Аҳмад
Аҳмад (форсӣ: احمد) аз номҳои машҳури Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар Қуръон ба кор рафта. Аҳмад ба маънои сутудатарин ё ситояндатарин аст. Бар асоси ривоятҳо интихоби ин ном бо илҳоми Илоҳӣ ва ба сабаби сутудагии Пайғамбар назди осмониён ва заминиён сурат гирифтааст.
Бино бар ривоёти исломӣ башорати зуҳури Пайғамбар дар китобҳои осмонии пешин, монанди Инҷил, бо ин ном зикр шуда ва мусалмонон бар ин боваранд, ки вожаи Фориқлит дар Инҷилҳои кунунӣ ишора ба Аҳмад дорад. Ин ном дар шеъри шоирони садри Ислом ҳамчун Абутолиб ва Ҳассон ибни Собит ба кор рафта ва дар адабиёти форсу тоҷик бозтоб доштааст.
Дар бораи ин ки таърихан номи Аҳмад бар Муҳаммад муқаддам аст ё бартарии номи Муҳаммад аз назари шуҳрат ва собиқаи истеъмол, миёни соҳибназарон ихтилофи назар вуҷуд дорад.
Номгузории Пайғамбар ба Аҳмад
Аҳмад аз номҳои Пайғамбар (с) аст[1] ки дар ояти шашуми сураи Сафф[2] дар заминаи башорати ҳазрати Исо (а) ба омадани пайғамбаре пас аз худ, ба он ишора шудааст.[3]
Бар асоси ривоёт, интихоби номи Аҳмад барои Пайғамбар, реша дар илҳоми Илоҳӣ дорад. Чунонки дар даврони ҳомиладории Омина модари Пайғамбар, нидои ғайбие ӯро ба номгузории фарзандаш ба ин ном даъват кард.[4] Абутолиб низ дар рӯзи ҳафтуми воладати пайғамбар, ин номро ба сабаби ситоиши осмониёну заминиён барои Пайғамбар интихоб кард.[5]
Мафҳумшиносӣ
Аҳмад ба ду маънои «ситояндатарин» (касе ки аз ҳама бештар ситоиш мекунад) ва «сутудатарин» (касе ки аз ҳама бештар ситоиш мешавад) тафсир шудааст.[6] Баъзе уламои аҳли суннат бо истинод ба ривояте[7] маънои аввалро афзал мешуморанд.[8] Баъзе манбаъҳои шиа бар асоси ҳадисе аз Пайғамбар (с), номи Муҳаммадро баёнгари ситоиши заминӣ ва Аҳмадро нишондиҳандаи баландтарин ситоиш назди осмониён медонанд.[9] Бархе муҳаққиқон ин ду номро дар як маънои «сутуда» муштарак медонанд, вале бо ин фарқ, ки Муҳаммад баёнгари касрат ва фаровонии ситоиш аст (каммият), дар ҳоле ки Аҳмад нишондиҳандаи сифат ва баландтарин дараҷаи ситоиш мебошад (кайфият).[10] Ҳасани Мустафавӣ, пажуҳишгари шиа, дар китоби Таҳқиқ, Аҳмадро ба маънои «писандидатарин» тарҷума кардааст.[11]
Имом Хумайнӣ бо нигоҳе ирфонӣ, Муҳаммадро номи мулкӣ ва Аҳмадро номи малакутии Пайғамбар (с) муаррифӣ кардааст.[12]
Муқаддам будани номи Аҳмад бар Муҳаммад
Дар бораи номгузории Пайғамбар (с) ба Муҳаммад ё Аҳмад ва ин ки кадом як муқаддам буда, дидгоҳҳои гуногун мавҷуданд. Баъзе бо истинод ба зикри номи Аҳмад дар ояти 6 сураи Сафф[13] ва ишораи манбаъҳои таърихӣ ба пешогаҳии аҳли китоб аз ин ном,[14] муқаддам будани номи Аҳмадро қатъӣ мешуморанд. Дар муқобил, ҷамъе бо далели бесобиқа будани ин ном дар байни арабҳои пеш аз Ислом, бар муқаддам ва машҳур будани номи Муҳаммад такя доранд.[15] Бо вуҷуди ин, ба гувоҳии таърих аз истифодаи ин ном дар байни баъзе қабилаҳои араби ҷоҳилӣ ҳикоят мекунанд.[16] Баъзе аз ин гурӯҳ, ин гуна номгузориро нишонае аз ҳикмат ва лутфи Худованд донистаанд, то касе бо Аҳмади мавриди башорати Исо (а) иштибоҳ накунад.[17]
Дидгоҳи сеюм номгузорӣ ба Аҳмадро маҳдуд ба ҳангоми байни башорати Таврот ва номгузории ӯ ба Муҳаммад дар даврони ҳаёташ мешуморад.[18] Бо ин ҳол, баъзе бар ин боваранд, ки номи Аҳмад нисбат ба Муҳаммад ва Маҳмуд то охири қарни якуми ҳиҷрӣ ривоҷи чандоне надоштааст.[19]

Номи Аҳмад дар китобҳои осмонӣ
Бар асоси ривоятҳои исломӣ, номи Аҳмад дар китобҳои осмонии пешина монанди Таврот ва Инҷил зикр шудааст.[20] Дар ҳадисҳо, аз ин ном бо унвонҳои гуногун чун Аҳид, Фориқлит ва Мозмоз ёд шудааст.[21] Дар мунозираи Имом Ризо (а) бо олими яҳудӣ низ ба пешгӯии пайғамбар Ҳабаққуқ дар бораи пайғамбаре бо номи Аҳмад истинод шудааст.[22] Ҳарчанд ба қавли Аллома Таботабоӣ дар нусхаҳои ҳозираи Инҷил ин ном ба таври расмӣ оварда нашудааст,[23] вале мусулмонон бовар доранд, ки калимаи Фориқлит дар Инҷили Яҳё,[24] таҳрифшудаи калимаи юнонӣ «Периклутос» ба маънои «сутудашуда» (Аҳмад) мебошад.[25] Инчунин дар матнҳои қадими ибронӣ чун «Сифри Пайдоиш», «Маъдмаъд» истифода шудааст[26] ки ба «хеле бисёр» тарҷума шудааст[27] ва баъзе онро бо Аҳмад муқоиса кардаанд.[28]
Бозтоби номи Аҳмад дар шеъри арабӣ ва адабиёти форсу тоҷик
Аҳмад ҳамчун номи Пайғамбар (с) дар матнҳои шеърии бозмонда аз шоирони даҳаҳои аввали қарни якуми ҳиҷрӣ чун Ҳассон ибни Собит,[29] Ибни Зибаърӣ,[30] Имраулқайси Киндӣ[31] ва Каъб ибни Молик[32] сабт шудааст. Инчунин дар ашъори Абутолиб амаки Пайғамбар, мавориди зиёде вуҷуд дорад, ки Пайғамбар (с) бо номи Аҳмад шинохта шудааст. Барои намуна:
Номи Аҳмад дар шеъри шоирони форсу тоҷик низ бозтоб доштааст; аз ҷумла Шайх Маҳмуди Шабистарӣ шоир ва орифи қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ чунин месарояд:
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ дар осораш фаровон аз ин ном ёд кардааст, аз ҷумла:
Эзоҳ
- ↑ Ибн Қаййим, «Заду-л-маод», 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38; Қозӣ Аёз, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Сураи Сафф, ояти 6
- ↑ Рӯҳӣ ва Шарифӣ, «Аҳмад», ҷ.2, саҳ.325
- ↑ Ибни Саъд, «ат-Табақот-ул-кубро», 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
- ↑ Кулайнӣ, «ал-Кофӣ», 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.34
- ↑ Ибн Қаййим, «Зод-ул-маод», 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38; Қозӣ Аёз, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229
- ↑ Бухорӣ, «Саҳиҳ», 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.84, ҳадис 4712
- ↑ Қозӣ Аёз, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229; Суҳайлӣ, «ар-Равз-ул-анф», 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.153
- ↑ Қумӣ, «Тафсир-ул-Қумӣ», 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.365
- ↑ Маҳҷуб, «ал-Мавсуат-уз-заҳабия», 1993 м., ҷ.2, саҳ.633
- ↑ Мустафавӣ, «ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим», 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.282
- ↑ Содиқӣ Арзагонӣ, «Паёмбари аъзам дар нигоҳи ирфонии Имом Хумайнӣ», 1386ҳ.ш., саҳ.21-27
- ↑ Суҳайлӣ, «ар-Равз-ул-анф», 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.153
- ↑ Ибни Асокир, «Таърихи Димишқ», 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.417
- ↑ Қозӣ Аёз, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229-230; Маҳҷуб, «ал-Мавсуат-уз-заҳабия», 1993 м., ҷ.2, саҳ.633
- ↑ Ибни Ҳазм, «Ҷамҳарату ансоб-ил-араб», 1983 м., саҳ.400; Ибни Дурайд, «ал-Иштиқоқ», 1411ҳ.қ., саҳ.9
- ↑ Қозӣ Аёз, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.230
- ↑ Ибни Қаййим, «Ҷало-ул-афҳом», 1407ҳ.қ., саҳ.200
- ↑ Покатчӣ, «Аҳмад», ҷ.6, саҳ.2797
- ↑ Шайх Садуқ, «ал-Хисол», 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.425; Қуртубӣ, «ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон», 1634ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.84
- ↑ Суютӣ, «ал-Хисоис-ул-кубро», 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
- ↑ Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо (а)», 1378ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.165
- ↑ Таботабоӣ, «ал-Мизон», 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.254
- ↑ Аҳди Ҷадид, Инҷили Яҳё, боби 14, ояти 16 ва 26; боби 15, ояти 26 ва боби 16, ояти 7
- ↑ Шокир, «Башоратҳои Аҳдайн дар бораи Паёмбари акрам (с)», саҳ.126
- ↑ Китоби Муқаддас, Китоби Пайдоиш, боби 17, ояти 20
- ↑ Ниг.: Ибн Қаййим, «Ҷало-ул-афҳом», 1407ҳ.қ., саҳ.195-198
- ↑ Рӯҳӣ ва Шарифӣ, «Аҳмад», ҷ.2, саҳ.327
- ↑ Ҳассон ибни Собит, «Девони Ҳассон», 1974 м., ҷ.1, саҳ.270
- ↑ Ибни Тайфур, «Китобу Бағдод», 1423ҳ.қ., саҳ.53
- ↑ Ибни Ҳабиб, «ал-Муҳаббар», 1421ҳ.қ., саҳ.207
- ↑ Ибни Ҳабиб, «ал-Муҳаббар», 1421ҳ.қ., саҳ.275
- ↑ Ал-Меҳзамӣ, «Девони Абутолиб ибни Абдулмутталиб», 2003 м., саҳ.332; Ҷаҳати дидани абёти дигар мансуб ба Абутолиб бо ҳамин мазмун, Ниг.: Суҳайлӣ, «ар-Равз-ул-анф», 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.157
- ↑ Шабистарӣ, «گلشن راز» Бахши 1, Дебоча, банди 19 ва 20
- ↑ Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин, Маснавии маънавӣ, Дафтари аввал, Бахши аввал
Сарчашма
- Қуръон
- ал-Меҳзамӣ, Абуҳиффон, «Девони Абутолиб ибни Абдулмутталиб», таҳқиқ: Оли Ёсин, Муҳаммадҳасан, Бейрут, баном, 2003 м.
- Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин, Маснавии маънавӣ, Дафтари аввал, Бахши аввал
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, «Саҳиҳ», таҳқиқ: Муҳаммад Заҳир ибни Носир, Димишқ, Дор тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Ибн Қаййим, Муҳаммад ибни Абибакр, «Зод-ул-маод фи ҳудо хайр-ил-ибод», муҳаққиқ: Шофеӣ Анасмуҳаммад, Қоҳира, Дор-ул-офоқ-ил-арабия, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, «Таърихи Димишқ», муҳаққиқ: Амр ибни Ғарома, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Ибни Дурайд, Муҳаммад ибни Ҳасан, «ал-Иштиқоқ», таҳқиқ ва шарҳ: Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Лубнон, Дор-ул-ҷил, Бейрут, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ибни Қаййим, Муҳаммад ибни Абибакр, «Ҷало-ул-афҳом фи фасл-ис-салот ало Муҳаммад хайр-ил-аном», ал-Кувайт, Дор-ул-уруба, чопи дувум, 1407ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, «ат-Табақот-ул-кубро», таҳқиқ: Ато, Муҳаммад Абдулқодир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Тайфур, Абулфазл Аҳмад, «Китобу Бағдод», муҳаққиқ: Сайид Иззатулаттор ал-Ҳусайнӣ, Миср, Қоҳира, Мактабат-ул-хонҷӣ, чопи севум, 1423ҳ.қ.
- Ибни Ҳабиб, Муҳаммад, «ал-Муҳаббар», таҳқиқ: Кисравӣ, Ҳасан, Қоҳира, Дор-ул-ғад-ил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, «Ҷамҳарату ансоб-ил-араб», таҳқиқ: Луҷна мин-ал-уламо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1983
- Китоби Муқаддас, (Аҳди Ҷадид), тарҷума: Пирӯзи Сайёр, Ткҳрон, нашри Най, чопи чорум, 1394ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, «ал-Кофӣ», муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Қозӣ Аёз, Абулфазл, «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо», Димишқ, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, «Тафсир-ул-Қумӣ», муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Тайиб, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, «ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон», Теҳрон, Носири Хусрав, чопи аввал, 1634ҳ.ш.
- Маҳҷуб, Фотима, «ал-Мавсуат-уз-заҳабия ли-л-улум-ил-исломия», Қоҳира, Дор-ул-ғад-ил-арабӣ, чопи аввал, 1993 м.
- Мустафавӣ, Ҳасан, «ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим», Теҳрон, Вазорати фарзан ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1368ҳ.ш.
- Покатчӣ, Аҳмад, «Аҳмад», Донишномаи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1373ҳ.ш.
- Рӯҳӣ, Абулфазл ва Шарифӣ, Аҳмадҳусайн, «Аҳмад», Доират-ул-маорифи Қуръони карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
- Содиқӣ Арзагонӣ, Муҳаммадамин, «Паёмбари аъзам дар нигоҳи ирфонии Имом Хумайнӣ», Теҳрон, Уруҷ, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
- Суҳайлӣ, Абдурраҳмон, «ар-Равз-ул-анф фи шарҳ-ис-сират-ин-набавия», Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолуддин, «ал-Хисоис-ул-кубро», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон», Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Ҳассон ибни Собит, «Девони Ҳассон ибни Собит ал-Ансорӣ», Бейрут, Дор Содир, 1974 м.
- Шабистарӣ, «گلشن راز», сайти Ганҷур
- Шайх Садуқ, «ал-Хисол», муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1362ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, «Уюну ахбор-ир-Ризо (а)», муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
- Шокир, Муҳаммадкозим, «Башоратҳои Аҳдайн дар бораи Паёмбари акрам (с)», дар маҷаллаи Пажӯҳишномаи Қуръон ва ҳадис, №7, тобистон ва поизи 1389ҳ.ш.