишқия, саҳ.180; Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, Бейрут, 1400ҳ.қ., саҳ.457
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ ал-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.520; Файзи Кошонӣ, Мафотеҳ аш-Шароеъ, Қум, Маҷмаи Захоири Исломӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249
- ↑ Бурҷӣ, «Издивоҷ бо занони аҳли китоб», саҳ.120
- ↑ Муғния, ал-Фиқҳ ало мазоҳиб ал-хамса, 1402ҳ.қ., саҳ.314; Ибни Сайид Ҳиллӣ, Ҷомеъ уш-Шароеъ, 1405ҳ.қ., саҳ.432; Сайид Муртазо, Масоил ан-носирият, 1417ҳ.қ., саҳ.327
- ↑ Шайх Баҳоӣ, Ҳурмати забеҳаи аҳли китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.59–60
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрири Васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.156
- ↑ Шайх Баҳоӣ, Ҳурмати забеҳаи аҳли китоб, саҳ.62
- ↑ Ҳиллӣ, Таҳрири аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214; Таботабоӣ, Риёз ал-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.55
- ↑ Кампонии Зореъ, «Аҳли китоб», саҳ.694
- ↑ «ارتباط با اهل کتاب و شیوه برخورد با آنان از دیدگاه قرآن و حدیث», сомонаи Ҳадис-Нет
Сарчашма
- Ибни Сайид Ҳилӣ, Яҳё ибни Аҳмад, Ҷомеъ ус-Шароӣ, Қум, Муассисаи Сайидуш-Шуҳадо (а), 1405ҳ.қ.
- Аҳмаднизод, Амир ва Захро Калбосии Иштирӣ, «Нақди дидгоҳи муфассирони муосир дар бораи муомилаи Паёмбар бо аҳли китоб дар Макка», дар Пажӯҳишҳои Қуръон ва Ҳадис, тирамоҳ ва зимистони 1393ҳ.ш.
- «ارتباط با اهل کتاب و شیوه برخورد با آنان از دیدگاه قرآن و حدیث», сомонаи Ҳадис-Нет, санаи боздид: 2 хурдоди 1404ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, Таҳрири Васила, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Барҷӣ, Яъқубалӣ, «Издивоҷ бо занони аҳли китоб», дар Пажӯҳишномаи Ҳикмат ва Фалсафаи Исломӣ, шумораҳои 3 ва 4, тирамоҳ ва зимистони 1381ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, «Аҳли китоб», дар Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ.10, Маркази доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, 1380ҳ.ш.
- Ҳалабӣ, Абӯссолеҳ, Кофӣ фӣ-л-Фиқҳ, Исфаҳон, Китобхонаи Имом Амири Мўъминон (а), 1403ҳ.қ.
- Ҳилӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрири Аҳкоми Шаръия бар мазҳаби Имомия, Муассисаи Имом Содиқ (а), Қум, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, 1389ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Баён дар улум ва масоили куллии Қуръон, тарҷумаи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Теҳрон, 1382ҳ.ш.
- Хӯӣ, ҳамон, Минҳоҷ ас-Солиҳин, Қум, Мадинати-л-Илм, 1410ҳ.қ.
- Хӯӣ, Мавсӯати Имом Хӯӣ, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, Қум, 1418ҳ.қ.
- Рӯҳонӣ, Сайид Содиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), Дорулкитоб, Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Субҳонӣ Табрезӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, 1371ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мансури Ҷовид, Муассисаи Имом Содиқ (а), Қум, 1390ҳ.ш.
- Салимӣ, «Тасвири аҳли китоб дар Қуръон», дар Маҷаллаи пажӯҳишҳои исломӣ, шумораи 7, тобистони 1390ҳ.ш.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Масоили Носирият, Теҳрон, Иттиҳодияи фарҳанг ва равобити исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Лумъат-уд-димишқия, Дор ат-Турос, Бейрут, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусейн, Ҳурмати забеҳаи аҳли китоб, Бейрут, Муассисаи Аъламии чоп, 1410ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Дафтари нашри исломӣ, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Ҳамон, ан-Ниҳоя, Дорулкитоб ал-Ъарабӣ, Бейрут, чопи дуввум, 1400ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз ал-Масоил фӣ таҳқиқи аҳком бил-далоил, Муассисаи Оли Баит (а), Қум, 1418ҳ.қ.
- Аббосии Муқаддам, Мустафо, «Равишшиносии бархӯрд бо мушрикон ва аҳли китоб», дар Фалсафаи дин, шумораи 6, тобистони 1389ҳ.ш.
- Ирфонӣ, Муҳаммадназир ва Сайид Исо Мустарҳамӣ, «Шеваҳои дипломатии Паёмбар дар муомила бо аҳли китоб», дар Мутолеоти Ҳадиспажӯҳӣ, шумораи 6, тирамоҳ ва зимистони 1397ҳ.ш.
- Амиди Занҷонӣ, Аббосалӣ, Бунёдҳои миллият, Бунёди Баъсат, Теҳрон, 1361ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Мулло Муҳсин, Мафотеҳи Шароӣ, Қум, Маҷмаи захоири исломӣ, 1401ҳ.қ.
- کاوشی در حکم فقهی صابیان, сомонаи Портали улуми инсонии Ҷомеъ, маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт, 1375ҳ.ш., шумораи 8.
- Кампонии Зореъ, Маҳдӣ, «Аҳли китоб», дар Донишномаи Имом Ризо (а), ҷ.2, Интишороти байналмилалии ал-Мустафо, 1396ҳ.ш.
- Муассисаи Доирату-л-Маорифи Фиқҳи Исломӣ, Доирату-л-маориф ал-фиқҳ ал-исломӣ тибқан ли мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, 1423ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароӣ ал-Ислом, Теҳрон, Истиқлол, 1409ҳ.қ.
- Мишкини Ардабилӣ, Алӣ, Мусталоҳоти фиқҳ, Муассисаи Дорулҳадис, Қум, 1392ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ бар панҷ мазҳаб, беҷо, беълоқ, 1402ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ шарҳи Шароӣ ал-Ислом, таҳқиқи Аббос Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, Бейрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.