Дуои Ясташир
Дуои Ясташир дуое дар баёни сифоти Худованд ва ҳамду ситоиши Илоҳӣ аст, ки Пайғамбари Акрам (с) ба ҳазрати Алӣ (а) таълим дод ва аз ӯ хост то дар ҳамаи ҳол, онро бихонад.
Ин дуоро Сайид ибни Товус дар китоби Муҳаҷ-уд-даъавот оварда, аз забони Пайғамбар (с), фазоил ва савобҳоеро ҳамчун бахшида шудани гуноҳон барои хондани он зикр кардааст.
Санад
Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон овардааст: Сайид ибни Товус дар Муҳаҷ-уд-даъавот аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки дуои Ясташирро Пайғамбар (с) ба ман омухт ва амр кард то онро дар ҳамаи ҳол, дар сахтию роҳатӣ бихонам ва ба ҷонишини баъд аз худам таълими диҳам, ва онро тарк нанамоям то Худоро мулоқот намоям. Ҳазрати Алӣ дар идома аз Расули Акрам нақл кардааст, ки: ё Алӣ! ҳар субҳу шом ин дуоро бихон, ки ганҷе аз ганҷҳои арши Илоҳӣ аст.[1]
Номгузорӣ
Сайид ибни Товус, номеро барои ин дуо зикр накардааст,[2] аммо Муҳаддиси Қумӣ дар Мафотиҳ-ул-ҷинон аз он бо унвони дуои Ясташир ёд кардааст.[3] Гуфта шудааст, номи ин дуо аз иборати «وَلا خَلْقٍ مِنْ عِبادِهِ يسْتَشيرُ» дар фарозҳои ибтидои он гирифта шудааст.[4] Дар бархе чопҳои Муҳаҷ-уд-даъавот, ин дуо бо номи «دُعاء علی عَلَّمَهُ لِسَلْمان» (дуое ки Алӣ ба Салмон омухт) муаррифӣ шуда[5] ва дар баъзе кутуби дуо низ «дуои Имом Алӣ» ном гирифтааст.[6]
Мазмун
Дуои Ясташир дар китоби Ибни Товус бо таъбири «اَلْحَمْدُ للَّهِِ الَذى لا اِلهَ اِلاَّ هُوَ الْمَلِک الْحَقُّ الْمُبينُ» оғоз шуда,[7] аммо дар нусхаи китоби Кафъамӣ, ҷумлаи оғозини он бо андаке тағир, «اَلْحَمْدُ للَّهِِ الَذى لا اِلهَ اِلاَّ هُوَ الْحَیُّ الْقَیّوم الدّائمُ الْمَلِک الْحَقُّ الْمُبينُ» омадааст.[8] Ҳамд ва ситоиши Илоҳӣ, таъзим ва бузург шумурдани Парвардигор, баёни сифоти Худованд ва изҳори аҷзу нотавонии банда, мазмуни куллии дуост ва дар чанд фарози он, оёти қуръонӣ низ зикр шудааст.
Аҷри қироат
Дар китоби Муҳаҷ-уд-даъавоти нақл шудааст, ки Пайғамбар (с), фазилати дуои Ясташирро барои Убай ибни Каъби Ансорӣ ва Салмони Форсӣ баён кардааст. Бархе аз савобҳои ин дуо иборатанд аз:
- Нузули оромиш ва раҳмати Илоҳӣ
- Бароварда шудани ҳоҷоти дунявӣ ва ухравӣ
- Наҷот аз азоби қабр
- Сокин шудан дар биҳишт
- Зудуда шудани ғамҳо ва маразҳо аз қалб
- Аҷри шаҳодат дар рӯз ё шабе ки ин дуоро бихонаду бимирад.
- Бахшиш ва омурзиши гуноҳон.[9]
Матн ва тарҷумаи дуо
Дуои истшир
Матни тарҷума
Ситоиш махсуси Худое аст, ки нест маъбуде ҷуз Ӯ, подшоҳи барҳаққи ошкор, он мудаббире, ки вазиру ёрдамие надорад ва на, бо махлуқе аз бандагонаш машварат кунад, оғозе, ки ба васф дар наёяд ва онки пас аз фанои халқ боқист, он Худое, ки мақоми рубубияташ бас бузург аст! Равшании осмонҳою заминҳо ва офаринандаи онҳост ва падидоварандаи онҳост бидуни появу сутун, онҳоро офарид ва ба наҳви хоссе онҳоро аз ҳам кушод ва пас осмонҳо мутиъона ба амраш истоданд ва заминҳо низ бо мехҳояш (кӯҳҳо) бар зери об мустақар шуданд, сипас баромад Парвардигори мо дар осмонҳои баланд, он бахшоянда, ки бар арш муставлӣ аст, аз они Ӯст ҳарчӣ дар осмонҳо ва ҳарчӣ дар замин ва ҳарчӣ мобайни он ду ва ончӣ дар зери кураи хок аст, пас, ман гувоҳӣ диҳам, ки ба ростӣ Туӣ Худое, ки ҳарчизеро паст кардӣ касе баландаш натавонад кард ва ҳарчизеро баланд кардӣ, касе паст натавонад кард, ҳаркасеро хор кардӣ касе иззат натавон дод ва ҳаркасеро иззат додӣ, касе хораш натавонад! Ончиро додӣ ҷилавгир надорад ва ончиро ҷилавгирӣ кардӣ касе натавонад бидиҳад ва Туӣ Худое, ки маъбуде ҷуз Ту нест! Будӣ Ту ҳангоме ки на осмоне сохтае буд ва на, замине густардае ва на хуршеди дурахшндае ва на шаби ториккунандае ва на рӯзи равшанидиҳандае ва на дарёе маввоҷӣ ва на кӯҳи устуворе ва на ситораи сайркунандае ва на моҳи тобнок ва на боде вазон ва на абре боранда ва на барқе дурахшнда ва на раъде ба тасбеҳ ғуранда ва на ҷоне, ки дам занад ва на парандае ки парвоз кунад ва на оташе, ки равшан гардад ва на обе, ки равон гардад! Будӣ Ту пеш аз ҳар чиз ва ҳамаро Ту ҳастӣ додӣ ва бар ҳар чизе қодиру тавоно гаштӣ ҳамаи ашёъро Ту падид овардӣ, тавонгар кунӣ ва фақир гардонӣ ва бимиронию зинда кунӣ ва бихандонию бигирёнӣ ва бар арш муставлӣ ҳастӣ! Пас, муназзаҳӣ Ту эй Худо ва бартарӣ, Туӣ Худое, ки маъбуде ҷуз Ту нест! Он офаринандаи мададкори фармонати пирӯзу донишати нофиз ва кеду макрати аҷибу ғарибу ваъдаи ?ути росту гуфторати дурусту ҳикмати адл ва доду каломати ҳидояту иршоду ваҳйати нуру раҳматати паҳновару гузаштати баси бузургу фазлу карамат бисёру риштаи тавассул ба ту муҳкаму имкон ( васоили ҷавр кардан ) ту муҳайёаст паноҳанда ба ту нерӯманду интиқому кайфарати сахту макру кидт зираконааст ту эй парвардгори ман марҷаъ ҳар шикояту ҳозир дар ҳар анҷуману матлаъ аз ҳар сухани дргўшӣ, ҳади ниҳоӣ ҳар ҳоҷат, бартарафкунанда ҳар андӯҳ, тавонгарӣ ҳар бено, дижи муҳкам ҳар фирорӣ, амони бахш ҳар тарснок, паноҳгоҳи заъифон, ганҷи фақирон, ғами гушой ғам задагон ёвари некону неки рафтороне. Инаст худои парвардгори мо ки маъбудии ҷуз ӯ нест ҳар бандае аз бандагонат ки бар ту таваккул кунад ӯро кифоят кунӣ ва туе паноҳ касе ки ба ту паноҳ овараду тазаррӯъу зорӣ ба даргоҳат кунад, нигаҳдори онӣ ки аз ту нигаҳдорӣ хоҳаду ёри онӣ ки аз ту ёрии талабад, биёмурзӣ гуноҳон касеро ки аз ту омурзиш хоҳад, мусаллат бар ҳамаи грднкшони бартар ( аз ҳама ) бартарони бузурги ҳамаи бузургони оқои оқоёни сарвари сарварони додраси додхоҳон ғам задой ғмндгони иҷобаткунанда дуои дармондагони шунавотарин шунавандагон ибниотарин беноёни одилтарин ҳокимони сариътарин ҳисобгарони меҳрбонтарин меҳрбонони беҳтарин омурзандагон бароранда ҳоҷоти муъминону фарёдраси некону шоистагони туе худоӣ ки маъбудии ҷуз ту нест эй парвардгори ҷаҳонёни туе офаринанда ва манам офарӣда шуда туе молик ва манам мамлуки туе парвардгор ва манам бандаи туе рӯзии даҳ ва манам рӯзии хури туедиҳанда ва манам хоҳанда туе бахшанда ва манам бахилу хасиси туе нерӯманд ва манам бандаи нотавони туе азиз ва манам забуну залили туе тавонгар ва манам гадои ниёзманди туе оқо ва манам бандаи туе омурзанда ва манам бадкор ( шарманда ) туе доно ва манам нодон, туе бурдбор ва манам шитоби кори туе бахшоянда ва манам мустуҷиби раҳмати туе офияти бахш ва манам ( банда ) гирифтори туе иҷобаткунанда ва манам бандаи дармонда ва ман гувоҳии даҳум ки баростии туе худоӣ ки маъбудии ҷуз ту нест ба бандагонат бидӯни савол ато кунӣу гувоҳии даҳум ки баростии туе худои ягонаи яктои танҳои бе ниёзи фард ،у бозгашти ҳамаи басӯи туасту дуруди худо бар Муҳамаду аҳли байти поку покизааш бод ва биёмурз гноҳонмро ва бпушон бар ман айб ҳоемро ва боз кун барои ман аз назд худ дарӣ аз раҳмату рӯзии фарох эй меҳрбонтарин меҳрбонону ҳамди махсӯси парвардгор ҷаҳонёнаст басаст моро худоу некӯ вакилӣасту ҷумбиш ва неруе нест магар ба худои волои бузург.
Эзоҳ
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Усва, саҳ.78.
- ↑ Ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.124 - 122.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Усва, саҳ.78.
- ↑ «Дуои Ясташир», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1424ҳ.қ., саҳ.156.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.380.
- ↑ Ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.124.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, 1418ҳ.қ., саҳ.380.
- ↑ Ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.122 ва 123.
Сарчашма
- Дуои Ясташир, пойгоҳи итилоърасонии Макорими Шерозӣ, таърихи мушоҳида: 24 тири 1398ҳ.ш.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, Дорул-захоир, 1411ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1424ҳ.қ.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин ва-д-диръ-ул-ҳасин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1418ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Усва, бе то.