Асҳоби Айка
Асҳоби Айка (форсӣ: اصحاب اَیکه) қавме мебошанд, ки дар Қуръон барои камфурӯшӣ ва бутпарастӣ мазаммат шудаанд. Бар асоси манбаъҳои тафсирӣ ва ҳадисӣ, Асҳоби Айка даъвати пайғамбарашон Шуайб (а) барои дурӣ аз гуноҳон ва махсусан камфурӯширо напазируфтанд ва талош карданд онро қатъ кунанд. Ниҳоятан, онҳо тавассути азоби Илоҳӣ нобуд шуданд. Асҳоби Айка дар масири тиҷоратии Ҳиҷоз ба Шом зиндагӣ мекарданд. Номи Асҳоби Айка чор маротиба дар Қуръон ёд шудааст.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Асҳоби Айка қавме буданд, ки дар минтақае бо номи Айка[Ёддошт 1] дар масири тиҷоратии Ҳиҷоз ба Шом зиндагӣ мекарданд.[1] Айка як маҳалли машҳури обод наздики Мадян буд.[2] Вожаи «Асҳоби Айка» дар Қуръон чор бор омадааст: оятҳои 78 сураи Ҳиҷр, 176 сураи Шуаро, 13 сураи Сод ва 14 сураи Қоф.[3] Ба гуфтаи муфассирон, ин қавм ба сабаби фасодҳои зиёд мазаммат шуданд ва даъвати пайғамбарашон Шуайб (а)-ро напазируфтанд.[4] Онҳо пас аз инкор кардани пайғамбарашон, ба азоби Илоҳӣ гирифтор шуданд ва нобуд гаштанд.[5]
Асҳоби Айка ва аҳли Мадян
Муфассирон дар бораи он ки оё Асҳоби Айка ва қавми Мадян як қавм будаанд, ки дар Қуръон бо ду номи мухталиф ёд шудаанд, ё ду қавми ҷудо бо пайғамбари муштарак ва хусусиятҳои монанд, ихтилофи назар доранд.[6] Баъзе муҳаққиқон бо нақл аз аксари муфассирон, Ҳазрати Шуайб (а)-ро аввал пайғамбари аҳли Мадян донистаанд, ки пас аз нобудии онҳо, ҳидояти Асҳоби Айкаро бар дӯш гирифтааст.[7]
Далели онҳо ривоятест аз Паёмбар (с),[8] сухане аз Қатода ибни Диъома, муфассири Қуръон,[9] ва фарқияти ибораҳо дар бораи азоб дар Қуръон аст. Дар Қуръон аз азоби Асҳоби Айка бо ибораи «азоби рӯзи абр» (عذاب یوم الظلة) ёд шудааст, вале барои аҳли Мадян ибораҳои «раҷфа» (ларзаи сахт) ва «сайҳа» (садои шадид) омадааст.[10] Илова бар ин, дар Қуръон, дар ояти 85 сураи Аъроф, Шуайб «бародари аҳли Мадян» номида шудааст, вале «бародари Асҳоби Айка» хонда нашудааст.[11]
Хусусиятҳо
Хусусиятҳои Асҳоби Айка камфурӯшӣ ва бутпарастӣ зикр шудаанд:
Камфурӯшӣ дар муомила
- Мақолаи аслӣ: Камфурӯшӣ
Бинобар пажӯҳише, аз оятҳо бармеояд, ки бузургтарин инҳирофи Асҳоби Айка камфурӯшӣ будааст.[12] Бар асоси манбаъҳои гуногун, онҳо дар вазн ва андоза камфурӯшӣ мекарданд,[13] дар андоза ва миқёсҳо қалбакӣ мекарданд ва ҳатто рангу ботини молҳоро тағйир медоданд,[14] ва дар савдои худ ба фасод ва қалбакӣ даст мезаданд.[15] Қутбуддини Ровандӣ дар китоби Қисас-ул-анбиё, ба нақл аз Имом Саҷҷод (а) овардааст, ки Ҳазрати Шуайб (а), бо дасти худ, андоза ва тарозуро сохта буд, то мардум бо андозагирии дуруст ва риояи ҳуқуқи дигарон муомила кунанд. Аввалан мардум бо адолат тарозу мекарданд ва вазнро комил медоданд; вале ба тадриҷ ба камфурӯшӣ гирифтор шуданд ва дар тарозу ҳақро нодида мегирифтанд.[16]
Дар Тафсири намуна, ки навиштаи Макорими Шерозӣ аст, гуфта шудааст, ки ин қавм ба сабаби мавқеи тиҷоратие, ки доштанд,[17] молҳои мардумро бо нархҳои паст мехариданд ва молҳои худро бо нархҳои гарон мефурӯхтанд;[18] ҳамчунин вақте молҳои худро месанҷиданд, хеле дақиқ буданд; аммо молҳои дигаронро бо бепарвоӣ ва бе диққат вазн мекарданд.[19] Ба қавли Табарӣ — таърихнигори қарнҳои III ва IV ҳиҷрӣ — онҳо бо ин шева, зиндагии барҳавое барои худ фароҳам карда буданд.[20]
Бутпарастӣ
- Мақолаи аслӣ: Бутпарастӣ
Бар асоси гузоришҳои гуногун, Асҳоби Айка аз неъматҳои табиӣ ва муҳити зист бархӯрдор буданд; вале ба ҷойи шукргузорӣ аз Худованд, ба парастиши бутҳо[21] ва ибодати дарахтони сабзу хуррам рӯй оварданд;[22] ҳамчунин, онҳо рӯзи қиёматро инкор мекарданд.[23]
Даъвати Ҳазрати Шуайб (а) ва вокуниши онҳо
Бар асоси манбаҳои таърихӣ ва тафсирӣ, бо густариши ширк ва фасод миёни Асҳоби Айка, Худованд Ҳазрати Шуайб (а)-ро ба сӯи онҳо фиристод.[24] Ҳазрати Шуайб (а) мардумро ба худопарастӣ,[25] тақво ва дурӣ аз гуноҳон, ихлос дар ибодат ва итоат аз аҳкоми Худо даъват мекард[26] ва онҳоро аз ширк ва бутпарастӣ бозмедошт.[27]
Ҳамчунин ӯ Асҳоби Айкаро аз камфурӯшӣ бозмедошт,[28] ва аз фитна ва фасод,[29] куштор,[30] таҷовуз ба молу амвол ва роҳзанӣ ҳушдор медод.[31] Ӯ ба қавмаш огоҳӣ дод, ки агар аз гуноҳонашон тавба накунанд, ба азоби Илоҳӣ гирифтор хоҳанд шуд.[32]
Дар муқобил, ба қавли Ибни Аббос, Асҳоби Айка дар роҳҳо менишастанд ва бо таблиғоти худ, Шуайб (а)-ро душмани мардум ва сабаби инҳирофи дини онҳо муаррифӣ мекарданд.[33] Бар асоси китоби ат-Тафсир-ул-мунир, онҳо бо таҳдидҳо талош мекарданд, ки мақоми Шуайб (а)-ро заиф ва даъваташро беасар кунанд.[34]
Тибқи гузоришҳои гуногун, Асҳоби Айка дар баробари суханони Ҳазрати Шуайб (а) ӯро инкор карданд,[35] ва ӯро девона,[36] дурӯғгӯ,[37] ҷодугар,[38] ва инсоне мисли худ, ки фазилате аз онҳо зиёд надошт, номиданд.[39]
Ҳалокат
Асҳоби Айка, илова бар инкор кардани Ҳазрати Шуайб (а),[40] ба ӯ мегуфтанд: агар рост мегӯяд, бигзор сангҳо аз осмон фуруд оянд ва онҳоро бо ҳамон балое, ки таҳдид мекунад, гирифтор созад.[41] Пас аз итмоми ҳуҷҷат, Худованд онҳоро ба азоби Илоҳӣ гирифтор кард.[42]
Ба гуфтаи манбаъҳои тафсирӣ ва ҳадисӣ, Асҳоби Айка ба муддати ҳафт рӯз, гирифтори гармии шадид шуданд; ба тавре ки ягон насим ба шаҳр ва сарзаминашон намеварзид. Сипас абре падид омад ва онҳо барои фирор аз гармӣ дар зери сояи он паноҳ гирифтанд; аммо дар ҳамон лаҳза, оташе аз он абр фуруд омад ва ҳамаи онҳоро сӯзонд.[43]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояти ва-н-наҳоя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.185; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.330.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.330.
- ↑ Даштӣ, «Асҳоби Айка», саҳ.386.
- ↑ Тайиб, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1369ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.83; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.341; Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.289.
- ↑ Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170.
- ↑ Даштӣ, «Асҳоби Айка», саҳ.389; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.331; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.317; Майбудӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.147.
- ↑ Даштӣ, «Асҳоби Айка», саҳ.389.
- ↑ Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.774.
- ↑ Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.71.
- ↑ Хусравонӣ, Тафсири Хусравӣ, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.289.
- ↑ Хусравонӣ, Тафсири Хусравӣ, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.289.
- ↑ Даштӣ, «Асҳоби Айка», саҳ.387.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.380.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.333; Тайиб, Атяб-ул-баён, 1369ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.83; Амин, Тафсири Махзани ирфон, ҷ.9, саҳ.248.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.157.
- ↑ Ровандӣ, Қисас-ул-анбиё (а), 1409ҳ.қ., саҳ.142.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.333.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.333.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.333.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.326.
- ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-арб, 1423ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.168; Бейюмӣ, Диросотун таърихия мин-ал-Қуръон-ил-карим, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291.
- ↑ Шайбонӣ, Наҳҷ-ул-баён, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.98.
- ↑ Сабзаворӣ, Ал-Ҷадид, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.10; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.241.
- ↑ Ҳусайнӣ, Анвори дурахшон, 1380ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.76.
- ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-арб, 1423ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.169.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.317.
- ↑ Ҳусайнӣ, Анвори дурахшон, 1380ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.76.
- ↑ Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-арб, 1423ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.169.
- ↑ Амин, Тафсири Махзани ирфон, ҷ.9, саҳ.284.
- ↑ Сақафӣ Теҳронӣ, Равони ҷовид дар тафсири Қуръони маҷид, 1398ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125.
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояти ва-н-наҳоя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.185; Ҷурҷонӣ, Ҷалоъ-ул-азҳон, 1378ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.267.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.318.
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.289.
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.289.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.341.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.338.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.317.
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.289.
- ↑ Ҷурҷонӣ, Ҷалоъ-ул-азҳон, 1378ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.97.
- ↑ Ашкеварӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.394.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.339.
- ↑ Шоҳабдулъазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.221.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.380; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.327; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.317.
Ёддошт
- ↑ «Айка» ба маънии ҷойест, ки дарахтон печида ва фишурда мерӯянд ва дар форсӣ онро «биёша» мегӯянд (Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.331).
Сарчашма
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ус-содир, 1385ҳ.қ.
- Ибни Касир, Ҳофиз ибни Касир, ал-Бидояти ва-н-наҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе таърих.
- Ашкеварӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири шарифи Лоҳиҷӣ, таҳрири: Ҷалолуддин Муҳаддис, Теҳрон, Дафтари нашри Дод, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Нувайрӣ, Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-арб фи фунуни адаб, Қоҳира, Дор-ул-кутуби ва-с-соиқ-ил-қавмия, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Амин, Нусрат Бегим, Тафсири Махзани ирфон дар улуми Қуръон, бе ҷой, бе ношир, чопи аввал, бе таърих.
- Сақафӣ Теҳронӣ, Муҳаммад, Равони ҷовид дар тафсири Қуръони маҷид, Теҳрон, Бурҳон, чопи дуввум, 1398ҳ.қ.
- Ҷурҷонӣ, Ҳусайн ибни Ҳасан, Ҷалоъ-ул-азҳон ва ҷалоъ-ул-аҳзон, таҳрири: Ҷалолуддин Муҳаддис, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Муҳаммад, Анвори дурахшон дар тафсири Қуръон, Теҳрон, Лутфӣ, 1380ҳ.қ.
- Даштӣ, Сайид Маҳмуд, «Асҳоби Айка» дар Донишномаи Доират-ул-маорифи Қуръони карим (ҷ.3), Қум, Муассисаи Бӯстони китоб, 1382ҳ.ш.
- Зуҳайлӣ, Ваҳба, ат-Тафсир-ул-мунир фи-л-ъақидати ва-ш-шариъати ва-л-манҳаҷ, Димишқ, Дор-ул-фикр, чопи дуввум, 1411ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Муҳаммад, Ал-Ҷадид фи тафсир-ил-Қуръон-ил-маҷид, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Шоҳабдулъазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Нашри Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, таҳрири: Абулқосим Гурҷӣ, Қум, Маркази мудирияти Ҳавзаи илмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи Тафсири Қуръон, таҳрири: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Насири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дуввум, 1387ҳ.қ.
- Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Нашри Ислом, чопи дуввум, 1369ҳ.ш.
- Қутбуддини Ровандӣ, Саид ибни Ҳиббатиуллоҳ, Қисас-ул-анбиё (Ровандӣ), таҳрир: Ғуломризо Ирфониён Яздӣ, Машҳад, Маркази таҳқиқоти исломӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Қутб, Сайид, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шуруқ, чопи сию панҷум, 1425ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ: ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
- Мағния, Муҳаммадҷавод, Ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Меҳрон, Муҳаммад Бейюмӣ, Диросотун таърихия мин-ал-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ун-наҳзат-ил-арабия, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
- Майбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор ва иддат-ил-аброр (маъруф ба тафсири Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ), таҳқиқ: Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, Амир Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
- Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Риёз, Китобхонаи Низор Мустафо ал-Боз, чопи севум, 1419ҳ.қ.
- Хусравонӣ, Алиризо, Тафсири Хусравӣ, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Исломия, чопи аввал, 1390ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ (раҳ), чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Шайбонӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Наҳҷ-ул-баён ан кашфи маони-л-Қуръон, Қум, Нашри ал-Ҳодӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.