Рамазон
Рамазон (арабӣ: رَمَضان) ё Рамазонулмуборак (арабӣ: رَمَضانُ المُبارَک) нуҳумин моҳи қамарӣ, ки рӯза дар он бар мусулмонон, фарз аст.
Дар ривоёт, фазоили сершуморе барои моҳи рамазон гуфта шудааст ва ин моҳ, моҳи меҳмонии Худо, моҳи раҳмату мағфирату баракат ва моҳи баҳори Қуръон хонда шудааст.
Бар асоси аҳодис, дар ин моҳ дарҳои осмон ва биҳишт кушода шуда ва дарҳои дӯзах баста мешавад. Шаби Қадр, ки нузули Қуръон дар он шаб буд, дар ин моҳ қарор дорад. Бархеи дигар аз китобҳои осмоние ҳамчун Тавроту Инҷил низ дар ин моҳ нозил шудааст.
Рамазон, ягона моҳе аст, ки номи он дар Қуръон омадааст. Ин моҳ, назди мусулмонон эҳтиром ва ҷойгоҳи вижае дорад ва мусулмонон ба ибодат дар он, аҳамияти хоссе доранд. Дар манобеи дуоӣ, аъмол ва ибодатҳои мухталифе барои ин моҳ нақл шудааст. Аз муҳимтарин аъмоли ин моҳ, тиловати Қуръон, эҳёи шабҳои Қадр, дуо, намоз, истиғфор, ифторӣ додан ва ёрдам ба ниёзмандон аст.
Яке аз воқеаҳои муҳими ин моҳ, нозил шудани Қуръон дар шаби Қадр ва шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) - аввалин имоми шиаён, дар бисту якуми моҳ аст. Имом Ҳасани Муҷтабо (а) низ дар понздаҳуми ин моҳ таваллуд шудааст.
Ибодат ва рӯзадорӣ дар моҳи рамазон бахше аз ҳувияти мусулмонон аст. Дар ҷомеъаҳои исломӣ, одобу анъанаҳои гуногуне, ҳамчун меҳмониҳо ва маросимоти ҷамъӣ, назофати масҷидҳо ва амокини мазҳабӣ, маросими оштикунон, маросим кулӯхандозон, пухти анвоъи шириниҳо ва ғизоҳо барои моҳи рамазон шакл гирифтааст.
Ҷойгоҳ
Моҳи Рамазон, нуҳумин моҳи қамарӣ аст,[1] ки гирифтани рӯза дар он бар мусулмонон фарз аст.[2]
Қуръони Карим[3] ва бархе аз китобҳои осмоние ҳамчун: Суҳуфи Иброҳим, Инҷил, Таврот ва Забур дар ин моҳ бар пайғамбарон нозил шудаанд.[4]
Калимаи рамазон як бор дар Қуръон зикр шуда[5] ва танҳо моҳе аст, ки номаш дар Қуръон омадааст:[6]
Ҳамчунин шаби Қадр, ки нузули Қуръон дар он шаб буда[7] бар асоси ривоёт[8] ва тафосир[9] дар моҳи рамазон қарор дорад.[10]
«Рамазон» дар луғат ба маънои шиддати гармои офтоб[11] аст. Нақл шудааст, рамазон, ба ин сабаб рамазон номида шудааст, ки гуноҳонро месӯзонад.[12] Ҳамчунин дар манобеи ривоӣ, рамазон аз номҳои Худованд шумурда шудааст.[13]
Вижагиҳо
Пайғамбари Акрам (с) дар хутбаи Шаъбония фазоилеро барои моҳи рамазон баршумурданд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Мардум дар ин моҳ ба меҳмонии Худо даъват шудаанд.
- Шаби Қадр, ки бартар аз ҳазор моҳ аст, дар ин моҳ қарор дорад.
- Эҳё ва намоз гузордан дар ҳар як шабҳои он баробар бо намози ҳафтод шаб дар моҳҳои дигар аст.
- Ин моҳ, моҳи сабр аст ва аҷри сабр, биҳишт аст.
- Моҳи ҳамдардӣ аст.
- Моҳе аст, ки ризқи бандагони муъмин афзун мешавад.
- Ба фармудаи Пайғамбар (с), ин моҳ, моҳе аст, ки агар арзиши он шинохта шавад, инсон орзӯ мекунад, тамоми сол рамазон бошад.[14] Бинобар ривояти Пайғамбар (с), моҳи рамазон, моҳи баста шудани дарҳои ҷаҳаннам ва кушода шудани дарҳои биҳишт ва моҳи ба занҷир кашида шудани шаётин аст.[15]
- Дар замони Пайғамбар (с) моҳи рамазон, марзуқ [Ёддошт 1] номида мешуд.[16]
Ҳамчунин дар ривоёти маъсумон, моҳи рамазон ба моҳи Худо,[17] моҳи раҳмату бахшоиши Илоҳӣ,[18] моҳи баракат ва дучандон шудани ҳасанот ва пок шудани гуноҳон[19] ва моҳе, ки агар бандае дар он бахшида нашавад, умеде ба омурзиши ӯ дар боқии моҳҳо нест[20] тавсиф шудааст.
Аъмол
- Мақолаи аслӣ: Аъмоли моҳи рамазон
Моҳи Рамазон дорои аҳком ва аъмоли хоссе аст, ки бархе муштарак ва бархе барои рӯзҳои хос ҳастанд.
Фарз будани рӯза
- Мақолаи аслӣ: Рӯза
Дар моҳи рамазони рӯза бар мусулмонон фарз аст.[21] Рӯза, худдорӣ аз анҷоми бархе корҳо аз ҷумла хӯрдану ошомидан аз азони субҳ то азони мағриб аст.[22] Дастури рӯза гирифтан дар моҳи рамазон ва бахше аз аҳкоми марбут ба он дар Қуръон[23] ва китобҳои фиқҳии мусулмонон омадааст. Ба фатвои фуқаҳо агар касе бо доштани узри шаръӣ аз гирифтани рӯза маъзур бошад, набояд дар ҷоҳои ҷамъиятӣ рӯзахорӣ кунад.[24]
Хондани дуо
- Мақолаи аслӣ: Дуоҳои рӯзҳои моҳи рамазон
Хондани дуоҳои саҳар аз ҷумла дуои Баҳоъ ва дуои Абуҳамзаи Сумолӣ,[25] ва низ дуои Ифтитоҳ дар шабҳо,[26] дуои «ё Алию ё азим», «Аллоҳумма адхил ало аҳлилқубури сурур» ва «Аллоҳумма урзуқнӣ ҳаҷҷа байтикалҳаром» баъд аз намозҳои фарз[27] аз аъмоли муштараки ин моҳ ҳастанд.
Тиловати Қуръон
- Мақолаи аслӣ: Тиловат
Дар бархе ривоёт, моҳи рамазон баҳори Қуръон муаррифӣ шудааст.[28] Ҳамчунин савоби қироати як оят аз Қуръон дар ин моҳ, муодили савоби хатми Қуръон дар моҳҳои дигар баён шудааст.[29] Дар бархе аз кишварҳои Исломӣ, мусулмонон аз ибтидои ин моҳ рӯзона як ҷузъи Қуръон тиловат карда ва то поёни моҳ як хатми Қуръон анҷом медоданд. Ин хатмҳо бештар дар масҷидҳо ва дигар маконҳои мазҳабӣ ба таври гурӯҳӣ анҷом мешавад. Ҳамчунин дар Эрон, ҷузхонӣ аз радио ва телевизион низ пахш мешавад.[30]
Эҳёи шаби Қадр
- Мақолаи аслӣ: Шаби Қадр
Бар асоси ривоёт, шаби Қадр яке аз шабҳои 19, 21 ё 23 моҳи рамазон аст.[31] Дар бархе ривоёт, шаби 23 рамазон ба унвони шаби Қадр таъин шудааст.[32] Шайх Садуқ гуфтааст, ки устодони мо иттифоқи назар доранд, ки шаби Қадр, шаби 23-уми рамазон аст.[33] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, машҳур байни аҳли суннат ин аст, ки 27 рамазон шаби Қадр аст.[34]
Шиаён ҳарсола шабҳои нӯздаҳум, бисту якум ва бисту сеюми моҳи рамазон, шабро то саҳар дар маконҳои мазҳабӣ ё манзилҳои худ ба эҳё (шабзиндадорӣ) ва ибодат мепардозанд.[35] Анҷоми аъмоли шаби Қадр ҳамчун хондани Ҷавшани кабир ва Қуръон ба сар аз муҳимтарин аъмоле аст, ки дар ин шабҳо анҷом мегардад.[36]
Намозҳои мустаҳаббӣ
- Мақолаи аслӣ: Намозҳои моҳи рамазон
Намозҳои мустаҳаббӣ аз аъмоли моҳи рамазон аст; бархе аз ин намозҳо муштарак дар ҳамаи шабҳои моҳи рамазон аст ва бархе ба шаб ё рӯзи хоссе дахл надорад.[37]
Аз ҷумла хондани ҳазор ракъат намоз дар шабҳои моҳи рамазон тавсия шудааст.[38] Хондани ин намозҳоро бештар чунин донистаанд: аз шаби аввали рамазон то шаби бистум дар ҳар шаб 20 ракъат ва аз шаби бистум то поёни моҳ ҳар шаб 30 ракъат иқома мешавад ва дар шабҳое, ки эҳтимоли шаби Қадр бошад, афзун бар инҳо, 100 ракъати дигар ҳам хонда мешавад.[39] Аҳли суннат дар ҳар шаб 20 ракъат намози мустаҳаббӣ мехонанд, ки намози таровеҳ номида мешавад.[40] Аҳли суннат бо пайравӣ аз Умар ибни Хаттоб ин намозро ба ҷамоат мехонанд, ки шиаён ба ҷамоат хондани онро бидъат медонанд.[41]
Эътикофи даҳаи охир
- Мақолаи аслӣ: Эътикоф
Эътикофи даҳаи охири моҳи рамазон мустаҳаб аст ва фазилати бисёр дорад.[42] Даҳаи охир, беҳтарин замони эътикоф ва эътикофи он, баробар бо ду ҳаҷҷу ду умра дониста шудааст.[43] Пайғамбари Ислом (с) ибтидо даҳаи аввали моҳи рамазон, сипас даҳаи дувум ва сипас даҳаи сеюми ин моҳро барои анҷоми эътикоф баргузид ва пас аз он, то охири умр, дар даҳаи охири моҳи рамазон муътакиф мешуд.[44]
Одобу русум
Дар ҷавомеъи исломӣ, одобу русуми моҳи рамазон гуногун ва густарда аст.
Суфраҳои ифторӣ
- Мақолаи аслӣ: Ифторӣ
Мусулмонони кишварҳои мухталиф дар моҳи рамазон дар маконҳои мазҳабӣ ва ғайраи он суфраи ифторӣ паҳн мекунанд.[45] Ҳамчунин мардуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон якдигарро барои сарфи ифторӣ ба хонаҳои худ даъват намуда ва дар Эрон дар амокини мазҳабӣ ба ҳангоми ифтор назрӣ тавзеъ мекунанд.[46] Бинобар ривояте аз Пайғамбар (с) аҷри касе ки дар моҳи рамазон муъминеро ифтор диҳад, ҳарчанд бо як ҷуръа об ё як дона хурмо, баробар бо озод кардани банда аст.[47] Дар бархе манотиқ, билофосила пас аз азон, намози шом хонда мешавад ва дар бархе пас аз сарфи ифтор иқома шуда ва баъд аз он барномаҳои суханронӣ ва муноҷот баргузор мегардад.
Саҳархонӣ
Дар бархе аз шаҳрҳо эъломи вақти саҳар ва бедор кардани мардум ба шеваҳои гуногун монанди даврагардии муаззинону ҷорчиён дар хиёбонҳо, барафрухтани фонус дар гулдастаҳо, таблу шайпур навохтан, кӯбидани дари хонаҳо ва шиллики тӯб анҷом мешудааст.[48] Ҳамчунин қабл аз азони субҳ, дуои саҳар ва қабл аз азони мағриб, муноҷоти Раббано аз садо ва симои Эрон ва баландгӯҳои масоҷид пахш мешавад. [ниёзманди манбаъ ]
Хондани дастаҷамъии дуоҳои рӯзона
Шиаён баъд аз намозҳои ҷамоати явмия, дуои «ё Алию ё Азим»-ро ба таври дастаҷамъӣ мехонанд. Ҳамчунин маъмулан яке аз намозгузорон дуои «Аллоҳумма адхил ала аҳлилқубури сурур» ва низ дуоҳои ҳар рӯзи моҳи рамазонро бо овози баланд хонда ва дигарон пас аз ҳар фароз омин мегӯянд. [ниёзманди манбаъ]
Оини гаргиъон
Гаргиъон ё қарқиъон як оини суннатие аст, ки дар шаби 15 рамазон ва ҳамзамон бо вилодати Имом Ҳасан (а) баргузор мешавад. Дар ин оин кӯдакон баъд аз ифтор то посе аз шаб ба дар хонаҳо рафта ва бо хондани ашъоре, аз соҳибхонаҳо ширинию шакалот мегиранд.[49]
Гуфта шудааст ин суннат аз даврони Пайғамбар (с) ба ҷо мондааст, ки мардум ба муносибати вилодати Имом Ҳасан (а) барои арзи табрик ба дари Имом Алӣ (а) ва Фотима (с) мерафтанд.[50] Оини гаргиъон дар ҷануби Эрон ва кишварҳои Миср, Ироқ, Баҳрайн, Иморот ва ғ. баргузор мешавад.[51]
Роҳпаймоии рӯзи Қудс
- Мақолаи аслӣ: Рӯзи ҷаҳонии Қудс
Имом Ҳумайнӣ дар соли 1358ҳ.ш., охирин ҷумъаи моҳи рамазонро дар ҳимоят аз мардуми Фаластин рӯзи Қудс номгузорӣ кардааст.[52] Мусулмонон ҳарсола дар ин рӯз, дар кишварҳои мухталиф дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва озодии Масҷидулақсо роҳпаймоӣ мекунанд.[53]
Дигар одоб ва русум
- Хонатаконӣ, назофати масҷидҳо, маконҳои мазҳабӣ, маҳаллаҳо ва бозорҳо дар арафаи моҳи рамазон.
- Оштикунон; касоне ки бо ҳам қаҳрӣ буданд, оштӣ мекарданд.
- Рӯзаи пешвоз ё пешбоз; рӯзаи як то се рӯз қабл аз рамазон, ба унвони пешбози рамазон рӯза мегиранд.[54]
- Оини пероҳани мурод ва ҳалқаи мурод
- Таҳияи нони бистуҳафтумӣ
- Оини дӯст, дӯсти Алӣ дӯст.[55]
Таъини оғоз ва поёни моҳи рамазон
- Мақолаҳои аслӣ: Истеҳлол ва Руъяти ҳилол
Аввал ва поёни моҳи рамазон бо яке аз роҳҳои зер собит мешавад:
- Руъяти ҳилол: худи шахс ҳилоли аввал ва охири моҳро бибинад.
- Яқин пайдо кардан аз гуфтаи иддае.
- Шаҳодати ду марди одил, ки гуфтаи онҳо бо якдигар дар таоруз набошад.
- Сӣ рӯз аз аввали моҳи қамарии қабл гузашта бошад.
- Ҳукми ҳокими шаръ.[56]
Бархе аҳодис, моҳи рамазонро сӣ рӯза дониста[57] ва гурӯҳе аз уламои шиа ба он қоил буданд,[58] аммо дар муқобил, бар асоси баъзе ривоёт, моҳи рамазон ҳамчун дигар моҳҳои қамарӣ буда ва мумкин аст 29 ё 30 рӯза бошад.[59] Машҳури фуқаҳо қоил ба ин дидгоҳанд.[60]
Моҳи рамазон, бо оғози моҳи шавол ва эъломи иди Фитр поён меёбад. Аз аъмоли иди Фитр пардохти закоти фитра ва ба ҷо овардани намози ид аст.[61]
Вақоеъ ва муносибатҳо
- Мақолаи аслӣ: Воқеъаҳои моҳи рамазон
- Эъломи вилоятъаҳдии Имом Ризо (а) (7 рамазони 201ҳ.қ.)[62]
- Даргузашти ҳазрати Хадиҷа (10 рамазон дар 10 беъсат)[63]
- Маросими ақди ухувват байни асҳоби Пайғамбар (с) ва ҳамчунин байни Расули Худо (с) ва Имом Алӣ (а) (12 рамазони 1ҳ.қ.)[64]
- Вилодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) (15 рамазони 3ҳ.қ.)[65]
- Ғазваи Бадр (17 рамазони 2ҳ.қ.)[66]
- Шаби Қадр ва нузули Қуръон (шаби 19 рамазон ё 21 рамазон ё 23 рамазони 1ҳ.қ.)
- Фатҳи Макка (20 рамазони 8ҳ.қ.)[67]
- Шаҳодати Имом Алӣ (а) (21 рамазони 40ҳ.қ.)[68]
Рамазон дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ
Мавлавӣ:
Андар Рамазон хоки ту зар мегардад
Чун санг ки сурмаи басар мегардад[69]
Омад Рамазону ид бо мост
Қуфл омаду он калид бо мост
Барбаст даҳону дида бикушод
Вон нур, ки дида дид бо мост
Омад Рамазон ба хизмати дил
Вон кеш ки дил офарид бо мост[70]
Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ:
Рамазон омаду равон бигузашт
Буд моҳе ба як замон бигузашт
Гӯё умр буд зуд бирафт
То ки гуфтам чунин чунон бигузашт[71]
Соиби Табрезӣ:
Афсус ки айёми шарифи Рамазон рафт
Сӣ ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт
Афсус ки сӣ пораи ин моҳи муборак
Аз даст ба якбор чу авроқи хазон рафт[72]
Китобшиносӣ
Дар бораи моҳи Рамазон осори мутааддиде мунташир шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Шаҳруллоҳ фи-л-китоби вас-сунна, асари Муҳаммад Муҳаммадии Рейшаҳрӣ. Ин китоб, гузориши ҷомеъе дар бораи вижагиҳо, фазоил ва одоби моҳи Рамазон ва рӯзадории он бар асоси омӯзаҳои Қуръон ва аҳодиси Аҳли Байт (а) аст. Ин китоб бо унвони «Моҳи Худо (пажӯҳиши ҷомеъе дар бораи моҳи мубораки Рамазон аз нигоҳи Қуръону ҳадис)» тавассути Ҷаводи Муҳаддисӣ ба форсӣ тарҷума шудааст. Гузидаи китоб низ бо унвони «Мроқиботи моҳи Рамазон» ба чоп расидааст.[73]
- Дар маҳзари моҳи мубораки Рамазон: пажӯҳише дар фазоил, аъмол, аҳкоми шаръӣ ва муносибатҳои моҳи мубораки Рамазон ба қалами Абулфазли Шайхӣ, интишороти Равзатулъаббос.
- Аҳамияти моҳи мубораки Рамазон аз дидгоҳи Қуръону ривоёт, асари Акбар Акбарзода Муршидӣ, интишороти Кавсари ҳидоят.
- Рамазон дар фарҳанги мардум, асари Сайид Аҳмад Вакилиён. Ин китоб баргузидае аз одобу русум ва боварҳои мардуми Эрон дар бораи моҳи Рамазон аст, ки тавассути интишороти Сурӯш чоп шудааст.[74]
Нигорхона
-
Ҷаласаҳои Қуръон дар Индонезия
-
Намози иди Фитр дар Деҳлии нав
-
Намози иди Фитр дар Мусаллои Теҳрон
-
Суфраҳои ифтор дар ҳарами Имом Ризо (а)
-
Суфраҳои ифтор дар Истанбул
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.123.
- ↑ Бустонӣ, Фарҳанги абҷадӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.443.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 185.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.629.
- ↑ Бақара, ояти 185.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.285.
- ↑ Сураи Қадр, ояти 1.
- ↑ Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.66, 157 ва 158.
- ↑ Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.786.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334.
- ↑ Роғиб, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.366.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.55, саҳ.341.
- ↑ Мозандаронӣ, Шарҳ ал-Кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.110.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.346.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.348.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160.
- ↑ Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.19, ҳадиси 1.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.342.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.340.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.66.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.521.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.5.
- ↑ Сураи Бақара, оёти 183 - 185 ва 187.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Мусавии Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.156–185.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.138.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.79 ва 80.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.630.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.93, саҳ.341.
- ↑ “Замони пахши тартили ҷузъхонии Қуръони Карим дар телевизион + ҷадвал”, Эсно.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.156–160.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.158, ҳадиси 8; Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.508, ҳадиси 1.
- ↑ Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.519.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.334.
- ↑ Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.21.
- ↑ Маҷидии Хомана, “Шабҳои Қадр дар Эрон”, саҳ.22.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, нашри Усва, саҳ.183 ва 238 ва 239.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, нашри Усва, саҳ.183 в184.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.12, саҳ.187–190.
- ↑ “Чаро шиаён намози таровеҳ намехонанд?”, сайти ҳавзаи намояндагии валийи фақиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат.
- ↑ Содиқии Фадакӣ, «Таровеҳ», донишномаи ҳаҷ ва ҳарамани шарифайн.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, нашри усва, саҳ.234.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, нашри усва, саҳ.234.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175, ҳадиси 3.
- ↑ “Рамазон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон”, сайти Кайҳон.
- ↑ افطاری, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ; Одобу русуми мардуми Тоҷикистон дар моҳи Рамазон
- ↑ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295–297, ҳадиси 53.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Раҳимӣ, «Рамазон».
- ↑ آئین گرگیعان در بین عربهای خوزستان, вебгоҳи асри Эрон.
- ↑ آئین گرگیعان در بین عربهای خوزستان, вебгоҳи асри Эрон.
- ↑ آئین گرگیعان در بین عربهای خوزستان, вебгоҳи асри Эрон.
- ↑ Имом Ҳумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.267.
- ↑ جهان و روز جهانی قدس, хабаргузории Тасним.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Раҳимӣ, رمضان, донишномаи ҷаҳони Ислом.
- ↑ «Маросими суннатии дӯст, дӯст ва пероҳани мурод дар шаби бисту ҳафтуми моҳи Рамазони Язд», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
- ↑ Имом Ҳумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.959.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.268–274.
- ↑ Сайиди ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.33–35.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.261–268.
- ↑ Ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.270–271; Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.384.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.332 - 333.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.465.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.14.
- ↑ Қумӣ, Вақоеъ-ул-айём, 1389ҳ.ш., саҳ.58.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.537.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.45.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
- ↑ Мавлоно “Девони Шамс” рубоии 537..
- ↑ Мавлоно “Девони Шамс” ғазали 370..
- ↑ Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ, ғазали 264..
- ↑ Соиби Табрезӣ “Девони ашъор” ғазали 2198..
- ↑ “Моҳи Худо (пажӯҳиши ҷомеъ дар бораи моҳи мубораки Рамазон аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис)”, пойгоҳи расмии Муҳаммади Муҳаммадии Рейшаҳрӣ.
- ↑ «Рамазон дар фарҳанги мардум», маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ.
Ёддошт
- ↑ Бар асоси ривоёт, Муқаддароти инсонҳо монанди ҳаводис, балоё ва ризқҳо муқарар мешавад дар ҳақиқат тамоми ризқҳо ва баҳраҳои моддию маънавии онҳо навишта мешавад.
Сарчшма
- «رمضـان در کشورهای مختلف جهان», сайти Кайҳон, санаи нашр: 25 фарвардини 1402ҳ.ш., санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «چرا شیعیان نماز تراویح نمیخوانند؟», ҳавзаи намояндагии валийи фақиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат, санаи нашр: 24 дейи 1391ҳ.ш., санаи боздид: 18 фарвардини 1401ҳ.ш.
- «افطاری», сайти маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, санаи нашр: 22 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 10 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
- «ماه مبارک رمضان نمادی از هویت دینی جامعه اسلامی است», хабаргузории байналмилалии Қуръон, санаи нашр: 8 хурдоди 1395ҳ.ш., санаи боздид: 18 фарвардини 1401ҳ.ш.
- «فرهنگ غذایی جهان در ماه رمضان+ تصاویر», сайти ал-Кавсар, санаи боздид: 18 фарвардини 1401ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Шайхи Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Имом Ҳумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Ҳумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Имом Ҳумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷанон, Қум, нашри Усва, бе то.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Файз-ул-алом фи амал-иш-шуҳур ва вақоеъ-ил-айём, интишороти субҳи пирӯзӣ, бе то.
- Маҷидии Хомана, Фарида, شبهای قدر در ایران, дар маҷаллаи гулистони Қуръон, шумораи 37, озари 1379ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мозандаронӣ, шарҳи ал-Кофӣ (алусул варравза), таҳқиқ ва тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, алмактабатул-исломия, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
- Мусавии Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ, Алӣ Собитии Ҳамадонӣ ва Алӣ Найирии Ҳамадонӣ, Дорул-Қуръонил-карим, Қум, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, бе то.
- Омулӣ, Мирзо Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳи Урват-ил-вусқо, Теҳрон, нашри муаллиф, 1380ҳ.қ.
- Раҳимӣ, Фотима, «رمضان», Донишномаи ҷаҳони Ислом, (ҷ.20), санаи боздид: 18 фарвардини 1401ҳ.ш.
- Роғиб, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут - Димишқ, Дорулқалам - дорулшомия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Сайиди ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана фимо юъмалу марратан фи-с-сана, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, т. ассония, 1387ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисаи ал-аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (Муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.