Ҳалол

Аз wikishia
Нишонвораи Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол, ки дар навори ҳошияи он навишта шуда «Созмони густариши тиҷорати байналмилалии ҳалол».[1]

Ҳалол (арабӣ: حلال) дар муқобили ҳаром ва ба маънои он чи ки аз назари шаръ ва ақл, раво ва ҷоиз аст. Дар бархе манобеи фиқҳӣ, вожаи «ҳалол» мутародиф бо мубоҳ дар назари гирифта шуда, аммо дар тафовути он ду гуфтаанд ҳалол аз аҳкоме аст, ки ба таври мустақим ба афъоли мукаллафин таъаллуқ намегирад ва аз мубоҳ омтар аст; чароки ҳар мубоҳе ҳалол аст вале ҳар ҳалоле, мубоҳ нест.

Биноба назари фуқаҳо, агар дар ҳаром ё ҳалол будани чизе шак шуд, мутобиқи қоидаи ҳиллият, ба ҳалол будан он, ҳукм мешавад. Дар ривоёт ба ёдгирии аҳкоми ҳалолу ҳаром ва касби рӯзии ҳалол сифориш шудааст.

Дар соли 2007-уми мелодӣ Муассисаи ҷаҳонии ҳалол барои густариши фарҳанги ҳалол таъсис шуд. Ҳамчунин рӯзи 17 моҳи Рамазон ба рӯзи ҷаҳонии ҳалол номгузорӣ шудааст.

Маъношиносӣ

Ҳалол дар муқобили ҳаром, ба маънои он чи ки аз назари шаръ ва ақл, раво ва ҷоиз аст.[2] Ба баёне дигар он чи ки ҳукми ҳурмат аз он бардошта шуда ва анҷом ё таркаш муҷиби иқоб намешавад.[3]

Ҳалол дар луғат ба маънои «боз кардани гиреҳ» аст.[4] Ба гуфтаи Алиакбари Қарашӣ, «ҳилл» ба маънои ҳалол ва истиора аз боз кардану гушоиш дар чизе аст ва ҳалол, он чизест ки аз мамнуият боз ва озод шудааст.[5]

Бино ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, корбурд «яҷузу=یجوز» дар каломи фуқаҳо гоҳе ба маъноӣ «ясиҳҳу» (дуруст будани чизе) ва гоҳе низ ба маъноӣ «яҳиллу», (ҳалол будани чизе) аст ва дар умуре ки шаръан мамнуияте дар он нест, ба кор меравад.[6]

Дар ривоятӣ ки аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, фарогирии як ҳадис дар бораи ҳалолу ҳаром аз шахси ростгӯ, аз дунё ва тиллову нуқраҳои он бартар дониста шудааст.[7]

Фарқи ҳалол бо мубоҳ

Мақолаи аслӣ: Мубоҳ

Бархе вожаи «ҳалол»-ро бо «мубоҳ» муродиф донистаанд;[8] бархе дигар байни ин ду вожа фарқ гузошта[9] ва тафовутҳое барои онҳо зикр кардаанд ки иборатанд аз:

  • Ҳалол дар фиқҳ муқобили ҳаром ба кор меравад ва шомили умури ғайриҳаром монанди: воҷиб, мустаҳаб, макруҳ ва мубоҳ низ мешавад.[10] Аз ин рӯ ҳалол омтар аз мубоҳ аст; яъне ҳар мубоҳе ҳалол аст вале ҳар ҳалоле мубоҳ нест. Монанди макруҳ ки ҳалол аст аммо мубоҳ нест.[11]
  • Мубоҳ аз аҳкоми таклифӣ аст ва ба таври мустақим ба афъоли мукаллафон таъаллуқ мегирад;[12] аммо ҳалол аз аҳкоми вазъист ва ба ашёи хориҷӣ таъаллуқ мегирад.[13]
  • Ҳалол ба маънои боз кардани гиреҳи таҳрим ва аз байн рафтани мамнуъият аст; дар ҳоле ки мубоҳ ба маънои озодӣ дар феъл, аз ҷиҳати анҷом ва тарк аст.[14]

Қоидаи ҳиллият

Мақолаи аслӣ: Қоидаи ҳиллият

Қоидае фиқҳӣ ки бар ҷоиз будани тасарруф дар умуре ки дар ҳалол ё ҳаром будан он тардид вуҷуд дорад, дилолат мекунад.[15] Бар асоси ин қоида замоне ки дар ҳаром ё ҳалол будани чизе шак шавад, ба ҳалол будан он ҳукм мешавад.[16] Барои исботи ин қоида ба ояи 29 сураи Бақара «Ӯст ки ҳамаи он чиро дар замин аст барои шумо офарид.»[17] ва ҳадиси «ҳар чизе бар ту ҳалол аст магар он ки ба ҳаром будан он илм дошта бошӣ.»[18] истинод шудааст.

Рӯзии ҳалол

Рӯзии ҳалол, даромаде аст, ки дар чорчӯби қавонини шаръӣ касб шуда ва дар он ҳуқуқи Худо, монанди: хумс ва закот риоят шуда бошад ва ҳамчунин ҳаққунносе дар он набошад.[19] Дар ривоёт ба аҳамияти касби рӯзии ҳалоли ишора шудааст.[20] Ба унвони намуна дар ривояте аз Имом Содиқ (а) касе ки барои касби рӯзии ҳалол талош мекунад ба касе ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад, ташбиҳ шудааст.[21] Ҳамчунин дар ривояте аз Паёмбар (с) нақл шуда ки ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва болотарин ҷузъи он касби рӯзии ҳалол аст.[22] Ҳамчунин дар осори адабии форсу тоҷик низ баҳси рӯзии ҳалол инъикос доштааст.[23]

Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол

Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол дар соли 2007 мелодӣ ба манзури густариши фарҳанги ҳалол таъсис шуд. Ин муассиса дар ҳавзаҳои саноеъ ва маводи ғизоӣ, доруиву ороишӣ, ресторану ҳотелҳо, гардишгарӣ, варзиш ва бозаргонии ҳалол фаъолият мекунад.[24] Ҳамчунин рӯзи 17 Рамазон ба унвони рӯзи ҷаҳонии ҳалол номида шудааст.[25] Бино ба гузориши Пойгоҳи хабарии ИКНО, ба ҷиҳати ин ки дар 17 Рамазон ояи « يَا أَيُّهَا النَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي الأَرْضِ حَلاَلًا طَيِّبًا; эй мардум аз он чи дар замин ҳалол ва покиза аст бихӯред.»[26] нозил шуда, ин рӯз ба Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол номгузорӣ шудааст.[27] Ҳамасола дар ин рӯз, ҳамоиши бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол баргузор мешавад ва муҳимтарин рӯйдодҳо, масоил ва мушкилоти санъати ҳалол мавриди баррасӣ қарор мегирад.[28] Аввалин давраи ин ҳамоиш дар Эрон, дар 15-уми тири 1393 ҳ.ш. дар Маркази ҳамоишҳои бурҷи Мелоди Теҳрон, баргузор гардид.[29]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. «Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол», сайти Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419 қ, саҳ.216
  3. Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ул-алфоз-ул-фиқҳийя, Дор-ул-фазила, ҷ.1, саҳ.585
  4. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, зайли вожаи «ҳилл»
  5. Қарашӣ, Қомуси Қуръон, зайли вожа «ҳилл»
  6. Ҳафновӣ, Ганҷинаи истилоҳоти фиқҳӣ ва усулӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.89
  7. Барқӣ, ал-Маҳосин, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, ҷ.1, саҳ.229
  8. Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1424 қ, ҷ.2, саҳ.83
  9. Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1424 қ, ҷ.2, саҳ.84
  10. Саъдӣ, ал-Қомус-ул-фуқаҳо луғатан ва истилоҳан, 1408 қ, саҳ.99
  11. Саъдӣ, ал-Қомус-ул-фуқаҳо луғатан ва истилоҳан, 1408 қ, саҳ.99
  12. Садр, Дурусун фи илм-ил-усул, 1406 қ, ҷ.1, саҳ.53; Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.218
  13. Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.106
  14. Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1424 қ, ҷ.2, саҳ.84
  15. Ниг.: Вилоӣ, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.85
  16. Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийя, 1423ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.320
  17. Фозили Тунӣ, ал-Вофия, 1412ҳ.қ., саҳ.185
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.542; Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариа, 1426ҳ.қ., саҳ.193
  19. Исозода, «Нақши ризқи ҳалол дар саломати маънавии инсон аз дидгоҳи оёт ва ривоёт», саҳ.3
  20. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.12
  21. Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.15
  22. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.12
  23. Барои намуна ниг.: Луқмаи ҳалол аз назари Мавлоно
  24. «Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол», сайти Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол
  25. «Дуюмин ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол» моҳи Рамазон баргузор мешавад», хабаргузории ИКНО
  26. Сураи Бақара, ояи 168
  27. «Дуюмин ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол» моҳи Рамазон баргузор мешавад», хабаргузории ИКНО
  28. «Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол», Муассисаи байни алмилалии Ҳалол
  29. «Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол», Муассисаи байни алмилалии Ҳалол

Сарчашма

  • «Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол», Муассисаи байни алмилалии Ҳалол, мушоҳида: 3 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • «Дуюмин ҳамоиши «Рӯзи ҷаҳонии Ҳалол» моҳи Рамазон баргузор мешавад», хабаргузории ИКНО, дарҷи матлаб: 27 меҳри 1393ҳ.ш., мушоҳида: 3 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • «Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол», сайти Муассисаи ҷаҳонии Ҳалол, мушоҳида: 3 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Абдулмунъим, Маҳмуди Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот-ул-алфоз-ул-фиқҳийя, Қоҳира, Дор-ул-фазила, бе то.
  • Акбарӣ, Маҳмуд, Ҳалол ва ҳаром, интишороти Фитён, 1391ҳ.ш.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, бе то.
  • Вилоӣ, Исо, Фарҳанги ташреҳии истилоҳоти усул, Теҳрон, нашри Най, 1387ҳ.ш.
  • Исозода, Исо ва Некзоди Исозода, «Нақши ризқи ҳалол дар саломати маънавии инсон аз дидгоҳи оёт ва ривоёт», вижаномаи улуми инсонии Саломат, №1, поизи 1398ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Ёқуб, ал-Кофӣ, Қум, интишороти дорулҳадис, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри ал-Ҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, ал-Мавсуат-ул-фиқҳийя, Қум, Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маориф-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, Муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1408ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1412ҳ.қ.
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Дурусун фи илм-ил-усул, Бейрут, Дор-ул-китоб-ул-лубнонӣ, 1406ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Абуҷиб, ал-Қомус-ул-фуқаҳо луғатан ва истилоҳан, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариати фи шарҳи Таҳрир-ил-васила (ал-Иҷтҳоду ва-т-тақлид), Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи атҳор (а), 1426ҳ.қ.
  • Фозили Тунӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Вофияи фи усул-ил-фиқҳ, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ҳафновӣ, Муҳаммадиброҳим, Ганҷинаи истилоҳоти фиқҳӣ ва усулӣ, тарҷума: Файзи Муҳаммади Балӯч, Турбати Ҷом, интишороти Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, 1395ҳ.ш.