Фатҳи Макка
![]() Тасвири сипоҳи Ислом пеш аз фатҳи Макка дар китоби "Сират-ун-Набӣ", ки дар асри 11 ҳиҷрӣ бо фармони Султон Муроди Сеюм — ҳокими Усмонӣ — аз ҷониби Сайид Сулаймон Касимпошо таҳия шудааст. | |
Замон | Рамазони соли 8ҳ.қ. |
---|---|
Макон | Макка |
Сабаб | Нақзи сулҳи Ҳудайбия аз сӯи мушрикони Макка |
Қаламрав | Изофа шудани шаҳри Макка ба сарзаминҳои исломӣ |
Натиҷа | Фатҳи Макка бидуни ҷангу хунрезӣ |
Ҷанганда1 | Даҳ ҳазор нафар аз мусалмонон |
Ҷанганда2 | Мушрикони Қурайш |
Фармондеҳ1 | Ҳазрати Муҳаммад (с) |
Фармондеҳ2 | Абусуфён |
Фатҳи Макка (форсӣ: فتح مکه) яке аз муҳимтарин ғазваҳои Пайғамбари акрам (с) аст, ки дар натиҷаи он шаҳри Макка дар соли 8 ҳиҷрӣ фатҳ шуд. Бо фатҳи Макка, аксари қабилаҳои Ҷазиратулъараб то соли 10 ҳиҷрӣ Ислом оварданд ва ислом дар Ҷазиратулъараб ҳукмрон шуд. Ин ғазва дар вокуниш ба нақз кардани паймони Ҳудайбия аз ҷониби Қурайш сурат гирифт.
Ҳазрати Муҳаммад (с) бо тадбир ва сиёсати худ, бо риояти асли ғофилгирӣ, Маккаро бе хунрезӣ фатҳ кард. Пайғамбар дар фатҳи Макка бо нидои "ал-Явм явм-ул-марҳама" (Имрӯз рӯзи раҳмат аст) афви умумӣ эълон кард ва танҳо ба шахсони андаке чун Икрима ибни Абиҷаҳл, Сафвон ибни Умайя ва Ҳинд духтари Утба амон надод.
Тибқи баъзе гузоришҳо, пас аз фатҳи Макка, бо пешниҳоди Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) рӯи шонаҳои Пайғамбар рафт ва бутҳоро ба замин андохт. Бутҳо дар даромади Бобу Банӣ Шайба (яке аз дарҳои Масҷидулҳаром) дафн карда шуданд. Ҳамчунин Пайғамбар (с) сарияҳое ба атрофи Макка фиристод, то ки бутхонаҳоро вайрон кунанд. Бо фатҳи Макка ҳамаи паймонҳо, шартномаҳо ва мақомҳо, ҷуз сидонати Каъба ва сиқоят-ул-ҳоҷ бекор карда шуданд.
Аҳамияти Фатҳи Макка дар таърихи Ислом
Ғазваи Фатҳи Маккаро аз муҳимтарин воқеаҳои таърихи садри Ислом донистаанд, ки дар натиҷаи он ҳукумати мушрикон дар Макка поён ёфт ва Ислом дар Ҷазиратулъараб ҳукмронӣ пайдо кард.[1] Пас аз Фатҳи Макка, аксари қабилаҳои Ҷазиратулъараб то соли 10 ҳиҷрӣ Ислом оварданд ва қудрати мушрикон дар он ҷо комилан нест шуд.[2] Муҳаммадҳусайни Тобатобоӣ ва Носир Макорими Шерозӣ аз муфассирони шиа, бо татбиқи Сураи Наср бар Фатҳи Макка гуфтаанд, ин ғазва бузургтарин пирӯзии Пайғамбар (с) буд, ки бо сабаби он, бунёди ширк аз Ҷазиратулъараб барчанда шуд ва мардум даста-даста ба Пайғамбар имон оварданд.[3]
Пайғамбар (с) дар ин ғазва тавонист бе ҳеч хунрезӣ ва бе он ки ҳатто камтарин зараре ба касе расонад, Маккаро фатҳ кунад.[4] Ба қавли Сайид Ҷаъфар Шаҳидӣ, муаллифи китоби Таърихи таҳлилии Ислом, рафторҳое, ки Пайғамбар (с) бо мардуми Макка кард, самоҳати Ислом ва бузургвории Пайғамбар (с)-ро дар чашмони мухолифон ошкор сохт; зеро Қурайш ба муддати бист сол ӯ ва пайравонашро озор дода буданд ва аз интиқоми Пайғамбар метарсиданд.[5]
Сабаби лашкаркашӣ

:Ҳамчунин бинед: Сулҳи Ҳудайбия Нақзи сулҳи Ҳудайбия аз ҷониби Қурайш, омили асосии лашкаркашии Пайғамбар (с) ба Макка ва фатҳи он буд.[6] Дар соли шашуми ҳиҷрӣ, мусулмонон ва мушрикон дар минтақаи Ҳудайбия бо ҳамдигар шартнома бастанд, ки ба муддати даҳ сол бо ҳам сулҳ кунанд ва зидди якдигар амале анҷом надиҳанд.[7] Қабилаи Банӣ Хузоа бо мусулмонон ва қабилаи Банӣ Бакр бо қабилаи Қурайш ҳампаймон шуданд.[8] Дар набарде, ки дар соли ҳаштум миёни ин ду қабила рух дод, мардоне аз Қурайш ба манфиати Банӣ Бакр, афроде аз Банӣ Хузоаро куштанд.[9] Ба ин тариқ, паймони сулҳи Ҳудайбия пас аз ду сол, аз ҷониби Қурайш нақз шуд.[10] Ҳарчанд Абусуфён худ барои узрхоҳӣ ба Мадина рафт, узраш пазируфта нашуд.[11] Андаке пас, Пайғамбар (с) бо лашкаре даҳ ҳазор нафара, ба сӯи Макка ҳаракат кард.[12]
Пирӯзии мусулмонон бе хунрезӣ

Ба қавли муаррихон, Пайғамбар (с) тавонист бо тадбир ва сиёсати худ, Маккаро бе хунрезӣ фатҳ кунад.[13] Бо фармони пайғамбар, лашкари Ислом дар 10-уми рамазони соли 8 ҳиҷрӣ[14] бо риояти асли ғофилгирӣ, пеш аз он ки душман ба фикри дифоъ аз худ биафтад, аз Мадина берун шуд.[15] Мақсади аслӣ, ҳатто барои лашкариёни Ислом маълум набуд.[16] То расидани лашкар ба Марр-уз-заҳрон (воҳии Фотимаи кунунӣ дар 24 келлометрии Макка),[17] аҳолии Макка ва ҷосусонашон ҳеҷ хабар аз ҳаракати ҷиҳодии лашкари Ислом надоштанд.[18] Пас аз огоҳии Абусуфён аз ҳузури лашкари Ислом дар атрофи Макка, Аббос ибни Абдулмутталиб бо фармони Пайғамбар, Абусуфёнро ба ибтидои як водӣ бурд, то аз он ҷо лашкари бузурги мусулмононро бинад[19] ва фикри ҳар гуна муқовиматро аз сар берун кунад, то фатҳи Макка бе ҷанг ба анҷом расад.[20] Абусуфён назди Пайғамбар (с) омад ва Ислом овард.[21]
Мувофиқи баъзе гузоришҳо, мусулмонон дар 20-уми рамазон[22] Маккаро бо шиори «Наҳну ибод-ул-лоҳи ҳаққан ҳаққо; Мо ҳақиқатан бандагони Худо ҳастем» фатҳ карданд.[23] Албатта, муаррихон дар бораи рӯзи вуруди мусулмонон ба Макка иттифоқи назар надоранд ва рӯзҳои дигаре аз моҳи рамазон низ барои ин воқеа сабт шудааст.[24] Пайғамбар (с) ба афроди ҳозир дар Масҷидулҳаром, афроди дохили хонаи Абусуфён ва касоне, ки дар хонаҳои худ мемонданд, амон дод.[25] Дар рӯзи фатҳи Макка, аз мусулмонон ҷуз ду нафар ба номҳои Курз ибни Ҷобир[26] ва Хунайс ибни Холиди Ашъарӣ (ё Холиди Ашъарӣ)[27] ки роҳро гум карда буданд, ҳеҷ кас кушта нашуд. Ин ду нафар аз роҳи дигар рафта буданд ва дар байни роҳ ба дасти мушрикон ба қатл расиданд.[28]
Афви умумӣ
«Аҳли Макка пушаймон ва ҳаросида Абӯсуфёнро ба Мадина фиристоданд, то Муҳаммад(с)-ро аз ин ният (ҳамла ба Макка) боздоранд. Аммо дигар замони сулҳ гузашта буд ва то аҳли Макка хабар ёфтанд, Паёмбар бо даҳ ҳазор мусалмони худ дар муддати як ҳафта ба наздики дарвозаи шаҳри онҳо расида буд. Макка дар муқобили ӯ муқовимат накард ... Ин бор Муҳаммад ҳамчун ғолиб, аммо боз мисли як Паёмбар вориди шаҳр шуд: бе ғорат, бе хунрезӣ.»[29]
Паёмбар (с) пас аз он ки вориди Макка шуд, афви умумӣ эълон кард[30] ва ба фармондеҳони худ дастур дод, ки аз ҷангу хунрезӣ парҳез кунанд ва танҳо бо касоне, ки қасди ҷанг доранд, муқовимат намоянд.[31] Саъд ибни Убода, ки парчами сипоҳи мусалмононро дар даст дошт, бо гуфтани: «الْيَوْمُ يَوْمُ الْمَلْحَمَة»-ал-Явм явму-ул-малҳама (Имрӯз рӯзи интиқом аст), боиси тарси аҳли Макка шуд.[32] Ин сухани Саъд Паёмбарро нороҳат сохт.[33] Аз ин рӯ, бо баёни «الْيَوْمَ يَوْمُ الْمَرْحَمَة»-ал-Явм явму-ул-марҳама (Имрӯз рӯзи раҳмат аст),[34] парчами сипоҳро аз ӯ гирифт ва ба Имом Алӣ (а)[35] ё писари Саъд дод.[36] Паёмбар (с) аҳли Маккаро ба асорат нагирифт ва онҳоро Тулақоъ (яъне озодшудагон) номид ва озод кард.[37] Аз ин рӯ, ба Абӯсуфён ва аҳли Макка «тулақоъ» мегуфтанд.[38] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, истилоҳи «тулақоъ» навъе бадномӣ ҳисоб мешуд, зеро мардуми Макка бо иҷбор бо Паёмбар байъат карданд.[39] Паёмбар дар фатҳи Макка ҳамаи паймонҳо, қарордодҳо ва мансабҳоро лағв кард, ғайр аз сидонати Каъба ва сиқоят-ул-ҳоҷ.[40]
Истисношудагон аз афви умумӣ
Паёмбар(с) бархе афродро аз афви умумӣ истисно кард ва фармон дод, ки онҳоро ҳатто агар дар зери пардаи Каъба пинҳон шуда бошанд, бикушанд.[41] Дар манобеъи таърихӣ теъдоди онҳо яксон зикр нашудааст ва то 20 нафар ҳисоб шудаанд.[42] Номи бархе аз онҳо мувофиқи навиштаи Сайид Ҷаъфари Муртазо Омилӣ дар китоби ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам чунин аст:[43]
Мардон
- Икрима ибни Абуҷаҳл: Ӯ пеш аз вуруди мусалмонон аз Макка фирор кард, аммо ҳамсараш, ки қаблан мусалмон шуда буд, назди Паёмбар (с) рафт ва барои ӯ амон гирифт.[44]
- Сафвон ибни Умайя: Ӯ аз Макка фирор кард, вале баъд аз он ки Умайр ибни Ваҳб барои ӯ амон гирифт, назди Паёмбар баргашт. Ӯ аз Паёмбар ду моҳ муҳлат хост, то Исломро қабул кунад. Паёмбар (с) ба ӯ чор моҳ муҳлат дод. Дар ниҳоят пас аз муддате мусалмон шуд.[45]
- Абдуллоҳ ибни Абисарҳ: Усмон ибни Аффон — бародари ширхораи ӯ — барои ӯ амон гирифт.[46]
- Абдуллоҳ ибни Хатал: Ӯ пас аз мусалмон шудан як мусалмонро кушт ва муртад шуда буд.[47] Пас аз фатҳи Макка ба дасти мусалмонон дар канори Каъба кушта шуд.[48]
- Муқайс ибни Сабота: Ӯ як мусалмонро кушт ва муртад шуда буд. Намила ибни Абдуллоҳ Кинонӣ ӯро кушт.[49]
- Ваҳшӣ ибни Ҳарб: Қотили Ҳамза ибни Абдулмутталиб — амаки Паёмбар (с), буд. Пас аз муддате назди Паёмбар (с) омад ва мусалмон шуд.[50]
Занон
- Ҳинд духтари Утба: Модари Муовия буд, ки дар ҷанги Уҳуд шиками Ҳамза ибни Абдулмутталибро шикофта, ҷигари ӯро ба дандон гирифт. Ӯ чеҳраи худро пӯшонда, бо дигар занон назди Паёмбар байъат кард ва мусалмон шуд.[51]
- Сора — канизи Амр ибни Ҳишом: Ӯ пеш аз ҳаракати сипоҳи Ислом ба мушрикон ҷосусӣ карда буд.[52] Ӯ дар рӯзи фатҳи Макка кушта шуд.[53]
- Қариба ва Фартано — ду канизи Абдуллоҳ ибни Хатал: Ин ду каниз овозхон буданд ва Паёмбар (с)-ро бо сурудҳои худ ҳаҷв мекарданд.[54] Қариба кушта шуд, аммо Фартано имон овард ва то замони Усмон зинда монд.[55]
Шикастани бутҳо

- Мақолаи аслӣ: Моҷарои касри асном
Тибқи бархе ривоятҳо, пас аз фатҳи Макка Паёмбар (с) ба шикастани бутҳое, ки бар боми Каъба гузошта шуда буданд, иқдом кард.[56] Ба пешниҳод ва ризояти Паёмбар (с), Имом Алӣ (а) бар китфҳои Паёмбар баромад ва бутҳоро ба замин андохт.[57] Бино бар баъзе ривоятҳо, пас аз он ки Имом Алӣ (а) буте бо номи Ҳубал(аз бузургтарин ва муҳимтарин бутҳо дар Масҷидулҳаром)–ро аз боми Каъба ба замин андохт, онро дар назди дарвозаи «Бобу Банӣ Шайба» (яке аз даромадгоҳҳои Масҷидулҳаром) дафн карданд.[58] Пас аз фатҳи Макка, Паёмбар гурӯҳҳое(сарияҳое)-ро ба атрофи Макка фиристод, то бутхонаҳоро тахриб кунанд.[59] Зуҳри рӯзи фатҳи Макка, Билоли Ҳабашӣ бо фармони Паёмбарт (с) бар фарози Каъба баромад ва азон гуфт, ки ин амр кофирони Маккаро сахт нороҳат кард.[60]
Эзоҳ
- ↑ Камсорӣ, «Достовардҳои сиёсии Фатҳи Макка», саҳ.116.
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом то соли чиҳили ҳиҷрӣ, 1366ҳ.ш., саҳ.200.
- ↑ Тобатобоӣ, Ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.376; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.394.
- ↑ Мутаххарӣ, Маҷмуаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.758.
- ↑ Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1392ҳ.ш., саҳ.101-102.
- ↑ Ҷаъфариён, Таърихи сиёсии Ислом то соли чиҳили ҳиҷрӣ, 1366ҳ.ш., саҳ.199.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.317.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.318.
- ↑ Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.781-784.
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.787.
- ↑ Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.792.
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.24.
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.786.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.399.
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.792.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набийй-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.223.
- ↑ Балодӣ, Маъолими Маккати-т-таърихия ва-л-асария, 1400ҳ.қ., саҳ.25.
- ↑ Табарӣ, Таъриху-т-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.50.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.403-404.
- ↑ Хаттоб, ар-Расул-ул-қоид, 1422ҳ.қ., саҳ.337.
- ↑ Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.818.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.143.
- ↑ Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.47.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набийй-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.15-17.
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.34.
- ↑ Ибни Абдулбарр, Ал-Истиёъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1310.
- ↑ Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.612.
- ↑ Ибни Абдулбарр, Ал-Истиёъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1310.
- ↑ Зарринкуб, Бомдоди Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.37
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи Абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.815.
- ↑ Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом, 1391ҳ.ш., саҳ.460.
- ↑ Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.821.
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи Абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.814.
- ↑ Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.822.
- ↑ Шайх Муфид, Ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60.
- ↑ Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.822.
- ↑ Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.384.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.61.
- ↑ Ҷаводӣ, «Тулақоъ ва нақши онҳо дар таърихи Ислом», саҳ.7.
- ↑ Балозирӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.16.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.58.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.9.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.9–10.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Муназзам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155.
- ↑ Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.853–855.
- ↑ Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.63.
- ↑ Масъудӣ, ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, Дор ус-савӣ, саҳ.233.
- ↑ Ибни Саъд, Табақоти Кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.259.
- ↑ Балозирӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988 м., саҳ.49–50.
- ↑ Ибни Абдилбарр, Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1564.
- ↑ Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, Дор Содир, ҷ.2, саҳ.94.
- ↑ Балозирӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м., ҷ.1, саҳ.354.
- ↑ Воқидӣ, Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.860.
- ↑ Яқубӣ, Таърихи Яқубӣ, Дор содир, ҷ.2, саҳ.60.
- ↑ Солиҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.225.
- ↑ Ибни Товус, Тароиф, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.80.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
- ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.238.
- ↑ Файёз, Таърихи Ислом, 1327ҳ.ш., саҳ.98.
- ↑ Қутб Равандӣ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароеҷ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97–98.
Сарчашма
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубуввати ва маърифати аҳволи соҳиб-иш-шариат, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
- Балодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Маолиму Маккат-ит-таърихияти ва-л-асария, Макка, Дори Макка, 1400ҳ.қ.
- Балозирӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Ҷамъият-ул-мусташриқият-ил-олмония, 1400ҳ.қ.
- Балозирӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Миср, Дорулмаориф, 1959 м.
- Балозирӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дор ва Мактабаи Ҳилол, 1988 м.
- Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Китоб-ул-мағозӣ, таҳқиқи Марсден Ҷонс, Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, нашри 3, 1409ҳ.қ.
- Диёрбакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фӣ аҳволи анфуси нафис, Бейрут, Дор Содир, б.т.
- Зарриникуб, Абдулҳусайн, Бомдоди Ислом, Теҳрон, Амир Кабир, 1369ҳ.ш.
- Ибни Абдилбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиобу фи маъррифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
- Ибни Асир, Иззуддин, Усуд-ул-ғобати фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ат-Тароифу фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Қум, Хайём, 1400ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абӯтолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дорулмаърифа, б.т.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазаму фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ.
- Камсорӣ, Аббос, «دستاوردهای سیاسی فتح مکه», дар Маҷаллаи Мубаллиғон, №155, 1433ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб ибни Исҳоқ, Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охунадӣ, Теҳрон, Дорулкутуби исломия, нашри 4, 1407ҳ.қ.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, Дор-ус-совӣ, б.т., афсети Қум, Муассисаи нашри манобеъи фарҳанги исломӣ.
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ..., Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Муҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
- Омилӣ, Сайид Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набий-ил-аъзам, Қум, Дори ҳадис, 1426ҳ.қ.
- Оятӣ, Муҳаммад Иброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, нашри 8, 1391ҳ.ш.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқону фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти фарҳанги исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Солиҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1414ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи Абадият, Қум, Бӯстони китоб, 1385ҳ.ш.
- Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Доруттурос, 1387ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Тафсири ал-Мизон, Қум, Дафатари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Файёз, Алиакбар, Таърихи Ислом, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, 1327ҳ.ш.
- Хаттоб, Маҳмуд Шис, ар-Расул-ул-қоид, Бейрут, Дорулфикр, 1422ҳ.ш.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конфронси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафатари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Шаҳидӣ, Сайид Ҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, нашри 7, 1392ҳ.ш.
- Яқубӣ, Аҳмад ибни Абӣ Яқуб ибни Ҷаъфар ибни Ваҳб, Таърихи Яқубӣ, Бейрут, Дор Содир, б.т.
- Қутби Равандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷу ва-л-ҷароеҷ, Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
- Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод (чопи ҳадисӣ), Қум, Муассисаи Оли Байти (а), чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Ҷаводӣ, Сайид Маҳдӣ, «طلقاء و نقش آنان در تاریخ اسلام», дар Пажӯҳишномаи Таърих, №12, пойизи 1387ҳ.ш.
- Ҷаъфариён, Расул, Таърихи сиёсии Ислом то соли 40 ҳиҷрӣ, Қум, Муассисаи Дар роҳи Ҳақ, 1366ҳ.ш.