Исмат

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи исмат аст. Барои ошноӣ бо исмати анбиё ва исмати Имомон, мадхали исмати пайғамбарон ва исмати имомонро бубинед.

Исмат (арабӣ: العصمة) маҳфуз будани шахси маъсум аз гуноҳ ва хато аст. Мутакаллимони шиа ва муътазила исматро лутфи Илоҳӣ, ва ҳакимони мусалмон исматро малакаи нафсоние таъриф кардаанд, ки сабаби иҷтиноби маъсум аз гуноҳу хато мешавад.

Дар бораи пайдоиш ва иллати масунияти маъсум аз гуноҳу хато назарҳои гуногуне баён шудааст, ки баъзе аз онҳо иборатанд аз: лутфи Илоҳӣ, илми вижа, ирода ва интихоб, ва маҷумиъи омилҳои табиъии инсонӣ ва Илоҳӣ. Мутакаллимон ва ҳакимон исматро бо ихтиёр созгор медонанд ва муътақиданд, маъсум бар анҷоми маъсият тавоност, вале гуноҳ намекунад. Бинобар ин, маъсум сазовори аҷр аст.

Эътиқод ба исмати пайғамбарон мавриди иттифоқи ҳамаи олимони мусулмонон аст. Албатта, дар бораи қаламрави исмат ихтилофи назар вуҷуд дорад. Исмати пайғамбарон аз ширк ва куфр, исмат дар дарёфт ва иблоғи ваҳй ва исмат аз гуноҳҳои амдӣ баъд аз нубувват мавриди иҷмоъи уламо аст.

Олимони имомия, имомони шиа (а)-ро низ дар тамоми умри худ аз гуноҳҳои хурду калон ва хатову иштибоҳ маъсуму бегуноҳ медонанд. Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, шиаҳо иттифоқ доранд, ки ҳамаи фариштагон аз гуноҳҳои сағираю кабира маъсум ҳастанд.

Ишколоте ба исмат гирифта шудааст; аз ҷумла, баъзеҳо онро бо табиати инсонӣ, ки дорои нерӯҳои гуногуни шаҳвонӣ ва нафсонӣ аст, номувофиқу носозгор донистаанд.

Дар ҷавоб гуфта шудааст, ҳавасҳои нафсонӣ ва шаҳвонӣ фақат заминасози олудагӣ ба гуноҳ аст ва мулозим бо анҷоми он нест; зеро мумкин аст монеаҳое монанди илму ирода аз таъсири он ҳавасҳо пешгирӣ кунанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Ба гуфтаи Сайид Алӣ Ҳусайнии Милонӣ - аз каломпажӯҳони шиа, масъалаи исмат яке аз мабоҳиси муҳими каломӣ ва эътиқодӣ аст, ки ҳар як аз фирқаҳои исломӣ аз нигоҳи худ ба он пардохтааст. Иртиботи исмат бо ҳуҷҷияти қавл ва феъли маъсум, аҳамият ва ҳассосияти ин баҳсро бештар кардааст. Аз назари ӯ, аҳли суннат чун ба исмати ҳокимон ва зимомдорони мусулмонон эътиқод надоранд, баҳси исматро сирфан зери мабоҳиси набувват матраҳ мекунанд, аммо шиаён ба далели ин ки тамоми пайғамбарон ва имомонро маъсум медонанд, зайли мабоҳиси набуввату имомат ба ин баҳс мепардозанд. Вай гуфтааст, исмат аз мавзуъоти муштараки мусулмонон аст; ҳарчанд дар масодиқ ва ҷузъиёти он, байнашон ихтилофоти фаровоне вуҷуд дорад.[1]

Аз исмат дар мабоҳис ва манобеи каломӣ зайли исмати пайғамбарон, имомон ва фариштагон баҳс мешавад.[2] Дар бархе аз тафсирҳои Қуръон низ зайли оёте ҳамчун ояти Татҳир, аз исмат ва масоили перомунии он ба тафсил гуфтугӯ шудааст.[3] Дар илми усули фиқҳ, уламои усули аҳли суннат, меъёри ҳуҷҷияти иҷмоъро исмати уммат донистаанд; зеро аз назари онҳо, уммати Ислом ҷонишини Пайғамбар (с) аст ва аз хато, фаромӯшӣ ва дурӯғ дар умури дин маҳфуз аст. Дар муқобил, уламои шиа меъёри ҳуҷҷияти иҷмоъро исмати имом донистаанд; зеро аз назари онон, имом ҷонишини Пайғамбар (с) ва ҳамонанди ӯ маъсум аст ва иҷмоъ, аз он ҷиҳат, ки кашфкунандаи қавли маъсум аст, ҳуҷҷат аст.[4]

Исмат дар адёне ҳамчун масеҳият ва яҳудият низ мавриди баҳс буда ва масеҳиён илова бар Исо (а), нависандагони Китоби Муқаддас ва поп (раҳбари калисои католик)-ро низ маъсум медонистанд; албатта эътиқод ба маъсумяти поп махсуси оини католик аст.[5]

Мафҳумшиносӣ

Мутакаллимон ва ҳакимони мусулмон бар асоси мабонӣ ва усули худ, таърифҳои гуногуне аз исмат ироа кардаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Таърифи мутакаллимон: мутакаллимони адлия (имомия[6] ва муътазила[7]) исматро бар асоси лутф таъриф кардаанд.[8] Бар ин асос, исмат иборат аст аз лутфе, ки Худо ба бандаи худ ато мекунад ва ӯ ба воситаи он, кори қабеҳ ё гуноҳ анҷом намедиҳад.[9] Аллома Ҳиллӣ, дар таърифи исмат гуфтааст: «Лутфи пинҳоние аз сӯи Худованд аст нисбат ба бандааш ба гунае, ки дигар ангезае барои тарки итоат ё анҷоми маъсият дар ӯ намемонад; ҳарчанд тавони анҷоми онро дорад».[10]

Ашоира исматро ба наёфаридани гуноҳ дар шахси маъсум аз сӯи Худо таъриф кардаанд.[11] Мабнои ашоира дар ин таъриф, истиноди бевоситаи ҳамаи чизҳо ба Худо аст.[12]

  • Таърифи файласуфон: ҳукамои мусулмон, исматро ба малакаи нафсоние [lower-alpha 1] таъриф кардаанд, ки бо вуҷуди он, аз соҳиби исмат, гуноҳе сар намезанад.[13]

Оятуллоҳ Субҳонӣ - муфассир ва мутакаллими муосир, дар таърифи исмат аз гуноҳ ва исмат аз хато фарқ қоил шуда ва ба навъе байни таърифи мутакаллимони адлия ва ҳукамо ҷамъ кардааст. Вай исмат аз гуноҳро болотарин дараҷаи тақво ва нерӯи дарунӣ ё малакаи нафсоние донистааст, ки шахси маъсумро аз иртикоби гуноҳ ба сурати мутлақ ва балки аз фикр кардан дар бораи он низ бозмедорад.[14] Ӯ исмат аз хато ва фаромуширо илми ғафлатнопазир дар партави лутфи Илоҳӣ донистааст, ки бар асари он, сурати воқеии ашё дар фикру андешаи шахси маъсум намоён шуда муҷиби маҳфуз будан аз хатою иштибоҳ мешавад.[15]

Исмат дар луғат аз решаи «ъасама/عصم» ба маънои нигаҳ доштан ё боздоштан омадааст.[16]

Маншаи исмат

Дар бораи маншаи исмат ва омили масунияти маъсум аз гуноҳу хато, дидгоҳҳои мухталифе чун лутфи Илоҳӣ дар ҳаққи маъсум, илми вижаи маъсум дар бораи паёмадҳои гуноҳон ва ирода ва интихоби маъсум баён шудааст. Албатта бархе аз муҳаққиқони муосир бар ин боваранд, ки исмат, маълули омили воҳиде нест, балки маҷмуи авомили табиъӣ (виросат, муҳит ва хонавода), инсонӣ (илму огоҳӣ, иродаю интихоб, ақл ва малакаи нафсонӣ) ва Илоҳӣ (лутф ва мавҳибати хосси Худованд) маншаи исмат аст.[17]

Лутфи Илоҳӣ

Шайхи Муфид ва Сайиди Муртазо исматро ношӣ аз лутфи Худованд дар ҳаққи маъсумон донистаанд.[18] Аллома Ҳиллӣ чаҳор сабабро маншаи ин лутфи Илоҳӣ донистааст, ки иборатанд аз: 1.Вижагии нафсонӣ ё ҷисмонӣ ки муҷиби падид омадани малакаи иҷтиноб аз гуноҳ мешавад; 2.Илм ба мафосиди гуноҳон ва подоши тоъот; 3.Ваҳй ё илҳом ба маъсум, ки биниши ӯ нисбат ба ҳақиқати гуноҳон ва тоъотро умқ мебахшад (таъкид ва таъйиди илм тавассути ваҳй ё илҳом); 4.Тавваҷуҳ ба муохизаи Илоҳӣ дар тарки авло.[19]

Илми вижа

Иддае аз уламо маншаи исматро илм ва огоҳии вижа аз паёмадҳои гуноҳон ва подоши тоъот донистаанд.[20] Ба бовари Аллома Таботабоӣ, аз он ҷо ки маъсумин дорои илми худододӣ ҳастанд, иродаи қавие доранд, ки бо вуҷуди чунон иродае, ҳаргиз ба сӯи маъсият намераванд.[21] Ин илм монанди улуми мутаъораф, қобили таълим нест ва мағлуби шаҳватҳо ва нерӯҳои дигар намешавад.[22]

Илм ва ирода

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ рози исмати маъсуминро дар ду унсури илм ба ҳақоиқу камолот, ва иродаи нерӯманд дар расидани ба онҳо медонад; зеро инсон дар сурати ҷаҳл, камоли ҳақиқиро нахоҳад шинохт ва камоли хиёлиро ба ҷои камоли ҳақиқӣ қарор хоҳад дод ва дар сурати надоштани иродаи лозим, ба ҳадафи матлуб нахоҳад расид.[23] Аз назари вай, шахси маъсум бо илми вижа ва иродаи муҳкаме, ки дорад, ҳаргиз ба ихтиёри худ дучори гуноҳ намешавад ва дар ҳар ҳол, мутеъи Худованд аст.[24]

Исмат ва ихтиёр

Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ - аз мароҷеъи тақлиди шиа дар Лубнон, муътақид аст, ки исмат, як ҳақиқати ҷабрӣ аст.[25] Аммо ба гуфтаи Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ - каломпажӯҳи муосир, мутакаллимон ва ҳукамо муттафиқанд, ки исмат бо ихтиёр созгор ва маъсум бар анҷоми маъсият тавоност.[26] Аз назари ақл, агар исмат сабаби маҷбур будани шахси маъсум дар анҷоми тоъот ва тарки гуноҳон бошад, мустаҳаққи ситоишу мадҳ нахоҳад буд ва амру наҳй ва подошу кайфари ӯ маъқул нахоҳад буд.[27]

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - файласуф ва муфассири муосир, низ бар ин бовар аст, ки исмати ҷабрӣ бо ҳуҷҷияти маъсум бар мардум ва дастури пайравӣ аз эшон аз сӯи Худованд, зид буда ва агар анҷоми гуноҳ зотан муҳол бошад, итоат зотан зарурӣ хоҳад буд ва дар чунин сурате итоат ҳам мавриди таклиф қарор намегирифт ва маҷоле барои инзору табшир ва ваъдау ваъид боқӣ намемонд.[28]

Аллома Таботабоӣ дар тавзеҳи созгории исмат бо ихтиёр менависад: «маншаи исмат, илми вижае аст, ки Худованд ба маъсумон ато кардааст. Илм, худ аз мабодӣ ва пояҳои ихтиёр аст. Аз ин рӯ, маъсумон ба хотири илмашон ба мафосид ва масолеҳи аъмол, муртакиби гуноҳ намешаванд; монанди шахсе ки илми қатъӣ ба кушанда будани заҳр дорад ва ҳаргиз аз он заҳрро намехӯрад!».[29]

Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ - файласуф ва муфассири шиа, исматро на сирфан як малакаи илмӣ, балки як малакаи илми-амалие медонад, ки аз мутобиқати ихтиёрии амали маъсум бо илми мавҳибатӣ аз сӯи Худованд ҳосил шудааст.[30] Вай дар табйини раъйи худ баён медорад, ки ҳар кас бо сармояе аз истеъдод ва мавоҳиби Илоҳӣ ба ин дунё омада ва феълияти он ба дасти худи ӯст. Илме, ки муқаддимаи исмати маъсумин аст низ мавҳибатӣ буда вале чизеро бар шахс, таҳмил намекунад. Дар натиҷаи бакоргирии ин сармоя ва мутобиқати амал бо он, машрут ба талоши худи маъсум аст.[31]

Исмати пайғамбарон

Мақолаи аслӣ: Исмати пайғамбарон

Исмати пайғамбарон дар заминаи ваҳйро аз усули муштарак ва мавриди иттифоқи ҳамаи адёни Илоҳӣ донистаанд;[32] агарчи дар бораи чистӣ ва маротиби он байни пайравони адён ва андешмандони мазоҳиби исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад.[33] Мутакаллимони мусулмон дар заминаи исмат, дар се чиз иттифоқи назар доранд: 1.Исмати пайғамбарон аз ширк ва куфр пеш аз набувват ва баъд аз он; 2.Исмати пайғамбарон дар дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй; 3.Исмати пайғамбарон аз гуноҳони амдӣ баъд аз набувват.

Аммо дар бораи се чиз бо ҳам ихтилоф доранд: 1.Исмати пайғамбарон аз гуноҳони саҳвӣ баъд аз набувват; 2.Исмати пайғамбарон аз гуноҳони амдӣ ва саҳвӣ қабл аз набувват; 3.Исмати пайғамбарон дар зиндагии иҷтимоӣ ва шахсии худашон.

Шиаи имомия бар ин бовар аст, ки пайғамбарон дар тамомии шуъуни мазкур, аз исмат бархӯрдоранд, балки пайғамбарон аз ҳар он чи мояи нафрат ва дурии мардум аз онҳо бошад, масун ва маҳфузанд.[34] Ҷалби эътимоди мардум ба набуввати пайғамбарон аз далелҳои ақлии вуҷуби исмати пайғамбарон аст;[35] ҳамчунин ба оёте аз Қуръон[36] ва бархе ривоёт[37] дар ин замина истинод шудааст.[38]

Мухолифони исмати пайғамбарон ба ду даста аз оёти носозгор бо исмати ҳамаи пайғамбарон ё оёти носозгор бо исмати бархе аз пайғамбарон истинод кардаанд,[39] ки дар ҷавоб гуфта шудааст, ин оёт аз ҷумлаи оёти муташобеҳ аст, ки бояд бо ирҷоъ ба оёти муҳкам, таъвил ва тафсир шавад[40] ва ин ки тамоми оёте, ки бо исмати пайғамбарон носозгор аст, бар тарки авло ҳамл мешавад.[41]

Исмати имомон

Мақолаҳои аслӣ: Исмати имомон ва Исмати ҳазрати Фотима (с)

Аз дидгоҳи шиаёни исноъашарӣ исмати имомон аз шароити имомат ва аз боварҳои асосии онон аст.[42] Ба нақли Аллома Маҷлисӣ, имомия иттифоқи назар доранд, ки аимма (а) аз ҳамаи гуноҳони кабираю сағира, чи қасдан ва чи саҳван, ва ҳаргуна хатою иштибоҳ масунанд.[43] Гуфта шудааст, исмоилия низ исматро аз шароити имомат медонанд.[44] Дар муқобил, аҳли суннат исматро шарти имомат намедонанд;[45] зеро онҳо иҷмоъ доранд, ки хулафои сегона имом буданд, вале маъсум набуданд.[46] Ваҳҳобиён низ исмати имом ва имомони шиаро қабул надоранд ва онро махсуси пайғамбарон медонанд.[47]

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, тамоми далоили ақлие, ки барои исмати пайғамбар ироа шудааст ҳамчун таҳаққуқи аҳдофи беъсат ва ҷалби эътимоди мардум, дар мавриди исмати имом низ матраҳ мешавад.[48] Мутакаллимони шиа барои исботи исмати аимма (а), ба оёт ва ривоёти мутааддиде истинод кардаанд, аз ҷумла: ояти Ибтилои Иброҳим,[49] ояти Улуламр,[50] ояти Татҳир,[51] ва ояти Содиқин[52] ҳадиси Сақалайн[53] ва ҳадиси Сафина.[54]

Аз назари шиа, ҳазрати Фотима (с) дорои мақоми исмат аст.[55] Барои исботи исмати ӯ ба ояти Татҳир ва ҳадиси Базъат истинод шудааст.[56]

Исмати фариштагон

عَلَیها مَلائِکةٌ غِلاظٌ شِدادٌ لا یعْصُونَ اللَّهَ ما أَمَرَهُمْ وَ یفْعَلُونَ ما یؤْمَرُونَ
«Бар он [оташ] фариштагоне хашин [ва] сахтгир[гумошта шуда]анд. Аз он чи Худо ба онон дастур додааст сарпечӣ намекунанд ва ҳар чиезро ки маъмуранд, анҷом медиҳанд!»[57]

Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, шиаён иҷмоъ доранд, ки ҳамаи фариштаҳо аз ҳаргуна гуноҳи кабираю сағира маъсуманд. Бештари аҳли суннат низ бар ин боваранд.[58] Дидгоҳҳои дигаре низ дар бораи исмати фариштагон матраҳ шудааст: бархе ба адами исмати фариштагон муътақид шудаанд. Касоне далоили мувофиқон ва мухолифони исматро норасо дониста ва дар ин замина таваққуф кардаанд. Гурӯҳе низ танҳо фариштагони ҳомили ваҳй ва муқарраб ва иддае фариштагони осмонӣ (дар муқобили фариштагони заминӣ)-ро маъсум донистаанд.[59]

Мувофиқони исмат мегӯянд, ояти 27 сураи Анбиё[60] ва ояти шашуми сураи Таҳрим[61] ва аҳодиси фаровон[62] бар исмати малоика далолат доранд.[63] Гуфта шудааст, танҳо мухолифи исмати фариштагон, дар миёни мусулмонон, фирқаи ҳашавия аст.[64]

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар посух ба ин ки исмат дар малоика маъно надорад, гуфтааст, ҳарчанд ангезаҳои гуноҳ, монанди шаҳвату ғазаб, дар малоика вуҷуд надорад ё бисёр заъиф аст, аммо онҳо фоили мухторанд ва қудрат бар мухолифат доранд. Бинобар ин, дар айни қудрат бар гуноҳ, маъсуму поканд ва ривоёти далолаткунанда бар кундии баъзе аз фариштагон дар итоат аз фармони Худо ё танбеҳи онон, бар тарки авло ҳамл мешавад.[65]

Ишколот ва ҷавобҳо

Ишколоте аз сӯи мункирони исмат матраҳ шудааст, ки баъзеи онҳо аз ин қароранд:

  • Носозгории исмат бо табиати башарӣ

Аҳмад Амин, нависандаи муосири мисрӣ, бар он аст, ки исмат бо табиати инсон носозгор аст; зеро инсон дорои нерӯҳои мухталифи шаҳавонӣ ва нафсонӣ аст. Ҳам майл ба хубиҳо дар ӯ ҳаст, ҳам майл ба бадиҳо. Агар ин майлҳо аз ӯ гирифта шавад, гуё инсонияти инсон аз ӯ салб шудааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ инсоне аз маъсият дар амон нест, ҳатто пайғамбарон (а).[66]

  • Посухи ишкол

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар посух ба ин шубҳа, бо ишора ба гавҳари инсон, ки ҳамон нафси ӯст, мегӯяд, гавҳари инсон ба гунае офарида шудааст, ки тавони уруҷ ба қуллаи исматро дорад; зеро нафси инсон дар сайри суъудии худ, тавоноии масун мондан аз саҳву фаромӯшӣ ва ғафлату ҷаҳолатро меёбад. Аз назари ӯ, агар нафси касе ба водии ақли ноб ва кашфу шуҳуди тому саҳеҳ ворид шавад, фақат ҳаққу ҳақиқатро дарк хоҳад кард ва аз ҳар гуна шакку тардид ва саҳву нисёну ғафлат дар амон хоҳад монд. Бинобар ин, чунин шахсе ки аз олами мода ва ваҳму хиёл гузар карда ва ба сарчашмаи ҳақоиқ расидааст, имкони исмат меёбад.[67]

  • Мабдаи андешаи исмат

Аз назари гурӯҳе, андешаи исмат дар манобеи аввалияи исломӣ вуҷуд надошта ва ин бидъате аст, ки аз аҳли китоб, Эрони бостон, тасаввуф ё таълимоти зартуштӣ вориди таълимоти исломӣ шудааст.[68]

  • Посухи ишкол

Дар посух гуфта шудааст, эътиқод ба исмати пайғамбарон дар миёни мусулмонони садри Ислом роиҷ буда ва реша дар таълимоти Қуръон ва Пайғамбари Ислом (с) дорад.[69] Аҳли китоб наметавонанд ибдоъкунандаи андешаи исмат бошанд; зеро дар Таврот бадтарин гуноҳону зиштиҳо ба пайғамбарон нисбат дода шудааст.[70] Ҳангоме, ки ҳануз тасаввуф шакл нагирифта буд, андешаи исмат байни шиаён ривоҷ дошт. Аз ин рӯ, тасаввуф низ наметавонад маншаи андешаи исмат бошад.[71] Бар фарзи муштарак будани омӯзаи исмат дар Ислом ва зардуштият ҳам, ин матлаб далел бар таъсирпазирии яке аз дигаре нест; балки ба ин хотир аст, ки ҷавҳараи тамомии адёни Илоҳӣ муштарак аст ва дар усул бо якдигар мутобиқат доранд.[72]

Китобшиносӣ

Китоби «Исмат аз манзари фариқайн», асари Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ.

Дар бораи исмат китобҳои зиёде нигориш шудааст; аз ҷумла:

  • Ат-Танбиҳ-ул-маълум; ал-Бурҳон ала танзиҳ-ил-маъсум ан-ис-саҳви ва-н-нисён, навиштаи Шайх Ҳурри Омилӣ;
  • Исмат аз манзари фариқайн (шиа ва аҳли суннат), навиштаи Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ;
  • Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), таълифи Аҳмадҳусайн Шарифӣ ва Ҳасани Юсуфиён.
  • Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, асари Фотима Муҳаққиқ;
  • Исмат, зарурат ва осор, аз Сайид Мусо Ҳошимии Туникобунӣ;
  • Андешаи каломии исмат; паёмадҳои фиқҳӣ ва усули фиқҳӣ, асари Беҳруз Миноӣ. Дар ин китоб ба осори эътиқод ба исмат дар фиқҳ ва усули фиқҳ пардохта шудааст.[73]
  • Маншаи исмат аз гуноҳу хато; назарияҳо ва дидгоҳҳо, навиштаи Абдулҳусайни Кофӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҳусайнии Милонӣ, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ маърифат-ил-имомати ва-л-имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.38 - 39.
  2. Барои намуна ниг.: Тусӣ, ал-Иқтисоду фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, 1496ҳ.қ., саҳ.260, 350; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155, 184; Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон, 1372ҳ.ш., саҳ.90, 114.
  3. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13 – 134 ва ҷ.5, саҳ.78 - 80, ҷ.11, саҳ.162 - 164; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.3 - 410; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.297 - 305.
  4. Зиёифар, «Таъсири дидгоҳҳои каломӣ бар усули фиқҳ», саҳ.323.
  5. Ҳусайнӣ, «Исмат аз дидгоҳи аҳли китоб (яҳудиён ва масеҳиён)», вебгоҳи Ояндаи равшан.
  6. Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ул-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.128; Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326; Аллома Ҳиллӣ, Боби ал-ҳодиъашар, 1365ҳ.ш., саҳ.9.
  7. Қозӣ Абдулҷаббор, Шарҳ-ул-усул-ил-хамса, 1422ҳ.қ., саҳ.529; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.312 - 313.
  8. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.242; Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.215.
  9. Сайиди Муртазо, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326; Аллома Ҳиллӣ, Боби ал-ҳодиъашар, 1365ҳ.ш., саҳ.9; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.243.
  10. Аллома Ҳиллӣ, ал-Боби ал-ҳодиъашар, 1365ҳ.ш., саҳ.9.
  11. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.312 - 313.
  12. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.280.
  13. Тусӣ, Талхис-ул-муҳассал, 1405ҳ.қ., саҳ.369; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.281; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.162; Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.197; Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.285 - 286.
  14. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.12 - 14; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.158 - 159.
  15. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.20.
  16. Барои намуна ниг.: Ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ул-луғат, мактабул-эъломил-исломӣ, ҷ.4, саҳ.331; Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Дори қалам, саҳ.569; Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1986; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, Дорусодир, ҷ.12, саҳ.403 - 404.
  17. Қадрдони Қаромалакӣ, Каломи фалсафӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.388 - 390.
  18. Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.128; Сайиди Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., саҳ.189.
  19. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.186.
  20. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.224; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79, ҷ.11, саҳ.162 - 163, ҷ.17, саҳ.291; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.159 - 161.
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.163.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79.
  23. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.302.
  24. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.303 - 304.
  25. Р.к. Фазлуллоҳ, Тафсиру мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.155–156.
  26. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.217.
  27. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.186; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.243; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.281.
  28. Ҷаводии Омулӣ, Сираи Пайғамбари акрам (с) дар Қуръон (ҷ.9), 1385ҳ.ш., саҳ.24.
  29. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.162–163.
  30. Мисбоҳи Яздӣ, Дар партави вилоят, 1383ҳ.ш., саҳ.53–63.
  31. Мисбоҳи Яздӣ, Дар партави вилоят, 1383ҳ.ш., саҳ.57–58.
  32. Анворӣ, Нури исмат бар симои набувват, 1397ҳ.ш., саҳ.52.
  33. Содиқии Ардаконӣ, Исмат, 1388ҳ.ш., саҳ.19.
  34. Раббонии Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.94 - 98.
  35. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155.
  36. Барои намуна, ояти ҳафтуми сураи Ҳашр.
  37. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.202 - 203; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.103; ҷ.12, саҳ.348, ҷ.4, саҳ.45; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192 - 204.
  38. Каримӣ, Набувват (пажӯҳише дар набуввати омма ва хосса), 1383ҳ.ш., саҳ.134; Ашрафӣ ва Ризоӣ, «Исмати паёмбарон дар Қуръон ва Аҳдайн», саҳ.87.
  39. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.51, 52; Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё фӣ-л-Қуръон-ил-Карим, 1420ҳ.қ., саҳ.69, 70, 91 - 229; Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.246 - 286; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.101 - 160.
  40. Милонӣ, Исмат аз манзари фариқайн, 1394ҳ.ш., саҳ.102 ва 103.
  41. Милонӣ, Исмат аз манзари фариқайн, 1394ҳ.ш., саҳ.101 - 102.
  42. Барои намуна ниг.: Тусӣ, ал-Иқтисоду фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, 1496ҳ.қ., саҳ.305; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.184; Файёзи Лоҳиҷӣ, Сармояи имон, 1372ҳ.ш., саҳ.114, Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.116.
  43. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.209, 350, 351.
  44. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.184; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351.
  45. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.15, саҳ.251, 255, 256, ҷ.20, бахши аввал, саҳ.26, 84, 95, 98, 215, 323; Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.249.
  46. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.351; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.249.
  47. Нигоҳ кунед ба Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.429, ҷ.3, саҳ.381; Ибни Абдулваҳҳоб, Рисолатун фӣ-р-радди ала-р-рофиза, Риёз, саҳ.28; Қифорӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.775.
  48. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
  49. Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.332; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.220.
  50. Нигоҳ кунед ба Тусӣ, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.236; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.113 - 114; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.221.
  51. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.134 - 135; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.646 - 647; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.125.
  52. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.196; Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.274 - 280.
  53. Нигоҳ кунед ба Муфид, ал-Масоил-ул-ҷорудия, 1413ҳ.қ., саҳ.42; Ибни Атия, Абҳа-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Баҳронӣ, Минор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.671.
  54. Мирҳомид Ҳусайн, Абақот-ул-анвор, ҷ.23, саҳ.655 - 656.
  55. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95.
  56. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95.
  57. Сураи Таҳрим, ояти 6
  58. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.124.
  59. Ниг.: Муҳаққиқ, Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, 1391ҳ.ш., саҳ.130 - 132.
  60. Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.425; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.136.
  61. Ниг.: Тусӣ, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.10, саҳ.50; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.477.
  62. Ниг.: Файёзи Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.426.
  63. Барои далоили исмати фириштаҳо ниг.: Ростин ва Куҳансол, «Исмати фариштагон, шавоҳиди мувофиқу мухолиф», саҳ.117 - 121.
  64. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.124; Ростин ва Куҳансол, «Исмати фариштагон, шавоҳиди мувофиқу мухолиф», саҳ.121.
  65. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.167 - 168.
  66. Амин, Зуҳа-л-Ислом, 2003м., ҷ.3, саҳ.229 - 230.
  67. Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.201 - 203.
  68. Ниг.: Шарифӣ ва Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388, саҳ.79 - 85.
  69. Шарифӣ ва Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388, саҳ.80 - 82.
  70. Шарифӣ ва Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388, саҳ.80 - 81.
  71. Шарифӣ ва Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388, саҳ.83.
  72. Шарифӣ ва Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388, саҳ.86.
  73. «Андешаи каломии исмат (паёмадҳои фиқҳӣ ва усули фиқҳӣ)», вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ; Пажӯҳишкадаи Фиқҳ ва ҳуқуқ.


Ёддошт

  1. Малакаи нафсонӣ, ҳолати собити нафсоние аст, ки дар рӯҳи инсон нуфуз карда ва ба роҳатӣ аз байн намеравад. (Ҷурҷонӣ, ат-Таърифот, 1412ҳ.қ., саҳ.101).

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, ал-Боб ал-ҳодиъашар, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фӣ шарҳи таҷрид-ил-эътиқод қисм ал-илоҳиёт, ба кӯшиши Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи дувум, 1382ҳ.ш.
  • Амин, Аҳмад, Зуҳа-л-Ислом, Қоҳира, мактабатул-усра, 2003м.
  • Анворӣ, Ҷаъфар, Нури исмат бар симои набувват; посух ба шубаҳоти қуръонӣ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1397ҳ.ш.
  • Ашрафӣ, Аббос ва Уммулбанин Ризоӣ, «Исмати паёмбарон дар Қуръон ва Аҳдайн», дар фаслномаи Пажӯҳишномаи маорифи қуръонӣ, №12, 1392ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Шайх Алӣ, Минор-ул-ҳудо фи-н-насси ала имомат-ил-аиммат-ил-исноъашар, таҳқиқи Абдулзаҳро Хатиб, Бейрут, Дорул-Мунтазар, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Абдулваҳҳоб, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Сулаймон, Рисолатун фӣ-р-радди ала-р-рофиза, таҳқиқи Носир ибни Саъд ар-Рашид, Риёз, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, бе то (ин рисола дар ҷилди дувоздаҳум аз муаллифоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ба чоп расидааст).
  • Ибни Атия, Мақотил, Абҳа-л-мидод фӣ шарҳи муътамари уламои Бағдод, шарҳ ва таҳқиқи Муҳаммадҷамил Ҳаммуд, Бейрут, муассисатул-аъламӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Дорусодир, чопи сеюм, бе то.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фӣ нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқбу, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қадрдони Қаромалакӣ, Муҳаммадҳасан, Каломи фалсафӣ, Қум, вусуқ, 1383.
  • Қифорӣ, Носир Абдуллоҳ Алӣ, Усулу мазҳаб-иш-шиъат-ил-имомия; арз ва нақд, Ҷиза, Дорур-Ризо, чопи чаҳорум, 1431ҳ.қ./2010м.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ фӣ абвоб-ит-тавҳиди ва-л-адл, таҳқиқи Ҷорҷ Қанавотӣ, Қоҳира, аддорулмисрия, 1962 - 1965м.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Дар партави вилоят, Муҳаммадмаҳдии Нодирӣ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), 1383ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), 1395ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ул-ҷорудия, Қум, алмуътамарул-оламӣ ли-ш-Шайхил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқ, Фотима, Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, Қум, ошиёнаи меҳр, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Имомат дар биниши исломӣ, Қум, Бустони китоб, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Каломи татбиқӣ, Қум, интишороти маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Ростин, Амир ва Алиризо Куҳансол, «Исмати фариштагон; шавоҳиди мувофиқ ва мухолиф», фаслномаи андешаи навини динӣ, шумораи 38, поизи 1393ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аз-Захира фӣ-л-илм-ил-калом, Қум, нашри исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, таҳқиқ ва таълиқи Сайид Абдулзаҳро Ҳусайнӣ, Теҳрон, муассисаи ас-Содиқ (а), чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-уш-Шариф-ил-Муртазо, Қум, Дорулкутуб, 1405ҳ.қ.
  • Содиқии Ардаконӣ, Муҳаммадамин, Исмат, Қум, интишороти ҳавзаи илмия, 1388ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудо-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, алмарказулъоламӣ лиддиросотил-исломия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Исмат-ул-анбиё фӣ-л-Қуръон-ил-Карим, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фӣ тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, Қум, нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Саъдиддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқ ва таълиқи Абдурраҳмон Умайра, Қум, Шарифи Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисоду фимо ятаъаллақу би-л-эътиқод, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фӣ тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Тусӣ, Насриддин, Талхис-ул-муҳассал ал-маъруф би нақд-ил-муҳассал, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсиру мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмилок литтабоъати ваннашр, 1419ҳ.қ.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Гавҳари мурод, Теҳрон, нашри соя, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Файёзи Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Сармояи имон дар усули эътиқодот, тасҳеҳи Содиқи Лориҷонӣ, Теҳрон, интишороти ал-Заҳро, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомиъ-ул-илоҳия фӣ-л-мабоҳис-ил-каломия, таҳқиқ ва таълиқи Шаҳид Қозӣ Таботабоӣ, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, «Исмат аз дидгоҳи аҳли китоб (яҳудиён ва масеҳиён)», вебгоҳи Ояндаи равшан, санаи дарҷи матлаб: 1 урдибиҳишти 1388ҳ.ш., санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайид Алӣ, Ҷавоҳир-ул-калом фӣ маърифат-ил-имомати ва-л-имом, Қум, марказулҳақоиқил-исломия, 1389ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайидалӣ, Исмат аз манзари фариқайн (шиа ва аҳли суннат), Қум, марказулҳақоиқил-исломия, 1394ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон (тафсири мавзӯии Қуръони Карим, ҷ.3), таҳқиқ ва танзими Алӣ Замонии Қумшаӣ, Қум, нашри Исро, чопи шашум, 1392ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Сираи Пайғамбари акрам (с) дар Қуръон (ҷ.9), Қум, маркази нашри Исро, 1385ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Мирасайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, таҳқиқи Бадруддин Нуъсонӣ, Қум, Шарифи Разӣ, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
  • Шарифӣ, Аҳмадҳусайн ва Ҳасани Юсуфиён, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), Теҳрон, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1388ҳ.ш.