Баракат

Аз wikishia

Баракат (форсӣ:برکت) неъматҳо ва хайри фаровони Худованд барои махлуқот аст. Ин калима се бор дар Қуръон ба шакли ҷамъ, яъне баракот истифода шудааст. Азбаски дар Қуръон неъмат ҳамеша ба Худо нисбат дода шудааст, эҷоди онро фақат ба дасти Худованд донистаанд.

Имон, тақво, истиғфор, зикр, итоъати Худо, адолат ва нармиро аз омилҳои ҷалби баракоти Илоҳӣ буда, ва дар муқобил, бархе аз рафторҳои инсон, аз ҷумла гуноҳ кардан ва тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункарро аз монеаҳои дарёфти баракати Илоҳӣ донистаанд.

Баъзе аз махлуқоти Худованд, аз зуҳурот ва нишонаҳои баракат қарор дода шудаанд; пайғамбароне чун ҳазрати Нуҳ (а), муъминони солеҳ, Қуръони Карим, замонҳое чун шаби Қадр, маконҳое чун Макка ва ҷилваҳое аз табиат монанди борон аз намунаҳои баракоти Илоҳӣ муаррифӣ шудаанд.

Мафҳумшиносӣ

Баракат, ба маънои фузунӣ дар хайр,[1] Аллома Таботабоӣ баракатро ба маънои субути хайри фаровон дар чизе медонад; монанди субути об дар бирка.[2] Вай ҳамчунон онро калимаи нисбӣ донистааст, ки бар ин асос, хайр дар ҳар чизе, мутаносиб бо зарфият ва коркарди он аст; маслан баракат дар насл, ба фаровонии фарзандон, ва баракат дар вақт, ишора ба густардагии корҳои инсон дар як замони хос ишора дорад.[3]

Истилоҳи баракот дар Қуръони Карим, ба неъматҳо ва хайрҳои фазояндаи Илоҳӣ итлоқ шудааст;[4] бар ҳамин асос, баракоти осмон, ба фаровононии борон, ва баракоти замин, ба фаровонии гиёҳону меваҳо тафсир шудааст.[5] Калимаи таборак низ аз решаи баракат ва дарбардорандаи маънои муболиға аст дар Қуръони Карим, ба таври хос барои Худованд ба кор бурда шуда ва барои ғайри Худо ҷуз дар мавориди нодире ба кор намеравад.[6] Ва боқии калимаҳои мутародиф, ба сурати муштарак ба инсонҳо, падидаҳо ва маконҳои хос нисбат дода шудааст.[7]

Баракат дар Қуръони Карим ба сурати ҷамъ дар се оят ба кор рафтааст,[8] ки бархе онро нишонаи фаровонии баракати Худованд медонанд.[9] Калимаҳои мутародифи баракат, аз ҷумла «борака/»,[10] «боракно»,[11] «бурика»,[12] «муборак»,[13] «муборакан»,[14] «муборака»[15] ва «таборак»[16] 32 бор дар Қуръон истифода шудааст. Истеъмоли калимаҳо баргирифташуда аз «барака» дар Қуръон, ҳамеша бо истинод ба Худованд будааст; ин ҳамнишинӣ, далеле бар ин дониста шудааст, ки танҳо Худованд метавонад баракат эҷод кунад.[17]

Калимаи баракат дар ривоёти Аҳли Байт ҳам омадааст ва яке аз ҷунуди ақл дониста шудааст ва нуқта муқобилаш маҳқ [Ёддошт 1] аз ҷунуди ҷаҳл дониста шудааст, ки Ҳасани Мустафавӣ[18] онро нуқсони тадриҷии як чиз то нобудии комил ва аз байн рафтан маънӣ кардааст.[19] Мафҳуми баракат, илова бар Қуръони Карим ва мутуни исломӣ, дар китобҳои осмонии пеш аз Ислом низ истифода шудааст; эътои баракати Худованд ба пайғамбарон, ва аз сӯи пайғамбарону коҳинон ба дигарон, намунаҳое аз ин маворид аст.[20] Муштақоти решаи «барака/ бараха» ва калимаи ибрии «брохоҳ», ба маънои баракат, дар ҳудуди 400 бор дар Аҳди Атиқ ва мутааддид дар Аҳди Ҷадид ба кор рафтааст.[21]

Авомил

Дар фарҳанги исломӣ, баракат ёфтани инсонҳо, ба кирдор, рафтор ва сухани онҳо пайванд хӯрдааст; аз ин рӯ, дар Қуръони Карим ва ривоёти маъсумон, имону тақво, истиғфор, шукр, итоат ва зикри Худо,[22] адолат,[23] саҳархезӣ,[24] нармхуӣ,[25] салом кардан,[26] садақа додан,[27] риояти покизагӣ,[28] кам кардани ҳазинаи издивоҷ,[29] силаи раҳим,[30] доду ситади содиқона,[31] ҳамсоядорӣ,[32] баробарӣ бо бародарони динӣ[33] ва рӯза гирифтану саҳарӣ хӯрдан,[34] аз ҷумлаи авомили нузули баракат муаррифӣ шудааст.

Имон ва тақво

Қуръони Карим дар ояти 96 сураи Аъроф, нузули баракоти осмонӣ ва заминиро ба имон ва тақвои бештари аҳли замин ё шаҳрҳо машрут кардааст; бино бар ончӣ дар тафосири Қуръон дар бораи ин оёт омадааст, имон ва тақвои иддаи каме аз мардум, наметавонад зомини нузули баракоти осмонӣ барои ҳамагон бошад.[35]

Истиғфор

Дар ояти 52 сураи Ҳуд ва оёти 10 то 13 сураи Нуҳ, нузули баракоти Худованд, аз ҷумла борон, машрут ба бардоштани мавонеъ шудааст, ва чун гуноҳ яке аз мавонеъи нузули баракот дониста шудааст, истиғфори бандагон, роҳе барои ҷалби раҳмати Илоҳӣ муаррифӣ шудааст.[36]

Бинобар ончӣ дар Қуръони Карим омадааст, Худованд, афзоиши неъматҳои худро ба шукри инсон машрут карда ва дар муқобили он, куфрони неъматро омили зиёд шудани азоб муаррифӣ кардааст.[37] Имом Алӣ (а), истиғфорро василаи доимӣ барои фуру рехтани ризқу рӯзӣ ва раҳмати Илоҳӣ донистааст.[38]

Мавонеъ

Бино бар мутун ва фарҳанги исломӣ, анҷоми бархе аз рафторҳо ва суханон, боиси маҳрумияти инсон аз дарёфти баракоти Худованд хоҳад шуд; иртикоби гуноҳону нофармонӣ, тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ғафлат аз зикри Худо,[39] аз ҷумлаи авомиле аст, ки дар Қуръону ривоёт ба унвони мавонеъи нузули баракот муаррифӣ шудааст.

Иртикоби гуноҳу нофармонӣ

Гуноҳон ва нофармониҳо аз авомили салби баракат аз мол, умр ва зиндагӣ муаррифӣ шудааст. Муфассирони Қуръони Карим, дар тафсири ояти 96 сураи Аъроф, оқибати касоне, ки муртакиби гуноҳ шуда ва пайғамбаронро такзиб карданд, илова бар азоби Илоҳӣ, маҳрумият аз дарёфти баракоти осмонию заминӣ донистаанд.[40]

Аъмоле, ки сабаби маҳрум шудани инсон аз баракоти Илоҳӣ муаррифӣ шудаанд, иборатанд аз: тарки намоз,[41] камфурӯшӣ,[42] напардохтани закот,[43] исроф,[44] хиёнат,[45] дуздӣ, шаробхорӣ, фаҳшо[46] ва қасами дуруғ дар муомилот.[47]

Тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Тарки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, аз мавонеъи нузули баракат муаррифӣ шудааст. Бар асоси ривояте аз Пайғамбари Ислом (с), дарёфти баракоти Илоҳӣ танҳо то замоне муяссар аст, ки мардум амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунанд ва бар корҳои хайр ба якдигар ёрӣ расонанд, вале агар онро тарк карданд, неъматҳо ва хайрот аз онҳо дареғ мешавад.[48]

Мисдоқҳо ва намунаҳо

Бинобар оёте аз Қуръони Карим, Худованд, баъзе аз махлуқоти худро аз мазоҳир ва нишонаҳои баракат қарор додааст; аз ин ҷумлаанд бархе аз пайғамбарону муъминони солеҳ, Қуръони Карим, баъзе аз замонҳо, бархе аз маконҳо, ва ҳамчунин ҷилваҳое аз табиат. Аз ин миён, далели бобаракат будани Қуръони Карим,[49] ҳидоятгар будани он дониста шудааст.[50]

Пайғамбарон ва ашхоси дигаре, ки дар Қуръони Карим, бобаракат хонда шудаанд, иборатанд аз Нуҳ (а) ва ҳамроҳони ӯ дар киштӣ,[51] Иброҳим ва фарзандонаш, Исмоилу Исҳоқ,[52] Мусо (а),[53] Исо (а),[54] Пайғамбари Ислом (с)[55] ва муъминону солеҳон.[56]

Ҳамчунин, бархе аз маконҳову сарзаминҳо монанди сарзамини Макка,[57] Шом,[58] Байтулмуқаддас[59] ва Водии Тур,[60] мубораку бобаракат дониста шудааст.

Шаби Қадр, аз ҷумлаи замонҳое аст, ки ба хотири истиҷобати дуо, бахшуда шудани гуноҳон ва нузули Қуръон дар он,[61] мубораку бобаракат хонда шудааст.[62] Ҳамчунин баъзе аз ҷилваҳои табиат, бобаракат муаррифӣ шудаанд; монанди борон, ки дар Қуръони Карим, «оби муборак» дониста шудааст.[63]

Эзоҳ

  1. Деҳхудо, Амсол ва ҳикам, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.104, 114, 359.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.173.
  3. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.280 - 281.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.697.
  5. Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, 1383ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.477.
  6. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.15, 173.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.516, 596.
  8. Сураи Аъроф, ояти 96; сураи Ҳуд, ояти 48 ва 73.
  9. Қадамӣ, “Баракат: пайдоиш, пойдорӣ ва фузунии хайр дар падидаҳо аз сӯи Худованд”, ҷ.5, саҳ.486.
  10. Сураи Фуссилат, ояти 10.
  11. Сураи Аъроф, ояти 137; сураи Исро, ояти 1; сураи Анбиё, ояти 71 ва 81; сураи Саба, ояти 18; сураи Соффот, ояти 113.
  12. Сураи Намл, ояти 8.
  13. Сураи Анъом, ояти 92 ва 155; сураи Анбиё, ояти 50; сураи Сод, ояти 29.
  14. Сураи Оли Имрон, ояти 3; сураи Марям, ояти 31; сураи Муъминун, ояти 29; сураи Қоф, ояти 9.
  15. Сураи Нур, ояти 61 ва 35; сураи Духон, ояти 3.
  16. Сураи Аъроф, ояти 54; сураи Фурқон, ояти 1 ва 10 ва 61; сураи Зухруф, ояти 65; сураи Арраҳмон, ояти 78; сураи Мулк, ояти 1.
  17. Қадамӣ, “Баракат: пайдоиш, пойдорӣ ва фузунии хайр дар падидаҳо аз сӯи Худованд” ҷ.5, саҳ.486.
  18. Мустафавӣ, ал-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, 1368ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.39.
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  20. Қадамӣ, “Баракат: пайдоиш, пойдорӣ ва фузунии хайр дар падидаҳо аз сӯи Худованд” ҷ.5, саҳ.484.
  21. Каримӣ, Баракат, ҷ.11, саҳ.744.
  22. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.341.
  23. Лайсии Воситӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоъиз, 1376ҳ.ш., саҳ.188.
  24. Наҳҷ-ул-балоға, ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, номаи 12.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.119.
  26. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.583.
  27. Сураи Бақара, ояти 276; Лайсии Воситӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоъиз, 1376ҳ.ш., саҳ.195; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.2.
  28. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.73, саҳ.110.
  29. Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.82, 145.
  30. Наҳҷ-ул-балоға, ба тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.164, хутбаи 110; Кӯфии Аҳвозӣ, ал-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.39.
  31. Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.402.
  32. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.97.
  33. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.395.
  34. Ибни Ҳанбал, Муснад, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.12.
  35. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.201; Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.321; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.266.
  36. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.444; ҷ.20, саҳ.45.
  37. Сураи Иброҳим, ояти 7.
  38. Қумии Машҳадӣ, тафсири Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.454.
  39. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.73, саҳ.314.
  40. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.4, саҳ.698; Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.322.
  41. Ибни Товус, Фалоҳ-ул-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.22.
  42. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.
  43. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.505.
  44. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.55.
  45. Лайсии Воситӣ, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоъиз, 1376ҳ.ш., саҳ.134.
  46. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.19, 23.
  47. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.162.
  48. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.808.
  49. Сураи Анъом, ояти 92 ва 155; сураи Анбиё, ояти 50; сураи Сод, ояти 29.
  50. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.387.
  51. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, 255; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.137.
  52. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.709; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.113; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.16; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.325.
  53. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, 330; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.82.
  54. Сураи Марям, ояти 31; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.66; Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.535; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.70.
  55. Сураи Кавсар, ояти 1; Шайхи Тусӣ, ал-Тибён, 1385ҳ.қ., ҷ.10, 417; Ибни Арабӣ, Тафсир ал-Қуръон-ил-Карим, 1978м., ҷ.2, саҳ.460.
  56. Сураи Бақара, ояти 269; сураи Ҳуд, ояти 48.
  57. Сураи Оли Имрон, ояти 96; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.387; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.14.
  58. Сураи Аъроф, ояти 137; сураи Анбиё, ояти 71 ва 81; сураи Саба, ояти 18; Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.348; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.228; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, 149; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.272; Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.190 - 201; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.725.
  59. Сураи Исро, ояти 1.
  60. Фахри Розӣ, ал-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.593.
  61. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.93.
  62. Сураи Духон, ояти 3.
  63. Сураи Қоф, ояти 9.

Ёддошт

  1. الْبَرَكَةُ وَ ضِدَّهَا الْمَحْقَ‌

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Амсол ва ҳикам, Теҳрон, Амири Кабир, 1383ҳ.ш.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсир ал-Қуръон-ил-Карим, тасҳеҳи Мустафо Ғолиб, Бейрут, Дорул-Анделус, 1978м.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, Қум, Бустони китоб, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1416ҳ.қ.
  • Каримӣ, Маҳмуд, «Баракат», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1381ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Кӯфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, ал-Зуҳд, тасҳеҳи Ғуломризо Ирфониён Яздӣ, Қум, алматбаъатул-илмия, 1409ҳ.қ.
  • Қадамӣ, Ғуломризо, “Баракат: пайдоиш, пойдорӣ ва фузунии хайр дар падидаҳо аз сӯи Худованд”, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, тафсири Канз-ул-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, тасҳеҳи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, созмони чоп ва интишори Вазорати иршод, 1368ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Лайсии Воситӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Уюн-ул-ҳиками ва-л-мавоъиз, Қум, Дорул-ҳадис, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ал-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Алӣ ибни Муҳаммад, Илал-уш-шароиъ, Қум, китобфурушии Доварӣ, 1385ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1383ҳ.қ.