Бордории ҳазрати Марям

Аз wikishia

Бордории ҳазрати Марям (форсӣ: بارداری حضرت مریم) муъҷизае ки дар он Марям духтари Имрон бидуни омезиш бо ҳеҷ марде бордор шуд ва ҳосили он таваллуди Исо (а) буд. Рӯйдоди бордории Марям (с) ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Инҷил, бо тафовут дар бархе ҷузъиёт, омадааст.

Ба гузориши Қуръон, Марям барои ибодат дар хилватгоҳе аз мардум канора гирифта буд, ки фариштае бар вай зоҳир шуд ва ба ӯ навиди фарзанде дод. Қуръон дар мавриди чигунагии бордории Марям, танҳо бо таъбири «дар ӯ аз рӯҳи худ дамидем» ёд кардааст. Бархе муфассирон муътақиданд ки иттилои дақиқ аз чигунагии бордории Марям (с) дар ҳитаи илми инсон нест.

Бинобар оёти сураи Марям, пас аз таи даврони бордорӣ, дарди зоймон Марям (с)-ро ба сӯи танаи дарахти хурмое кашонд; Марям (с) дар ин ҳол орзӯи марг кард. Муфассирони ин гуфтори Марям (с)-ро ба хотири тарс аз маломати мардум донистаанд. Ба гузориши Қуръон, ба Марям (с) аз сӯи Худо гуфта шуд, ки ғамгин набошад ва барои рафъи ранҷҳои ӯ наҳри обе зери пояш ҷорӣ шуд ва хурмои тоза дар дастрасаш қарор гирифт. Ҳамчунин, аз Марям (с) хоста шуд аз дидори навзоди худ шодмон бошад.

Бинобар оёти Қуръон, Марям (с), ки аз рӯбарӯ шудан бо мардум ҳаросон буд, маъмур ба рӯзаи сукут шуд ва ба ҳамроҳи навзодаш ба сӯи қавми худ бозгашт. Ба гузориши ояти 156 сураи Нисо, ба Марям (с) ба хотири бордорӣ ва таваллуди навзод тӯҳмати бузурге заданд. Марям (с) барои посухгӯӣ ба кӯдаки худ ишора кард ва навзод ба эъҷози Илоҳӣ, забон ба сухан гушӯд ва гуфт: «Ман бандаи Худо ҳастам. Ӯ китоб(-и осмонӣ) ба ман дода ва марои паёмбар қарор додааст.» Ба назари бархе муфассирон, бо ин муъҷиза, Исо (а) покии модари худро собит кард.

Муъҷизаи бордории Марям (с)

Сураи Марям, ояти 20
Чӣ гуна маро писаре тавонад буд ки башаре ба ман даст назадааст ва бадкора ҳам набудаам?!

Рухдоди эъҷозомези бордории Марям (с) бо тафовутҳе ҳам дар Инҷил ва ҳам дар Қуръон омадааст.[1] Муфассирони Қуръон бордории ҳазрати Марям (с)-ро, ки бидуни дахолати ҳеҷ марде буда, муъҷизае бузург, амале хориқулъода[2] ва достоне аҷиб[3] тавсиф кардаанд. Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ (ваф.1389ҳ.ш.), муфассири шиа, ваҷҳи эъҷоз дар ин рӯйдодро ин дониста ки, бар хилофи қонуни табиӣ дар таваллуди инсонҳо, фарзанде аз модаре мутаваллид шуда ки бо ҷинси музаккар иртиботе надоштааст.[4] Худо дар Қуръон, ҳазрати Марям (с) ва фарзандаш Исо (а)-ро нишонае (оят) барои ҷаҳониён тавсиф кардааст.[5] Иллати чунин тавсиф ин дониста шуда, ки зани бокирае бидуни ин ки издивоҷ кунад ё башаре ӯро ламс кунад, фарзанде ба дунё оварда ва ин рухдод муъҷизае бузург ва нишонае барои мардум дар ҳамаи давронҳо хонда шудааст.[6]

Инҷили Луқо,
боби 1, ояти 34
Аммо чӣ гуна чунин чизе имкон дорад? Дасти ҳеҷ марде ҳаргиз ба ман нарасидааст.

Дар Қуръон аз покдомании ҳазрати Марям (с) дар сураи Анбиё[7] ва сураи Таҳрим[8] ёд шудааст. Таъкид ба покдомании Марям (с) дар Қуръонро посухе ба тӯҳмати яҳудиён ба ӯ донистаанд.[9] Дар бархе ривоёти тафсирии шиа, тасреҳ шуда ки бордории Марям (с) танҳо бо дамидан фиришта будааст.[10] Дар Қуръон, хилқати Исо (а) монанди хилқати Одам (а) дониста шудааст.[11] Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ (ваф.: 1360ҳ.ш.), муфассири шиа, ваҷҳи шабоҳатро ин дониста ки Исо (а) низ монанди Одам (а), бидуни ин ки падар дошта бошад, халқ шудааст.[12]

Бикрзоӣ: як тавҷеҳи илмӣ

Носир Макорими Шерозӣ, муфассири шиа, дар бораи рухдоди бордории Марям (с) ин саволро матраҳ карда ки оё, илова бар ҷанбаи эъҷозии ин рӯйдод, аз назари илмӣ имкони таваллуди навзод бидуни падар вуҷуд дорад?[13] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, бо пешрафти илм дар даврони модерн, имкони ин мавзуъ, таҳти унвони бикрзоӣ, таъид шудааст.[14] Бикрзоӣ равише аз тавлиди мисл аст, ки таи он пайдоиши ҷанин, ба лиҳози зистшиносӣ, фақат такя бар вуҷуди ҷинси мода асту ҷинси нар нақше дар тавлиди мисл надорад.[15] Гуфта шуда ки бикрзоӣ ба ду навъи табиӣ ва маснуъӣ вуҷуд дорад ва навъи табиии он дар бархе ҳашарот дида шудааст.[16] Ҳамчунин, таъйид шуда ки дар бархе гунаҳо, ба сурати озмоишгоҳӣ, бикрзоии маснуъӣ анҷом шудааст.[17] Гузориш шуда ки талошҳое барои анҷоми ин амал дар пистондорон сурат гирифта ки бо вуҷуди муваффақиятҳои аввалия[18] таъйидҳои илмии лозим барои истифодаи инсонӣ ба даст наёмадааст.[19]

Бордории Марям (с): гузориш ва чигунагӣ

Ба гузориши оёти Қуръон, Марям барои ибодат[20] дар хилватгоҳе, дар бахши шарқии Масҷидулақсо,[21] аз мардум канора гирифта буд.[22] Дар он ҷо, фариштае бар ӯ зоҳир шуд ки дар сураи Оли Имрон аз ӯ бо таъбири фаришта[23] ва дар сураи Марям бо таъбири рӯҳ[24] ёд шудааст. Муфассирон онро Ҷабраил донистаанд.[25] Дар сураи Марям, таъкид шуда ки фаришта ба шакли инсон бар Марям (с) зоҳир шудааст.[26] Аз назари муфассирон, ин рӯйдод мӯҷиби тарси Марям (с) шуд.[27] Ба гузориши муфассирон, Марям (с) аз шарри он шахс (фаришта) ба Худованд паноҳ бурд.[28] Бино бар оёти сураи Оли Имрон ва сураи Марям ва бархе тафсирҳои Қуръон, фаришта худро фиристодаи Худованд хонд[29] ва ба Марям башорати Худованд[30] барои таваллуди навзодеро расонд.[31] Дар сураи Оли Имрон, ин навзоди Масеҳ, Исо ибни Марям (а) хонда шуда ва аз муқаррабони даргоҳи Худо дониста шудааст.[32] Ба нақл аз Қуръон, Марям (с) дар робита бо ин башорат пурсид ки чӣ гуна ман соҳиби фарзанде мешавам, дар ҳоле ки ҳеҷ инсоне маро ламс накарда[33] ва зани бадкорае ҳам набудаам.[34] Бино бар ояти сураи Марям, фаришта пайдоиши навзод бидуни падарро барои Худованди коре осон баршумурдааст.[35]

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, Қуръон дар мавриди муддати замони бордории ҳазрати Марям (с) сухане нагуфтааст.[36] Муфассирон, назароти мухталифе дар бораи ин муддат ироа кардаанд:[37] аз чанд соат,[38] то 9 моҳ.[39] Гуфта шуда муддати бордорӣ дар ривоёт ҳам мутафовит гузориш шудааст.[40] Ибни Касир, муфассири аҳли суннат, қавли машҳурро 9 моҳ донистааст.[41]

Чигунагии бордорӣ

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, Қуръон дар бораи чигунагии бордории Марям (с) тавзеҳи сариҳе намедиҳад ва танҳо бо таъбири «дар ӯ аз рӯҳи худ дамидем»[42] аз он ёд мекунад.[43] Дар ривоёти тафсирии шиа, тасреҳ шуда ки бордорӣ танҳо бо дамидани фаришта будааст.[44] Макорими Шерозӣ назароти муфассирон дар бораи чигунагии бордориро мухталиф гузориш кардааст;[45] бархе муфассирон, бордории Марям (с)-ро ҳосили дамидани Ҷабраил дар гиребони ҷомаи Марям (с) донистаанд.[46] Гуфта шуда ки ин таъбир киноӣ аст ва манзур аз ҷома раҳим аст.[47] Шайхи Тӯсӣ (ваф.: 460ҳ.қ.), муфассири шиа, ин қавлро заиф донистааст.[48] Аллома Таботабоӣ манзур аз дамидани рӯҳ дар Марям (с)-ро киноя аз одӣ набудани пайдоиши Исо (а) дониста ки, бар хилофи дигар инсонҳо, бидуни таи масири табиӣ бавуҷуд омада ва монанди Одам (а) пайдоишаш ҳосили иродаи мутлақи Илоҳӣ будааст.[49] Муҳаммадҷаводи Муғния (ваф.: 1400ҳ.қ.), муфассири шиа, ҷараёни бордории Марям (с) ва пайдоиши Исо (а)-ро аз умуре медонад, ки итилоъи комил бар чигунагии он мумкин нест ва танҳо Худованд аз чигунагии он итилоъи комил дорад.[50]

Аз орзуи марг то таваллуди Исо (а)

«Таваллуди Масеҳ» асари Ҳусайни Беҳзод; асари баргузидаи мусобиқоти байналмилалии наққошӣ дар Нию-Йорк (1958)[51]

Ба гузориши Қуръон, Марям (с) барои канорагирӣ аз мардум ба макони дуре рафт.[52] Бархе муфассирон, ин макони дурро шаҳри Носира дар Фаластини имрӯзӣ донистаанд.[53] Бино бар ояти сураи Марям, дарди зоймон, Марям (с)-ро ба сӯи танаи хушки нахле[54] кашонд.[55] Марям (с) дар ин ҳангом орзуи марг кард: «кош, пеш аз ин мурда будам ва аз ёд рафта будам».[56] Сабаби ин орзуи Марям (с)-ро шарм аз мардум[57], тарс аз маломати онҳо[58] ва тарс аз рехтани обрӯ[59] донистаанд.

Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ, муфассири шиа, дар тафсири чароии ин гуфтори Марям (с) гуфтааст, Марям (с) духтари ҷавоне буд ки дунёро тарк карда ва масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ бар ӯҳда надошт; акнун чунин зане, дучори дарди зоймон шуда ва намедонад чӣ кунад. Оқибати вазнини иҷтимоии чунин рухдодеро дарк мекунад ва барои гурез аз он орзуи марг мекунад.[60] Макорими Шерозӣ тақозои марг аз сӯи Марям (с)-ро нишони ин дониста ки ӯ покдоманиро аз ҷонаш азизтар медоштааст.[61]

Ба гузориши оёти Қуръон, пас аз орзуи марг тавассути Марям (с) нидое аз поини пояш ба ӯ мерасад[62] то нороҳатиро аз ӯ дур кунад.[63] Нидодиҳандаро бархе Исо (а) ва бархе Ҷабраил донистаанд.[64] Ба гузориши Қуръон, Худованд ҷӯйборе дар поини пои Марям (с) ҷорӣ кард[65] ва аз нахл рутаби тоза барои ӯ фурӯ фиристод.[66] Муфассирон бар асоси оёти Қуръон гуфтаанд, ки пас аз он ба Марям (с) гуфта шуд ки аз ғизо бихӯрад, аз об банӯшад ва ба вуҷуди фарзандаш шодмон бошад.[67]

Ҳамчунин бубинед: Ояти 23 сураи Марям ва Ояти 26 сураи Марям

Бозгашти Марям (с) ба сӯи қавмаш

Ба нақл аз Қуръон, Марям (с) пас аз зоймон ба ҳамроҳи фарзандаш назди қавмаш бозгашт.[68] Ба нақл аз тафсирҳои Қуръон, дар ин ҳангом ба Марям (с) дастур дода шуд, то бо касе сухан нагӯяд ва рӯзаи сукут бигирад.[69] Ба нақл аз Қуръон, қавми Марям (с) ба ӯ гуфтанд ки кори нописанде анҷом додаӣ[70] ва барои таъна[71] хитоб ба ӯ гуфтанд: эй хоҳари Ҳорун,

падарат марди баде набуду модарат бадкора набуд.[72] Қуръон ин суханонро ифтиро ва бӯҳтони бузург баршумурдааст.[73]

Ба гузориши Файзи Кошонӣ, Марям (с) барои посух ба ифтирои қавмаш ба кӯдаки худ ишора кард.[74] Бино бар ояти сураи Марям, онҳо гуфтанд ки чӣ гуна бо кӯдаке ки дар гаҳвора аст сухан бигӯем?[75] Гуфта шуда ки дар ин ҳангом Исо (а), ба эъҷози Илоҳӣ, забон ба сухан гушуд[76] ва гуфт: «Ман бандаи Худо ҳастам. Ӯ китоб(-и осмонӣ) ба ман дода ва марои паёмбар қарор додааст».[77] Бархе муфассирон муътақиданд, ки Исо (а) бо ин муъҷиза покдомании модараш Марям (с)-ро собит кард.[78]

Тафовути ривояти Қуръон ва Инҷил дар бораи бордории Марям (с)

Бархе муҳаққиқон бо баррасии муқоисавии достони бордории Марям дар Қуръон ва Инҷил, чунин натиҷа гирифтаанд, ки ҳазрати Марям (с) дар Қуръон зотан эътибору манзалат дорад, аммо дар Инҷил танҳо замоне аз Марям (с) сухан гуфта мешавад, ки масаълае аз ҳазрати Исо (а) дар миён бошад. Дар Инҷил, Марям (с) ба ҷиҳати модар будан барои Исо (а) арзиш пайдо карда, вале дар Қуръон, Марям аз он ҷиҳат, ки Марям буда арзишманд аст.[79] Ривояти Қуръон дар бораи асли достони бордории Марям (с) нисбат ба ривояти Инҷили муфассалтар аст;[80] Қуръон ва Инҷил дар бораи бокира будани Марям (с) иттифоқи назар доранд, вале дар ривояти Инҷили ҷузъиёте дар бораи Марям (с) пеш аз бордорӣ ҳаст, ки дар Қуръон наёмада, аз ҷумла ин ки Марям (с) дар ақди касе ба ном Юсуф буда ки қабл аз издивоҷ бо ӯ Марям (с) бордор мешавад.[81]

Дар бораи ҷузъиёти рухдодҳои баъд аз бордории Марям (с) байни ривояти Қуръон ва Инҷил тафовутҳое нишон дода шудааст: ин ки дар Қуръон Марям (с) дар ҳангоми зоймон берун аз шаҳр дар зери нахли хушк танҳо буда, вале дар ривояти Инҷил Марям (с) дар хонаи Юсуф ё дар мусофирхонае дар шаҳр будааст;[82] ин ки дар Қуръон аз сухан гуфтани Исо (а) дар гаҳвора барои исботи покии модараш ёд шуда, аммо дар Инҷил чунин ривояте вуҷуд надорад;[83] ин ки дар Қуръон Исо (а) дар гаҳвора ба набуввати худ гувоҳӣ медиҳад, вале дар Инҷил ашхоси дигаре, чун чӯпонон ва ситорашиносон, ба хос будани навзод пай мебаранд.[84]

Эзоҳ

  1. Пӯё, «Таваллуди Масеҳ (а) дар Қуръон ва Инҷил», саҳ.3
  2. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.125
  3. Зуҳайлӣ, Тафсир-ул-васит, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1468
  4. Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.30
  5. Сураи Анбиё, ояти 91
  6. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.370
  7. Сураи Анбиё, ояти 91
  8. Сураи Таҳрим, ояти 12
  9. Тоҳириниё, «Сохтори нишонаии шахсияти ҳазрати Марям дар Қуръони Карим», саҳ.51
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.789
  11. Сураи Оли Имрон, ояти 59
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.212
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.58
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.58
  15. «بکرزایی انقلابی در دانش تولید مثل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  16. «تحقیق در مورد بکرزایی», сайти Mag IRANS
  17. «تحقیق در مورد بکرزایی», сайти Mag IRANS
  18. «بکرزایی انقلابی در دانش تولید مثل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  19. «بکرزایی انقلابی در دانش تولید مثل», Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.35
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.34
  22. Сураи Марям, ояти 17
  23. Сураи Оли Имрон, ояти 45
  24. Сураи Марям, ояти 17
  25. Барои намуна ниг.: Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63
  26. Сураи Марям, ояти 17
  27. Барои намуна ниг.: Зуҳайлӣ, Тафсир-ул-васит, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1468
  28. Барои намуна ниг.: Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири осон, 1398ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315
  29. Сураи Марям, ояти 19
  30. Сураи Оли Имрон, ояти 45
  31. Барои намуна ниг.: Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.78
  32. Сураи Оли Имрон, ояти 45
  33. Сураи Оли Имрон, ояти 45
  34. Сураи Марям, ояти 20
  35. Сураи Марям, ояти 21
  36. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.40
  37. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-ъазим, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.196
  38. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.277
  39. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.40
  40. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.40
  41. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-ъазим, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.196
  42. Сураи Таҳрим, ояти 12
  43. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.39
  44. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.789
  45. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.39
  46. Барои намуна ниг.: Мақотил ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.380
  47. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.10, саҳ.54
  48. Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.7, саҳ.276
  49. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.316
  50. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.10
  51. «تولد مسیح / موزه استاد بهزاد», Маҷмуъаи фарҳангӣ-торихии Саъдобод
  52. Содиқии Теҳронӣ, ал-Балоғ, 1419ҳ.қ., саҳ.306
  53. Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.40
  54. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.42
  55. Сураи Марям, ояти 23
  56. Сураи Марям, ояти 23
  57. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.42
  58. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8
  59. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.44
  60. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.32
  61. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.44
  62. Сураи Марям, ояти 24
  63. Сураи Марям, ояти 24
  64. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.790; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.510
  65. Шайбонӣ, Наҳҷулбаён, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.309
  66. Сураи Марям, ояти 25
  67. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.42
  68. Сураи Марям, ояти 27
  69. Барои намуна ниг.: Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.433
  70. Сураи Марям, ояти 27
  71. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.374
  72. Сураи Марям, ояти 28
  73. Сураи Нисо, ояти 156
  74. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.279
  75. Сураи Марям, ояти 29
  76. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.513
  77. Сураи Марям, ояти 30
  78. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.513
  79. «نگاه قرآن کریم و کتاب مقدس به مریم‌(س) چگونه است؟», Ислом-квест
  80. Пӯё, «Таваллуди Масеҳ (а) дар Қуръон ва Инҷил», саҳ.5
  81. Пӯё, «Таваллуди Масеҳ (а) дар Қуръон ва Инҷил», саҳ.6
  82. Биёбонии Ускуӣ, «Таваллуди ҳазрати Масеҳ дар Қуръон ва Аҳди ҷадид», саҳ.35
  83. Биёбонии Ускуӣ, «Таваллуди ҳазрати Масеҳ дар Қуръон ва Аҳди ҷадид», саҳ.35
  84. Биёбонии Ускуӣ, «Таваллуди ҳазрати Масеҳ дар Қуръон ва Аҳди ҷадид», саҳ.35

Ёддошт

Сарчашма

  • نگاه قرآن کریم و کتاب مقدس به مریم‌(س) چگونه است؟, Ислом-квест.
  • بکرزایی انقلابی در دانش تولید مثل, Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 урдибиҳишти 1383ҳ.ш., санаи боздид: 14 дайи 1402ҳ.ш.
  • تحقیق در مورد بکرزایی, сайти Mag IRANS, санаи боздид: 14 даии 1402ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзили ва асрор-ут-таъвил, таҳқиқи Муҳаммад Абдурраҳмон ал-Маръашлӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Биёбонии Ускуӣ, Муҳаммад, «Таваллуди ҳазрати Масеҳ дар Қуръон ва Аҳди ҷадид», дар маҷаллаи Саҳифаи Мубин, № 8, 1375ҳ.ш.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба ибни Мустафо, Тафсир-ул-васит, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-ъазим, таҳқиқи Сомӣ ибни Муҳаммад Саломат, Дору тайибатин ли-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1420ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мақотил ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, таҳқиқи Абдуллоҳи Маҳмуди Шаҳота, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дору муҳибби-л-Ҳусайн, 1419ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
  • Наҷафии Хумайнӣ, Муҳаммадҷавод, Тафсири осон, Теҳрон, интишороти Исломия, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Пӯё, Аъзам, تولد مسیح(ع) در قرآن و انجیل, дар маҷаллаи Фиқҳ ва ҳуқуқи хонавода, № 6, тобистони 1376ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Балоғи фии Тафсир-ул-Қуръони болқрон, Қум, бено, 1419ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи Тафсир-ул-Қуръон, муқаддамаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии Тафсир-ул-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ул-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Тоҳириниё, Алӣ ва Зуҳраи Ҳайдарӣ, «Сохтори нишонаии шахсияти ҳазрати Марям дар Қуръони Карим», дар маҷаллаи Лисони мубин, № 15, баҳори 1393ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибёну фиТафсир-ул-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб ал-Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-милоки ли-т-табоати ва-н-нашр, 1419ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни шоҳи Муртазо, Тафсир-ус-софӣ, таҳқиқи Ҳусайни Аъламӣ, Теҳрон, интишороти ас-Садр, 1415ҳ.қ.
  • Шайбонӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Наҳҷулбаёни ан кашфи маъони-ил-Қуръон, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаъорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон дар тафсири Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Лутфӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, интишороти Ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.