Jump to content

Думатулҷандал

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Думат-ул-ҷандал)
Думатулҷандал
Мавқеияти ҷуғрофиёӣ
Мавқеияти ҷуғрофиёӣ
КишварАрабистони Саудӣ
ВилоятҶавф
Ҷамъият49646 (2010)
Ҳодисаҳои муҳимҒазваи Думатулҷандал ва моҷарои ҳакамият
Маконҳои таърихӣҚалъаи Морид


Думатулҷандал (форсӣ: دومة الجندل) маҳалли вуқуи ғазваи Думатулҷандал дар соли панҷуми ҳиҷрӣ будааст. Ин шаҳр дар садри Ислом ҷузъе аз Шом буд. Сарияи Абдурраҳмон ибни Авф дар соли шашуми ҳиҷрӣ барои даъвати мардум ба Ислом ва сарияи Холид ибни Валид дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ, ки ба қарордоди Акидар ибни Абдулмалик, ҳокими Думатулҷандал бо Пайғамбари Ислом ва таъини ҷизя оварда расонид, аз дигар воқеаҳоест, ки дар ин шаҳр рух додааст. Баъзе манбаъҳои таърихӣ, Думатулҷандалро маҳалли вуқуъи ҳакамият дар ҷанги Сиффин донистаанд.

Думатулҷандал имрӯз дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ воқеъ шуда ва дар садкилометрии марзи Урдун аст. Думаъ фарзанди Исмоил (а), бунёнгузори ин шаҳр муаррифӣ шудааст, ки дар аввал қалъае сангӣ дар макони ин шаҳр бунёд кардааст.

Мавқеи ҷуғрофӣ

Қалъаи Морид аз биноҳои таърихии Думатулҷандал
Таърихи садри Ислом
Шахсиятҳо
Пайғамбари Ислом (с)АбутолибҲазрати Хадиҷа (с)Ҳазрати Алӣ (а)Ҳазрати Фотима (с)Ҳамза ибни АбдулмутталибСалмони ФорсӣАбузари ҒифорӣМиқдод ибни АмрҶаъфар ибни АбитолибБилоли ҲабашӣАбубакрУмар ибни ХаттобУсмон ибни АффонСаҳоба
Ҷангҳо
Ғазваҳо و Сарияҳо
Ҷанги БадрҶанги УҳудҒазваи Банӣ НазирҒазваи ХандақҒазваи Банӣ ҚурайзаСулҳи ҲудайбияҒазваи ХайбарФатҳи МаккаҒазваи ТабукДигар ғазваҳоСарияҳо
Шаҳрҳо ва маконҳо
МаккаШиъби АбитолибМадинаТоифМасҷиди ҚубоМасҷид-ун-набӣСақифаи Банӣ СоидаХайбарҚабристони БақиъФадак
Ҳодисаҳо
БеъсатҲиҷрат ба ҲабашаЛайлат-ул-мабитҲиҷрат ба МадинаСулҳи ҲудайбияҲаҷҷат-ул-видоъВоқеаи ҒадирСақифаСипоҳи Усома
Мафҳумҳои вобаста
ИсломАнсорМуҳоҷиринТашаййюъҲаҷҚурайшБанӣ ҲошимБанӣ УмайяҶоҳилият

Думатулҷандал дар садри Ислом, шаҳре дар наздикии Табук[1] ва дар фосилаи байни Мадина ва Димишқ воқеъ шуда буд[2] ва тобеъи Шом будааст.[3] Ин шаҳр имрӯз дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ аст ва сад километр бо марзи кишвари Урдун фосила дорад.[4]

Номгузорӣ ва таърих

Ба гуфтаи "Муъҷамулбулдон", номи Дума аз номи "Думаъ" фарзанди Исмоил (а) гирифта шудааст, ки дар ин шаҳр қалъае бунёд кардааст.[5] Ҷандал ба маънои санг ва ҳаҷм аст ва Думатулҷандал ба маънои қалъаест, ки Думаъ аз санг бунёд кардааст.[6] Яқути Ҳамавӣ аз қалъаи Морид дар Думатулҷандал ёд кардааст[7], ки аз осори таърихии ин шаҳр ба шумор меравад.[8]

Гуфта мешавад, ки ин минтақа барои он ки бо Думатулҳира иштибоҳ нашавад, Думатулҷандал номгузорӣ шудааст. Акидар ибни Абдулмалик ҳокими он ҷо дар Думатулҳира иқомат дошт, рӯзе ҳангоми шикор бо харобаҳои шаҳре рӯбарӯ шуд, ки аз санг бунёд шуда буд, онро бозсозӣ кард ва Думатулҷандал номид.[9]

Думатулҷандалро Ҷавф ба маънои замини паст ё Ҷавфи Оли Амр низ номидаанд. Оли Амр мансуб ба Банӯ Амр аз қабилаи Тай аст, ки дар қарни чоруми ҳиҷрӣ дар он ҷо сокин будаанд.[10]

Воқеаҳои таърихӣ

Думатулҷандал ва минтақаҳои атрофи он дар замони зуҳури Ислом, маскани Банӯ Канона аз қабилаи Калб будааст.[11] Ҳокими минтақа, Акидар ибни Абдулмалик Киндии насронӣ[12] ва зери фармони подшоҳи Рум қарор дошт.[13] Бути "Вадд" аз бутҳои машҳури ҷаҳони араб дар ин минтақа ҷойгир буд.[14]

Дар минтақаи Думатулҷандал, воқеаҳое рух доданд, ки боиси он шуд, ки дар манбаъҳои таърихи Ислом аз он бисёр ёд шавад, баъзе аз ин воқеаҳо инҳоянд:

Ғазви Думатулҷандал

Дар 25 рабиъулаввали соли панҷуми ҳиҷрӣ Пайғамбар (с) бо ҳазор нафар аз мусалмонон ба сӯи минтақаи Думатулҷандал роҳ андохт;[15] зеро ба ӯ хабар расида буд, ки аҳолии Думатулҷандал дар гузаргоҳи тоҷирон камин карда ва барои тоҷирони Мадина мозаҳимат эҷод мекунанд ва ҳамчунин қасд доранд, ки ба Мадина наздик шаванд.[16] Вақте ки лашкари Ислом ба минтақаи Думатулҷандал расид, онҳо бо иттилоъ аз ҳузури лашкари Ислом пароканда шуданд, Пайғамбар (с) афродеро ба атрофи он ҷо фиристод, аммо касеро наёфтанд, ҷуз Муҳаммад ибни Муслима шахсеро назди Пайғамбар (с) овард ва ӯ Исломро қабул кард. Мусалмонон дар 20 рабиуссонӣ ба Мадина баргаштанд, бе он ки ҷанге дар Думатулҷандал рух диҳад.[17]

Аз он ҷо ки Думатулҷандал зери салтанати Рум буд, ғазваи Думатулҷандал, аввалин бархурди мусалмонон бо румиён дониста шудааст.[18] Ҳамчунин дар бораи ҳадафҳои ин ғазва гуфтаанд, ки Пайғамбар (с) қасд дошт, ки ба марзҳои Шом биравад, зеро рафтани ӯ ба марзҳои Шом боиси тарси қайсари Рум мешуд.[19]

Сарияи Абдурраҳмон ибни Авф

Пайғамбари Ислом (с) дар шаъбони соли шашуми ҳиҷрӣ, Абдурраҳмон ибни Авфро ба Думатулҷандал фиристод ва аз ӯ хоҳиш кард, ки мардуми минтақаро ба Ислом даъват кунад.[20] Ҳодиса бо Ислом овардани Асбағ ибни Амри Калбӣ, ки аз бузургони минтақа буд ва издивоҷи Абдурраҳмон бо духтари ӯ хотима ёфт.[21]

Сарияи Холид ибни Валид

Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ ҳазрати Муҳаммад (с) Холид ибни Валидро аз Табук ба Думатулҷандал фиристод[22] ва Холид, Акидар ибни Абдулмалик, ҳокими Думатулҷандалро муҳосира кард ва ба Мадина бурд.[23] Ба гуфтаи манбаъҳои таърихӣ, Пайғамбар (с) бо ӯ қарордод навишт ва барои ӯ ҷизя таъин кард.[24] Ҳарчанд баъзе манбаъҳо аз Ислом овардани ӯ хабар додаанд,[25] аммо манбаъҳои дигар ин нақлро саҳеҳ надонистаанд.[26] Ҳар ду гурӯҳи манбаъҳо бар он аст, ки Акидар пас аз вафоти Пайғамбар (с) аз пардохти закот ё ҷизя сарпечӣ кард ва дар соли дувоздаҳуми ҳиҷрӣ, Абӯбакр ибни Абӯқуҳофа, Холидро барои саркӯб кардани ӯ фиристод ва ӯро кушт.[27]

Ҳакамият дар ҷанги Сиффин

Ба гуфтаи баъзе манбаъҳои таърихӣ, ҳодисаи ҳакамият дар ҷанги Сиффин, ки Абӯмусои Ашъарӣ ва Амр ибни Ос аз сӯи лашкари Имом Алӣ (а) ва Муовия ибни Абӯсуфён маъмур ба музокиро ва ҳукм кардан ба нафъи яке аз тарафҳо шуданд, дар минтақаи Думатулҷандал рух додааст.[28]

Эзоҳ

  1. Омилӣ, Ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Дор-ул-ҳадис, ҷ.10, саҳ.105
  2. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.487
  3. Аскарӣ, Яксaду панҷоҳ саҳобии сохтагӣ, 1387 ҳ.ш., саҳ.281
  4. Лоҳутӣ, «Ҷавф», ҷ.11, саҳ.373
  5. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.487
  6. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.488
  7. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.488
  8. «قلعة مارد», Сайти Саудитурисм
  9. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.487
  10. Лоҳутӣ, «Ҷавф», ҷ.11, саҳ.373
  11. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.487
  12. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135
  13. Масъудӣ, ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.215
  14. Олусӣ, Булуғ-ул-ароб, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.2, саҳ.213-214
  15. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403; Мақризӣ, Имтиоъ-ул-асмоъ, 1420 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.367
  16. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403; Мақдисӣ, Ал-бадъ ва-т-таърих, Қоҳира, ҷ.4, саҳ.92
  17. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402
  18. Мақдисӣ, Ал-бадъу ва-т-таърих, Қоҳира, ҷ.4, саҳ.214; Масъудӣ, ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, Дор-ус-совӣ, саҳ.214
  19. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.403
  20. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.560-562; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м., ҷ.1, саҳ.378
  21. Воқидӣ, Ал-Мағозӣ, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.560-562; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м., ҷ.1, саҳ.378
  22. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м., ҷ.1, саҳ.382
  23. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959 м., ҷ.1, саҳ.382
  24. Ибни Абдулбарр, Ал-Истиоб, 1412 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.428; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135
  25. Ниг.: Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135
  26. Ибни Ҳаҷар, Ал-Исоба, 1415 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135
  27. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
  28. Динварӣ, Ахбор-ут-тувол, 1371 ҳ.ш., саҳ.242; Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995 м., ҷ.2, саҳ.489; Масъудӣ, ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.256

Сарчашма

  • «قلعة مارد», сомонаи Саудия, санаи боздид: 6 дей 1397ҳ.ш.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Байрут, Дор соҳир, чапи дуюм, 1995 м.
  • Аскарӣ, Сайид Муртазо, Яксаду панҷоҳ саҳобии сохтагӣ, тарҷумаи Ато Муҳаммад Сардарниё, Қум, Донишгоҳи усули дин, 1378ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дор-ул-маъориф, 1959 м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Ал-Мағозӣ, таҳқиқи Марсден Ҷонс, Байрут, Муассисату-л-аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989 м.
  • Динварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тувол, тарҷумаи Маҳмуд Маҳдавӣ Домғонӣ, Теҳрон, Нашри Най, чапи чорум, 1371ҳ.ш.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, Ал-Истиобу фӣ маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷавӣ, Байрут, Дор-ул-ҷайл, 1992 м./1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғобати фӣ маърифат-ис-саҳоба, Байрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./1989 м.
  • Ибни Ҳаҷар Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Ал-Исобату фӣ тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Маввуд, Байрут, Дор-ул-кутуб илмия, 1415ҳ.қ./1995 м.
  • Лоҳутӣ, Беҳзод, «Ҷавф», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.11.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ат-Танбеҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил Совӣ, Қоҳира, Дору-с-Совӣ, б.т.
  • Мақдисӣ, Мутахҳар ибни Тоҳир, Ал-Бадъу ва-т-таърих, Қоҳира, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, б.т.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъу-л-асмоъ бимоли-н-набийй мин ал-аҳвол ва-л-амвол ва-л-ҳафда ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид Нумйсӣ, Байрут, Дор-ул-кутуб илмия, 1420ҳ.қ./1999 м.
  • Олусӣ, Маҳмуд, Булуғ-ул-араби фӣ маърифати аҳвол-ил-араб, тасҳеҳи Муҳаммад Баҳҷа Асарӣ, Байрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, б.т.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, Ас-Саҳеҳу мин сират-ин-набийй-ил-аъзам, Қум, Муассисаи фарҳангии Дор-ул-ҳадис, б.т.