Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Саргадонии Банӣ Исроил

Аз wikishia

Саргардонии Банӣ Исроил (форсӣ: سرگردانی بنی اسرائیل) достони қуръонӣ аст, ки ба маҳрумияти чилсолаи Банӣ Исроил аз вуруд ба сарзамини муқаддас ва саргардонӣ дар биёбони Тиҳ пас аз сарпечӣ аз фармони ҳазрати Мусо (а) ишора дорад. Ин воқеа дар оёти 20 то 26 сураи Моида гузориш шуда ва дар сарчашмаҳои тафсирӣ дар бораи сабаб, макон ва чигунагии он дидгоҳҳои гуногун матраҳ шудааст. Дар сарчашмаҳои исломӣ, рухдодҳое чун сояафкании абр, нузули манн ва салво ва ҷӯшидани об аз санг барои Банӣ Исроил дар ин давра гузориш шудааст. Ин моҷаро дар Китоби Муқаддас низ бозтоб ёфта ва дар ривоёту тафсирҳои исломӣ аз он барои ҳушдор дар бораи паёмадҳои нофармонӣ ва тафриқа дар уммати Ислом истифода шудааст.

Фарҷоми сарпечии Банӣ Исроил

Саргардонии Банӣ Исроил, аз достонҳои Қуръон дар бораи Банӣ Исроил аст, ки дар оёти 20 то 26 сураи Моида, гузориш шудааст.[1] Ин воқеа пас аз хуруҷи Банӣ Исроил аз Миср ва ҳангоме рух дод, ки онон ба марзҳои сарзамини муқаддас расиданд.[2] Мусо (а) ононро ба вориди сарзамини муқаддас шудан ва мубориза бо душманон даъват кард; аммо онон ба баҳонаи нерӯмандии сокинони он ҷо, аз пазируфтани ин фармон худдорӣ карданд.[3] Дар пайи ин нофармонӣ, вуруди онон ба сарзамини муқаддас барои чил сол мамнуъ шуд ва онон дар биёбоне ба номи Тиҳ саргардон монданд.[4] Баъзе сарчашмаҳо, ин саргардониро пас аз лаънати Мусо (а) ва иҷобати он аз сӯи Худованд донистаанд.[5]

Дар баъзе тафсирҳо, илова бар нофармонии ёдшуда,[6] гусолапарастии чилрӯзаи Банӣ Исроил[7] низ аз омилҳои ин саргардонӣ дониста шудааст.[8] Ҳамчунин, дар баъзе гузоришҳо лаънати Балъами Боуро сабаби ин саргардонӣ дониста шуда; гузорише, ки Абулфутуҳи Розӣ, муфассири қарни шашум, онро мухолифи ақлу шаръ шумурдааст.[9]

Ибни Халдун[10] ва баъзе муфассирон, саргардонии чилсоларо илова бар ҷазо, фурсате барои ислоҳи Банӣ Исроил донистаанд.[11] Ба бовари онон, насле, ки солҳо зери султаи Фиръавн зиндагӣ карда буд, омодагии лозим барои ташкили ҷомеаи мустақилро надошт; аз ин рӯ, ин давра заминаи шаклгирии насли омодатарро фароҳам кард.[12] Баъзе пажӯҳишгарон низ давраи саргардонии Банӣ Исроилро арсаи озмоиш ва тарбияти онон донистаанд.[13]

Макон ва моҳияти саргардонӣ

Дар баъзе сарчашмаҳо, макони саргардонии Банӣ Исроил, биёбони Сино дар Миср[14] ва минтақае ба дарозии шаш фарсах дониста шудааст.[15] Ин минтақа ба сабаби саргардонии Банӣ Исроил дар он, «биёбони Тиҳ» (биёбони саргардонӣ) номида шудааст.[16] Дар бораи чигунагии саргардонӣ, дидгоҳҳое дар сарчашмаҳои исломӣ матраҳ шудааст; аз ҷумла бозгардонда шудани онон ба нуқтаи оғоз ба сурати муъҷизавор ё пинҳон шудани нишонаҳои масир.[17] Дар баъзе ривоёт низ омадааст, ки онон шабона ҳаракат мекарданд ва саҳар ба нуқтаи оғоз бозмегаштанд.[18]

Бештари муфассирон, таҳрими вуруди Банӣ Исроил ба сарзамини муқаддас дар Қуръонро[19] ба маънои мамнуияти таквинӣ донистаанд, на ҳукми шаръӣ; яъне Худованд муқаррар карда буд, ки онон то чил сол имкони вуруд ба он сарзаминро надошта бошанд.[20]

Рухдодҳои давраи саргардонӣ

Давраи чилсолаи саргардонии Банӣ Исроил бо рухдодҳо ва неъматҳое ҳамроҳ буд.[21] Баъзе муфассирон, шуморе аз оёти Қуръонро[22] нозир ба ин давра донистаанд:

  • Сояафкании абр бар Банӣ Исроил; бино ба назари муфассирон дар зери ояти 57 сураи Бақара, Худованд дар пайи шикояти Банӣ Исроил аз гармии биёбон ва пушаймонии онон аз нофармонӣ, ба василаи абр бар онон соя афканд.[23]
  • Нузули манн ва салво; дар тафсирҳо манн ва салво[24] аз неъматҳои Худо ба Банӣ Исроил дар давраи саргардонӣ дониста шудааст.[25]
  • Ҷӯшидани об аз санг; бар пояи сарчашмаҳои тафсирӣ, дар пайи шикояти Банӣ Исроил аз ташнагӣ дар биёбон, Мусо (а) ба фармони Худованд асои худро бар санг зад ва барои дувоздаҳ қабилаи Банӣ Исроил дувоздаҳ чашма ҷорӣ шуд.[26]
  • Вафоти Мусо ва Ҳорун; бештари муфассирон, бар пояи баъзе ривоёт[27] вафоти ҳазрати Мусо (а) ва Ҳорун (а)-ро дар давраи саргардонии Банӣ Исроил донистаанд.[28] Дар муқобил, ба гузориши Табарсӣ, баъзе муфассирон бо истинод ба масунияти пайғамбарон аз азоб, ҳузури ононро дар биёбони Тиҳ напазируфтаанд.[29] Баъзе дигар бо истинод ба моҷарои наҷоти Иброҳим (а) аз оташ, ин истидлолро напазируфта ва имкони ҳифзи пайғамбарон аз осеб ва азобро дар чунин шароите матраҳ кардаанд.[30]

Саргардонии Банӣ Исроил ба ривояти Китоби Муқаддас

Моҷарои сарпечии Банӣ Исроил, ҷазои онон ва саргардонӣ дар биёбон, дар Китоби Муқаддас низ бозтоб ёфтааст.[31] Сифри Аъдод, ки бахши муҳиме аз он ба ин давра аз таърихи Банӣ Исроил бахшида шуда, дар Тавроти ибрӣ «Дар биёбон» номида мешавад.[32] Бар асоси ин гузориш, Банӣ Исроил пас аз огоҳӣ аз ҷазои худ пушаймон шуданд ва бар хилофи фармони Мусо (а), барои вуруд ба сарзамини муқаддас иқдом карданд; аммо дар набард бо Амолиқа шикаст хӯрданд ва ақибнишинӣ карданд.[33]

Дар идома, Банӣ Исроил солҳо дар биёбон саргардон буданд[34] ва дар масири худ бо гурӯҳҳое даргир шуданд, то ниҳоят дар дашти Муоб, дар шарқи рӯди Урдун, мустақар шуданд.[35] Дар ин давра, рухдодҳое мисли инҳирофоти ахлоқӣ ва динӣ ва паҳншавии беморӣ дар миёни онон гузориш шудааст.[36] Пас аз вафоти Мусо (а), Юшаъ ибни Нун роҳбарии Банӣ Исроилро бар ӯҳда гирифт ва ононро ба сӯи сарзамини мавъуд ҳидоят кард.[37]

Ҳушдор дар бораи саргардонии уммати Ислом

Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а),[38] вазъи уммати Ислом пас аз вафоти Пайғамбар (с) ба саргардонии Банӣ Исроил ташбеҳ шуда ва омадааст, ки мусалмонон дар шинохт ва пазируфтани ҳаққи Имом Алӣ (а) чил сол саргардон монданд.[39] Аллома Маҷлисӣ, оғози ин давраро бар асоси ин ривоят, аз замони эълони ҷонишинии Имом Алӣ (а) тавассути Пайғамбар (с), пеш аз ҳиҷрат ба Мадина, донистааст.[40]

Имом Алӣ (а) низ дар хутбаи 166 Наҳҷулбалоға, бо ишора ба саргардонии Банӣ Исроил пас аз нофармонӣ аз дастури Илоҳӣ, мусалмононро аз тафриқа ва кӯтоҳӣ дар ёрии ҳақ барҳазар додааст.[41] Баъзе муфассирон низ бо истинод ба ин саргузашт, нофармонӣ аз дастури Илоҳиро аз омилҳои муассир дар дигаргунии сарнавишти афрод ва ҷомеаҳо донистаанд.[42]

Эзоҳ

  1. ↑ Асадӣ, «وادی سرگردانی؛ بررسی روایت عهد عتیق و قرآن کریم دربارة وادی تیه» , саҳ.6.
  2. ↑ Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доирут-ул-маорифи Қуръони карим, ҷ.2, саҳ.520; Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.3, саҳ.47.
  3. ↑ Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.292; Сайид Қутб, Фӣ зилол-ил-Қуръон, ҷ.2, саҳ.870-871; Файзулислом, Тарҷума ва тафсири Қуръон, ҷ.1, саҳ.222.
  4. ↑ Ниг.: Айёшӣ, ат-Тафсир, ҷ.1, саҳ.304, ҳадиси 70; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.3, саҳ.44; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.3, саҳ.71; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, ҷ.4, саҳ.240.
  5. ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, ҷ.2, саҳ.24; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.343; Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.2, саҳ.349; Файзулислом, Тарҷума ва тафсири Қуръон, ҷ.1, саҳ.223.
  6. ↑ Сураи Моида, ояти 24 - 26.
  7. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.491.
  8. ↑ Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доирут-ул-маорифи Қуръони карим, ҷ.9, саҳ.264.
  9. ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, ҷ.9, саҳ.14.
  10. ↑ Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, ҷ.1, саҳ.141 - 142.
  11. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.344; Сайид Қутб, Фӣ зилол-ил-Қуръон, ҷ.2, саҳ.871.
  12. ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.344; Сайид Қутб, Фӣ зилол-ил-Қуръон, ҷ.2, саҳ.871; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, ҷ.1, саҳ.141 - 142.
  13. ↑ Асадӣ, «Водии саргардонӣ; баррасии ривояти Аҳди Атиқ ва Қуръони карим дар бораи водии Тиҳ», саҳ.8.
  14. ↑ Айёшӣ, ат-Тафсир, ҷ.1, саҳ.305 - 306.
  15. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.281.
  16. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.490.
  17. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.281.
  18. ↑ Айёшӣ, ат-Тафсир, ҷ.1, саҳ.304, ҳадиси 74; Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, саҳ.265; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.2, саҳ.267, ҳадиси 3011.
  19. ↑ Сураи Моида, ояти 26.
  20. ↑ Барои намуна муроҷиат кунед ба Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.490; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.294; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.11, саҳ.336.
  21. ↑ Асадӣ, «Водии саргардонӣ; баррасии ривояти Аҳди Атиқ ва Қуръони карим дар бораи водии Тиҳ», саҳ.9.
  22. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.259 ва 269; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.243 - 244; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.1, саҳ.168 - 172.
  23. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.243; Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.258; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.205.
  24. ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.4, саҳ.22.
  25. ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.3, саҳ.258 - 259; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.243.
  26. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.250; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.3, саҳ.528; Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, ҷ.1, саҳ.136 - 137.
  27. ↑ Ниг.: Куфии Аҳвозӣ, аз-Зуҳд, саҳ.80, ҳадиси 215; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.112, ҳадиси 4; Шайхи Садуқ, Камолу-д-дин ва тамому-н-неъма, ҷ.1, саҳ.154, ҳадиси 17.
  28. ↑ Ниг.: Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.165; Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, ҷ.1, саҳ.638; Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, ҷ.3, саҳ.60.
  29. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.281.
  30. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.281.
  31. ↑ Ниг.: Китоби Муқаддас, Сифри Аъдод, боби 14, ояти 26 - 36.
  32. ↑ Бутрос, Қомус-ул-китоб-ил-муқаддас, саҳ.609.
  33. ↑ Китоби Муқаддас, Сифри Аъдод, боби 14, ояти 1 - 45.
  34. ↑ Ширкати Мостар Мидиё, ат-Тафсир-ут-татбиқӣ ли-л-китоб-ил-муқаддас, саҳ.270 - 271.
  35. ↑ Китоби Муқаддас, Сифри Аъдод, боби 20, ояти 14 - 21 ва боби 21, ояти 1 - 35 ва боби 22, ояти 1.
  36. ↑ Китоби Муқаддас, Сифри Аъдод, боби 23, ояти 1 - 13 ва боби 25, ояти 1 - 9.
  37. ↑ Китоби Муқаддас, Китоби Юшаъ, боби 1, ояти 1-4.
  38. ↑ Айёшӣ, ат-Тафсир, ҷ.1, саҳ.303 - 304, ҳадиси 68.
  39. ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.5, саҳ.93.
  40. ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.13, саҳ.180.
  41. ↑ Наҳҷ-ул-балоға (Субҳӣ Солеҳ), хутбаи 166, саҳ.241.
  42. ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.3, саҳ.50.

Сарчашма

  • Қуръони карим.
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Муҳаммадмаҳдии Носиҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Ал-Матбаъат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Асадӣ, Алӣ, '«وادی سرگردانی؛ بررسی روایت عهد عتیق و قرآن کریم دربارة وادی تیه» (Водии саргардонӣ; баррасии ривояти Аҳди Атиқ ва Қуръони карим дар бораи водии Тиҳ), дар фаслиномаи илмӣ-пажӯҳишии Маърифати адён, соли дувум, №1, зимистони 1389ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Қисми мутолиоти исломии Муассисаи беъсат, Қум, Муассисаи беъсат, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Бутрос Абдулмалик ва дигарон, Қомус-ул-китоб-ил-муқаддас, Қоҳира, Дор-ус-сақофа, чопи нуҳум, 1994м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Амр, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳусайни Шамсуддин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммадалии Байзун, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, бетаърих.
  • Китоби Муқаддас, ба ҳамти Ҷамъияти Китоби Муқаддас, тарҷума: Ҷамоати Бритиш Форн Библия Сосайити, Лондон, Матбаи Друголин, чопи аввал, 1895м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Куфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, аз-Зуҳд, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Ғуломризои Ирфониёни Яздӣ, Қум, Ал-Матбаъат-ул-илмия, чопи дувум, 1402ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Тайиби Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
  • Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи севум, 1377ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доирут-ул-маорифи Қуръони карим, Қум, Муассисаи Бустони китоб, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ил-Ҳусайн (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Нашри ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Сайид Қутб, Иброҳим Ҳусайни Шозлӣ, Фӣ зилол-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шуруқ, чопи понздаҳум, 1408ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, мусаҳҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошими Расулӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи севум, 1352ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муломуҳсин, Тафсири ас-Софӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Аълӣ, Теҳрон, Интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Файзулисломи Исфаҳонӣ, Алинақӣ, Тарҷума ва тафсири Қуръони азим, Теҳрон, Нашри фақеҳ, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Муассисаи Бустони китоб (Маркази чоп ва нашри Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум), чопи панҷум, 1386ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуди Муҳаррими Зирандӣ, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайх Оқабузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бетаърих.
  • Шарифи Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, таҳқиқ: Ҳусайнии Армавӣ (Муҳаддис), Мир Ҷалолуддин, Теҳрон, Дафтари нашри Дод, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Ширкати Мостар Мидиё, ат-Тафсир-ут-татбиқӣ ли-л-китоб-ил-муқаддас, Қоҳира, Ширкати Мостар Мидиё, 1997м.
  • Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Нашри Миқот, чопи аввал, 1363ҳ.қ.