Соли 10 ҳиҷрии қамарӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Соли 10 ҳиҷрӣ)

Соли 10 ҳиҷрии қамарӣ, даҳумин сол аз солшумори ҳиҷрии қамарӣ аст. Рӯзи нахусти ин сол; яъне 1-уми муҳаррам мусодиф аст бо сешанбеи 22 фарвардини соли 10 шамсӣ ва 12-уми апрели соли 631 мелодӣ.

Рӯзи поёнии сол; яъне 30 зилҳиҷҷа мусодиф аст бо шанбе 11-уми фарвардини соли 11 шамсӣ ва 31-уми марти соли 632 мелодӣ.[1]

Ҳаҷҷатул-вадоъ, воқеаи Ғадир ва тасреҳи Пайғамбари Ислом (с) бар ҷонишинии Имом Алӣ (а), мубоҳилаи Пайғамбар (с) бо масеҳиёни Наҷрон ва сарияи Имом Алӣ (а) дар Яман ва мусулмон шудани мардуми он минтақа аз ҷумлаи рухдодҳои ин сол аст.

Рӯйдодҳо

  • Анҷоми Ҳаҷҷатул-вадоъ тавассути Пайғамбар (с) дар зилҳиҷҷа.[2]
  • Воқеаи Ғадир ва таъйини ҷонишинии Пайғамбар (с).[3]
  • Нузули ояти таблиғ дар Ҳаҷҷатул-вадоъ (18 зилҳиҷҷа)[4]
  • Нузули ояти Икмол дар Ҳаҷҷатул-вадоъ (18 зилҳиҷҷа).[5]
  • Ислом овардани Ҷоруд ибни Муъалло[6]
  • Мубоҳилаи Пайғамбар бо масеҳиёни Наҷрон[7] бино бар назари машҳури таърихнигорон. Бино бар назари ғайримашҳур дар соли 9ҳ.қ.[8]
  • Фиристодани Холид ибни Валид бо чаҳорсад нафар ба суи Банӣ Ҳорис/ Балҳорис ибни Каъб дар Наҷрон ва Яман барои даъвати онон ба Ислом аз сӯи Пайғамбар (с).[9]
  • Сарияи Имом Алӣ (а) дар Яман ва мусулмон шудани қабоили Ҳамадон[10] ва Мазҳиҷ.[11]
  • Интисоби Холид ибни Саид тавассути Пайғамбар (с) барои ҳукумати минтақаи мобайни Наҷрону Зубайд.[12]
  • Асвад Анса дар Яман иддаои пайғамбарӣ кард ва шӯриш намуд.[13]
  • Хотамбахшии Имом Алӣ (а) дар рукуъи намоз дар 24 зилҳиҷҷа ба қавле.[14]
  • Ҳузури чандин намоянда аз қабоили мухталиф дар Мадина ва қабул кардани Ислом.[15]

Вилодатҳо

Муҳаммад ибни Абибакр аз наздиктарин ёрони Имом Алӣ (а).[16]

Вафотҳо

  • Иброҳим писари Расули Худо (с) дар (18 раҷаб).[17]
  • Абдуамр ибни Сайфӣ- падари Ҳанзала ибни Абиомир ва муассиси масҷиди Зирор.[18]

Эзоҳ

  1. Сайти табдили таърихи ҳиҷрӣ.
  2. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1966м., ҷ.3, саҳ.1088-1089; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.148; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.131.
  3. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.112; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  4. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.332.
  5. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.447 то 456; Ҳусайнии Милонӣ, Нафаҳот-ул-азҳор, 1423ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.261.
  6. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.136.
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.139.
  8. Ниг.: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Фарҳангномаи мубоҳила, 1395ҳ.ш., саҳ.83 - 87.
  9. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1966м., ҷ.3, саҳ.883 884; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.126-128.
  10. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131 - 132; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.238.
  11. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.5.
  12. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  13. Руҷуъ кунед ба Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.337.
  14. Шайхи Муфид, Масорр-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.130 - 145.
  16. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.451.
  18. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, 1383ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.424.

Сарчашма

  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Тафсири Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон, муҳаққиқ Абулҳасан Шаъронӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, 1382 - 1387ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, ба кӯшиши Ҳишом Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-мактабатул-илмийятил-исломийя, 1380ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Теҳрон, бено, 1366ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, чопи Морседен Ҷонс, Лондон 1966.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, чопи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир - Дору Бейрут, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид, Қоҳира, 1383ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба кӯшиши Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1401ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1412ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, Машҳад, нашри ал-Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, Нафаҳот-ул-азҳор фи хулосати Абақот-ил-анвор, Қум, маркази таҳқиқ ва тарҷума ва нашри Оло, 1423ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масорр-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-Муфид, 1414ҳ.қ.