Арафот

Аз wikishia
Намое аз саҳрои Арафот

Арафот (арабӣ: عَرَفات) ё арафа (арабӣ: عَرَفه) сарзамине ба масоҳати ҳаждаҳ километри мураббаъ дар шаҳри Макка. Вуҷуф дар Арафот яке аз аркони ҳаҷҷи таматтуъ аст ва ҳоҷиён бояд дар рӯзи нуҳуми зилҳаҷҷа дар саҳрои Арафот иқомат кунанд. Бар асоси ривояте аз Пайғамбари акрам (с), гуноҳони веҷе дорад, ки танҳо бо ҳузури дар Арафот бахшида мешавад.

Имом Ҳусайн (а) дар сарзамини Арафот дуои Арафаро бар забон ҷорӣ кард.

Маълумоти умумӣ

Масири Арафот то Масҷидулҳаром

Арафот, замини паҳновару ҳамворе дар шарқи Макка, бо ҳаждаҳ киллометри мураббаъ масоҳат ки имрӯза 21 киллометр аз Макка фосила дорад.[1]

Ҷабалурраҳма, дар шимолу шарқии Арафот қарор дорад[2] ва аз ҳамин рӯ «Ҷабал-ул-ъарафот», яъне кӯҳи Арафот низ хонда шудааст.[3]

Сарзамини Арафот, аз назари фиқҳӣ ҷузъи ҳарам маҳсуб нашудааст.[4] Бо ин ҳол ҳудуди он дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо истифода аз аломатҳо ва таблоҳо, ба таври дақиқ мушаххас будааст.[5]

Бинобар ривоёти маҳаллӣ, дар замони ҳазрати Иброҳим (а) ва моҷарои муҳоҷирати ҳамсар ӯ Ҳоҷар ба сарзамини Макка, қавми Ҷурҳум дар Арафот сукунат доштаанд.[6] Бархе ҷуғрофинигорони қадим, Арафотро деҳаи кучак муаррифӣ кардаанд.[7]

Сабаби номгузорӣ

Бинобар навиштаи Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Саховӣ, таърихнигори қарни даҳуми қамарӣ, калимаи Арафот монанди қасабот (ҷамъи қасаба ба маънои даҳ) аст ки бар ин асос, ба ҳар бахш аз сарзамини Арафот, арафа гуфта мешуда ва Арафот, номи кулли минтақа аст.[8]

Бар асоси бархе ривоёт, ҳангоме ки Ҷабраил, маносики ҳаҷро ба Иброҳими паёмбар омӯзиш дод, дар Арафот ба ӯ гуфт: «أعرَفتَ مناسکَک؟»; яъне «Оё маносики худро омӯхтӣ?», ва Иброҳим посух дод: «Оре». Ва ба ин ҷиҳат, дар ишора ба «Аарафта?» дар саволи Ҷабраил, он минтақа Арафот ё арафа номида шуд.[9] Бархе манобеъ, Арафотро маҳалли дидор ва ошноии Одам ва Ҳавво донистаанд.[10] Ҳамчунин Арафот маконе муаррифӣ шуда ки мусулмонон дар он ба гуноҳони худ эътироф карда ва аз Худованд талаби бахшиш мекунанд.[11]

Дар Қуръони карим, дар ояти 198 сураи Бақара, ҳангоми зикри аҳком ва одоби ҳаҷ, аз Арафот ном барда шудааст.[12]

Аҳамият

Арафот, бо фаризаи ҳаҷ пайванд дорад[13] ва аз мауонҳои муқаддаси исломист.[14] Вуқуф дар Арафот, аз аркони ҳаҷҷи таматтуъ аст ва ҳаҷ бидуни он адо намешавад; бар ин асос, ҳаҷгузорон бояд дар рӯзи 9 зилҳиҷҷа, аз зуҳри шаръӣ то мағриби шаръӣ дар саҳрои Арафот иқомат кунанд.[15]

Пеш аз Ислом, аҳолии Макка ба воситаи он ки худро аҳли Ҳарам ва баргузида медонистанд, бархе аъмол, аз ҷумлаи вуқуф дар Арафотро анҷом намедоданд.[16] Бинобар бархе ривоёт дар маҷомеъи ҳадисии аҳли суннат, Паёмбар (с) дар ҳаҷгузории қабл аз Ислом низ вуқуф дар Арафотро анҷом медодааст.[17]

Бинобар ривояте ки аз Паёмбари Ислом нақл шуда, Худованд дар ғуруби рӯзи Арафа дар баробари малоика ба касоне ки дар Арафот вуқуф кардаанд, мубоҳот мекунад ва ҳамаи гуноҳони онҳоро мебахшад.[18] Иқомат ва вуқуфи ҳаҷгузор дар Арафот, мояи бахшудашудани гуноҳон дониста шудааст; бинобар ривояте аз Паёмбари акрам (с), гуноҳоне вуҷуд доранд, ки танҳо дар Арафот бахшида мешаванд.[19] Бар асоси ривояте аз Имоми Содиқ (а), гуноҳкортарин шахс касе аст, ки аз Арафот бозгардад ва гумон кунад бахшида нашудааст.[20]

Арафот ҳамчунин дар ривоёти марбут ба даҳв-ул-арз, дар канори Каъба ва сарзамини Мино, аз маконҳое аст ки замин аз он густариш ёфтааст.[21] Имом Ҳусайн (а), дуои Арафаро дар ҳоле бар забон ҷорӣ кард ки аз чодари худ дар сарзамини Арафот берун рафт ва дар ҳошияи чапи кӯҳи Арафот, яъне Ҷабалурраҳма қарор гирифт.[22]

Эзоҳ

  1. Пураминӣ, «Нигарише бар Арафот», саҳ.164
  2. Бурусавӣ, Авзаҳ-ул-масолик, 1427ҳ.қ., саҳ.468; Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1382ҳ.ш., саҳ.131
  3. Курдӣ, ат-Таърих-ул-қавими ли Маккати ва Байт-ул-Лоҳ-ил-карим, 1420ҳ.қ., ҷ.1, 492
  4. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.464; Ҳиравӣ, ал-Ишороту ило маърифат-из-зиёрот, 1423ҳ.қ., саҳ.74
  5. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1382ҳ.ш., саҳ.129 ва 130; Ибнулфақиҳ, ал-Булдон, 1416ҳ.қ., саҳ.78; Бурусавӣ, Авзаҳ-ул-масолик, 1427ҳ.қ., саҳ.468; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.463
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288 - 289 ва 294
  7. ал-Истибсору фӣ аҷоиб-ил-амсор, 1986 м, саҳ.35
  8. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.225
  9. Азрақӣ, Ахбори Макка, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.67; Фокиҳӣ, Ахбори Макка, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.9
  10. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.225; Беозори Шерозӣ, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёии таърихии қасаси Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.240
  11. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.225
  12. « لَیسَ عَلَیکمْ جُناحٌ أَنْ تَبْتَغُوا فَضْلاً مِنْ رَبِّکمْ فَإِذا أَفَضْتُمْ مِنْ عَرَفاتٍ فَاذْکرُوا اللَّهَ عِنْدَ الْمَشْعَرِ الْحَرامِ وَ اذْکرُوهُ کما هَداکمْ وَ إِنْ کنْتُمْ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الضَّالِّین: агар ҳангоми ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, ба гуноҳе дучор нашудаед, ва чун аз Арафот бозгаштед Худоро дар машъарулҳаром ёд кунед, аз он рӯ ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будаед. (сураи Бақара, ояти 198)
  13. Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.376
  14. Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.375
  15. Мӯсавии Шоҳрӯдӣ, Ҷомеъ-ул-фатовои маносики ҳаҷ, 1428ҳ.қ., саҳ.173 ва 174
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80
  17. Мудиршоначӣ, «Ҳаҷҷи Паёмбар (с)», саҳ.83
  18. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.36
  19. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.30
  20. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.211; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.30
  21. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.241
  22. Умронӣ, «Баррасии санад ва зайли дуои Арафаи Имом Ҳусайн (а)», саҳ.65

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Азрақӣ, Абулвалид, Ахбори Макка ва мо ҷоа фиҳо мин-л- осор, тасҳеҳи Рушдӣ Солеҳ, Бейрут, 1416ҳ.қ.
  • ал-Истибсору фӣ аҷоиб-ил-амсор, муаллифи ношинохта, тасҳеҳи Саъд Зағлул Абдулҳамид, Бағдод, Дор-уш-шуун-ис-сақофийя, 1986 м.
  • Беозори Шерозӣ, Абдукарим, Бостоншиносӣ ва ҷуғрофиёии таърихии қасаси Қуръон, Теҳрон, дафтари Нашри фарҳанги исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Бурусавӣ, Муҳаммад ибни алӣ, Авзаҳ-ул-масолики ило маърифат-ил-Булдони ва-л-мамолик, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Ибнулфақиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Булдон, тасҳеҳи Юсуфи Алҳодӣ, Бейрут, Олам-ул-кутуб, 1416ҳ.қ.
  • Курдӣ, Муҳаммадтоҳир, ат-Таърих-ул-қавими ли Маккати ва Байт-ул-Лоҳ-ил-карим, Бейрут, дори Хизр, 1420ҳ.қ.
  • Мудиршоначӣ, Козим, «Ҳаҷҷи Паёмбар (с), дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №25 ва 26, зимистони 1377ҳ.ш.
  • Мӯсавии Шоҳрӯдӣ, Сайид Муртазо, Ҷомеъ-ул-фатовои маносики ҳаҷ: бо равиши ҷадид мутобиқ бо фатовои даҳ тан аз мароҷеъи изоми тақлид, Теҳрон, нашри Машъар, 1428ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоили ва мустанбат-ул-масоил, Бейрут, Муассисату Ол-ил-Байти ли эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ./ 1987 м.
  • Пураминӣ, Муҳаммадамин, «Нигарише бар Арафот», дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, №11 ва 12, тобистони 1374ҳ.ш.
  • Саховӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, ал-Булдониёт, тасҳеҳи Ҳисом ибни Муҳаммад Қитон, Риёз, Дор-ул-ато, 1422ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ./1973 м.
  • Умронӣ, Масъуд, «Баррасии санад ва зайли дуои Арафаи Имом Ҳусайн (а)», дар маҷаллаи Мишкот, №110, баҳори 1390ҳ.ш.
  • Фарҳанги фиқҳӣ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, таҳқиқ ва таълифи Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, ҷ.5, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, 1392ҳ.ш.
  • Фокиҳӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Ахбори Маккаи фи қадим-ид-даҳри ва ҳадисиҳи, Макка, Мактабат-ул-асадӣ, чопи чаҳорум, 1424ҳ.қ.
  • Ҳиравӣ, Алӣ ибни Абубакр, ал-Ишороту ило маърифат-из-зиёрот, тасҳеҳи Умр Алӣ, Қоҳира, Мактабат-ус-сақофат-уд-динийя, 1423ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, 1382ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, 1413ҳ.қ.