Ҳадиси Сақалайн

Аз wikishia
Ривояти Сақалайн - Иннӣ торикун фикум ассақалайн, Китобаллоҳ ва Итратӣ Аҳли Байтӣ!.

Ин мақола дар бораи ҳадиси Сақалайн аст. Барои ошноӣ бо вожаи сақалайн, мақолаи Сақалайнро бубинед.

Ҳадиси Сақалайн (арабӣ: حديث الثقلين) ё сиқлайн (арабӣ: ثِقْلَیْن), ҳадисе дар бораи ҷойгоҳи ҳидоятгарии Қуръони Карим ва Аҳли Байти Пайғамбар, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар дини Ислом ва лузуми тамассук ба онҳо пас аз даргузашти Пайғамбари Ислом (с) сухан мегӯяд ва инки ин ду, ҳамвора дар канори якдигаранд, то дар канори Ҳавзи Кавсар ба Пайғамбари Акрам (с) мулҳақ шаванд.

Сиҳҳати интисоби ин ҳадис ба Пайғамбар (с)-ро ҳамаи мусулмонон, шиъа ва аҳли суннат пазируфтаанд. Шиъаён бо такя бар ин ҳадис, муътақид ба лузуми имомат ва исмати имомон (а) ва низ давоми имомат дар ҳамаи замонҳо ҳастанд.

Матни ҳадис

Ин ҳадис дар нақлҳои мухталиф, бо иборатҳои гуногун омада, аммо муҳтавои ҳамаи онҳо яке аст.

Дар китоби Усули Кофӣ, аз кутуби арбаъа ва аслии шиъа омада аст:

...”إِنِّی تَارِک فِیکمْ أَمْرَینِ إِنْ أَخَذْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا- کتَابَ اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ وَ أَهْلَ بَیتِی عِتْرَتِی أَیهَا النَّاسُ اسْمَعُوا وَ قَدْ بَلَّغْتُ إِنَّکمْ سَتَرِدُونَ عَلَیَّ الْحَوْضَ فَأَسْأَلُکمْ عَمَّا فَعَلْتُمْ فِی الثَّقَلَینِ وَ الثَّقَلَانِ کتَابُ اللَّهِ جَلَّ ذِکرُهُ وَ أَهْلُ بَیتِی[1]‏”

Тарҷума: «Ман байни шумо ду чиз боқӣ мегузорам, ки агар онҳоро дастовез қарор диҳед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд: китоби Худо ва итратам, ки Аҳли Байтам ҳастанд. Эй мардум бишнавед! Ман ба шумо расондам, ки шумо дар канори ҳавз бар ман ворид мешавед, пас ман аз шумо дар бораи рафторатон бо ин ду ёдгори арзишманд суол хоҳам кард, яъне китоби Худо ва Аҳли Байтам.

Сунани Насоӣ аз сиҳоҳи ситтаи аҳли суннат, ин ҳадисро чунин нақл мекунад:

«... کأنی قد دعیت فاجبت، انی قد ترکت فیکم الثقلین احدهما اکبر من الآخر، کتاب الله و عترتی اهل بیتی، فانظروا کیف تخلفونی فیهما، فانهما لن یفترقا حتی یردا علی الحوض...».[2]

Тарҷума: «Замони вафоти ман наздик шудааст. Ман байни шумо ду шайъи гаронбаҳо боқӣ мегузорам, ки яке бузургтар аз дигарӣ аст, китоби Худо ва итратам, ки ҳамон Аҳли Байт аст. Пас бингаред, ки чигуна бо он ду рафтор мекунед, ки он ду аз ҳам ҷудо намешаванд, то онкӣ дар канори ҳавз бар ман ворид шаванд».

Манобеъ ва санади ҳадис

Ҳадиси Сақалайн бо санадҳои мутааддид ва иборатҳои гуногун аз забони чандин саҳобии Пайғамбар (с) дар манобеи ривоии шиъа ва аҳли суннат нақл шудааст.[3] Бархе аз мутакаллимони шиъа онро мутавотир шуморидаанд.[4] Ба гуфта Муллосолеҳи Мозандаронӣ шиъа вааҳли суннат бар мазмуни ин ҳадис ва сиҳҳати он иттифоқи назар доранд.[5]

Манобеи аҳли суннат

Бинобар китоби «Ҳадис-ус-сақалайн ва мақомоту Аҳл-ил-байт» навиштаи Аҳмад Моҳавзӣ, ин ҳадисро беш аз 25 нафар аз саҳоба аз Пайғамбари Акрам (с) нақл кардаанд. [ниёзманди манба] Номи бархе аз ин саҳоба дар идома меояд:

1-Зайд ибни Арқм: ин ҳадис ба шаш тариқ аз ӯ дар китобҳои Сунани Насоӣ,[6] ал-Муъҷам-ул-кабири Табаронӣ,[7] Сунани Тирмизӣ,[8] Мустадраки ҳокими Нишобурӣ,[9] Муснади Аҳмад[10] ва китобҳои дигар нақл шудааст.

2 – Зайд ибни Собит дар Муснади Аҳмад[11] ва ал-Муъҷам-ул-кабири Табаронӣ.[12]

3 – Ҷобир ибни Абдуллоҳ дар китобҳои сунан (саҳиҳ) Тирмизӣ,[13] ал-Муъҷам-ул-кабир[14] ва ал-Муъҷам-ул-авсат[15] Табаронӣ.

4 – Ҳузайфа ибни Асид дар китоби ал-Муъҷам-ул-кабири Табаронӣ.[16]

5 - Абусаиди Худрӣ дар чаҳор мавзеъ аз Муснади Аҳмад[17] ва Зуафо-ул-кабири Алъақилӣ.[18]

6 - Имоми Алӣ (а) ба ду тариқ дар ал-Баҳр-ул-захор ё ҳамон Муснад-уд-Баззоз[19] ва Канз-ул-уммол.[20]

7 - Абузари Ғифорӣ дар китоби ал-Муъталифу ва ал-мухталиф Доруқутнӣ.[21]

8 - Абуҳурайра дар Кашф-ул-астори ан завоидил базор.[22]

9 – Абдуллоҳ ибни Ҳантаб дар Усд-ул-ғоба.[23]

10 – Ҷубайр ибни Мутъим дар Зилол-ул-ҷаннат.[24]

11 - Иддае аз саҳоба[25]

Сайидҳошими Баҳронӣ дар китоби Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом, ин ҳадисро ба 39 тариқ аз китобҳои аҳли суннат нақл кардааст. Бино бар нақли китоби ёдшуда, ин ҳадис дар китобҳои Муснади Аҳмад, Саҳиҳ Муслим, Маноқиби Ибни Алмағозалӣ, Сунани Тирмизӣ, ал-Умдаи Саълабӣ, Муснади Абияълӣ, ал-Муъҷам-ул-авсати Табаронӣ, ал-Умдаи Ибнил Битриқ, Янобиъ-ул-маваддати Қундузӣ, ат-Тароифи Ибни Алмағозалӣ, Фароид-ус-симтайн, ва Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид омада аст.[26]

Манобеи шиа

Бино ба навиштаи Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом, дар манобеи шиъа, 82 ҳадис бо мазмуни ҳадиси Сақалайн нақл шудааст, ки дар китобҳои ал-Кофӣ, Камол-уд-дин, Амолии Садуқ, Амолии Муфид, Амолии Тусӣ, Уюуну ахбор-ир-Ризо, ал-Ғайбати Нуъмонӣ, Басоир-уд-дараҷот ва бисёре аз кутуби дигар ҷамъоварӣ шудааст.[27]

Замон ва макони судури ҳадис

Дар инки Пайғамбари Ислом (с) ҳадиси Сақалайнро дар чӣ замону маконе баён карда, ихтилоф аст; Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ мегӯяд,[28] ки Расули Акрам (с) ин ҳадисро дар бозгашт аз Фатҳи Макка, дар роҳи Тоиф баён кардааст, аммо дигарон замону макони онро мутафовит аз ин донистаанд.

Гарчи бархе аз нақлҳоро метавон гузоришҳои мухталиф аз як рӯйдод донист, аммо дар бораи бархе дигар аз ривоёт, наметавон чунин доварие дошт ва ин эҳтимол, ки Пайғамбари Акрам (с) дар маконҳои мутааддид ва муносибатҳои гуногун, ба хусус дар охирин рӯзҳои зиндагӣ, борҳо ба ҷойгоҳи муҳими Қуръону Аҳли Байт тавваҷуҳ додааст, тақвият мешавад.[29]

Барои замон ва макони судури ин ҳадис, мавориди зер омадааст:

Суннат ё Итрат?

Дар бархе аз манобеи аҳли суннат ба ҷои иборат «итратӣ» дар ҳадиси Сақалайн, калимаи «суннатӣ» омадааст.[40] Гуфтанӣ аст чунин нақлҳое бисёр нодуруст ва худи аҳли суннат низ ба он таваҷҷуҳе накардаанд; чароки ин ҳадис бо чунин иборате дар манобеи муътабари аввалия наёмадааст ва мутакаллимони аҳли суннат дар низоъҳои каломии байни мазоҳиб, ба он тавваҷуҳ накардаанд.

Итрат чӣ касонеанд?

Дар бештари нақлҳо, иборати «Аҳли Байт», барои тавзеҳи «итрат» омадааст, аммо дар бархе нақлҳо фақат итрат[41] ва дар бархеи дигар фақат Аҳли Байт (а)[42] омада ва дар порае маворид супориш ба Аҳли Байт (а) такрор шудааст.[43]

Дар бархе нақлҳои шиъа аз ҳадиси Сақалайн, дар тавзеҳи Аҳли Байт (а), ба дувоздаҳ имоми шиъа ишора шудааст.[44]

Далолати ҳадис бар эътиқодоти шиъа дар боби имомат

Уламои шиъа дар бисёре аз китобҳояшон ин ҳадисро нақл карда, бо истифода аз он ба таҳкими ақоиди шиъа пардохтаанд. Мирҳомид Ҳусайни Ҳиндии Кунтурӣ (Ҳиндӣ, мутаваффои 1306) фаслии ҷомеъ дар Абақот-ул-анвор (ҷилди 1 то 3) ба ин ҳадис ва роҳҳои нақли он ихтисос дода у бо истинод ба манобеи аҳли суннат, ба муаррифии аҳамияти ин ҳадис пардохтааст. Ӯ дар баҳси имомат, ин ҳадисро бар тамоми аҳодис муқаддам кардааст. [ниёзманди манбаъ]

Уламои шиъа барои исботи бархе аз эътиқодот ва боварҳои худ ба ҳадиси Сақалайн истинод кардаанд. Бархе аз он боварҳо иборатанд аз:

Лузуми табаъият аз Аҳли Байт (а)

Дар ҳадиси Сақалайн, Аҳли Байт (а) дар канори Қуръон қарор дода шудаанд ва ҳамон тавр, ки бар мусулмонон табаъият аз Қуръон воҷиб аст, табаъият аз Аҳли Байт (а) низ воҷиб аст. Ҳамчунин аз онҷо ки Пайғамбар (с) дар табаъият аз онҳо қайду шарте баён накардааст, табаъият аз онҳо ба сурати мутлақ ва дар тамоми рафтору гуфтори онҳо воҷиб аст.[45]

Исмати Аҳли Байт (а)

Ҳадиси Сақалайн бо тавваҷуҳ ба тасреҳ ба адами ҷудоии Қуръон ва Аҳли Байт (а), бар исмати Аҳли Байт далолат дорад; зеро иртикоби ҳаргуна гуноҳ ё хато, мӯҷиби ҷудоии Аҳли Байт аз Қуръон хоҳад шуд.[46] ҳамчунин Пайғамбар (с) дар ин ҳадис тасреҳ кардааст, ки ҳар кас ба Қуръон ва Аҳли Байт тамассук кунад, гумроҳ нахоҳад шуд. Агар Аҳли Байт маъсум набошанд, пайравии беқайду шарт аз онҳо мӯҷиби гумроҳӣ хоҳад шуд.[47]

Исботи исмати Аҳли Байт (а) аз ҳадиси Сақалайн дар қолаби бурҳон ингуна табйин шудааст:

  • Агар касе ҳамвора бо Қуръон бошад, аз гуноҳу иштибоҳ масун ва маҳфуз аст; зеро Қуръон аз ҳар хато ва иштибоҳе масун аст.
  • Бар асоси ҳадиси Сақалайн, Аҳли Байт ҳамвора бо Қуръон ҳастанд ва то рӯзи қиёмат аз ҳамдигар ҷудо намешаванд.
  • Пас, Аҳли Байт ҳамонанди Қуръон маъсум ҳастанд.[48]

Бархе аз муҳаққиқони аҳли суннат низ далолати ҳадиси Сақалайн бар таҳорат ва покии Аҳли Байт (а) аз олудагӣ ва хаторо пазируфтаанд.[49]

Лузуми давоми имомат

Дар матни ҳадис нукоте вуҷуд дорад, ки бар асоси он метавон лузуми ҳамешагӣ будани имоматро собит кард.

  • Нахуст ҳамроҳии Аҳли Байт (а) бо Қуръон бо тавваҷуҳ ба ин нукта, ки Қуръон манбаи абадии ҳидоят дар Ислом аст. Пас, ҳамеша фарде аз Аҳли Байт (а) низ ҳамроҳи Қуръон вуҷуд хоҳад дошт, ки ба ӯ муроҷиа шавад.
  • Дувум онки Пайғамбар (с) таъкид кардаанд ин ду то канори Ҳавзи Кавсар аз ҳам ҷудо намешаванд.
  • Сеюм онки Пайғамбар (с) фармудаанд агар ин ду гаронсангро дастовез қарор диҳед, то абад гумроҳ нахоҳед шуд. [ниёзманди манбаъ]

Имом Зарқонии Моликӣ, аз уламои аҳли суннат, дар шарҳи ал-Мавоҳиб,[50] аз Аллома Самҳудӣ нақл мекунад: аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки то қиёми қиёмат касе аз итрат, ки шоистагии тамассук ба ӯ бошад вуҷуд дорад, то тарғиби мазкур дар ин ҳадис бар ӯ далолат кунад, ҳамчунон ки китоб [яъне Қуръон] чунин аст; аз ин рӯй, инон [яъне итрат] амони заминёнанд ва чун бираванд заминён мераванд.[51]

Марҷаъияти илмии Аҳли Байт (а)

Аз онҷо ки Қуръон манбаи аслии ақоид ва аҳкоми амалии ҳамаи мусулмонон аст ва ин ҳадис низ Аҳли Байт (а)-ро ҳамроҳи ҷудоинопазири Қуръон муаррифӣ мекунад, ба осонӣ метавон натиҷа гирифт, Аҳли Байт (а) низ марҷаъи илмии хатонопазир дар ҳамаи заминаҳои улуми исломианд. Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин дар баҳс, ки бо Шайх Салим Башарӣ дошта аст, дар китоби ал-Муроҷиъот марҷаъияти илмии аимма (а) ва лузуми табаъият аз ононро собит кардааст.[52]

Ҳадиси Сақалайн ва тақриби мазоҳиб

Ҳадиси Сақалайн мавриди қабули шиъа ва суннӣ аст. То кунун гуфтугӯҳои чанде дар бораи ин ҳадис шуда, ки мӯҷиби ҳамгароӣ ва тақриби мазоҳиби исломӣ шудааст, аз ҷумла баҳс ва гуфтугӯи Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин бо Шайх Салим Башарӣ аз уламои аҳли суннат. Ин гуфтугӯ дар китоби ал-Муроҷиъот омадааст. Тавваҷуҳи ҷиддии Оятуллоҳ Буруҷердӣ ба ин ҳадис низ идомаи ҳаракате буд, ки Шарафиддин оғоз карда буд.[53]

Китобшиносӣ

Уламои шиъа ба ҷуз нақли ҳадиси Сақалайн, ба сурати мустақил ҳам дар бораи он китобҳое навиштаанд, ҳамонанди:

  • Ҳадис-ус-сақалайн, навиштаи Қивомуддин Муҳаммади Вешнуваии Қумӣ,
  • Ҳадис-ус-сақалайн, асари Наҷмуддини Аскарӣ,
  • Ҳадис-ус-сақалайн, асари Сайидалии Милонӣ,
  • Ҳадис-ус- сақалайн ва мақомоту аҳл-ил-байт, асари Аҳмад Алмоҳавзӣ, ба забони арабӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, Дорулкутубил исломия, ҷ.1, с.294.
  2. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411 қ, ҷ.5, с.45.
  3. Барои огоҳӣ аз санадҳо ва иборатҳои гуногуни ҳадиси Сақалайн нигоҳ кунед ба Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422 қ, ҷ.2, с.304 – 367/ Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409 қ, ҷ.9, с.309 – 375 ва ҷ.18, с.261 – 289/ Мирсаидҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, 1366 ш, ҷилдҳои 18 - 22 (дар ҷилди 18 ва 19 санад ва ровиёни ҳадис ва дар ҷилди 20 то 22 муҳтавои ҳадис нақл ва баррасӣ шудааст).
  4. Руҷуъ кунед ба: Ибни Атия, Абҳо Алмадод, 1423 қ, ҷ.1, с.130/ Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405 қ, с.670.
  5. Мозандаронӣ, Шарҳи ал-Кофӣ, 1382 қ, ҷ.6, с.124.
  6. Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1411 қ, ҷ.5, с.45.
  7. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404 қ, ҷ.5, с.186.
  8. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1401 қ, ҳ.3876.
  9. Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак, дорулмаърифат, ҷ.3, с.110.
  10. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Қоҳира, ҷ.4, с.371.
  11. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Қоҳира, ҷ.5, с.183 ва 189.
  12. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404 қ, ҷ.5, с.166.
  13. Тирмизӣ, Саҳиҳ Тирмизӣ, ҷ.5, с.328.
  14. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404 қ, ҷ.3, с.66.
  15. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-авсат, ҷ.5, с.89.
  16. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404 қ, ҷ.3, с.180.
  17. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Қоҳира, ҷ.3, с.13, 17, 26 ва 59.
  18. Алъақилӣ, Зуафоъ-ул-кабир, ҷ.4, с.362.
  19. Албаззоз, ал-Баҳр-уз-захор, с.88, ҳ.864.
  20. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, ҷ.14, с.77, ҳ.37981.
  21. Доруқутнӣ, ал-Муъталиф ва ал-мухталиф, ҷ.2, с.1046.
  22. Алҳайсамӣ, Кашф-ул-астор, ҷ.3, с.223, ҳ.2617.
  23. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ.3, с.219, ш 2907.
  24. Албонӣ, Зилол-ул-ҷаннат, ҳ.1465.
  25. Нақли комили ин ҳадис дар Истиҷлобу иртиқоил ғураф навиштаи Шамсиддин Саховӣ сафҳаи 23 омадааст ва дар Янобиъ-ул-маваддати Қундузӣ (ҷ.1, с.106 - 107) ва ал-Исобаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (ҷ.7, с.274 - 245) низ ба он ишора шудааст.
  26. Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом, ҷ.2, с.304 - 320.
  27. Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом, ҷ.2, с.320 - 367.
  28. Алҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, с.150.
  29. Муфид, ал-Иршод, ҷ.1, с.180/ Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, с.150/ Шарафиддин, ал-Муроҷиъот, с.74.
  30. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, ҷ.5, с.662, ҳ.3786.
  31. Аҳмад ибни Алии Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, ҷ.1, с.391.
  32. Аҳмади ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Қоҳира, ҷ.4, с.371/ Нишопурӣ, Саҳиҳ Муслим, ҷ.2, с.1873.
  33. Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, ҷ.1, с.234, ҳ.45 ва с.238, ҳ.55/ Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, дорулмаърифат, ҷ.3, с.109/ Самҳудӣ, Ҷавоҳир-ул-ақдайн, с.236.
  34. Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, ҷ.1, с.4, ҳ.3.
  35. Саффори Қумӣ, Басоир-уд-дараҷот, с.412-414.
  36. Садуқ, ал-Амолӣ, с.62/ Ҷувайнии Хуросонӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.2, с.268.
  37. Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, ҷ.1, с.5, ҳ.9/ Аҳмад ибн Алии Табарсӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, ҷ.1, с.216.
  38. Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, ҷ.2, с.340
  39. Ҳайтамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, с.150.
  40. Руҷуъ кунед ба: Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, ҷ.1, с.187, ҳ.948.
  41. Руҷуъ кунед ба: Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ.2, с.62, ҳ.259/ Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак, дорулмаърифат, ҷ.3, с.109.
  42. Руҷуъ кунед ба: Ҷувайнии Хуросонӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.2, с.268/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.23, с.131, ҳ.64.
  43. Руҷуъ кунед ба: Аҳмади ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Қоҳира, ҷ.4, с.367/ Дорамӣ, Сунани Дорамӣ, с.828/ Нишопурӣ, Саҳиҳ Муслим, ҷ.2, с.1873, ҳ.36/ Ҷувайнии Хуросонӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.2, с.250, 268.
  44. Руҷуъ кунед ба: Садуқ, Камол-уд-дин, ҷ.1, с.278, ҳ.25/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.36, с.317.
  45. Нигоҳ кунед ба Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи ал-фиқҳ, 1403 қ, с.97.
  46. Нигоҳ кунед ба Шайх Муфид, ал-Масоил-ул-ҷорудия, с.42/ Ибни Атия, Абҳо Алмадод, ҷ.1, с.131/ Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, с.671.
  47. Ибни Атия, Абҳо алмадод, ҷ.1, с.131/ Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, с.671.
  48. Форёб, Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия, с.303.
  49. Мановӣ, Файз-ул-қадир, ҷ.3, с.18-19/ Зарқонӣ, Шарҳ-ул-мавоҳиб аддания, ҷ.8, с.2/ Санадӣ, Диросот-ул-лабиб, с.233, ба нақл аз: Ҳусайнии Милонӣ, Нафаҳот-ул-азҳор, ҷ.2, с.266-269.
  50. ҷ.8, с.7.
  51. Ба нақли: Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.3, с.118.
  52. Руҷуъ кунед ба: Шарафиддин, ал-Муроҷиъот, с.71-76.
  53. Руҷуъ кунед ба: Воъиззодаи Хуросонӣ, Ҳадис-ус-сақалайн, с.39-40/ Ҳамон, 1370 ш, с.222-223.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, дорулкутубилъилмия, 1415 қ.
  • Ибни Атия, Абҳо-ал-мидод, Бейрут, муассисаи алаъламӣ, чопи аввал, 1423 қ.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Қоҳира, бе но, бе то.
  • Аминӣ (аллома), Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи ал-китоби ва ас-сунати ва ал-адаб, Қум, марказулғадири лиддиросотил исломия, 1416 қ.
  • Албонӣ, Носириддин, Зилол-ул-ҷаннат.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом фи таъйинил имом мин тариқил хосси валъом‏, Бейрут, муассисатутаърихил арабӣ, чопи аввал, 1422 қ.
  • Баҳронӣ, Алӣ, Манор-ул-ҳудо фи аннаси ало алимоматил аимматил исно ашар (а), Бейрут, дорулмунтазар, 1405 қ.
  • Албаззоз, Аҳмад ибни Амр, ал-Баҳр-уз-захор (маъруф ба Муснади Баззоз), мактабатулъулуми ва алҳикам.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмзӣ, Истанбул, бе но, 1401 қ.
  • Ҷувайнии Хуросонӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн фи фазоилил Муртазо вал Батул ва ас-сибтайн ва алаиммати мин зурриятиҳим алайҳимус салом, Бейрут, чопи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, 1398-1400 қ.
  • Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ало-ссаҳиҳайн, Бейрут, доролмаърифат, [бе то].
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайидалӣ, Нафаҳот-ул-азҳор фи хулосати Абақот-ул-анвор, Теҳрон, 1405 қ.
  • Ҳалабӣ, абўолслоҳи тақии аддӣн, алкоФии фии алФқаҳ, таҳқиқи ризои устодӣ, Исфаҳон, мактабаи алإмоми أмири алмؤмнин ( ъ ), чопи аввал, 1403 қ.
  • Доруқутнӣ, Алӣ ибни Умар, ал-Муъталиф ва ал-мухталиф, Бейрут, дорулмағрибил исломӣ.
  • Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунани Дорамӣ, Истанбул, 1401 қ.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб, Қум, 1368 ш.
  • Аззарқонӣ, Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, Шарҳ-ул-мавоҳб аддания, Бейрут, дорулкутубил илмия.
  • Сахоӣ, Шамсиддин, Истиҷлобу иртиқоил ғураф, Қум, бунёди маорифи исломӣ, 1421 қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Ҷавоҳир-ул-ақдайн фи фазл-иш-шарафайн, Бейрут, чопи Мустафо Абдуқодир Ато, 1415 қ.
  • Шарафиддин, Сайидабдулҳусайн, ал-Муроҷиъот, Бейрут, чопи Ҳусайн Розӣ, 1402 қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нурулло, Эҳқоқ-ул-ҳаққ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1409қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Бейрут, 1400 қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Қум, чопи Маҳдии Лоҷвардӣ, 1363 ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Қум, чопи Алӣ Акбари Ғаффорӣ, 1363 ш.
  • Саффори Қумӣ, Муҳаммад бен Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили оли Муҳаммад (с), Қум, чопи Муҳсини Кӯчабоғии Табрезӣ, 1404 қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибн Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамдӣ Абдулмаҷид Ассалафӣ, Бейрут, доруэҳёит туросил арабӣ, 1404 қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-авсат, дорулҳарамайн, 1415 қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ, Наҷаф, Муҳаммадбоқир Мусавии Хирсон, 1386 ш.
  • Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба.
  • Алъақилӣ, Муҳаммад бен Амр, аз-Зуафоъ-ул-кабир, Бейрут, дорулкутубил илмия, 1418 қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Китоб-ут-тафсир, Қум, чопи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, 1380-1381 ш.
  • Қундузӣ, Сулаймон бен Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат лизавил қурбо, Қум, чопи Алӣ Ҷамол Ашраф Ҳусайнӣ, 1416.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, дорулкутубил исломия, бе то.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ, Шарҳи Кофӣ (усул ва фуруъ), таҳқиқи Абулҳасан Шаъронӣ, Теҳрон, алмактабат-ул-исломия, чопи аввал, 1382 қ.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунанил ақвол ва ал-афъол, Бейрут, чопи Бакрӣ Ҳаёнӣ ва Сафватуссақо, 1409 қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор. Бейрут, муассисатулвафо.
  • Муайян, Муҳаммад бен Муҳаммад, диросотуллабиб, Карочӣ, Баҷнат аҳёил адабиссандӣ, 1957 м.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ алал ибод, Қум, 1413 қ.
  • Мановӣ, Муҳаммад Абдурауф ибни Тоҷулъорифин, Файз-ул-қадир шарҳи ал-ҷомеъ-ус-сағир, Бейрут, 1391 қ.
  • Мирсаидҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор фи исботи имомат аимматил атҳор (а), Исфаҳон, китобхонаи Амиралмуъминин (а), чопи дувум, 1366 ш.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуъайб, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, дорулкутубил илмия, 1411 қ.
  • Аннисобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳиҳ Муслим, Истанбул, 1401 қ.
  • Воъиззодаи Хуросонӣ, Муҳаммад, «Ҳадис-ус-сақалайн», Қивомиддини Муҳаммад Вешнуваӣ, Ҳадис-ус-сақалайн, Теҳрон, 1416 қ.
  • Алҳайтамӣ, Ибни Ҳаҷар, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа фи ар-радди ало аҳлил бидаъ ва аз-зиндиқа, Қоҳира, чопи Абдулваҳҳоб Абдуллатиф, 1385 қ.
  • Алҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Кашф-ул-астор ан завоид-ил-базор, Бейрут, муассисатуррисола, 1979 м.