Чор мурғи Иброҳим
Чор мурғи Иброҳим (форсӣ: چهار مرغ ابراهیم) ё чормурғ, ба достони чаҳор паррандае ишора дорад, ки Иброҳими пайғамбар онҳоро кушт ва сипас зинда шуданашонро мушоҳида кард. Ин моҷаро дар Қуръон дар ояти 260 сураи Бақара нақл шуда ва аз ҳодисаҳои хориқулода дар зиндагии ҳазрати Иброҳим (а) ба шумор меояд.
Дар ривоёти исломӣ омадааст, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҳангоми убур аз канори дарё, аҷзои парокандаи мурдореро мушоҳида кард, ки ҳайвонот аз он ғизо мегиранд. Ин саҳна ӯро ба тафаккур дар бораи чӣ гуна зинда шудани мурдагон водошт ва аз Худо хост то ба ӯ нишон диҳад, ки чӣ гуна мурдагон зинда мешаванд. Худованд ба ӯ фармон дод, ки чаҳор навъ паррандаро интихоб карда, онҳоро тикка-тикка кунад ва аҷзояшонро бар кӯҳҳо қарор диҳад ва сипас онҳоро фаро хонад. Бо ин фарохонӣ, паррандагон аз аҷзои пароканда гирд омада ва зинда шуданд. Ин воқеа муҷиби итминони қалбии ҳазрати Иброҳим (а) ба қудрати Худованд бар эҳёи мурдагон шуд.[1]
Бархе ин моҷароро тамсилӣ донистаанд, аммо муфассирон бо нақди ин дидгоҳ, ҳодисаро воқеӣ медонанд. Дар миёни тафсирҳои шиа, Тафсири Тасним ба таври муфассал ба баррасии ин мавзуъ пардохтааст.[2]
Дар бораи навъи чаҳор парранда, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Бино ба ривояте аз Имом Содиқ (а), ин паррандагон товус, хурӯс, кабӯтар ва зоғ будаанд.[3] Дар манобеи аҳли суннат низ товус зикр шуда, аммо дар бораи се паррандаи дигар ихтилофи назар вуҷуд дорад ва аз паррандагоне монанди хурӯс, кабӯтар, зоғ, уқоб, мурғобӣ, ҳудҳуд ва шутурмурғ ном бурда шудааст.[4]
Бархе муфассирон ин чаҳор паррандаро рамзи вижагиҳои ахлоқии инсон донистаанд; аз ҷумла товус рамзи такаббур, хурӯс рамзи шаҳват, кабӯтар рамзи саргармию ғафлат ва зоғ рамзи орзуҳои дуру дароз.[5]
Мавлавӣ низ дар дафтари панҷуми Маснавии маънавӣ бо нигоҳе тамсилӣ чаҳор паррандаро намунае аз сифоти нафсонии инсон муаррифӣ кардааст:
Эзоҳ
- ↑ Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.305, ҳ.472; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.36, ва ҷ.12, саҳ.61
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.296
- ↑ Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.142
- ↑ Фахри Розӣ, Тафсири Кабир, 1405ҳ.қ., ҷ.7 саҳ.45
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.353
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, Чопхонаи илмия, Теҳрон, 1380ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1373ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсир-ул-Кабир, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1405ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Нашри Исро, 1388ҳ.ш.