Юсуф (пайғамбар)
Ин мақола дар бораи Юсуфи пайғамбар аст. Барои гирифтани маълумот дар бораи сериали телевизионӣ бо ҳамин ном, ба мадхали Юсуфи Пайғамбар (сериалҳои телевизионӣ) нигаред.
Нақш | Паёмбар |
---|---|
Мадфан | Фаластин |
Маҳалли зиндагӣ | Канъон, Миср |
хешу табор | |
Падар | Яъқуб |
Тули умр | 120 сол |
Пайғамбарон | |
Одам (а) . Нӯҳ (а) . Идрис (а) . Ҳуд (а) . Солеҳ (а) . Иброҳим (а) . Лут (а) . Исмоил (а) . Алясаъ (а) . Зулкифл (а) . Илёс (а) . Юнус (а) . Исҳоқ (а) . Яъқуб (а) . Юсуф (а) . Шуайб (а) . Мусо (а) . Ҳорун (а) . Довуд (а) . Сулаймон (а) . Айюб (а) . Закариё (а) . Яҳё (а) . Исо (а) . Муҳаммад (с) |
Юсуф (арабӣ: النبي يوسف) яке аз пайғамбарони Банӣ Исроил ва писари Яъқуби пайғамбар буд. Ӯ дар ҳоле ки мақоми нубувват дошт, солҳои зиёде дар Миср ҳукмронӣ кард. Дар Қуръон сурае ба номи Юсуф гузошта шудааст ва дар он саргузашти зиндагии ӯ муфассал баён шудааст.
Юсуфро дар кудакӣ бародаронаш ба чоҳ андохта буданд, аммо гурӯҳе ӯро аз чоҳ наҷот дода, ба унвони ғулом ба Азизи Миср фурӯхтанд. Зулайхо - ҳамсари Азизи Миср, ба зебоии Юсуф ошиқ шуд, аммо баъд аз он ки Юсуф хештандорӣ кард ва ба ҳавову ҳаваси он зан тан надод, Юсуфро назди Азизи Миср ба хиёнат муттаҳам карда, ба зиндон андохт.
Юсуф баъд аз солҳои зиёд бегуноҳии худро исбот кард ва аз зиндон озод шуд ва барои таъбири хоби подшоҳи Миср ва ҳалли мушкили қаҳтии Миср, назди подшоҳ маҳбубият ёфт ва вазири ӯ шуд.
Қиссаи Юсуф дар Қуръон бо он чи Таврот дар ин бора хабар додааст, фарқ дорад; масалан, тибқи Қуръон, бародарон аз Яъқуб хоҳиш мекунанд, ки Юсуфро бо онҳо ба биёбон фиристад, аммо тибқи Таврот, Яъқуб худ аз Юсуф мехоҳад бародаронашро ҳамроҳӣ кунад.
Умри Юсуфро 120 сол ва макони дафни ӯро Фаластин гуфтаанд.
Мақом ва ҷойгоҳ
Юсуф фарзанди Яъқуб, аз пайғамбарони Банӣ Исроил буд ва модараш Роҳил ном дошт.[1] Ӯ ёздаҳ бародар дошт, ки аз миёни онҳо фақат бо Бинёмин, аз як модар буданд.[2] Юсуф аз ҳамаи бародарон ғайр аз Бинёмин хурдтар буд.[3]
Номи Юсуф 27 бор дар Қуръон омада[4] ва сураи дувоздаҳуми Қуръон, ба номи ӯст. Қуръон, Юсуфро аз бандагони мухлиси Худо муаррифӣ кардааст,[5] ки ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ ба ин маъност, ки ӯ натанҳо ба дархости Зулайхо барои иртибот бо ӯ тан надод, ки ҳатто дар дил ҳам ба он кор гароиш надошт.[6] Ҳамчунин дар Қуръон Юсуф аз муҳсинон дониста шудааст.[7]
Набувват
Юсуфро аз пайғамбарони бузург донистаанд.[8] Дар ривояте аз Имом Боқир, бо истинод ба оёти Қуръон, Юсуф набӣ ва расул дониста шудааст.[9] Тибқи Тафсири намуна, хоби Юсуф, ки дар он ёздаҳ ситора ва моҳу офтоб ба Юсуф саҷда карданд, илова бар ин ки аз расидани Юсуф ба сарвату қудрат хабар медод, баёнкунандаи набуввати ӯ дар оянда ҳам буд.[10] Аллома Таботабоӣ ҳам яке аз намунаҳои комил шудани неъмат барои Юсуфро, ки дар ояти 6 сураи Юсуф омадааст, расидани ӯ ба мақоми пайғамбарӣ донистааст.[11]
Зиндагинома
Дар Қуръон, дар сураи Юсуф достони зиндагии Юсуф ба тафсил баён шудааст. Қуръон достони ӯро аҳсан-ул-қасас (некӯтарин достон) номида[12] ва онро бо ҷузъиёте аз навҷавонӣ, ба чоҳ андохтан, фурӯхтани ӯ ба азизи Миср, достони Зулайхову Юсуф, ба зиндон рафтани ӯ ва мулоқоти падару бародарон ва ҳукуматаш дар Миср баён кардааст.[13]
Ба чоҳ афтодан ва интиқол ба Миср
- Ҳамчунин бубинед: Сураи Юсуф
Достони зиндагии Юсуф дар Қуръон дар сураи Юсуф ба сурати муфассал омадааст. Тибқи Қуръон, Юсуф хоби саҷда кардани ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳро барои Яъқуб нақл мекунад. Падараш ба ӯ мегӯяд, хоби худро барои бародаронат таъриф накун; зеро онҳо барои ту нақшаи хатарноке мекашанд.[14]
Муфассирон мурод аз ёздаҳ ситораро бародарони Юсуф ва мурод аз моҳу хуршедро падару модараш донистаанд, ки баъдҳо, ки Юсуф ба манзалати дунёӣ ва маънавӣ расид, ба ӯ таъзим карданд.[15]
Фарзандони Яъқуби пайғамбар (а) мегуфтанд, Юсуфу бародараш назди падар, аз мо маҳбубтаранд.[16] Онҳо рӯзе аз Яъқуб хостанд иҷозат диҳад Юсуф барои бозӣ ҳамроҳашон ба биёбон биравад ва қавл доданд, ки аз ӯ муҳофизат кунанд.[17] Онон дар биёбон Юсуфро ба чоҳ андохтанд ва пас аз бозгашт, ба Яъқуб гуфтанд, ки гург ӯро даридааст.[18] Тибқи оёти Қуръон, Яъқуб суханашонро бовар накард.[19] Ӯ баъдҳо аз шиддати фироқ ва гиря бар Юсуф нобино шуд.[20] Аз Имом Содиқ (а) савол шуд: Яъқуби пайғамбар то чӣ андозае барои Юсуф (а) ғамгин шуд? Фармуд: «Ба андозаи андӯҳи ҳафтод зан, ки бачаҳояшон мурда бошанд».[21] Қофилае Юсуфро аз чоҳ наҷот дод[22] ва барои ғуломӣ ба Миср бурд. Азизи Миср ӯро харид ва ӯ вориди хонаводаи азиз шуд.[23]
Зебоии Юсуф ва моҷарои ӯ ва Зулайхо
Дар китобҳои қиссаҳои қуръонӣ, Юсуф як ҷавони бисёр зебое тавсиф шудааст.[24] [Ёддошт 1] Аз ин рӯ, Зулайхо зани азизи Миср, шефтаи ӯ шуд ва пайваста ӯро ба гуноҳ фаро хонд, вале Юсуф хештандорӣ кард ва бо мушоҳидаи бурҳони Парвардигораш, ки чизе аз ҷинси илм ва яқини махсус ба мухлисон аст[25] ба хости Зулайхо тан надод.[26] [Ёддошт 2]
Ин моҷаро ба гӯши мардуми шаҳр расид ва гурӯҳе аз занони шаҳр, Зулайхоро сарзаниш карданд. Ӯ ҷаласае тартиб дод, чиҳил тан[27] занони ашрофи шаҳрро даъват карду корду мева (туранҷ)[28] ба дасти онҳо дод, сипас Юсуфро ба маҷлис даъват кард. Замоне, ки ӯ ворид шуд, занон чунон таҳти таъсири зебоии ӯ қарор гирифтанд, ки дастонашонро буриданд.[29]
- Зи даст рафтани девона, оқилон донанд,
- Ки эҳтимол намондаст ношикеборо.
- Гараш бибинию даст аз туранҷ бишносӣ,
- Раво бувад, ки маломат кунӣ Зулайхоро.[30]
Пас аз ин моҷаро, ба хотири он ки ҳар рӯз заноне аз Юсуф дархости иртиботи номашруъ доштанд, ӯ аз Худо хост, барои раҳоӣ аз онон ӯро ба зиндон биандозад. Пас аз чанде ӯ ба фармони Зулайхо ба зиндон афтод.[31]
Таъбири хоби подшоҳ ва азизии Миср
«Бархеҳо зикр юнусӣ доранд (ло илоҳа илло анта субҳонак, иннӣ кунту миназзолимин/ لاَّ إِلهَ إِلاّ أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ) аммо бархеҳо зикр юсуфӣ доранд; вуҷуди мубораки Юсуф дар тамоми он хатарот он вақте ки чоҳ афтод сабр кард. Он вақте, ки ба зиндон афтод, сабр кард. Вақте ки ба қудрат, иззат ва салтанат расид арз кард: رَبِّ قَدْ آتَيْتَني مِنَ الْمُلْكِ وَ عَلَّمْتَنِي مِن تَأْوِيلِ الأحَاديثِ ... تَوَفَّنِي مُسْلِماً Парвардигоро! Ҷонамро бигир! Аммо дар ҳоли Ислом, дар ҳоли хатару беморӣ, инсон тақозои марг бикунад ҳунар нест, аммо дар камоли қудрат бигӯяд, Худоё! Ҷонамро бигир фарқ мекунад... Онҳо ки зикри юсуфӣ доранд, аз Худо ҳусни оқибат металабанд, ҳусни оқибат ва ҳусни хотимат аз беҳтарини неъматҳост.»
Юсуф ба хотири донистани таъбири хоб, хоби ду зиндониро таъбир ва пешбинӣ кард яке аз онҳо кушта ва дигаре озод мешавад ва назди подшоҳи Миср ҷойгоҳе ба даст меоварад.[33] Чанд сол баъд аз ин моҷаро, подшоҳи Миср хоб дид, ки ҳафт гови лоғар ҳафт гови фарбеҳро мехӯранд. Ӯ ҳамчунин дар хоб ҳафт хӯшаи сабз ва ҳафт хушаи хушк мушоҳида кард.[34] Ва чун хобгузорони подшоҳ натавонистанд, ин хобро таъбир кунанд, дар ин замон он зиндоние, ки озод шуда ва ба дарбор роҳ ёфта буд, Юсуфро ба ёд оварду гуфт, ки таъбири он хобро барояшон мегӯяд.[35]
Ӯ ба зиндон рафт ва таъбири он хобро аз Юсуф пурсид. Юсуф гуфт: шумо ҳафт сол фаровонии об дар пеш доред ва баъд аз он, ҳафт сол хушксолӣ пеш меояд. Он гоҳ пешниҳод кард, ки барои наҷот аз хушксолӣ ҳафт соли аввалро бештар зироат кунанд ва маҳсулоти афзун бар масрафро бо ҳамон хӯшаҳояшон анбор кунанд, то солим бимонанд.[36]
Подшоҳ чун таъбири хоби Юсуф ва роҳи ҳалаш барои наҷоти Миср аз қаҳтиро писандид, Юсуфро ба ҳузур талабид, аммо ӯ ба фиристодаи шоҳ гуфт, моҷарои буридани дастони занон ва зиндонӣ шуданашро аз шоҳ бипурсад. Шоҳ дар бораи ин мавзӯъ таҳқиқ кард ва занони шаҳрро ба дарбор фарохонд. Занони Миср бар бегуноҳии Юсуф таъкид карданд ва Зулайхо ҳам ба амали худ эътироф кард.[37]
Пас аз таъбири хоб ва исботи бегуноҳии Юсуф, подшоҳи Миср ӯро аз зиндон озод ва вазири худу азизи Миср кард.[38]
Мулоқот бо хонавода
Дар давраи беобии Миср, Канъон низ дучори қаҳтӣ шуд. Аз ин рӯ, Яъқуб писаронашро барои таҳияи гандум ба Миср фиристод.[39] Юсуф бо дидани бародаронаш онҳоро шинохт, аммо онҳо ӯро нашинохтанд.[40] Ӯ бо бародарон ба некӣ рафтор кард[41] ва бо фиристодани пероҳанаш барои Яъқуб чашмони нобинои ӯро бино кард.[42] Баъд аз он Яъқуб ва фарзандонаш барои дидори Юсуф ба Миср рафтанд.[43]
Издивоҷ ва фарзандон
Ба нақли Масъудӣ - таърихнигори мусулмони қарни чаҳоруми қамарӣ, Юсуф дар Миср издивоҷ кард ва ҳосили он ду писар ба номҳои Афроим, (ҷадди Юшаъ ибни Нун) ва Мишо буд.[44]
Издивоҷ бо Зулайхо
Дар бархе аз ривоёт аз издивоҷи Юсуф бо Зулайхо баъд аз расидан ба мақоми азизии Миср сухан омадааст. Барои мисол дар ҳадисе омадааст, ки Юсуф занеро дид, ки мегуфт, Худоро шукр, ки бардагонро ба воситаи тоаташон подшоҳ кард ва подшоҳонро ба воситаи маъсияташон барда кард. Аз ӯ пурсид кистӣ, ӯ гуфт, Зулайхо ҳастам ва Юсуф бо ӯ издивоҷ кард.[45] Ва ҳатто дар бархе ривоёт омадааст, ки Зулайхо бо дуои Юсуф ҷавон шуду он гоҳ Юсуф бо ӯ издивоҷ кард,[46] аммо бархе бо баррасии ривоёти марбута, дар санад ва муҳтавои ин ривоёт хадша ворид намуда, онҳоро ғайри қобили қабул донистаанд.[47] Дар бархе нақлҳо омадааст, ҳар ду фарзанди Юсуф (Мишо ва Афроим) аз Зулайхо буданд.[48]
Тарки авлои Юсуф
- Ҳамчунин бубинед: Тарки авло
Тибқи ояти 42 сураи Юсуф, ҳангоме, ки Юсуф дар зиндон буд, хабари озодии яке аз зиндониёнро ба ӯ доду гуфт: бегуноҳии маро назди подшоҳ ёдоварӣ кун, аммо шайтон онро аз ёди ӯ баровард ва барои ҳамин, Юсуф чанд сол дар зиндон монд. Дар ин замина байни муфассирон ихтилофи назар аст. Бархе гуфтаанд, манзур ин аст, ки шайтон Худоро аз ёди Юсуф баровард ва ба бовари бархе дигар шайтон сабаб шуд он зиндонӣ фаромӯш кунад, ки бегуноҳии Юсуфро ба подшоҳ бигӯяд. Аллома Таботабоӣ назари нахустро бо баёни сариҳи Қуръон носозгор донистааст; ба ин далел, ки аз як сӯй дар Қуръон, Юсуф аз мухласон шуморида шудааст[49] ва аз сӯи дигар омадааст, ки шайтон ҳеҷ гоҳ наметавонад дар андешаи мухласон нуфуз кунад.[Ёддошт 3][50] Ба ҳар ҳол, муфассирон амали Юсуфро тарки авло донистаанд; зеро барои анбиё ва касоне ки дар мартабаи олии тавҳид ҳастанд, ҳамин миқдор тавассул ба асбоби дунёӣ ҳам шоиста нест.[51]
Фарқи достони Юсуф дар Қуръон ва Таврот
Бинобар он чи Аллома Таботабоӣ нақл кардааст, дар Таврот бар хилофи Қуръон[52] омадааст, ки Юсуф хоби саҷдаи ситорагон ва хуршеду моҳро барои бародарони худ таъриф кард ва онҳо ба ӯ ҳасодат карданд ва аз ин ки баъдҳо Юсуф бар онҳо ҳоким шавад нигарон шуданд. Ҳамчунин тибқи Таврот замоне, ки хобро барои падараш Яъқуб нақл кард, Яъқуб ба ӯ пархош карду гуфт: оё ман, модарат ва ёздаҳ бародарат бар ту саҷда мекунем?![53] Фарқи дигар ин ки тибқи гузориши Қуръон, бародарони Юсуф дархост карданд Яъқуб ӯро ҳамроҳашон ба саҳро бифиристад,[54] аммо дар гузориши Таврот худи Яъқуб аз Юсуф мехоҳад бо бародаронаш ба саҳро биравад, то бибинад онҳо ва гӯсфандон солим ҳастанд ё хайр?[55]
Вафот ва мақони дафн
Ба гуфтаи Масъудӣ - таърихнигори мусулмони қарни чаҳоруми қамарӣ, Юсуф 120 сол зиндагӣ кард. Ҳангоме, ки маргаш фаро расид, Худо ба ӯ ваҳй кард, ки нур ва ҳикматро, ки дар даст дорад, ба Бабраз ибни Ловӣ ибни Яъқуб супорад. Он гоҳ Юсуф, Бабраз ибни Ловиро бо оли Яъқуб, ки дар он рӯз ҳаштод мард буданд, эҳзор кард ва ба онҳо гуфт ба зудӣ гурӯҳе бар шумо ғолиб мешаванд ва шуморо ба азоби сахте дучор мекунанд, то ин ки Худо шуморо ба василаи яке аз фарзандони Ловӣ ки номаш Мусо аст, кумак кунад.[56] Баъд аз вафоти Юсуф ҳар гурӯҳе мехост ҷанозаи ӯро дар макони худ дафн кунад. Барои ин ки низоъ пеш наояд, ӯро дар Миср дар сандуқе аз мармар, дар Нил дафн карданд. Пас аз солҳо ҳазрати Мусо ҷанозаи ӯро аз он макон берун баровард[57] ва ба гуфтаи Ёқути Ҳамавӣ - таърихнависи қарни шашум ва ҳафтуми қамарӣ, дар Фаластин дафн кард.[58]
Юсуф дар осори ҳунарӣ
- Мақолаи аслӣ: Юсуфи пайғамбар (маҷмӯаи телевизионӣ)
Достони Юсуф дар осори ҳунарӣ ва расонаие монанди наққошӣ, кошикорӣ, адабиёт, синамо ва телевизион инъикос доштааст. Дар соли 2008 мелодӣ, маҷмӯаи телевизионии Юсуфи пайғамбар аз телевизиони Эрон пахш шуд.[59] Байти зер сурудаи Ҳофизи Шерозӣ, шоири қарни ҳаштуми қамарӣ аст, ки дар он ба достони Юсуф ишора шудааст:
- Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам махӯр,
- Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон ғам махӯр.[60]
Саъдӣ:
- Нишони Юсуфи гумкарда медиҳад Яъқуб,
- Магар зи Миср ба Канъон башир меояд.
- Онро ки бисорат набувад Юсуфи Сиддиқ,
- Ҷое бифурӯшад, ки харидор набошад.[61]
Эзоҳ
- ↑ Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.106.
- ↑ Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.106.
- ↑ Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.87.
- ↑ Ҷаъфарӣ, “Номҳои пайғамбарон дар Қуръон”, саҳ.25 - 26.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 24.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.130.
- ↑ Сураи Анъом, ояти 84.
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.259.
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1430ҳ.қ., саҳ.348.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.310.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.82.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 3.
- ↑ Сураи Юсуф, оёти 8 то 100.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 4 ва 5.
- ↑ Ибни Касир, Қасас-ул-анбиё, 1416ҳ.қ./1996м., саҳ.191.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 8.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 12.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 17.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 18.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 84.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.242.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 10 ва 19.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 21.
- ↑ Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.122. Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.217; Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.98; Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.114 ва 115.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1391ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.129.
- ↑ Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.115 ва 116; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 23.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.396.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.396.
- ↑ Суҳуфӣ, Қиссаҳои Қуръон, 1379ҳ.ш., саҳ.117 ва 118; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 30 ва 31.
- ↑ Куллиёти Саъдӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.413
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.221; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 33 то 35.
- ↑ Ҳусни оқибат ва ҳусни хотимат аз беҳтарин неъматҳои Илоҳӣ
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.105 то 106; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуфи ояти 41.
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.223; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 43.
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.223; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 44 ва 45.
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.223; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 47 то 49.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.105 то 106; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуфи ояти 50 ва 51.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.108.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.110.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.109; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 58.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.110; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 59.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.119; ҳамчунин нигоҳ кунед ба сураи Юсуф, ояти 93 то 96.
- ↑ Балоғӣ, Қасас-ул-Қуръон, саҳ.119; ҳамчунин ниг.: сураи Юсуф, ояти 100.
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.49.
- ↑ Қутбиддини Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1430ҳ.қ., саҳ.351.
- ↑ Ҷазоирӣ, ал-Нур-ул-мубин, 1423ҳ.қ., саҳ.234.
- ↑ Ниг.: Маориф ва дигарон, “Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо”, саҳ.7 то 32.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, ҷ.3, саҳ.69; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210; Оё аз фарзандон ва наводагони Ҳазрати Юсуф алайҳиссалом паёмбар ҳам шуд ва аслан Юсуф алайҳиссалом фарзанд доштааст?
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 24 إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُخْلَصِينَ.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.181.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.414.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 4.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, 261.
- ↑ Сураи Юсуф, ояти 12.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.261.
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.74.
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.75.
- ↑ Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.1, саҳ.478.
- ↑ «Чаҳор сол бо Юсуфи пайғамбар», вебгоҳи Виста.
- ↑ Ҳофиз, Ғазалиёт, ғазали 255
- ↑ https://ganjoor.net/saadi/divan/ghazals/sh202
Ёддошт
Сарчашма
- Балоғӣ, Садриддин, Қасас-ул-Қуръон, Теҳрон, Амиркабир, чопи ҳабдаҳум, 1380ҳ.қ.
- Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дуввум, 1995м.
- Зиёободӣ, Муҳаммад, тафсири сураи Юсуф, Теҳрон, муассисаи бунёди хайрияи Аззаҳро (алайҳоссалом), 1388ҳ.ш.
- Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Касир, Қасас-ул-анбиё ва ахбор-ул-мозин (хулосаи Таърихи Ибни Касир), тадвини Муҳаммад ибни Аҳмади Канъон, Бейрут, муассисат-ул-маъориф, чопи аввал, 1416ҳ.қ./1996м.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, ал-Муҷтано мин-ад-дуъо-ил-Муҷтабо, Қум, Дор-уз-захоир, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё ал-ҳовӣ ли аҳодиси китоб-ин-нубувват ли-ш-Шайх ас-Садуқ, Қум, интишороти Аллома Маҷлисӣ, 1388ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бур Саид, мактабат-ус-сақофат-ид-диния, бе то.
- Маориф ва дигарон, "Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо" дуфаслномаи ҳадиспажӯҳӣ, соли ҳафтум, шумораи сездаҳум, баҳор ва тобистони 1394.
- Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, Қум, Исмоилиён, чопи сеюм, 1384ҳ.ш.
- Суҳуфӣ, Сайидмуҳаммад, Қиссаҳои Қуръон, Қум, Аҳли Байт, чопи дуввум, 1379ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Ҳофизи Шерозӣ, Шамсиддини Муҳаммад, Ғазалиёти Ҳофиз, ғазали 255, вебгоҳи Ганҷур, санаи боздид 31 шаҳривари 1398ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Неъматуллоҳ, ал-Нур-ул-мубин фи қасас-ил-анбиёи ва-л-мурсалин, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, чопи дуввум, 1423ҳ.қ.
- "Чаҳор сол бо Юсуфи паёмбар», вебгоҳи Виста, санаи боздид: 11 шаҳривари 1398.
- Ҷаъфарӣ, Яъқуб, “Номҳои пайғамбарон дар Қуръон” дар маҷаллаи мактаби Ислом, соли чиҳилу шашум, №12, исфанди 1385ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found