Ояти Инзор
Ояти Инзор (Шуъаро: 214) ба Пайғамбар (с) фармон медиҳад, ки хешовандони наздикашро инзор диҳад (огоҳ кунад ва битарсонад) ва ошкоро ба Ислом даъват кунад.
Баъд аз нозил шудани оят, Расули Худо чиҳил нафар аз хешовандонашро даъват кард ва пас аз даъвати ошкори мардум ба Ислом, Алӣ ибни Абитолиб (р)-ро ҷонишини худ муаррифӣ кард.
Мутакаллимони шиа бо истинод ба ривоёти шаъни нузули ин оят, аз он, барои исботи ҷонишинии Имом Алӣ (а) истифода мекунанд.
Муфассирони шиа парҳез аз шоибаи табъиз бо хешовандон дар инзор ва ҳушдори саҳлингорӣ накардан бо дигарон дар дин ва ҳамчунин огоҳии бастагон аз собиқаи покии Пайғамбарро аз далелҳои оғози даъвати онон донистаанд.
Нахустин санади имомати Имом Алӣ (а)
Ояти 214-и сураи Шуъаро машҳуртарин ояте аст, ки ба ояти Инзор номида шудааст. Гуфта шудааст, ояти Нафр, ояти 7-и Шуро ва оёти 1 ва 2-и сураи Муддассирро низ ба ин ном номидаанд.[1] Худованд дар ин оят ба ҳазрати Муҳаммад (с) фармон медиҳад, ки хешони наздикашро инзор диҳад ва чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, аз ширк ва мухолифат бо Худо битарсанд.[2]
Ин оятро нахустин ояте медонанд, ки барои таблиғи ошкори дини Ислом бар Пайғамбар (с) нозил шудааст.[3] Бархе бо истинод ба ривоёте, ки дар шаъни нузули ояти Инзор дар бораи ҷонишинии Имом Алӣ нақл шудааст, ин оятро аввалин санади қавӣ ва шоҳиди қатъӣ бар имомати Имом Алӣ (а) медонанд.[4] Таърихнигорон нузули ояти Инзорро дар соли сеюми беъсати гузориш кардаанд.[5]
وَ أَنْذِرْ عَشیرَتَکَ الْأَقْرَبین
Ва хешони наздикатро ҳушдор деҳ!
Эъломи ҷонишинии Имом Алӣ
Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Явмуд-дор
Бар асоси тафосири шиа ва аҳли суннат, баъд аз нузули ояти Инзор, Пайғамбар (с) чиҳил нафар аз хешони наздикашро ба меҳмонӣ даъват карда ононро ба пазириши ягонагии Худо ва паёмбарии худаш фаро хонд. Сипас ду ё се бор фармуд: «кадом як аз шумо маро дар ин кор ёрӣ мекунад то бародар, васӣ ва ҷонишини ман дар миёни шумо бошад?», пас аз хомӯшии ҳама, дар ҳар бор, Алӣ (а) гуфт: «эй Расули Худо! Ман ҳастам». Сипас Пайғамбар (с) фармуд: «ин васӣ ва халифаи ман дар мобайни шумост. Сухани ӯро шунавед ва аз ӯ фармон баред!».[6] Дар Маҷмаъ-ул-баён ин шаъни нузул, байни шиа ва аҳли суннат машҳур дониста шудааст.[7]
Мутакаллимони шиа санади ин ривоятро мутавотир хонда[8] ва дар исботи хилофати билофасли Имом Алӣ (а) ба он истинод кардаанд.[9]
Чароии оғози даъват аз хешовандон
Муфассирон дар баёни сабаби оғози даъвати Пайғамбар ба Ислом аз хешовандони худ далелҳоеро баён кардаанд, аз ҷумла:
- Парҳез аз гумони тафриқа бо хешовандон дар инзор ва ҳушдор барои ғафлат накардан бо дигарон дар масъалаи дин.[10]
- Осонии ҷамъ кардани хешовандон ва инзори онҳо барои Пайғамбар ба нисбати ҷамъи мардуми дигар қабилаҳо.[11]
- Бархӯрдорӣ аз ҳимоят ва ёрии хешон дар сурати имон овардан ба Расули Худо.[12]
- Барномаи васеи инқилобӣ бояд аз доираҳои хурдтар оғоз шавад.[13]
- Наздикони Пайғамбар (с) ӯро беҳтар мешинохтанд ва пайванди хешутаборӣ сабаб мешуд, ки бештар аз дигарон ба сухани ӯ гӯш кунанд ва аз кинаву ҳасодату душманӣ ба Пайғамбар (с) дуртар бошанд.[14]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Башавӣ, “Ояти Инзор”, саҳ.149.
- ↑ Макорим, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.366.
- ↑ Мавлоиниё ва Муъминӣ, “Тафсири татбиқии ояти Инзор аз дидгоҳи фариқайн”, саҳ.144.
- ↑ Мавлоиниё ва Муъминӣ, “Тафсири татбиқии ояти Инзор аз дидгоҳи фариқайн”, саҳ.164.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.60; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116; Вешнувӣ, Ҳаёт-ун-набӣ ва сиратуҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ал-Мактабатул-илмийя, ҷ.4, саҳ.189 - 186; Фурот ал-Куфӣ, тафсири Фурот ал-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.300; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.153 - 151; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.97; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543 - 542; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.322 - 323.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.322.
- ↑ Башавӣ, “Ояти Инзор”, саҳ.149.
- ↑ Шайхи Муфид, Рисолатун фи маъно-л-мавло, 1413ҳ.қ., саҳ.39 ва 40; Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.96; Наботии Баёзӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325; ҷ.2, саҳ.29.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.322.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.322.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, Дорул-анвор, ҷ.5, саҳ.521.
- ↑ Макорим, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.366.
- ↑ Макорим, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.366.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-маориф, 1417ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
- Башавӣ, Муҳаммад Яъқуб, “Ояти Инзор”, дар Донишномаи ҳаҷ ва ҳарамайн шарифайн, ҷ.1, беҷо, Пажуҳишкадаи ҳаҷҷу зиёрат, 1392ҳ.ш.
- Вешнувӣ, Муҳаммадқавом, Ҳаёт-ун-набӣ ва сиратуҳ, Қум, Созмони авқоф ва умури хайрия, 1424ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1386 - 1385ҳ.ш.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1419ҳ.қ.
- Мавлоиниё, Иззатуллоҳ ва Муҳаммадамин Муъминӣ, «Тафсири татбиқии ояти Инзор аз нигоҳи фариқайн», дар пажуҳишҳои тафсири татбиқӣ, № 1, 1394ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Бейрут, Дорул-анвор, бе то.
- Наботии Баёзӣ, Алӣ ибни Юнус, ас-Сирот-ул-мустақим, Наҷаф, чопи китобхонаи Ҳайдарийя, 1384ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат ва овасти Теҳрон, Носири Хисрав, 1406ҳ.қ.
- Фуроти Куфӣ, Фурот ибни Иброҳим, тафсири Фурот ал-Куфӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршоди исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, интишороти конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Рисолатун фи маъно-л-мавло, Қум, интишороти конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.