Ҳаҷар-ул-асвад
- Ин мақола дарбора Ҳаҷар-ул-асвад аст. Барои ошноӣ бо рукни Ҳаҷар-ул-асвад ва истиломи он, рукни Ҳаҷар-ул-асвад ва истиломи ҳаҷарро бубинед.
Ҳаҷар-ул-асвад (арабӣ: حَجَرُالْأسْوَدْ) санги сиёҳранге аст, ки бар девори Каъба насб шудааст. Ин санг танҳо бахши боқимонда аз нахустин ибодатгоҳест, ки бар рӯи замин сохта шуд. Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), Ҳаҷар-ул-асвад яке аз се санги биҳиштӣ бар рӯй замин аст.
Паёмбари Ислом ба ламси Ҳаҷар-ул-асвад тавсия кардааст ва фақиҳони мусулмон истиломи онро мустаҳаб медонанд. Тавофи Каъба аз рӯ ба рӯи ин санг оғоз ва ба ҳамин ҷо поён меёбад. Дар ҳар тавофи воҷиб ва мустаҳаб, супориш шуда бо дасти рост ин сангро ламс карда ва онро бибусанд ва агар нашуд, бо даст ба он ишора кунанду аҳду паймони худро бо он таҷдид намоянд.
Бино ба гуфта бархе аз олимони шиа, дар низои Муҳаммад ибни Ҳанафия бо Имом Саҷҷод (а) бар сари имом будан, Имом Ҳаҷар-ул-асвадро ҳакам қарор дод ва ҳаҷар ба имомати Имом Саҷҷод (а) шаҳодат дод.
Ҳаҷар-ул-асвад дар тӯли таърих, мавриди ҳамлаҳои зиёде қарор гирифта ва афрод бисёр, қасди тахриб ё дуздидани онро доштаанд ки гоҳе муваффақ низ будаанд.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
«Худованд Ҳаҷар-ул-асвадро офарид ва сипас аз бандагон паймон гирифт. Он гоҳ ба ҳаҷар гуфт: ин паймонро дар даруни худ нигаҳ дор. Муъминон (бо ламси ҳаҷар) бар паймони худ, иброз пайбандӣ мекунанд.»
Ҳаҷар-ул-асвад санге сиёҳранг, ки бар девори Каъба дар рукни шарқӣ[2] насб шудааст.[3] Ин санг назди мусулмонон аз арзиши маънавии бисёр бархӯрдор аст.[4] Рукни шарқии Каъба ба ҷиҳати вуҷуди Ҳаҷар-ул-асвад дар он ба «рукни Ҳаҷар-ул-асвад» низ маъруф аст.[5]
Фосилаи ин санг аз сатҳи замини Масҷидулҳаром, яку ним метр баландтар аст.[6] Ин санг дар маҳфазае аз нуқра қарор дода шудааст. Имрӯза аз ин санг танҳо ҳашт тиккаи кучаке боқӣ монда, ки бузургтарини онҳо ба андозаи як хурмост.[7]
Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а) се санг аз биҳишт бар рӯи замин қарор дорад, ки яке аз онҳо Ҳаҷар-ул-асвад аст.[8]
Дар Қуръон номе аз Ҳаҷар-ул-асвад ба миён наёмадааст. Бо ин ҳол, дар сураи Оли Имрон, хонаи Худоро дорои «آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ; (нишонаҳои равшан)» дониста[9] ва дар тафсири ин оят, Ҳаҷар-ул-асвадро аз масодиқи нишонаҳои равшани Каъба донистаанд.[10]
Халифаи дуввум Ҳаҷар-ул-асвадро санге донист, ки нафъу зараре барои инсонҳо надорад. Ӯ дӯст доштани Ҳаҷар-ул-асвадро танҳо ба ҷиҳати дӯст доштани Паёмбар (с) донист. Имом Алӣ (а) дар мухолифат бо Халифа гуфт ки Худованд ин сангро дар рӯзи қиёмат зинда мекунад, дар ҳоле ки як забон ва ду лаб дорад ва гувоҳӣ медиҳад барои ононе ки бар мисоқи худ пойбанд буданд. Ин санг ба манзалаи дасти рост Худованд аст, ки ба василаи он халқ бо ӯ байъат мекунанд.[11]
Паёмбар дар умрат-ул-қазо дар ҳоле ки савор бар шутур буд, каъбаро тавоф кард[12] ва Ҳаҷар-ул-асвадро бо асои худ истилом кард.[13]
Фазилат
Дар оғоз бояд Ҳаҷар-ул-асвадро масс кунӣ. Бо дасти ростат... Ин санг рамзе аз даст аст; дасти рост, дасти рости Худо! Ва акнун,… Худо дасти рости хешро пеш ту овардааст, дасти ростатро пеш ор, дар байъати Ӯ қарор гир, бо Ӯ ҳампаймон шав, ҳамаи паймонҳо ва пайвандҳои пешинатро бигсал, ботил кун.
Паёмбари Ислом ба ламси Ҳаҷар-ул-асвад тавсия карда ва ин сангро дасти рости Худованд дониста, ки мардум онро ламс мекунанд.[15] Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ (тав. 1312ҳ.ш.) аз олимони шиа, истиломи ҳаҷарро ба монанди он дониста, ки мусулмонон бо зоти Илоҳӣ байъат кунанд.[16] Бархе, гуфтори Паёмбарро ба ин маъно донистаанд, ки метавон ба василаи Ҳаҷар-ул-асвад ба саодат расид.[17] Ҳамчунин дар ривояте низ нақл шуда ки Имоми Замон (а) пас аз зуҳур, бар Ҳаҷар-ул-асвад такя карда ва мардум бо ӯ байъат мекунад.[18]
Дар тафсири Намуна дар бораи фазляти ин санг чунин омадааст, ки ин санг пурсобиқатарин чизест, ки ба унвони масолеҳи сохтимон, дар як маркази ибодат, ба кор рафтааст; зеро тамоми маъбадҳои рӯи замин ва ҳатто каъба, борҳо бозсозӣ шудаанду масолеҳи онҳо тағйир ёфтааст. Танҳо ҳамин қитъасанг аст, ки бо мурӯри ҳазорон сол ҳануз ба унвони бахши собит дар ин маъбад, побарҷо мондааст.[19]
Дар манобеи шиа, дуоҳое барои хондан дар канори Ҳаҷар-ул-асвад супориш шудааст.[20] Тавофи Каъба аз ин санг оғоз ва ба ҳамин санг поён меёбад.[21] дар ҳар тавофи воҷиб ва мустаҳаб супориш шуда бо дасти рост ин сангро ламс карда ва онро бибӯсанд ва агар нашуд, бо даст ба он ишора кунанду аҳду паймони худро бо он таҷдид кунанд.[22]
Гуфта шуда Ҳаҷар-ул-асвад ҳеч гоҳ дар тӯли таърих, ҳатто дар давраи ҷоҳилият, ки бисёр маврид такрим буда, парастида нашуда ва дар шумори бутҳо қарор нагирифт, балки ҳамвора нишонаи тавҳиди холис ва нафйи ширк будааст.[23]
Истиломи ҳаҷар
- Мақолаи аслӣ: Истиломи ҳаҷар
Истиломи ҳаҷар ба маънои ламс кардани Ҳаҷар-ул-асвад ва бӯса задан ба он ба қасд табаррук аст.[24] Дар ривоёт супориш шуда Ҳаҷар-ул-асвад ламс ва бӯсида шавад.[25] Фақиҳони шиа ва суннӣ истиломро мустаҳаб медонанд.[26]
Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, ҳукми ламс ва бӯсидани Ҳаҷар-ул-асвадро нишонаи ин дониста ки тамомии ривоёту оёте ки ба сурати мутлақ ба шаоири Илоҳӣ, бузургдошти Паёмбар (с) ва дӯст доштан ӯ ва аҳли байташ, супориш карда ва ҳамчунин супоришоти дигаре аз ин қабил, супоришҳои дуруст буда, ҳеҷ ишколе дар он ҳо нест ва наметавон онҳоро ширк донист.[27]
Хостгоҳ
Ҳаҷар-ул-асвадро санге биҳиштӣ донистаанд.[28] Бар асоси бархе ривоятҳо, Ҳаҷар-ул-асвад дар асл, яке аз фариштагон буда, ки пеш аз ҳамаи фариштагон ба мисоқи Илоҳӣ мутааҳҳид шуда ва Худованд низ ӯро эмин бар ҳамаи офаридагон қарор додааст.[29]
Бар асоси бархе нақлҳо, Одам (а) ин санги биҳиштиро дар бинои Каъба истифода кард.[30] Дар замони бинои дубораи Каъба тавассути Ҳазрати Иброҳим, ин санг дар кӯҳи Абуқубайс буд ва Иброҳим онро бар рӯи Каъба насб кард.[31]
Ранг
Бино ба бархе ривоёт ин санг дар ибтидо бисёр сифед буд, вале ба ҷиҳати гуноҳони одамиён[32] ва ламси муҷримон ва мунофиқон сиёҳранг гардид.[33] Гуфта шуда ки тирагӣ ва сиёҳии шадиди он ба сабаби оташсӯзии чандбораи Каъба дар давраҳои мухталиф будааст.[34] Ҳамчунин бархе ривоёт ламси кофиронро сабаби сиёҳ шудани он донистаанд.[35]
Муҳаммадҷаводи Муғния (зодаи 1322ҳ.қ.) аз муфассирони муосири шиа, муътақид аст мавзуи биҳиштӣ будани Ҳаҷар-ул-асвад ва ин ки дар ибтидо сифед ва сипас сиёҳ шуда, ҳама хабари воҳид ё қиссапардозиҳое ҳастанд, ки мо масъулияте дар пазириши онҳо надорем.[36]
Ҳаводиси таърихӣ
Дар бозсозии Каъба, панҷ сол пеш аз беъсати Паёмбари Ислом, ҳар қабила, хостори насби Ҳаҷар-ул-асвад буд. Ихтилоф шиддат гирифт ва саранҷом бо пешниҳоди ҳазрати Муҳаммад (с), сангро дар порчае гузошта, атрофи он, ба раисони Қурайш супурда шуд ва чун ба макони он расиданд, Паёмбар сангро бо дасти худ бардошт ва дар ҷой махсус гузошт.[37]
Бинобар нақли Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ - олими шиъии қарни шашум[38] ва дигарон,[39] Муҳаммад ибни Ҳанафия бо Имом Саҷҷод (а) бар сари имом будан ба низоъ бархост. Имом Саҷҷод (а) бо ӯ сухан гуфт вале ӯ напазируфт. Дар ниҳоят Имом Ҳаҷар-ул-асвадро ҳакам қарор дод. Ба изни Худованд, Ҳаҷар-ул-асвад ба имомати Имом Саҷҷод (а) шаҳодат дод.
Ҳаҷар-ул-асвад дар тӯли таърих мавриди ҳамлаҳои мутаъаддиде қарор гирифт ва афроди бисёр қасди тахриб ё дуздидани онро доштаанд.[40] Дар зилҳаҷҷаи соли 317ҳ.қ., Қарматиён ба Макка юриш бурданд. Онҳо Ҳаҷар-ул-асвадро аз Каъба канданд ва ба пойтахти худ бурданд. Онҳо дар соли 339ҳ.қ. дар муқобили маблағи калон, Ҳаҷар-ул-асвадро ба Каъба бозгардонданд.[41]
Эзоҳ
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.96, саҳ.221
- ↑ Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.92
- ↑ Деҳхудо, «Ҳаҷар-ул-асвад», сайти Вожаёб
- ↑ Ҳоҷӣ Манучеҳрӣ, «Ҳаҷар-ул-асвад», 1391ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.189
- ↑ Фурқонӣ, Сарзамини ёдҳо ва нишонҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Сафарии Фурӯшонӣ, Макка дар бистари таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.92
- ↑ «Ҳаҷар-ул-асвад», сайти ар-Раёсат-ул-оммати ли шуун-ил-масҷид-ил-ҳароми ва-л-масҷид-ин-набӣ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.383
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояи 97
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсири Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358
- ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409, ҷ.13, саҳ.320-321
- ↑ Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.736
- ↑ Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.735
- ↑ Шариатӣ, «Ҳаҷ», сайти доктор Алии Шариатӣ
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.424
- ↑ «Паёми Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳ-ил-ҳаром», сайти ИСНО
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.894
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.185
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.10
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.313
- ↑ «Ҳаҷар-ул-асвад», сайти ар-Раёсат-ул-оммати ли шуун-ил-масҷид-ил-ҳароми ва-л-масҷид-ин-набӣ
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.316
- ↑ Парвозии Эзадӣ, «Ҳаҷар-ул-асвад», ҷ.12, саҳ.676
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.482
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403
- ↑ Ҳоҷӣ Манучеҳрӣ, «Ҳаҷар-ул-асвад», 1391ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.189 ва 190
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.296
- ↑ Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.185
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.186
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.383
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.96, саҳ.220
- ↑ Парвозӣ Эзадӣ, «Ҳаҷар-ул-асвад », ҷ.12, саҳ.675
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.203 - 204
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1997, ҷ.3, саҳ.487
- ↑ Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, ас-Соқибу фи-л-маноқиб, 1419ҳ.қ., саҳ.349
- ↑ Ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, саҳ.71
- ↑ Сабрибошо, Мавсуъату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифин ва ҷазират-ул-ъараб, 2004, ҷ.2, саҳ.841
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1376 ш, саҳ.190 - 192
Сарчашма
- «پیام آیت الله جوادی آملی به حجاج بیت الله الحرام», сайти ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 29 мурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
- «حجر الأسود», сайти ар-Раёсат-ул-оммати ли шуун-ил-масҷид-ил-ҳароми ва-л-масҷид-ин-набӣ, санаи боздид: 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмийя, 1380ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Воқдӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
- Дафтарии Фарҳод, Таърих ва ақоиди исмоъилия, тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ, Теҳрон, Фарзони рӯз, 1376ҳ.ш.
- Деҳхудо, «حجرالأسود», сайт Вожаёб, санаи боздид: 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
- Ибни Абдулваҳҳоб, Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоб, Уюн-ул-муъҷизот, Қум, Мактабат-уд-доварӣ, чопи аввал, бе то.
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Ҳамзаи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ас-Соқибу фи-л-маноқиб, Қум, интишороти Ансориён, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1390ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Парвозии Эзадӣ, Наргис, «Ҳаҷар-ул-асвад», Донишномаи ҷаҳони ислом, Теҳрон, Бунёди доират-ул-маорифи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, таҳқиқ: Сафвон Аднони Довудӣ, Димишқ, Бейрут, Дор-ул-қалам, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Сабрӣ Бошо, Айюб, Мавсуату миръот-ул-ҳарамайн-иш-шарифайни ва ҷазират-ил-араб, тарҷума: Моҷида Маъруф, Қоҳира, Дор-ул-офоқ-ил-арабийя, 2004м.
- Сафарии Фурӯшонӣ, Неъматуллоҳ, Макка дар бистари таърих, Қум, Маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1386ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддама: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1374ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсири Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайни Аъламӣ, Теҳрон, интишороти Садр, чопи дуввум, 1415ҳ.қ.
- Фурқонӣ, Муҳаммад, Сарзамини ёдҳо ва нишонҳо, Теҳрон, чопи машъар, 1379ҳ.ш.
- Ҳоҷи Манучеҳрӣ, Фаромарз, «Ҳаҷар-ул-асвад», Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, 1391ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Қум, муассисаи Ол-ул-байт (а), 1409ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
- Шариатӣ, Алӣ, «حج», сайти доктор Алии Шариатӣ, санаи боздид: 31 мурдоди 1401ҳ.ш.