Куштани қибтӣ

Куштани қибтӣ (форсӣ: کشتن قِبطی) тавассути ҳазрати Мусо (а) аз достонҳои қуръонӣ аст. Мусо (а) дар қасре назди Фиръавн зиндагӣ мекард.[1] Рӯзе дар шаҳр даргирие миёни яке аз Банӣ Исроил ва яке аз қибтиён рух дод.[2] Мусо (а) барои кӯмак ба шахси баниисроилӣ вориди амал шуд ва зарбае ба қибтӣ зад, ки сабаби марги ӯ шуд.[3] Хабари марги қибтӣ дар шаҳр паҳн шуд ва фиръавниён Мусо (а)-ро таъқиб карданд. Мусо (а) Мисрро тарк кард.[4] Ин воқеа дар оёти 15 ва 16 Қасас ва ояти 20 Шуаро омадааст.[5]
Бархе муфассирони аҳли суннат куштани марди қибтиро тавассути Мусо (а) нишонаи исмат надоштани анбиё, ба вижа Мусо (а), дониста[6] ва гуфтаанд агар марди қибтӣ сазовори қатл буда,[7] чаро Мусо (а) онро «амали шайтон»[8] ва «ситам ба худ» хондааст[9] ва агар мустаҳиққи қатл набуда, чӣ гуна ин амал бо исмати ӯ мутобиқ аст?![10] Аз ин рӯ гуфтаанд Мусо (а) муртакиби гуноҳи сағира шудааст, зеро пеш аз изни Илоҳӣ ба куштани қибтӣ иқдом карда ва ба ҳамин далел истиғфор кардааст.[11] Гуфта шуда, ки зарба бидуни қасди куштан, аз гуноҳони сағира аст, ки сабаби қатли хатоӣ шуда ва дар шариат барои он каффора таъин шудааст.[12]
Муфассирони шиа, пайғамбаронро аз ҳамаи гуноҳон, новобаста аз кабира ва сағира, маъсум медонанд.[13] Ба ақидаи онон, Худо Мусоро ба куштани қибтӣ фармон дода буд ва ӯ сазовори қатл буд,[14] аммо беҳтар буд Мусо (а) ин иқдомро ба таъхир меандохт[15] зеро дар он шароит, куштани қибтӣ ба маслаҳат набуд ва боиси хуруҷи ӯ аз Миср шуд.[16] Мусо бо таъҷил дар ин кор, тарки авло карда ва ба ҳамин далел истиғфор кард[17] ва Худо ӯро шомили лутфи худ қарор дод.[18]
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Мусо (а) қабл аз рисолат ва қабл аз наҳй аз қатли нафс, қибтиро кушт, зеро ӯ кофир буд ва ҷонаш муҳтарам набуд.[19] Эътирофи Мусо (а) ба гуноҳи қатл набуд, балки ба коре буд, ки маслаҳаташ набудааст.[20] Носир Макорими Шерозӣ низ муътақид аст, ки фиръавниён ҳазорон навзоди Банӣ Исроилро кушт ва хуни онҳо барои Банӣ Исроил муҳтарам набуд.[21]
Дар ҳадисе аз Имом Ризо (а) таъбири Мусо (а), ки гуфт: «ин амали шайтон аст» ишора ба низоъ байни марди қибтӣ ва баниисроилӣ ва таъбири «ман ба худам ситам кардам» ишора ба қарор гирифтани Мусо дар шароити сахт дониста шудааст.[22]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1370ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.17; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1353ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.49
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1353ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.54
- ↑ Сураи Қасас, ояти 15
- ↑ Ровандӣ, Қисас-ул-анбиё, 1368ҳ.ш., саҳ.154-155
- ↑ Сураи Қасас, оёти 15 ва 16; Сураи Шуъаро, ояти 20
- ↑ Ба нақл аз Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.585
- ↑ Фозили Миқдод, Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259
- ↑ Сураи Қасас, ояти 15
- ↑ Сураи Қасас, ояти 16
- ↑ Фозили Миқдод, Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.398
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.264
- ↑ Сайид Муртазо, Танзеҳ-ул-анбиё, аш-Шариф-ур-Разӣ, саҳ.67
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.137; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.137; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1353ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.55
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.137; Фозили Миқдод, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1353ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.55
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1370ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.278
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1370ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.278
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1353ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.56
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюни ахбор-ир-Ризо, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177
Сарчашма
- Аламалҳудо, Алӣ ибни Ҳусайн, Танзеҳ-ул-анбиё, Қум, аш-Шариф-ур-Разӣ, бетаърих.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1353ҳ.ш.
- Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Рӯҳ-ул-маонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим ва-с-сабъ-ил-масонӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Ровандӣ, Қутбуддин, Қисас-ул-анбиё, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1368ҳ.ш.
- Розӣ, Фахруддин, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), беном, бетаърих, бемакон.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Исмоилиён, 1370ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомеъ-ул-илоҳия фи-л-мабоҳис-ил-каломия, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1380ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюни ахбор-ир-Ризо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1404ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.