Амин (лақаб)
- Ин мақола дар бораи лақаби амин аст. Барои ошноӣ бо зиндагӣ ва шахсияти Паёмбари Ислом, мадхали ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бибинед.
Амин, яке аз лақабҳои Пайғамбари Ислом (с) аст, ки солҳо пеш аз беъсат бо ин лақаб номида шудааст. Аминро ба шахси боваринок мегӯянд, то дигарон аз хиёнати ӯ эмин бошанд.
Яке аз хислатҳои Расули Худо (с) ки боис мешуд ӯро амин бихонанд, амонатдорӣ буд. Дар ривоёти имомон (а) ба амин будани Пайғамбар (с) таъкид шуда ва дар бархе зиёратномаҳо бо таъбири «ас-салому ала аминиллоҳи ала русулиҳӣ/السَّلَامُ عَلَى أَمِينِ اللَّهِ عَلَى رُسُلِه» аз ӯ ёд шудааст.
Мафҳум ва ҷойгоҳ
Амин аз лақабҳои Пайғамбар (с) аст, ки солҳо пеш аз беъсат бо он ном номида мешуд.[1] Амин ба касе мегӯянд, ки мавриди эътимод буда ва аз инки ӯ хиёнат нахоҳад кард эман бошанд.[2] Ибни Саъд - таърихнигори қарни сеюми қамарӣ дар китоби ат-Табақот-ул-кубро мегӯяд: «аз баски хислатҳои некӯ дар Пайғамбар (с) ба камол расида буд, дар Макка номе ғайри Амин надошт».[3] Бино бар гузорише, ки дар Таърихи Табарӣ (таълифи 303ҳ.қ.) нақл шудааст, пеш аз онки бар Пайғамбар (с) ваҳй шавад, Қурайш ӯро амин меномид.[4]
Аз Ибни Аббос низ ривоят шудааст, ки мушрикони Қурайш, Расули Худо (с)-ро амин меномиданд ва медонистанд, ки ӯ ҳаргиз дурӯғ намегӯяд, бо ин вуҷуд ӯро инкор мекарданд.[5] Душманони Пайғамбар (с) низ ба амин будани Пайғамбар эътироф мекарданд ва достонҳое аз эътирофи Абуҷаҳл бар ин масъала дар таърих гузориш шудааст.[6] Дар ин хабарҳо сабаби инкор кардани Пайғамбар (с) аз ҷониби онҳо, бовар надоштан ба суханони Пайғамбар нест, балки рақобатҳои хонаводагӣ ва қабилаӣ сабаби инкори пайғамбарӣ ва набуввати Пайғамбар (с) шудааст.[7]
Муҳаммадамин ва Амин аз номҳое аст, ки мусулмонон бар фарзандони худ мегузоранд. Амин ҷузви яксад номи бартари эрониён дар фосилаи солҳои 1918 - 2000 ба шумор меояд.[8]
Амонатдори мардум
Яке аз хислатҳои Пайғамбар (с) ки боис шуд ӯро амин бихонанд, амонатдорӣ буд.[9] Дар мавриди амонатдории Расули Худо (с) гузоришҳои мутааддиде дар манобеи таърихӣ нақл шудааст. Аз ҷумла инки вақте Пайғамбар (с) бо сармояи ҳазрати Хадиҷа (с) ба тиҷорат пардохт ва бо муваффақият аз сафари тиҷорӣ баргашт, Хадиҷа (с) ба ӯ гуфт: «эй писарамак! Ман ба хотири шарофати насаб, қаробат, ростгӯӣ, ахлоқи писандида ва амонатдории ту дар байни мардум ва қавми худ ифтихор мекунам!», пас аз он буд, ки ҳазрати Хадиҷа (с) ба Пайғамбар пешниҳоди издивоҷ дод.[10]
Ҳамчунин мардум, амонатҳои худро ба Пайғамбар месупориданд. Вақте Пайғамбар (с) тасмим гирифт ба Мадина ҳиҷрат кунад, з Имом Алӣ (а) хост танҳо замоне аз Макка ба самти Мадина ҳаракат кунад, ки амонатҳоеро, ки мардум назди Пайғамбар (с) гузошта буданд, ба соҳибонашон баргардонад.[11] Ҳамчунин дар нақле омадааст, дар ғазваи Хайбар мусулмонон дучори камбуди хурок шуданд. Дар ин ҳангом, чӯпоне, ки барои яҳудиён галладорӣ мекард, назди Пайғамбар омаду баъд аз гуфтугӯ бо он ҳазрат, мусулмон шуд ва ба Пайғамбар (с) гуфт гӯсфандони яҳудиён назди ман амонат аст ва акнун, ки мусулмон шудаам, вазифаи ман чист? Пайғамбар (с) бо вуҷуди ниёзе, ки мусулмонон ба хурокворӣ доштанд, аз чӯпон хост то гӯсфандонро ба яҳудиён бурда супорад.[12]
Амини ваҳй
Набуввати Пайғамбар (с), бар амин будани ӯ далолат дорад; чароки набувват амонати Худованд аст ва бояд ба амин супорида шавад.[13] Аз Имом Алӣ (а) ривоят шудааст: «Худо ҳазрати Муҳаммад (с)-ро фиристод, то ҳушдордиҳандаи ҷаҳониён ва амини ваҳй бошад!».[14] Дар китоби Тафсири Қумӣ, калимаи амин дар ояти «мутоъъин самма амин/ مُطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ», ба амонати Пайғамбар тафсир шудааст ва аз Имом Содиқ (а) дар мавриди ин оят ривоят шудааст, ки яъне «фармонаш назди Парвардигор, нофиз ва дар рӯзи қиёмат амин аст!».[15] Ҳамчунин дар бархе аз зиёратномаҳо, ки аз аимма (а) ривоят шудааст, аз Расули Худо (с) бо таъбири «аминуллоҳ ала русулиҳ/ أَمِينِ اللَّهِ عَلَى رُسُلِه» ёд шудааст.[16]
Аз Абутолиб - амаки Пайғамбар низ шеъре ҳаст, ки дар он Расули Худо (с)-ро аминуллоҳ хитоб кардааст:
ٲنْتَ الأَمِينُ ٲَمِينُ اللهِ لَاكَذِبُ
وَالصَّادِقُ الْقَوْلِ لَالَهْوٌ و َلا لَعِبُ
Ту Аминӣ! амини Худованд, ки ҳаргиз дурӯғ нагуфтааст ва ту [инсони] ростгӯе ҳастӣ, ки ҳаргиз дучори ҳавасронию беҳудагӯӣ нагаштааст!».[17]
Ҷусторҳои вобаста
Феҳристи куняҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с)
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290.
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.3408.
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.156.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.18-19.
- ↑ Ниг.: Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.18-19.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.18-19.
- ↑ “Гузорише ҷолиб аз яксад номи бартари эрониён дар қарни ҳозир”, пойгоҳи кишварии Фунвожа.
- ↑ Ниг.: Фараҷуллоҳӣ, “Амонатдории Пайғамбари Раҳмат (с)”, саҳ.31-34.
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.344-345.
- ↑ Фараҷуллоҳӣ, “Амонатдории Пайғамбари Раҳмат (с)”, саҳ.31.
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., саҳ.68.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.409.
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.201.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
Сарчашма
- "Гузорише ҷолиб аз яксад номи бартари эрониён дар қарни ҳозир”, пойгоҳи кишварии Фунвожа, боздид: 28 обони 1402ҳ.ш.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷафи Ашраф, Дорул-Муртазавийя, 1356ҳ.ш.
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорусодир, бе то.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Айюб, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорул-китоб, 1367ҳ.ш.
- Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
- Фараҷуллоҳӣ, Фараҷуллоҳ, “Амонатдории Пайғамбари Раҳмат (с)”, дар маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, № 673, хурдоди 1396ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.