Муъҷиза

Аз wikishia

Муъҷиза (арабӣ: المعجزة) анҷоми кори хориқулъода барои исботи нубувват, ки бо таҳаддӣ ва ҳамто надоштан ҳамроҳ аст. Муъҷизаро тасдиқи амале аз сӯи Худо донистаанд, ки мардум бо дидани он, ба иртиботи ғайбии шахс бо Худо пай мебаранд.

Ба ақидаи мутакаллимони шиа муъҷиза хилофи қонуни иллият нест. Муъҷиза, коре бар хилофи одат аст, ки иллати он, ё иллати табиъии ношинохта аст, ё иллати фаротабиъӣ ё таркибе аз ҳарду.

Дар Қуръон, муъҷизоти бисёре аз пайғамбарон нақл шуда, ки ҳар як аз онҳо мутаносиб бо замонаи зуҳури он пайғамбар буда ва бархе аз онҳо ҳиссӣ ва бархе ақлӣ мебошанд. Машҳуртарин муъҷизоти пайғамбарон иборатанд аз: ноқаи Солеҳ, зинда кардани мурдагон тавассути ҳазрати Исо, табдили асои Мусо ба аждаҳо, яди байзо, зинда мондани Иброҳим (а) дар оташ ва Қуръони Карим.

Мафҳумшиносӣ

Муъҷиза коре аст, ки дигаронро оҷиз мекунад. Дар истилоҳи динӣ ва каломӣ, амри хориқулъодае аст, ки ҳамроҳ бо иддаои нубувват ва таҳаддӣ тавассути пайғамбарон анҷом мешавад ва ҳеч касе тавони муқобила бо онро надорад.

Муъҷиза дар таърифи васеътар, амри хориқулъодае дониста шуда, ки ба иноят ва изни хосси Илоҳӣ сурат мегирад ва ҳадаф аз он исботи мансаб ва мақоми Илоҳӣ ва муқаддасе ҳамчун нубувват ва имомат аст. Аз ин манзар, корҳои хориқулъодаи имомон ба манзури исботи имомат, муъҷиза номида мешаванд.

Тафовути муъҷиза ва ирҳос

Ирҳос, вуқуъи корҳои хориқулъода пеш аз иддаои нубувват ба манзури заминасозӣ барои эълом нубувват аст. Аммо муъҷиза ҳамроҳ бо таҳаддӣ ва иддаои нубувват аст.

Тафовути муъҷиза ва каромат

Каромат, бурузи як амри хориқулъода аз авлиёи Илоҳӣ бе иддаои набувват аст, дар ҳоле ки яке аз шурути муъҷиза, анҷоми кори хориқулъода ба манзури исботи набувват (ё ҳар мақому мансаби илоҳӣ) аст.

Тафовути муъҷиза ва сеҳру ҷодӯ

Тафовутҳое аз сӯи мутакаллимон ва файласуфон байни муъҷизаву каромат аз як сӯ ва сеҳру ҷодӯ ва корҳое аз ин даст баён шудааст. Ин тафовутҳо аз чанд ҷиҳат мебошад:

  • Маншаи феъл: муъҷиза ва каромат, аз инояти Худованд ба бархе аз бандагони солеҳи хеш ношӣ мешавад ва бар хилофи ҷоду ва шуъбадабозӣ ва монанди он, қобили ёдгирӣ ва тамрин нест.
  • Ҳадаф ва ангеза: пайғамбарон ва соҳибони каромат, ба дунболи аҳдофи Илоҳианд ва аз муъҷизаву каромат барои исботи ҳаққонияти таълимоти мутаолии дини худ истифода мекунанд; бар хилофи ҷодугарон, ки бештар дар пайи шуҳрату молу мақоманд.
  • Хусусиёти амал: сеҳру ҷоду, хусусиёте доранд, ки дар муъҷиза ва каромат нест, монанди қобили такрор будани ҷоду, эҳтимоли зарар расондан ба дигарон ва шикаст хӯрдан ба дасти шахси дигар.

Тафовути муъҷиза ва нубуғ

Дар фарқи муъҷизаи анбиё ва нубуғи нобиғаҳо, чанд фарқ зикр шудааст:

  • Муъҷиза коре аст, ки асосан аз қудрати ҳар инсоне берун аст, дар ҳоле ки мумкин аст дар муқобил ҳар нобиғае фарде ҳамонанди ӯ пайдо шавад ва муқобила ба мисл кунад.
  • Корҳои нобиғаҳо ҳамеша дар маҳдудаи муайяне аст; яке дар адабиёт нобиға аст, дигаре дар ҳунар ва сеюмӣ дар риёзиёт ва чаҳорумӣ дар санъат, вале эъҷози анбиё ҳеҷ гуна маҳдудияте надорад.
  • Нобиғаҳо он чиро медонанд анҷом медиҳанд, на он чиро мардум мехоҳанд, дар ҳоле ки порае аз муъҷизоти анбиё (муъҷизоти иқтироҳӣ) тибқи дархости мардум, албатта мардуме, ки ҷӯёи ҳақ буданд, на баҳонаҷӯён, сурат мегирифт.
  • Нобиғаҳо маъмулан бо таълиму тарбият истеъдодҳои дарунии худро шукуфо месозанд ва бидуни таҳсили илм ва машқи пайваста, қодир бар анҷом коре нестанд, вале ин масъала дар мавриди анбиё содиқ нест.

Вожаи муъҷиза дар Қуръон

Вожаи муъҷиза ва муштақоти он 26 бор дар Қуръон ба маънои аҷзу нотавонӣ ба кор рафта, аммо ҳеҷ як аз онҳо ба маънои истилоҳии муъҷиза нест. Дар Қуръон барои ишора ба маънои истилоҳии муъҷиза, аз вожагони «байина» (далели равшан), «оят» (нишонаи равшан), «бурҳон» (далели возеҳ), «султон» (далели қотеъ), «басират» ва «аҷаб» (шигифтангез), истифода шудааст.

Шурути муъҷиза

Муъҷиза чанд шарт дорад, ки дар манобеи каломӣ ба онҳо ишора шудааст:

  • Хориқулъода, яъне бар хилофи табиат ва одат бошад.
  • Ҳамроҳ бо иддаои нубувват (ё ҳар мансаби илоҳии дигаре ҳамчун имомат) бошад, из ин рӯ, ба соири корҳои хориқулъодаи пайғамбарону имомон, ки ҳамроҳ бо иддаои нубувват ё имомат нест, муъҷиза намегӯянд.
  • Муъҷиза бояд мунҷар ба ҳамон шавад, ки муддаии набувват, иддаояшро дошт, из ин рӯ, агар муддаии набувват иддао кунад, ки оби чоҳеро афзун мекунад, аммо амали ӯ боиси хушк шудани оби чоҳ гардад - чунонкӣ дар ҷараёни Мусайламаи каззоб гузориш шуда - ба ин амал, муъҷиза намегӯянд.
  • Таҳаддӣ намояд ва ҳариф биталабад ва дигаронро ба анҷоми мисли он ва ё муқобила бо он, даъват кунад.
  • Ҳеҷ касе қодир ба муъориза бо ӯ набошад, хоҳ аз ибтидо сукут карда ва ба аҷзи худ эътироф кунад, хоҳ талош карда, аммо дар ин мубориза шикаст бихӯрад.

Ақсоми муъҷиза

Бархе аз мутаффакирон муътақиданд, ки муъҷизаи анбиё бар ду даста аст:

  • Муъҷизаи ҳиссӣ коре аст, ки ба чашм дида мешавад, монанди ноқаи Солеҳ, туфони Нӯҳ, асои Мусо ва зинда кардани мурдагон тавассути Исо.
  • Муъҷизаи ақлӣ муъҷизае аст, ки бо ҳавоси зоҳирӣ қобили дарк набошад ва ба басират, баррасӣ ва ковиш ниёз дошта бошад. Ин вижагӣ дар муъҷизаҳои каломӣ, ҳамонанди Қуръон вуҷуд дорад.

Ҳадаф ва далолати муъҷиза

Ҳадаф аз ироаи муъҷизаро исботи набувват (ё имомат) донистаанд, то аз ин тариқ мардум ба онон имон оварда ва аз таълимоташон пайравӣ карда, ба саодат бирасанд.

Машҳури мутакаллимон бар ин боваранд, ки эътои муъҷиза ба муддаии нубувват, тасдиқи амалии иддаои ӯ аз ҷониби Худованд аст; зеро ҳар гоҳ касе муддаии нубувват бошад ва дар мақоми эҳтиҷоҷ бигӯяд «Худовандо, агар ман дар иддаоям ростгӯ ҳастам, маро аз тариқи нақзи одат ва анҷоми кори эъҷозин, тасдиқ намо» ва сипас он кори хориқулъода иттифоқ биафтад, метавон ҳукм кард, ки амалан Худованд ин шахсро дар иддаояш тасдиқ кардааст; шабеҳ ба подшоҳе, ки аз тариқи додани ангуштар ба фиристодааш, ба дигарон мефаҳманд, ки ин шахс ҳақиқатан фиристодаи ӯст.

Бархе аз муҳаққиқон тасреҳ кардаанд, ки муъҷиза, бовосита, ҳаққонияти таълимоти набиро низ исбот мекунад; яъне баъд аз далолати бевоситаи муъҷиза бар иртиботи набӣ бо Худо, мефаҳмем ки таълимоти набӣ - ки баргирифта аз ваҳй ва илми хатонопазири Худо аст – муҳол аст хато бошанд. Гуруҳе аз мутаффакирони масеҳӣ ва мусулмон бар ин боваранд, ки метавон аз муъҷиза барои исботи Худо низ истифода кард. Ин дидгоҳ бархилофи назари машҳур аст, ки далолати муъҷизаро маҳдуд ба исботи нубувват ва имомат медонад.

Муъҷиза ва қонуни иллийят

Ҳарчанд муъҷиза вуқуъи рухдоде бар хилофи одат аст, аммо бе иллат нест. Иллати он ё табиии ношинохта аст, ё фаротабиӣ ё таркибе аз ҳарду аст. Дар муъҷиза, асли иллийят нақз намешавад, балки одати зеҳнии мо дар пайдоиши як падида нақз мешавад; чунонки дар мор шудани асои Мусо, одати зеҳнии мо ба таваллуди мор аз тариқи фароянди тадриҷии тухмгузорӣ, нақз шудааст.

Муъҷиза, феъли Худо ё пайғамбарон

Ашоира ба сабаби талаққии хоссе, ки аз тавҳиди фоилӣ дошта ва фақат Худовандро фоили ҳақиқӣ ба ҳисоб меоваранд, муъҷизотро феъли Худо медонанд, на феъли пайғамбарон. Ҳамчунин бархе аз мутакаллимони имомия низ муъҷизаро феъли Худо медонанд; чароки ба бовари онҳо агар муъҷиза феъли Худо набошад, далолате надорад бар ин ки пайғамбар дар муддаояш содиқ аст ва Худованд бар ӯ ваҳй нозил кардааст. Касоне ки муъҷизаро феъли Худо (на пайғамбарон) медонанд, ба оёте аз Қуръон - масалан оёти 19 то 23 сураи Тоҳо - истинод мекунанд, ки Худованд анҷоми муъҷизотро ба худаш нисбат додааст.

Аммо бисёре аз фалосифа ва бахше аз мутакаллимони имомия, муъҷизаро феъли мустақим ва бевоситаи Худованд намедонанд; чароки ба бовари онҳо ҳам ақлан чунин чизе маҳол аст ва ҳам мутуни динӣ - масалан ояти 49 сураи Оли Имрон ё ояти 38 сураи Раъд - муъҷизотро ба нуфуси қавии анбиё ба изни Илоҳӣ нисбат медиҳанд.

Аммо бархе аз муҳаққиқон муътақиданд, ки Худованд гоҳе муъҷизотро аз тариқи асбобе мустақил аз пайғамбарон - масалан аз тариқи малоика ва истифода аз илали табиъии ношинохта – ба вуҷуд меоварад, ва гоҳе онҳоро ба воситаи қудрат ва изне, ки ба пайғамбарон медиҳад, падид меоварад.

Тафовути муъҷизаи пайғамбарон

Дар Қуръон ба бархе аз муъҷизоти анбиё ишора шудааст:

Тафовути муъҷизоти пайғамбаронро ба сабаби тафовут дар замона ва заминаи зуҳури пайғамбарон донистаанд, то аз ин тариқ, ҳуҷҷат бар мардум тамом шавад ва мутахассисони ҳар давра, изъон кунанд, ки ин кори хориқулъода наметавонад ношӣ аз қудрати башарӣ бошад.

Дар ин росто, Яъқубӣ аз Имом Содиқ (а) нақл карда, ки Худованди Мутаъол пайғамбареро мабъус накард, магар бо он чи бар аҳли замони ӯ ғалаба дошт: Мусо ибни Имронро бар қавме барангехт, ки бештари онҳо аҳли сеҳр буданд. Аз ин рӯ, пайғамбарашро бо ончи сеҳрашонро нобуд кунад - масалан асо ва яди байязо, шикофтани дарё ва ғайра фиристод. Довудро дар замоне, ки бештари мардумаш аҳли санъат буданд мабъус кард. Дар натиҷа оҳанро барои ӯ нарм кард. Сулаймонро дар замоне барангехт, ки мардумаш аҳли сохтмонсозӣ ва тилисмот ва аҷоиб буданд, аз ин рӯ, бод ва ҷинро ба тасхири ӯ даровард. Исоро дар замоне фиристод, ки мардумаш бештар ба табобат мепардохтанд; дар натиҷа, ӯро бо зинда кардани мурдагон ва шифои курию песӣ мабъус намуд. Муҳаммад (с)-ро дар замоне, ки мардумаш аҳли калом ва саҷъ буданд, бо муъҷизаи Қуръон барангехт.

Мутолиаи бештар

  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Эъҷозу ва-т-таҳадди фил Қуръон-ил-карим, таҳқиқи Қосими Ҳошимӣ, Бейрӯт, муассисаи ал-Аълами лилматбуот, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Аҳмадӣ, Муҳаммадамин, Таноқузнамо ё ғайбнамун: нигариши нав ба муъҷиза, Қум, интишороти пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Қадрдон Қаромалакӣ, Муҳаммадҳасан, Муъҷиза дар қаламрави ақл ва Қуръон, Қум, интишороти Бустони китоб, 1381ҳ.ш.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

Сарчашма