Дарёчаи Сова
Дарёчаи Сова (форсӣ: دریاچه ساوه) дарёчае дар наздикии шаҳри Сова аст, ки ба таври ногаҳонӣ фурӯ рафтани оби он дар шаби таваллуди Пайғамбар аз ирҳосот (ҳодисаҳои хориқулъоддае, ки пеш аз беъсати пайғамбарон рух медиҳад) шумурда шудааст.
Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, дарёчаи Сова дар шаби мелоди Пайғамбар (с) ба таври ногаҳонӣ хушк шуд.[1] Ин рӯйдодро дар канори воқеаҳои хориқулъоддае чун ларзидани Тоқи Кисро ва хомуш шудани оташкадаи Форс аз ҷумлаи ҳодисаҳое медонанд, ки пеш аз беъсати пайғамбарон рух медиҳад ва ҳадаф аз онҳо бедорӣ ва омодасозии зеҳнии мардум барои пазириши нубувват аст.[2] Бархе низ фурӯ рехтани ногаҳонии оби дарёчаро нишонае барои ботил сохтани бовари хурофотии мардуми он минтақа медонанд, ки бар асоси он бовар ҳарсола шахсеро дар дарёча қурбонӣ мекарданд то аз сел дар амон бимонанд.[3] Бо вуҷуди ин, бархе таърихпажӯҳон, монанди Муҳаммадҳусайн Раҷабии Давонӣ, дурустии ин гузориши таърихиро нақд ва рад кардаанд, бо ин далел, ки чунин рӯйдоде бо мазҳари раҳмат будани Пайғамбар ҳамхонӣ надорад.[4]
Бархе муҳаққиқон дарёчаи Ҳавзи Султон, воқеъ дар шимоли шаҳри Қумро боқимондаи дарёчаи Сова донистаанд.[5]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.60; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Яъқубӣ, Таърих ал-Яъқубӣ, ҷ.2, саҳ.8; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувва, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.127; Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.166
- ↑ Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., саҳ.147; Расулии Маҳаллотӣ, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145 - 146
- ↑ Табрезӣ, Фарҳанги форсии бурҳони қоткъ, 1380ҳ.ш., саҳ.484
- ↑ «نقد خرافات مشهور درباره میلاد پیامبر(ص) از زبان رجبی دوانی», сайти Фарҳанги имрӯз
- ↑ Ҳедин, Кавирҳои Эрон, 1355ҳ.ш., саҳ.551; Сиру, Корвонсароҳои Эрон ва сохтмонҳои кучаки миёни роҳҳо, Теҳрон, саҳ.249
Сарчашма
- Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувва ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариа, таҳқиқ ва таълиқа: Абдулмуътӣ Қалаъҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ./1985
- Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986
- Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набӣ мин-ал-аҳвол ва-л-амвол ва-л-ҳафада ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид Нумайсӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ./1999
- Расулии Маҳаллотӣ, Сайид Ҳошим, Дарсҳое аз таърихи таҳлилии Ислом, Қум, Посдори Ислом, 1371ҳ.ш.
- Сиру, Максим, Корвонсароҳои Эрон ва сохтмонҳои кучаки миёни роҳҳо, тарҷума: Исо Беҳном, Теҳрон, бетаърих
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967
- Табрезӣ, Муҳаммадҳусайн ибни Халаф, Фарҳанги форсии бурҳони қотеъ, Теҳрон, Нашри Нимо, 1380ҳ.ш.
- Ҳедин, Свен Андерс, Кавирҳои Эрон, тарҷума: Парвизи Раҷабӣ, 1355ҳ.ш.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих ал-Яъқубӣ, Бейрут, Дор содир, бетаърих
- «نقد خرافات مشهور درباره میلاد پیامبر(ص)», сайти Фарҳанги имрӯз, санаи дарҷи матлаб: 30 дайи 1392ҳ.ш., санаи боздид: 19 шаҳривари 1404ҳ.ш.